Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чанд дақиқа гузашт. Аммо Гуландоми Саид хомўш буд.

— Маро бубахшед, ҷавон. Харчанд ҳаракат кардем, нашуд. Зўрамон нарасид. Шояд шумо моро фаҳмед. Шодиҷон шах шуда монд. Чӣ гуфтанашро намедонист. На, аниқтараш ў чанд дақиқа аз ҳуш рафт. Намешунавид гапҳои мудирро.

— Ба шумо чӣ шуд, ҷавон!? Худро ба даст гиред.

Мо шуморо мард, ҳама чизро мефаҳмед гуфта ба ин ҷо даъват намудем. Одам вазнин мешавад. Нашавад, ки шуморо дида дигарҳо доду фиғон, мағал бардоранд. Бемор падару модар доштагист. Аз шумо дида ба онҳо вазнинтар. Инро мо нағз мефаҳмем.

— Дорад...Дорад... Шумо онҳоро зиндалай куштед. Ҳа зиндалай куштед. Дигар Ҳокима нест. Нест!? Ўро куштед!.. — Шодиҷон девона гашта буд. Ў аз ҷояш хеста, деворро бо як дасташ дошта, ҳар калимаро чанд бор такрор намуда, оҳиста-оҳиста оқиб рафта, аз идораи мудир ба долон ва аз он ҷо якбора дод гуфта ба берун баромад.

— Модарҷон, рўямон сиёҳ шуд. Ҳокимаро аз даст бой додем. Ҳокима бевафоӣ кардааст... — А-а? — Ҳабиба-апа якбора аз ҳуш рафта ба ҷояш нишаста монд. Чанд нафар занҳо давида омада ўро ба даст гирифтанд. Кадоме об оварда ба рўяш зада ҳушёр кард.

— Ҳабиба-апа, Ҳабиба-апа! Ба шумо чӣ шуд?

— Худро ба даст гиред.

Амаки Даврон бо тамоми овозаш «Воҳ ҷигарам!

Воҳ балам, шаҳид гаштӣ, балам! Раҳми маро нахўрдӣ, балам! Падару модари пиратро дар хонаи танҳо монондӣ балам! Ғариб шудем, балам, ба ҷои ту ман мемурдам, намешуд, балам. Мурдан ба ман мезебид, балам...-навҳа мекард.

Ҳабиба-апа ба ҳуш омад. Қарсакзанон аз ҷой хест. Хун мегирист ў. Нолааш дилҳоро об, синаҳоро бирён месохт.

Одамони бисёр ҷамъ шуданд. Касе набуд, ки баробари шунавидани шумхабар афсўс нахўрда чанд дона ашк нарезад.

Мошини «Ёрии таъҷилӣ» омад. Ҳокимаро бо норбон бароварданд. Болояш пўшида буд. Ҳабиба –апа хост давида омада худро ба болои духтараш партояд. Аммо чанд нафар нагузоштанд.

— Майитро азоб надиҳед. Вай шаҳид шудагӣ. Бе ҳамин ҳам бо дили кашол аз дунё рафта истодааст. Акнун дуо кунед. Охираташро обод гардонад худо. — Носеҳон бисёр буданд. Аммо магар ин суханҳо дар он лаҳза ба гўши модари синачок, сиёҳбахт, фарзандгумкарда медаромад?

Ҳабиба-апа ҳамоно дод мегуфт. Рўю мўяшро меканд. Аз чанд ҷои рўяш хун ҷорӣ мегашт. Дар як лаҳзаи хеле кўтоҳ симои модар тамоман дигар шуда буд. Ба назар пиртар, мўяш сафедтар менамуд. Рангаш мисли яктаки сиёҳи нимранги танаш хинг, биниаш теғ кашида чашмонаш ба фарқи сараш нишаста буд.

Ҳабиба апаро ҳамроҳи амаки Даврон ба мошини сабукраве савор намуда пештар ба хонааш гусел намуданд. Аз паси онҳо «Ёрии таҷилӣ»ба ҳаракат даромад.

Дар таги дарвоза Ҳабибаапаро дусе нафар занҳо мадад карда фароварданд. Ў қарсакзанон нола мекард: Ҳокимаҷони расоям! Ба по рафта сарғалтон омадагиям, Ҳокимаҷон! Номат аз ҷаҳон гум мешавад. Ҳокимаҷон! Ба тавр ман чӣ кор кардам. Туро дар хонам арўс карда роҳат мебинам гуфта будам, Ҳокимаҷон! Рўям сиёҳ шуд. Ҳокимаҷон! Даҳонам талх шуд, Ҳокимаҷон!..

Одамони зиёде, ки дар таги дарвоза мисли ниҳоли сафедор рост меистоданд, баробари намоён гаштани мошин «ана оварданд» гўён ба ҷунбиш даромаданд. Онҳо ба мошин наздик шуда, ба фаровардани майит мадад карданд. Дар ин лаҳза ҳама фиғон дошт. Пир ҳам мегиристу ҷавон ҳам, дўст ҳам, душман ҳам. Шояд барои ҳамин гузаштагонамон ин лаҳзаҳоро дида «мотамхона» номида бошанд.

— Оҳиста-оҳиста, бесаранҷом нашавед. Майит азоб накашад. Аз ин тараф, аз он тараф гиред, — овозҳо мебаромад. Ҳокимаро беозор оварда болои кат хобониданд. Кампири Оиша-покшўи маҳалла ки бо Ҳабиба -апа хеши дур буд, бехабар омада, дар хона менишаст. Ў Ҳокимаро «пешвоз» гирифта, ҷои хобашро ба одамон нишон дода сипас:

— Канӣ акнун, мардакҳо, ҳамаатон хонаро холӣ кунетон, — гуфт. Ва хост сару либоси Ҳокимаро кашида вайро ба тартиб дарорад. Ҳамин вақт Ҳабиба-апа бо тамоми овозаш «Воҳ балом! Воҳ балом, балои берўзиам» гўён вориди хона гашт. Рўи қашқа гаштаашро ба рўи духтараш гузошт. Бўса кард. Боз ру ба рў монд. Даҳан ба даҳан кард. Ва чун дид, ки чашмони Ҳокима то ҳол нимпўш аст, ба хотираш чизе расидагӣ барин шуд.

— Ман сад ҳазор бор розӣ. Ба тақдири худо тан надода чӣ кор мекунам? Аз дасти бандааш чӣ меояд? Хотиратро ҷамъ кун. Модари сарсахтат рўзашро мебинад. Ҳа, зинда рўзашро мебинад. Ҳайфи умри ҷавонию ҷони худат. Илоҳим парвардигор, охирататро обод кунад, духтарам-гўён бо дастони ларзонаш чашмони Ҳокимаро молид, чанд қатра ашк ба рўи майит афтид. Ҳокима гўё розигии модарашро шунавидаю фаҳмида бошад, номаълумакак чашмонашро пўшид. Ё, кӣ медонад, дар назар ҳамин тавр менамуд.

Кампири Оиша ба Ҳабиба –апа наздик шуд: — Хезед акнун. Ин рўз як ба сари шумо наомадааст. Шукр кунед, ки будаасту ба худо даркор шуда гирифтааст. Берун бароед. Занҳои бисёр омадаанд. Вайҳоро ҳам дидан даркор. Онҳо шуморо гуфта омадаанд. Розӣ шудед, монед акнун, вай ором хоб кунад. Руҳаш парешон нашавад. Хезед, бекор худатонро обу адо накунед. Фоида надорад. Бо гиря агар зинда мешуданд азизу авлиёҳо зинда мешуданд, -ҳам насиҳат ва ҳам тасалло дод ў.

— Аз ин рўз мурданам беҳтар. Вай ба таги замин рафта хоб кунаду ман дар рўзи равшан гардам?! Худоҷон, тани духтарам хунук нашуда ҷони маро ҳам гир. Дар паҳлўяш ҷой деҳ.

— Даркор шавад, аз ману шумо напурсида ҳам ҷонамонро гирифтан мегирад. Одам гуфтагӣ вазнин мешавад. Дар берун шуморо гуфта омадагӣ. Хезед, хезед, — кампири Оиша аз таги дасти Ҳабиба апа дошта мадади хестан намуд.

— Монед, ман аз дидори зебояш сер шавам. Қомати расоятба мурад, очат. Қошони сиёҳатба мурад, очат. Ман истода чӣ хел ба худат дилат шуд, балома! Мурдан ба ман мезебид, Ҳокимаҷон! Ҳабиба-апа марсияхонон берун баромад. Чанд нафар занҳо омада бо ў канор гирифта баробар нола карданд.

Ҳамин тавр он рўз Ҳокимаро ба хок супориданд. Дере нагузашта дуою фотиҳа ҳам ба охир расид. Рафту омади одамон рўз то рўз кам мешуд. Акнун маълум гардид, ки дар ҳақиқат Ҳокима мурдааст. Зеро ҷои ў холӣ буд. Ҳавлӣ, гўё сели бадвоҳимае омада шуста рафта бошад. ҳуввас мекард. Аз тарафи дигар ҳарчанд Ҳабиба-апа мегирист, рўзе ду-се маротиба нола мекард, аммо бовариаш намеомад, ки духтараш мурдааст. Як тарафи дилаш пур буд. Гўё ба сафаре рафтаасту пагоҳфардо баргашта меомада бошад. Бале, ин ҳама танҳо умед буд. Дар амал бошад. Ҳокима ба роҳи охирин, абадӣ сафари бебозгашт намуда буд.

Ҳавлиро, ки холӣ медид, дили Ҳабиба-ана бухс мекард. Ҳарчанд ў борҳо ба сари марқади духтараш рафта, ўро надида бошад ҳам, аммо боз мехост парвозкунон ба он ҷо равад. Раваду соатҳо нишаста бо Ҳокима «гуфтугў» кунад. Дарди дилашро ба духтари ягонааш гуфта гирад. Борҳо шудааст, ки амаки Даврон завҷаашро аз роҳ гардонидааст. Ў аввалҳо бо сухани мулоим насиҳат мекард, тасалло медод. Дид, ки нашуд, сиёсат намуд: ту худатро бой медиҳӣ, занак! Дилат мешавад, ки ман дар пирӣ дар хона танҳо монам? Маро худо дар назди ту фармояд. Набошад мурдаам дар хонаи танҳо мемонад.

— Мефаҳмӣ, занак! Як рўз бошад ҳам аз ту пештар мурам, шуд. Ман акнун дигар касе надорам. Танҳо ту маро саранҷом карда метавонӣ.

— Натарсед, мардак. Ман ҳоло намемурам. Ҷонам сахт. Худо намуру мурдамурда гард, гуфтагӣ. Набошад кайҳо ҷонамро мегирифт.

Амаки Даврон аз ин суханҳои завҷааш мегирист, ҳунгосзанон. мисли бачаҳо мегирист. Гиряи ў дилхарош, сўзон, умркўтоҳкунанда буд. — Дар ин дунё касе посутун нашудааст, занак. Ҳама мемурад. Духтари ҷавонамон мурду мо мемонем чӣ? Танҳо ман мехоҳам дар дасти ту ҷон диҳам. Ғайр аз ту дигар ба кӣ умед бастан мумкин. Шодиҷон ҳам рафт. Ба пешониамон вай ҳам нағунҷид. Майлаш, вай ҳоло ҷавон. Хаёт диданаш даркор. Танҳо ҳар замон-ҳар замон омада истад, шуд. Арвоҳи Ҳокимаро шод кунад. Дигар ҳеҷ чиз талаб надорам. Мо аз Шодиҷон бадӣ надидем. Чанд соле, ки бо Ҳокима умр ба сар бурда бошад, аз забонаш қанду асал мечакид. Меҳрубон буданд. Тақдир, нону насиб будааст. Ба пешониаш Ҳокима нағунҷид.

Дили Ҳабиба-апа ба ҳоли амаки Даврон месўхт. Ашкрезонии ўро дида боз худро ба даст гирифт. Ҳаракат намуд чанд соат дарду алами духтарашро фаромўш созад. Аз куҷо? Нашуд. Дилаш боз ба ғул-ғула даромад. Қуввае пайдо гашта ўро маҷбур сохт нола кунад, такрор ба такрор ғами ҷудоии фарзандашро гўяд. Сари марқади Ҳокима рафта, соате нишаста, ҳаври дилашро паст кунад. Кӣ медонад, инро мўйсафед-амаки Даврон мефаҳмид ё не? Ё дарду алами ў ҳам зиёд буду ошкор намесохт? Рўзҳо гузаштанд. Ҳабиба-апа торафт серожангу қоматҳамида ва таги рўяш зарду лоғартар мегашт. Дар даруни либоси сиёҳ вай дарахти пири хушкидаеро мемонд. Вақтҳои охир хотирпарешону маъюс буд. Роҳи рафта, гапи гуфтаашро намедонист. Агар рафту ягон асбоби рўзгорро ба ҷое гузорад, барои ёфтанаш соатҳо сарсон мегашт. Бисёр мешуд, ки чизи дар наздаш истодаро намедид. Модар мисли ҳаррўза ин пагоҳ барвақт хест. Ў хоби дидаашро пурра ба хотир оварда натавонист. Лекин каму беш дар ёд дошт. Махсусан, сўҳбати гармгарми шабона бо духтарашро. Аз ин ҷост, ки дилаш ба Ҳокима гум зад. «Чанд вақт ин ҷониб ба хабаргириаш нарафтам. Шояд барои ҳамин арвоҳаш парешон гашта бошад» аз дил гузаронд модар. Илоҳим қабраш тинҷ бошад. Гўр ин мўйсафед шавад. Намемонад, ки рафта хабар гирам. Метарсад, ки ман мемураму танҳо мемонад. Мана натиҷааш. Ба хобам даромад.

Модар азм намуд худи ҳамин пагоҳ мўйсафедро ба масҷид гуселонида сари қадам ба сари қабри духтараш рафта меояд.

Амаки Даврон мисли ҳарвақта «уҳу-уҳу» гўён сулфида-сулфида, торат карда сару либоси тозаашро пўшида ба масҷид, ба ибодат рафт. Аз паси вай Ҳабибаапа ҳам яктаки кўҳнаи рангаш паридаро пўшида, роҳи қабристонро пеш гирифт. Модар тез роҳ мерафт. Ҳар замон худ ба худ чизе мегуфт. Гап мезад ё нола мекард, номаълум буд. Занҳои маҳаллаи мо одати хуб доранд. Саҳарӣ барвақт аз хоб хеста ба таги дарвозаашон об мезананд. Тоза карда мерўбанд, дидори ҳамсояҳоро дида аз сиҳатсаломатиашон пурсон мешаванд. Онҳо танҳо мардҳоро бинанд, аз пагоҳӣ пеши роҳашонро «набурем» гўён рўй панаҳ мекунанд ё тез вориди дарвозаашон мегарданд. Ин панди модару модаркалонашон будааст.

Ана дар ҳамин пагоҳӣ чашми чанд нафар занҳо ба Ҳабиба –апа афтод. Дилашон ба ҳоли модари фарзанд гумкарда реш-реш шуд.

Бечораро ғами фарзанд адо кард. Боз ба сари қабр рафта истодааст. Вазнин, дар ҳақиқат вазнин. Илоҳим душмани одам ин рўзро набинад, -гўён ғоибона дилсўзӣ мекарданд.

Оромгоҳи маҳалла. Вақтҳои охир обод гаштааст. Одамон дар рўзхои «Поси хотир» роҳравҳояшро ба тартиб оварда, ду тарафи он ниҳол шинондаанд. Сари марқад сангҳои мармар пайдо гаштаанд. Аммо болои қабри Ҳокима урён. Чойники гулдори сурх ва пиёлаи бегули рангаш кабуд гузоштаанд болои хокаш. Шояд муваққатӣ бошад. Барои гум нашудани қабр. Модар ба ҳеҷ чиз эътибор намедод. Ў ҳатто ба сагҳои дайдуи мазор, ки Ҳабиба-апаро дида, як-ду бор дилу бедилон «ав-ав» гўён овоз бароварда сипас дигар тараф монда рафтанд, аҳамият надод. Ҳар қадар марқади духтараш наздик мешуд ҳамон қадар тезтар қадам мегузошт, дилаш тез-тез зада, сўзишаш зиёдтар мегашт. Нолааш баландтар мешуд: Ман омадам, аз ҷоят хез Ҳокимаҷон! Туро ёд карда омадам, балом! Аз барат ҷой деҳ, балом! Модари танҳоят мурад, Ҳокимаҷон! Ашки чашмонам хушк шуд, балом. Шунидам, ки ба Шодиҷон зан кардаанд, имшаб қабрат сўхт чӣ, балом? Воҳ балом, воҳ балом! Балои сўзонам воҳ балом! Чӣ хел дилат, шуд, ки маро танҳо партофта омадӣ, воҳ балом! Як боракак хез, очагию бачагӣ кунем. Ҳокимаҷонам балом!

Модар оғўш кушода худро болои қабри духтараш партофт. Муддате, то хаста гаштан ҳунгосзанон мисли духтарчаҳои модаргумкарда гирист. Гиристу гирист. Ва хаста гашта хобаш бурд.

Амаки Даврон мисли ҳаррўза аз намози пагоҳӣ баргашта ҳавлиро холӣ дид. Ў ду-се бор:

— Ҳокима, Ҳокима, -гўён чеғ зад. Аммо дид, ки касе ҷавоб намедиҳад, ба ҷустуҷўи кампираш даромад. Ў чанд бор ҳар ҷои ҳавлӣ, баъд кўча баромада назди обро аз назар гузаронид. Вале аз завҷааш дараке набуд.

— Аз пагоҳӣ ба куҷо рафта бошад? Ҳавлӣ норўфта, сатилҳо об пур накарда. Дарҳои хона кушодагӣ. Агар ба ягон ҷо намерафт, ў одатан то аз намоз баргаштани ман рўбу чини ҳавлию хонаро тамом карда ба сатилҳо оби тоза оварда, ҷой ҷўшонида мемонд. Аммо имрўз... Якбора ба ёди амаки Даврон омад: «Ба сари қабри Ҳокима нарафта бошад?»

Мўйсафед барои аниқ кардани тахминаш боз ба кўча баромад. Чанд дақиқа ба болою поён нигоҳ карда истод. Аммо аз кампираш дараке набуд. Оҳиста-оҳиста то лаби сои Калон рафт. Ба чанд нафар ҳамдеҳагонаш салому алейк намуд. Баъд пой молида-пой молида сои беобро гузашт. Мазори деҳа он тарафи ҳамин сой аст. Оромгоҳ хеле калон шуда рафтааст. Таърихаш кўҳна. Қабристонро роҳи мошингард ба ду қисм ҷудо мекунад. Мазори тарафи рост нисбатан навтар. Ҳокима ҳам дар он ҷо дафн шудааст.

Амаки Даврон поёну болоро нигоҳ карда, аз роҳ гузашт. Ба дарвозаи чўбини дутабақа наздик гашт. Ў чор тарафро аз назар гузаронд. Даст ба рў кашида ба арвоҳи гузаштагони ҳамин манзилу макон фотиҳа хонд. Сўи қабрҳои рўяшонро сабза пўшонида нигариста оҳи чуқуре кашид. Яъне дар дил «Одамӣ ҳамин-дия. Охири охирон хок мешавад» гуфт.

Ба роҳи мумфарши гирдаш ниҳолҳои сафедору гелос, себу олу шинонда қадамзанон наздик саду панҷоҳ метр рафта, тарафи дасти чап гашт. Аз ҳамин ҷо оромгоҳи нав сар мешавад. Ҳокима низ дар ҳамин ҷо ба хок супорида шудааст. Мазораш, ки нав аст, ҳоло сабза надамида мондааст. Ба ҳамин монанд чанд гўри дигар. Падар ба оромгоҳи духтараш торафт наздик мешуду синаашро ғусса тангтар мекард. Гумон бурдан мумкин буд, ки ҳозир таркида, амаки Даврон ҳам мисли Ҳабиба апа доду фиғон бардошта, ашк мерезад. Ба ҳоли духтари ҷавонмаргаш мегиряд. Аммо... Мўйсафед худро ба даст гирифт. Дуруст, ки чанд дона ашки беихтиёр баромада рўяшро лесида, болои риши сафедаш фаромад.

Мўйсафед аз байни қабрҳо гузашта сари марқади Ҳокима омад ва манзараеро дида шах шуда монд. Ҳабиба-апа оғўш кушода гўё, ки роҳат карда бошад, «духтараш» -ро ба бағал гирифта хоб мекард.

— Ҳокима, о Ҳокима, — мўйсафед хам шуда кампирашро бедор карданӣ шуд. — Духтарамро намедиҳам, гуфтам –ку духтарамро намедиҳам. Ба ҳеҷ кас намедиҳам, -овоз баровард модар.

Амаки Даврон кампирашро аз замин бардошт.

— Ба ту чӣ шуд? Худатро зиндалай куштании чӣ бало? Хез аз ҷоят! Ба хона меравем. Мон, вай беозор хоб кунад. Арвоҳашро нотинҷ накун.

— Духтарамро намедиҳам. Вай духтари ман. Диҳам, ки гирифта равед. Не, не. Ба ман нарасед. Маро ба ҳолам монед. Моро аз ҳам ҷудо накунед! Монед, мо очагию бачагӣ кунем. Канӣ ту, Ҳокима, канӣ ту, куҷо рафтӣ?

Ҳабиба-апа сару рўяш хоколуд, мўйпарешон, қавоқаш варамида, ларзон-ларзон гап мезад. Ким-чӣ ба вай асар кардагӣ барин менамуд. Ў чашмони сафедча гаштаи бемадорашро нимпўш намуда гўё, ки бо марди бегона гап зада истода шарм мекарда бошад, сўи мўйсафедаш ҳатто нигоҳе ҳам намекард.

— Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам. Дар хонаи худам шистан мегирам. Ҳокима дар ҳамин ҷо меистад.

— Майлаш шин, занак. Лекин дар ин ҷо не. Хез ба ҳавлӣ меравем. — Ҳокима омадагӣ, туро пурсида истодааст, -маҷбур дурўғ гуфт мўйсафед.

А-а! — Шах шуда даҳон кушода чанд дақиқа ҳайрон шуда монд модар. Ҳокима омадагӣ? Рост!? Канӣ вай? Кай омад? Маро диданӣ наомад чӣ? Худоба мурам бачам омадааст.

Модар аз ҷояш хест. Аммо сараш чарх задагӣ барин боз ба ҷояш нишаст. Бо ду даст пешониашро дошт. Як -ду бор оҳиста-оҳиста сулфид. Ва: -Натарсед, мўйсафед, ҳоло ман намемурам. Акнун, ки Ҳокимаро ёфтам, намемурам. Вай ҳам ваъда дод, ки маро партофта ба ҳеҷ куҷо намеравад, -гуфт. Мўйсафед ба гапзании ҳамсараш ҳайрон шуд. «Тарсидагӣ барин» аз дил гузаронид.

— Ба ҳеҷ куҷо наравад, нағз. Худо раҳмамонро хўрдааст. Набошад, тезтар хез, ба хона равем. Бин, тамоман ба хок ғилмидӣ.

— Ман худам. М-а-а.., х..дам. — Ҳабиба-апа худро аз шавҳараш дуртар гирифт. Ў қувват пайдо намуда аз ҷояш хесту ба шавҳараш «ба ман нарасед, ман худам» гўён якбора ба давидан даромад. Чанд метр рафта сахт калавид. Қариб буд болои қабре ғелида равад. Аммо бо ду дасташ хоктеппаи онро дошта «нарасед, ман худам» гўён боз давид. Модар дар чанд дақиқа ба роҳрави мумфарш баромад. Аз он ҷо дигар ба пасаш нигоҳ накарда сари лучу пои луч, бо мўйҳои парешон рангу рўи хоколуд дар дасти чапаш рўймоли сиёҳи рагпаридааш, худ ба худ ғурунгидағурунгида ким-чӣ гуфта, ба одамони рў ба рў истода гап партофта аз баъзеашон «Ҳокимаро надидед», «Ҳокима нагузаштааст», «Ҳокима гашта омад-а, медонед?» гуён гоҳ хандида, гоҳ гиря карда мерафт. Баъзеҳо ин аҳволи модарро дида «Бечора сафсата мегўяд», «Хаёлӣ гаштааст, илоҳим девона нашавад» мегуфтанд ва илова мекарданд: «Ҳамаи касалию беморӣ аз тарсу зиқӣ мешавад. Бечора Ҳабиба-апа. Ҳайфи ҳусни зебояшон. Пўсту устухон шудаанд. Ҳезуми тар барин сўхтаанд. Кадом рўз дар роҳ ё кўча афтида мемонанд...»

Ҳабиба-апа аз таги дарвозаи ҳавлиаш бо овози баланд: «Ҳокима, о Ҳокима! Канӣ ту, аз хобат хестӣмӣ» гуфта рост ба хонае, ки як вақтҳо духтараш хоб мекард, даромада рафт. Хона файз надошт. Бадвоҳима метофт. Тирезаҳояш мисли пештара маҳкам. Пардаҳояш партофта. Чанд вақт аст, ки ба ин ҷо касе надаромадааст. Анҷомҳояш чангу гард зер карда.

— Канӣ ту, Ҳокима? Руст шуда нашин, хез. — Ба сурати калони дар шифт овезони Ҳокима, ки майли табассум дошт, нигоҳ карда:

— Ҳа, ту дар ин ҷо-мӣ? Канӣ фаро!? Фаро мегўям!

Аммо сурат хомўш буд. Вай ҳамоно табассум мекард. Кӣ медонад, шояд ба ҳоли модар механдид, ки ба ин қадар бузургӣ беҷон будани вайро нафаҳмида истодааст.

Модар аз чизе тарсидагӣ барин дод гуфта берун баромад:

— Нест, набудааст. Духтарам мурда будааст.

Амаки Даврон, ки то ин дам расида омада буд, тезтар қадам монда аз таги оринҷи ҳамсараш гирифт: — Ба хона даро, боз куҷо меравӣ? Як дам нафасатро рост кун. Охир, ба сарат расидӣ. Худатро бемор кардӣ. Акнун ба ҳоли ту кӣ месўзад? Дар пирӣ маро беморбин кардӣ. Ғарибиам кам буд. Сад бор гуфтам, ки дами рафта дигар бар намегардад. Кадом мурда бо гиряю нола зинда шудааст? Ба тақдир тан додан даркор. Дар пешониамон аз рўзи аввал ҳамин хел навишта шуда будааст: «Намуру мурдамурда гард» гуфта.

Амаки Даврон гирист. Баланд-баланд гирист. «Ғарибиамон бас набуд, ки боз худо туро ба ин аҳвол гирифтор кард. Замонаро бин. Саг ба соҳибаш нигоҳ намекардагӣ шуда монд. Одамон якдигарро чашми дидан надоранд. Дар ин шароит кӣ ба мо нигоҳ мекунад? Пеш буд раҳму шафқат. Мўйсафед кампирашро ба хона гирифта даромад.

— Ту камакак дам гир. Ман як пиёла чои талх кунам, хур.

Ҳабиба-апа чизе нагуфт. Ў ором шуд. Хеле ором, бе ҳарф нишаст. Танҳо ҳар замон –ҳар замон бо панҷаҳои дасти чапаш мўи парешонашро шона мекардагӣ барин ба оқиб мехобонид. Бо нўги остинаш арақи пешониашро пок кард. Бари домани хоколудашро афшонд. Хаста шудагӣ барин сарашро болои кафаш гузошта як паҳлў зад ва дақиқае нагузашта хобаш бурд.

— Намедиҳам, намедихам! Духтарамро намедиҳам! — Модар боз дод гуфта бо чашмони беҷо аз ҷояш хест. Дид, ки дар паҳлўяш касе нест, ба дашномдиҳӣ даромад:

— Бар падарат лаънат. Духтари худама намедиҳӣ? Монам, ки вайро гирифта равӣ? Гум шав аз назарам. Набошад гўштатро хом-хом мехўрам.

Амаки Даврон чой дам карда овард. Хайёлпарешону маъюс буд ў. Пирамард боз ба пиёла рафт. Навбати дигар ба дастархону нон овора шуд. Дар сари ҳар қадам фикр мекард. Аз тақдири хеш бештар андеша дошт. Чӣ кор кунад? Додашро ба кӣ гўяд? Оё худои дард дода боз давояшро медода бошад? Кампири шўрбахташ, ки дар зиндагӣ бисёр азоб кашид, ҳамин тавр мурда мерафта бошад ё рўзи некро ҳам медида бошад. Имрўз тарсидааст. Аз чашмони беҷо, ҳар замон, ҳар замон одамро нашинохта дашномҳои ношаръӣ доданаш маълум. Баъд тез-тез хаёлаш мебуравад.

— Ма, як пиёла хўр, -пирамард ба кампираш чой дароз кард. — Бо як бурида нон хур, шояд қувват шаваду ба худат биёӣ. Ғам хўрда, ғам хўрда натиҷааш чӣ шуд? Охир, як Ҳокимаи ману ту не-ку? Вай барин садҳо ҷавонҳо дар таги хок хоб рафтаанд. Онҳо ҳам падару модар доштанд. Падару модари онҳо ҳам нағз медиданд. Вале аз дасти одамизод ҳеҷ чиз намеояд...

Ҳабиба-апа парвои ин суханҳо надошт. Вай ларзон-ларзон пиёлаи чойро ба лаб бурд. Чанд қатра чаконида-чаконида як-ду қулт нўшид. Нимсардии чойро ҳис карда якбора бардошта, баъд пиёларо болои дастурхон ҳаво дод. Пиёла фир гашту пурў хоб кард. Мўйсафед вазъияти кампирашро фаҳмида:

— Номатба мурам худоҷон. Раҳмамро хур. Наход ҳамин қадар ғаму қулфат кам бошад, ки боз ба вай ин дардро муносиб бинӣ. Намунаи дўсту душман намудӣ.

Ва якбора ба сараш зад ки ин хел беморонро одатан «чилёсин» мекунанд. Агар аз тарс бошад, нағз шуда рафтанаш мумкин. Аз ин ҷиҳат номаълум ба кўча баромада, дарвозаи ҳавлиро аз берун қулф кард то кампираш боз баромада наравад. Худаш назди имоми гузар рафт.

— Шумо ташвиш накашед. Охир, он кас модари мо ҳам, Худо шифо диҳад, ин обрўи ҳамаамон. Ман худам чор домуллоро ҷамъ карда гирифта мебарам, -ин суханони имоми гузар Салоҳиддин тўра буд.

Чӣ ҷои дурўғ гуфтан. «Чилёсин» ба Ҳабиба-апа як қадар кўмак кард. Мисли пештара нашуда бошад ҳам, шусту шў, пухту паз мекард. Аз паи мўйсафед мешуд. Танҳо як одат ўро тарк нагуфт: Ин ҳам бошад, ҳар саҳарӣ барвақт хеста то ними рўз давр зада баромадани чанд идораи шинос. Аз ин ҷиҳат ўро ҳама мешинохт. Ҳамин, қи кампири миёнақади асо дар даст, лоғар, чодари кабуди рангпарида дар сар дошта, куртаи гулдори сиёҳранг аз болояш яктаки барқад пўшида намоён шуд, касе пеши роҳи ўро намегирад. Дар даромадгоҳи идораҳо нигоҳ дошта: — Модар, куҷо меравед? Назди кӣ меравед? Ба кӣ кор доред, -гуфта намепурсанд. Посбонон ҳам одат кардаанд ба ин модар, роҳбарҳо ҳам.

пешина
аз 29
навбатӣ