«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
Гурез САФАР
МАН ВАТАНДОРАМ
Ман Ватандорам, Ватан дорам,
Минбари розу сухан дорам.
Бо забони хеш аз минбар
Гуфтугӯ дар анҷуман дорам.
Кишвари ман, мулки озодӣ,
Кишвари ман, мулки ободӣ.
Ончунон матбӯъу зебоӣ,
Кишвари боғу чаман дорам.
Бар ман аз дунё ту болоӣ,
Модари ҷониву яктоӣ.
Номи ту гар бар забон гирам,
Шаҳду шаккар бар даҳан дорам.
Ман Ватан дорам, тавоноям,
Аз тафохур сар ба болоям.
Баҳри ҳифзаш то нафас боқист,
Карда испар ҷону тан дорам.
Ман Ватандорам, Ватан дорам,
Пуштибоне таҳмтан дорам.
Нестам чун ту залилу хор,
Мурдаву гӯру кафан дорам.
Ман Ватандорам, Ватан дорам!
\* \* \*
Хуб ё ки гандаам, ҷон меканам,
Дар ғами ояндаам, ҷон меканам.
Заррае то суд бар мардум расад,
То даме ки зиндаам, ҷон меканам.
Фориғ ар як дам зи халқу Меҳанам,
Заҳр бодо шири модар бар танам!
Пос дорам шаъну шони рафтаҳо,
Панд гирам аз ҷаҳони рафтаҳо.
Пайрави неки раҳи онҳо шудам,
Бишканад то ормони рафтаҳо.
Фориғ ар як дам зи халқу Меҳанам,
Заҳр бодо шири модар бар танам!
Бо талошу кӯшиши худ зиндаам,
Бо дилу ба сӯзиши худ зиндаам.
Зиндаанд арчи басо бо ҷаҳди ғайр,
Ман вале бо ҷунбиши худ зиндаам.
Фориғ ар як дам зи халқу Меҳанам,
Заҳр бодо шири модар бар танам.
Гуфтаанду боз мегӯям, шунав
(Гарчи ҳарфам нест, гӯӣ, ҳарфи нав):
Бар Ватан, бар халқи некаҷдоди худ
Бемуҳобо, ҷону дил монам гарав.
Фориғ ар як дам зи халқу Меҳанам,
Заҳр бодо шири модар бар танам!
СУЛҲИ ВАТАН
Дорам Ватане, ки чун гулу гулзор аст,
Бар дидаи ман азизу нотакрор аст.
Чун ӯ чамани хубу дилоро набувад,
Зебои ягонаву қадамбардор аст.
Баҳри Ватанам рӯзу шабон мекӯшам,
Ободтаре шавад, ба ҷон мекӯшам.
Сад ҷон ба яке ишораташ мебахшам,
Ҷонбахш чу ман дар Ватанам бисёр аст.
Озодаву осуда ба хоки Ватанам,
Аз ранҷ ки полуда ба хоки Ватанам.
Ҳар ғам, ки ба дил фитад, фано мегардад,
Зеро ки Ватан ба ҷони ман ғамхор аст.
То ҳаст зи ҷон рамақ, Ватан мегӯям,
Андар сари ҳар варақ Ватан мегӯям.
Шукронаи обу хоку нуру бодаш,
Шукрона, ки Сулҳ дар Ватан подор аст.
НУРИ ВАҲДАТ
Хуррам баҳори мо,
Пурҷўш кори мо,
Авҷу барори мо
Аз нури Ваҳдат аст!
Шамъи саодат аст!
Гулҳои боғи мо,
Ҳар дам фароғи мо,
Равшан чароғи мо
Аз нури Ваҳдат аст!
Шамъи саодат аст!
Сулҳу Сафои мо,
Созу навои мо,
Амну бақои мо
Аз нури Ваҳдат аст!
Шамъи саодат аст!
Бозўи зўри мо,
Бар чашм нури мо,
Кайфу ҳузури мо
Аз нури Ваҳдат аст!
Шамъи саодат аст!
Хушранг анҷуман,
Зебоии сухан,
Ободии Ватан
Аз нури Ваҳдат аст!
Шамъи саодат аст!
РОҒУН
Роғун, ки шуо ба қалбҳо мефиканӣ,
Имрӯз ту мубтадои ҳар як суханӣ.
Созем ҳазор ҷон фидо бар ту, зи бас
Армони ҳазорсоларо мешиканӣ.
Нур бар дил фиканӣ,
Зеби ҳар як суханӣ.
Ҷон фидоят бикунем,
Баски армоншиканӣ.
Ҳар деҳа зи ту шавад чароғон, Роғун,
Ҳар хона зи ту шавад дурахшон, Роғун.
Чун чархи замон зи қудратат чарх занад,
Ризқи ҳамагон шавад фаровон, Роғун.
Нури дарё, Роғун,
Сари боло, Роғун.
Мо туро месозем,
Ганҷи дунё, Роғун.
Донем туро бинои Ваҳдат, Роғун,
Ёбем зи ту ҳазор роҳат, Роғун.
Бо нури дилу дида туро месозем,
Чун пояи устувори миллат, Роғун.
Қасри Ваҳдат, Роғун,
Кони роҳат, Роғун.
Нури ҷон дар тани мо,
Фахри миллат, Роғун!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё