Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз ин ҷиҳат баробари дидан «омадед-мӣ, дар ҳамин ҷо, дароед» мегўянд. Ҳолдонҳо нақл мекунанд, ки агар рафту гапи модар ё шасти ўро гардонанд, феълаш омада, одамро беобрўй карданаш мумкин будааст. Модар ҳам ба ҳуҷраи ягон кас тақ-тақ карда дарро оҳиста кушода «мумкин»гўён рухсат пурсида, баъд намедарояд. Барои ў фарқаш нест. Ў бе пушт-пушт, дарро якбора кушода, асояшро тақ-тақ ба фарш зада, кам-кам лангида-лангида рост назди курсии роҳбари нишаста рафта, бе ягон салому алейк, бо овози баланд-баланд суханашро тахмин ҳамин тавр оғоз мекунад:

— Ўй, мана бинед, вайро хап медоред ё не? Ба ман кораш чӣ? Шаб ба хонам одам фиристодааст. Шў кун мегўяд. Охир, ман мўйсафед дорам. Даркор бошад, худаш шў кунад.

— Э! Монад ман дар хонам шинам, намонад ягон ҷо кўчам. Вай чӣ? Директор? Ҳоли номаш чӣ буд? Ҳамон ҳам гаранг кардааст. Колхоза вайрон кард. Бригадир чӣ? Гузара вайрон кард. Тартиб нест. Ҳисобба гиред. Ҳозир телефон кунед. Милиса омада барад. Набошад, боз ба хонаи ман одам мефиристад.

— Кӣ вай? — аз рўи одат худро ҷиддӣ гирифта мепурсад роҳбар, гарчанде ин гапҳоро даҳҳо маротиба шунавида бошад ҳам.

— Раиси маҳалла фалончӣ? Шуд-мӣ? Директори колхоз фалончӣ? Бригадир!

— Калони занҳо.Муаллимҳо ҳам. — Чандин нафарро ба забон оварда модар илтимос мекунад:

— Ҳозир ба милиса телефон кунед. Омада онҳоро барад. Бурда шинонад. Ҷазояшонро диҳад.

Роҳбар гўшакро бардошта, бо як даст забончаи аппаратро зер карда истода:

— Ало, ало! Милиса! Ҳамон гуфтагим чӣ шуд? Бурда шинондед? Нағз кардед. Имрўз боз як-ду нафарашро шинонед. Боб кардан даркор. То кай модарро азоб медиҳанд. — Ва гўшакро ба ҷояш гузошта: — Шуд модарҷон, хотирҷамъ. Имрўз боқимондаашро бурда мешинонанд.

— Раҳмат писарам, аз фарзандҳо бинед. Мансабатон баландтар гардад, -бовар карда, дуои нек намуда баромада меравад модар. Ў баъди он ки идораҳои шиносро давр зада баромад, хастагии хешро ҳис намуда ҳавсалаи дилашро паст карда, маҷоли роҳ рафтан, ки намонд, пояшро базўр кашола намуда ба хона меояду бо як хоб рўзро бегоҳ мекунад. Бо ин аҳвол амаки Даврон одат кардааст. Медонад, кампирашро ҳама мешиносад. Касе ўро намеранҷонад. Таъна ҳам намекунад. Баракс, бисёриҳо гиребонашонро гирифта, агар шунавида бошанд, ки модар дар ғами фарзандаш ба ин рўз гирифтор шудааст, тавба мекунанд. Раҳмашон омада, албатта касе, ки дар дил дарде дорад, ашк мерезанд ба ҳоли модар. Чанд сўм бароварда, номаълум карда ҳангоми гуселонидан аз ҳуҷраашон ба кисааш меандозанд. Ҳарчанд модар ба гадоӣ нарафтааст. Ва баъди рафтани модар: «Худоҷон, ягон касро ба ин рўз гирифтор накун. Ягон кас доғи фарзанд набинад ё бачамур нашавад, мегўянд. Чунин аст қиссаи модари девона.

маРо оДам КаРДӢ, СоҲИБа

Додоҷон мисли пештара аз ҳар одами вохўрда, роҳгузар пул пурсида, хайри мардумро ба як стакан оби ангур сарф мекард. Менўшиду ба ҳар шахси дилаш пуршуда дарди дил гуфта мегирист: «Ман одам не, ман ахмақ. Маро худо зад. Агар худо намезад, аз занам ҷудо намешудам.

— Ман гуфтанӣ, ки Додоҷон кўчаҳоба ҳамин тавр гардад, як рўз не, як рўз ба мо ҳам айбаш мерасад. Ягон нафарамон роҳбар шавему сарашро ду то кунем. Одам шуда равад, савобаш мерасад.

— Пеш аз ҳама беваро ёфтан даркор, -гуфт мўйсафеди қадпасти кўтоҳриш.

— Дар маҳалла беваҳои аз шавҳар ҷудо шуда чорпанҷ нафар-ку? — Будан қати «ҳа» мегўянд-мӣ? Ҳамаи онҳо Додоҷонро мешиносанд. Илоҷаш бошад аз маҳаллаҳои ҳамсоя ягон занаки ношиносро ёфтан лозим.

— Не-не, занаки ношиносро чӣ кор мекунӣ. Аз ҳамин ҷо-маҳалламон меёбем. Чӣ гуфтед Аҳмад-полвон?

Аҳмад-полвон, ки то ҳол хомўш нишаста сўҳбати пирони як-ду сол аз худаш калону хурдро гўш мекард, гўё якбора ба худ омад:

— Дуруст, дуруст, кори савоб мешавад-гўён тасдиқ кард.

— Гап набошад ҳамин. Ин бегоҳ рафта бо кампирҳои худ маслиҳат мекунем. Фардо дар ҳамин ҷо ба хулосае меоем, -гуфт Саидбой –амак ба дастурхон омин карда.

— Таклифи хуб. Лекин ман ба кампир чӣ мегўям. Боз ба дилаш гап наояд, ки гўяд:

— Ҳа, мўйсафед, духтаратон бева буданба танбахшид карданӣ-чӣ? Ё, поидан ба дилатон зад? Охир, вай ҳар моҳ варақ-варақ пул мегирад-ку?

— Не, кампир ин тавр намегўяд. Вай фаросат дорад. То ҳол ягон бор ба рўям надавидааст.

Аҳмад-полвон бо ин андешаҳо чӣ тавр ба хона омаданашро надониста монд. Ба пешвози ў аз ҳама аввал Моҳпарӣ, худро аз оғўши Соҳиба ҷудо намуда давид.

— Бобом омаданд, бобом омаданд, -қанотак зада ба пои мўйсафед часпид. Аҳмад-полвон Моҳпарирро болои сар бардошта, рў ба рў кард, бўсид.

Аз тарафи чап, аз тарафи рости рўи набера бўсид, боз рў ба рў кард. Моҳпарӣ бо ду даст аз риши мошубиринҷи бобо дошта, гўё шона мекарда бошад, тор-тор ҷудо менамуд.

— Ҳа, мўйсафед, имшаб дер мондед-ку. Нигоҳ карда, нигоҳ карда хўрокро кашида хурдем.

— Саидбой ҳамаро ба гап гирифта андармон кард. Ғами Додоҷон ба сари ў афтодааст. Мўйсафедон маслиҳат карда, ўро одам карданӣ. Нангаш ба маҳалла нарасад мегўянд — Бечора Додоҷон, -афсўс хўрд кампир, -ҷавони чор кас медидагӣ буду ғам ғариб кард. Лекин мўйсафед, зани нағз бошад, боз мисли пештарааш шуда рафтанаш мумкин.

— Ҳамаи гап дар ҳамин-дия. Мўйсафедон ҳайрон, ки аз беваҳои инзамона кадомаш ба вай мерасида бошад. Ҳамааш босавод шудагӣ.

— Чаро намерасида бошад. Боз ёфт мешавад, — гуфт Соҳиба беихтиёр ва якбора сурх шуда рафт.

— Раҳмат, духтарам. Муаллима буданат маълум шуд. Одам бояд дил дошта бошад. Инсона ҳамааш инсон. Фақат тарбия кардан даркор. Тарбия бошад, асосан кори занҳо. Ҳеҷ кас аз маслиҳати зан зарар надидааст.

Аз таърифи падар Соҳиба хавф кашид. Ё худоё, -мегуфт ў худ ба худ, — падарам боз дар дил нияте надошта бошанд. Боз.... Беҳуда дирўз ин қадар дилам ба вай (Додоҷон) насўхта будааст-дия.

— Занак, — гуфт мўйсафед ба ҳамсараш муроҷиат карда.

— Ҳа, дадош, ба саратон ягон фикр дореду дар гуфтан андеша карда истодагӣ барин.

— Дуруст мегўӣ. Лекин метарсам, ки ҷанг накунӣ. — Соҳиба андешаи падарро фаҳмид магар, ки Моҳпариро бардошта ба хонаи дигар гузашт.

— Занак, пирӣ дия, як гап мегўям, нодуруст бошад, ҷанг накун.

—...

— Фикр кунам, Саидбой таклифи хуб кард. Лекин мо, мўйсафедон, ба даргоҳи кӣ рафта хостгорӣ мекунем. Духтарата ба фалонӣ «те» мегўем. Ягон каси «онҳо» духтари худатон Соҳиба-чӣ гуфта пурсанд, обамон шова нашавад, мегўям.

— Рост мўйсафед. Мардума бедаҳанаш кам не. Ҳар гапро гуфтанашон мумкин. Сонӣ, онҳо ҳам рост мегўянд-дия. Агар ба гап андохта тавонем, савобгири ҳақиқӣ бошем, Соҳиба-дия. Истед, ки вай навакак худаш гуфт-ку «Ёфт мешавад». Шояд...

— Ту, модар, ба ҳар ҳол фаҳм-чӣ, дили духтарат як бор шикастагӣ. Эҳтиёт кардан даркор, ки наранҷад. Агар кор пазад, фарзандамон ҳафт нафар нею ҳашт нафар мешавад. Додоҷонро то ба қатор даровардан хонадомод карда, худам ба назорат мегирам.

— Майлаш, модарҷон. Ба хотири Анора «не» намегўям. Намехоҳам, ки арвоҳи ў нотинҷ бошад. Мехоҳам, ки дар қатори шогирдонам боз як нафар одами дигарро тарбия кунам. Он тарафаш, албатта, аз пешониам, аз бахтам. Ба қавле ё месозам, ё месўзам. Аз роҳаш гардаду дуруст шуда равад, нуран аълонур мешавад...

— Духтаратон розӣ, — гуфт ба Аҳмад-полвон кампираш. Мўйсафед сар ҷунбонд. Ба назар чунин менамуд, ки ў аз ин хабари хуши ҳамсараш на он қадар розӣ. Аҳмад-полвон аз кори кардааш якбора пушаймон шуд. «Кошкӣ кампирро назди духтарам намефиристодам. Кошкӣ Соҳиба «не» мегуфт. Рафту фардо зиндагии духтарам напазад. Додоҷон нўшида омадан гирад, баъд Соҳиба аз ман домангир мешавад. Сухани шуморо ба замин намондам мегўяд. Ё, кӣ медонад, шояд Додоҷон ба инсоф ояд» фикр мекард ў.

— Ба Додоҷон-пиён зан кардаанд. Додоҷони арақхўр хонадор шудааст. Боз як муаллимаро гирифтааст. Аз зан бахт доштааст. Кори девонаю арақхўрро худо ростовар мекунад, мегўянд, рост будааст. Зани аввалааш ҳам муаллима буд. Нағз шудааст, акнун аз ҳеҷ кас пул намепурсад. Аз моҳонаи занаш арақ хўрда мегардад. Муаллима ақлашро хўрдааст чӣ? Ё ба вай ҳам камакак намерасида бошад?

— Не, е, ҳамон муаллимаи мешинохтагиамон бошад, кирои зан гуфтан. Мегўянд, ки мўйсафедони маҳалла маҷбур намудаанд. Мўйсафедон ба таврашон хуб кор кардаанд. Аз девона халос шавем гуфта ҳаёти як ҷавонзанро сўхтаанд.

Ин хел гапу калочаҳо аз даҳон ба даҳон мегузашт. Рўзҳои аввал зиёд мешуд, ки кам не...

— Майлаш, имшаб нўшида омадед, ман чизе намегўям. — Соҳиба аз таги оринҷи Додоҷон гирифта ўро ба хона бурду ба болои кат шинонд. Даст ба пешонаи Додоҷон гузошта: «Саратон тафсон, дард мекунад, албатта, ҳозир ман камакак ҷурғот биёрам, -гуфт. Ду-се чумча ҷурғоти хунук Додоҷонро як ларзонда андаке ба худ овард. Вай гумон кард, ки дасти Анораи меҳрубон дар пешонааш.

— Анора, -гуфт дастони мулоими Соҳибаро аз пешониаш гирифтаю бўсида. — Маро бубахш. Ман... Ман девона шудам, арақхўр шудам. Одамхо радди маърака карданд. Донам, ки ту зиндаю меомадӣ... — Додоҷон сахт гирист. Оби дида селвор рўяшро шуст. Дили бе ҳамин ҳам адошудаи Соҳиба низ ганда шуд. Ў ба бахти худ, бахти бади дугонаи фавтидааш ва Додоҷон мегирист.

— Гиря накунед, охир, боз саратон дард мекунад. — Соҳиба оқибат худро ба даст гирифт.

— Гиря накунам. Хуб ана гиря накардам. Анора, ту ҳам ваъда те, ки дигар маро партофта намеравӣ.

— Ваъда медиҳам. Ба шарте, ки дигар нанўшед.

— Рост?! Наход ҳамин тавр шавад? Не-е, бовариам намеояд. Ту, Анора, фиребгар. Ту маро боз партофта меравӣ.

— Камакак хоб кунед, саратон аз дард мемонад.

Ман дар паҳлўятон мешинам. — Хоб кун мегўӣ?

—...

Соҳиба сари Додоҷонро ба китфаш монда болои кат якпаҳлў зад. Дақиқае нагузашта Додоҷонро хоб бурд...

Саҳарӣ дасти мулоиму меҳрубон Додоҷонро бедор кард. Ў баъди чандин соли ҷудоӣ аз Анора бори нахуст навозишро ҳис мекард.

— Хезед, ҷонакам, вақти кор шуд.

Додоҷон як қад парида аз ҷой хест. Ё худоё, ин овози кӣ буд? Ў Соҳибаро дида худро ноҳинҷор ҳис кард. Бо ду даст рўяшро дошт. Бовариаш намеомад, ки зан-Соҳиба ин тавр меҳрубонона айнан суханҳои Анораро, ки як вақтҳо ҳар пагоҳӣ ҳамин тавр бедор мекард, гуфта бошад.

— Ҳа, ҷонакам, тарсидед-чӣ?

— Не, не, ман гумон кардам... Чашмони Додоҷон ҳоло ҳам чор тарафро меҷуст. Рўзҳо гузаштанд. Додоҷон аз рўи одат чанд бор нўшида омад, вале ҳар дафъа ўро Соҳиба навозиш мекард, суханҳои нек мегуфт. Ва пагоҳиҳо ба кор мерафту Додоҷонро дар хона мемонд. Ў акнун кам менўшид ва ё умуман наменўшид. Вале аз кўча баромадан шарм мекард, рўзро ба корҳои майда-чуйдаи ҳавлӣ бегоҳ мекард. Ин, албатта, сабаб дошт.

Зеро бекорӣ ўро бештар ба туғёни хаёлот мебурд. Фикр мекарду гўё аз кори кардааш шарм медошт. Баданашро гоҳ арақи хунук, гоҳ гарм пахш мекард.

— Ман ба рўи одамҳо, хусусан онҳое, ки як сўмним сўм садақа кардаанд, чӣ хел нигоҳ мекунам. Ҳатто бачаҳои роҳгузар маро мешиносанд. Борҳо шунидаам, ки онҳо «ана маст омад, ҳозир меафтад, тамошо мешавад. Консерти бепулро тамошо мекунем». Ё «вай мастро бинед, худ ба худ гап зада механдад» гуфта буданд. Чанд нафарашонро дашном додам, пеш карда то хонаашон бурда мондаам.

— Имрўз ҳамроҳ ба бозор меравем, -гуфт Соҳиба. — Харид кардан даркор.

— Додоҷон чанд дақиқа фикр карда монду баъд:

— Ба фикрам худат равӣ беҳтар, Соҳиба. То омаданат ман дигар корҳоро ба сар мекунам, -гуфт.

— Ман мехоҳам ҳамроҳи шумо равам.

— Ҳароҳи ман?! Маро ҳама мешиносанд. Онҳо ба ману ту бисёр нигоҳ мекунанд. Ту шарм надорӣ мегўям, Соҳиба.

— Ба шумо чӣ шудааст, Додоҷон. Ҳа, дарвоқеъ, дирўз ман ба назди сардори пештараатон рафта будам. Он кас розӣ шуданд. Ҳатто шуморо таъриф карданд. Пагоҳ-фардо бояд ба кор равед. Дидед, ки об ба лаби ҷўй баробар шудааст.

— Рост?!

— Чаро дурўғ будааст?

Додоҷон аз хурсандӣ гиря карда фиристод.

— Маро одам кардӣ, Соҳиба, -гуфт бо рўймол ашки чашмонашро пок карда истода.

Се сол аст, ки завҷааш бистарӣ. Фарзанди ягонаи ў пас аз як соли хонадорӣ диданашон дар дасти очакалонаш. Ў ба тарбияи худ гирифтааст.

«Ҳар зоғеро як доғе, ҳар дилеро як дардест. Одами беғам одам нест ё аз ин олам нест» гуфтаанд. Рафиқе, ки ман аз саргузашташ воқифам, дар дил дарде дорад. Ману Бафо-ако хелест, ки ҳамроҳ кор мекунем.

Дар синну сол ў калон асту дар мансаб ман. Хайр, гап дар синну солу мансаб не. Пеш аз ҳама одам будан лозим. То ҳамроҳи мард як пуд намак нахурӣ, чигунагии замирашро намедонӣ, мегўянд. Лекин намедонам, мо дар тўли кори якҷоя чанд пуд намак хўрда бошем. Аз хислатҳои ҳамдигар бохабар. Масалан, Бафо-ако коргари бад не. Ин, албатта, ба назари ман ҳамчун мудир. Вале роҳбарамон чанд бор эрод гирифт. Дар ҷамъомадҳо «рафиқ Холиқов! Ба ҳамааш худи шумо айбдор. Мо аз шумо талаб мекунем. Коргаратонро назорат баред, тарбия кунед, аз роҳаш баргардонед. Ҳар рўз нўшидани вай оқибати хуб намеоварад» гуфта сиёсат намуд.

Аҷоиб, дар байни танқидкунандагон ҳамқадаҳҳои Бафо-ако кам набуданд. Ангушти ҳайрат мегазидам. Чаро онҳо дар ҳаққи Бафо-ако тўҳмат мезананд. Охир, ў дар асл ягон хел рафтори ноҷоя накардааст. Хайр, чӣ, менўшад. Ягона айбаш ҳамин. Баъд чӣ? Баъди кор менўшаду ба касе арбада накарда, рост ба хонааш меравад. Оилааш ҳам розӣ. Лекин ман худ ба худ мегўям: «ҳалоли ҷони он кас бод. Раҳмат ба Бафо-ако. Мард будааст. Дар шароити фаровонӣ ҳам ба сари кас ҳар хел ғаму қулфат омаданаш мумкин. Бафо-ако бори вазнин бар дўш дорад. Вале ба касе дил намекафонад. Танҳо ман аз ин бохабар...

Се сол боз ў дари духтурхонаро охурча кардааст. Баъзан рўзе чандин маротиба. Доруҳои тухми анқоро якеро акою дигареро уко гуфта ёфта омад. Вале аз чӣ бошад, ки ягонтоаш фоида набахшид. Охири охирон: — Мо дорую дармони аз дастамон меомадагиро кардем. Чандин табибони зўр омада маслиҳатҳо доданд, -гуфт рўзе духтур, -албатта шумо мардакед, моро нағз мефаҳмед. Мо ҳаракат мекунем, бемор шифо ёбад. Ин обрўӣ мост. Вале ба марг дастамон кўтоҳӣ мекунад.

Ин маънои «дигар дар беморхона хобидани ҳамсаратон фоида надорад»-ро дошт. Бинобар он ҳангоми бори охир аз беморхона гирифта омадани завҷааш дар маҳалла овозаю дарвоза паҳн шуд: «зани Бафоя ҷавоб додаанд. Дигар одам намешудааст» мегуфт яке. «Духтурҳо, одами мемурдагиро ҷавоб медиҳанд-дия. Хабаратон не чӣ? Кадом вақт келини Ҳодибойро ҳам ҷавоб дода буданд. Имрўз омаду фардошба соф шуд, раҳматӣ. Дарди ин ҳам бедаво будааст-дия», -шунида мешуд аз дигаре.

Ҳатто ду-се рўзи аввал чанд нафар кампиру мўйсафедон, хешу таборон ба беморбинӣ омада, ба суханҳои пўшида «Моҳгулҷон, худо хоҳад нағз мешавӣ. Тани сиҳат бедард не. Нағз шудӣ, ки духтур ҷавоб додаст-дия» мегуфтанду ҳамин ки ягон ҳаракати ноҷоя кард, ё болои ҳам чанд бор сахт-сахт сулфида, рангаш дока барин сафеду чашмонаш аз хастагӣ нимпўш шуд, дар дилашон «бечорая ҷонсарак карданд, даму нафас, то бегоҳ худо медонад» мегуфтанд.

Мана ҳоло моҳи дуюм аст, ки Моҳгул дар ҳамон аҳвол. Дуруст аст, ки гўшташ тамоман гурехтагӣ. Аз ҳусни зебо танҳо абрўвони сиёҳ мондааст. Маҷоли аз ҷояш хестан, ҷунбидан надорад. Ду пояш кор намекунад. Мегўянд, ки саршавии касалии Моҳгул аз тарс будааст. Даромадани дард осону баромаданаш душвор. Аз ҷои хобаш гўё тарсида хеста будааст. Аввал ду-се ҳафта таб баровард. Баъд як пояш, сонӣ як дасташ ногиро шуданд...

пешина
аз 29
навбатӣ