Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷўра ҲОШИМӢ

ДУШАНБЕ

Ту некўтаринӣ,

Ту дилҷўтаринӣ ,

Ту хушрўтаринӣ,

Душанбе! Душанбе!

Ту шаҳри сафоӣ,

Хушобу ҳавоӣ,

Аҷаб ҷонфизоӣ,

Душанбе, Душанбе!

Сафи арчаҳоят

Чу духтарчаҳоят,

Дилоро бағоят,

Душанбе, Душанбе!

Чунонам хуш оӣ,

Диламро кушоӣ,

Маро худ ту шоӣ,

Душанбе, Душанбе!

Ту хушсарнавиштӣ,

Ту анбарсириштӣ,

Ту боғи биҳиштӣ,

Душанбе! Душанбе!

ҶОНФИДОЯТ МАНАМ

(Суруд)

Эй дили шоди ман, мулки ободи ман,

Обу хокат бувад асли бунёди ман.

Мардумат сар ба сар ҳамчу ҷону ҷигар,

Додару хоҳару хешу аҷдоди ман!

Нақарот:

Дар дифоят манам!

Дар вафоят манам!

Мулки ҷонпарварам,

Ҷонфидоят манам!

Сарҳадат, эй Ватан, сарҳади нанги ман!

Душманат кай амон ёбад аз чанги ман.

Ҷои ман дар сафи лашкарат маҳкам аст,

Ин суруди садоқат сароҳанги ман аст.

Нақарот:

Меҳри ту шўълавар дар дилу ҷони ман,

Хидматат бошад аз рукни имони ман.

Вориси давлати Оли Сомони ман,

Тоҷикистони ман! Тоҷикистони ман!

Нақарот:

Бишканад гар ҳама банду пайванди ман,

Нашканад пеши ту қавлу савганди ман!

Ин саодат маро бас бувад дар ҷаҳон

Ҳамчу модар бигўӣ, ту «фарзанди ман!»

Нақарот:

Одина АЗИМӢ

НИШОНИ ВАҲДАТ

Ҳар дам ҷадал намоӣ

Андар мароми меҳнат,

Сўрох то шавад кўҳ,

Ёбӣ шукўҳу шўҳрат .

Дар кори ту ҳамеша

Мардонагӣ аён аст,

Дар байни нақбканҳо

Аз заҳматат нишон аст.

Майдони заҳмати мо

Гардид нақби Уштур.

Созем баҳри кишвар

Роҳи васеи машҳур.

Ҳар кас агар бубинад

Ин ҷо нишони ваҳдат,

Аз баҳри Тоҷикистон

Бошад раҳи саодат.

Алимуҳаммад МУРОДӢ

ҚАРЗ

Луқмае хўрдӣ агар аз хони кас,

Нимаи ноне бубояд доданат.

Некие гар мерасад аз кас ба ту,

Қарз бошад некиаш дар гарданат.

Он ҳама мардон, ки пеш аз мову ту

Рафтаву аз худ нишоне мондаанд,

Бо умеди донаафшонии мо,

Донаҳое бар замин афшондаанд.

Сер аз ҷони ҷавони худ набуд,

Ҳеҷ як аз ҷоннисорони Ватан.

Марги онҳо буд васият баҳри мо,

Чун бубояд мурдану чун зистан.

Лоиқи номи падарҳои бузург

Гаштани фарзандҳо фарз аст, фарз,

Зиндагӣ гўяд ба гўши ман мудом:

–Ҷумлаи кори ҷаҳон қарз аст, қарз!

БА ДЎСТ

Мекашад бори зиндагиашро,

Гарчи бар дўши хеш ҳар одам.

Гар нишинад ба доманат гарде,

Гард шинад ба домани ман ҳам.

Сархаму дилшикаста мегардам,

Байни мардум ба чеҳраи ғамгин.

Гўиё, ки ба даст афтодам,

Ман ба вақти ҷинояти вазнин.

Дил ба барги чанор мемонад,

К-аз дами боди сахт меларзад.

Зарб ҳар гаҳ ба реша меояд,

Шоху барги дарахт меларзад.

пешина
аз 63
навбатӣ