«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ВАҲДАТ
Барои Эмомалӣ Раҳмон
Чист ваҳдат? Эътибори миллат аст,
Зўри бозуи замон дар ваҳдат аст.
Ваҳдат аст–ин қудрати ҳар давлате,
Ваҳдат –ин сармояи ҳар давлат аст.
Ваҳдат ар бошад, ба хасмат ғолибӣ,
Дар ҳама майдон ба ваҳдат нусрат аст.
Ваҳдати моро ба ҳам овардаӣ,
З-ин сабаб бар ҳафт пуштат раҳмат аст.
Ҷамъ кардӣ миллати саргаштаро,
Кай насиби ҳар касе ин санъат аст?!
Ҳифзи Ваҳдат шуд нишони нанги мо,
Мардро ин нанг тоҷи ҳиммат аст.
БА РОҒУН
Нур ёбад аз ту дар ҳар сина ҷо,
Дардҳо ёбанд аз нурат шифо.
Аз шарофатҳои нури бегазанд,
Зиндагӣ бар худ бигирад нав ҷило.
Нури ту олам мунаввар мекунад,
Тирагиҳоро мусаххар мекунад.
Эй ту, Роғун, нурбахшои замон,
Олами моро зиёофар намо.
Боз бинмо уқдаҳои кори мо,
Дур бинмо заҳмату озори мо.
Қудратат бар қудрати одам бирез,
Чашми танги тангчашмонро кушо!
НАВРӮЗИ РОҒУН
Наврӯзи гулгун омада,
Дар ҷилва акнун омада.
Хушпираҳан аз кӯҳҳо
То дашту ҳомун омада.
Бар пешвозаш ҳар диле
Чун беди маҷнун омада.
Ганҷи дили ҷонбозҳо
Имрӯз берун омада.
Нуре ба дилҳо оварад,
Шодӣ ба маҳзун омада.
Ҷоно, биё, шодӣ кунем,
Наврӯзи Роғун омада.
Олимхон ИСМАТӢ
ОШТӢ
Ватан! Қасам ба обу хоку оташу ҳавои ту,
Қасам ба рўҳи поки анбиёву авлиёи ту.
Қасам ба ҳафт пушти некахтари ниёи ту,
Ки мо силаҳ фикандаем, тоҷикони ғамзада,
Ки мо силоҳ мекунем, меҳани ситамзада.
Ҳақиқат он бувад, ки мо басе фиреб хўрдаем,
Ду саф, ду пора гашта, айбу ҷурми ҳам шумурдаем,
Дигар чӣ ҷои баҳс, мурда ё намурдаем,
Ватан! Гуноҳи ҷумла тоҷикони хешро бибахш!
Ватан! Гуноҳи миллати ватанпарешро бибахш!
Бас аст баъд аз ин дигар маҳалгароиҳои мо,
Бас аст маргу зиндагонии ҷудо-ҷудои мо,
Бибахш, эй худои муттаъол, ин хатои мо,
Ки зери парчами ватан дигар ҳамора саф кашем,
На мисли «Куву моҳӣ»-и масал ба ҳар тараф кашем.
Худо кунад, ки хони ноз пеши ҳам бигустурем,
Ба ҷои заҳри тир ҷумла оши оштӣ хурем,
Ғам аз нигоҳи модарон ба мавҷи ханда бистурем,
Ҳама ба лаб тарона зиндагӣ кунем дар ватан,
Ҳама бародарона зиндагӣ кунем дар ватан.
Ватан! Марамматат ҳамеша қарзу фарзи ҳар кас аст,
Ватан! Маро ба чашм тўтиёи хоки ту бас аст,
Ватан! Барои наслҳо чӣ вожаи муқаддас аст,
Ҳаёт то ба по бувад, зиҳӣ Ватан! Зиҳӣ Ватан!
Худот раҳнамо бувад, зиҳӣ Ватан! Зиҳӣ Ватан!
НИГАҲ ДОРАД ХУДО
Дар ҷаҳон аз дасти бешафқат нигаҳ дорад худо,
Ҷумларо аз пои бетоат нигаҳ дорад худо!
Навҷавонро ҳар азобе бар сар ояд, бок не,
Пирро аз хориву зиллат нигаҳ дорад худо!
Нохалаф сад тори ҳиллат метанад чун анкабут,
Дар раҳи қисмат зи ҳар офат нигаҳ дорад худо!
Сангпушт аз некии худ неши каждум дидааст,
Некхоҳонро зи бадтинат нигаҳ дорад худо!
Зўри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст,
Аз парешонии ҷамъият нигаҳ дорад худо!
Аз маҳалбозии мо иллат ба миллат мерасад,
Миллати моро аз ин иллат нигаҳ дорад худо!
Султонмурод ОДИНА
НИЁИШ
Даври истиқлол омад, шукри даврон мекунем,
Ифтихор аз ному хоки Тоҷикистон мекунем.
Дасти ҳам бигрифта мисли кўҳҳои пур зи ганҷ,
Шукри мулки ворисони Оли Сомон мекунем.
Рўйи парчам тоҷи миллат, нури давлат парфишон,
Тоҷ бар сар ифтихор аз давру даврон мекунем.
Мерасад рўзе, ки ҳамчун ворисони мулки худ,
Аҳли олам аз сафои хеш ҳайрон мекунем.
Ҷаннати рўйи замин додаст моро Кирдугор,
Шукри ин доди Худою лутфи раҳмон мекунем.
Тоҷикистон тоҷи истиқлолият дорад ба сар,
Модар аст ў, ҷон фидои модари ҷон мекунем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё