Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

АЗМ

Бинои бахти мо то гардад обод,

Бирезем аз муҳаббат хишти ваҳдат.

Замини умр то боре биёрад,

Биафшонем дон бар кишти ваҳдат.

Ба сўи олам аз нав раҳ кушоем,

Гурезем аз парешонии миллат.

Садоқатпешагиро пеша гирем,

Раҳо гардем аз хориву зиллат.

Ба ҷуз ин роҳи дигар нест моро,

Ҷудоӣ аз Ватан моро раво нест.

Ҳама мебояд акнун бо ҳам оем,

Ки дарди беҳамиҳоро даво нест.

Бубояд рост з-ин пас по гузорем,

Сари хамро зи нав созем боло.

Ки дар ҳар гўшаи дунё битобад,

Сари болои мо бар чашми дунё.

АЗМУ ҶАҲД

Тоҷикистонро ба азмам шўҳрати дунё кунам,

Синаҳои ташнаро бо меҳри дил эҳё кунам.

Қарздорам аз ҳавову обу хоки меҳанам,

То нафас боқист, дилро масрафи дилҳо кунам.

Сарнагун созам ҳама кибру ғурури аҳли ҷоҳ,

Меҳру шафқатро ба қалби ҳамзамонон ҷо кунам.

Пояи ақлу фаросат бо ширеши килки худ

Дода сад пайванду онро тарҳи нав пайдо кунам.

Қуллаи мақсуд рахшон аст дар пиндори ман,

Мерасад рўзе, ки дарди миллатам ифшо кунам.

Нурполоӣ кунам бо азми худ дар хештан,

Ҷаҳд созам равшаниро дар Ватан маъво кунам.

Сафар Айюбзодаи МАҲЗУН

ҒАЗАЛИ ВАҲДАТ

Бахт механдад ба истиқболи мо,

Мешукуфад ғунчаи иқболи мо.

Меҳр миллатро ба ваҳдат оварад,

Ҳифз созад ваҳдат истиқлоли мо.

Оли Сомон аз ҷудоӣ шуд хароб,

Дарс бошад саргузашти оли мо.

Мекушад моро ба дасти мо рақиб,

Эҳтиёт аз душмани бадфоли мо.

Ҳарфи ваҳдат беш гуфтем, ай Худо,

Қоли моро васл кун бо ҳоли мо.

Меҳр гар дорему сулҳу дўстӣ,

Мурғи хушбахтӣ шавад ҳамболи мо.

Рўҳи Исмоили Сомонӣ, бубин

Орзуи хеш дар омоли мо.

Тоҷикистон ваҳдатистон мешавад,

Мешукуфад гулшани иқболи мо.

\* \* \*

Кишвари ҳамчун чаман дорем мо,

Ифтихор аз ин Ватан дорем мо.

Тоҷикистон модари мо, ҷони мост,

Меҳри он дар ҷону тан дорем мо.

Месароем аз сафои дўстӣ,

Аз вафодорӣ сухан дорем мо.

Базми моро нур бахш, эй ҳамватан,

Аз муҳаббат анҷуман дорем мо.

То шавад аз мо Ватан машҳуртар,

Шавқ бар ҳар илму фан дорем мо.

Ҳифз созем иттиҳоди халқро,

То даме ҷон дар бадан дорем мо.

Кишвари ҳамчун чаман дорем мо,

Ифтихор аз ин Ватан дорем мо.

Тоҷикистон модари мо, ҷони мост,

Меҳри он дар ҷону тан дорем мо.

\* \* \*

Бар Ватан, эй ҳамватан, меҳри дучандон боядо,

Заҳмати арзандаи мардони майдон боядо.

Ваҳдати Суғду Бадахшон, Рашту Хатлон боядо,

Дўстии ҷумла халқи Тоҷикистон боядо.

Нанги Аҳмадшоҳи Масъуди далерон боядо,

Дониши Синову Саъдии ғазалхон боядо.

Фазли Турсунзодаву Айнии пурдон боядо,

Ифтихори миллии Эмоми Раҳмон боядо!

БОДО, БОДО!

Эй ҳамватанон, китоби ваҳдат хонем,

Бо мақсади интихоби ваҳдат хонем.

Сулҳовари мулкро, ки бахтафрўз аст,

Арзад, ҳама офтоби ваҳдат хонем.

Эй ҳамватан, ифтихор мебояд кард,

Бо роҳбари баор мебояд кард.

Миллат, ки саодат аз тифоқӣ ёбад,

Тавҳиди варо шиор мебояд кард.

Эй ҳамватан, иттиҳод мебояд кард,

Бигзаштаи хеш ёд мебояд кард.

Мехост зи реша нест созад моро,

Бар рағми адў ҷиҳод мебояд кард!

З-оне, ки шудем шод, бодо, бодо,

Сулҳ он, ки ба мо бидод, бодо, бодо.

Оне, ки саодат оварад бар мардум,

Ҳамдастию иттиҳод, бодо, бодо!

ДУШАНБЕ

Аз меҳри дилу нури басар тахти Душанбе,

Аз дўстии аҳли башар бахти Душанбе.

Аз фарри Каён фарри ҳама рўзу шабонаш,

Шаъни падарон дар тану дар хуни равонаш.

Аз хандаи хуршедии ишқ аст бисоташ,

Яъне, ки ба Ҳурмузд расад риштаи ҷонаш.

Яъне ки бувад хонаи Хуршед Душанбе,

Мўъҷизаи афсонаи Хуршед Душанбе.

«Шаҳнома»-и хоност китобаш ба ҷаҳонҳо,

Ишқи дили Мавлост китобаш ба ҷаҳонҳо.

Ин Меҳани Синост, бидонад ҳама дунё,

Дилномаи зебост китобаш ба ҷаҳонҳо.

Мерос зи Синою зи Мавлост Душанбе,

Яктошудаи давру замонҳост Душанбе.

пешина
аз 63
навбатӣ