Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа
Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо яке аз адибони сермаҳсул ва серхонанда мебошад. «Ишқи сархӯр» ном гирифтани романи нави нависанда рамзист, ишқ созанда ва сӯзанда ҳам ҳаст. Персонажҳо – Исфан-диёру Лутфия ба мақсад мерасанд, вале ишқ барои симоҳои дигари асар Фахрию Мўниса ба нокомӣ, ба тарзи фоҷиавӣ меанҷомад. Чаро? Аз чӣ сабаб? Кадоми онҳо гунаҳкору кадо-машон не? Хонандаи гиромӣ романро мутолиа намуда, худ қазоват менамояд.
Роман
Чӣ рӯзе ба сари модар омада! Мардум бовар кунанд, ки вай ғайри зиндагии хушу осудаи фарзанд ва хонаводашону хоҳараш Макнуна фикри дигаре надорад. Ҳамин ба миён омадани қарори ҳукумат дар масъалаи никоҳи хешу табор ҳам беҳуда нест, як ғамхорӣ, як роҳнамоист баҳри одамон. Ба замми ин ки тифлон зарар мебинанд, носолим ба дунё меоянд, умре ранҷур, дастнигар, муҳтоҷ, ин никоҳ гоҳе теша ба решаи хешу таборӣ, апаю хоҳарӣ, акаю додарӣ ҳам мешавад. Фарзандон бачагӣ мекунанд, соз намегиранд, калонсолон ҷанҷол, дилсиёҳӣ. Як мисолаш балое, ки ба сари ҳамсояи худашон омад. Фотимаю Зуҳро дугоник буданд, нуҳ моҳу нуҳ рӯз дар шиками модар ҳамроҳ, ба дунё омада аз синаи як модар шир хӯрданд, даст ба дасти ҳам роҳрав гаштанд, камол ёфтанд, модар шуданд. Фотима духтардору Зуҳро писардор. Чӣ воқеаи хуше, бо ҳам қудо мешаванду дастархони мурод мекушоянд. Тӯйи арӯсии фарзандонро диданд, яке соҳиби келин, дигаре домоддор, духтару писарашонро бегона накарданд, худӣ ба худӣ боби қудою андагӣ0F гуфтанд. Вале афсӯс, ҳазор афсӯс, ки худиҳо соз нагирифтанд. Оби дидаи духтари Фотима бари рӯй. Писари хола ӯро нағз надид, шишту хест, гапи ганда гуфт, таъна зад, ки Зеборо ҳеҷ кас гирум нашудаву вайро ба Абдукарим тел кардаанд. Ӯ духтари холаро рӯз надод, талоқ дод. Байни дугоникҳо апаю хоҳарӣ намонд.
Душманоӣ, душманоие, ки дугоникҳо дар як шикам ғунҷида буданду акнун дар олам намеғунҷиданд, куртаканию мӯйканӣ, бо якдигар ногап, рӯи нодид, қаҳрию ёғӣ аз олам гузаштанд. Холаи Меҳринисо ақлашро нахӯрдааст, рӯзи ба сари дугоникҳо омада барояш панд. Як кас, ки дар алов сӯхт, каси дигар дониста он сӯ намеравад. Қудогию ҷудогӣ гуфтаанд. Хоҳараш барои ӯ азиз, ду касаканд дар ин дунё, модар зинда нест, ки барои Меҳринисо боз хоҳар ёбад. Барои ҳамин ҳам, вай намехоҳад, ки бо хоҳараш қудо шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё