Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
Баъди ин дигар вай дар ҷамъият одами нодаркор шуда монд. Лекин фарзандҳои хуб бояд ин ҳодисаро барои худ мактаб кунанд. Адабро аз кӣ омўхтӣ? Аз беадаб. Яъне кори кардаи вайро, роҳи рафтаи вайро одами ботамиз, бофаҳм накунаду наравад, дидӣ, ки боадаб шудааст.
Лекин, писарам, ҳаминашро ҳам гўям. Дар ин дунё ҳама чиз қарз аст. Ҷав корӣ, ҷав мебардорию гандум корӣ, гандум. Қосимбой деҳқони асил набаромад. Набошад хор не, ҷав мекорид. Хор, ки корид, имрўз онҳо ба баданаш часпиданд, халиданд, тала карданд.
Дар ин дунё ҳама чиз қарз, гуфтам. Намедонам, писарам, ба маънои ин гапам сарфаҳм рафтӣ ё не?
— Росташро гўям, сарфаҳм нарафтам, падар.
— Яъне ман гуфтанӣ, ки дар ин дунё салом ҳам қарз, алейк ҳам, як мушт шаттаи ноҳақ ҳам. Беҳуда «қарз ба қиёмат намонд» намегўянд. Мушт зада, албатта, аз ту не, аз шахси дигар «мазаашро» мечашад.
— Бо ин шумо, падар, чӣ гуфтанӣ?
— Таърих такрор ёфт, писарам. Қодир кореро кард, ки Қосимбой дар вақташ дар ҳаққи раҳматии қиблагоҳаш карда буд.
— Наход !?
— Ҳа, писарам. Охир, ман шоҳиди зиндаам-ку? Чаро дурўғ мегуфтаам. Ин гап байни худамон монад, писарам. Он ҳодисаро ман барин ду-се нафар мўйсафедони ҳаштодсола ё аз ин синну сол гузашта медонанд. Як шуду гузашт. Кори нағз, ки набуд, аҳли деҳа тез ҷимҷим карданд. Аҷоиботро бин, ки писарам, имрўз таърих боз такрор ёфт. Каси надониста бовар намекунад, албатта. Ё тавба, -гиребонашро дошт падар. — Ман ба парвардигор қоил. Айнан дар ҳамин синну сол Қосимбой падарашро зада буд.
— Рост !? — Ҳайрон шуда пурсидам.
— Рост писарам. Ҳайрон нашав, писарам. Дастатро ба гиребон гир. Тавба кардам, гўй. Зеро қиблагоҳамон мегуфтанд, ки қиёмат қоим шавад, писар аз гиребони падар мегирад. Набошад дар куҷо дидию шунавидӣ, ки барои ҳавлию ҷой шуда писар тарафи занашро гирифта, падарашро «қассобӣ» кардааст. Қосимбой ҳам дар ҷавонӣ Қодир барин гаҷири бадфеъл буд. Баддаҳан буд. Забонашро дошта наметавонист. Беҳуда дашном медод. Лекин дар назди занаш забонаш лол. Ҳар чӣ мегуфт, гуфти ҳамонро мекард. Раҳматӣ падараш аз Қосимбой норозӣ, тавба кардамку боз худоя худаш медонад, аз дунё гузаштанд. Дунёро бин, писарам, боз раҳматӣ сирпўшӣ карданд. «Пирӣ-дия, берун бароям гуфта пеши по хўрда афтода, сару рўямро қашқа кардам», -ба бисёриҳо ҳамин хел ҷавоб доданд.
— Қосим –амак ҳам задани писарашонро ба гардан нагирифтанд:
«Наход писарам маро занад?» Қодирҷон тилло гуфта, коркунони органро гусел намуданд, -фаҳмонидам ба падар.
— Ман ҳам аз дигарҳо ҳамин хел шунавидам. Дили падару модар ҳамин, писарам. Намехоҳад, ки ба пои фарзандаш хор халад. Номаш сиёҳ шавад. Дигарҳо фарзанди вайро таъна зананд. Ҳарчанд медонад, ки фарзандаш нохалаф, айбашро мепўшад. Агар рафту касе дар ҳақи фарзандаш ягон ҳарфи носазо гўяд, ягон мушт занад, тамом. Гўё, ки ўро дашном дода бошанд, гўё, ки ўро муште зада бошанд, мисли ҳезум месўзад, бирён мегардад. Ҳаракат мекунад қасоси фарзандашро гирад.
— Қодир ҳам бачаю кача дорад. Рўзе вай ҳам пир шуданаш мумкин. Боз нашавад, ки фарзандҳояш ҷазояшро диҳанд?
— Ин хел нагўй, писарам. Дар ҳаққи як кас бадхоҳӣ накун. Худо худаш медонад. Вай тамошобин. Мўйро аз хамир ҷудо мекунад.
Ман ба панди падар гўш медодаму пеши назар он манзараи мудҳиши дидаам меомад. Нолиши Қосимамак, рангу рўи хуншори он кас. Асои пора-пора гашта. Сўи падар мисли гурги гурусна бад-бад нигоҳ кардани Қодир. Доду вои Сабоҳат-апа. Фарзанди нохалафи худро дуои бад кардани модар... Ва боз мисли гурги пири тирхўрда нолаи мўйсафед...
Аз ин ҷиҳат аз дил мегузаронидам: хеҷ мумкин нест. Модоме Қосимбойамак баъди гузаштани ин қадар солҳо «мукофот»-и хешро гирифта бошад, рўзе Қодир ҳам мегирад. Бояд гирад. Таърих кори худро мекунад. Вай такрор меёбад. Ба ҷўи об омада об меояд...
Ҳокима ном дошт ў. Духтари яке аз оилаҳои ба қавле ба худаш тинҷ. Падару модар беҳуда ба духтари ягонаи хеш Ҳокима ном нагузошта буданд. Калон шавад, ба воя расаду ҳокими ҳавлию хона ва оқибандози волидайн гардад, -орзуи онҳо буд. Охир, дигар чӣ кор кунанд? Аз худо зўр набошанд. Харчанд худохудои ҳама, аммо ҳамаро бо як чашм надид. Холаи Ҳабиба чанд нафар таваллуд кард. Онҳо писар ҳам буданду духтар ҳам.
Аммо умрашон ду-се моҳӣ. Яъне парвардигор додагиашро боз гирифт. Ғам хўрданд зану шавҳар. Мўи сиёҳи модар дуранга гашт. Ва ҳатто торҳон сафедаш рўз то рўз бартарӣ пайдо намуд.
Дарду алами амаки Даврон аз ин ҳам зиёдтар. Роҳи рафта, нони хўрдаашро намедонист. Дасту дилаш аз кору бор, аз зиндагӣ торафт хунук мешуд. «Ба кӣ кунам? Писар надошта бошам, ки тўю сур карда, орзуямро шиканам. Як ризқ бошад, мегузарад. То мурдана ҷамъ кардагиамон мерасад» аз дил мегузаронид ў. Ин тавр мегуфту боз аз паи зиндагӣ мешуд. «Кор накунӣ хор мешавӣ, кон бошад ҳам, сарф кардан гирӣ, тамом мешавад. Кӣ як бурда нонашро беҳуда медиҳад. Нашавад, ки ҷолу кампир дар пиронсолӣ мўҳтоҷи марду номард гардем. Ҳоло, ки қувват ҳаст, кам-кам меҳнат кардан даркор. Захира зарар намекунад. Сонӣ модоме, ки худо худои ҳама бошад, наход ноумед кунад. Боз дар ягон ҷо руст карда мондагиаш будагист. Шукр, доду гирифт. Ҳеҷ набошад, охиратамон обод гашт. Дар он дунё ҳам бача даркор. Қабристонро обод кардем. Агар раҳмаш ояду писар ё духтар бо умри дарозаш дихад, ҳавлию ҷойро бо дасти худамон супорида бо хотири ҷамъ чашм пўшем, дигар армон надорам-ин буд орзуи амаки Даврон. Баъди гиряву нола ва ба чанд мазор чалпаку нўгча кардан худо Ҳокимаро дод.
Шукр карданд. Боз ба чанд мазор нарзу ниёз намуданд. Ба садақаталабҳо садақа доданд. Дуои пиру барно, ҷамъиятро гирифтанд. Ва кўдакро чанд қабат печонида, рўяшро ба баду нек нишон надода калон карданд. Мақсад чашми бад нарасад. Охир, одами моргазида аз ресмони ало метарсад. Бо ин роҳ на танҳо чилу солаш баромад, балки ду-се сола ва ҳатто кўчабарояк шуд.
Ҳокима «зирбидагӣ» буд. Ҳар гапро калонсолон дар ҳузураш гўянд, зуд чинда мегирифт. Рафту як гапро пурсанд чандтои дигар илова намуда, ҷавоб медод. Баъзан гапҳое мегуфт, ки калонсолон даст ба гиребон мебурданд. Гўё, ки ба вай касе ёд дода бошад. Аз ин ҷиҳат:
— Духтарчаатон бисёр ҳам зирбидагӣ-дия. Ин қадараш ҳам намешавад.
— Эҳтиёт кунед. Чашми одамизод сангро кафондааст, -маслиҳат медоданд ёру дўст.
Баъди ин насиҳатҳо дар дили амаки Даврон алоб меафтид. Бештар дар бораи духтарчаи солиму боақлаш фикр мекард. Ҳар хел шубҳаҳо дилашро фишор медод. «наход боз бевафоӣ кунад? Наход боз!? Тавба кардам худоҷон. Ба ту шаккокӣ кардан гуноҳи азим аст. Танҳо аз даргоҳат илтиҷо дорам. Қатори дигарон умри ҳамин духтарчаи моро ҳам дароз кун. Худоҷон, раҳмамро хўр. Бас будагист ҷафо дидан, бо дасти худ фарзандро ба хок супоридан, таънасори дўсту душман гардидан?! Бо чашми раҳматат бин худоҷон. Доғи фарзанд, хоҳ вай хурд, хоҳ калон, барои падару модар аҷали тайёр аст. Мо дидем, илоҳо душманамоя душманаш набинад. Аз ин рўзи сиёҳ ҳаст магар!? Лекин касе ҳамин аҳволи моро дида хандад, ҳасад хурад, таъна занад, худаш медонад...
Ҳокима калон шуд. Духтари чор кас медидагӣ. Ҳусни расо дошт. Рўяш гўё медурахшид. Чашмони сиёҳу дарозмижгонаш бо ҳам «ҷанг» мекарданд. Чорпаҳлўи кулчарўй буд вай. Миёнақад, мўи дарози ҳамеша бо ҳавсала майда карда бофтааш ҳангоми роҳ гаштан дар тахтапушташ мавҷ мезад.
Духтар, ки калон шуд, харидор ҳам бисёр мешавад. Алалхусус ба Ҳокима баринҳо. Рўзу шабе набуд, ки чанд нафар хостгорон дари амаки Давронро накўбанд. Омада, соатҳо нишаста, майнаи зану шавҳарро гиҷ мекарданд. Хазорҳо росту дурўғ пеш меоварданд. Аммо амаки Даврон ба ҳамаи онҳо як хел ҷавоб медод:
— Шумо шароити моро медонед. Худо аз як ҷиҳат кам кардагӣ. Чанд нафар писару духтар доду гирифт. Синну соли мо ҳам наздик ба шаст рафт. Дар пирӣ одами нигоҳ мекардагӣ даркор. Аз ин ҷиҳат ҳоло Ҳокимаро ба шавҳар доданӣ нестем. Беҳуда овора нашавед. Моро ҳам дар ҳиҷолат намонеду худатонро ҳам. Гаштааст-дия. Акнун ба ҳабдаҳ даромад. Ҳур шуда парида рафт чӣ?
Нияти зану шавҳар дигар буд. Ҷавоне ёбанд, ки аз оилаи бамаънӣ бошад. Таълим гирифта қобилу ёлуқ, гапдаро. Вайро биёранду хонадомод кунанд. Ҳамроҳи Ҳокима соҳиби мерос мешавад. Дар як вақт ба қадри меҳнати ҳамин қадар солаи пиру кампир расад. Барои ин, албатта, сабр кардан лозим. Зеро на ҳамаи писардорон ба ин шарт розӣ мешаванд. Ҷавонҳо бошанд, ор мекунанд.
Интизорӣ тўл накашид. Рўзе ба ҳавлии холаи Ҳабиба додарзодааш омад. Ў ҳамин тавр, барои дидани аммааш омада буд. Ҳар ду хеле сўҳбат карданд. Гузаштаро ба хотир оварданд. Холаи Ҳабиба ашки зиёд рехт. Аз бахти бад, сари сахташ ашк рехт. Худо давлат доду писар не, ки соҳиби ин ҷою ҷалол шавад, гуфт. Ягон нафар азони худӣ харидорӣ намекунанд. Бегоная зоташ бегона. Ҳазор нағзӣ кунӣ ҳам, медонистагиаш кам. Метарсам, ки фардо ягон ҷавони ноқобил омада мисли баъзеҳо хору зор накунад.
— Шукр дар ман чор писар ҳаст. Медонед-ку. Се нафарашро «паррончак» кардам. Ба шумо, аммаҷон, як нафар не, сад нафар писар бошад ҳам медиҳам, лекин кенҷатоямон-Шодиҷон аз Ҳокима хурдтар-дия?
— Ба чанд даромад, ки? — Имсол ҳабдаҳро пур мекунад.
— Ҳокима акнун ба ҳаждаҳ қадам монд. Фарқаш кам будааст.
— Дигар азони худӣ нест-дия?
— Нест, додарам.
— Ба ҳар ҳол ман як маротиба дили Шодиҷонро фаҳмида бинам. Бача-дия, боз шасти одамро напарронад. Розӣ шавад, фарзанди шумо.
Салимҷон марди хуб буд. Раҳмдил. Махсусан аммаашро «нишони падарам» гўён беҳад ҳурмат мекард. Дар ҳозиру ғоибаш фикри ўро менамуд. Аз ин ҷиҳат ҳоло чанд рўз аст, ки бо писараш «кор» мебарад. Ҳарчанд дар бораи Ҳокима-аммааш гап накушодааст, аммо овони сўҳбат бештар дар хусуси зиндагии чунин шахсон, чанд нафар хонадомодҳое, ки дар маҳаллашон ҳастанд, нобаробарии ҳаёт ҳарф мезад. Бо ҳамин роҳ гўё Шодиҷонро ба иҷрои вазифаи муҳим тайёр менамуд.
Инак, имрўз падару писар кушоду равшан гап мезаданд.
— Шодиҷон, писарам, ман як кори савоб карданӣ. Намедонам ту ба ин розӣ мешавӣ ё не? Лекин гуфта монам, писарам, дар ин масъала туро маҷбур намекунам. Хуб хаёл карда, баъд ҷавоб деҳ. Ҳаёт чизи мураккаб. Аз ин ҷиҳат ба гапҳои ман бо диққат гўш кун. Майлаш, агар хоҳӣ, барои дурусттар фикр кардан боз якду рўз вақт ҳам медиҳам.
— Ҳамин қадар масъалаи мушкил чӣ?
— Ҳа, писарам, ҳаёти кас, ки ба вай вобаста, душвор.
— Шумо падар-ку? Наход дилатон шавад, ки фарзандатонро ба оташ партоед. Инро, ба фикрам ягон падару модар намехоҳанд.
— Раҳмат писарам ба чунин ақлу тамизат. Худо хоҳад, аз ту умедам калон. Бовариам буд, ки ту ҳам бародаронат барин аз хати кашидаам берун намебароӣ. Набошад, гап ҳамин, писарам. Ману модарат маслиҳат кардем. Ниятамон духтари аммаат-Ҳокимаро ба ту нон шикастан. Аммаат бошанд мегўянд, ки Шодиҷон соҳиби ҷою ҷалолам гардад. Хизматамро карда, якрўза мурдаамро соҳибӣ кунад. Дар сари тобутам нола карда, бефарзандиам-беписариамро номаълум кунад. Ба ин ту чӣ мегўӣ?
— Ман аллакай фикрамро гуфтам. Ҳар чӣ ки шумо гўед, ҳамон мешавад.
Шодиҷон ба маслиҳати падар розӣ шуда хато накард. Ҷуфти муносиб афтода буданд онҳо. Шодиҷон дар манзили нав худро бегона ҳис намекард. Гўё дар ҳамин ҳавлӣ таваллуд ёфта, дар ҳамин ҷо камол ёфта бошад. Дидадаро, ки буд, тез ба дида ҷо шуд. Мисли фарзандашон ва ҳатто баъзан аз он ҳам зиёдтар хизмати аҳли оиларо мекард. Ҳоло ман домоди нав, чор-панҷ моҳа намегуфт. Ба назар чунин менамуд, ки хона, ҳавлӣ хўҷаинашро пайдо кардааст. Соҳибдор шудааст.
Ҳабиба апа дуои ҷони Шодиҷонро мекард. «илоҳо асло кам нашав. Хока гирӣ, зар шавад. Пешраву бобарор гард. Ба калонкардагиат раҳмат. Фарзанди одами нек-дия. Аз забонаш қанду асал мерезад.
Зиндагии хонадон бо маҷрои орому муайян равон буд. Ҳабиба-апаю амаки Даврон мехостанд тўи набера бинанд. Ошу нони мардумро диҳанд. Баъд худо умрашонро дароз кунад, набераҳоро ба воя расонанд. Аз паси Шодиҷону Ҳокима миёни мардум гарданд. Забондарозӣ кунанд. Аммо... Соли сеюми хонадории ду ҷавон бобарор омад. Худо ба қади Ҳокима дод. Ин хурсандии аҳли хонадонро дучанд намуд. Махсусан падару модари Ҳокима куртакурта гўшт мегирифтанд. Оҳир, он рўз дур нест, ки наберадор шаванд.
Падару модар, Шодиҷон Ҳокимаро хеле эҳтиёт мекарданд. Кори вазнин кардан, бори вазнин бардоштан намемонданд. «Сиҳат-саломат халос шавад», аз дил мегузаронид Ҳабиба –апа. Дилаш гўё аз чизе хиҷил буд. Баъзан сиёҳӣ пайдо мекард. Чашмаш мепарид. Хобҳои хархела медид.
— Гўр ин чашми ман шавад. Як моҳ боз мепараде? Намедонам сабаб чӣ бошад? Ё, ягон хўроки намешудагӣ хўрда бошам?» Ҳабиба апа барои худро таскин додан чанд тор мижаашро канда ба даруни куртааш мепартофт. Ба мижааш хас мемонд. Аммо хеҷ не ки вай аз паридан монад.
— Сари худатро хўр, -бо қаҳр мегуфт Ҳабиба апа. Ин қадар мепаррӣ? Ё ягон бало зад?
Ҳар қадар, ки чашмаш беист мепарид, дили модар ҳамон қадар хавотир мешуд. Таъбаш хира буд. Бо кӣ ҷанг кардан, аз кӣ алам гирифтанашро намедонист. Ба чанд кас арз намуд. Вале аз дасти ҳамсояҳо ҳам чӣ меояд? Онҳо тасаллӣ медоданд. Ин ё он қоидаро ба ҷо оред. Мабодо хўроки ягон одами дилатон намебардоштагиро нахўрдаед-ку. Ба ҳар ҳол ба ягон фолбин нишон дихед, бад намешавад мегуфтанд.
Ҳабиба апа дид, ки намешавад, назди фолбин ҳам рафт. Лекин аз он ҷо бо табъи хира баргашт:
— Баъди даҳ рўз гумм, баъди як моҳ гумм дар ҳавлиатон гумм ё дигар ҷо гумм як шодӣ ё ғам мешад гумм. Вайро шабу рўз азоб медиҳад, гулўяшро хафа мекунад, аммо ба касе намегўяд гумм. Ба ивази ҷонаш ҷон мепурсад. Лекин бо ин халос мешуда бошад ё не ин ба раҳми худо вобаста. Ба ҷони ҷавонаш раҳми худо ояд, ҳеҷ гап не. Муштипар боақл будааст. Падару модарамро ғам надиҳам мегўд. Худаш хоб дидагӣ, ки аҳволаш чӣ мешавад, аммо худашро ҳамеша хурсанд мегирад, гумм. Ба ҳар ҳол ба азизу авлиёҳо назр кунед. Ба худои таолоҳ гиряю нола кунед...
Баъди як ҳафта Ҳокимаро ба беморхона бурданд. Ўро дард сахт азоб медод. Духтурҳо не, як нафар доя баромада хабар кашидааст, ки таваллуд карданаш душвор. Хунаш кам, дилаш беқувват. Шодиҷон тайёр буд чӣ қадар, ки даркор бошад, хун диҳад. Аммо хуни ў ба Ҳокима намешудааст. Дар рўи ҳавлии таваллудхона ёру дўст бесаранҷом мешуданд. Назди чанд нафар духтурони шиносу ношинос рафта илтиҷою илтимос мекарданд. Мадади онҳоро мепурсиданд.
— Ҳаракат мекунем, то аз дастамон омадан ёрдам диҳем. Ҳамааш нағз мешавад, -тасалло медоданд онҳо. Ҳар соат мисли рўдаи гов дароз менамуд. Хабибаапа бетоқат мегашт. Гўё, ки ояндаи омади корашро медониста бошад, ашк мерехт. Ҳазор маротиба розӣ буд, ки кўдаки Ҳокима нобуд гардаду духтараш зинда монад. Аммо.. Аммо кай офаридагор бо маслиҳати бандагонаш кор карда буд, ки акнун кунад. Ў худаш медонад амалашро. Ба қавле ба пешонии ҳар кас аз рўзи азал навишта шудааст. Ризқаш, умраш, амалҳояш, бурду бохташ, буду нобудаш дар зиндагӣ. Вайро дигар намудан мумкин нест. Шаккокӣ ба худои карим мешавад.
Ҳабиба-апа дар як ҷо истода наметавонист. Гўё азоби духтарашро аз ҳамин ҷо истода бо чашмонаш медида бошад. Нолаҳои ўро мешунавида бошад: «Модарҷон, ман чӣ кор кардам ба шумо? Ба шири додаатон розӣ шавед! Хизмат карда натавонистам модарҷон. Умр кўтоҳ барин. Аҷал аз гиребонам сахт қапидааст. Халосӣ набудагӣ барин. Об, об модарҷон, об! Мемурам, модарҷон, мемурам!
Ме..рам...»
Модар як қад парид. Ба гўшаш овози охирини духтараш расид магар? Ё тире буд ки синаашро сўроху гўшашро кар кард.
— Диламро гургҳо тала карда истодаанд, мардак. — Ҳабиба-апа назди амаки Даврон омад. Гўр ин чашми ман шавад. Ҳокима илоҳим тинҷ бошад. Ба хаёлам духтарам сахт азоб мекашад. Аз сараш чӣ мегузарад, худаш медонаду худо. Ба умри ҷавониаш раҳми худо ояд, ҳеҷ гап не. Набошад...
Амаки Даврон базўр худро ба даст гирифт. Қариб буд ашк резаду гўяд:
— Набошад, ману ту занак ғариб мешавем. Дар хонаи танҳо мемонем. Шодиҷон ҳам моро партофта меравад. Касе намемонад, ки пои тобути моро бардорад... Аммо худро ба даст гирифт. Нахост аз пода пеш чанг кунад.
— Барои бемор Ҳокимаи Даврон кӣ омадагӣ? пурсид зани миёнсоли хилъати сафед пўшида аз дар баромада.
— Мо, мо, –ҷавоб доданд чанд нафар. — Вале аз ҳама пештар ба назди зан Ҳабиба-апа давида омад: — Чӣ шуд, хоҳарам. Чашмаш сиҳат-саломат рўшан шуд? Писар ё духтар?
— Нағз модарҷон. Ҳозир мешавад. Ба ман шавҳараш даркор? Кӣ шавҳараш?
— Ман! — Шодиҷон тез ба пеш гузашт. — Ман! Хизмат?!
— Шуморо мудир ҷеғ зада истодаанд.
— Мудир?! Тинҷӣ мӣ?
— Тинҷӣ, тинҷӣ, натарсед.
Мудири таваллудхона Гуландоми Саид мотам дошт. Бо таъби хира, сари хам менишаст. — Маро ҷеғ задед?
— Шумо шавҳари Ҳокимаи Даврон?! Шинед, ҷавон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё