МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ИБРОҲИМИ АДҲАМ
Иброҳими Адҳам подшоҳи Балх буд. Ногаҳон нури Худо дар дили ў тобид. Даст аз подшоҳӣ кашид ва мулку шоҳиро раҳо кард. Дар пайи худошиносӣ ва хидмат ба мардум афтод. Рўзе Иброҳим канори дарёе нишаста буд ва ҷомаи худро медўхт. Яке аз шаҳриён, ки аз муридони ў буд, аз он ҷо мегузашт, чашмаш ба Иброҳим афтод. Пиёда шуд ва ба ў эҳтиром кард. Чун дид ҷома медўзад, дар дил гуфт: Ин мард подшоҳиро раҳо карда ва акнун сўзан нах мекунаду дарбеҳҳоро медўзад:
Шайх воқиф гашт аз андешааш,
Шайх чун шер асту дилҳо бешааш.
Чун риҷову хавф дар дилҳо равон,
Нест махфӣ бар вай асрори ҷаҳон.
Дил нигаҳ доред, эй беҳосилон,
Дар ҳузури ҳазрати соҳибдилон.
Пеши аҳли тан адаб бар зоҳир аст,
Ки Худо з-эшон ниҳонро сотир аст.
Иброҳим аз андешаи он мард огоҳ шуд ва барои ин ки ўро аз сирри худ ва наздиконаш ба Худо огоҳ созад, сўзане, ки дар даст дошт, ба дарё андохт. Он гоҳ бо овози баланд сўзанро садо зад, ки аз дарё берун биояд.
Шайх сўзан зуд дар дарё фиканд,
Хост сўзанро ба овози баланд.
Ногаҳон ҳазорон моҳӣ ҳар як сўзане бар лаб рўйи об омаданд.
Сар бароварданд аз дарёи Ҳақ,
Ки бигир, эй шайх, сўзанҳои Ҳақ.
Шайх гуфт:
–Худои ман, сўзани худамро мехоҳам, на сўзанҳои зарринро!
Дар ин ҳангом моҳии дигаре аз миёни моҳиён сўзани онро аз дарё берун кашид ва пеши ў гузошт. Пас аз ин ҳодиса Иброҳим рў ба он мард карду пурсид:
– Оё дилҳо беҳтар аст ё мулки дунё? Он чӣ ту мебинӣ, сурати зоҳирии салтанати маънавӣ аст. Чашми дил боз кун!
Ҳазрати Юсуф (а) пироҳанашро фиристод, ки ба чашмҳои падараш бимоланд, то бино шавад. Дар одамӣ панҷ ҳис бо якдигар пайвастаанд. Неруи яке сабаби неруи дигарест:
Дидани дида физояд ишқро,
Ишқ дар дида физояд сидқро.
Сидқ бедории ҳар ҳис мешавад,
Ҳиссҳоро завқ мўнис мешавад
Чун яке ҳис ғайримаҳсулот дид,
Гашт ғайбе бар ҳама ҳисҳо падид.
Чун зи ҷў ҷаст аз гала як гўсфанд.
Пас паёпай ҷумла он сў барҷаҳанд.
Ҳангоме ки ту ба худ ғолиб шавӣ ва ҳавоси Худо дар ихтиёр бигирӣ, ҳамаи ҳастӣ ба ту ҳоҷатманд хоҳад шуд.
Ҳиссҳо бо ҳисси ту гўянд роз
Бе ҳақиқат, бе забону бе маҷоз.
Чун он мард нуфузи калима ва неруи маънавии Иброҳимро дид, дар дил нолид, ки моҳиён аз тавоноии Иброҳим огоҳанд ва ман ҳанўз надонам, аз моҳиён камфаҳмтарам.
Саҷда карду рафт гирёну хароб.
Гашт девона зи ишқи фатҳи боб.
Пас ту, эй ношустарў, дар чистӣ?
Дар низоъу дар ҳасад бо кистӣ?
Бо думи шере ту бозӣ мекунӣ,
Бар малойик турктозӣ мекунӣ.
Дар рухи маҳ айббинӣ мекунӣ?
Дар биҳиште хорчинӣ мекунӣ?
Гар биҳишт – андар равӣ ту хорҷў,
Ҳеч хор он ҷо наёбӣ ғайри ту.
Мебипўшӣ офтобе дар гиле?
Рахна меҷўйӣ зи бадри комиле?
Офтобе, ки битобад дар ҷаҳон,
Баҳри хуффоше куҷо гардад ниҳон?
Айбҳо аз радди пирон айб шуд,
Ғайбҳо аз рашки эшон ғайб шуд.
Боре аз дурӣ зи хидмат ёр бош,
Дар надомат чобуку бар кор бош.
То аз он роҳат насиме мерасад,
Оби раҳматро чӣ бандӣ аз ҳасад?
ДОСТОНИ ШАЙХ ВА МУРИДИ АЙБҶЎ
Марди пире доноеро туҳмат зад, ки одами баде аст ва ба роҳи рост намеравад, бо ин ки некўкор нест, чӣ гуна дигаронро ба некӣ мехонад? Яке аз муридони пир гуфт:
– Чунин мардеро туҳмат задан аз адаб дур аст.
Инчунин буҳтон манеҳ бар аҳли Ҳақ,
К-ин хаёли туст, баргардон варақ.
Касе, ки ба мақоми ин донои пир нарасидааст, намедонад рози ў чист ва худи ў кист.
Куфру имон нест он ҷое, ки ўст,
З-он ки ў мағз асту ин ду рангу пўст.
Куфрро ҳад асту андоза, бидон
Шайху нури шайхро набвад карон.
Туҳматзананда гуфт:
–Биё, туро пеши ў бибарам, то ба чашми худ бинӣ, ки май мехўраду баду бадкор аст.
Муриду он мард хидмати шайх рафтанд. Ўро дар ҳоли шаробхўрӣ диданд. Гуфтанд:
–Эй шайх, ту дар ин мақом бо мастию майхорагӣ чӣ мекунӣ?
Шайх ба онҳо гуфт:
–Наздиктар биёед ва чун рафтанду дар ҷом нигаристанд, ҷуз шарбати асалу ангубин чизе надиданд. Ҳар ду дар шигифт омаданд, аз ин ки туҳмат зада буданд, ғамгин шуданд.
Он гоҳ шайх гуфт:
–Ман беморам ва дармонам шароб аст. Бираву барои ман шароб таҳия кун, чунки дар шаръ барои дармону тандурустӣ ҳар ҳароме ҳалол мешавад.
Мурид ба шаҳр рафт. Ба ҳар майхонае сар зад, шароб наёфт. Ҳама ҷо шишаҳо ва хумҳои шароб пур аз ангубин шуда буд. Майфурўшон донистанд, ки ин асари каромати шайх аст. Дастбарсарзанону ашкрезон рў ба хонаи ў ниҳоданд.
Ҷумла риндон назди он шайх омаданд,
Чашм гирён, даст бар сар мезаданд.
Ҳамагӣ гуфтанд:
–Ту, ки метавонӣ шаробро асал гардонӣ, моро ҳам аз гумроҳӣ наҷот бидеҳ, раҳнамоӣ кун, то аз бадию зиштӣ раҳоӣ ёбем.
ДОСТОНИ МУШ ВА ШУТУР
Шутуре мерафт ва муше лаҷоми ўро мекашид. Чун шутур ба оромӣ дар пайи ў равон буд, худписандӣ мушро мағрур кард, ки: «Ин манам, ки шутури бо ин бузургиро роҳ мебарад!» Шутур фикри ўро дарёфт, ба худ гуфт: «Ўро дар ҷояш шинонам, ки раҳнамои ман нест ва аз хари шайтон пасттараш бикашам, ки дигар чунин хаёли худхоҳона ба сараш назанад». Дар роҳ ба наҳри обе расиданд. Муш чун чашмаш ба об афтод, тарсаш гирифт ва истод.
Муш он ҷо истоду хушк гашт,
Гуфт уштур: «Эй рафиқи кўҳу дашт!
Ин таваққуф чист? Ҳайронӣ чаро?
По бинеҳ мардона, андар ҷў даро.
Ту қаловузию пешоҳанги ман,
Дар миёни раҳ мабошу тан мазан».
Гуфт: «Ин оби шигарф асту амиқ,
Ман ҳаметарсам, зи ғарқоб, эй рафиқ».
Шутур гуфт:
–Бигузор по даруни об бигзорам ва бинам, ки жарфии он чӣ қадар аст. Он гоҳ ба об даромад. Об то зонуи ў буд.
Гуфт: «То зонуст об, эй кўрмуш,
Аз чӣ ҳайрон гаштиву рафтӣ зи ҳуш?»
Шигарф – аҷиб, шавқовар.
Жарфӣ– амиқӣ, чуқурӣ.
Гуфт: «Мўри тусту моро аждаҳост,
Ки зи зону то ба зону фарқҳост.
Гар туро то зону аст, эй пурҳунар,
Мар маро сад газ гузашт аз фарқи сар».
Шутур гуфт:
–Мебинӣ, ки об то зонуи ман намерасад. Тезтар ба об даро!
Муш гуфт:
–Аз зону то зону фарқ аст. Он ҷо, ки об ба зонуи ту мерасад, аз фарқи сари ман чандин газ дармегузарад.
Шутур гуфт:
–Бо ин нотавонӣ чӣ гуна даъвои раҳбарӣ мекунӣ ва кибру ғурур мефурўшӣ!
Муш гуфт:
–Тавба кардам.
Гуфт: «Тавба кардам, аз баҳри Худо,
Бигзарон з-ин оби муҳлик мар маро».
Дили уштур бар муши бечораю шармзада сўхт ва гуфт:
–Барҷаҳ ва бар болои кўҳони ман бинишин, аз ин пас, ғурури худписандиро аз худ дур кун. Худпарастӣ аз шаҳват сарчашма мегирад ва чун такрор шуд, одат мешавад.
Ту раият бош, чун султон найӣ,
Худ марон, чун марди киштибон найӣ.
Раият – табаа, оммаи мардуми фармонбардор, тобеъ, мардуме, ки зери даст ва ҳимояи касе бошанд.
ДОСТОНИ ДАРВЕШИ ДИЛСЎХТА ВА КАРОМОТИ Ў
Дар як киштӣ марди нодоре гўшаеро гирифта ва хуш хуфта буд. Аз қазо мусофире кисаи пури пулашро гум карда буд. Ҳама ҷойи киштиро ҷустуҷў карданду пул пайдо нашуд. Мусофир он дарвешро нишон дода гуфт:
– Ба ў бадгумонам, ўро ҳам бикобед.
Пас, дарвешро аз хоби хуш бедор карданд ва гуфтанд, ҷомадонашро берун биоварад, шояд гумшуда назди ў пайдо шавад. Дили марди нодор аз ин туҳмат сўхт ва ба Худо нолид, ки:
–Эй Парвардигори бузург, ин мардуми паст ба ман бадгумон шудаанд. Ту бегуноҳии бандаи дилсўхтаи худро ба онҳо нишон бидеҳ!
Дар ин ҳол, моҳиёни бисёре, ки ҳар як марвориде дар даҳон дошт, сар аз об берун оварданд. Дарвеш чанд дона марворидро аз моҳиён гирифт ва онҳоро пеши он мардум партофт.
Аҳли киштӣ фарёд карданд:
–Эй баландҳиммати бузургвор, ту чӣ гуна ба ин мақоми баланд расидӣ?
Дарвеш гуфт:
–Аммо ростӣ ин аст, ки Худованд ин кароматро ба ман бахшид, ки на ба доро бадгумон шудам, на ба нодор ва на дар умрам ба ҳеҷ кас туҳмат бастам, то Парвардигор маро ба ин мақому манзалат расонид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё