Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Исмоил ЗАРИФӢ

НЕРЎИ ИСТИҚЛОЛ

Ба дил қувват бубахшад ҳар нафас нерўи истиқлол,

Кашад қад сўи фардо қомати дилҷўи истиқлол.

Зи истиқлол олам мешавад пурфайзу ободон,

Димоғи кас муаттар мешавад аз бўи истиқлол.

Ба тифлон гар бубахшад роҳате гаҳвораи заррин,

Ҷавонон роҳате ёбанд дар зонуи истиқлол.

Ҳазорон хирмани зар пеши истиқлол чизе нест,

Ҳазорон ташнаро сероб созад ҷўи истиқлол.

Ҳимоят соз марзу буми хешу шукр гў ҳар дам,

Раҳо аз каф мегардон ҳеҷ гоҳе мўи истиқлол.

Абармарде агар дар ҳифзи он мардона ҷон бахшад,

Шавад эҳё зи файзи мақдами некўи истиқлол.

Ба дарди беватан дору шифо ҳаргиз намебахшад,

Тасаллобахши дарди ў шавад доруи истиқлол.

Худоро шукр мегўям, ки ман соҳибватан ҳастам,

Надорам серие то зиндаам аз рўи истиқлол.

ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК

Чу бинам тифлаки хушҳоли тоҷик,

Намоям шукри истиқлоли тоҷик.

Ҳаминам бас, ки соҳибмеҳанам ман,

Тафохур мекунам з-иқболи тоҷик.

Кушоям ҳар гаҳе девони Ҳофиз,

Назар дўзам фақат бар фоли тоҷик.

Давоми Оли Сомони бузургам,

Давоми ман бувад аз оли тоҷик.

Аҷоиб мардуми меҳмоннавоз аст,

Биё, бингар, ту истиқболи тоҷик.

Паи парвози роҳи орзуҳо,

Қавӣ бошад ҳамеша боли тоҷик.

Яке раҳ ҳиммати созандааш бин,

Бувад аз пор бар ҳар соли тоҷик.

Зафарэҷоду ҳам собитқадам гашт,

Чу субҳ испед ҳаст аъмоли тоҷик.

Одина МИРАК

ИСТИҚЛОЛ

Ман нагўям, ҳон, ки истиқлол чист

В-аз куҷо бар Тоҷикистон омад он.

Ҳам нагўям хуб ё бад ҳаст ў,

Меваи овардааш манзуратон:

Дар давоми беш аз сад соли пеш

Сад нафар тоҷик олам дида буд?

Сад нафар тоҷик дунёро ба чашм

Ростӣ, ки дидаву санҷида буд?

Дар давоми беш аз сад соли пеш

Кас магар аз дидаву бишнидаҳо,

Аз диёри дигарон мегуфт рост,

Чӣ, наметарсид оё аз ҷазо?

Дар давоми беш аз сад соли пеш

Балки аз он бештар садсолаҳо.

Хонаи бечора тоҷик гашта буд

Домани кўҳу адиру ёлаҳо.

Шаҳру бумаш доду ҷонашро надод,

Обу нонаш доду номашро надод.

Дар ҷаҳон овора истиқлол кофт,

Фаршу аршаш доду бомашро надод.

Шуд замону шуд замонҳои дигар,

Тоҷики гумном болу пар гирифт.

Офтоб аз зери абр омад бурун,

Шўҳрати он мулки Искандар гирифт.

Пас, дигар, чун ақли озоду ҷасур,

Дар Милал тоҷик раҳбар мешавад.

Дар Милал тоҷик мегўяд сухан,

Ҳампари хуршеди Ховар мешавад.

Пас, дигар чун мурғи бебоку далер

Мекунад парвоз тоҷик Ғарбу Шарқ.

То ҷаҳон бинад, бубинад рўшанӣ,

Дар ҷаҳолат то насозад хеш ғарқ.

Пас, дигар дар зери гардуни баланд

Гимни тоҷик ҳар куҷо бидҳад садо.

Ҳар куҷо бар тораки гардун барад

Гимни тоҷик шўҳрати мо, шони мо.

Пас, дигар дар зери чархи нилгун

Парчами тоҷик ҳар ҷо парфишон,

Ин диёри кўҳсорони баланд

Аз баландиҳои инсонаш нишон.

Пас, дигар дар шаҳраги шаҳроҳҳо

Халқ, агар мастона ҷавлон мекунад.

Шак набошад давлати бедори ў

Мушкили ҳар мушкил осон мекунад.

Пас, дигар дар синаи дашту даман

Халқ агар мардона ҳайкал мекунад,

Ҳайкали насли забардастони худ,

Ў, яқин, ояндааш ҳал мекунад.

Ку дигар он кундаву завлонаҳо?

Ҷои онҳо роҳи оҳан то абад.

Дасту по дигар на дар банду каманд,

Аз паи тармими меҳан то абад.

Ку дигар он чоҳу зиндони махуф,

Ку дигар маҳбас саропои Ватан?

Ҷои онҳо гулшану гулзорҳо,

Ҷои онҳо нақбу кон ғулғулфикан.

Ин ҳама бунёди эҷоди баланд,

Тифли навтавлиди истиқлол дон.

Ин ҳама парвози дуру дилписанд

Аз дурахшонии истиқлол дон.

пешина
аз 63
навбатӣ