Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧАКОМАИ ОЗОДӢ

Озодӣ,

Ба рамзи Аҳурамаздо дар ҳалқаи шаш амшоспанд,

Ситораи рўз дар даст берун омад.

Ва субҳро аз паи худ хонд.

Субҳ Хуршедро,

Хуршед Ҷамшедро,

Ҷамшед Зартушро,

Ва Зартушт ҳафт ранги нурро тафсир дод,

Он қадар тафсири нуронӣ, ки ҷон ҳам хешро.

Андаруни нур диду гуфт:

Офаридан сулҳро обастан аст аз нур,

В-аз ғуломиву гадоӣ ҳар кӣ обастан бувад,

Аз куҷо мезояд Озодӣ?...

Сояи ин нурро Мўсо асои хеш кард,

Мисрро дарвеш кард.

Соя чун гардад асо?

Аз барои панҷаи худ

Порае бирбуд Исо нурро,

Румро ў муму хеши кеш кард.

Мағзи Мағрибро калўши пеш кард

Нурдуздӣ расм шуд…

Тофт бо як ранги тиллоӣ ба чашми халқ нур,

Ҳафт ранги нур шуд аз чашми маънӣ дур.

То намояд ҳафт ранги ҷовидони нурро,

Ҷомаи ҷисмонӣ пўшонид Монӣ нурро.

Ишқи Исо гарчи з-ин тафсири нур

Боз нури тозаи ҷонӣ гирифт.

Ориё дар худ парешонӣ гирифт

Ончунон кўбид Мониро, ки Мониро қалам

Ҷониби Мағриб париду сабз шуд…

Ранги зардаш аз пайи Салмон биёбонбўс шуд,

Нур бо шамшер пайваст,

Ҳамчу Салмони пушаймон нур пири кўз шуд,

В-он ки яктоии яздонро ҳам акнун мешинохт,

Бар сари мойи ҳазоронсола яктои намоз

Омаду зад, ки Худо яктост.

Нури шамшери Муқаннаъ ҷониби хуршед рафт.

Аз пайи моли Худо аз мо Худоро низ дуздида,

Дасти тазвири биёбон сохт

Дар биёбон аз дурўғе устувона.

Ломакони мо биёбонхона шуд,

Пас Худо хўйи биёбонӣ гирифт,

Шуд биёбонӣ.

Эй аҷаб, ин ҷо биҳишту ў ба дўзах хона кард,

Гўиё ҷое беҳ аз он ҷо наёфт.

Ҳам Худо ҳам мағзи мо аз мо ҷудо шуд,

Меҳр коридан ба ҷуз кин бар надид,

Тан биҳиштӣ, сар биёбонӣ ба аърофӣ кашид.

Офаридан мурдаву шуд зинда тарс

Чашми мо хушкид аз ин тазвиру ин тасвиру ин тафсир.

Тарсу тарсонанда обастан ба ҷанганду ғуломӣ…

Мавлавӣ зад нойи нури сўдарун:

«Эй шаҳон куштем мо хасми бурун,

Монд хасме з-ў батар дар андарун

Куштани ин кори ақлу ҳуш нест,

Шери ботин заҳраи харгўш нест.

Саҳл шере дон, ки сафҳо бишканад,

Шер он аст он ки худро бишканад…»

В-ин бурунзан шуд дарункан

Аз дарун худро шикастем он қадарҳо ки буруни мо намонд…

Бо сари хуршедии худ сина зад ду шери нар

Даст бар болои даст

Яъне, мегўянд: «Аз мо то ба Хуршедии Ҷамшеди дигар

Ҳар ки берун ё дарунро бишканад,

Нурро дар гавҳари хун бишканад,

Гуфтугўяш бо ман аст,

Устувона аз дарун бошад, ки берун бошадат!

Роҳи мо аз нур то нур аст,

Не чу зулмат гўр то гўр аст.

Ҳар касеро нест Озодӣ,

Ў чӣ донад чист Озодӣ,

В-ар ҳамин нозест Озодӣ

Кай тавонад зист Озодӣ,

Офариданҳост Озодӣ,

Чун Худо худзост Озодӣ!»

ЧАШМЕ, КИ БА ВАҲДАТ НИГАРАД…

Сад шукр ба Яздон, ки расидем равонӣ,

Аз гўркашонӣ тарафи нуркашонӣ.

Чун модари шаб духтари хуршед бизояд,

Дар нур бигирад ду ҷаҳон ошиқи ҷонӣ.

Гар дасти ҳунар шонаи пардоз насозӣ,

Осуда куҷо сўи Худо дил бикашонӣ.

Чашме, ки ба ваҳдат нигарад, чашмаи нур аст,

Чашме, ки набинад, қафаси зулмати сонӣ.

СУРУДИ ВАҲДАТ

Тоҷикистон, ҳама хешем, ки хешем ҳама,

Ба намози Ватани ойинакешем ҳама,

Кўдаки мост Ватан, хез, сари дўш кунем,

Обро дар даҳани кўдаки худ нўш кунем.

Кўҳро пайкараи ханда кунем,

Бодро шаршараи ханда кунем,

Лола оҳубараи ханда кунем,

Ҳар дари худ дараи ханда кунем.

Хезу бархез, ф алак аз пайи мо мепўяд,

Хезу бархез, ки хуршед зи мо мерўяд,

Ба гиребони худ аз атри гули дил зану хез,

Ки Худо низ гиребони туро мебўяд.

Тоҷикистон, ҳама хешем, ки хешем ҳама,

Ба намози Ватани ойинакешем ҳама,

Кўдаки мост Ватан, хез, сари дўш кунем,

Обро дар даҳани кўдаки худ нўш кунем.

Кўҳро пайкараи ханда кунем,

Бодро шаршараи ханда кунем.

Лола оҳубараи ханда кунем,

Ҳар дари худ дараи ханда кунем.

пешина
аз 63
навбатӣ