Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кароматулло ОЛИМЗОДА

СУЛҲ

Хуш омадӣ бар диёри мо, сулҳ,

Зебоии рўзгори мо, сулҳ.

Будем басе рамида аз ҷанг,

Ороми дилу қарори мо, сулҳ.

Чун хандаи поки тифлаконӣ

Андар рухи рўзгори мо, сулҳ.

Орӣ ту навиди васли фарзанд

Бар модари интизори мо, сулҳ.

Аз кину ситез нотавонем,

Овардӣ ба тан мадори мо, сулҳ.

Шуд коста оби рўй аз ҷанг,

Афзуд ба эътибори мо, сулҳ.

Пурсанд, ки бо чӣ ноз дорем?

Гўем, ки ифтихори мо сулҳ.

Дар парчами халқи мо навишта:

Набвад ба ҷуз аз шиори мо сулҳ.

Ободию бахти хонадонӣ,

Шаъну шарафу виқори мо сулҳ.

Лабрез намуда ҷом, баргўй:

«Бодо ҳама умр ёри мо сулҳ!»

СУБҲИ ВАҲДАТ

Муждагонӣ ба рўзгор омад,

Ёр бо меҳр дар канор омад.

Хатм гардид ҷанги шайтонӣ,

Сулҳи раҳмонӣ устувор омад.

Шўру ғавғову ҳою ҳу бигзашт,

Даври тамкину сабру кор омад.

Дўст ояд ба хонаи тоҷик,

Душман аз сулҳ шармсор омад.

Аз гуноҳи ҳама гузар ту, Ватан,

Дил шуда пок аз ғубор омад.

Гар ту мардӣ, бишав ҳаёт эҷод,

Ки силоҳи ту маргбор омад.

Шоми ҳиҷрони орзуҳо рафт,

Субҳи ваҳдат чӣ нурбор омад.

Сидқро пеша кун, дигар маситез,

Ки ба имони ту мадор омад.

Ҷоми саршор деҳ, ки дар ин рўз

Табъи ман бас ғазалнисор омад.

ТОҶИКИСТОН, ТОҶИКИСТОН

Зодаи даврони тўфон,

Охирин уммеду армон

Баҳри тоҷикони дунё

Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Вориси «Қонун»-и Сино,

Рўдакиро чашми бино,

Зиндадори Оли Сомон.

Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Лаълбахши зарфишонӣ,

Сарзамини кўҳу конӣ,

Шамси анварро маконӣ,

Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Бахти мо дар ваҳдати ту,

Дар шукўҳи шавкати ту,

Дар бақои давлати ту,

Тоҷикистон, Тоҷикистон.

НОРИНИСО

ТОҶИКЕМ

Ту магў аз ину аз онем мо,

Зодагони пири Канъонем мо.

Нест байни мову ту бегонагӣ,

Аз Хуҷанду Рашту Хатлонем мо.

Дар сабуриву адолатпарварӣ,

Пораи лаъли Бадахшонем мо.

Бо ҳама дарёдиливу соҳирӣ,

Ташнаи оби Зарафшонем мо.

Шаҳрзоди ҳиммату мардонагӣ

Зодагони Оли Сомонем мо.

Дар ҳама пасту баландиҳои даҳр

Шукр, фарзанди мусулмонем мо.

Нест байни мову ту бегонагӣ

Тоҷикем, аз Тоҷикистонем мо.

\* \* \*

Ёрони муаззам, ба шумо ид муборак,

Ҳамраъйиву ҳамрозиву тавҳид муборак.

Будед агар дергаҳе бехабар аз даҳр

Имрўз хабардорию таъкид муборак.

Дар кулбаи андешаатон субҳдам аз сидқ

Як тифлаки нав чун шуда тавлид, муборак.

Шуд пора кунун ҷомаи найранги замона

Ҳамдардию ҳамбастии ноҳид муборак.

Хандида кунад паҳн зару зевари худро

Аз доманаш ар духтари хуршед, муборак.

Дар зери қадамҳои шумо аз гули худрў

Рўида гули нозуки тамҳид, муборак.

Ошуфта набошед, шаби иди шуморо

Гар Норинисо гуфт ба таъкид, мубрак!

\* \* \*

Шаҳри ҳунару меҳру вафо шаҳри Душанбе,

Ҷо гаштаӣ дар ҳастии мо, шаҳри Душанбе.

Андар қади дилҷўю дилорою базебат

Дорӣ зи гули лола қабо шаҳри Душанбе.

Пошад зи чароғи ҳунару илму маонӣ

Бар мулки дилу дида зиё, шаҳри Душанбе.

Мехостам аз шоҳии ҳарранги хаёлот

Дар бар бикунӣ тангқабо шаҳри Душанбе.

Дар кишвари андешаи ман то ба ҳанўзӣ

Чун тифлаки берўю риё, шаҳри Душанбе.

Аз шодию андўҳи ту дорад ғазале чанд,

Дар сафҳаи дил Норинисо, шаҳри Душанбе.

\* \* \*

Хушбахт мешуморам худро, ки ёр дорам,

Дар мулки Тоҷикистон боғу баҳор дорам.

Аз шоми ноумедӣ ҳаргиз хабар надорам,

Аз файзи субҳ дар дил оҳанги тор дорам.

Бегона аст бар ман найрангу носипосӣ,

Хоҳам як умр з-ин ду худро канор дорам.

Аз чархи бемурувват озорҳо бидидам,

З-ин рўй бар баду нек бешубҳа кор дорам.

Парварда бо машаққат дар боғи зиндагонӣ

Дар мулки дидаву дил себу анор дорам.

Хандида бигзаронам шабҳои тор ҳарчанд,

Аз ашк шаддае чанд беихтиёр дорам.

Норинисо магўед, аз ҳар чӣ дар канор аст,

То санги чархи таърих андар канор дорам.

\* \* \*

Тоҷикону Тоҷикистон зинда бод,

Ақли модарзоди инсон зинда бод.

Мекушоянд уқдаҳои розро,

Роздону роздорон зинда бод.

Ашки модарҳо мерезад, ай худо,

Хотири ҷамъу парешон зинда бод.

Хамрадифи сулҳу шодиву умед,

Шўълаи хуршеди тобон зинда бод.

Бахт гардад то Зулайхоро насиб,

Юсуфи Яъқуби Канъон зинда бод.

Баҳри талқини накўиву хирад,

Сафҳа-сафҳа ҳарфи Қуръон зинда бод.

То нависад номае, Норинисо,

Ишқ дар мағзи дилу ҷон зинда бод.

пешина
аз 63
навбатӣ