Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳоҷӣ МУРОД

НАҚБКАН

Ба бунёдгарони нақби Анзоб

Ба қаъри зулмати сангин, чароғи ақл пешорўй

Биҷўӣ чораи омолро дар пои имонат.

Ба ҳар каф регу гил, ки заҳмати ту мекашад берун,

Дуъо тақдим медорад малак бар расми эҳсонат,

Ниёиш мерасад аз фитрати гардун.

Зи ҳар гарде, ки мегардад бадар з-ин мазраъи эъҷоз

Назарро медиҳӣ об аз шукуфтанҳои фардоят.

Паи ҳар лаҳзаи пайкор дастонест нотакрор,

Қаламдодаст бо шоистагӣ аз лавни иншоят,

Дарак меорадат аз нусрати зинҳор.

Надорад тоби зарби зулфиқори обдорат санг,

Дамодам дар шикастан сурати бунёди тамкин аст,

Зи ҳавлоҳавлии таслим дар ин разми ҷонафрўз

Хуш андар хуш фурўзон ояти бедори ойин аст,

Таманноро масофи туст пандомўз…

Нафасро мешуморӣ бо дами субҳи шақоиқхез,

Ҳамора то замоне мефарояд сояи шомат,

Нишоти туст аз манзумаи боғи ҳавас саршор,

Ки аз ў медамад гулгун фурўғи бодаву ҷомат,

Ҳалолат бод ин нашъи саодатёр!

Ба мизони ҳунар аз иштиёқ андоза мегирӣ

Ба арзу тўл сар то по ҳудуди корзоратро.

Навои тозаи ёдат танини хуш биандозад,

Ба ҳар боре, ки бо фархундагӣ бинӣ бароратро,

Ба авҷи лоязолӣ дил сар афрозад.

Нишони мустақимат аз заковат баҳра бардорад,

Ҳадаф аз ростии роҳи ишқат ҳаст бархурдор.

Салои фурсат ин рўзат гузорад бо шукуфоӣ

Ба меъоде, ки аз осори васлат ҳаст шаъшаъбор,

Тараб меболад аз ҳусни пазироӣ…

Мароми вақти якрав бар қади андешаат ҷорист,

Гуморӣ дар ҳади матлаб инони ихтиёрашро.

Мақоми орзу аз суннати аҳдат чаманхез аст,

Пазиро бо сипосӣ суфраи файзи нисорашро,

Ҷамоли шавқат аз ин арҷ гулбез аст

Зи пиндорат ба арзи кулл замондор аст кирдорат,

Ки ҳар дам рўбарў дарҷ аст дар ойинаи ҳангом.

Ту медонӣ, ки бар оянда аз ин сангари уммед

Ба шукри лутф пайки рўзгорат мебарад пайғом,

Кафиланд аз раҳи паймон маҳу хуршед.

Таҷаллӣ медиҳӣ аз юмни меҳнат бо сафои сидқ

Қудуми рўзро дар соҳати инкори аз инкор.

Қиёмашро зи музди кайфу кам меофарӣ маъмур,

Фазоро менигорӣ аз ҷалоли бахт миннатдор,

Бисоташро зи ҳикмат мекунӣ манзур…

Камоли доругират ҳайратафрўз аст ҳимматро,

Ки нав-нав ранг мебандад зи қадраш чеҳраи армон.

Ҳақиқатро дигар подоши ў мазмуни оҳанг аст,

Шукўҳаш бо низоми бениёзӣ мезанад ҷавлон,

Муҷассам хилқаташ аз зевари нанг аст.

РУБОИЁТИ УШТУРАҒБА

Эй Ағбаи Уштур, ки ба пеши назарат

Ҳар рўз бурун кашем санги ҷигарат.

Аз ҳиммати он шукуфа хезад ҳама сол

Дар доману дар синаву пушти камарат.

Эй Ағбаи Уштур, зи ту монад чу нишон,

Нақбе, ки зи қадри рўз афтод гарон.

Акнун бинигорад дилат ангораи нур

Бо ҳар нафаси насибаи набзи замон.

Эй Ағбаи Уштур, гузарем аз дили ту,

Дар дида дигар барем гарди гили ту.

Афрўхта дар сина аз ин музд чаман,

Оро бидиҳем аз аҷри гул маҳфили ту.

Эй Ағбаи Уштур, ҳади овозаи ту

Перост зи қадри ҳусн андозаи ту.

З-ин пас ба замон чу фитрати зевари завқ

Нашр аст паёми гули шерозаи ту.

Аз Ағбаи Уштур, ки дигар соли тамом

Дар хидмати зиндагист, бо арзи қиём—

Мардум ба мурод биспарад роҳи умед,

Шукрона гузорад аз паи зикри калом.

Бо роҳи ҳазорсолаҳо аз паи дод,

Ай Ағбаи Уштур, бирасидӣ ба мурод.

Дар сафҳаи вақт баъд аз ин ҳарф ба ҳарф

Дарҷ аст туро фасоҳати ранги ниҳод.

Дар Ағбаи Уштур ҷигари санг канем,

Раҳ аз паи бедории фарҳанг канем.

Саф дар саф агарчи ҳаст сад сангари шах,

Ҳар сангари ў ба тешаи нанг канем.

Дар Ағбаи Уштур сари шаб жола бизад,

Аз жола фазои Маҳ ба қад ҳола бизад.

Субҳ омаду аз бунафшабўии шафақ,

Бар гунбади ёлазор гуллола бизад.

Дар Ағбаи Уштур, ки сари кор задем,

Нақбаш ба муроди дили бедор задем.

То даст диҳад ба кўтаҳӣ роҳи дароз,

Ҳар теша ба санг аз сари зинҳор задем.

Зиё АБДУЛЛО

БОЗГАШТИ ВАТАН

Ҳоҷии ман,

Ҳоҷии аз қиблаи худ дур

Дар тавофи Каъбаи маҷбур

Ҳоҷии маҷбур,

Ҳоҷии маҷбур.

Нарм мегўям ба гўши ту, зиёратҳо қабул!

Аз муроди ҳосилам макшо лаби ранҷур!

Дар замони кўдакиҳо,

Гуфта будам пири бобо

Ки: –Зиёрат рафтаӣ,

Лек рў сўи муқобил,

Қибларо аз ҷои гарми хеш беҷо карда буданд,

Сўи сармо бурда буданд…

Мекашидам интизоратро…

Гарчи дар дил мешудам иқрор

Ҳаҷҷи ту дар раҳ, қабул афтода биллоҳ,

Мурдаӣ, яъне, ту дар роҳи зиёрат…

Лек рўзе,

Ҳамсафарҳои ғарибат–

–Идҳоят бозгаштанд,

Тоқа-тоқа,

Таг-таги деворҳову соярўшанҳои маҳтоби сиёсат

Кўзпушту сарсафеду потиҳӣ

Хуршедҳоят бозгаштанд…

Идҳо гуфтанд, ҳоло зиндаӣ, лек

«Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб…»

Бо Ватанҳо каъбаҳо он ҷо ғариб…

Каъбаи дил зери поҳо суда, ҳайф,

Умри ту дар қиблаҷўӣ буда, ҳайф…

Ҳамраҳи гулномаи озодӣ, эй Юсуфи ман,

Мекунам роҳӣ чиҳил дўшизаи уммеди наврас

Нарм орандат буруни бурҷи зиндони ҳавас,

Якта-якта,

Гарм бўёну бағалсоён,

То зи гармии нафасҳои равон хезӣ ҷавон.

Нозафшони бағалҳои ҷавон хезӣ ҷавон…

Аз бародарҳои ту чизе намегўям.

Лек мегўям

Дидаи Яъқуб ранҷур аст,

Каҳтсолӣ низ манзур аст…

Бозгашти ту муборак бод, эй Юсуфи ман!

Пеши поят мезанам зону,

Доманатро мекунам бў,

Боқии умрам тавофи ту…

пешина
аз 63
навбатӣ