«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
НАВРЎЗИ ВАТАН
Тарфи чаман сабзазор, сайри гулистон кунед,
Тўҳфа ба ёри азиз аз гулу райҳон кунед.
Нури фараҳ медамад, аз лаби домони субҳ,
Баҳри дили ташналаб лутфи худ арзон кунед.
Дар ҳаваси молу ҷоҳ кўшиши бесуд чист?
Ишқи Меҳан парваред, ҷумлагӣ ҳайрон кунед.
Мо написандем ҳеҷ, ҳарфи муҳаббат зи кас,
Ҳарфи талаб аз нафас сокиту пинҳон кунед.
Шўхии парвози табъ то ба фалак мерасад,
Сози таваҷҷўҳ ба мо кошки арзон кунед.
Ҳофизу Саъдӣ кушуд банди гираҳ бо сухан,
Аҳли Ватанро закӣ, шеъру ғазалхон кунед.
Қобили таҳсину мадҳ гар ки нашуд ҳарфи хуш,
Ашки пушаймоние то бари домон кунед.
Ҳарза намепарварад ҷодаи созандагӣ,
Дар раҳи рушди Ватан кори басомон кунед.
Бар лаби боми умед духти саҳар мерасад,
Хонаи нодониву ҷоҳилӣ вайрон кунед.
Ҳазрати Одам падар буду Ҳаво моми мост,
Ҳусни таваҷҷўҳи хеш ҷониби инсон кунед.
Манзараҳои дилам вошуда пеши касон,
Ин хабари нози Маҳ дар бари султон кунед.
Валиҷон АКБАРӢ
ЗАМЗАМАИ ВАТАНДОР
Ватан–хоҷаи некфармони ман,
Ватан–маҳрами розу армони ман,
Ватан–қудрату эътибору шараф,
Ватан–ҳомии ман, саробони ман.
Ватандору ҳомии кишвар манам,
Алайҳи адў шеру аждар манам.
Ватан ҳадя бар мо зи яздон бувад,
Ватан ёдгори ниёгон бувад.
Кафи хоки ўро набахшам ба чоҳ,
Агарчанд тахти Сулаймон бувад.
Ватандору ҳомии кишвар манам,
Алайҳи адў шеру аждар манам.
Дар ин хок зода маро модарам,
Ҳама аҳли меҳан бувад ёварам,
Ҳама некмардаш бародар, падар,
Ҳама авраташ модару хоҳарам.
Ватандору ҳомии кишвар манам,
Алайҳи адў шеру аждар манам.
Ватан, гулшани роҳати одамист,
Ватан, мояи шодиву хуррамист.
Маро мулки бегонаи чун биҳишт,
Ғарибист, ҳаргиз Ватан нест, нест.
Ватандору ҳомии кишвар манам,
Алайҳи адў шеру аждар манам.
Манам, родмарди ҷасури Ватан,
Ба ҳар хасми дун мушти зўри Ватан,
Манам, бонии марзи номуси ў,
Манам, ифтихору ғурури Ватан.
Ватандору ҳомии кишвар манам,
Алайҳи адў шеру аждар манам.
Кунам ҷону танро зиреҳу сипар,
Ки ҳифзаш намоям зи ҳар фитнагар,
Ки фарзанди имрўзу фардои халқ,
Шавад соҳиби кишвари бехатар.
Ватандору ҳомии кишвар манам,
Алайҳи адў шеру аждар манам.
Туӣ , маънии гуфтугўям, Ватан,
Беҳин боғи рушду намўям, Ватан,
Маро бўи ту мисли бўи биҳишт,
Туӣ иззату обрўям, Ватан.
Ватандору ҳомии кишвар манам,
Алайҳи адў шеру аждар манам.
Яке дастёрам барои Ватан,
Яке ғамгусорам барои Ватан,
Пайи ҳурмати хоки аҷдоди хеш,
Яке ҷонсупорам барои Ватан.
Ватандору ҳомии кишвар манам,
Алайҳи адў шеру аждар манам.
МЕҲРИНИСО
ТОҶИКИСТОН
Ман намозамро ба номат мегузорам тоҷикӣ,
Ифтихорам тоҷикӣ, дору надорам тоҷикӣ.
Атромезу фараҳафзо ҳавои кишварам,
Лафзи ширину забони ширадорам тоҷикӣ.
Дар саховат офтобам, дар тараҳҳум мисли абр,
З-оташи суғдон ба ҷонам сўз дорам тоҷикӣ.
Хоки поки дўстонро тўтиё созам ба чашм,
Нури дида, тоҷи сар бошад шиорам тоҷикӣ.
Рўзи шодиям намедонам кӣ омад, бо кӣ рафт,
Дар азоям дўстонро мешуморам тоҷикӣ.
Гушна мегардам, вале ояд ба дидорам табиб,
Ҳар чӣ дорам рўи хонам мегузорам тоҷикӣ.
З-аҳли сомонам, мусулмон, эътиқодам комил аст,
Аз Худои муттаол уммедворам тоҷикӣ.
Ваҳдати миллат таманнои дили Меҳринисост,
Ин башорат шўълаи санги мазорам, тоҷикӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё