Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
— Ба ман чӣ, ба ман чӣ, раисҷон? Охир, худатон маъқул кардед, худатон, — мисли шахси гунаҳкор тамаллуқ мекард Ҳодӣ пучуқ.
...Заррина аз идора баромада, роҳи хонаашро пеш гирифт. Ҳавлии ў дар поёни деҳа ҷой гирифтааст. Вай тез-тез қадам мемонд. Роҳравон худ ба худ гап мезад: «Корат аз сарат сабил монад. Акнун занатро, духтаратро гўй, баромада бригадӣ кунад. Дар хона нишастанам сад тилло будааст. Ба ман чӣ ҷин зад: Ба хаёле рафта ҷои гармамро хунук кардам».
Оиша-хола дар офтобаки рўи ҳавлӣ нишаста, ба ҷои пиёла нон тар карда, ба Додоҷон мехўронд. Нохост ба шаст кушодани дари кўча ўро як қад парронд.
— Заррина, ту мӣ, духтарам?!
— Ҳа, ман?! Чӣ буд? — Саҳл монд Заррина алами Исоро аз Мўсо гирад. Вай на ба рўи Оиша-хола нигарист ва на ба рўи Додоҷони модарашро дида тарки оғўши оча карда.
Ў ба монанди шахси ба сараш мусибате омада, ғамгин ба хона даромада худро ба рўи палос партофт. Дилаш пур шуд. Баланд-баланд, мисли духтарчаҳо ҳунгос зада гирист.
Модарам Бунафша. Ёд дорӣ навҳаи пуралами фарзандатро. Заррина ба қадри худ месўхту аз дасти замона мегирист. Шояд дар он лаҳзаҳо аз ту шикоят мекард, ки раис барин фарзандони ифлосро ба дунё овардӣ?
— Шояд. Лекин дар ин ҷо гуноҳи ман чист? Охир кадом модар мехоҳад нури дидааш хунхўр, нопоку ифлос, раъди маърака, бадбини мардум гардад? Канӣ, ҷавоб деҳ, ҷавоб...
— Чӣ шуд, духтарам. Кӣ хафа кард? — Оиша-хола назди Заррина нишаста сари ўро оҳиста боло бардошт. — Хез бачем, садқаи оби дидаат кун. Барои чӣ гиря мекунӣ? Хайр, агар корат вазнинӣ карда бошад, ҳеҷ гап не, ман худам рафта ба раис мегўям. Ягон каси дигарро меёфтагист. Хез, хез бачем, гиря накун. Бекор обу адо мешавӣ.
Оиша –хола дид, ки гапаш намегузард, ўро ба ҳолаш гузошту Додоҷонро бардошта рўи ҳавлӣ баромад.
Заррина баъди чанд соат сарашро аз замин бардошт. Чашмонаш суп-сурх гашта, қавоқаш зардолу барин варамида буд. Вай ба девори пойгаҳи хона, ки андовааш кўҳнаю хокрез гаштааст, такя карда, хеле сукут намуд:
— Беҳуда ба бригадирӣ розӣ шудам. Ман аз дилу нияти ифлоси ў бехабар будам, аҷаб кори намешудагӣ шуд. Ягон кас фаҳмад, номам бад мешавад. Хоки пои занак сабук. Бригадириро партоям чӣ? Ин хел намешавад. Одамҳо гап мебофанд. Дилат набудааст, чаро аз аввал розӣ шудӣ. Гумон кардӣ бригадӣ оши тайёру мехўрӣ. Чор рўз кор накарда нозу нузи бисёр. Ё..ё ҳарчӣ бодо бод гуфта як сол кор карда диҳам? Ба раис гапҳои задагиам дар идора бас будагист. Хирс бошад ҳам пўст мепартояд. Шояд, минбаъд қадамашро дониста монад.
Он рўз Заррина ба кор набаромада дам гирифт. Худ ба худ қасам хўрд, ки дигар бо раис дар бораи ёрдам даҳон намекушояд. «Наход кори ҷамъият монад. Хамин қадар сол мекарданд ку. Он вақт на ман бригадир будаму на Бойҷон раис. Лекин кори ҷамъият намемонд».
Ҳамин вақт ба хотири Заррина чизе расид:
Дар воқеъ мактаб ҳаст. Фардо саҳарӣ як сари қадам ба назди директор меравам. Шодмонов муаллими нағз. Падари ҳафт нафар фарзанд. Ҳоло се нафараш дар аскарӣ, дард дорад, гапро мефаҳмад, мисли Бойҷонов беғам не. Заррина барвақт ба мактаб омада ба Шодмонов вазъиятро фаҳмонд. «Бемалол, бемалол, духтарам. Чанд рўз лозим бошад, бачаҳо ёрӣ мерасонанд. Фақат дар вақти ангурканӣ моро фаромўш накунед, шуд» шўхӣ кард ў.
Реҷаи кори имрўзаи бригад чунин буд: мўйсафедонро ба қартаи поён фиристодан. Занҳо бошанд, дар майдони нимкораи дирўза ток кушоянд. Бачаҳо топила чинанд, беҳтар. Замин якбора тоза мешавад.
Чоштгоҳӣ. Участкаи Боғи Миёна назар ба ҳаррўза серодам. Аъзоёни бригада, хонандагони мактаб ҳама машғули коранд. Аз як тараф садои тақ-тақи каланди колхозчиён, аз тарафи дигар ғарҷ-ғарҷи қайчии токбуррон, сурудхонон топилачинии бачаҳо-ҳама омехтаю як шуда суруди меҳнатро ташкил медод.
Заррина, ки мўзаи нимдошти корӣ дар пой, дар тан пероҳани чити шона-шона дошт, аз болояш ҷомаи пахтагин пўшида, рўймоли шоли сафедашро ҳамеша аз таги манаҳ баста мегашт, ба кори колхозчиён назорат карда, сар-сари марза поёну боло рафта меомад. Аз баъзеҳо хоҳиш мекард: бо эҳтиёт каланд зананд, то ревоҷ напарад, панҷаи ангурдорро бурида напартоянд. Бачаҳо дар даруни ток даводав карда ҳосилро нарезонанд. Дар ҳамин вақт шиҳаи аспе шунида шуд. Заррина аз раҳнаи девори участка нигоҳ карда, савораро шинохт. Раис ба зин яктарафа нишаста, лаҷоми аспро таранг кашида, вайро бозӣ доронда-бозӣ доронда меомад. Ҳар замон қамчинро ба ҳаво бардошта, оҳиста ба гардани асп мезад.
Бойҷонов баъди воқеаи дирўза умедашро канда буд. Боварӣ надошт, ки Заррина боз ба кор мебарояд. Аз ин рў, токзори бригадаи ўро ин қадар серодам дида, ҳайрон шуд. «Одамҳо ҳам занакмиҷоз шудагӣ. Хаёлашон сардорашон ҳам занак бошад. Набошад ба гапи як муштипар даромада ҳамин қадар кас ба саҳро мебарояд. Ё тавба!?»
Ў аспашро ба танаи чормағз баста, назди колхозчиён омад. Қавоқаш овезон, табъаш хира буд. Ба одаме монанд буд, ки ба касе арбадаи сахт карда, монда шудааст. Рангу рўй гули пажмурдаро мемонд. Чинҳои пешонӣ, ожангҳои рўяш зиёдтар шуда, синну солашро калонтар нишон медоданд. Раис сўи бригад нигоҳ накарда:
— Ҳамаро ба по хезондӣ-ку, -пичингомез гуфт. — Боз мегўӣ, ки кор мемонад.
— Ҳа, муаллим Шодмонов мактаббачаҳоро фиристоданд. Баъзе занҳою мўсафедонро илтимос кардам...
— Нағз, нағз. — гуфт раис тарафи аспаш рафта истода. Заррина ҳам дилу нодилон, пой молида чанд қадам аз паси раис рафт, то колхозчиён нагўянд, ки гапи раису бригад гурехтагӣ барин.
— Фардо ёрдамчиҳои ваъдагӣ меоянд, -раис дили Зарринаро фаҳмиданӣ шуд.
— Ба мо ёрдамчӣ лозим не! Сари аъзоҳои худам дард накунад. Раис, илтимос, хоҳед, ки ҳар ду шарманда нашавем, ёрдамчӣ нафиристед. Агар фиристонед ҳам, аз сари замин пеш мекунам.
— Нахоҳӣ не-дия. Як ба ту зорӣ накарда монда будам, -раис бо як ҷаҳидан худро сари зин гирифта, аспашро «чуҳ» гўён қамчини сахт зад. Қашқа бо ду пои ақибаш хоки заминро канда ҳаво доду аз ҷояш якбора ҳаллос зад.
Ҳамин тавр, токзори бригадаи Заррина дар тўли чанд рўз аз даст баромад. Акнун то вақти дарави ғалла кор як навъ сабук шуда буд.
Обдиҳии ток, таъмири мавизҷой, даравидану хушконидани юнучқа ба назари аъзоҳо майда-чуйда менамуд.
Рафти кор бад набуд. Заррина бегоҳиҳо барвақттар ба хона меомад. Баъди тановули хўрок сўҳбати онҳо аз ҳар хусус мерафт. Вале бештар аз Қобилҷону Салимҷон гап мезаданд. Бисёр мешуд, ки Оиша-хола ашк мерехт. Аз наомадани хати писараш хавотир мешуд. Аммо чӣ илоҷ? Дар ин лаҳзаҳо Заррина гўё модар бошад. Оиша-холаро насиҳат мекард. «Ғами беҳуда чӣ фоида, модарҷон! Шояд ба хатнависӣ вақташон нашавад».
Оишахола суханҳои Зарринаро шунавида: — Бале бачем, ҳамин тавр, ба ақли расоят модарат мурад. Худо туро аз куҷо ба мани танҳо расонд. Илоҳим ҳамин тавр шавад, дар ҷанг ҳеҷ кас намурад. Қобилҷону Салимҷон ҳам.
Участкаи Сангистон. Одамон ба ин ҷо мувофиқ ном мондаанд. Макони сангҳо. Дар ин мавзеъ ғайр аз санги сиёҳ, қаламасанг, санги сафед, чормағзсанг (санги кулўла ҳам мегўянд) гўё дигар чизе нест. Вале ин участка аҳолии деҳаи Бунафшаро ба хошоки дурушт, сангҳои иморатбоб таъмин мекунад. Ёнаҳояш хеле ҳосилхез. Зимистон барфу аввали баҳор ду-се борони нағз шавад, хоҷагӣ ҷувол-ҷуволу ароба-ароба ҷаву гандум мегирад. Ҳосили онсолаи ғалла мувофиқи табъ буд. Қади гандум одамро гўр мекард. Саракаш калон-калон. Мардуми деҳа аз ин хел ҳосил розӣ. Ҳосили бисёр аломати некӣ, мегўянд онҳо. Як ризқи мо бошад, мегузарад. Канӣ ҳама сол ҳамин хел ғалла шавад-ку, чашми халқ сер мешавад, бачаҳоямон дар фронт гурусна намемонанд. Бале, онҳо ғами хеш не, дар фронт будагонро бештар мехўрданд. Як бурда нони барои зинда мондан мехўрдагиашонро нони серӣ меҳисобиданд. Ҳангоми хўрокхўрию чойнўшӣ фарзандонашон ба хотирашон расида, дар гулўяшон нону об дар мемонд.
Се рўз аст, ки дарави ғалла давом мекунад. Субҳ надамида даравгарон аз хоб мехезанд. Шағ-шағи доси онҳоро боди форами саҳарӣ ба гўш мерасонад. Дарав шабхобрав. Кор аз субҳ оғоз ёфта то чашм дидан, баъзан дар маҳтобшаб ҳам давом мекунад. Кор, кор, боз кор. Чаро ин тавр? Деҳаи азизам, Бунафша, сабаби инро дар он солҳо танҳо ту медонистӣ. Ҳа, танҳо ту. Набошад, онҳоро касе маҷбур намекард. Зеро раис кай хоҳад ба саҳро мебарояд. Бригад бегоҳиҳо барои хабаргирии Додоҷон ба хонааш меравад. Дар саҳро бошад, танҳо пирон, занҳои аскар, ду-се нафар майибу маслукҳои модарзод. Канӣ бигў, деҳаи азизам, онҳоро кӣ ё чӣ маҷбур месохт? — Виҷдон!?
— Виҷдон?!
— Бале виҷдон. Чӣ тавр онҳо кор накунанд. Модоме, ки як пора дилу ҷигарашон барои пораи дигари дилу ҷигари онҳо, барои як каф хоки муқаддаси Ватан ҷонфидоӣ мекунанд...
... Солеҳҷон бачаи бад нест. Хурд бошад ҳам, ақлаш ба ҳама чиз мерасад. Замона, ҷангро нағз мефаҳмад. Медонад, ки ду нафар бародаронаш ба хизмати Ватан рафтаанд. Ягона умед модари пири бемораш аст. Бинобар он пас аз дарс аз паи зиндагӣ мешавад. Бале, модари азиз деҳаи зебоманзарам, Бунафша, дар он солҳо қариб ҳамаи бачаҳо ҳамин хел буданд. Замона онҳоро чандин сол калонтар, бофаҳмтар, пуртоқату тобовартар гардонида буд.
Имрўз Солеҳҷон аз ҳарвақта як соат дер аз мактаб омад. Модараш Шарифа-хола дар бистар хобида, роҳи писарашро мепоид.
— Омадӣ, -гуфт Солеҳҷонро дида.
— Омадам, модарҷон. Аҳволатон чӣ тавр, нағз шудед, аз пагоҳӣ беҳтар охир?
— Ман нағз. Аз акаҳоят хату хабар нест. Турдӣбобоятро дар кўчаю паскўча надидӣ? Напурсидӣ, ки чаро хат намебиёяд?
— Акаҳоям хат нанависанд, илоҷи он кас чӣ?
Модар «оҳ» кашиду «гўр ин ҷанг шавад. Кай тамом мешуда бошад», -гуфт.
— Дар мактабатон ҳеҷ бўи некӣ нест? -пурсид ў. — Муаллимҳо ҳеҷ чиз нагуфтанд? Гирмона кай нест мекарда бошанд?
— Гуфтанд, модарҷон. Ҳозир аскарони мо зўр баромада истода будаанд.
— Илоҳо ҳамин тавр шавад, хоки душман бод шавад.
— Модарҷон, агар шумо нағз бошед, ман ҳамроҳи ҷўраҳоям ба саракчинӣ равам.
— Рав бачам, рав, лекин эҳтиёт кун. Боз бачагӣ карда сари ҷаву гандуми надаравидаро наканӣ. Солеҳҷон «не» гўён халтаи худро аз токи пойгаҳ гирифта ба подаҷо, ки он ҷо бояд бачаҳо ҷамъ мешуданд, давида рафт.
Деҳаи Бунафша дар пастхамӣ ҷой гирифтааст.
Ҷўе, ки ҳамеша як осиё об дорад, деҳаро ду тақсим мекунад. Дар тарафи рости ҷўй хона бисёртар. Ин сабаб дорад. Он ҷо замини обӣ камтар. Одамҳо худашон ҳавлӣ карда, аз масофаи тақрибан се километр ҷўй кофта об овардаанд. Бунафша дар баҳору тобистон ҷаннати афсонавиро мемонд. Боби истироҳат. Хаёли кас, ки дар лаби ҷўй, болои сабзаҳояш шинаду шинад. Аз ҳавои тозааш чуқур-чуқур, то сер шудан нафас гирад. Ба ҳамаи ин, албатта, вақт, тинҷӣ, хотири ҷамъ, шиками сер даркор. Дар он рўзҳо бошад, ба назари одамон ҳеҷ чиз наменамуд.
Дар ёнаҳои ғаллааш даравидаю бандҳояш кашондаи участкаи Сангистон сарак бисёр рехтааст. Машғулияти аксар бачаҳо баъди мактаб ҳамин. Онҳо халтахалта сарак мечинанд, модаронашон онро кўфта, орд карда, нон пухта медиҳанд. Аҷаб нонҳои ширин будаанд нони он солҳо. Одам, ки барои ҳар бурдааш ранҷи бисёр мекашид, ба назараш на гўшти гўсфанд менамуду на равғани думба. Нон набошад, ҳеҷ чиз қадр надоштааст, деҳаам-модарам, Бунафша. Мегўянд-ку ба гўши одами гурусна овози булбул намефорад.
Бачаҳо сарак мечиданд. Онҳо аз дур баррачаҳои чарида гаштаро мемонданд. Фарқ танҳо дар ҳамин буд, ки баррачаҳо саракҳоро ёфта, қумур-қумур хоида хўранд, бачаҳо ба халта меандохтанд. Баррачаҳо ғами ҳозираро хўранд, бачаҳо ғами фардою пасфардоро мехўрданд. Баррачаҳо дар ҷое сараки бисёр рехтаро дида монанд, думбачаҳои нағзакакашонро бозӣ доронда-бозӣ доронда, «ҳимм, ҳимм» гўён давида раванд, бачаҳо «туфлак, туфлак, ман пеш дидам, ман пеш дидам» гўён сўяш медавиданд.
Раис ин пагоҳӣ аз паи нияти ифлосаш афтод. Ба идорааш даромада паси миз нишаста худ ба худ: «Шуд акнун. сабр ҳам ҳамин қадар будагист. Э-ҳа, духтари шоҳ, гаҳворааш аз осмон афтодагӣ не-ку. Як сағира будааст. Ба ҳамон панҷ-шаш моҳ боз хушомад мезанам. Занак-дия, нозу нуз кардан мегирад, ҳозир аз ҷаҳлаш фаромадагӣ барин. Мард шуда, дар чунин мансаб истода, як занакро ба даст наафтонам, чӣ кор карда гаштам? Гулро бинию набўӣ, чӣ кайфияте дорад».
Ба ёди ин ҳама андешаҳо Бойҷонов аз ғалладонаш шишаеро бароварда кушоду ба косапиёла пур-пур карда рехт, нўшид. Барои он ки бўяш равад, як-ду пора сирро ба даҳонаш партофта, лабу рўяшро бурма карда, хоидахоида хўрд. Баъд як мағзи нони хушкро қатар-қатар мисли калламуш хоида тамом кард, берун баромад ва ба аспаш, ки дар нўгчўбӣ қантар меистод, савор шуд.
«-Заррина дар назди даравгарон будагист, -аз дил гузаронд ў. — Учатскаи Сангистон ҷойҳои хуб дорад. Канӣ, дар чанд рўзи дигар даравгарон корро тамом мекунанд. Баъд бригадро ба лаби чашма мебарам. Он ҷо хилват, паша пар намезанад. Ҳа гўяд хуб, нашавад зўри-дия. Албатта «дод» намегўяд. Дод гўяд чӣ?Худаш шарманда мешавад. Ба худаш мушкил».
Чашмони раис ба саракчинҳо афтод. Бачаҳо «сиёҳӣ»-и мисли бод тез омада истодаро дида, чун мурғони аз ҳамлаи ногаҳонии рўбоҳ ба қиғу чиғ афтода, бесаришта шуданд. Бойҷонов ба шаст асп давонда омад. Охир, бачаҳо медонистанд, ки ҳосилот ё посбони дашт то ҳол барои сараки ба замин рехтаро чидан касеро сарзаниш накардаанд. Шояд, ин савора ҳам чизе нагўяд.
— Ҳе, зоидагии шумоён сағираҳоя..., — дашном дод Мирсодиқ Бойҷонов ва бо тозиёна ба сари Солеҳҷон зад. Аз чашмони бачаи бечора оташ парид. Сонияе нагузашта сару рўяш оғуштаи хун гардид. Ба доду войи бача нигоҳ накарда раис ўро як тозиёнаи дигар фаровард. Баъд хам шуда, аз дасти чапи ў бардошта, мисли бузкашони номӣ ба пеши зин гирифта, кўндаланг хобонд. Нолаи ҷонхароши Солеҳҷон дили сангро об мекард, аммо Бойҷонов «ин чӣ, ҳоло адаби ту ҳаромиро дурусттар медиҳам» мегуфт.
Аспи раисро даравгарон бо як дидан шинохтанд. Он солҳо дар колхоз танҳо Бойҷонов савора мегашт. Баъд баъзе намояндаҳои ноҳия савора меомаданд. Аспи сурхи дар пешонааш як порча тасмаи сафед дошта азони раис буд.
— Одамҳоро гў, ҳама ҷамъ шаванд, — фармон дод раис ба яке аз даравгарон, ки Ёрмаҳмад ном дошт.
— Чӣ гап шудааст, тинҷи-мӣ? — аз ҳамдигар мепурсиданд даравгарон.
— Шумоён обу арақ рехта кор кунетон, инҳо дуздида рафтан гиранд, — гўён раис Солеҳчони нолида истодаро ба монанди халтаи гандум аз пеши зин «тараппӣ» ба замин партофт. Солеҳҷон ба по истода натавониста ба даҳону бинӣ афтид. «Вой мурдам, апаҷон» гуфтани бача ба сари даравгарон гўё як сатил оби хунук рехт.
— Ҳай, ҳай, раисбобо, ин коратон нағз не. Гузарад соли қаҳатӣ, монад рўи сўхтаи хоҳарам. Ҳамаамон бачаю кача дорем. Наход барои як каф сарак... — Ҳоҷӣ амак чанд қадам пештар монда омаду хост Солеҳҷонро аз замин бардорад.
— Монед, дар ҳамин ҷо ҷон диҳад, як то кам, — сиёсат намуд раис.
— Дар беҳудиҳо худро шинос гуфтаанд, раисбобо. Ман аз шумо чанд курта зиёд дарондагӣ.
— А-ҳа, акнун фаҳмидам. Ба фикрам дар байни саракчинҳо набераи шумо ҳам буд?
— Дар гуфта ба девор вохўрдем-ку. Хайр, бошад будааст-дия, чӣ шудааст. То зоғу занбўр хўрдана, бачаҳо тоза кунанд ганда-мӣ?
Ҳоҷӣ-амак Солеҳҷонро аз замин бардошт: «Хез, писарам, ин рўзҳо мегузаранд, боз чашми ҳама аз нон сер мешавад. Лаънат ба он кас, ки қадри фарзанди инсонро надонад», —гуфт.
Солеҳҷони ба хун оғўштаро дида, даравгарон байни ҳамдигар «раис аз худ рафтааст, худоро намешиносад. Ин хел одам садқаи ҳурмату эҳтиром шавад», пичиррос мезаданд.
— Сардоратон канӣ? — пурсид Бойҷонов.
— Кўдакаш нотоб шудааст, бегоҳӣ ба хонааш рафта буд, ҳамин замон омада мемонад, — ҷавоб дод Ёрмаҳмад. — Ҳа, навигарӣ-ку, корро монда... Раис сари аспашро бо шаст гардонда «чуҳ» гўён қамчин зад.
— Савлатат хушк шавад, -оҳиста гуфт зане.
— Садқаи ҳамин асп шав, -илова намуд дигаре. Деҳаи азизам, Бунафша. Ман сонӣ фаҳмидам, ки дуои бади халқ, оҳи сағиру кабир барабас намерафтааст. Вай одамро ба ҳар бало гирифтор мекардааст. Охир ту ҳам шоҳиди он воқеа будӣ-ку. Чанд соат, бале чанд соат пурсаброна рафтори Бойҷоновро тамошо кардӣ. Баъд дидӣ, ки шахсе саркану покан, ба обу арақ ғўтида, назди даравгарон меояд. Аз афту андомаш маълум, ки нохушие рўй додаст. Шояд, ин нохуширо аз ҳама пеш ту фаҳмида будию ломе нагуфтӣ...
— Ҳа, Юсуфҷон. — Ҳоҷӣ-амак, ки ба даравгарон чой меҷўшонид, аввалин шуда бухгалтерро — марди чилу панҷсолаи миёнақад, газгўшт, чашмони осмонӣ, мижгонҳои рост-рост дошта, ки дасти чапаш модарзод маъюб буд, пешвоз гирифт. — Ин қадар ҳавосат парешон?
— Ба шумоён хабар диҳам гуфта омадам.
— Ба моён!? Чиро? Тинҷӣ –мӣ, охир?
— Раис ба ин ҷо омада буданд?
— Ҳа, омада буд, лекин дили одамонро ях барин карда рафт. Кошкӣ дигар намеомад, — аз таги гап бехабар дилашро холӣ кард Ҳоҷӣ-амак.
— Бечора раис одами хуб буданд...
— Чӣ хел бечора? Садқаи бечорагӣ шавад!
— Ин тавр нагўед, амакҷон!
— Мегўям, ба дорам кашанд ҳам, мегўям.
— Дигар он кас зинда нестанд, ки шуморо ба дор кашанд.
— Чӣ? Чӣ гуфта истодаӣ, писарам, зинда нест!?
— Ҳа, ҷасади он касро аспашон кашола карда ба молхона бурдааст.
— Не-е! Рангу рўи Ҳоҷӣ амак канд. Гуп-гуп задани дилашро ҳис намуд. Беихтиёр «бечора» гуфта монд. Хабари шумро дар байни чанд сония тамоми даравгарон шунавиданд. Аммо касе афсўс намехўрд. Баъзеҳо бошанд «худаш маълум буд. Вайро худо зад. Ҳаққи одами ганда ҳамин. Бад бад мемурад. Бачаи бегуноҳро заду сарғалтон шуд»мегуфтанд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё