Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
Нахустин шахсе, ки аз деҳаи Бунафша як пояшро ба ҷўб иваз намуда баъди сиёҳхатҳо аз ҷанг баргашт, писари Оиша-хола Салимҷон буд. Бачаҳо гунҷишквор ҷаста-ҷаста аз ин кўча ба он кўча шодикунон давида, гўё, ки ягон дўсти наздикашон-бародар, падар, тағою амакашон омада бошанд «Салимҷон-ако аз аскарӣ омаданд» гўён хушхабарро гўшраси аҳли деҳа менамуданд. Овози бачаҳоро на ҳама дуруст шунавида, мақсадашонро мефаҳмиданд. Аз ин ҷост, ки онҳо давида омада, дари ҳавлияшонро бо шаст кушода:
— Кӣ омадааст, ҳой бачаҳо, кӣ омадааст аз аскарӣ, — гўён мепурсиданд. Баъди аниқ кардан «Хайрияте, аз ҷанг ҳам сиҳат саломат меомаданд-дия, худоба шукр. Канӣ худо роҳи Салимҷонро ба бачаҳои мо ҳам медод. Худо хоҳад роҳ кушода шуд, акнун омадан мегиранд», — гуфта ба бачаҳо барои хушхабарашон шодиёна гўён як каф мавиз, чўбдона, чанд дона чормағз ё баргак медоданд.
Омадани Салимҷон одамонро рўҳбаланд кард, воҳимаро аз байнашон рабуд. Бовар кунонд, ки дар ҷанг ҳама намемурдааст. Хайр, чӣ, як пояш чуб бошад ҳам, омад шуд-дия. Канӣ дигарҳо мисли вай намурда, бе даст ё бе по меомаданд. Бале, деҳаи азизам, Бунафша. Дар он солҳо орзуи одамон ҳамин буд. Чашм ба чашми ҳамдигар афтанд, шуд. Ба маибию маслуқиашон кор надоштанд.
Салимҷон хабари нохушро дар ҳамин ҷо фаҳмид. Дурусттараш Турдӣ-бобои қосид гуфт. Онҳо ҳамдигарро шинохта, сахт ба оғўш гирифтанд. Аз ҳолу аҳволи ҳамдигар пурсон шуданд. Бобо ба нею нестони Салимҷон нигоҳ накарда, ўро ба маркаб савор карда, худаш пиёда роҳи дехаро пеш гирифтанд. Дар роҳ сўҳбати онҳо аз ҳар боб мерафт. Ҷанг, фронт, бераҳмии душман, қаҳрамонии одамони шўро ва ғайра.
— Ҳа, дар воқеъ, шояд донӣ, модарат ба ҳавлии Заррина кўчида омадагӣ.
— Навишта буданд.
— Дар бораи Қобилҷон чӣ?
— Қобилҷон!? Не! Чӣ, вай ҳам омад?!
— Не... — Турдӣ-бобо андаке сукут намуда, оҳи чуқуре кашид. — Дунё ҳамин хел будааст, писарам, аз дасти ману ту ҳеҷ чиз намеояд. Намедонам рост ё дурўғ. Илоҳи дурўғ бошад. Хати сиёҳи Қобилҷон омад. Анча шуд. Якуним сол пеш. Бо вуҷуди он писарам, расму русуми худамон-дия. Сонӣ, шумоён, ҷўраи сахт будетон. Ҳамин тавр не, писарам.
— Мо аз хурдӣ акою уко барин дар як ҷо калон шуда будем.
— Ана дидӣ, писарам, барои ҳамин иззати мурдадия. Аз таги дар гиря карда даро. Вай аз ту, писарам, хурд буд ё калон?
— Калон. Ба хаёлам се моҳ калонтар бошад, даркор.
— Набошад «аком» гўй. «Воҳ аком» гуфта даро. Ҳам ҳурмати мурдаю ҳам ҳурмати зинда.
Салимҷон ба ҳавлии Заррина танҳо не, албатта, ҳамроҳи Турдӣ-бобо, боз чанд каси дигар, ҳамчунин бачаҳои ҳангоматалаб даромада омад. Вай майда-майда, эҳтиёт карда-эҳтиёт карда қадам мемонд. Бисёрии вазнашро ба асобағалаш партофта буд. Пояш дард мекард, сих мезад. Аз шиддати дард, гўё ки бори вазнин ба китф бардошта хаста шуда бошад, аз ҳар тори мўяш арақ мерехт. Гиребони куртаи аскарӣ, тахтапушт, ду таги асобағал шип-шилта гашта буд.
Аз дар даромада омадани Салимҷон дилҳои аз ғам пур шударо лабрез кард. Баробари ў Турдӣ-бобо ҳам ашк мерехт. Оиша-хола ба пешвози писараш фиғон бардошта қарсақ зада баромада ба Салимҷон гардан ба гардан монда, хуб гирист. Гаштаю баргашта мебўсиду мегирист. Салимҷон ҳар замон бо рўймолчаи ду ҳафта ин ҷониб дар роҳ обу собунро надида оби чашм, арақи ҷабин, рўю гарданашро пок мекард. Як ду қадам дуртар аз онҳо Заррина бо қомати андаке хамида истода, бо алам фиқ-фиқ мекард. Салимҷон ўро даррав шинохт. Дар деҳот ҳама аз хурд то калон якдигарро мешиносанд.
— Бандагӣ-дия, хоҳарам, дилатон ганда нашавад.
Заррина чизе нагуфт. Дар ҳамин вақт писарбачаи чорсолае аз хона баромада «дадам омаданд, дадам омаданд» гўён сўи Салимҷон давида рафт. Салимҷон пои чўбинашро андаке васеътар гузошта, қоматашро каме хамтар намуд, хост бачаро ба оғўш гирад, нашуд. Дарди захм ба ин имконият надод. Ранги рўяш якбора сап-сафед шуд. Бо вуҷуди он сир бой надода, дастони Додоҷонро дошта, сарашро сила кард. Баъд ба худаш ҷафстар намуда, «дадат меоянд, ҳамин, ки немисро зада пеш карданд, албатта меоянд» гуфт.
Аскарбинии мардуми деҳа ду-се рўз давом кард. Хурду калон, пиру ҷавон аввал гурўҳ-гурўҳ, сонӣ як нафарию ду нафарӣ ба дидорбинӣ омаданд. Ба шарофати Салимҷон як муддати кўтоҳ гўё ба ҳавлии Зарринаю Оиша-хола нур даромад. Вале дере нагузашта боз ҳамон ҳузни пештараашро гирифт. Акнун бегоҳиҳо аҳли хонавода гирди хон нишаста, аз ҳар боб сўҳбат мекарданд. Оиша-хола якбора набошад ҳам, рафтарафта воқеаҳои дар давоми қариб чор соли набудани писараш рўй додаро ба Салимҷон нақли ба тафсил кард: Танҳоии худаш, маслиҳати Бонуи биригад дар хусуси ба ҳавлии Заррина кўчида омадан, корҳои кардаи Мирсолиқ Бойҷонов ва Ҳодӣ-пучуқ, бригадиршавии Заррина, мусибати ба сараш омадаро. Ҳар замон, Зарринаро таъриф карда мемонд. Салимҷон пои чўбинашро болои палос дароз намуда ҳикояти модарро бодиққат гўш мекард. Агар сахт-сахт сулфааш гирад (дар роҳ шамол хўрда буд) пояш ба дард медаромад. Бинобар он сари зонуяшҷои буридаро дошта, пешонӣ ва рўяшро бурма карда мемонд. Маълум, ки ҷароҳаташ ҳоло пурра сиҳат нашудааст. Салимҷон ҷавони газгўшти миёнақад, абрўвони сиёҳи дароз дошт. Баъди хунравии бисёр (пояшро баъди тири душман расидан дар госпитал бурида буданд) пўсту устухон гардида буд. Анголикҳои рўяш ба дарун даромада, чашмаш ба фарқи сараш шишта аст. Ҳангоми гап задан лабонаш кашиш мекард. Рўзона дарди ба хайр, лекин шаб нолида мебаромад.
Ҳар гоҳ модар таърифи Заррина кунад, Салимҷон номаълум сўи ў назар мекард. Медид, ки чашмони сиёҳу зебояш, мижгонҳои дароз-дарозаш ба нуқтае дўхта шудааст. Шояд Заррина ҳам дар фикре буд. Баъзан мешуд, ки ду ҷавон чашм ба чашм меафтоданд. Дар ин лаҳзаҳо Заррина шарм мекард. Зуд чашм канда, сари писарчаашро сила мекард. Додоҷон эркагӣ карда, якпаҳлў мезад, сарашро ба зонуи модараш мемонд. Дақиқае нагузашта ҷаста мехесту ба шаст худро ба оғўши Салимҷон мепартофт. Ҳарчанд Заррина «оҳиста, оҳиста» гўяд ҳам, бача парвои фалак надошт. Намедонист, ки як шохи танаи амакашро бурида партофта, ба ҷои ў чўби хушкро, ки дигар аз сабз шудан умед нест, пайванд намудаанд. Бо вуҷуди он Салимҷон Додоҷонро ба оғўш гирифта, ба танаи пўсту устухонаш ҷафс дошта, дақиқаҳо бо забони кўдакона сўҳбат мекард. Додоҷон бештар савол медод, мехост бисёр чизҳоро фаҳмида гирад. Дар ин лаҳзаҳо Зарринаю Оиша-хола тамошобин буданд. Баъзан мешуд, ки Додоҷон шўхиро аз ҳад гузаронида, қаҳри модарашро меовард.
— То туро бурда ба кўрпаат тела накунам, намешудагӣ барин, -гўён Заррина ба нею нестони писарчааш нигоҳ накарда, аз даст ё доманаш дошта, сўяш мекашид. Додоҷон ду пояшро сахт ба замин тиргак карда, як ваҷаб ҳам аз ҷояш ҷунбидан намехост. Модар маҷбур буд вайро ҳамроҳи палос кашола карда гирад. — Хайр, монед Заррина, дигар шўхӣ намекунад. Канӣ ба паҳлўи ман омада шин-чӣ, ҳо, бале-я, ин йигити калон шудагию шумо намедонед, -таъриф кард Салимҷон.
— Мон духтарам, бозӣ карда шиштааст-дия. Ҳоло сари намозшом. Шабҳо дароз, рўдаи гов, ин қадар хоб мекунад, ки ба дилаш мезанад, -тарафгирӣ менамуд Оиша-хола.
Бача бача аст. Шоҳро аз тахт фаровардагӣ бача. Додоҷон як лаҳза аз сиёсати модар тарсида ором менишаст. Аммо дере нагузашта боз аз паи бозӣ мешуд. Заррина ҳамон вақт бештар музтар мегардид, анор мегашт, худашро гум мекард, ки агар Додоҷон калимаи «амак»-ро фаромўш намуда, Салимҷонро «дада» гуфта монад. Оиша-хола даррав Додоҷонро ислоҳ мекард: амак, амакаш...
Қариб ҳар шаб ҳангоми сўҳбат гап ғелида-ғелида ба болои Қобилҷон меомад. Дар ин лаҳзаҳо хоҳ-нохоҳ ду нафар зан ашк мерехтанд. Эҳ, ин занҳо! Ин қадар меҳрубонанд онҳо. Гардам аз дасти нарму чашми наму дили гарми шумо. Дар ҳақиқат чашмаи хушкнашавандаанд онҳо. Салимҷон бошад, барои тасаллои модар, Заррина мисолҳо меовард. «Ман бо чашми худ дида омадам, бовар кунед, на ҳамаи сиёҳхатҳо дуруст мебароянд. Ба баъзеҳо «мурд» гўён хат менависанд, вале баъди чанд вақт дидед, ки зиндаю ҷангида гаштааст. Ё каме ярадор шуда ба госпитал афтодааст. Ҳатто, -гуфт ў, кам монда буд, ки дар бораи ман сиёҳхат нависанд».
— Унту нагўй, писарам, гўр мурдан шавад, замини сиёҳ аз ҳеҷ кас сер намешавад.
— Айби замин чӣ, модарҷон, вақте одам ба одам раҳм накарда, якдигарро мекушад.
— Рост писарам, замин бегуноҳ.
Рўзҳо мегузаштанд. Мардуми деҳа гўш ба қимор буд. Онҳо як чизро донистан мехостанд: Салимҷон-ку аз аскарӣ омад. Оиша-хола дигар танҳо не. Чаро вай ба ҳавлияш кўчида намеравад? Заррина хонаи бисёр надорад. Ду ҳуҷраи беайвони паҳлў ба паҳлў. Дар назди марди бегона нишасту хез, даромад-баромад душвор, албатта, Салимҷон бошад муҷаррад. Диданд, ки аз байн муддате гузашту аз кўчида рафтани Оиша-хола хабар нест, баъзеҳо гапи нав бофта бароварданд:
— Бахти хола хандид, дар хонааш арўси тайёр. Ба писараш зан мекунад, мемонад. Заррина сари ҷавон дорад. Акнун ба бисту се қадам мондааст. Аз сад гулаш як гулаш нашукуфтааст. Имрўз не, фардо шавҳар карданаш даркор, албатта. Бо ҳамин баҳона саробондор мешавад.
Дарвозаи шаҳрро бастан мумкину даҳони мардумро не. Гап-гапи одамон то ба гўши Заррина расид. Ҳатто боре пичинги рўирости Муҳаррама қариб буд бригади ҷавонро бе корд кушад. «Заррина пухта набошад, бригад мешуд? Пешомади корашро медонад. Агар ҳамин тавр намебуд, «ман танҳо, ба писарчаам нигоҳубин мекардагӣ одам нест», гуфта Оиша-холаро ба ҳавлияш кўчонда намеовард. Ба шавҳараш сол нашуда Салимҷон омад. Мо, ки аз қадим лалуқ будем, се сол боз беваю ягон касро ёфта наметавонем. Ман-ку майлаш, садқаи сар, як бор мазаашро чашида сер шудагӣ, лекин ба ҳамин бечора духтарҳои хона дилам месўзад. Қишлоқ пури духтару ҷавонҳои мегирифтагӣ нестанд.
— Муҳаррам-апа, шумо аҷоиб, охир «ҳа» гуфта беваҳо ҷавонҳои аз аскарӣ омадаро ба хонаашон бурда, аз роҳ бароранд, албатта духтарҳои хона пир шуда мегарданд-дия, -қувват дод Хайринисо.
— Ба бригадирӣ, Муҳарама, дилатон кашол бошад, ҳозир супориданам мумкин. Сонӣ Оишахоларо ман не, Бону-апа «ҳамроҳ» гўён кўчонда оварда буданд. Рафта пурсед ҳам мешавад. Дар бораи Салимҷон бошад, илтимос, аз пода пеш ҷанг накунед. Даркор бошад, ҳоло ҳам дер нашудааст. Гиреду ба ягон духтари дилатон месўхтагӣ диҳед. Ба ман ғами худам бас. Додоҷон бедардак калон шавад, давлати ман ҳамон.
Гарчанде Заррина ба Муҳаррамаи шартакигўй сари вақт ҷавоб гуфт, вале аламаш бо ин тоза нашуд. Корд ба устухонаш таъсир карда, ўро ба андеша намудан водор сохт. Деҳаи ба ҷон баробарам, Бунафша. Мантиқи ҳаётро сарфаҳм рафтан душвор будааст. Одамҳоро фаҳмидан ҳам. Кӣ мехоҳад, ки дар хонааш саробон надошта бошад? Магар ин хел занҳо каманд? Охир, ба ҳаёт дубора гашта намеоӣ-ку? Нафси ҳама як хел намешавад. Нафс, нафс. Одамро бе обрў мекардагӣ ҳам, шарманда мекардагӣ ҳам нафс...
— Барои ман, агар дилам шавҳар кашад, айбаш не, -худ ба худ мегуфт Заррина. — Зеро дигар дилкашолӣ надорам. Хати сиёҳи Қобилҷон омад. Аммо ба Муҳаррама чӣ бало зада бошад? Ҳоло шавҳари вай зиндаю саломат. Ҳар замон, ҳар замон хаташ омада истодааст. Хайринисо бошад, духтари хона, ба худаш муносиб ҳусн дорад. Духтари хона ин қадар бешарм. Пардаи рўяшро дар байни дигарҳо дарронд. Ҳоло вақту соаташ расад, аз шавҳар серу безор мешавӣ.
Заррина корҳои саҳроро ба сомон расонд, охирин колхозчиро ҳам гусел кард, сонӣ вақти говгум бо димоғи сўхта, хастаҳолона роҳи хонаашро пеш гирифт. Одамро кор не, балки гапи хунук, захми забон мондаю пир мекунад.
Оиша-хола пиёба мепухт. Додоҷон аз домани ў дошта ҳар замон «оча, кай мепазад, оча гурусна мондам» мегуфт. Хола Зарринаро дида «мондаҳо духтарам, сиҳат-саломат омадӣ» гуфта пурсид. Ў дилу нодилон, ношунаво «раҳмат» гуфт. Додоҷон модарашро дида «бувам омад, бувам омад» гўён ба пешвозаш тохт. Модар «шасташ напарад» гўён писарчаашро ба оғўш гирифта бўсид. Сипас дар лаби суфача нишаста мўзаашро кашид, хоки рўи онро тоза намуд, баъд ба ҷои доимиаш, танўрхона бурда монд. Обдастаро бардошта чанд қадам миёнатари ҳавлӣ рафта, пой, дасту рўяшро шуст. Сонӣ пиёбаро ҳамроҳи холаю Салимҷон тановул карданд.
Заррина дегу косаҳоро шуст. Дар ин лаҳзаҳо Додоҷон аз назди модар дур намешуд. Мисли баррачаи аз паси очааш давида мегаштагӣ, хона дарояд хонаю берун барояд берун давида мебаромад. Ҳарчанд гўяд ки «рав, ба назди амакат рав, бозӣ кунетон» гўш намекард. Бозӣ ҳамон вақт хуш, ки модар ҳамроҳ бошад. Додоҷон дид, ки модар дегу табақҳоро шуста тамом кард, аз дасташ дошт. Ў гоҳ бо як пой, гоҳ бо пои дигар хез зада-хез зада ҳамроҳи Заррина роҳ мегашт.
— Меафтӣ, -дасти писарчаашро андаке ба қафо кашида сиёсат намуд Заррина. — Дуруст-дуруст, ба маънӣ қадам мон.
Онҳо ба хона даромаданд. Заррина муддате хомўш нишаст. Дар як хона се нафар одами калон гўё, ки бо ҳам ногап бошанд, ҳар кадоме ба фикру хаёли хеш банд буданд. Салимҷон аз ин зиқ шуд. Ў пояшро ғундошта, ба девор такя намуда «ё пирам» гўён аз ҷояш хест ва «шумо сўҳбат карда шинетон, ман камакак дам гирам» гуфта ба хонаи худаш (вай аз он рўзе, ки аз аскарӣ омадааст, дар ҳуҷраи танҳо хоб мекард) рафт.
Оиша-холаи рамуздон ҳолати Зарринаро фаҳмида буд. Бинобар он нахост, ки ба таги дилаш ҷанг андохта, аламашро тоза намояд. «Намепурсам, беҳтараш худаш гап занад. Боз ин занак вақтҳои охир аз ман ҳисобот мегирифтагӣ шудааст, то аз аскарӣ омадани писараш ин хел набуд-ку» нагўяд. Хола чокашро гирифта ба дўхтани гулаш сар кард. Лампа хира месўхт. Забонаш ҳар замон аз вазиши боди маҳин хаму рост мешуд. Барои он, ки дурусттар равшанӣ кунад, хола дар таги он сатили кўҳнаро оварда монд. Заррина ба кори Оиша-хола, ки рўймоли домодии писарашро медўхт, хеле зеҳи монд. Ва баъд хомўширо вайрон намуда:
— Оиша-хола...
Хола қатими риштаҳоро то охир кашида, ба сарангушташ каҷоваро ҳамвор намуд ва бепарвоёна сўи Заррина нигарист.
— ...
— Маро бубахшед, хола
— Барои чӣ? Охир ту ягон гуноҳ накардӣ? Гапат
бошад, гўй духтарам, ман ҳамаашро мефаҳмам.
— Хола... Мардум ганда шудагӣ. Албатта, ин гуноҳи онҳо не, замона. Аллакай ҳар хел гап бофтанд.
— Гап? Чӣ хел гап, духтарам?
— Аз зиндагии якҷояи мо ҳасад мебаранд. Мегўянд, ки гўё ман келини шумо... мешуда бошам. Хола ба чашмони дар равшании чароғ дурахшони Заррина нигариста фикр карда монд. «Ана гап дар куҷо будааст. Барои чӣ Заррина хафа аз кор омад. Сўям дуруст нигоҳ накард».
— Мақсадатро фаҳмидам, духтарам. Ту гуфтанӣ, ки мнбаъд мо агар якҷоя зиндагӣ кунем, гапи мардум зиёд шудан мегирад. Фикрат дуруст, духтарам. Танҳо ман ба орзуям нарасидам. Шабу рўз дуои нек мекардам, ки Қобилҷон аз аскарӣ биёяду амонатиашро бе хиёнат ба дасташ супорам. Афсўс, ки ин тавр нашуд.
Бунафшаи меҳрубон. Ҳаётро бубин. Офаридагор, гўё ки довар бошад, ҳама чизро назора мебарад. Оё ту шунидаӣ, ки дар ҳаёт касе ба мақсадаш расида бошад? Ва ё шахсе бе камбудӣ умр ба сар барад?
— Не, фарзанди азизам. Ин тавр шуданаш мумкин нест. Шириниҳои ҳаёт дар пастию баландиҳои вай аст. Одам, ки бе камбудӣ шуд, беғам мешавад. Одами беғам бошад ба қавле ё одам нест ва ё аз ин олам нест.
— Зиқ нашав, духтарам, -гуфт хола Зарринаро дилдорӣ дода. Ту ба ман аз духтарам зиёдтар хизмат кардӣ. Илоҳо хока гирӣ зар шавад. Роҳати Додоҷонро бин. Одам одамро дар мушкилӣ мешиносад. Намедонам, агар худо туро намерасонд, ҳоли ман чӣ мешуд? Ҳоло деҳаамон, шукр тинҷӣ. Раиси навамон ҷавон бошад ҳам, ҳамаро ба тартиб гирифт. Салимҷон ҳам омад. Акнун ман метавонам бо хотири ҷамъ ба ҳавлиам кўчида рафта, пойҳоямро дароз кунам. Додоҷон аз обу гил баромад. Ман туро танҳо намемонам, албатта. Боз хабар мегирам. Ту ҳам рафта ист. Охир, ман кӣ дорам? Шукр, ки ҳамин Салимҷон ҳаст.
Дили Заррина аз гапҳои хола пур шуд, нохост фиқфиқ гиря кард...
Баъди фоҷиаи Бойҷонов ба колхоз раиси нав омад. Вай Ҳотам Ҳоҷиев-ҷавонмарди бисту панҷ-бисту ҳафт солаи навча буд. Мўзаи сип-сиёҳи аскарӣ дар пояш. Остини чапи пиджакашро, ки холӣ буд, аз зери тасмааш гузаронида мегашт. Маълум, ки талхии ҷангро вай ҳам чашидааст. Аз рўзҳои аввал ба кори хоҷагӣ сахт часпид. Ҳотам Ҳоҷиев боре ҷамъомади колхозчиёнро гузаронида, дар он чор даҳон гап гуфт, ки то дер вақт дар хотири одамҳо боқӣ монд. Баъди ҷамъомад дар кўчаву паскўча, сари кор, дар хонаҳои худ онҳо раисро пайваста таъриф мекарданд.
Чиҳо гуфт он рўз ў? Аз ҷой хест, бо табассум ба мардум нигариста:
— Падару модарони азиз! Аз ҳамин рўз эътиборан мову шумо бояд якҷоя кор кунем. Обрўю эътибори мо, роҳбарон, албатта, шумоед. Халқ хасту роҳбар ҳаст. Дар давоми чанд рўз ман бо баъзе одамон сўҳбат кардам, бо вазъияти деҳа шинос шудам. Онҳо ба ман ҳамаи воқеаҳои шуда гузаштаро нақл карданд. Бисёр кори хунук шудааст. Касе, ки ба фарзанди деҳааш хиёнат мекунад, ба фикри ман вай дар як вақт хиёнаткори давлат ба шумор меравад. Бойҷоновро сахт ҷазо мебоист. Вале худи ҳаёт, худо ўро ҷазо дод... Акнун биёед ҳама чун як тан ғами фронтро хурем, дар меҳнат худро нишон диҳем. Меҳнати мою шумо ғалабаро наздик мекунад.
... Тирамоҳи ҳамон сол зимистон наомада, ҳосилро ғундоштанд. Маҳсули меҳнати одамон бад набуд. Ғалла ҳам нағз шуду ангуру картошка ҳам. Гарчанде чашми мардум ҳоло сер нашудааст, гарчанде дар хонаҳояшон халтаҳои пури гандум набошад ҳам, онҳо хурсанд шуда мегуфтанд, ки ҳосили хуб нишони серию пурӣ, фаровонӣ. Ана-мана нагуфта ҷанг тамом, об ба лаби ҷўй баробар мешавад. Нияти нек ними давлат-дия. Бо ҳамин онҳо худро тасалло медоданд.
...Заррина баъди кўчида рафтани Оиша-хола худро тамоман танҳо ҳис мекардагӣ шуд. «Ту худат содда, -худро сарзаниш менамуд. — Дар сари ҷаҳл як гапи Муҳаррами шартакигўю Хайриниссоро дар дилат пўсонда натавониста, ба хола гуфта, ўро ба андеша монондӣ. Метавонистӣ сабру тоқат кунӣ. Охир, бузургон аз бардошт ёфтаанд. Аз рўи гуфти одамон ҷанг зимистон ё аввали баҳор тамом мешудагӣ барин. Баъд хушу хурсандона мефаҳмондӣ. То он вақт Оиша-хола саробони хона, ҳамроҳи Додоҷон мешуд. «Не, хола ҳам, аз афташ, наранҷид. Вагарна ин тавр намегуфт:
— Одамҳо ҳар чӣ гўянд, гуфтан гиранд, духтарам. Ба онҳо гўш карда, ба таънаашон тоб оварда натавонистӣ. Шояд, ба ҷои ту ман мебудам, ҳамин тавр рафтор мекардам. Лекин ба Додоҷон одат карда мондам. Зўрӣ не, зорӣ дорам. Ба рафта омадани вай монеъ нашав. Рўзона бурда монӣ, то аз кор омаданат дар назди худам бозӣ карда мегардад. Бегоҳиҳо оварда мемонам. Набошад, бача-дия. Дил андохта бемор шуданаш мумкин...»
Вале бо кадом андешаҳо Заррина бачаро ба хонаи хола намеовард.
Боре нохост даромада омадани Оиша-хола дунёи бачаро ба тамом равшан намуд. Додоҷон очаашро дидан замон «очам омаданд, очам гўён ба шаст давида худро ба оғўши Оиша-хола партофт. Хола набераашро гарм ба оғўш гирифта бўсид, оби дида кард, боз бўсид. «Барои ту овардам» гўён аз ҷебакаш як каф тутмавиз, ду дона чормағз бароварда ба кисаи Додоҷон андохт.
Заррина ҳам ба пешвози хола баромада «Ассалом, биёед, аз хона марҳамат» гуфт.
— Ҳамин қадар рўз нигоҳ кардам, даракат нашуд. Мабодо Додоҷон бетоб нашуда бошад гуфта, дилам хавотир шуд. Омадам...
Додоҷон аз бағали оча нафуромада чормағзи додаашро дар як даст дошта, бо дасти дигараш аз кисааш тутмавиз гирифта, ҳар замон ба модараш нишон дода, ба даҳон мепартофт.
— Хуб кардед, модарҷон. Бо ҳамин баҳона набераатонро дида хуморшикан шуда меравед. Ҳа, дарвоқеъ, Салимҷон аком нағз? Пояшон азоб намедиҳад?
— Нағз духтарам, нағз. Азоб диҳад ҳам аз дасташ дигар чӣ кор меояд? Шояд нағз шуда равад. Асосаш, духтарам, омад, давлатам ҳамон. Гапи навро фаҳмидӣ, духтарам.
— Не-ку. — Бо ҳамин аҳволаш бо колхоз мебароям мегўяд. Дина ба идора рафта буд. Раиси нав гуфтааст, ки биё, ба мо ҳисобчӣ даркор.
— Нағз-ку, хола.
— Нағз-ку, лекин хуни пояш шах нашуда ба кор барояд, ҳолаш чӣ мешавад?
— Марду кўча. Аз шаҳрҳои калон оламу одамро дида омаданд, дар хона албатта, зиқ мешаванд-дия. Ба кор овора шаванд, гузаштани рўзро намедонанд. Кори сабук будааст, розӣ шаванд. Раиси навамон ҷони одам, бисёр раҳмдил.
— Духтарам, -гуфт хола вақти рафтан, -ба ҳавлии мо ҳам биёетон. Бо Додоҷон одат кардам. Худи як чизро гум кардагӣ барин. Баъзан хоб дида хеста мебинам, ки паҳлўи ҷогаҳам холӣ. Дилам гум зада, ганда мешавад.
Инро гуфта вай Додоҷонро бардошта рў ба рў монд, то сер шудан бўсида баъд аз нав ба замин гузошт. То аз назар ғоиб шудани Оиша-хола Додоҷон «хайр оча, хайр оча» гўён дастонашро болою поён алвонҷ медод. Заррина ба рафтори писарчааш бо табассум нигариста «шуд, шуд, бас акнун. Дидӣ, очаат панаҳ шуданд. Рафтем, рафтем» гуфт. Модару писар дарвозаи яктабақаро нимроғ монда вориди ҳавлӣ шуданд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё