МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ЗОҲИДИ БОДИЯНИШИН
Гурўҳе ба ҳаҷ мерафтанд. Дар миёни биёбон чашмашон ба зоҳиде афтод, ки дар зери офтоби сўзон рўйи регҳои гарми сўзон ба намоз истода буд ва чунон ғарқи зикру дуо буд, ки гўё миёни боғи пургулу сабза, рўйи фарши ҳарир қарор дорад. Бодҳои заҳрноки биёбон ба чашми ў чун насими баҳорӣ буданд.
Ҳоҷиёни ҳайратзада ўро тамошо мекарданд, то вақте ки аз парастиши Худо фориғ шуд, ки дар он ҳавои гарму хушк об аз дасту рўйи ў мечакад, монанди ин ки таҳорат кардааст. Аммо дар саҳрои сўзон обе набуд.
Пурсиданд:
–Об аз куҷо меоварӣ?
Гуфт:
–Ин об аз осмон меояд!
Гуфтанд:
– Ҳар вақт бихоҳӣ, меояд? Ё гоҳ ҳасту гоҳ нест?
Дарвеш дастҳо бар осмон бардошт:
Чашмро бикшуд сўйи осмон,
Ки иҷобат кун дуои ҳоҷиён.
Ногаҳон абре падид омаду борон боридан гирифт.
Ҳоҷиён машкҳои худро пур аз об карданд. Гурўҳе имон оварданд, гурўҳе хом монданд ва надонистанд, ки инсон, ки Худоро шинохт ва ба ў худро ҳавола кард, ба ҳар кор тавоност.
Эй намуда ту макон аз ломакон,
«Фӣ-с-самоӣ ризқукум» карда аён.
Дар миёни ин муноҷот абри х(в)аш
Зуд пайдо шуд чу пили обкаш.
Ҳамчу об аз машк боридан гирифт,
Дар гаву дар ғорҳо маскан гирифт.
Абр меборид чун машк ашкҳо,
Ҳоҷиён ҷумла кушода машкҳо.
ДОСТОНИ ФИЛ ВА ХЎРАНДАГОНИ БАЧАИ Ў
Он шунидӣ ту, ки дар Ҳиндустон
Дид доное гурўҳи дўстон.
Гурусна монда, шуда бебаргу ур,
Мерасиданд аз сафар аз роҳи дур.
Гурўҳе дар сафар аз миёни бешае мегузаштанд. Бо марди доное вохурданд, ки аз дидори онҳо хушҳол ва хушнуд шуд. Чун донист барои расидан ба мақсад бояд аз ҷангал бигузаранд, онҳоро таъкид кард, ки агар гурусна шуданд ва хўрокӣ наёфтанд, аз меваю барги дарахтону гиёҳон бихўранд. Ва гуфт:
–Ин беша макони филон аст. Мабодо ҳаваси гўшт кунеду ба ҷони бачаи фил осеб бирасонед. Чун филҳо бадкина ҳастанд, касеро, ки ба онҳо озор бирасонад, осуда нахоҳанд гузошт, бахусус модафил, ки ҳар ҷо бошад, озорандаи бачаҳои худро таъқиб ва саркўб хоҳад кард.
Дар ҷангал ҳамчунин бо мардони Худо бармехўред, ки жандапўшанду гирифтори бало, ки Худованд барои озмоиш онҳоро ба ин ҳол дучор кардааст. Онҳоро бо назари паст нанигаред ва гиромӣ бидоред. Худованд онҳоро бо бало меозмояд, аммо каромат ҳам ба онҳо мебахшад:
В-арна кай кардӣ ба як чўбе ҳунар
Мўсие Фиръавнро зеру забар?
В-арна кай кардӣ ба як нафрини бад
Нуҳ Шарқу Ғарбро ғарқоби х(в)ад?
Барнакандӣ як дуъои Лути род,
Ҷумла шаҳристонашонро бемурод.
Гашт шаҳристони чун фирдавсашон
Даҷлаи оби сияҳ, рав, бин нишон.
Сўйи Шом аст ин нишону ин хабар,
Дар раҳи қудсаш бибинӣ дар гузар.
Сад ҳазорон з-анбиёи ҳақпараст
Худ ба ҳар қарне сиёсатҳо будаст.
Гар бигўям в-ин баён афзун шавад,
Худ ҷигар чӣ бвад? Ки кўҳҳо хун шавад.
Фил даҳонро бў мекунад ва хўрандаи гўшти филро меёбад. Ғайбати бандагони Худо ҳам монанди хўрдани гўшти тани онҳост. Даҳони ғайбаткунанда бў медиҳад ва ўро расво мекунад ва Худованд ба сазояш мерасонад.
Гўштҳои «бандагони Ҳақ» х(в)арӣ,
Ғайбати эшон кунӣ, кайфар2 барӣ.
Х(в)арӣ– хўрӣ.
Кайфар – ҷазо.
Ҳон, ки бўёи даҳоншон холиқ аст,
Кай барад ҷон ғайри он, к-ў содиқ аст?
Он марди доно боз гуфт:
–Тамаъу ҳирсро бояд дур кард, ки умри одамӣ кўтоҳ аст ва монанди кисаи зарест, ки ба ў медиҳанд ва ҳар рўз як танга бобати умри якрўза аз ў мегиранд, то ҳангоме ки киса холӣ мешавад, умр ҳам сар ояд. Бояд ба ҷойи он чӣ аз даст медиҳӣ, чизе бигузорӣ. Он кирдори нек аст, ки ҳам умрро зиёд мекунад ва ҳам номро зинда нигоҳ медорад:
Гуфт носеҳ: «Бишнавед ин панди ман,
То дилу ҷонтон нагардад мумтаҳан.
Бо гиёҳу баргҳо қонеъ шавед,
Дар шикори пилбачагон2 кам равед.
Ман шуморо насиҳат кардам, дигар худ донед.
Мусофирон ба роҳ афтоданд, аммо ҳар дам гуруснагӣ онҳоро озор медод, тобу тавонашонро мегирифт.
Ногоҳ чашмашон ба филбачаи фарбеҳ афтод. Панду насиҳати марди доноро ношунида гирифтанд. Он ҳайвонро гирифтанду куштанду хўрданд.
Ногаҳон диданд сўйи ҷодае,
Пури пиле, фарбеҳе, навзодае.
Андарафтоданд чун гургони маст,
Пок хўрдандаш, фурў шустанд даст.
Мумтаҳан– хору залил, беқадру қиматшуда.
Пилбачагон – филбачагон.
Пур – бача.
Аз миёни он ҷамоат танҳо як нафар гўшти филро нахўрд ва ҳар чӣ ҳам кард, ки онҳо бачаи филро накушанд, комёб нашуд. Чун гуруснагии онҳо фурў нишаст, хобашон гирифт ва ҳар як дар гўшае дароз кашиданд.
Он кас, ки гўшти филро нахўрда ва бо гуруснагӣ сохта буд, гуруснаву нотавон ба дарахте такя карда буд. Ногаҳон модафиле ҳаросон аз роҳ расиду пеши рўйи ў истод, даҳонашро се бор бў кард ва чанд бор хашмнок гирди ў гашт, вале озоре нарасонд. Ба сўйи онон, ки дар хоб буданд, рафт. Яке-яке даҳонҳоро бў мекарду онҳоро помолу саркўб менамуд ё бо хартум ба ҳаво мепартофт, ки ба замин меафтоданду ҷон медоданд.
Эй касе, ки халқро озор медиҳӣ ва хуни онҳоро мекашӣ ва моли онҳоро мебарӣ, ғофил мабош, ки Офаридгор туро расво хоҳад кард ва ба сазои кирдори бад хоҳад расонд, чун бўйи кори бад ҷаҳонгир аст.
Бўй расво кард макрандешро,
Пил донад бўйи тифли хешро.
Он ки ёбад бўйи Ҳақро аз Яман,
Чун наёбад бўйи ботилро зи ман?
Мустафо чун бурд бўй аз роҳи дур,
Чун наёбад аз даҳони мо бахур?
Ҳам биёбад, лек пўшонад зи мо,
Бўйи неку бад барояд бар само.
Ту ҳамехусбиву бўйи он ҳаром
Мезанад бар осмони сабзфом.
Ҳамраҳи анфоси зиштат мешавад,
То ба бўгирони гардун меравад.
Бўйи кибру бўйи ҳирсу бўйи оз,
Дар сухан гуфтан биёяд чун пиёз.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё