Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Деҳаи азизам, Бунафша! Мегўянд, ки аз як палак чанд хел харбуза мерўяд, рост будааст. Фарзандони ту ҳам як хел набудаанд. Аз ин суханони ман наранҷ, агар саҳве карда бошам, бубахш. Ман раиси онвақтаи колхоз Мирсодиқ Бойҷонов, посбони идораи вай Ҳодӣ пучуқро дар назар дорам.

— Бале, ҳамин хел фарзандон доштӣ. Ҳарду ҳам дар синну сол баробар. Фарқ фақат дар ҳамин буд: яке ишкам тағораю дигаре чўби хушк. Яке мўйлаб, риши калта дорад, дигаре кўса. Яке кулчарўи бинидароз, дигаре бузрўи биннипучуқ. Яке оқи падари мансабрасида, дигаре лагандбардори косалес. Табиати санъаткор онҳоро аз ҳама тараф муқобили ҳамдигар офаридааст. Танҳо нияту рафторашон ба ҳам маъқул, нияти ифлоси онҳо чанд нафар занҳоро бадном кард. Яке худро кушт. Навбат ба Заррина расида буд. Биё, деҳаи азизам, беҳтараш ин воқеаро аз аввалаш ёд оварем.

Синни сардори бригада Бону-апа аз шаст гузашта, пойҳояш аз роҳгардии бисёр вараму андаке мелангидагӣ ва худаш хаставу бемадор шуда буд. Ў ҳар гоҳ, ки ба идораи правленияи колхоз ояд, албатта, бо раис Бойҷонов арбада мекард.

— Дигар мадорам намондааст. Монда шудам, мефаҳмӣ раис, монда. Як занак кор кунад, ҳамин қадар кор мекардагист-дия. Ба ман ин вазифаро мўҳру васиқа карда додагӣ не-ку? Ҷавонҳо ҳастанд. Бигузор, онҳо кор кунанд.

— Сабр кун, Бону, -раис гарчанде даҳ сол аз бригадир хурд бошад ҳам, ба вай «ту» гуфта муроҷиат мекард. -Мо аввало ягон касро ёбем. Замонаро худат медонӣ. Бо ин чорта маҷрўҳу бевазанҳои ҳавоӣ чӣ кор карда мешавад?

Қаҳри Бону –апа дурусттар омад. Ў сўи раис сахт шўрид «Бо ин чорта маҷрўҳу бевазанҳои ҳавоӣ чӣ кор карда мешавад, мегўяд? Ў ноодаме! Бевазанҳо акнун ҳавоӣ шудаанд-дия?! Кўрнамакӣ ҳам ба ҳисобаш. Магар ҳамин «ҳавоиҳо» аробаи хоҷагиро накашида истодаанд? Шукр кун, ки онҳо кор мекунанду ту дар аспи тавила тоқӣ сари қош монда мегардӣ. Ба ҳар ҳол худат эҳтиёт бош. Ҳа, боз мабодо зани худат ҳавоӣ нашавад», -гуфту дарро ба шаст пўшида баромада рафт. Раис бошад, хост ба воситаи Ҳодӣ-пучуқ, ки тез сўи идора меомад, Бонуапаро аз роҳаш гардонаду адабашро диҳад. Вале инро ба худ муносиб надонист.

— Ҳа, рафиқ Бойҷонов, тинҷӣ-мӣ,таъбатон хираю ҳавосатон парешон? Ин қадар суп-сурх шуда рафтед. Ё саломатиатон мазаш не? — пурсид Ҳодӣ пучуқ баъди ба идора даромада бо раис салому алейк кардан.

— Аз даҳонат шамол барад, Ҳодибой. Ҳа, боз касалии маро орзу карда истодаӣ ё дар ҷоям раис шуданиӣ?

— Не-я, раисҷон, худо нигоҳ дорад. Мо куҷою раисӣ куҷо! Ба худатон насиб кунаду аз сояи давлататон моро дур накунед, шуд. Бинам, ки табъатон сахт хира, пурсидам-дия. Аробакаш тавба кардааст. — Боз ҷанҷоли Бону. Дигар бригадирӣ намекунам мегўяд.

— Хайр, накунад не-дия. Нон бошад нонхўр садто. Ба ҳамин ҳам диққат шудед. Шикамаш сер шуддия. Аслан, хафа нашавед-ку, айби шумо ҳам калон, раис. Аввалҳо таъриф карда, таъриф карда, фўкашро ба осмони ҳафтум баровардед.

— Таъриф кунӣ кор мекунад-дия, содда. Лўлия хараша об деҳу пулаша гир.

— Э, раисҷон, занака худаш чӣ ки, кораш бошад. Худо ба шумо қувват диҳад. Маслиҳату кордонии шумо набошад, бо умеди онҳо...

— Мо худамоя таъриф намекунем-дия, Ҳодибой. Хайрият, ту барин ҳақгўйҳо ҳастанд.

— Ҳа, дар воқеъ, медонед чӣ, раис. Ман ҳам бо ҳамин мақсад наздатон даромадам. Аз рўзе, ки масъалаи ҷанҷоли Бонуя гуфтед, одам мекобам. Дирўз ба ҷои ин кўрнамак ман як одами дигарро ёфтам. Агар хоҳед...

— Чаро нахоҳам? Ман аз афту башараи ин лаънатӣ кайҳо безор шудагӣ. Лекин аз одам наёфтана маҷбур гирифта гаштем.

— Раис, агар ман ёфтагиро, хоҳ бо зорӣ, хоҳ бо зўрӣ сардори бригада таъин кунед, донед, ки давр-даври шумо мешавад. Ҳам кор пеш мераваду ҳам...

— Ҳам чӣ?

— Э, раисҷон, он тарафашро худатон мефаҳмедку?

— Гапат аниқ бошад, канӣ гўй чӣ, фаҳмида тезтар аз ин пирсаги лаънатӣ халос шавам.

—Зани Қобилҷон, раис.

— Заррина?!

— Ҳа, худи худаш, раисҷон.

— Э, ман ба ту қоил, Ҳодибой!

— Беҳуда нону намакатонро хўрда гаштем чӣ, Раисбобо? Мушкилатонро, дўст шуда, дар ҳамин рўзҳо осон накунем..

— Дуруст-куя, Ҳодибой, рафту розӣ нашавад чӣ?

— Шумо раиси колхоз, падари халқ. Як кори падарона карда худи пагоҳ ба хонааш равед. Ба ҳавлии вай Оишахола ҳаст-ку, модари Салимҷон, ана ҳамон кўчида омадагӣ. Аввало хуб аҳволпурсӣ кунед. Аз Қобилҷону Салимҷон хату хабар буданашро фаҳмед. Ойишахоларо таъриф намуда «хуб кардед, ки ба ин ҷо кўчида омадед, гўед. Баъд мақсадро баён кунед. Худатон медонед, раисҷон, ки аз занҳо дида одами камақл нест. Беҳуда нагуфтаанд, ки агар занака биниаш набошад, саргини харро.. Домани ўро бо чормағзи пуч пур кардед, донед, ки кор пухт.

Раис «маслиҳат»-и Ҳоди пучуқро писанд дида, аз ҷояш хест. Назди ў омада офарин, ман қоил, ин хел маслиҳатро ҳатто падари кас намедиҳад гўён тап-тап ба китфаш зад.

— Лекин Ҳодибой, ба фикрам, ба хонааш рафтан шарт набудагист. Ҳар кӣ ҳар хел фикр карданаш мумкин. Беҳтараш худат рафта Оишаро ба идора ҷеғ зада биёрӣ чӣ?

— Номи идораро шунавида талхакаф нашавад, ки ба бало монам.

— Ба мулоимӣ фаҳмонидан даркор. Раис як маслиҳат доранд гуфта. Агар хоҳад ҳамроҳи Заррина биёяд.

Ҳодӣ-пучуқ фаҳмид, ки баъди шунавидани таърифи Заррина раис дигар сабру тоқат надорад, «хуб раисбобо» гўён баромада рафт...

Пагоҳии рўзи дигар, баробари кўфта шудани дарвоза Заррина бо андешаи он ки Турдӣ-бобои қосид шояд боз хат оварда бошад, бастани рўймоли сарашро ҳам фаромўш карда, он сў шитофт. Ў табақи дарро кушода дар рў ба рўяш посбони идораи колхоз Ҳодӣпучуқро дида, аввал андаке саросема шуд. Баъд худро ба даст гирифта:

— Биёед, амак, марҳамат, -гўён ба канор истода ба ў роҳ дод. Ҳодӣ-пучуқ рўи Зарринаро бори дигар дар танҳоӣ дида қариб буд оби даҳонаш равад. Вай аз қадду қомати ў чашм наканда, вориди ҳавлӣ гашт. Оиша-хола «Заррина, вай кӣ будааст» гўён Додоҷонро бардошта аз хона берун баромад. — Ҳодибой, э, пои қадаматон нури дида, канӣ аз хона дароед.— Оиша-хола бо имое ба Заррина фармуд, ки кўрпачаҳои хонаро ба тартиб орад.

— Мебахшед-дия, ҳоло хона рўбучин кардагӣ не.

— Ҳеҷ гап не, ташвиш накашед, ман... Ҳоди пучуқ боз як маротибаи дигар аз паси Заррина нигоҳ карда, сипас аз пешгаҳ, аз болои кўрпачаи рангаш парида, ки назар ба дигар кўрпачаҳо навтар ба шумор мерафт, гузашт. Гузашту то ба хона даромада омадани Оишахола:

— Бай-бай, аз гуфтагиам ҳам зиёд будааст-ку. Моли тоза ҳама вақт тоза-дия. Шавҳар карда, кўдакдор шуда бошад ҳам, духтар барин. Тоза кушода шуда рафтааст, гул шаву раве, -гўён аз дил гузаронд.

Оиша-хола дастурхон паҳн карда, ба рўи он ба лаълӣ нони обаш андаке гурехтагӣ, камакак мавизи кўҳна гирифта, худ аз пойгаҳ нишаст. Хола нонро пора карда истода, сўи даҳлез:

— Заррина, чой ҷўшид-мӣ, дам карда биё, -гуфт.

— Ҳоҷат не, Оиша-хола, чой бошад боз ягон вақти дигар мехўрем.

— Раисамон, Мирсодиқҷон, ҷудо ҳам одами сағиру кабир, бечора параст-дия. Фиристоданд, ки аҳволашонро хабар гирифта биё. Барои ҳамин як сари қадам шумоёнро бинам гуфта омадам. Баъд... Ҳодӣ-пучуқ хост, ки мақсадашро якбора, бе шаф-шаф гўяду монад. Вале чойники чой дар даст хона даромада омадани Зарринаро дида, худдорӣ намуд. Заррина чойникро назди Оиша-хола гузошта худаш Додоҷонро бардошта берун рафт.

— Баъд боз таъин карданд, ки –суханашро давом дод Ҳодӣ пучуқ, -шумо ҳамроҳи Зарина як сари қадам ба идора равед будааст.

— Ҳа, тинҷи-мӣ? — пурсид Оиша-хола.

— Намедонам, ягон маслиҳат доштагӣ барин.

— Маслиҳат!? Бо кӣ маслиҳат мекарданд?

— Бо кӣ мешуд, бо шумо, бо Заррина –дия.

— Бо мо маслиҳат мекарданд!? Аҷоиб! Дар бораи

чӣ бошад?! — Ман надонам. Раис, гумон мекунед, ба мо дарди дилашонро мегўянд. Ман як одами оддӣ бошам. Ҳамааш шуда қаровул. Рав, фалон корро кун гуфта фармон диҳанд, диде, ки сарамро гўсфанд барин хам карда рафта истодам.

— Кори худатон маъқул. Ҳодибой. Калонҳо ба каллаи худашон кор кунанд, беҳтар. Маслиҳати бисёр ҳам намешавад. Баъзе одамҳо ҳастанд, ки маслиҳат медиҳам гуфта ақли калонҳоя медузданд, онҳоро ба роҳи бад тела мекунанд.

— Мо ин хел не-куя, Оишахон, Ҳодӣ –пучуқ мисли девори намкаш суп-сурх шуд, вале сипоҳиро аз даст надода лаҷоми гапро ба дигар тараф гардонд:

— Албатта равед-а, Оишахон. Наравед, феъли раис мебиёяд. Баъд дидед, ки боз мо дар бало мондагӣ: «Ту, муттаҳам, ба хаёлам, рафта аз аҳволашон хабар нагирифтӣ, чӣ даркор, чӣ не, гуфта напурсидӣ. Набошад онҳо меомаданд» гуфта ҷанг мекунанд.

Дар ин лаҳзаҳо рафтор, гапзании Ҳодӣ –пучуқ хостгорзанҳоеро мемонд, ки ба хонаи соҳибдухтар рафта то маслиҳатро пазондан сад росту дурўғ мегўянд.

Раис Оишахолаю Зарринаро бисёр интизор нашуд. Онҳоро хуш қабул намуда, аҳволпурсӣ кард. Баъд ба ҷояш гузашта нишасту:

— Ҳоло якҷоя зиндагӣ мекунем гўед? — пурсид чойро дам кашида истода.— Бисёр нағз, бисёр кори хуб кардед. Заррина ҳам боодоб барин менамояд.

— Фарзанди одами нек-дия, хурд сағир монда бошад ҳам, ақлаш аз баъзе калонсолон беҳтар.

— Оишахон, мо ба як фикр омадем, намедонам шумо розӣ мешуда бошед ё не? Албатта, ҳоло ҳозир барои Заррина шумо ҳам падар, ҳам модар, барои мо ҳам духтарамон барин. Боварӣ ҳаст, ки вай аз гапи задаю хатти кашидаатон берун намебарояд.

— Вай чӣ хел фикр будааст? Худаш тинҷӣ-мӣ?

— Худатон медонед, Оишахон, ки мо ҳамеша бо нияти нек ба даргоҳи одамон медароем.

— Илоҳӣ ҳамин тавр шавад. — Барои ҳамин, маслиҳат кардем, ки розигии шумо, худи Зарринаро гирифта, ўро сардори бригад таъин кунем. Ҷавон, бораш вазнин не, камакак кор карда диҳад, ба фикрам бад нашавад даркор?

— Бригад гуфтед!? — Оиша-хола чанд сония хомўш истода сипас:

— Кори бад не-куя. Лекин Заррина боз ҷавонӣ накунад. Дўст ҳаст, душман ҳаст. Сонӣ, вай зани аскар. Барои ман амонат. Амонат нигоҳдориро худатон медонед, додарам. Ягон гапи зиёдатӣ шавад, фардо шавҳараш ояд, чӣ ҷавоб медиҳам.

— Ғайр аз шумо, Оишахон, дар деҳаамон ҳама зани аскар шудагӣ, -шўхӣ карданӣ шуд раис.

— Мо акнун ба кӣ даркор? Ду поям ба лаби гўр расидааст. Номи неки ҷавонҳо бад нашавад мегўям. Дар деҳа баъзе ҳаромхо пайдо шудагӣ мегўянд. Барои ҳамин.

— Ба ҳаромҳо кори шумо набошад. Як касро надоштаю надида номи деҳаро ин хел бад накунед. Барои воҳима одамро суд мекунанд, мефаҳмед, сиёсат намуд раис.

— Боз худаш медонад. Оиша-хола сўи Заррина нигоҳ карда:

— Худат ягон чиз гўй, духтарам, -гуфт.

Заррина дар паҳлўи хола нишаста, аз тасф лола гашта буд. Чашмони ҳамеша майли табассумашро аз рўи Додоҷон намеканд.

— Гап ҳамин Заррина, -раис якбора ба сари мақсад омад, -мо дар правления маслиҳат кардем. Лозим донистем, ки туро сардори бригад таъин кунем. Худат медонӣ, ки дар ин солу замона кор фармудани одамхо мушкил шуда монд. Бечора Бону-апа хуб хизмат кард. Одам, ки аз шаст гузашт, пир шуда мемондааст. Кадом рўз ба идора омада бисёр илтимосу илтиҷо намуд. «Монда шудам, ба нағзӣ аз бригадирӣ нагиред, партофта меравам» гуфт. Фикр карда бинам дар ҳақиқат мушкил. Ту бошӣ, духтарам, ҳоло ҷавон. Албатта, ту кори деҳқониро накардӣ, азоб мекашам гуфта фикр мекунӣ. Аз ин тарафаш ғам нахур. Одам надонистагиашро мепурсад. Мулло ҳам пурсида-пурсида мулло шудагӣ. Ёриву маслиҳати мо даркор шуда монад, ба ҷону дил, дареғ намедорем.

Заррина дасти Додоҷонро бозӣ доронда, бозӣ доронда фикр мекард, ки ба раис чӣ ҷавоб диҳад. Агар «ҳа» гўяд замона нотинҷ. Агар «не» гўяд, раис як одами калон, роҳбари деҳа, одамгарӣ, ҳурмат аз ин зиёд намешавад. Сонӣ ба фронт сару либос, хўрок даркор. Дар фронт шавҳари азизаш меҷангад.

— Ман ҳоло ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Фикр кунам, баъд ҷавобашро медиҳам.

Раис ба ин фикр розӣ шуд ва «майлаш духтарам, нағзакак фикр кун, маслиҳати Оишахонро гир» гўён аз ҷой хест. Онҳоро то таги дар гусел намуд. Баъд гашта ба идорааш даромада аз хурсандӣ ду кафи дасташро ба ҳам зада молиш доду роҳравон «ба фикрам кор пухт. Дилаш кашол барин. Агар хоҳиш намедошт, пўсткандаи гапро мегуфту мемонд. «Ҳодибой, қанд зан, заршиносиатро исбот кардӣ. Ман қоил». Бойҷонов дар ҳамин фикр буд, ки Ҳодӣ-пучуқ бе пўшт-пўшт даромад:

— Шер ё рўбоҳ, раисҷон? — Баъд чеҳраи кушодаи Бойҷоновро дида:

— Маълум, маълум, кор пухтагӣ барин. Хайр, барори кори ҳар бандаи мўминро диҳад, -даст бардошта дуо кард ў.

— Барори кори раисро гўӣ, кам мешавӣ?

— Шумо ҳам, раисҷон, иншоолоҳ мусулмон, яъне бандаи мўъмин-ку? Барои ҳамин ман махсус шуморо номбар накардам, ки «девор муш дораду муш гўш». Эҳтиёт чизи хуб-дия, раисҷон.

— Албатта, албатта. — Ҳодӣ-пучуқ пеш-пеш, раис аз қафо баромада ҳар яке аз паи кори худ шуданд.

Заррина он рўз шабро чӣ тавр гузаронд, худаш ҳам намедонад. Фикрҳои гуногун майнаи ўро азоб медоданд. «Чӣ бояд кард?» мепурсид аз худаш. Правленияи колхоз ба ў бовар кардааст. Дар ҳақиқат гапи раис дуруст. Солсоли ҷанг. Ба фронт мо бояд ёрдам расонем. Охир, ҷанг якумрӣ набудагист. Кобилҷон сиҳат саломат баргашта ояд, аз кори ман хурсанд мешудагист Ё... Кӣ медонад?! Дили мардҳоро дониста намешавад.

Пагоҳӣ Заррина аз хоб барвақт хест. Гўё, ки ба ягон сафари дур тайёрӣ медида бошад, ҳавлиро тоза рўфта, об зад. Чунон тоза, ки шир резад, лесида мешуд. Чой дам карда ба назди Оиша-хола оварда монд. Сари дастурхон ў ба модар мақсадашро гуфт.

— Бисёр фикри оқилона, бачем. Одамҳои қадим «ғарӣ номус, дуздӣ номус, бечорагӣ номус не» гуфтаанд. Баромада бамаънӣ шуда кор кунӣ, обрўи худат. Бонуҷонро бин. Ҳамин қадар сол боз халқ қатӣ кор мекунад. Ягон бор кас овози баландашро нашунавидааст. Гиру монаша мардҳо ҳавас мекунанд. То дар таги ор монда мурдана духтарам, таги корба монда мурдан сад бор бехтар. Кори ту беҳуда намеравад. Қобилҷону Салимҷон дар аскарӣ. Ба онҳо мефиристонанд. Майлаш духтарам, рав, ба раис розигиатро гўй...

.. Бригадаи Заррина андаке майдони ток, ғаллаи лалмӣ, каму беш сабзавот, юнучқа, пиёзи тухмӣ дошт. Дар он солҳо ин барои як бригада замини бисёр ба шумор мерафт. Дар тамоми колхоз як ҷуфти гов буд. Одамон заминро бо каланд канда, ҷаву гандум мекориданд. Мардум он солҳо мондашавиро намедонистанд. Рўз бо кор гузарад, шаб бо ёди фарзанд, шавҳар, хешу табори дар фронт буда мегузашт.

Ҳаво якбора сахт гарм, токпарварон серкор шуданд. Токро саросар аз таги хок кушодан, буридан, каланд кардан даркор буд. Аз вақташ гузарад хок лесида, навдаҳояшон сип-сиёҳ шуда, ҳосил талаф меёфт.

Вақт мегузашт. Заррина вазъияти токзорро дида, хун мехўрд. Чӣ бояд кард? Дуруст аст, ки «бригад нав, бечора ба ҷавонию вазнинии шароиташ нигоҳ накарда, кори душворро ба ўҳда гирифт» гўён пиру барно ба саҳро мебаромаданд. Вале магар бо ин қувваи мавҷуда ин қадар майдонро дар мўҳлати кўтоҳдаҳ-понздаҳ рўз, аз даст баровардан мумкин аст? Солҳои пеш дигар буд. Баҳор мисли имсола гарм наомада буд.

Заррина пагоҳии барвақт роҳи участкаи Боғи Миёнаро пеш гирифт. Ў аз даруни токзори каб-кабуд ревоҷ бароварда гузашта сари хирманҷо рафт. Димоғаш сўхтагӣ буд. Ток ҳосил ҷудо кардаасту аммо то ҳол навдаҳояш набуридагӣ. Дар вақти каланд бошад, ними ҳосил рехтанаш мумкин. Назди кӣ равад, аз кӣ ёрдам пурсад? Ба ҳар ҳол бо раис маслиҳат кардан даркор. Аз вазъият ў бохабар. Аммо то бача гиря накунад, модараш шир намедиҳад-ку.

— Гапат дуруст, Заррина, токро тез бурида, то нимаи аввали моҳи апрел аз каланд баровардан даркор. Инро худи мо ҳам медонем. Вале канӣ ҳамон қувва? Ҳа, канӣ. Худат фикр кун чӣ? Мо ҳамин хел қувва дорем ё не?

— Не, албатта.

— Офарин, худат шароитро панҷ панҷа барин дониста истодаӣ. Лекин, -раис овозашро паст карда, барои ту шуда ягон илоҷ ёфтан мумкин. Мо метавонем чор-панҷ рўз аз бригадаҳои чоруму шашум ба ту ёрдамчӣ фиристонем. То картошкашинонӣ ҳоло вақт ҳаст.

— Барои ман бошад, лозим не, раис. Ман барои кори ҷамъият мегўям.

— Мефаҳмам. Ўббо, одам ин хел нашудааст-дия, Заррина. Мо баъзан байни худ бо шўхӣ гап мезанем. Даррав хафа шудан мегирӣ?

Раис гап мезаду аз чӣ бошад, ки овозаш, аъзои баданаш меларзид. Рафтори ў навошиқеро мемонд, ки ба маҳбубаш тарсида-тарсида чизе мегўяд.

— Сонӣ қарсақ аз ду тараф-дия. Хоҳӣ дар як ҳафта тамоми токзоратро аз даст мебарорем. Ин ба ману ту вобаста. Ба шарте, ки ин хел гап нагардонида, номус накарда, тез-тез ба ин ҷо омада истӣ. Ба нағзи мо бо нағзӣ ҷавоб диҳӣ.

— Аз дасти ман ҳоло ҳеҷ гуна нағзӣ намеояд-дия, раис. — Аз дасти ту! Э, Зарринае, Зарринае, -раис ҳирҳир хандида, аз ҷояш хест. Чанд қадам майда қадам партофта назди дар рафт ва чанд сония хомўш истода фаҳмид, ки аз берун шарфаи пой шунавида мешавад ё не. Сонӣ бо дили пур, ба назди Заррина омада, хост оҳиста ду дасташро ба китфони ў монда, фаҳмад. Фаҳмад, ки муқобилият нишон медиҳад ё не. Агар мисли гўсфанди даштӣ рамад, эҳтиёт кардан даркор. Вале андеша кард. Аз рўзи аввал хуб не. Худо накарда банохост ягон кас ба идора даромада монад, шармандагӣ.

— Нағзӣ намеояд мегўӣ. Ту хоҳӣ мо як умр бо ҳамдигар дўст шуда мегардем. Ҳа, Заррина, чунон мегардем, ки ягон кас намефаҳмад. Падару духтар барин, -гуфт рў ба рўи бригад нишаста дастонашро номаълум ба дастони Заррина, ки болои мизи кўҳнаи луччак меистод, монд.

Заррина гўё, ки дасташ ба оби ҷўш ё қувваи барқ расида бошад, шартӣ кашида гирифт.

— Ҳа, раис, навигарӣ-ку? Падариатон ҳамин-мӣ? Шумо маро ба ҷои кӣ гумон кардед? Шарм намедоред? Ман ба духтаратон баробар!

Заррина ба ҷаҳл аз ҷояш хест, тамоми вуҷудаш меларзид. Рухсораш аз тасф анор гашта буд. Вай аз қаҳр ҳатто хараки нишастаашро чӣ хел чаппа кард, надониста монд. Аммо ба ин эътибор надода чанд қадам монда, назди баромадгоҳ рафту «Ёрдаматон саратонро хўрад, шумо бевиҷдонро. Садқаи номи раисӣ-падари халқ шавед» гуфта дарро чунон кушода сахт пўшид, ки вай тараққос зада аз нав нимроғ шуд.

Раис дар ҷояш карахт шуда менишаст. Вай аз рафтораш сад пушаймон буд. Ҳамин вақт Ҳодӣ-пучуқ ҳир-ҳир хандида даромада омад. Вай ба пурсишҳояш алами ҷўраашро тоза кард:

— Ҳа, раис, тан надод мӣ? Хайр, ҳеҷ гап не, мо бошему вай ром нашавад. Ин хел бедонаҳоро чандтоаш мехондагию ром шуд. Ҳамин тавр не, раис? Боз дидед, ки чӣ тавр худаш ба даруни остинатон даромадааст, надониста мондед. Ҳар сухани Ҳодӣ пучуқ барои раис дилбардорӣ не, балки тире буд, ки синаашро сўрох мекард.

— Баро, аз идора баро гуфтам, баро, — якбора кафид Бойҷонов. — Ба болои сўхта намакоб, маро масхара мекунӣ-а, муттаҳам. Одами ёфтагиатро дидӣ? Ҳама корро расво кард. Дигар бригадирӣ накунад, мардум чӣ мегўянд, а? Ҷавоб деҳ!? — Раис аз ҷояш хеста ба Ҳодӣпучуқ наздик шуд. Ҳатто аз қаҳр аз гиребони ҷомаи кампахтаи сиёҳи ранггаштаи ў дошта, як шипонда монд.

пешина
аз 29
навбатӣ