Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Деҳаи ба ҷон баробарам, Бунафша, чаро мардумат ин хел хислат дорад? Ҳатто, баъди марг дар ҳаққи шахси бадмур сухани нек намегўянд. Ё дар ҳама ҷо инсоният бадкирдоронро бад мебинад?

— Худат медонӣ-ку, фарзанди азизам, чаро боз мепурсӣ. Барои ҳамин беҳуда нагуфтаанд, ки худо занад занаду халқ назанад.

— Бунафша, аз номи некат гардам, модари ҷон. Мушкиламро осон намо. Ман ду чизро то ҳол нафаҳмидаам. Сабаби худкушии Офтобхон ва ҳалокати раисро. Ту ҳамон солиён шоҳиди он воқеаҳо будӣ, биё ба мо ҳикоят кун.

— Бале, ман шоҳид будам. Ҳар ду ҳам ба марги зўракӣ гирифтор шуд. Якеро виҷдон набардошта худро ба ҳалокат расонд. Дигареро дуои халқ гирифт.

... Офтобхон зани аскар буд. Модараш дониста ном гузошта будааст. Ҳақиқатан ҳам Офтоб! Ҳам рўяш, ҳам чашмонаш медурахшиданд. Мўяш баробари қадаш мисли шохи маҷнунбед бозӣ мекард. Хусусан баъди арўсияш кушодаю шир барин сафед шуда, чунон зебо гардида буд, ки бинанда «хурам» мегуфт. Бечора, ба шавҳараш насиб накард. Ба фронт рафта арўсашро танҳо гузошт.

Деҳаи азизам Бунафша. Ёд дорӣ сўҳбати якшабинаи раис бо Ҳодӣ-пучуқро: «савоби ин арўсҳоро мо нагирем, кӣ мегирад. Худо медонад мардҳои онҳо дигар баргашта меоянд ё не» мегуфт раис.

— Гиру мон гуфтаанд. Ба Гирмон (Германияро Ҳодӣ –пучуқ ҳамин тавр талаффуз мекард) инҳо бозӣ карданӣ. То Маскав омадааст, мегўянд. Ба ману шумо ҳар ду тараф баробар. Кадомаш зўрӣ кунад, кор карда нон мехўрем. Кӣ медонад, агар давлати Гирмон зўр барояд, боз ҳамон заминҳои падарамонро медиҳад-мӣ...

Хайр чӣ, мо мегўем: падару бобоҳоямонро давлати шўро бадарға кард, ки ба тарафи вай гузарем.

— Хомўш бедаҳан, оҳистатар гап зан. Медонӣ, ки аз дўст душман бисёр. — Шумо решаи онҳоро кайҳо сўхта партофтед... — Ба ҳар ҳол эҳтиёт кардан даркор.

— Дар воқеъ, ба хонаи гуфтагиатон кай меравед? — Як шўхиро даррав бовар кардия, Ҳодибой!

— Он қадар ҳам шўхӣ набуд-куя, раисҷон, ё ба ман бовар надоред?

— Соат чанд шуд?

Ҳодӣ-пучуқ аз бағалкисаи яктаки сафедаш соати занҷирдорро бароварда чашмонашро танг карда «чоряк кам» гуфт.

— Ёздаҳ?

— Не, дувоздаҳ.

— Набошад, то омадани ман хобат набарад. Кор барор гирад, дон, ки пагоҳ ба ту як пуд (16 килограмм) гандум мукофот.

— Хуб шудааст, раисбобо.

... Деҳа хоби роҳат рафтааст. Мардуми он баъди меҳнати пурсамари рўз истироҳат мекунад. Танҳо ду кас бедор. Бале ду нафар. Яке Бойҷонови фосиқ, дигаре маслиҳатгари ў Ҳодӣ –пучуқи маккору лагандбардор. Раис аз кўчаҳои торики деҳа гузашта ба ҳавлии Офтобхон омад. Ҳавлии ў девори гирдгардон надорад, хонаи беайвони дарҳояш пўшида. Бойҷонов оҳиста-оҳиста қадам монда ба рўи суфа баромад, ба дар наздик шуда мисли дуздони касбӣ гўш кард. Боз як маротибаи дигар ба қафояш, гирду атроф нигарист. Ҳама ҷо ором. Дар ин лаҳза танҳо «гуп-гуп», «гуп-гуп» задани дили худаш ва ак-аки сагеро аз дур шунавиду халос. Ў ба хотири ҷамъ хост дари пойгаҳро кушояд. Вай аз дарун занҷир буд. Бойҷонов даст ба ғилоф бурда, кордашро гирифт. Онро аз зиҳи дар андохта занҷирро тела карда кушод.

— Кӣ? Баробари «шириқӣ» карда ба паси дар задани занҷир Офтобхони хавотир хобида бедор шуда, аз ҷояш хест. Аммо аллакай дер шуда буд. Ў то чароғро даргирондан худро дар оғўши марди сергўшт дид.

— Ман одами бегона не, Офтобхон, ман, ман...

— Мирсодиқ-амак?! Шумо?

— Амак не, илтимос, -гўён Бойҷонов сару рўи Офтобхонро ба лесидан даромад. — Амак не, минбаъд... — Ба нағзӣ сар диҳед, набошад дод мегўям. Ҳардуямон шарманда мешавем.

— Ту беҳуда бардору зан накун. Медонӣ, ки ман одами бегона не. — Бойҷонов ин дафъа лабашро ба лаби Офтобхон наздик овард. Зани бечора ҳарчанд аз болояш ҷуссаи уштурмонанди раисро дур кардан хост, натавонист. Сарашро чанд маротиба ба чапу рост тоб дод, то ки лабаш ба лаби номаҳрам нарасад, аммо нашуд. Бойҷонов бо панҷаҳои ғўта-ғўта сергўшти боқувваташ аз таги манаҳи Офтобхон дошта, аз ғабғаби шир барин сафеду мулоими ў то сер шудан макид...

Чоштгоҳӣ. Соҷида-хола «духтарам, чаро овозат намебарояд» гўён ба ҳавлии ҳамсояаш даромада омад. Як хубии деҳот аз шаҳр дар ҳамин аст: ҳамсоя ҳамсояашро нағз мешиносад, қариб ҳар пагоҳӣ аз ҳоли ҳамдигар хабар мегиранд.

Дари пойгаҳи хонаи Офтобхон кушода меистод. «Як бор хеста, боз хоб рафта бошад? Хоби чоштгоҳӣбеҳ аз подшоҳӣ» мегўянд.

Соҷида-хола «Офтобхон, о Офтобхон!» гуфта боз чанд маротибаи дигар ҷеғ зад. «И-ӣ, чиба ҳеҷ кас нест. Наход ҳамин қадар хобаш сахт бурда бошад?» Хола хост сар халонда будан ё набудани Офтобхонро аниқ кунад, вале дар даҳлез кафшҳои Офтобхонро парешон дид. Рўймоли сараш дар остонаи дар афтида буд. Хона ба назари хола бадҳайбат ва даҳшатовар намуд. Кўрпаҳои хоб то ҳол нағундоштагӣ буд. Соҷидахола ин аҳволро дида ҳайрон шуд ва бо овози баланд «Офтобхон, о Офтобхон» гўён ҷеғ зад. Дид, ки касе «ҳа» намегўяд бо ҳавоси парешон ақиб гашт. Нохост чашмаш ба шохи дарахти чормағзи рўи ҳавлӣ афтод. Ў ҷасади овезони Офтобхонро дида аз тарс лаҳзае шах шуда монд. Баъд якбора бо тамоми овозаш дод гуфта фиристод: «Мардум, ёрӣ расонед, Офтобхон худашро куштааст, овехтааст!».

Бар падари ҷанг лаънат. Бечора ба дарду алами шавҳараш тоқат накарда, худкушӣ кардааст, -мегуфтанд одамони аз асли воқеа бехабар ресмонро бурида истода. Баъзеҳо бошанд, зани бечораро ба беҳушию камақлӣ айбдор мекарданд. Аммо сири худкушии Офтобхонро покшўй, як-ду нафар занҳои тигадору обандоз фаҳмиданд. Дар вақти шустани ҷасад изи дандон, ҷойҳои сиёҳу кабудшудаи сина, бағбағаро дида:

— Дасти кадом номаҳрам расидагӣ, -гуфтанд. Офтобхонро гўру чўб карданду ҷинояткор муддате беҷазо монд. Аммо «чоҳкан зери чоҳ« будааст. Баъди ин воқеа раис ҳам умри дароз надид. Хуни Офтобхон ўро гирифт.

Ана, боз рўзи нўшида кайфокайф ба назди даравгарон рафтани раис. Ҳа-а, вай бо нияти ифлос рафта буд. Мехост боз домани як нафар муштипарро нопок созад. Вале на ҳама вақт аз сари чашма кўза сиҳат меомадааст. Қашқа ба марги ў сабаб шуд....

Раис дар бозгашт ё аз таъсири гапҳои даравгарон, махсусан Ҳоҷӣ амак ё шароб буд, ки хун ба майнааш зад. Аввал як алов гирифт. Хост аз роҳ баргашта ҳамон ду-се нафар гапзадагиҳоро нағзакак қамчинкорӣ кунад, вале инро ба худ муносиб надид.

— Ту бо кӣ баробар мешавӣ? Ба колхозчӣ?! Ту кию онҳо кӣ? Садқаи гапат кун. Вақташ меояд, кораш меафтад. Гарданашро каҷ карда наздат, ки омад, боб мекунӣ. Ҳозир вақташ не. Ягонто мезанӣ ё не, ба бало мемонӣ. Э, содда, содда. Агар онҳо якҷоя шаванду шикоят кунанд, медонӣ аҳволат чӣ мешавад. Лингатро аз осмони ҳафтум оварданашон мумкин. Гумон мекунӣ замона нотинҷу касе онҳоро намепурсад... Не, боз мепурсидагиҳо ёфт мешаванд. Худо нахоста аз кор гирифта монанд, баъд тамом. Ин кайфу сафо, дар қашқа яктарафа нишастанро дар хоб мебинӣ. Ҳоло дар мансабию одамҳо «ин ҷо биё» мегўянд. Баъде, ки холӣ шудӣ «чой хур» ҳам намегўянд. Ҳатто Ҳодӣ-пучуқ барин дўстат нағзиатро фаромўш мекунад. Ҷояш ояд таъна ҳам мезанад. Дунё ҳамин хел.

Раисро хаёл бурд. Ў болои зин пинак мерафт. Асп ҳам бо майли худ, бе хавотир қадам мезад. Болои зин гўё гаҳвора буду ҷонвари безабон хўҷаинашро алла мегуфт. Ба ивази некиҳои дар тўли умраш кардаи хўҷаинаш некӣ менамуд. Шарофати Бойҷонов буд, ки аспашро ба ҷанг нагирифтанд, шарофати ў буд, ки саис аспи раис гўён нигоҳубини махсус кард. Кашқа гули хўрокро мехўрд. Нешхўрди вайро аз таги охур ҷамъ карда, ба дигар ҳайвонҳо медоданд. Қашқа ҳам дар байни ҳайвонҳои колхоз ҳуқуқи раисро дошт. Як одамро бардошта гаштан чӣ? Дуруст, ки хўҷаинаш вазнинтар, қаҳраш ояд, нўшад, кораш барор нагирад, як-ду тозиёна мезанад. Бадани қашқаро равған зер кардааст. Зарбаи тозиёна намегузарад. Охир, раис бардошта гаштан дар фронт ҷанг кардан не-ку?

... Асп чанд дақиқаи дигар ба ҳамин минвол роҳ гашт. Баъд якбора тоб хўрд. Вай аз рўбоҳи аз даруни гандумзор нохост баромада пеши роҳашро бурида сахт рамид. Раис бошад, мисли қанори коҳ аз болои зин парида, сараш ба замин зад. Пои росташ аз риқоб баромада бошад ҳам, пои чапаш дар узангу буд. Аспи хўсида чун бод медавид. Сари Бойҷонови кайҳо аз ҳуш рафта ба санг, пастиву баландиҳо зада-зада пўлатар мегашт. Суми пои оқиби асп ҳар замон ҳар замон дасту шиками раисро зер мекард. Ҷасади Бойҷонов давр гашта, дастонаш ҳангоми тобхўрӣ ба ишками қашқа сахт зада, гўё ўро «чўҳ», тезтар дав мегуфт. Либоси ў пора шуда, кайҳо насиби хору хас гардида буд...

Ҷасади Бойҷоновро, баъди он ки асп ба ҷои емхуриаш омада истод, саиси колхоз Шодӣ аз рикоб ҷудо намуда бо доду фиғонаш мардумро ҷамъ кард. Дар рўзи дафни раис одам бисёр шуд, асогир ҳам, вале аз чӣ бошад, ки гирянда кам буд. Гоҳ-гоҳ «воҳ додом», «воҳ додои шаҳид шудаам» — гўйии писари Бойҷонов, «вой дўсти беғаразам» гуфтани Ҳодӣ –пучуқ шунавида мешуду халос...

Турдӣ –бобои қосид чанд муддат ба хонаи Оиша-хола наомад. Ин на аз он сабаб буд, ки гўё хати Салимҷону Қобилҷон набошад. Не, баракс, хат буд, аммо мўйсафед аз чизе андеша мекард. Вай дар он солҳои мудҳиш борҳо ба чунин ҳолат гирифтор шудааст. Ҳатто чанд бор худро коҳиш намуд, ки чаро хаткашон шуд. Як ризқ бошад бо азоб ё роҳат мегузарад. Хаткашонӣ дар солҳои тинҷӣ, амони дуруст, аммо дар соли ҷанг. Ҷанг ҷанг аст. Хоҳӣ-нахоҳӣ одам мемурад. Мардум аҷоиб: фарзандонашон қурбони ҷанг гардад аз хаткашон домангир мешаванд. «Пои қадамат дар гўр, ягон хабари хуш биёрӣ намешавад», мегўянд.

Ту аҷоиб, хати касро то кай нигоҳ медорӣ?! Имрўз набарӣ, фардо бурданат даркор. Офтобро бо доман пўшида намешавад. Сонӣ Заррина ягона нестку. Аллакай сӣ оила либоси мотам пўшид. Чӣ, магар онҳо ҷигарбанди худро нағз намедиданд. Бар, номаро ба соҳибаш расон. Турдӣ-бобои қосид баъди чунин андешаҳо хонаи Оиша-холаро пеш гирифт.

— Ана бобош омаданд, хати дадеша оварданд, гуфт Оиша –хола ба Додоҷон, ки ҳар ду дар рўи ҳавлии офтобак менишастанд. Додоҷони нав ба роҳ даромада боборо дида, чанд қадам сўяш монду пешпо хўрда ғалтид.

— Хез, хез! То-то исту ба замин туф кун, калон мешавӣ. Оҳиста роҳ гардӣ намешавад. -Хола Додоҷонро аз замин бардошту «тап-тап» зада, чанги эзору куртаашро афшонд. Бобо имрўз назар ба пештара маъюс буд. Ў сўи Оишахола мисли ҳарвақта бо чеҳраи кушод «шодиёна диҳед, хати Салимҷону Қобилҷонро овардам» нагуфт. Баракс хомўш, ба пурсу поси хола нимшунаво, дилу бедилон ҷавоб дода аз болои палос гузашта нишаст. Додоҷон давида омада худро ба оғўши Турдӣбобо партофт. Рўи барраашро ба рўи сермўи ў гузошт.

Додоҷон рост истода риши боборо гоҳ қабза, гоҳо тор-тор ҷудо мекард. Гардани ўро дақиқае сахт оғўш намуда, боз сар дод. Додоҷон борҳо дида буд, ки баъди омада рафтани ҳамин мўйсафед, дар хонааш чанд рўз хурсандӣ мешавад. Аз ин ҷиҳат ўро нағз медид.

Турдӣ-бобои қосид аз навозишҳои кўчак хиҷолат кашид. «Ман ба ин тифли бегуноҳ чӣ гўям. Рўзи сахт. Дар ин лаҳза Заррина мебуд, шояд вазъияти маро мефаҳмид. Фаҳмида аз хиҷолат мебаровард, писарчаашро гирифта тасалло медод. — Айби худам, -аз дил гузаронд бобо, -барвақттар меомадам, Зарринаро пеш аз кор рафтанаш медидам. Ба ҳар ҳол соҳиби хат вай-ку? Сиёҳхатро бояд ў гирад, на Оишахола.Хола бе ҳамин ҳам обу адо шудагӣ. Ғами фарзанд дигар. Доғи ҳама чиз аз ёди падару модар меравад, вале доғи фарзанд бошад, онҳоро ба гўр мебарад.

Ҳама ранҷ аз сина берун шавад,

Ба ҷуз доғи фарзанд к-афзун шавад.

фармудааст Савдо. Гарчанде писари ў Салимҷон зинда, вале доғи ҷудоии он рўзҳо аз марг ҳам гаронтар буд.

Турдӣ-бобои қосид бо вуҷуди ҳаётдидаю солхўрда буданаш ба рафтори Додоҷон тоқат карда натавонист. Якбора ўро оғўш намуда, оби дидаашро бо бари куртачааш пок карда: «гуфтам-ку нест, ҷони бобо, наовардам. Мефаҳмӣ, наовардам. Агар мебуд ман худам... Худам мисли ҳарвақта ба очаат медодам» мегуфт дар дил.

Хабари шум қанот дорад мегўянд, рост будааст. Хати сиёҳи Қобилҷонро дар идора қариб ҳама фаҳмида буд. Рўзе, ки Турдӣ-бобо ба назди раиси нав Ҳотам Ҳоҷиев рафта арз кард, «гапи махфии байни ду нафар дере нагузашта аз даҳон ба даҳон паҳн шуд. Хабари хушро одатан сад кас «шодиёна» мегирад. Аммо аз гуфтани шумхабар ҳама андеша мекунад. «Бигузор мо донем ҳам, Заррина нафаҳмида истад. Илоҳо аз хонаи душмани кас овози нолаву фиғон набарояд». Вале гуфтам-ку, модари гирёнам Бунафша. Қонуни табиат ба иродаи мову ту вобаста нест. Вайро боздоштан, дигар кардан мумкин нест.

Ба Заррина шумхабарро раиси нав Ҳотам Ҳоҷиев расонд. «Хоҳарам, бо сари хам мисли азодорон ба гап сар кард ў, раҳмат ба шумо. Агар ҳамаи занҳои аскар мисли шумо баромада учатскаҳои душвори корро гирифта, роҳбарӣ мекарданд, мо аз болои душман тезтар ғалаба мекардем. Умеди мо дар оянда ҳам аз шумо калон аст. Кас на танҳо дар меҳнат, балки дар зиндагӣ, ҳаёт бояд қаҳрамонӣ нишон диҳад, намуна бошад. Ғамбардори ҳама шудан осон, хоҳарам, ғами худи кас одамро меғалтонад. Маро бубахшед, Заррина, вале маҷбурам ҳамчун роҳбар, вазифадорам. Қобилҷон қаҳрамонона...

— Чӣ!? Гўшони Заррина қулф заданд. Рангу рўяш дока барин канд. Сараш чарх зада ба рўи замин нишаста монд.

— Не, не, бовар намекунам! Дурўғ, дурўғ! — Заррина рўяш, мўяшро дар як лаҳза канда, хуншор кард. Чанд нафар ҳисобчиён гиряи биргадро шунавида ба ҳуҷраи раис омаданд. Онҳо дастони Зарринаро дошта «худро ба даст гиред, ором шавед. Бригад, ба шумо чӣ шуд? Ба дигарҳо насиҳат мекардеду... Шумо роҳбари халқ. Дида истодаед, ки ин аҳвол як ба сари шумо наомадааст»гўён дилдорӣ медоданд ва дар як вақт худро дошта натавониста ашк мерехтанд. «Сабр диҳад, мори газанда ин рўзҳоро набинад» гуфта гиребонашонро медоштанд.

— Рўзам сиёҳ шуд, модарҷон, якбора ғариб шудам, модарҷон, Қобилҷонро бой додем, модарҷон. Додоҷон аз ҳамин рўз сағир шуд, модарҷон, бо мўи кандаю рўи хуншор ба ҳавлӣ навҳакашон даромада омадани Заррина дили пуршудаи Оиша-холаро лабрез кунонд. Вай ба пешвози Заррина қарсақ зада баромада «Воҳ балом, воҳ балом. Додоҷонро сағир кардӣ, балом. Хумори додогўияш гирад, киро нишон медиҳам, тезтар сар бардошта биё, балом. Воҳ балома, воҳ балом. Даҳонама талх кардӣ, воҳ балом. Ман бо ҳамин умед ба ин даргоҳ омада будам-мӣ, воҳ балом».

Турдӣ-бобои ба Заррина тамоман бегона ҳам Додоҷонро ба оғўш гирифта «Воҳ ҷигарам, ҷигарамро об кардӣ, ҷигарам. Воҳ Додоҷонам гўй, балом! Мана сағир кардед, гўй балом», мегуфт. Дере нагузашта ҳамсояҳо, дуру наздик ҳам «шавҳари бригада хати сиёҳаш омадааст» гўён либоси мотам пўшида омаданд. Ҳама мегирист. Дар рўзи мурдаи дигарон ҳама ба марги хеш мегиряд. Марги Қобилҷон баҳона буду азодорони дигар ба писару додар, шавҳару бародари худ марсияхонӣ мекарданд. Дар ҳаққи ҷанг, саркардагони он лаънатҳо мехонданд. Дуои бад мекарданд. Номат аз дунё гум шавад душман, мегуфтанд.

Баъди марги Қобилҷон Зарринаро шинохта намешуд. Ў хароб, лоғар, рангаш заҳиру кандагӣ, чашмонаш варам кардагӣ буд. Дар тан куртаи сиёҳ, лозимии кабуд, мўяшро якто карда, сахт бофта, дар сар сарбанди шоли сиёҳ баста мегашт. Аз болои курта яктаки бахмали сиёҳ пўшид. Ҳатто чанд муддат «мардум механданд» гўён пои кафши резинӣ ба кор баромад. Бисёр вақт кори карда, роҳи рафтаашро намедонист. Мисли хаёлиҳо мегашт. Боре ҳатто дари худашро фаромўш карда, ба ҳавлии ҳамгузариаш рафта даромад. Аз ин рафтораш хеле хиҷолат кашид. Оиша-хола ин аҳволи Зарринаро дида, насиҳат мекард:

— Духтарам, дунё ҳамин тавр будааст. Бо доду фиғон дигар ўро баргардонида намешавад. Зиндаҳо бояд ғами зиндагиро хўранд. Ту бояд худатро, фарзандатро эҳтиёт кунӣ. Тири ҷаста, нафаси баргашта дигар бар намегардад. Ғурбат ғурбатро меорад. Ту танҳо не-ку. Бин, бригадаат пур-пури зани аскар. Худоба шукр ту аз Қобилҷон нишон дорӣ. Баъзеҳо бо сари қоқ мондаанд. Гумон мекунӣ ба онҳо осон аст? Худо аз ин рўзи сиёҳ нигоҳ дорад, духтарам.

Гапи Оиша-хола рост баромад. Ғам Зарринаро ниҳоят аз по афтонд. Ў месулфид. Гўшти баданаш гурехта, ниҳоли хушк барин шуда монд. Сару либоси як вақтҳо ба худаш часпида меистодагӣ акнун кушод гардид. Худи азони шахси бегона барин. Заррина дилтанг, каме инҷиқ шудааст. Хона, ҳавлӣ дар назараш бад метобад, гўё ба мусибати ба сараш омада онҳо гуннаҳкор бошанд.

Заррина чун пештара бо Оиша-хола сўҳбат карда намешинад. Аз кор, ки омад, хўрокашро мехўраду ба таги сараш лўлаю болишт гузошта, рўи пўстаки гўспанд дароз мекашад. Бисёр шабҳо бо баҳонаи «ҳаво гарм» ба тагаш ягон кўрпача ҳам напартофта хоб мекунад.

Оиша-хола дигар ба торҳои нозуки дили Заррина нохун намезанад. Зўраш танҳо ба худаш мерасад. Хола худро коҳиш менамуд: «Гўр пои қадами ман шавад. Ҳавлии бечораро мотамсарой кард. О, ту, кампири беақл, ба кӣ даркор будӣ? Дар хонаат ҳеҷ чиз надорӣ, ки дузд барад. Ба гапи ким-кӣ даромада... Заррина ҳоло маро чӣ қадар бад бинад, дашном диҳад».

Заррина ин хел одам набуд. Ў дар бораи Оишахола фикри бад намекард. Баракс насиҳатҳои хола, дилбардориҳои ўро шунида, рафтору кирдори модари раҳматиаш ба ёдаш меомад. Оҳ, ин модарон! Онҳо ҳамеша як чизро мехоҳанд-хушбахтии фарзандонашонро.

пешина
аз 29
навбатӣ