Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
Зани аскар
(Қисса)
Эй деҳаи баландкўҳу хушманзар. Бунафшаи накўноми ман. Биё, қиссаро ёд орем. Бунафшаи аламдида ва шодиҳои ғалаба чашидаи ман! Имдодам кун, ки саҳв нашавад. Ту, ки ҳама ин воқеаро дидаю шунавида ва ба дўши худ бардоштаӣ, онро аз ман хубтар медонӣ. Воқеан, вай ба хаёлам, ҳамин тавр оғоз ёфта буд...
— Заррина!
— Лаббай, модарҷон.
— Ту, духтарам, мабодо аз ман натарсӣ?
— Аз шумо? Чиҳо мегўед? Кадом фарзанд аз модари худ тарсидааст?
— Як ба хаёл рафтам-да, бачем. Сабил монад ин беморӣ...
Зебо-хола чанд моҳ аст, ки сар ба бистар мондааст ва ба дил меандешад, ки аз беморӣ хестанаш гумон аст. Вагарна ин субҳ ба духтари яккаву ягонааш чунин савол намедод. Сонӣ дилаш об ҷуст, оби хунук.
— Оби хунук дилатонро мекобад, модарҷон, хоҳиши ўро рад кард Зарина, -чанд рўз боз таом нахўрдаед?Чои гарм монам, мағзу нон қатӣ хўред, дармон мешавад.
Модар хоҳиши аввалро такрор кард. Духтараш об овард. Қулте нўшиду магар каме рўҳ гирифт, ки илова кард: акнун ман нағз бачаякам, дилам каме равшан шуд.
Инро гуфта гўё андаке роҳат карда бошад, номаълум чашм пўшид. Зарина хотирҷамъ шуда, ба саришта кардани хона пардохт. Зебо-хола баъди соате чашм кушод ва бо нигоҳи хира ба шифти хона, болору вассаҳо, дари яктабақаи даромад нигоҳ кардан гирифт. Лабонаш парида суханҳои берабт мегуфтанд: «ана омад, ҳозир ҷонамро мегирад, дафъ шаве, азроил ба ҷонам раҳм кун, духтаракам танҳо намонад». Зарина аз рафтори модар хайрон мешуд. Намефаҳмид, ки вай чӣ мегўяд, бо кӣ гапзанон мекунад. Зебо-хола баъди сонияе чанд гўё андаке нағз шуд. Ў дастони нарму мулоими духтарашро, ки ба сараш гузошта буд, дошта ба худ наздиктар овард. Заррина дарҳол рў ба рўи модар монда бўсид: «шукр, анча беҳтар шудед»-гуфт. Ба ҷои ҷавоб аз чашмони пиразан ашк рехт. Вай ба бемадориаш нигоҳ накарда, ҳаракат намуд нимхез шавад, натавонист ва боз бо овози паст нидо кард:
— Заррина!
— Лаббай, модарҷон!
— Духтарам, -боз такрор кард модар, -ҳа, ту аз гапҳои ман натарс. Модарам хайрбод мекунад гуфта худатро гум накун. Ту акнун калон шудаӣ, ҳама гапро мефаҳмӣ. Одаму нафас мегўянд. Аз дасти марг халосӣ набудааст, бачекам.
— Ин тавр нагўед, модарҷон. Ҳоло шумо ба сад медароед. Маро танҳо партофта куҷо меравед?
—Не, намемонам, намемонам!!!
Зебо-хола муддате ба чашмони духтараш нигоҳ карда оҳи пурдарде аз сина кашид ва акнун бо оҳанги ҷиддӣ гуфт:
— Ту ин қадар ғусса махўр, духтарам. Ба гапҳои ман бодиққат гўш деҳ. Медонӣ, духтарам, туро ман ба Қобилҷон дар вақташ гаҳворабахш карда, нон шикастагӣ. Ўро медонӣ-а, писари тағои худат. Чунон ки мегўянд, азони худ хор шуда, ба дида нахалидааст. Баъди сарам ба гапи дўсту душман даромада арвоҳи маро нотинҷ накун. Гапа мефаҳмӣ?
Дили Заррина аз гапҳои модар якбора аз ғусса лабрез шуд. Вай фиқ-фиқ гирист. Фаҳмид, ки модар васият мекунад.
Зебо-хола дастони худро дароз карда зери болишт ишора намуд. Заррина ба ишораи модар сарфаҳм рафт ва аз он ҷо латтапечеро берун овард.
— Ин камакак пул, фаҳмонд модар бо овози ларзон, -эҳтиёт кун, даркор мешавад. Акнун хез, рафта Шарафбону очаатро гуфта биё.
Заррина «хуб» гўён аз ҷой хесту пешгаҳи хона рафта сарпўши сандуқи чўбини дар таҳмон истодаро кушода, латтапечро баҷо кард ва роҳи хонаи ҳамсоязанро пеш гирифт.
— Тинҷӣ.. модарат читу? — Шуморо пурсида истодаанд.
— Маро!? — Шарафбонуи ҳаётдида чизеро пай бурдагӣ барин саросема шуд.
— Ту рав, ҷони оча, ман ҳозир меоям.
Заррина баргашта модарро хобида дид. Ба дилаш ваҳм ҷо шуд. Кафи дасти худро ба пешонаи модар гузошта, як-ду бор оҳиста-оҳиста «модарҷон», «модарҷон» гўён овоз баровард. Хам шуда рўй ба рўй монд. Ё худоё, маро шармандаю даҳонамро талх накун. Ҳамин қадар азобам бас набуд, ки боз танҳо мегузорӣ. Заррина мисли шахси хунукхўрда меларзид, намедонист чӣ кор кунад. Дасту по хўрда монд.
— Модарҷон!!! — Якбора бо тамоми овозаш дод гуфт ў, —рўзама сиёҳ кардед, модарҷон! Ғами мани танҳоя нахўрдед, модарҷон! Бепадар будам, тамоман сағир шудам, модарҷон!
Доду фиғони Заррина ҳамсояҳои дуру наздикро ба ҳавлии Зебо-хола овард. Одил-тағои рўи гарми хоҳарашро надида ҳам бо дарду алам месўхт. Вай бо тамоми овозаш апаҷон, нишони модарам, апаҷон, гўён мегирист.
Одамон рўйканию мўйкании Зарринаро дида, баробари ў ашк мерехтанд. «Худо раҳмат кунад, аҷаб одам буд-дия, раҳматӣ» гуфта афсўс мехўрданд. Дар ин лаҳза занҳои деҳа пушту паноҳи Заррина буданд. Вайро дилдорӣ медоданд. «Дами аз даст рафта дигар намеояд. Дар ин дунё на шоҳ мемонад, на гадо. Аз бобою бобокалонамон мондагӣ мерос. Одам ҳазор сол гардад ҳам, мемирад», -мегуфтанд.
Деҳа Зебо-холаро бо иззату икром гўру чўб кард. Ҳамин тавр, дар хонаи Зебо-холаи раҳматӣ фақат Одилтағо, писараш Қобилҷон ва чор-панҷ нафар занҳои дигар монданду бас.
Ду-се рўз нагузашта онҳо ҳам рафтанд. Одилтағо ҳар гоҳ, ки ба ҳавлии хоҳараш ояд, Зарринаро насиҳатҳо мекард: «мурдани падару модар дар назди фарзанд мерос. Шукр кун, ки ту будию модаратро сару бар шудӣ ва имрўз чароғи хонаашро дар гиронда нишастаӣ. Агар падару модар доғи фарзанд бинад, инаш дарди бедармон аст. Акнун зиқ шуда, худро обу адо кардан фоида надорад. Фардо ту ҳам бемор шавӣ, баъд кӣ ба ҳолат нигоҳ мекунад? Ғаму андўҳ одамро тез аз по меғалтонад».
Одил-тағо дили ҷиянашро пур мекард, ки то ў ҳаст, ба пояш хоре намехалад. Ў ин суханҳоро ба Заррина гуфтаву ўро дилбардорӣ карда, дар айни ҳол ба худ меандешид: «Заррина калонакак шуда мондааст. Дўст ҳаст, душман ҳаст. Махсусан шабона танҳо хоб кардани ў хавфнок аст. Ҳамин, ки чилу иди хоҳарам гузашт, дар зиндагиам сари Қобилҷонро дуто карда, баъд бо хотири ҷамъ пойҳоямро дароз мекунам...»
Одил –тағо ба нияти некаш расид. Бо чашмонаш тўи писарашро дид, вале роҳати ўро надида, дере нагузашта аз олам чашм пўшид.
Модари пурбардорам Бунафша. Зиндагӣ аҷоиб будааст. Пастию баландиҳои вай танҳо ба ту маълум.
Раҳмат, ки ба ҳамааш сабру тоқат мекунию бо чашми умед ба фардо менигарӣ. Ёд дорӣ. Баъди чанд муддати ҳаёти ширин дидан Зарринаю Қобилҷон як умр аз ҳам ҷудо шуданд.
— Ёд дорам, фарзанди азиз, ёд дорам. Магар ин хел рўзҳо аз хотири ман мебарояд. Ҳаргиз. Арўсу домодии Зарринаю Қобилҷон як сол зиёдтар давом кард. Худо дар ин муддат ба хонааш файз бахшид. Гарму доғ фарзанддор шуданд. Заррина писарча таваллуд кард. Номашро ба хотири падар Додоҷон монданд. Вале тифл «додогўяк» нашуда Қобилҷонро ба аскарӣ, ба ҷанг гирифтанд.
— Сонӣ чӣ, модари зорам Бунафша.
— Баъд... баъд боз ҷанг тамом шуд. Бисёриҳо баргаштанд. Аммо аз Қобилҷон дарак набуд. Зарринаи дирўза бошад, имрўз «холаю оча» шудааст. Вай яке аз занҳои барўманди моён аст. Додоҷони рўи падарро сер надида имрўз падар гаштааст. Вай соҳиби нўҳ нафар фарзанд. Ба қавле хонаи Заррина-апа пури набера. Шукр дорад. Лекин як кунҷи дилаш, аниқтараш як гўшаи ҳавлиаш то ў зинда, холист.
Заррина-апа магар суханҳои неки ҳамсараш, насиҳатҳои ўро ба Додоҷони чор-панҷ моҳа, воқеаҳои мудҳиши он солҳоро аз хотир мебарорад.
— Ҳаргиз не. Инак, имрўз ҳам Заррина ба ҳуҷрааш даромада, ба расми дар девор мисли зиндаҳо овехта шудаи Қобилҷон, ки Додоҷон чанд сол пеш калон карда гиронда буд, чашмаш афтод. Чашмаш афтоду хаёлан боз парвози он солҳо кард...
...Қобилҷонро дар моҳи декабр ба аскарӣ гирифтанд. Заррина кўдакашро бардошта аз қафои шавҳараш то шаҳр рафт.
— Заррина, ба ин ҷойҳо омадани ту фоида надорад. Беҳтараш ба хона баргард. Додоҷонро эҳтиёт кун. Ана-мана нагуфта дидӣ, ки калонакаку дастёр шуда мемонад. Гард, баргашта рав!
Заррина ин суханҳоро гўё ки намешунавид.
Не, дурусттараш мешунавиду эътиборе намедод. Дар он лаҳза ба ў на хунукӣ таъсир мекард ва на суханҳои пандомези шавҳар. Ў Додоҷонро сахт ба оғўш кашида, аз рўи хунук хўрдаи баррааш мебўсид. Донаҳои калон-калони ашки модар ба рўи Додоҷон афтода, ўро як қад мепарронд. Қатраҳои ашки Заррина гўё Додоҷонро ҳушёр мекунонд. Бале, ҳамин тавр: «бедор шав, чашматро кушо, падаратро хайрбод гўй».
...Ҳа, деҳаи азизам, Бунафша. Ту ҳам он рўзи хайрбодро нағз ёд дорӣ, ёд. Ҷавонҳо аз кўчаҳои морпечат гузашта мерафтанд. Онҳоро боғҳои зебо, токзорҳои беканорат гусел мекарданд. Дарахтони урёни қад-қади роҳ ба шоху панҷаҳои худ барфи дирўз боридаро нигоҳ дошта сархам меистоданд. Онҳо ба боди сарди вазида истода хишир-хишир садо бароварда, гўё ба забон омада пичиррос мезаданд:
Хайр, эй Қобилҷон, хайр, эй ҷавонон! Сафаратон бе хатар бод. Ҳар яки шумо дар майдон мисли Рустами достон баору номус бошед. Барои шаъну шарафи авлодон, ҳифзи хонадону Бунафша барин модарон ҷангед. Шараф ва номуси занону модаронатон ба шумо вобаста аст. Бахту хандаи кўдакони бегуноҳ ҳам. Роҳи сафед, Қобилҷон. Роҳи сафед, фарзандони сарбаланди Бунафша.
Заррина писарчаашро ба дасти падар дод. Қобилҷон аз рўи Додоҷон бўсае зад:
— О-ҳо! Туф-туф чашм нарасад. Каппа-калон шудааст-ку? Қобилҷон ҳарчанд борҳо Додоҷони кўдакро дида бошад ҳам, ин дафъа ба назараш дигар хел менамуд. Дар симои вай марди хонадонро медид. Аз ин ҷиҳат:
— Канӣ, канӣ модарҷон гўй-о, бале. Илтимос ҷўра! Аз гапи модарат набаро, дастёр шав, хуб-мӣ?
Додоҷон гўё чизеро фаҳмида бошад, якбора «вағвағ»гиря бардошт. Инро дида Қобилҷон ҳам худашро дошта натавонист. Ва барои он ки ашки чашмони ўро завҷааш пай набарад, оби дидаашро бо парпечи писарчааш пок кард.
Деҳаи азизам, модари ҷон Бунафша, ту шоҳиди зиндаи он рўзҳоӣ. Ту таърихӣ. Дили васеъ дорӣ ту. Ба ҳамааш тоқат мекунӣ. Сухани некро ҳам мешунавию каломи бадро ҳам. Бо шодию ғами фарзандонат шарикӣ. Пас он лаҳзаҳоро ёд дорӣ?
— Фаромўш нахоҳам кард.
— Раҳмат ба ту, Бунафша. Охир, ту барои Заррина баъди сари Зебо-хола модар будӣ. Имрўз ҳам ятимон дар оғўши ту ба камол мерасанду ҳам кабирон. Фарқ танҳо дар як чиз. Яке дилшикаста, яъсу маъюс, дигаре парвои фалак надорад. Болу параш расо.
Қобилҷон гарчӣ падар шудааст, дилшикаста. Ў ҳам мисли Заррина ғайр аз ту дигар кӣ дорад? Аз ин ҷо бо Додоҷони чорпанҷ моҳа мисли калонсолон дарди дил мегўяд. Кош, модари ҷон Бунафша, кош Додоҷон чизе, бале ақаллан ягон ҳарфи сухани падарро мефаҳмид. Афсўс... Шояд дертар модараш Заррина ба ў саргузашти ин рўзҳоро чанд бор ҳикоя карда дода бошад, вале он рўз... Не, не, дигар ҳоҷати баён нест. Соати интизорӣ дар пункти даъваткунӣ он қадар тўл накашид. Ҷавонҳоро як-як ном гирифта ба болои аробаҳои кўҳна бароварданд. Қобилҷон охирон маротиба ба Заррина видоъ кард. Аз ду оринҷи завҷааш дошта «интизор шав, худатро, Додоҷонро эҳтиёт кун. Додоҷон бепадариашро ҳис накунад» гуфт. Баъди шунавидани ин суханҳо Заррина бо тамоми овозаш дод гуфт. Додоҷон ҳамон гиря мекард. Вақте ки чархакҳои ароба ба гардиш даромаданд, издиҳом баробар доду фиғон сар кард...
Заррина он рўз ба хона чӣ хел омад, худаш ҳам намедонад. Мондашавиашро баъди ба ҳавлӣ даромадан, сонӣ ҳис кард. Пойҳояш даруни кафш аз хунукӣ супсурх карахт шуда буданд. Дастони Додоҷони парпечро маҳкам доштааш дарақ-дарақ меларзид. Дарди ҷудоии рўзҳои аввал он қадар маълум набуд. Ба назараш чунин менамуд, ки Қобилҷон пагоҳ-фардо аз ҷанг баргашта меомада бошад.
Рўзҳо мегузаштанд. Рафта-рафта Заррина ҳисси ҷудоиро зиёдтар дарк мекард. Дар хона нишаста наметавонист. Дилаш бухс мекард. Касе гўё ўро аз хона меронд. Заррина кўдакашро ба даст гирифта берун, таги дар мебаромад. Роҳи ҳар раҳгузарро мепоид..
Не, деҳаи азизам, Бунафша, ман андаке саҳв кардам. Заррина роҳи ҳар раҳгузарро не, балки шахсеро мепоид, ки бори аввал чашм кушода дидааст. Ў мехост фаҳмад, ки Турдӣ-бобои қосид аз шавҳараш чӣ хушхабаре оварда бошад. Соатҳои дароз интизорӣ кашида, ноумедона ба хонааш бармегашт. Ҳамин, ки шарфаи по шуд, ё касе бо каси дигар дар кўча баландбаланд гап зад, давида омада аз роғи дар нигоҳ мекард. Дар як рўз ин ҳодиса на як бору ду бор такрор меёфт. Ба ин ҳама тоқат накарда, як сари қадам ба хонаи Турдӣбобо рафта фаҳмида меомад, вале бобо:
— Не, духтарам, ҳоло ҳеҷ гап не. Асло хавотир нашав, духтарам, иншооллоҳ ба пои Қобилҷони мо хор намезанад. Агар ягон хушхабар омада монад, ман онро аз ҳама пеш ба ту бурда мерасонам, -мегуфт.
Зимистон кўтоҳ омад. Вай ҳамагӣ дуним моҳ давом кард. Лекин зимистони кўтоҳи туф куну ях кун буд. Ҳар рўзи он барои Заррина мисли сол мегузашт. Дар як рўзи кўтоҳи зимистон чанд бор ба оташдон алови таппӣ карда, ба сандалӣ мегирифт. Эзорчаҳои Додоҷонро ки аз хунукӣ тез-тез тар мекард, шуста лаби пояи сандалӣ мегузошт, барфи рўи ҳавлиро бел мекард, мерўфт. Аз сойчаи деҳаашон, ки қариб сесад метр дурӣ дошту дар фасли сармо ях мебаст, рафта ба санги калон гурс-гурс зада, шикаста, сўрохии сатилдаро карда, оби дар дарунаш яхпораҳо дошта, ки пиёлаи чои наботдорро мемонд, гирифта меовард. Чой мемонд, барои ду кас дами гарм мепухт. Аммо ҳеҷ не ки рўз бегоҳ шавад.
Дар охири моҳи март якбора борони гарм борид. Вай дар як шабонарўз ҳамаи барфҳоро «хўрда», ҷомаи заминро аз танаш кашида гирифт. Танҳо каму беш дар сояҷойҳо ях ва дар пастхамиҳо барфҳои шамол ҷамъ карда монда буданду халос. Ёнаҳо, сари вотҳо кабуд шуданд. Ба бачаҳои деҳа худо дод. Онҳо ҳамин, ки ҳаво андаке мулоим шуд, роҳи саҳроро пеш мегиранд. Чилакбозӣ, зу-зу гўяк мекарданд. Бозиҳои давраи бачагӣ лаззати дигар дорад. Аз ёнаҳои токзор «туфлак-туфлак» гўён гулҳои нахустини баҳор-тағорашиканак, бойчечак меёфтанд. Онҳоро ба дари ҳар хонадон тўҳфа бурда, мужда аз омадани арўси сол расонида, сурудхонон чизе талаб мекарданд. Ҳар кас аз рўи бозёфти бечорагиаш ба бачаҳо як гард орд, як бурда нон, каме чўбдона ҳадя мекард. Навбат ҳамин, ки ба ҳавлии Заррина расид, бачаҳо дар охири сурудашон «Қобилҷон-ако то баҳори оянда сиҳат-саломат биёянд. Додоҷонро тўй кунанд, тўй хурем. Вай ҳам мо барин калон шавад, бойчечакгўяк шавад» мегуфтанд. Аз шодӣ сари баъзеи онҳоро сила карда, «аз забонакатон гардам» гўён ба онҳо ду каф орд медод.
Ёд дорӣ, деҳаи азизам. Бунафша! Пештар ту чӣ файзу шукўҳе доштӣ? Кўчаҳоят ҳамеша серодам, хушҳол буд. Имрўз чӣ? Ту ба тамом ҳуввас карда мондӣ. Дар кўчаю саҳроҳоят танҳо пирон, духтарони болиғ, занҳои бева мондаанд. Аз ҷумла Заррина.
— Заррина, духтарам, -гуфт рўзе бригадири колхоз Бону – апа ба ҳавлии ў омада, —дар хона зиқ шуда нишастан фоида надорад. Як сар бало сар гуфтаанд. Ба ту ҳам хўрданию пўшиданӣ даркор. Ба колхоз баромада кор кунӣ, зарар намебинӣ. Ба рўзи меҳнатат ҳақ мегирӣ, ҳар бегоҳ як банд алаф ё ҳезум гирифта мебиёрӣ. Заҳри одамро одам мебардорад. Кам бошад ҳам рўзона ба кор овора шуда ғами Қобилҷонро фаромўш мекунӣ. Сонӣ як гапи дигар ҳамин, ки ман ба Оиша-холаат гапзанон карда розигишонро гирифтам.Он касро, духтарам, худат нағз медонӣ. Бечора дар як ҳавлии калон як худашон, танҳо зиндагӣ мекунанд. Салимҷони он кас ҳам ба монанди Қобилҷон ба аскарӣ рафтагӣ. Дар ин солу замона, духтарам, аз танҳо ҳамроҳ доштан беҳтар. Дўст ҳаст, душман ҳаст. Ту арўси нав. Ба поят ягон насақро пайвастанашон мумкин. Ёри танҳо худо мегўянд, ҳамааш гап. Баъде, ки номат бад шуд, афсўс фоида надорад... Барои ҳамин, духтарам, агар розӣ бошӣ, ҳардуятон якҷоя дар ҳамин ҳавлии ту зиндагӣ мекунетон. Оиша-хола Додоҷонро нигаҳбонӣ кунад, дасти ту холӣ мешавад. Ҳам кори худатро саришта мекунӣ, ҳам ба кори колхоз мебароӣ.
— Раҳмат, Бону –апа, барои дилсўзӣ. Шумо, ки ҳама чизро мефаҳмед, ғами беваю бечораро мехўред. Ин хел насиҳат мекунед. Канӣ ҳамин тавр шавад-ку ман ҷон-чон мегўям. Бинед, апа, дирўз номи бечора Офтобхонро бад карданд. Касе шабона ба хонааш даромадааст мегўянд. Ба ҳар ҳол эҳтиёт-ними ҳаёт. Баъди ҳамин гапу калочаҳо, бовар кунед, шабона ягон дам мижа таҳ намекунам. Дилам ваҳм мекунад. Чароғро накушта то рўз пастакак карда мемонам...
— Бовар мекунам, мурам, бовар мекунам...
Заррина ҳамроҳи доимӣ пайдо кард. Ў Оишахоларо модар меномиду хола ўро духтари худ. Зиндагии якҷоя онҳоро наздиктар менамуд. Меҳр дар чашмдия. Додоҷон бошад, ягона шахсе буд, ки ғаму андўҳи ин ду занро сабук мекард. Вай аз даст ба даст мегашт. Намегузоштанд, ки пояш гард гирад. Забони ширини кўдаки навакак ба гап даромада ду нафарро мафтун мекард.
Пагоҳии барвақт Турдӣ-бобои қосид дари ҳавлии Зарринаро кўфт.
— Ман, ҳозир, -баробари шинохтани овози қосид Заррина берун баромад.
— Духтарам, шодиёна деҳ, хати Қобилҷону Салимҷонро овардам. Бобо даст-даст карда аз даруни халтаи латтагини сиёҳаш чанд мактубро берун овард. Сипас, бепарвоёна даст ба ҷебаки яктаҳи суфи сафеди аз чиркинӣ ё аз бисёр шуста пўшидан бошад, ки рангаш гашта буд, бурда айнаки кўҳна оинаҳояш зардча шударо гирифта, оҳиста ба чашмонаш монд. Аз ин рафтори бобо тоқати Заррина тоқ шуд. Вай хост ҳам шуда навиштаҳои рўи мактубҳоро хонад.
— Не духтарам, ман худам. Ташвиш накаш, ҳозир ёфта медиҳам, -ҳозир-гўён қосид аз паси айнак чашмонашро танг карда, ҳиҷҷа карда-ҳиҷҷа карда ному суроғаи чандтояшро хонда якбора «мана ёфтам» гўён ду мактубро ба Заррина дароз намуд.
— Раҳмат бобо дароед, як пиёла чой хўред,баъд меравед.
— Ягон вақт, ишоолоҳ, мехўрем. Қобилҷон сиҳатсаломат биёяд бо оши палав зиёфат мекунӣ, албатта.
— Аз нияти некатон гардам.
Заррина баъди рафтани бобо дарро оҳиста пўшида ба рўи хати Қобилҷон бори дигар нигарист, ба сари синааш зер карда бўсид.
— Модарҷон, хати Салимҷон акою...
— Канӣ, духтарам, худоё модарат доғатро набинад.
Оиша-хола баробари шунавидани муждаи нек гўё болу пар баровард. Ў мактуби писари азизашро чанд бор гаштаю баргашта бўсида баъд сўи Заррина дароз кард:
— Хон, тезтар хон, духтарам. Канӣ Салимҷони ман чиҳо гуфтааст. «Модари ба ҷон баробарам-навишта шуда буд баъди салому алейк ва аҳволпурсӣ-мо нағз, сиҳат саломат. Барои ҳар ваҷаб хоки Ватан мубориза давом дорад. Фашисти лаин ҷонсахт будааст. Хайр, ҳеҷ боке нест. Рўзе мешавад, ки ҷонаш ҳам мебарояд. Модарҷон, ман хати навиштаи шуморо гирифтам. Мактуб бо дасти кадом оқила навишта шудааст. Аз он бисёр чизҳоро фаҳмида гирифтам. Дар Тоҷикистони азизам баҳор ҳукмфармоӣ мекардааст, аммо дар ин ҷо ҳоло ҳаво хунук. Аз ҳама муҳимаш фаҳмидам, ки ба шумо ҳамроҳ пайдо шудааст. Акнун хотирам ҷамъ. Хайр, модарҷон, ҳамеша саломат бошед. Фарзанди ба дилу дида баробаратон Салимҷон».
— Шукр, сад шукр, ки писарам сиҳат саломат будааст. Илоҳи дар куҷо бошад, умраша дароз кунад, чашми душмана кўр кунад. Ҳа, духтарам, гўр хотирам шавад, напурсидам, хати ту ҳам расидааст-мӣ?Қобилҷон чиҳо навиштааст?
— Хондам, модарҷон, хондам. Нағз будиянд, ба шумо саломи бисёр гуфта фиристоданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё