Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
Нахустҳосил
То тандор шудани замин ба совхоз ду маротиба аз ноҳия комиссия омад. Як маротиба Мўсо Шодиевро ба кумитаи ҳизб даъват карда, фикрашро гирифтанд. — Илтимос, -гуфт дар сўҳбат котиби аввали кумитаи ҳизби ноҳия Ҳасанов, — фикратонро кушоду равшан гўед. Ба мо шароити шумо маълум. Фикри комиссияро гирифтем. Онҳо имсол пахта рўёнидан мумкин не, мегўянд. Ба ин шумо чӣ мегўед. Агар дар ҳақиқат ҳамин тавр бошад кумитаи ҳизб дар назди ташкилотҳои болоӣ масъала мегузорад, то плани совхозатонро бардоранд.
— Фикри шумо дуруст, муаллим, вале ман мехостам корамон аз соли аввал бобарор бошад. Дирўз бо коргарони совхоз маслиҳат кардем. Онҳо қатъӣ ваъда доданд, ки дар кадом шароит набошад, ҳосил мерўёнанд.
— Рост?!
— Рост муаллим. Аз ин ҷиҳат боварӣ дорам, ки агар дар оянда дигар офат нашаваду ҳаво гарм ояд, пахта мешавад.
— Хулоса, шумо, Мўсо Шодиев, ба фикратон устувор. Ин тавр бошад, муваффақият.
Мўсо Шодиев аз ҳуҷраи котиб баромада, сари қадам ба чанд идораҳои дигар даромада, корашро буд кард ва қарибиҳои нисфирўзӣ ба совхоз баргашт. Табъи директор як қадар хуш буд. Аввал ин ки котиб ба ў бовар намуд. Сонӣ, дар кадом ташкилот даромада бошад, ҳама гўё ўро ягон дўсти наздикаш гузашта бошад, дилбардорӣ намуда, ваъда медоданд, ки ёриашонро дареғ намедоранд.
— Хайрият одамизод танҳо офарида нашудааст, -мегуфт худ ба худ Мўсо Шодиев, -вагарна дар чунин лаҳзаҳои ба сараш мусибат омада чӣ кор мекард? Заҳри одамро одам мебардорад, гуфтанҳо рост будааст. Раҳмат, рафиқ Ҳасанов. Не, дурустараш раҳмат ба ҳизб, ки кадрҳоро санҷидаю ба паллаи тарозу бар кашида, сипас ба чунин вазифа пешбарӣ мекунад. Сўҳбатро бин. Худи ако уко барин. Дарди касро мефаҳмад.
Мўсо Шодиев ба хуҷрааш даромада плаши зарди рангаш андаке паридаашро кашида, ба либосовезак кашол кард. Кулоҳашро роҳравон болои курсии назди девор гузошта ҳаво дода, ба ҷояш гузашта нишаст. Нишасту гўшаки телефонро гирифта, чанд рақам чинд: — Алло, Оқилов, ба назди ман дароед.
— Нағз рафта омадед? -пурсид котиб. — Корҳо бо муваффақият ҳал шуд?
— Розӣ шуданд. Дигар корҳоро ҳам буд кардам. Акнун ин тарафаш ба ману шумо вобаста. Ба кор часпидан даркор. Лозим шавад, шабу рўз. Ба ҷавонҳо бовар кардан лозим. Ба пои онҳо теша назанем. Тарбия кардан даркор.
— Як шуд-дия, Мўсо Шодиев. Ман ҳам надонам, одамҳо гуфтанд. Набошад Назирҷон коргари хуб. Фотеҳи аввалин...
— Дар ҳама ҷо ҳамин хел таъриф кардан даркор. Умуман, ягон нафар аъзои совхоз дар ягон ҷо наҳ зада нашавад. Майлаш, дар идора чеғ зада ҷанг кунед, огоҳӣ диҳед. Лекин дар байни мардум эҳтиёт намоед. Дар як оила даҳ нафар фарзанд бошад, гандаашро намепартоедку? Ё гапам нодуруст?
— Сад фоиз дуруст.
— Мақсади шуморо чеғ задани ман ҳамин. Аз пагоҳ кишти дубораро сар кардан даркор. Дар панҷ-шаш рўз тамом карда, чигитро сабзонда барорем, дастамон боло.
— Ҳаво гарм шуд. Хок тафсид. Агар бо нами замин чигит неш назанад, он вақт сарсон мешавем. Об, ки мондед, алаф бисёр мешавад. — Чӣ гуфтед, -пурсид директор.
— Ман розӣ. Танҳо як чиз гуфтанӣ. Агар маъқул шавад.
— Марҳамат.
— Дар мо трактор бисёр. Чандтоаш бекор хоб рафтааст. Агар розӣ бошед бо омўзишгоҳ маслиҳат карда, чанд нафар хонандаҳоро мегирифтем. Охир, онҳо оянда қадри худамон.
— Ин фикратон, рафиқ Оқилов, дар ҳақиқат оқилона. Ба фикрам роҳбараш ҳам хурсанд мешавад. Чӣ гуфтед?
— Дуруст, рафиқ Шодиев.
Директор гўшаки телефонро бардошта рақамҳоро чинда чанд сония хомўш истода «гуд-гуд-гуд»-и онро шунавида, «касе набудагӣ барин» гуфт. Хост гўшакро ба ҷояш гузорад, баногоҳ овози «лаббай»-ро шунавид.
— Алло, рафиқ Шоҳисломов? — Ҳа, ман.
— Ассалому алейкум.
— Ваалайкум ассалом.
— Шумо дуруст? Корҳо чӣ тавр, нағз?
— Раҳмат, нағз.
— Шинохтед? -пурсид Мўсо Шодиев.
— Овозатон шинос. Лекин, росташро гўям... — Ман Шодиев.
— Э, ҳа, раис шумо-мӣ? Мебахшед-дия, овозатон паст омада истодааст. Барои ҳамин...
— Хайр, ҳеҷ гап не, дар як рўз сад кас телефон кунад, ҳамаашро шинохтан шарт нест.
— Хизмат раис.
— Ин ҷо мо бо рафиқ Оқилов маслиҳат кардем. Ба фикрам шумо дастгирӣ мекунед.
— Албатта-дия, ба манфиати кор бошад, кӣ розӣ намешавад.
— Худатон аз офат бохабар-а?
— Бохабар раис, бохабар. Шунавида, рости гап, аъзои баданам сўхт. Ба меҳнати мардум, даву ғеҷи шумоён. Як-ду бор занг задам, ҷавоб надодед.
— Раҳмат, муаллимҷон, раҳмат барои дилбардорӣ. Кор ҳамин тавр шуда монд. Заминҳоро сел шуст. Лекин коргарон пахта мерўёнем мегўянд. Шумо чӣ мегўед?
— Фикри нағз, нияти нек-дия. Лекин қувваи бисёр даркор.
— Гап дар сари ҳамин меравад, муаллим. Мо фикр карда бинем, ҳамин хел қувва дар омўзишгоҳи шумо ҳаст.
— Марҳамат, марҳамат. Гурўҳи механизаторӣ даркор будагист. Дода метавонем. Бе ҳамин ҳам аз ҳафтаи дигар таҷрибаомўзии онҳо сар мешавад. Бо ҳамин то имтиҳони давлатӣ ба ихтиёри шумо. Шароит муҳайё карда диҳед, шуд.
— Ҳеҷ гап не, он тарафаш ба зиммаи мо. — Ин масъала ҳам ҳал шуд, -гуфт директор. — Акнун ба онҳо ҷой тайёр кардан лозим. Пагоҳ сешанбе, рўзи чоршанбе меоянд. — Ба фикри шумо дар куҷо ҷой кунем, хуб мешавад? -пурсид Оқилов. — Ҷой бисёр-ку?! Бинед, маслиҳат кунетон...
Кишти пахта дар шаш рўз ба анҷом расид. Дар панҷ бригада якҷоя бо таҷрибаомўзон бист трактор шабу рўз кишт гузаронд. Аз ҳама пеш киштро бригадаи Назирҷон ба охир расонд. Ин, албатта, сабаб дошт. Ба панҷ бригада таҷрибаомўзонро тақсим намуданд. Вале масъалаи ба кадом бригада фиристодани Ситора ҳал нашуд. Дурусттараш Оқилов, ки мутасаддии ҳамин кор буд, намехост Ситора ба бригадаи Назирҷон афтад. ҳатто ў як маротиба:
— Рафиқ Шодиев, агар розӣ бошед, Ситораро ба шумо котиба таъин кунем. Охир, дар идора ҳам кор бисёр. То кай бе котиба мегардед? — гуфт.
— Хоҳиши худи Ситора ё дилатон ба вай сўхта истодааст? -пурсид директор. — Баъд рафиқ Оқилов, оқибати ин масъаларо ҳам фикр кардан лозим. Духтарак бо умед «механизатор мешавам» гуфта хонаду мо ўро оварда котиба таъин кунем. Дар масъалаи ман бошад, ғам нахўред. Ҳамин қадар вақт бе котиба гузашт. Вақташ ояд, ҳамааш мешавад. Ҳозир Ситора аз ин ҷо дида, дар саҳро заруртар. Баъд Ситора соли гузашта ба таҷрибаомўзӣ омада, дар назди Назирҷон кор карда буд. Аз ин ҷиҳат ба баригадаи ў фиристонед. Аъзояш як нафар зиёд шавад, ҳеҷ гап не. Киштро пештар тамом кунанд, бекор намеистанд-ку. Ба ҳамсояаш ёрдам мерасонад.
Ҳамин тавр Ситора ба бригадаи Назирҷон рафт. Онҳо бо як нигоҳ ҳамдигарро фаҳмида дар як вақт хешро аз чашми ҳамкорон эҳтиёт менамуданд. Шарт нест, ки муҳаббати ду нафар овозаю дарвоза гардад. Аммо офтобро бо доман пўшида намешудааст. Ба ин худи Ситора сабаб шуд.
Бегоҳии рўзи ҳафтуми кор дар биное, ки таҷрибаомўзон хобу хез мекарданд, ҷамъомад шуд. Дурусттараш мусобиқаро ҷамъбаст намуданд. Котиб Оқилов хуб кор кардагонро таъриф намуда, дар қатори беҳтаринҳо номи Назирҷон, чанд нафари дигар, охирон Ситораро ҳам гирифт. Ба бригад Назирҷон байрақчаро, лифофаро, ки саду панҷоҳ сўм пул дошт, супориданд.
Он рўз Ситораро бо як рўймол мукофотониданд. То Ситораи аз шарму ҳаё гул-гулшукуфта баромада инъомашро гирифтан ахли зол чапак мезад. Баъзе чашмгуруснаҳо бошанд, ба пои ғафс, қадду қомати оғўшпуркунандаи ў бо ҳавас менигаристанд. Рўи кулчаю мўи гирди сараш сабадча карда бастааш ўро боз ҳам зеботар ва ҳар бинандаро бесаранҷом мекард. Корҷомааш бадани ўро тарангу дилкаштар намуда буд. Ситора мукофотро гирифта ба ҷои худ нишастанӣ буд, ки Мўсо Шодиев ўро дошта «як-ду сухан гўй» гуфт.
— Не, шарм мекунам, — нози махсуси духтарона намуд Ситора.
— Аз кӣ шарм мекунӣ? Ҳама додару бародарони худат.
Ситора нахост сухани директорро дубора ба замин монад.
— Рости гап кори мо ҳоло кирои мукофот набуд. Раҳмат ба роҳбарон, ки меҳнати ҷавононро қадр карданд. Ин мукофоти аввалинест, ки ман аз меҳнатам мегирам. Дар он ҳиссаи устодам Назирҷон-ако калон аст. Он кас дасти маро рост карданд. Ҳаракат менамоем минбаъд хубтар меҳнат кунем.
Гулдурроси чапак баланд шуд.
— Офарин, — таҳсин хонд директор.
— Дар сухангўӣ бало будааст-ку, — гуфт касе.
— Ҳозир замони ҳамин хелаҳо шуд, — пичиррос зад дигаре, — Мардҳо суханашонро гум мекунанду занҳо шарм ҳам намекунанд.
— Назирҷон –ако, -гуфт Ситора баъди он ки ҷамъомад поён ёфт ва ҳама пароканда шуданд, -акнун ба ман ҳам ҷавоб будагист. Чанд рўз боз ба хона ҳам нарафтем. Аз модарам барои кишт шуда панҷрўза ҷавоб гирифта будам. Ҳафт рўз шуд. Боз он кас хавотир нашаванд. — Ҳалоли ҷони мо бод будааст-дия, -ба гап даромад Назирҷон ба чашмони мисли оташ дурахшони Ситора бо уммед нигариста, -дар ду-се ҳафта як маротиба ба назди модарам меравам.
— Дар ҳақиқат ба шумо мушкил, -тасдиқ кард Ситора. — Лекин байни ману шумо фарқ ҳаст.
— Нафаҳмидам.
— Шумо мардбача, шумоя гург намехўрад.
— Шумоя чӣ, Ситорахон? — Назирҷон худро гум кардагӣ барин якбора аз банди дасти Ситора дошт. Дошту боз тез сар дод. Ситора худро ба нодонӣ зада табассум намуд.
— То ман ҳастам, шуморо ҳам гург намехўрад. Аз ман бошад, наҳаросед даркор.
— Аз шумо?! Наметарсам, баракс бо шумо бошам дилам пур.
— Раҳмат.
— Истед, ки Ситора, дилатон аз ман ин қадар пур бошад, чаро ягон бор ба хонаатон даъват намекунед? Ё модаратон?
— Не, модарам нағз. Шумо фиребгар, барои ҳамин даъват намекунам.
— Ман! Бовариам намеояд.
— Исбот кунам-чӣ?
— Марҳамат.
— Вақти ба охиррасии таҷрибаомўзӣ чӣ ваъда дода будед? Албатта меравам, нагуфта будед?
— Мебахшед, Ситорахон. Рафтанӣ будам, андеша кардам. Баъд бовариам буд, ки баъди хатми омўзишгоҳ шумо албатта ба ҳамин совхоз меоед.
— Рафту ба ин ҷо намефиристоданд?
— Кофта меёфтам.
— Монед гапҳои дурўға. Шуморо надонистаю насанҷида ба модарам таъриф карда будам.
Назирҷон ба Ситора наздик шуд:
— Росташро гўед, чиҳо гуфта таъриф кардед?
— Ҳм-м, таъриф мефорад-а, рафту ганда карда бошам? — Бовариам намеояд. Ба ҳусни зебо суханҳои ширин мезебад.
— Тракторро ёд доданд. Як трактори алоҳида доданд, -гуфтам.
— Ҳамааш ҳамин?
— Боз чӣ гўям буд?
— Модаратон чӣ гуфтанд?
— Он кас пурсиданд: чӣ хел ҷавон, аз куҷо будааст, кӣ доштааст.
— Ман надонам. Ба хаёлам танҳо модар дораду халос, -ҷавоб додам.
— Мусофир будааст. Дар дашти хушк омада зиндагӣ мекардааст. Нагуфтӣ ба хонаамон меҳмон шавад? Охир, ба мусофир об додан савоб аст. Ҳол он ки ў мусофири раҳгузар не, балки барои обод кардани деҳаамон омада будааст.
— Агар хоҳед, Назирҷон-ако, ба хона меравем. Ба модарам шинос мешавед.
— Аз ростӣ?!
— Рост.
— Ман ҳозир. Назирҷон дар ҳавои кушоди назди майдончаи хобгоҳашон Ситораро чанд дақиқа танҳо гузошта мисли бод тез сўи хонаи хобаш рафт. Ў аз ҷебакаш калидро бароварда дарро кушод. Вориди ҳуҷрааш гардида аз тўрхалтааш як ҷуфт калўши чаҳорумро гирифта ба рўзномаи фарсудае печонд ва боз ҳамон тавре, ки дарро тез-тез кушода буд, зуд маҳкам карда, роҳравон калидро ба ҷебакаш андохт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё