Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
Муаллим аз паси пештахта, ки он ҷо лингаҳои пурбори сабзию пиёз, картошка, карами деҳқонон фароварда ғарам карда шуда буд, гузашта назди Мансур омад.
Баъд оҳиста аз оринҷи ҷўрааш дошта:
— Ҳа, Мансурҷон, мондаҳои зиндагӣ-гуфт.
— Э Исҳокҷон! Салом, салом! Чӣ хел омада мондӣ, ки ман надидам. Аз осмон афтидӣ ё аз таги замин баромадӣ? Шамоли куҷо парронд. Ҳа, боз ба шаҳрҳои мо? Ё ту ҳам барои фурўш картошка-партошка овардӣ? Зиндагӣ душвор шуда монд. Махсусан ба шумо барин муаллимҳо мушкил, — паси ҳам гап мезад ў.
— Туро кофта омадам, -бе шаф-шаф якбора шафтолу гуфт Исҳоқ.
— Маро?! Тинҷӣ –мӣ? Боз якбора чашмат ба ман парида монд. Мабодо-ку аз ту қарздор-парздор набудам, -гапро ба шўхӣ бурданӣ шуд Мансур. — Падарат касали вазнин. Ниҳоят вазнин. Об чаконида истодаанд. Азобашон сахт. Лекин кадом қуввае ҷони он касро дошта истодааст. Мегўянд, ки ҳамон қувва ту будаӣ. Зеро ҳамин, ки он кас каме ба худ омаданд нимшунавою нимфаҳмо номи туро гирифта: «Мансурҷони ман канӣ? Мансурҷони ман омад» гуфта мепурсанд. Барои ҳамин омадам, ки туро хабардор карда тезтар гирифта барам.
Хабари нохуш Мансурро ба таҳлуқа наафтонид, дар ҳайрат намонд. Баракс бепарвоёна:
— Ҳеҷ гап не, ҷўра. Одам касал мешавад, боз нағз мешавад. Табиати инсон ҳаво барин гап. Бин дар як рўз баъзан чанд бор ҳаво дигар мешавад. Як маротиба бинӣ димоғаш гирифтагӣ. Дафъаи дигар осмонро абри сиёҳ пахш мекунад. Лекин ҳар дафъа бориш намешавад-ку. Ё, гапам нодуруст? Ҳоло додои ман бақувват. Аз андак бемории он кас тарсида ба ҳамин қадар роҳ овора шуда омадӣ. Бемориашонро ман шунавида будам. Ду рўз пеш Саиди ҳамдеҳагиамон гуфта буд. Вай ҳам айнан мисли ту воҳима кард: «Дадот мемуранд. Дадот вазнин. Касалиашон андак-мундак не. Ёру дўст ҷамъ шуда нишастаанд. Албатта, рафтанат даркор. Наравӣ, баъд як умр пушаймон мешавӣ» гуфт. Маълум мешавад, ки ҳоло ҳам нағз будаанд. Э, ин мардум. Ин қадар воҳимачӣ. Одами сиҳатро хаёлашон, ки аз рўзаш пеш кушанд. То бурда ба хок супоридан бесаранҷом. Гўё, ки бемор ба онҳо вазнинӣ мекарда бошад. Гўё ки вай нону оши дигарҳоро мехўрда бошад. Хайр, худо дард медиҳад лозим шавад даъво мебахшад. Аз дасти инсон, ману ту, ҷўраҷон, ҳеҷ чиз намеояд. Мо, ҳама, тамошобини ҳамдигарем. Майлаш, ҷўра, модоме, ки овора шуда омадӣ, ман сухани туро ба замин намемонам. Лекин мебинӣ, Исҳоқҷон, ду линга картошкаи харидаам чор рўз ин ҷониб ба фурўш нарафта истодааст. Инро фурўхтан даркор. Баъд ба хона, ба келин як даҳон нагўӣ, намешавад. Барои ҳамин, агар корат зарур набошад, ист. Зарур бошад, майлаш ҷўраҷон, ба ту ҷавоб. Ту рафта ист. Дераш то пагоҳ ё фардо ман ҳам расида меравам. — Мансур, ту кала дорӣ ё не? Ё гапро намефаҳмӣ? Ба ту чӣ қиммат? Лингаи картошка ё дидори падар? Ман афсона не, ҳақиқати ҳолро гуфта истодаам. Агар мўйсафед вазнин намебуданд, ҳоҷати ба ин қадар роҳ оворагии ман набуд. Бечора модарат бо чашми гирёну ашки равон саҳарӣ ба хона омада буданд. Омада, илтиҷо намуданд, ки аз куҷо набошад туро кофта, ёфта гирифта барам. Мақсад, падарат дар азоб намонанд, дар зиндагиашон як бор чашм ба чашм афтетон. Ту бошӣ, ман дар гўям, девол гуфта, варсақихонӣ карда истодаӣ. Барои падари ман не, барои падари худат меравӣ, фаҳмидӣ. Он кас намебуданд, шояд ту ба дунё намеомадӣ. Аслан ту садқаи ҳамин хел падар шавӣ...
— Чаро тафсида рафтӣ, ҷўра. Охир, ман «намеравам» нагуфтаам-ку. Меравам, албатта меравам. Танҳо ҳозир не. Ба хона маслиҳат кардан даркор. Мумкин янгет ҳам равад.
— Ҳамин гапҳоро як тараф мон, Мансур! Янга, янга. Бар падари янгат лаънат. Вайро бурда чӣ кор мекунӣ?! Худатро бузбозӣ анохта шармандаи деҳа кардан чӣ? Нағз медонӣ, ки решаи ҳама касофатҳо ҳамин янга. Бе ҳамин ҳам падару модарат, зану бачаҳоят дар ғами ҷудоии ту сўхта гаштаанд. Ба мўйсафеди бемор ту, фарзанди ягона, лозим на занат. Мумкин он кас бо ту якумрӣ хайру хуш кунанд. Дидор ба қиёмат монад хуб нест.
— Исҳоқҷон, гапро нафаҳмида оташин нашав. Гуфтам-ку янгаатро напурсида ман рафта наметавонам. Ту бояд маро фаҳмӣ?
— Ҳоло ин тавр гўй. Шавҳар нашуда мур. Шавҳар ту не вай будааст-дия. Садқаи номи мардӣ шав. — Исҳоқ муаллим қариб буд як торсакӣ ба рўи ҷўрааш занад, вале худдорӣ намуд. Ҷои ҷамъиятӣ, мағал бардоштан аз рўи одоб не, андешид ў. Баъд худро ба даст гирифта:
— Худат медонӣ. Он кас падари ту. Равӣ, барои падарат меравӣ, ҷўра. Ман қарзамро адо намудам. Ба қавли Саъдӣ.
Муроди мо насиҳат буду гуфтем. Ҳаволат бар худо кардему рафтем. Исҳоқ муаллим бо ҷўрааш хайру хушро насия намуда тез аз наздаш дур шуд ва сари роҳи калонро пеш гирифт. Истгоҳ серодам буд. Барқасди ин автобусу сабукравҳои мусофиркаш пур шуда меомаданд. Баробари намоён гаштани нақлиёте гурўҳи мусофирон сўяш медавиданд, ба сабукравҳо даст мебардоштанд.
Худо мушкили Исҳоқ муаллимро осон намуд. Вай, ки ин аҳволро дида, зиқ шуда меистод, оҳашро гўё худо шунавид. Паси ҳам чанд сабукрав омада монд. Дар байнашон як тақсии холӣ ҳам буд. Муаллим ба ишорати даст ўро дошта дарашро кушода ба ронанда то «Автовокзал» мумкин гуфта пурсид.
— Шинед, -кўтоҳ ҷавоб дод ронанда.
Баъди қариб як километр роҳро тай намудан ронанда ба оинаи пеши мошин нигоҳ намуда, дар он симои Исҳоқро диду пурсид:
— Мабодо-ку Уротеппа намеравед?
— Аз куҷо донистед?— хайрон шуд муаллим.
— Мо, ронандахо, ҳамшаҳриҳои худро аз бўяшон мешиносем. Ба назарам гарм намудед. Гап ҳамин, ҳозир рост ба «Автовокзал» меравем. Шумо фаромада се нафар мусофир ёбед, тез меравем.
Дар сарои мошинҳо одам бисёр буд. Аз ин ҷиҳат баробари «Кӣ ба Уротеппа меравад» гуфта фарёд намудани Исҳоқ нафарони зиёд давида омада:
— Канӣ мошинатон, чӣ хел мошин, чанд нафар даркор?— гўён саволборон намуданд.
— Се кас бошад мешавад.
Сабукрав ба роҳ даромад. Дохили мошин хомўшӣ. Се нафар мусофири дар курсии оқиб нишаста аллакай чашм пўшида пинак мерафтанд. Кӣ медонад, онҳо аз куҷо омада истода бошанд. Шояд кўфтагии роҳ ё шабона дар мусофирӣ паи зиндагӣ шуда хоб накарданд. Аз ин ҷиҳат парвои фалак надоштанд: Мошин тез меравад ё суст. Ба куҷо омаданд. Дар роҳ онҳоро нозирон чанд бор нигоҳ доштанд.
Ронанда ҳам ба касе аҳамият надода, бо хаёли хеш ду чашм аз роҳ наканда бо суръати баланд мошин меронд. Танҳо Исҳоқ муаллим ба туғёни хаёлот гўтта задааст. Ўро чизе азоб медиҳад. Барои ҳамин ҳар замонҳар замон оҳи вазнин аз сина бароварда «ё тавба» гуфта мемонад.
— Вай намеравад. Аз гапзаниаш маълум. Кадом писар барои дидани падар рафтан бо занаш маслиҳат кардааст. Ҷавон нашуда мур. Аҳмақе аҳмақ. Ба номи мардҳо иснод овардӣ. Ман ҳам содда набошам худамро хору зор намуда, назди вай ба илтимос омадам. Нея, чиҳо гуфта истодаам. Ман барои вай не, барои Мазбутбобою ҳамсари он кас, рўйхотири онҳо омадам. Қарзи ҷўрагиамро адо намудам. Гумон намудам ин аҳмақ баробари шудавидани хабари бемории падар болу пар бароварда шояд хатто ба ман нигоҳ накарда, роҳи деҳаамонро пеш мегирад. Дар дақиқаҳои нафаси охирин мўйсафедро ба оғўш гирифта, бўсида, ашк резонида, узру маъзур карда худро дар назди падар сафеду бегуноҳ мекунад. То он кас дилпур аз ин дунё чашм пўшанд. Вале, афсўс, кор ин тавр нашуд. Акнун ман ба.Назокат апа чӣ ҷавоб медиҳам? Ё Мансур баъди омадани ман аз рафтораш пушаймон шуда, худ ба худ андеша намуда ба хулосае меомада бошад?!
Ронанда, шояд хомўшии дохили мошин ба дилаш зад, ки ба тарафи дасти рост, сўи Исҳоқ муаллим нигариста:
— Ҳа, муаллим, ягон чӣ гўед охир, хоби ман набарад.
Аз рўи қоида мусофири дар паҳлўи ронанда нишаста гап зада рафтанаш даркор. Шумо бошед, хаёл мекунеду халос. Гўё, ки ба саратон ягон вазниние омада бошад.
—Вазнинӣ гуфтеду мондед, бародар. Аз ин ҳам бадтар. Ба як масъала омада будам, ҳал нашуд, хафа шудам. Ҳоло мо ҷавон, шояд бисёр чизҳоро нафаҳмем. Кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ баҳо ҳам дода наметавонем. Аммо рафтори баъзе ҷинсҳои ба ном одам касро сахт хафа намуда аз дунё мебарорад.
— Тинҷӣ –мӣ, додарам, рафтори киро дар назар доред. Агар пўшида набошад мо ҳам фаҳмем? Исҳоқ муаллим, шояд барои гузаштани вақт бошад ё дилашро аз ғусса холӣ намудан, саргузашти мўйсафеди бемор, зиндаятимии ду нафар кўдак, рафтори Мансурро нақли батафсил намуд.
— Дар зиндагӣ ин хел фарзандҳо ҳастанд, -гуфт ронанда баъди шунавидани қиссаи Мансур, -онҳо ҳам номи худ ва ҳам номи падару модарро ба замин мезананд. Обрўяшонро мерезанд, доғдор мекунанд. Бехуда «фарзанди бад оқибат меҳри падар гум мекунад» нагуфтаанд. Аз паси ин хел ҷавонписарони сангдил бисёр оилаҳо вайрон мешаванд, кўдакон ятим мемонанд. Занҳои ҷавон барои зиндагӣ шуда ба ҳар роҳ мераванд.
— Дар гузари мо ҳам ба ҳамин монанд оилае ҳаст. Аҳволи зиндагии кўдаконашро бинӣ гиряи кас меояд.
— Наход?!
— Бовар кунед, муаллим. Ҳоло ҳам модари ҷавони шумо нақл намуда зани вазнин, боақлу ботамиз будааст. Азоб кашад ҳам, фарзандҳояшро напартофта ҳам онҳо ва ҳам чолу кампирро нигоҳубин мекардааст. Маълум мешавад, ки фарзанди кадом одами нек, тарбия хўрда будааст. Аммо дар оилае ки ман медонам, кўдакон тамоман бесаробон. Пойлучу сарлуч мегарданд... Хайр, ҳар каса инсофаша дихад. Хор карда, хоҳед нахоҳед як рўз не, як рўз хор мешавад. Ин исбот шудагӣ муаллим, -гуфт ронанда.— Дунё ҳамин хел...
Исҳоқ муаллим аз сабукрав фаромада рост ба ҳавлии Назокат апа омад. Модар ба пешвози ў баромад. Дид, ки муаллим танҳо, вазъиятро фаҳмидагӣ барин ўро ба хонаи дигар гирифта бурд.
— Наомад чӣ, -аввалин пурсиши модар ҳамин буд. — Наомад.Ҳарчанд фаҳмонидам, якравӣ кард.
— Кому забони ўро занаш бастагӣ. Набошад,
якбора ин хел намешуд.
— Исто, ки Исҳоқҷон, амакатро чӣ кор мекунем?!
Он кас ҳар дам «Мансур омад-мӣ? Канӣ Мансур» гуфтагиашон гуфтагӣ. Баъди ту боз азобашон сахттар шуд. Ҳолашон ҳам вазнин. Ба хаёлам ҳозир Мансур биёяду чашм ба чашм афтанд, ҷон медиҳанд. Онҳо тарсида истодаанд ки одами гўру чўб мекардагӣ нест. Дина маҷбур шудам ба он кас дурўғ гуфтам. Хотиратонро ҷамъ кунед, Мансурҷон омада истода будааст. Имрўз вазъияташон назар ба дирўза боз ҳам вазнинтар. Чашм хира шуд, одамро намешинохтагӣ шуданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда бо овози нофаҳмою ишора писарашонро омад-мӣ суроғ мекунанд.
— Дигар ман чӣ кор кунам, модарҷон? Вай кўдак набошад. Бо гапи нағз фаҳмонидам. Нашуд, маҷбур гапи сахт гуфтам. Таъсир накард. Барои омадан розигии занаш даркор будааст.
Дар ҳамин асно аз хонае, ки бемор хоб мекард, Салима давида баромада:
— Модарҷон, тез биёед, падарам ким-чӣ хел шуда истодаанд, гуфт. Назокат апа, аз паси ў Исҳоқ муаллим зуд ба назди бистари Мазбутбобо рафтанд. Мўйсафед, ба қавле, аллакай ба кори худ шуда буд. Назокат апа пахтаро гирифта ба оби зулоли пиёла расонида лабони саробонашро тар карда истода, беихтиёр ашк рехт. Вале боз зуд ашки чашмонашро пок намуда;
— Мансурҷон, худатонро ҳушёр доред, писаратон омад. Вай дар болои саратон, -гуфт.
Бемор нимроғ чашм кушод. Маълум набуд, ки вай ҷавони дар назди бистараш рост истодаро шинохт ё не. Ба ҳар ҳол ў чанд дақиқа дида дўхта, лабонаш майли табассум карданд. Ё, ин ба назар ҳамин тавр менамуд. Баъд... Баъд чанд дона ашк аз чашмони мўйсафед ба рўяш шорид. Ў охирин бор оҳи сард кашида бо ҳамин чароғи умраш хомўш гардид.
— Соф шуданд, -гуфт Назокат апа манаҳи ҳамсари ҳаётиашро дошта истода.— Гиря накун, духтарам. Пешониамон будааст. Меистоданд, умрашон дароз мебуд, ризқу рўзии мондагиашонро чинда мехўрданд. Нону насибашон ҳамин қадар будааст. Хез, фиқ-фиқа бас карда аз сандуқча як метир суф гирифта даррон. Манаҳашонро бандем.
Салима бо вуҷуди ин ашк мерехт. Ў, ки то ҳол ягон маротиба мурдаро надида буд, як муддат аз сакароти ҷонбароии мўйсафед тарсидагӣ барин худро гум кард. Қадами монда, роҳи рафта, кори кардаашро намедонист.
— Чаро шах шуда мондӣ, духтарам, ман ба ту чӣ гуфтам. Суф гир, манаҳ наафтад, бандем. Мурда бўи мушк. Ҳамин замон одамҳо фаҳмида даромада меоянд. Ману ту гиря карда нишастан гирем, мурдаи калонро кӣ саранҷом мекунад. Аҳволи шавҳаратро дидӣ.
— Кори нашуда шуд. Ту акнун Исҳоқҷон, ба ҷои писарам. Хама медонад, ки тую Мансурҷон акою уко барин будетон. Ба назди чўраат рафтанатро бисёриҳо аллакай шунавидагӣ. Барои ҳамин мабодо дўсту душман пурсад:
— Мансур касал, дар беморхона хоб карда будааст, гўй.Ман ба вай «мўйсафед касал» гуфтагиам не, набошад аз касалхона баромада меомад, -ҷавоб дех.
Мурдаи мўйсафед албатта, дар кўча намонд. Халқи бисёр ҷамъ шуд. Ҷасади ўро бо иззату эҳтиром ба хок супориданд. Вале танҳо як чиз норавшан монд. Ин ҳам бошад, дар рўзи гўру чўби падар ҳузур надоштани писар. Пешгўии Назокат апа рост баромад. Одамони бисёр аз Исҳоқ муаллим аниқ карданӣ мешуданд:
— Шумо рафтед, писарашон наомад?
— Ба ягон ҷо рафта будааст?
— Писар нашуда мурад. Ҳоло вай ба як бурда нон зор мешавад. Дунё охир нашуда бошад, аз паси як ҷалаб шуда аз баҳри падару модар мебароӣ?
Ба пурсишҳо Исҳоқ муаллим қариб, ки як хел ҷавоб медод, то ки дурўғаш маълум нашавад. «Нағз шавад, мебиёяд. Ҳоло дар беморхона».
Лекин мардум он қадар содда не. Дурўғ будани ҷавоби муаллимро даррав фаҳмиданд:
— Ҳамааш дурўғ. Вай наомадагӣ. Дар тўй ҳам набуд-ку. Шаъни ҷўраам нашиканад гуфта тарафашро мегирад. Дирўзакак Қурбон аз Хубон омад. Дида будааст. Нағз гаштааст, картошка фурўхта истода буд, мегўяд. — ин муҳокимаронии одамон буд.
Баъди як сол Назокат апаро ҳам Салима ба хок супорид. Мувофиқи насиҳати пешакии модар ў ин дафъа ба Мансур одам нафиристод. Ба ҷанозааш хабар накард. Баъди ин байни сокинони деҳа обрўи Салима даҳчанд афзуд.
— Кирои келин гуфтан. Шавҳараш партофта рафту як бор ба рўи пиру кампир надавид, сухани сахт нагуфт. Баракс онҳоро дилбардорӣ менамуд. Дар замини рўи ҳавлиаш шабу рўз кор мекард то хор нашаванд. Аз фарзанди калон кардаашон ҳазор бор беҳтар. Дигар келин мебуд, кайҳо бачаашро партофта баромада шавҳар мекард. Раҳмат ба калон кардагиаш. Ба ҳафт пушташ раҳмат. Дуои неки мўйсафедонро гирифт, худо хоҳад хор намешавад.
Салима ҷумлаи охиронро аз даҳони мардуми некхоҳ борҳо шунавида буд.
— Ту, духтарам, хор намешавӣ. Оқибати кори ту нек, худо хоҳад. Одами дуои нек гирифта якаш ҳазор мешавад.
Ва инак ў аз ҳеҷ чиз камбудие надорад. Шокирҷонро ҳам хонадор кард. Келинҳояш дасташро ба оби хунук задан намемонанд. Шўҳратҷон, чашм нарасад, кори савдоро ёд гирифт. Хавлию хонаи бамаънӣ сохтанд...
То соли гузашта аз зинда ё мурда будани шавҳараш Мансур хату хабар набуд. Мешунавид, ки ў ба кадом шаҳри ҷумҳурии ҳамсоя кўчида рафтааст. Танҳо соли гузашта, бале соли гузашта як рафиқи Шўҳратҷон хабаре овард. Ў ба хона омада, як пиёда ҷой нўшида, сипас гапро аз дур сар карда, гўё қарзашро адо намуд:
— Шўҳратҷон, як гап ба гардани ман қарз намонад. Омадам, ки ҳамонро гўям.
— Ҳамин қадар муҳим?— пурсид Шўҳратҷон.
— Муҳим, хеле муҳим. Гап ҳамин ки ба шаҳри Тошкент дехқониро бурда будам. Дар он ҷо ногаҳон падаратро дида мондам. Аҳволашон хеле дар азоб. Рости гап гуфтанӣ набудам. Маҷбур гўям. Садақа талабида гаштаанд.
— Маро шинохтед, -гуфта пурсидам.
— Не, писарам. Ту писари кӣ, аз куҷо?— пурсиданд. — Ман аз Қалъача, аз деҳаи худатон. Ҷўраи писаратон-Шўҳратҷон. Номи дадоям Бўстонбой. Ин тавр худатонро хору зор карда нагардед. Биёед, ман ба деҳа гирифта барам. О, ҳозир писарҳои шуморо дидагӣ одам ҳавас мекунад. Худоба шукр ҳама чиз доранд. Шумо бошед, дар ин ҷо гадоӣ карда гаштед, -таклиф намудам.
Он кас гиря карданд. Хеле гиристанд. Аҳволашонро дида дилам об шуд.
— Писарам, аз рафтан шарм мекунам. Дар вақташ беақлӣ карда ба ҷанозаи падару модар нарафтем. Бачаҳоро нигоҳ накардам. Имрўз кӣ маро ба хона роҳ медиҳад. Биё, беҳтараш дар ҳамин ҷо мураму ҷасадамро зоғу занбўр хўрад, -гуфтанд...
Баъди шунавидани ин хабар Шўҳратҷон борҳо бо модараш маслиҳат намуд. Хост ўро розӣ кунонида рафта падарашро ёфта гирифта биёрад.
— Мон, азобашро кашад. Падар шуда ба шумоён нон дод, сару либос харида пўшонид? Фарзанд шуда падару модарашро болои кўрпача шинонд, бемордорӣ намуд, мурдаашонро гўру чўб кард? Раҳматӣ очаю бобоят аз ў норозӣ аз дунё рафтанд, -ҷавоб дод Салима.
— Модарҷон, гапатон дуруст, лекин фардо айбашон ба кӣ мерасад? Бедаҳон бисёр. «Камтар чизу мол куну падаратро рафта гирифта биёр. Аз гадоӣ халос кун», -гуфта таъна мекардагиҳо бисёр. Охир беҳуда «падарат хук бошад, хукбонӣ кун» нагуфтаанд.
— Гўянд гуфтан гиранд. Падаратро ҳама медонад. Азоб кашида сараш ба деволи лаҳад расад, мўъмину мусулмон мешавад. Ба қадри оила, фарзанд мерасад. Аз кори кардааш пушаймон шуда бошад, як рўз не, як рўз худаш даромада омада, тавбаю тазарро мекунад.
Шўҳратҷон дигар модарашро ба гап дароварда натавонист. Модар ҳақ буд. Вайро фаҳмидан мумкин. Умри ҷавониашро хазон намуд. Ба чил надаромада мўи сараш мисли ҳафтодсолаҳо сап-сафед гашт. Модари ҷавон чандин сол боз ҳам мард, ҳам зани хонадон буд...
Инак, гуфтаи Салима омад. Сари Мансур ба деволи лаҳад расид. На, дурўғ шуд. Сари ў ба деволи лаҳад нарасидааст. Балки ў маҷбур шуд. Ўро, ки зани «нағз» дида аз пасаш рафтааш мисли саги пир аз хона бароварда ронд, чанд муддат садақа талабид. Дид, ки бо ин роҳ рўзе дар кўча мурда монданаш мумкин. Ҷон ширин-дия. Ба болои ин замона дигар шуд. Зиндагии одамон душвор гардид. Садақаталаб ба назари онҳо ҳоло бало барин менамояд. Аз ин ҷиҳат ҳамин, ки одамони дар кўчаю паскўча садақаталабро диданд;
— Ин қадар гадо бисёр шудааст. Ҳозир аҳволи зиндагӣ маълум. Ба сўм худамон зор,— гўён на ҳама садақа мекунад ва гадоёнро наҳ мезананд...
— Субҳ дамид. Биё дарро кушоям. Ҳамин қадар азоб барои ў бас будагист. Писаронам ҳам чӣ мегўянд. Баръакс, онҳо хурсанд мешаванд, ки падарашон ба пои худаш даромада омад. Ганда бошад ҳам шавҳари ману падари онҳо-ку?
Салима бо ин ният аз ҷояш хеста калидро аз ҷои чанд соат пеш гузоштааш гирифта сўи дарвоза рафт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё