Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
Фасли сармо. Ҳаво туф куну ях кун. Шаб аз нисф гузаштааст. Дар кўчаҳои деҳот, ба қавле, пашша пар намезанад. Танҳо ҳар замон-ҳар замон уллос кашидану нолидани сагон ва дилу бедилон «ваҳ-ваҳ»гўии онҳо ба гўш мерасаду халос.
Аз зимистони сахти имсола бошандагони деҳаи Қалъача дар азобанд. Набудани ангишт, тез-тез мурда даргирифтани қувваи барқ, камии ҳезум онҳоро ба ташвиш андохтааст. Аз ин ҷиҳат бисёриҳо ҳамин, ки хўроки бегоҳирўзиашонро тановул намуданд, таги кўрпаи бечорагиашон медароянд.
— Хайрият шаб ҳасту одам нафасашро рост карда, каме дам мегирад ва кўрпа ҳаст, ки одам ба дарунаш даромада, болояшро бо ҷомакўҳнаҳо дам карда гарм мешавад, -мегўянд онҳо.
Дар шаби сард ҳавлии калон боз ҳам бадҳайбаттар метобад. Аз боди сахт вазида истода гўё, ки манзиле месўхта бошад дару тиреза, тарнобу шиферҳои бом қирс-қирсу чарс- чарс овоз бароварда, гармии рўзона гирифтаашонро аз баданашон дур сохта, ях мекарданд. Махсусан ҳамон шаб, ки ҳаво софу осмон мисли оина каб-кабуд буду ситораҳои бешумор сўи ҳамдигар чашмак зада ба ҳоли як нафар ғариби ба деҳа баргашта, ба ҳоли як нафар нонзадаю худозада ва раъди маърака гашта нигариста табассум мекарданд. Ва ё кӣ медонад, шояд нафраташон омада ба ҳам мегуфтанд: Одамизотро шири хом хўрда мегуфтаанд, рост будааст. Набошад, ҳоли ин намакзада то ба ин дараҷа намешуд. Инсона то аз худаш нагузарад, ношукрии неъматҳои парвардигор накунад, ба ў озор раво нест. Бар акси ин ҳолаш монанди ана ҳамин мард мешавад, ки мисли саги аз ҳавлӣ ронда таги дар то рўз нола мекунад.
...Мансур то таги дари ҳавлиаш бо сад азоб расид. Чор рўз аст, ки дар роҳ. Бале, чор рўз пеш зани «нағз» дида аз пасаш рафтааш бе ягон сўм кафши ўро пеши пояш гузошта «чор тарафат қибла»гуфт. Барои Сумангулӣ Мансур дигар ҳамчун шавҳар даркор набуд. Охир барои зане, ки «мазза»-и чанд касро чашидаасту ҳоло ҳам аз ин кор дар канор нест, ҳамсари доимӣ чӣ лозим. Бори зиёдатӣ. Халалрасон. Ҳоло Мансур барои Сумангулӣ ҷомаи сиёҳи кўҳнаеро мемонд, ки дар фасли гармо одам «арақ кардам» гўён аз вазнинӣ аз танаш кашида ба рўи сабзаи нами лаби ҷўйбор чор қат карда ба тагаш мепартояду болояш нишаста, каме фароғат мекунад.
Мансур меларзид. Вай дасташро бо азобе бар- дошта то дарвоза, ки аз ў ҳамагӣ ним қадам дурӣ дошт, бурда бо тамоми қувваташ зад. Вале аз чӣ бошад, ки тақ-тақи дар шунавида намешуд. Шояд ин аз бемадории Мансур бошад. Паст-паст овоз баровардани дар соҳиби ҳавлиро бедор карда наметавонист. Аз ин ҷиҳат «мусофири» таги дарвоза нола менамуд. Ба девор сахт часпида гирифт то ҳар чӣ камтар шамол ба сару рўи урёнаш расад. Аз хунукӣ дандон ба дандон мезад. Пойҳояш дар дохили туфлии даридаю намкашидааш лаблабу гашта, дигар хунукиро ҳис намекардагӣ шуда буд.
— Мемурам, мемурам, дарро кушо Салима. На- ход баъди мурдани ман аз хоб бедор шавӣ. Са...а... — Мансур хост номи завҷаи аввалаашро гирифта фарёд карда оромии мардуми деҳаи сармозадаро халалдор намояд, аммо мадораш нарасид. Овозашро ҳатто худаш базўр шунавид. Вай бо нохунҳояш деворро харошида ба замин нишаст. Кўфтагии роҳ, гуруснагӣ, тунукии сару либос, сармои сахт корашро карда буд.
— Наход дар ҳамин ҷо, дар кўча мурда монам? Наход касе бедор нашавад. Наход, наход...
Мансур то ин дам намехост ҳолу аҳволашро ягон нафар аз ҳамдеҳагонаш бубинад. Аммо ҳоло... Шояд барои аз хунукӣ намурдан бошад, розӣ буд ягон савоб- ҷўе дасташро гирифта мадад кунад. Дар ин лаҳзаҳо дўсту душман фарқ надошт. Душман ҳам дўст шуда метавонад, ба шарте аз марг наҷот диҳад. Вале канӣ ҳамин хел дўст, ҳамин хел одам? Фарз кардем шахсе дар чунин бевақтӣ ба коре аз кўча гузашта чашмаш ба ин сиёҳӣ афтод. Омада магар «ту кӣ, чаро дар ин ҷо истодаӣ ё хоб кардаӣ»гўён пурсида, дасти мадад дароз карда, сари бе ҳамин ҳам беҷанҷолашро ба ғавғо гирифтор менамояд? Ҳаргиз! Ҳозир мусулмонӣ ба номаш мондагӣ. Замоне шудааст, ки одамон чизи дидагиашонро на- дидам, шунавидагиашонро нашунавидаам мегўянд. Кӣ сари беҷанҷолашро ба ҷанҷол мемонад?
Мусофири таги дарвоза мисли саги хунукхўрда хеле нолид. Ларзон-ларзон як дасташро ба ҳалқаи дар, дигареро ба девор такя дода аз ҷояш хест, вале сонияе нагузашта мисли дарахти пўсидаи аз шиддати шамол мешикаста гурсос зада афтид. Аз зарби ба дар задани сар, сипас китфи Мансур соҳибҳавлӣ Салима як қад парида бедор шуд. Чанд дақиқа сари кўрпа нишаста фикр кард:
— Чӣ маро бедор намуда бошад? Замин ҷунбид ё дар хобам тарсидам? — Ва барои он ки дилаш бим накунад наберааш Мирзоҷонро бо дасташ ҷунбонида- ҷунбонида сипас:
— Мирзоҷон, о Мирзоҷон, хез берун бароем, — гўён бедор намуд. Хоби бачагӣ ширин бошад ҳам, Мирзоҷон тез ҳушёр шуда:
— Ҳа, оча! — Ба берун барои чӣ? — гуфта пурсид.
— Хоби дадаат сахт бурдагӣ барин. Хез, ҳамроҳ гирди ҳавлиро як маротиба давр занем. Ба гўшам овози гурсӣ карда чизе афтидагӣ барин даромад. Аз дўст дида душман бисёр. Боз гуфта намешавад...
Модару набера рўи ҳавлӣ баромаданд. Онҳо чанд қадам сўи дарвоза рафта, гўё аз чизе хавотир бошанд, хомўш истоданд. Боз ҳамон оромӣ.Салима як-ду бор сулфаи сохта намуд. Сулфаи Салима мусофири таги дарвозаро ба худ овард.
— Ту кӣ?
— Занак, ин туӣ? Маро шинохтӣ? Ин ман, падари бачаҳоят. Дарро кушо.
Салима як-ду қадам наздиктар омада:
— Ту кӣ? — гуфта пурсид.
— Намешиносӣ?! Ин ман... Ман падари..
— Падари бачаҳои ман кайҳо мурда буд. Ҳа мурдагӣ, ту ин хел дурўғ нагўй. — Салима ҳарчанд баъди гузашти солҳо соҳиби овозро зуд шинохта бошад ҳам ба наберааш Мирзоҷон сир бой надода:
— Биё, рафтем, кадом арақ-парақ хўрда роҳи ҳав- лиашро гум кардагӣ барин. Биё тезтар, боз шамол на- занад, — гуфта ўро ба хона гирифта бурд.
Мирзоҷон даруни кўрпа даромада «хунук будааст- е» гўён ба болояш ҷомаю кўрпачаҳоро кашид ва чанд дақиқа нагузашта хур-хур овозаш баромад. Аммо хоб аз фарқи сари Салима парида буд. Вай рўи кўрпа печида нишаста ҳис намуд аъзои баданаш меларзад. Бале, тамоми вуҷудаш аз хунукӣ ва воқеаи ғайричашмдошт шунидани овози мардаки сангдилаш меларзид. Вай сарашро болои зонуяш гузошта фикр мекарду фикр мекард. Хаёлаш ба ҳар тараф мегурехт:
— Чӣ кор кунам? Баромада дарвозаро кушоям ё не? Охир дар берун, дар кўча, шавҳари чашм кушода дидаам, ганда бошад ҳам, падари фарзандҳоям сагвор нола дорад. Илтиҷо мекунад, ки дарро кушоям. Ўро ба ягон кунҷи ҳавлӣ ҷой диҳам. Албатта ўро азоб сахт намебуд дар ин як поси шаби сармои зимистон ҳавлиашро кофта намеомад. Ҳарчанд чордаҳ сол боз ў шавҳари ман нест, вале одам-ку? Боз ду нафар «нишон»дорад. Рафту дар сармо, дар таги дар мурда монад, гуноҳи азим мешавад. Мардум хоҳ- нохоҳ маро айб мекунад.
Дили модар маҷбур сохт аз ҷояш хеста ихтиёран ба таги дарвоза равад. Ҳатто калидро аз мехи зангзадаи чанд сол пеш ба девор зада гирифта, хост қулфро кушояд. Аммо ҳамин ки навбати кушодани халқаи дар шуд, ў якбора худро ба қафо кашид:
— Ман чӣ кор карда истодаам? Охир, ду нафар фарзанди калону ду нафар келин дорам. Дарро кушоям, ин мард ба ҳавлӣ медарояд. Баъд онҳо пагоҳ чӣ мегўянд? Ба болои ин ҳаққу ҳамсоя, дўсту душман ҳаст. Кошки онҳо аз паша фил насозанд.
Салима боз омада ба хона даромад. Чанд дақиқа болои кўрпа нишаста дасту пояшро мулоим намуд. Ҳис кард ки дарвозаро касе мекўбад, мехарошад. Дағал- дағал овози нолааш мебарояд...
— Худо ҳақбин аст. Вай рафтору кирдори ҳар касро дида «мукофот»-и амалашро медиҳад. Аслан ба ў ин азоб ҳоло кам. Нонро пеши по зад. Савдогару чор танга пулёб шуда буд, ки қадаммониаш дигар шуд. Худоро худойбердӣ барин намешинохтагӣ шуд. «Фарбеҳгиро гўсфанд мебардорад» мегўянд, рост будааст. Набошад, ман аз кӣ кам будам. Шал не, кўр не. Аз дастам ҳама кор меомад. Шукр ду нафар барра барин писар доштам. Вай аз бекасиям истифода бурда маро дар ҳавлӣ, назди мўйсафедон танҳо партофта рафт.
Салима сарашро болои кўрпае, ки ду зонуяшро пўшида нарм менамуд гузошта, воқеаи дар тўли наздик чордаҳ сол шуда гузаштаро як-як чун лентаи кино пеши назар овард...
Зиндагии рўзҳои аввали ҳаёти якҷоя бад набуд. Мисли дигарҳо хоҷагӣ ба онҳо замин дод. Ба болои ин зану шавҳари ҷавон дар колхоз кор мекарданд. Маҳсули меҳнаташон онҳоро мехўронд, мепўшонд. Баъд онҳо соҳиби фарзанди нахустин гардиданд. Худо барра барин писарча дод. Ана–мана нагуфта Шўҳратҷон ду- сола шуд. Дасти ўро ҳалол накарда, худо Шокирҷонро дод. Хурсандӣ болои хурсандӣ. Ҳардуяшро якҷоя тўй мекунем, — ният карданд зану шавҳари ҷавон. Вале барои ин маблағӣ иловагӣ лозим буд. Ҳамдеҳагиҳояш ҳамин тавр рафтор мекунанд: Ҳамин ки кўдак се-чор моҳа шуд, карнаю сурнай монда, аз машриқ то мағриб ёру дўстро хабар намуда, тўй мекунанд. Дар ҷамъият зиндагӣ карда аз он берун буда наметавонӣ. Шаҳри якчашма равӣ, бояд якчашма шавӣ. Деҳа, орият. Дигарҳо тўи ба салла кунанду ту накунӣ, оши дигарҳоро хурию ош карда надиҳӣ, фардо ягон бедаҳан ягон гап гуфта, ё таъна заданаш мумкин?
Мансур чор тарафи масъаларо фикр кард. Бо Салима маслиҳат намуда ба хулоса омад: Бо чунин даромаде, ки ҳозир оилаашон дорад, як умр кор кунанд ҳам, якашон ду намешавад. Нони хўрдаю рўзи гузашта.
— Шўҳратҷон, — гуфт ў сўи Салима, — бо ин аҳвол зиндагиро пеш бурдан мумкин нест. Дуруст аст, ки хонаю дар, тани сиҳат, як порча замин дорем. Лекин ҳамаи ин баъди ба дунё омадани Шўҳратҷону Шокирҷон камӣ мекунад. Баъд мўйсафедҳо пир шуда мондаанд. Мо ҳам падару модар, мисли дигарҳо дар дил умеду орзу дорем. То кай давлати падару модарро мехўрем. Онҳо хонадор карданд, вазифаашон иҷро. Аробаи онҳоро акнун мо бояд кашола кунем. Ба савдо машғул шудан даркор.
— Бо ин гапҳо, шумо, дадеш, чӣ гуфтанӣ?
— Хаёлам, бо ду –се нафар рафиқон ҳамроҳ шуда ба маркази вилоят равам. Он ҷо шаҳри калон. Хариду фурўш карда, чор танга оқибандоз намудан мумкин.
— Худатон медонед. Агар ба чунин хулоса омада бошед, ман чӣ ҳам гуфта метавонам.
Ба ин фикр падару модар ҳам розӣ шуданд.
Баъди ин Мансур азми сафари шаҳри Хубон намуд. Азбаски масофа дур буд ў ҳафтае ё дар даҳ рўз як маротиба, баъзан аз ин ҳам дертар ба хонааш меомад. Ва ҳар дафъа ба рўзгораш майда- чуйда мекард, бо нияти тўи писарчаҳо баъзе чизҳоро мехарид.
Дар тиҷорат кораш омад намуд. Як сол нагузашта Мансур қариб тамоми асбобу анҷоми тўйро тайёр намуд. Як сар гўсфанди чории наздик панҷоҳ кило гўшту равған дошта ҳам харида монд. Пули карнайчӣ, санъаткоронро ҳам ҷудо кард.
— Баъди як –ду моҳи дигар тўйро сар кунем, мешудагист, — маслиҳат намуд бо падару модар, бо Салима. — Охир, мегўянд, ки дар рўзи тўй ҳам пули бисёр даркор. Ба нонвой, домуллоҳо, гузарҳо, хабарчӣ, ошпаз пул медиҳӣ. Пул чирки даст. Вай забон надорад. Сарф кунӣ бурафтан мегирад.
— Майлаш, — розӣ шуданд аҳли байт. — Худо барори коратро диҳад, — даст бардошта дуо намуд падар. — ҳеҷ гап не, ду-се моҳ дер шаваду бамаънӣ шавад.
— Тўи аввал душвор, — ба гап ҳамроҳ шуд Салима. — Зиёфати занҳо ҳаст. Ба ғайр аз ошу нон боз матоъ даррондан даркор.
— Ғам нахўр, духтарам. Мўлаш рафту камаш монд. Худо хоҳад ҳамааш мешавад. Ними хайра худоя худаш осон мекунад. Аз куҷо омада ба куҷо меравад, чӣ хел корат буд мешавад, надониста мемонӣ. Чӣ арзон, чит. Мансурҷон як бандашро гирифта биёрад, дидӣ, ки ба олам расидааст, — тасалло дод падарарўсаш.
Салима нағз дар ёд дорад. Ин маслиҳати охирини аҳли байт буд. Баъди ин чашми бад расид ё касе онҳоро хунук намуд магар, ки аз ҳамдигар дур шудан гирифтанд. Айшу ишрати зиндагиашон талх гардид. Тўй баъди ду-се моҳ не, балки баъди шашсола шудани Шўҳратҷону чорсола гардидани Шокирҷон барпо гардид. Дасти набераҳоро маҷбур мўйсафеди ҳафтоду панҷсола Мазбутбобо ҳалол намуд.
— Писарам мурдагӣ, -аз ҷаҳлу қаҳр мегуфт ў. — Ҳа, аз ин хел аҳвола мурад, ҳазор маротиба беҳтар. Одам як бор ё як сол месўзаду ба тақдир тан медиҳад. Ҳоло бошад, ман ҳар рўз дар азобам. Бефаҳм набошад, зану бачаҳои гул баринашро партофта, аз паси кадом як ҷал... меравад. На рўи ману модари пираш гуфту на зану бачаҳояшро. Намедонам вай падарлаънат чӣ хел Мансурро ин қадар сахт ба худаш гарм карда гирифт. Пагоҳ-фардо Шўҳратҷони гадоиям мактабрав мешавад. Вай фарзанди бандаи мусулмон. Шокирҷон ҳам чорсола шуд. Дасташонро ҳалол накунем, одамҳо, дўсту душман чӣ мегўянд. Бедаҳан бисёр.
Мазбутбобо келинашро чун фарзанд дўст медошт. Қарсақ аз ду тараф будааст. Салима аз рўзи аввал дар ин даргоҳ келин не, балки гўё духтарашон буд. Аз дасташ ҳама кор меомад. Пухтупаз, шустушў, дўзандагӣ. Ба замин кор кардан, нигоҳубини чорворо намегўед. Ҳамаи ин як тараф буду рафтори хубу забони ширинаш як тараф. Ҳамсояҳо ҳавас мекарданд чунин келинро, ҳасад мебурданд бар чунин келин. Лекин ҳаётро бинед.
Бахти на ҳамаи хубону некон сафед мешудааст. Ин ба он монанд, ки аспи тозӣ бо мақсади шўҳрат овардан ба соҳибаш худро ба ҷар ҳам ҳаво медиҳад, бехабар аз он ки пояш мешиканад. Ин ба он мемонад, ки бедонаи хушовоз ҳамеша дар қафасу баракси ўро касе кордор нест. Ин ба он монанд, ки гулрухонро мардон зери чодар нигоҳ медоранду аз либоспўшӣ, роҳгардиашон рашк мебаранд, аммо сабукпоёну бадрўёнро касе кордор нест...
— Зиқ нашав духтарам, -мегуфт Мазбутбобо ба Салима, — то ману модарат зинда ҳастем, туро хор шудан намемонем. Як тўи Шўҳратҷону Шокирҷон бошад, қарзу қавола карда мегузаронем. Мансур ягон рўз сараш ба девори лаҳад расад, мусулмон шуда, аз роҳи бадаш бармегаштагист. Баъд дидӣ, ки об ба лаби ҷўй баробар шудааст, — тасалло медод мўйсафед ба келину кампираш.
Салима чизе намегуфт. Ҳарчанд дили ҷавони ў шавҳар мекашид. Мехост мисли пештара фоидаи шав- ҳарашро бинад, нағз хўрда нағз пўшад, аз шавҳардо- рияш болад.
Тўи хатна ҳарчанд бе камбудӣ гузашта бошад ҳам, ба назари Салима рўзи азоро мемонд. Шўхратҷону Шокирҷони падардори бепадарро аз рўи расми деҳа барои пўшонидани либосҳои тўӣ ба хонаи мўйсафедон бурданд. Имоми деҳа, ки дар пешгаҳ менишаст, аз ҷояш хеста ба миёнатари хона омада ба шаҳбачаҳо то- қию ҷома, мўзача пўшонида ба сарашон сала баст ва миёнашонро бо рўймолча аз рў баста дуои нек намуда, фотиҳа дод. Сипас Мазбутбобо Шокирҷонро ба бағал гирифта, набераи роҳравакаш Шўҳратҷонро даст дошта рўи ҳавлӣ баровард. Ёру дўстон аз болои сари бачаҳо тангаю сўм чошида «муборак шавад, муборак шавад» мегуфтанд. Бобо, ки аз вазнинии наберааш аллакай хаста шуда буд, Шокирҷонро ба дасти духтараке супорида, хост нафасашро каме рост намояд. Ногаҳон чашмаш ба Салима афтод. Дид, ки келинаш ба дасти писарчаҳояш пул дода истода, онҳоро як-як нарм –нарм бўсида, ашк мерезад. Пири ҳаётдида рамуз гирифт. Фаҳмид, ки ашки Салима ашки шодӣ нест. Рафтори келинаш боборо сахт мутаассир сохт. Дилаш чанд сония гўё аз кор монд. Вуҷудашро арақи сард пахш намуд. Саҳл монда буд сараш чарх зада, афтад. Асояш ўро такядору мададгор гашт.
Ғурбати сахт одамро аз пой меғалтондааст. Бобо ҳаракат намуд ҳолашро дигарҳо нафаҳманд. Бохабар, ки гаштанд, мурдаро монда тутхўрӣ барин, тўй вайрон мешавад. Аз гулўи касе ош намегузарад.
— Ё, худо, шарманда накун. Сиҳат саломат тўй гузарад, ҷонамро гирӣ ҳам ман розӣ. Ба болои зиндаятимӣ набераҳо бе бобо монанд, чӣ мешавад? Тўи онҳо ба азо табдил меёбад. Он вақт ҳолу аҳволи ин хонадонро дида мурғони ҳаво мегирянд. — Ин фикрҳо барқвор аз сари Мазбутбобо гузашт...
Мўйсафед он бегоҳ бемору бистарӣ гашт. Ёру дўсти дар тўйхона монда аз ин ҳодисаи ғайричашдошт ба талвоса афтоданд. Онҳо худ ба худ ба ду гурўҳ тақсим шуданд. Чанд нафар ҳамроҳи Салима, кампири мўйсафед ба нигоҳубини бобо, даъват намудани духтур, дуруст кардани ҷои хоби ў машғул гашта бошанд, гурўҳи дигар ба ғундоштани дастархону кўрпача, кандани деги ош, пўшидани оташдон, ҷамъ намудани хараку курсӣ ва кат овора буданд.
Баъзеҳо аз беморӣ ва бистарӣ гардидани мўйсафед хавотир шуда:
— Мазбутбобо бекор шудагӣ. Сураташон одам. Ғами Мансур он касро аз пой афтонд. Илоҳим наму- ранд. Ба Салима мушкил мешавад, -мегуфтанд.
— Ҳоло он кас бақувват, -илова менамуд дигаре, -пирӣ, даву ғеҷи чандрўзаи тўй мумкин хаста карда бошад, имшаб нағз хоб рафта дам гиранд, худо хоҳад нағз шуда мехезанд.
Салима ба сари бистари бобо нишаста, бо рўймол ҳар замон арақи пешонӣ, ашки чашмони боборо тоза намуда, шамол медод. Оҳиста-оҳистаю вазнин-вазнин нафаскашии мўйсафед дили Салимаро ба ҳар кўча мебурд. Мўйсафед ҳар замон чашм кушода, гўё чизе ё касеро ҷустуҷў мекарда бошад, ба чор тараф менигарист. Баъд худ ба худ пичирроси нофаҳмои зери лаб намуда, ишорати «об деҳ»-ро мекард. Назокат-апаю Салима боборо ҳароҳи болишт оҳиста бардошта як-ду қулт об нўшонданд. Сипас мисли аввала сарашро озор надода ба болин монданд.
— Бобоят писарашон- Мансурро мекобанд, - гуфт пири ҳаётдида, ҳамсари мўйсафед Назокат-апа. Дилкашолиашон ҳамон. Дар зиндагӣ як бор чашм ба чашм афтода, додою бачагӣ карданӣ. Ганда бошад ҳам, фарзанд. Торафт вазнин шуда истодаанд. Ягон касро ёфта ба суроғи Мансур фиристоданамон даркор. Набошад, мўйсафед беҳуда азоб мекашанд.
— Дирўз як кас ба хабари тўй рафта омад. «Фалонӣ, биё, писарчаатро хатна мекардаанд»гуфта. Он кас ба рўзи шодии фарзандҳояшон наомаданд. Имрўз боз одам рафта «падарат бемор» гўяд бовар мекарда бошанд? — гуфт Салима.
— Хабар надиҳем ҳам намешавад, духтарам. Як даҳон гўем, шунавад, биёяд, набиёяд худаш медонад. Баъд айб аз мо намемонад. Ту камакак ба назди бобоят шин. Боз танҳо намонад. Ман як сари қадам ба хонаи Исҳокҷон рафта биёям. Онҳо ҷўраи наздик буданд. Агар бошад, зорию тавалло мекунам. Шояд инсоф диҳаду равад. Вай равад, муаллим-дия, ҳамаи гапро ба ҷўрааш фаҳмонида метавонад. Мансур кофир шуда бошад ҳам дар дилаш раҳм пайдо мешудагист. Наход дилаш ба падараш кашол шуда ҳамроҳи ҷўрааш баромада наояд? Агар рафту ин дафъа ҳам наояд, баъд худаш медонад. Дигар суроғ намекунем. Ман мурам ҳам, хабар надеҳ. Насиҳати пешакии ман ҳамин. Аз ёд набарор, духтарам. Боз ба як ғариб ягон ғарибкаш ёфт мешудагист. Он вақт дидӣ, ки мисли бачаи Султони калта як умр аз деҳа бадарға барин мегардад. Мегардаду синну солаш ки ҷое расид, боз ҳамон қишлоқаш, боз ҳамон хонаи камбағалӣ суд мекунад. Бин духтарам, аҳволи ҳозираи Охунро. Аз гадои кўча ҳам бадтар. Ягон кас «ту чуту кучукӣ»намегўяд. Хешу табор, ёру дўст ҳама безор. «Рўяш дар гўр» мегўянду афту башараашро дидан намехоҳанд. Танҳо хоҳараш ба бало мондагӣ. Хоҳар синаи раҳм-дия. Ҳамон гоҳ-гоҳ хабар гирифта, як коса- ним коса аз ризқи бачаҳояш зада, ба вай хўроку нон бурда медодааст. Охунро кӣ ба ин аҳвол оварда расонд, шояд пурсӣ духтарам. Худаш мисли шавҳари ту нонро пеши по зад. Бачаи камбағал роҳравӣ, поймониаш дигар шуд. Чор сўм ёфта буд, ки аз паси занҳои сабукпой рафт. Ин хел занҳо то пулатро тофта хўрдану саломатиат нағз будана. Бечора падару модараш. Писари яккаю ягонаамонро аз роҳи бад гардонем гуфта таги дари ягон фолбину домулло намонд. Буду шудашонро сарф карданд. Ягонтоаш фоида накард Модари Охун Раҳимаой аҷаб занак буд. Духтари хоҳарашро «азони худ хор шуда ба дида назадааст» гўён келин кард. Аҷаб духтараки зебо буд. Чор кас медидагӣ. Аслаш ин хел ҷавонҳо садқаи ҳамин хел зан шаванд. Як сол нагузашта худо тезу тунд ба қадаш дод. Мисли ту (Назокат апа сўи Салима нигоҳ карда) бачадор шуд. Охуни кўрнамак таваллуди занашро нигоҳ накарда монда рафт. Тўй карданд, наомад. Бечора занаш азони худӣ, ки буд, як сол не, ҳашт сол хизмати падару модари Охунро кард. Интизор шуд. Аммо аз гўрсўхта Охун на хат буду на хабар. Хушдоману бобояш розӣ шуданд. Маҷбур баромада шавҳар кард...
Раҳимаой дар алами келини гавҳараш-духтари хоҳараш сўхт, тоқат карда натавониста тез обу адо гашт. Дере нагузашта вафот кард. Охун ба гўру чўби модараш наомад. Баъди як сол падараш вафот намуд. Мўйсафед, ба хаёлам, ба худаш марг талабида аз дунё гузашт. Намедонам, хабар доданд ё не, ҳаминаш маълум, ки дар ҷанозаи падараш ҳам набуд.
Як рўз шунавем, Охун омадааст. Ман-ку надидаам, афту андоми ин хел одамҳоро хоки мазор панаҳ кунад, лекин дидагиҳо мегўянд: башарааш худи зангиҳо барин. Пўсту устухон, дар сар тоқии кўҳна, дар тан нимтанаи зарди чиркини ҳар ҷо-ҳар ҷояш роға шуда, дар пояш мўзаи резинӣ дарида доштааст. Чашмонаш ба фарқи сараш нишастагӣ. Гап занад, аз харобӣ бошад ё камқувватӣ лабонаш ба ду тараф мегурехтааст.
Назокат-апа саргузашти Охунро ба келинаш нақл карда истода ҳар замон-ҳар замон аз Салима рустӣ гиребонашро дошта дар дилаш тавба мекард. Рафтори Мансур аз рафтори Охун бадтар.
— Наход... Наход воқеаҳои аз сари Раҳимаой гузашта ба сари ман ҳам ояд. Охир, ман ягон бор ба Раҳимаой осон надоштаам, ба ҳолаш нахандидаам ё таъна назадаам. Баракс дилам ба ҳоли ў месўхт. Мори газанда он рўзҳоро набинад, мегуфтам. Фарзанд калон карда оқибат гунаҳкор шавӣ. Фарзандат сабабгори маргат шавад. Э, худоҷон! Гуноҳи ману ана ин мўйсафеди бечора чӣ? Фарзанд калон кардем. Буду шуд, нони даҳонангиаморо ба Мансурҷон додем. Шамол назанад, бемор нашавад гўён дар бист қабат печонида, эҳтиёт намуда ба воя расонидем. Шояд гуноҳи падару модар ҳамин бошад. Дар пириамон асо гардад, гуфтем. Баракс, Мансур аҷали падар шуд. Шояд рўзе аҷали ман ҳам гардад. Умри ин касро чандин сол кўтоҳ кард. Мўйсафед, ки ба орият буданд, мисли кундаи хушк дуд карда, тез дар гирифта, хокистар гаштанд. Имрўз... Назокат апа хаёл карда монд, имрўз аҳволи он кас ниҳоят вазнин. Кӣ медонад, боз чӣ қадар дону ризқашон мондагӣ. Танҳо як чиз маълум: Мўйсафед дилкашолӣ доранд. Роҳи писарашонро мепоянд...
Модар баъди келинашро як бори дигар таъкид намуда «боз аз ҷоят наҷунбӣ, бобоятро танҳо намон-а» гуфтан аз хона баромад.
Ҳавлии Исҳок-ҷўраи як вақтҳо ошхўри Мансур он қадар дур нест. Ҳамагӣ панҷ-шаш дақиқа вақтро талаб мекунад.
— Писарам, Исҳокҷон, ман туро пушту паноҳ карда омадам, — бе шаф-шаф ба мақсад гузашт модар, - як фарзандӣ мекунӣ. Ё бо зорӣ, ё бо зўрӣ Мансури ҷўраатро гирифта набиёӣ, ҳоли амакат хароб. Чанд рўз боз он кас дар азоб. Мушкилашонро худо осон накарда истодааст. Як дам ба ҳушу як дам бе ҳуш. Ҳамин, ки ба худашон омаданд, писарашонро суроғ мекунанд. Мепурсанд, омад-мӣ мегўянд.
— Ҳеҷ гап не, модарҷон, барои шумою амакам албатта меравам, — Исҳоқ сухани модарро ба замин нагузошт.
— Илоҳим барака ёб, аз фарзандонат бин. Хока гирӣ, зар шавад, — болои ҳам чанд дуои нек намуд Назокат апа.
Хубон шаҳри зебои замонавист. Мардумаш мисли номаш хушзабону некхислат, ободкор. Аҳлу тифоқ. Аммо гулистон бе хор намешудааст. Ҳар ҷо ҳабибест, дар паҳлўяш рақибест. Исҳок- муаллим сабукравсавор фикр мекард: Мешудааст –дия. Ин хел занҳо дар шаҳри мо ҳам ҳаст. Бо рафтори ноҷояи худ чанд оиларо вайрон месозанд. Макри зан-дия. Набошад Мансур ҳам бо осонӣ ғуломи вай намешуд.
Исҳоқ- муаллим чанд ҳодисаи ба ҳам монандро пеши назар овард. Онҳо қариб якранганд. Чӣ ҷои пўшидан. Ҷавонҳое ҳастанд, ки бо ду-се зан алоқа доранд. Дили ҳамаи онҳоро ёфта, таъминотро баробар намуда, ба лаб қулўх молида гаштаанд. Ба одамон овоза намекунанд. Фарзандонашонро бинӣ ҳамеша сару либоси озодаю нав. Яке аз онҳо омўзгори собиқ Кенҷаев. Зану фарзанд дошт. Аммо ба бевае ошиқ шуд. Онҳо солҳои зиёд рафту омад карданд. Инро ҳамсари вай хуб медонист, бохабар буд. Аммо ягон бор арбада накард. Агар ҳамсояҳо ё аз рўи дилсўзӣ ё бо мақсади низоъ андохтан дар байни зану шавҳар:
— Ба ҳафт пуштат раҳмат, Солеҳамоҳ. Бо ин хел шавҳар муросо карда гаштӣ. Ҳама дар ҳаваси ту. Ба болоят зан гирифту ягон бор овози баландат намебарояд. Ба ҷои ту дигар зан мебуд, ҳар рўз як маротиба куртаканию идорабароӣ мекард. Аслаш гўр ин хел мардаки гандагашт шавад. Ба роҳи ҳаром, ки рафт, на барака мемонаду на хайр. Ҳамаи зан як зан-дия. Шукр карда дар назди тую бачаҳоят шинад намешавад. Пулу либоси ба вай мехўрондагию мепўшондагиашро ба ту, фарзандҳояш сарф кунад, чӣ хел нағз, -гўянд, Солеҳамоҳ ҳамаи онҳоро бо тамкин гўш карда, чанд дақиқа хомўш истода сипас:
— Он кас мардак бошанд. Дилашон ҳаминро хоҳад, дигар аз дасти ман чӣ меояд. Ҷанҷол кадан қати ҳам чӣ? Ба ғайр аз шармандагӣ, таънасори дўсту душман шудан, дигар фоидае надорад. Сонӣ, ман беҳуда чиба ба он кас ҷанҷол мекардаам. Бисёр вақт он кас дар хонаи худашон, дар назди фарзандҳо ба ману бачаҳояшон дилкаш-дилкаш анҷомҳоро харида меоранд. Рўзгорамон, худоба шукр тинҷ. Ҳамин будагист-дия зандорию бачадорӣ. Падару модарашонро дар болои ҳафт қабат кўрпача шинонда мондаанд.
— Дуои мўйсафедонро гирем, худо хоҳад кам намешавем, — насиҳат мекунанд ба ман, — гуфта ҷавоб медод.
— Албатта, ҳар корро аз ўҳдааш баромада тавонистан даркор. Лабу лунҷро наолонида хўрок хўрдан ҳам ҳунар аст. Мансур на танҳо лабу лунҷ, балки тамоми вуҷудашро олонид. Ба авлодаш нанг овард. Ин хел бадзотҳо кам мерўянд. Ва хайрият, ки кам мерўянд. Набошад... Фарзанди нолоиқ набошӣ, барои як нафар зани кўчагарди гул карда суд намекардагӣ аз бахри падару модарат, аҳли байтат мебароӣ? Ин магар аз рўи ҷавонмардист. Ҳунар дошта бошӣ, рўи ҳар дуяшро баробар гўй. Ба қавле, на сих сўзад, на кабоб.
— Ба рафтан рафта истодам-куя, лекин илоҳо худо ноумед накунад. Инсофашро диҳаду ба гапам дарояд. Ҳамроҳ гирифта равам, бисёр кори савоб мешавад. Мўйсафеди падараш аз азоб халос мегарданд. Рафту «не» гўяд. «Ман намеравам» гўяд, баъд кор чӣ мешавад. Шармандагӣ. Не-е, наход то ин дараҷа сангдил шуда, аз қатори одамгарӣ баромада бошад!? Ҳақиқати ҳолро мегўям. Ин ҳамааш ҳоло хаёлҳои хому бофтаи ман. Кӣ медонад. Бемории падараш, вазнин будани он кас, ҳар лаҳза номи ўро гирифта пурсида истодани Мансурро фаҳмад, хавотир шуда, қанот бароварда, ба ман нигоҳ накарда, пештар ҳаракат мекунад-мӣ. Илоҳим ҳамин тавр шавад, худоҷон. Масофа то рафт кўтоҳ мешуд. Исҳоқ муаллим аз оинаи сабукрав ба берун нигарист. Аз пеши чашми ў майдонҳои беканори пахта, карам, юнучқа, дарахтони тути дар қад-қади ҷўйборҳо шинонда шуда, ки ҳамчун посбонони дашт меистоданд, тез-тез мегузаштанд. Симчўбҳои сари роҳ дар давидан гўё ба сабукрав мусоби- қа дошта бошанд, чанд сония ё дақиқае нагузашта, яке ҷояшонро ба дигарашон мегузоштанд.
— Боз камтар монд, -зери лаб пичиррос зад Исҳоқ ба оби дарёи дар тарафи дасти чап буда нигариста.
Оби кўлҳои барои шолӣ дам карда шуда аз шиддати бод мавҷ мезад. Моҳихўракҳо болҳои хешро паҳн карда, паи сайд оҳиста парвоз намуда, омада сари мазраи қамишзор ё тунукобаи шолизор менишастанд «Об- ин ҳаёт» хонд Исҳоқ-муаллим дар пештоқи бинои дуқабатае, ки дар ҷазирачаи миёни шолизор қомат афрохта буд.
— Аҷоиботи табиатро бинед. Як тараф теппаи бегиёҳ. Паси он заминҳои ҳамвору зиёди беоби камса- мар. Аз таги теппа роҳи мумфарши васеъ мегузарад. Тарафи дигар дарёи калон. Фоидаи онро халқи мо не, бисёртар бегонагон мебинанд. Аз оби дарёҳои мо бепул истифода бурда, миллионҳо тонна пахтаю сабзавот, зироатҳои полезӣ мегиранду раҳмати худоӣ намегўянд. Боз ҳисси бадбинӣ доранд кўрнамакҳо. Сабукрав аз ҳамгашти калон гузашта, ба дуроҳа баромад. Ронанда аз рўи қоида ба роҳи тарафи рост, ки аз баландӣ омада ҳамроҳ мешуд, нигариста, ба бехавф будани ҳаракати нақлиёташ боварӣ ҳосил намуда, ба суръат суръат зам намуд.
— Шумо то куҷо меравед, -пурсид Исҳоқ- муаллим аз ронанда.
— Мо то «Автовокзал» гапзанон кардагӣ, — чашм аз роҳ наканда ҷавоб дод ронанда ва барои тасдиқи фикраш «ҳамин тавр не» гўён ба мусофири дар паҳлўяш нишаста муроҷиат намуд.
— Ҳамин тавр, ҳамин тавр, -сар ҷунбонида тасдиқ намуд мусофир. Лекин, агар бемалол бошад, то бозор мебурдед, мушкили моро осонтар мекардед. Аз ин мошин ба мошини дигар фаромадаю баромада сарсон намешудем. Албатта, ҳаққатонро мегиред.
Ронанда чизе нагуфт. Мусофирон нафаҳмиданд, ки гапашон ба ў маъқул шуд ё не.
Ба шаҳри Хубон Исҳоқ муаллим на як бору ду бор омадааст. Ҳамчунин панҷ соли донишҷўӣ, таҳсилаш дар мактаби олӣ дар ҳамин шахри зебо гузашта буд. Аз ин ҷост, ки ҳар кўчаю тангкўчаи вай барояш чун деҳаи азизаш шинос. Аммо ҳоло ҳамаи ин барои ў аҳмият надорад. Мақсади вай ҳар чӣ тезтар бо ҷўраи даврони бачагияш- Мансур вохўрда ўро аз роҳаш баргардонида, аз бемории падараш огоҳ намуда ҳамроҳ ба қишлоқ гирифта бурданӣ. Аз рўи гуфти Назокат апа бемор дар дами марг. Танҳо барои дидори фарзандаш худо ўро нигоҳ дошта истодааст. Ба қавли шоир «Интизорӣ аз камоли дўстдорӣ мекашид».
Исҳоқ муаллим ба сабукрави дигари кирокаш савор шуда, рост ба бозори сабзавот рафт. Ба он ҷое, ки аз гуфти Назокат апа писараш дар он ҷо хариду фурўш мекардааст. Ўро борҳо низ ҳамдеҳагиҳояш дар ҳамин бозор дида будаанд. Кори Исҳок омад намуд. Ў Мансурро тез ёфт. Хайрият борашро фурўхта ба хонааш нарафта будааст. Набошад, ёфтан мушкилтар мегардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё