МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ПИРАМАРДИ БЕМОР ВА ТАБИБ
Пирамарде назди табиб рафту аз бемории бинӣ шикоят кард. Табиб гуфт:
–Ин беморӣ аз пирӣ аст.
Мард гуфт:
– Чашмам ҳам рў ба нобиноӣ аст.
Табиб гуфт:
–Он ҳам аз пирӣ аст.
Бемор гуфт:
–Пуштам ҳам дард мекунад.
Табиб гуфт:
– Он ҳам асари пирӣ аст.
Бемор гуфт:
–Ҳар чӣ мехўрам, зуд ҳазм карда наметавонам.
Табиб гуфт:
– Заъфи меъда нишонаи пирӣ аст.
Бемор гуфт:
–Мисли ин ки дар рагҳоям хун дуруст намегардад.
Табиб Гуфт: «Оре, инқитои дам бувад,
Чун расад пирӣ, дусад иллат бувад».
Бемор Гуфт: «Эй аҳмақ, бар ин бардўхтӣ?
Аз табибӣ ту ҳамин омўхтӣ?
Эй мудаммағ, ақлат ин дониш надод,
Ки Худо ҳар дардро дармон ниҳод?
Табиб гуфт:
–Умри ту ба шаст расида. Ин хашму тундию бадзабонӣ ҳам ба иллати пирӣ аст. Вақте пир шудӣ, тан ранҷур мешавад ва тоби шунидани як сухани дуруст надорад. Он касоне, ки пирӣ ранҷашон намедиҳад, мардони ворастаи Худо парастанд, ки аз берун пир ва аз дарун ҷавонанду дилашон ҳамеша бо Худост.
ДОСТОНИ ҶЎҲӢ ВА КЎДАКИ ПАДАРМУРДА
Кўдаке дар пеши тобути падар
Зор менолиду бармекўфт сар.
Кўдаке падараш мурд. Ўро ба гўристон мебурданд ва дўстону ошноён ҳам аз пушти тобут мерафтанд. Писарак гиря мекарду менолиду мегуфт:
–Эй падар, туро куҷо мебаранд? Мебаранд, ки дар гўрат кунанд. Дар қабри торик, ки дар он на фарше ҳаст, на гилеме, на дар шаби торик чароғе рўшан асту на ҳавое, на дар дораду на равзан. Аз хўрок хабаре нест, ҳамсояе ҳам надорӣ, ки дар танҳоӣ ғамхори ту бошад.
Ҷисми ту, ки бўсагоҳи халқ буд,
Чун равад дар хонаи кўру кабуд?
Чунин хонаи бедару девор, берангу равған чаро бояд ҷойи ту бошад?
Кўдак мегуфту мегирист.
Дар миёни ҳамроҳон Ҷўҳӣ–далқаки маъруфи араб ва падараш ҳам буданд.
Ҷўҳӣ, ки суханони писараки падармурдаро мешунид, рў ба падари худ карда гуфт:
–Накунад, ки ин мурдаро ба хонаи мо баранд. Падар гуфт:
–Эй нодон, ин чӣ сухан аст, ки мегўйӣ?
Ҷўҳӣ гуфт:
–Магар намешунавӣ, писараш чӣ мегўяд? Ин нишонаҳо, ки аз гўри падараш медиҳад, ҳама нишони хонаи мост, ки на дар дораду на равзан, на ҳавою на рўшноӣ, бўйи ғизое ҳам аз он намеояд.
Гуфт Ҷўҳиро падар: «Аблаҳ машав»
Гуфт: «Эй бобо, нишониҳо шунав».
Ин нишониҳо, ки гуфт ў як ба як,
Хонаи морост бетардиду шак.
На ҳасиру на чароғу на таом,
На дараш маъмуру на саҳну на бом.
З-ин намат доранд бар худ сад нишон,
Лек кай бинанд онро тоғиён?
Хонаи он дил, ки монад бе зиё
Аз шуои офтоби кибриё,
Тангу торик аст чун ҷони ҷуҳуд,
Бенаво аз завқи султони вадуд.
На дар он дил тофт нури офтоб,
На гушоди арсаву на фатҳи боб.
Мардуме ҳастанд, ки дар ҳасад хонаи дилашон чун гўр
тангу харобу торик аст. Гўр хуштар аз чунин дил мар туро!
Гўр хуштар аз чунин дил мар туро,
Охир аз гўри дили худ бартар о.
Зиндаиву зиндазод, эй шўхи шанг!
Дар намегирад туро з-ин гўри танг?
Юсуфи вақтиву хуршеди само,
З-ин чаҳу зиндон барову рў намо.
ДОСТОНИ КЎДАКУ МАРДИ ФАРБЕҲ
Кўдаке дар кўчае мерафт. Марди безеби фарбеҳе аз пеши ў баромад. Кўдак аз дидани ў тарсиду рангу рўяш парид. Марди фарбеҳ гуфт:
–Эй кўдаки зебо, аз ман матарс ва чунин пиндор, ки ман мард нестам. Ту метавонӣ бар сару китфи ман бинишинӣ ва қавл медиҳам, ки озоре набинӣ. Ба доира нигоҳ кун, ки садояш баланду ваҳмнок аст, аммо миёнаш холист. Нашунидаӣ, ки рўбоҳе дар биёбон мерафт ва ба сайде бархўрд. Дар камин нишасту наздик шуд, ки ўро бигирад. Иттифоқан чашмаш ба табле афтод, ки ба дарахт баста буданд ва чун бод мевазид, шохаҳои дарахт бад-он мехўрданд ва садоҳои воҳимадор аз он бармехост. Рўбоҳ ба тамаи ҷуссаи бузурги табле сайдро раҳо карду ба сўйи дарахт рафт ва ба қасди табл афтод.
Аммо ҳамин ки пўсти онро дарид, дарунашро холӣ дид ва ҷуз пўсте чизе ба дасташ наомад.
Тамаъро аз хеш дур дор, то хушбахту осудахотир бошӣ. Шахси тамаъгар ҳамеша боташвишу нороҳат аст. Ҳар киро ва ҳар чиро менигарӣ, ба ботинаш диққат деҳ, на ба зоҳираш.
ДОСТОНИ ТИРАНДОЗ ВА САВОР
Саворе бо аслиҳаи фаровон болои аспе нишаста аз бешае мегузашт. Шикорчии тирандоз, ки дар беша буд, аз дур чашмаш ба ў афтод. Тарсид, ки агар ўро бинад, ба он ҳама силоҳу аспи бодпо ўро бикушад. Пас пешдастӣ карду зеҳи камонро кашид, то саворро бо тир бизанад. Савор мутаваҷҷеҳи ў шуду фарёд зад, ки даст нигоҳ дор. Аз ман натарс, агарчи мебинӣ саворам ва аслиҳа дорам, аммо бидон, ки ҳангоми ба кор бурдани онҳо аз пиразане камтару бедилтару камҷуръаттарам.
Тирандоз гуфт:
–Хуб шуд, ки худро шиносондӣ, вагарна ман аз тарси ту ночор будам даст ба тиру камон бибарам ва туро ғофилгир кунам.
Пўшидани рахти ҷангу ба даст гирифтани аслиҳа кофӣ нест. Ба кор бурдани он ҷуръат мехоҳаду паҳлавонӣ. Бо аслиҳа касе Рустам намешавад.
ДОСТОНИ АЪРОБӣ ВА МАРДИ ДОНО
Арабе ду ҷуволи пур бори шутуре карда буд ва худ рўйи онҳо нишаста, сафар мекард. Марди доное, ки пиёда мерафт, ҳамроҳи ў шуд ва барои кўтоҳ кардани роҳ бо якдигар ба гуфтугў пардохтанд. Пиёда аз савор пурсид, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад. Баъд пурсид, ки дар ҷуволҳо чист. Савор посух дод:
–Яке пур аз гандум асту дигаре пур аз рег.
Пиёда дар ҳайрат шуд, ки рег барои чӣ?
Савор гуфт:
–Барои ин ки ду тарафи бор баробарвазн шавад.
Доно гуфт:
–Метавонистӣ танҳо гандумҳоро дар ду ҷувол бирезӣ ва бе истифода аз регҳои беарзиш бори шутурро вазнин накунӣ, то ҳам осудатар биронӣ ва ҳам боркаши сабур аз вазни бори худ ба танг наояд.
Шутурсавор аз ақли он мард тааҷҷуб карду гуфт:
– Чӣ фикри хубу олиҷанобе!
Он гоҳ бо ҳайрат пурсид:
–Ту бо ин ҳушу дониш чаро пиёда сафар мекунӣ? Ва ба дилаш гузашт, ки ўро ҳам пушти худ савор кунад.
«Инчунин ақлу кифоят, ки турост,
Ту вазирӣ ё шаҳӣ, баргўй рост».
Гуфт: «Ин ҳар ду наям, аз омаам,
Бингар андар ҳолу андар ҷомаам».
Гуфт:
–Шутуру гов чандто дорӣ?
Гуфт:
–На гов дорам, на шутур.
Гуфт:
–Хонаву дуконат куҷост?
Гуфт:
–Надорам.
Гуфт:
–Пас ҳама сармояат пули нақд аст?
Гуфт:
– Пул ҳам надорам!
Побараҳна, танбараҳна медавам,
Ҳар кӣ ноне медиҳад, он ҷо равам.
Араб гуфт:
–Эй мард, аз ман дур шав! Ақлу дониши ту чӣ кор меояд? На хона дорӣ, на гов, на нону на уштур. Бори шутури ман як тараф рег бошад, як тараф гандум беҳтар аст, ки мисли ту нодори тиҳидаст ва рўзгорам монанди ту хароб бошад. Доноӣ ва ҳуш бояд барои беҳбудии кори зиндагӣ бошад ва аз он ба худу ба дигарон баҳрае бирасад:
Фикр он бошад, ки бигшояд раҳе,
Роҳ он бошад, ки пеш ояд шаҳе.
Шоҳ он бошад, ки аз худ шаҳ бувад,
На ба махзанҳову лашкар шаҳ шавад.
То бимонад шоҳии ў сармадӣ,
Ҳамчу иззи мулки дини аҳмадӣ.
Сармадӣ– абадӣ, ҷовидон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё