Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Баҳори Чашма

Тирамоҳ ҷои худро ба зимистон дод. Зимистони имсола бошад, хеле тўл кашид. Барфҳои болои ҳам борида заминро кўрпа кард. Бо вуҷуди он фармон шуд, ки тракторчиҳо баробари баромадани офтоб, рўзҳои ғаниматро аз даст надода, шудгори заминро давом диҳанд. Ин, ба қавли ҳосилот, фоидаи чандтарафа доштааст. Аввал ин ки замин яхбур мешавад. Дигар кирмҳои замин, ҳашароти зараррасони ба рўи замин баромада нобуд мегарданд. Сеюм ин ки замин қулўх намешавад. Кори шаб хандаи рўз гуфтагӣ барин, кори зимистон ҳам хандаи рўзҳои баҳор буду он қадар барака надошт. Аз як тараф рўзҳо кўтоҳ буданд. Ҳеҷ як ватандўст аз соати даҳ-ёздаҳ барвақт ба кор сар намекард. Сонӣ ватандўст гуфта, саломатии хешро дар шамоли сахти пагоҳии дашт, ки сару рўи касро лесида мерафт, бой додан ҳам, аломати солимӣ нест. Баъд замини яхи пагоҳиро кадом кордҳои плуг мегирифт? Ҳар қадар пагоҳӣ ба кор дер сар кунанд, ҳамон қадар тарафи бегоҳ барвақттар бас мекарданд. Мўйсафедони Чашма мегуфтанд: имсол соли ҳосил аст. Барф бисёр шуд, ин ҳамааш нон. Сонӣ онҳо боз мегуфтанд: зимистон, барвақт омаду дуру дароз давом кард, аввали баҳор ҳам барвақт меояд.

Баҳор дар ҳақиқат барвақт омад. Чор-панҷ рўзи сўзони ҳамал барфҳоро ба ҷуйҳои об табдил дода, тамоми мавҷудотро ба ҳаракат овард. Гули аввалини баҳор-бойчечак ҳам рўи худро ба мардум нишон дод. Замин фала гашт.

Дар хоҷагӣ одамон серкор шуда монданд. Одатан ин фасли сол мардумро бесаранҷом мекунад. Зеро ҳамаи корҳо баробар сар мешавад. Як қисми одамон ба порукашонӣ, қисми дигар ба ҷўйбортозакунию ниҳолшинонӣ, онҳое, ки касб доранд-масалан, механизаторон ба таъмиру шудгор ва ё кишт машғул мешаванд. Ҳол он ки хоҷагии навбунёди «Тоҷикистон» ҳамагӣ ҳафтод нафар қувваи корӣ дошт. Вазифаи имсола бошад душвор. Совхоз бояд ба майдони наздиқ ҳаштсад гектар чигит корида, аз он на камтар понздаҳ сентнерӣ ҳосил бардорад.

Ноомади корро бинед. Дар аввал чор-панҷ рўз офтоб шуда, мардумро бесаришта намуд. Аммо ҳоло як ҳафта аст, ки борон меборад. Борони муҷмал. Баъзе рўзҳо, гўё, ки аз сатил мерехта бошад, сел меборид. Баъзан сим-сим. Хонаҳои гилин нам кашида, рўз то бегоҳу шаб то рўз чакида мебаромад. Ҳафтаи дуюм ҳам ба охир расид, вале ҳеҷ не, ки мардуми Чашма рўи офтобро бинад.

— Тоза ҳам нам кашида рафтем-ку? Меборидагӣ бошад, дурусттар борад, набошад муҷмал карда нагардад. Осмон сўрох шуд, чӣ бало?

— Тавба кардан даркор, тавба, -мегўяд Искандарбобо ин гапҳоро шунида. — Ин ҳамааш хости худо. Парвардигори олам қудрат дорад дар як нафас дунёро чапаю роста кунад.

— Агар метавонист, кадом рўз намояндаи заминро, ки ба наздаш парвоз карда рафт, дошта мемонд.

— Ту, Ҷалил, шаккок шудӣ. Парвардигор ба ту мазоқ не. Ҳоло аз сад гулат як гулат нашукуфтааст.

Рўзи интизорӣ фаро расид. Шабона шамол сахт шуда, абрҳоро ба ҳар тараф пароканда кард. Наздикиҳои саҳар осмон ситоразор шуд. Оҳиста-оҳиста шамоли тез ба боди маҳин табдил ёфт. Бўи баҳори ҳаққонӣ ба машом мезад. Он пагоҳӣ «замин лой, трактор намегардад, бо мошину тележкаҳо пору кашонда намешавад» гўён ба кори саҳро набаромаданд. Аммо дар гараж механизаторон ба сархорӣ дасташон намерасид. Онҳо механизмашонро бори дигар аз назар мегузарониданд, равған мекарданд.

Директор Мўсо Шодиев аз пагоҳӣ боз дар ҳуҷрааш. Ў ҳар замон-ҳар замон чои дар пиёла хунук шударо дам кашида, сарашро бо ду дасташ дошта, болои чизе фикр мекунад. Баъд рўи коғаз рақам монда менависад: якум-гузаронидани таъмири техникамошин, трактор, плуг, тухмипошакҳо. Аз рўи ахбороти кадом рўзаи бригад-механик ҳоло баъзеҳо таъмирро тамом накардаанд. Қисмҳои эҳтиётӣ бошад, тухми анқо шуда монд.

Мўсо Шодиев баъди нақшаи корашро тартиб додан «барои имрўз ҳамин кифоя» гуфта аз ҷояш хестанӣ буд, ки:

— Ҳамаро хабар карда омадам, аллакай як қисмашон дар майдон ҷамъ шуданд, -вориди хуҷра гашта хабар дод бригадир Оқилов.

— Ин қадар тез? — Аспакӣ рафта будам.

— Раҳмат. Набошад шумо рафта одамҳоро ташкил карда истед, ҳозир ман расида меоям. Ҳа, дарвоқеъ, дар мо ҷуфти гов нест. Ваъда карда будем, ки ягон тракторро мебарорем. Киро гуфтед?

— ...

— Набошад Назирҷонро таъин кунед. Ҷавони ҳушёр барин. Шояд дасташ ҳам сабз бошаду ҳосил фаровон шавад.

ҷуфтбаророн

Чоштгоҳӣ. Майдон серодам. Дар як тараф деги оши палав биқ-биқ меҷўшад. Маълум, ки биринҷ андохта, бакавул интизори дам партофтан аст. Дуртар аз деги он ду сабади аз навдаҳои сиёҳбед бофта шуда ва як тағораи сирдор меистод. Рўи онҳо бо дастурхони аз қиндӣ дўхта шуда пўшида шудааст. Сабаду тағора нони танўр, чалпак дорад. Онсўтари сабад се лингаи камкам бордор мехобад. Дар дуяш мавизҳои чиллагӣ, сиёҳ, қанд, сеюмаш бошад гандум дорад.

Гирди дегро бачаҳои бисёр иҳота кардаанд. Бачагӣ-дия. Онҳо гарчанде дар хонаашон ҳафтае як-ду маротиба ош хуранд ҳам, аз дег чашм намеканданд.

— Рафта гўштингириро тамошо кунетон. Ош, ки пухт, ба ҳамаатон медиҳам, —шунавида шуд овози бакавул Бозорбой.

Бозорбой марди миёнақади каландрўй, чорпаҳлў, мўйлаб дораду риш не. Чашмони калон-калонаш ба худаш мезебад. Ў аз рўзе, ки худашро мешиносад, ош мепазад. Бинобар он хурду калони деҳа номи ўро аз номи падару модарашон ҳам нағзтар медонанд. Бозорбой дар вақти ошпазии тўйҳои деҳа ягон хел хилъат намепўшад. Танҳо дастархонеро, шояд барои равған нашудани сару либосаш бошад, пешдоман карда мебандаду халос. Ба сараш бошад, аз гирди тоқии чоргул ҳамеша рўмолеро саллача мекунад. Маззаи хўроки ўро кас чашад, як умр фаромўш намекунад. Як коса мехўрдагӣ бошад, ду коса мехўрад. Бозорбой танҳо ош не, балки дигар хўрокҳоро ҳам аз ҳар ошпази хондагии «ман-ман» мегуфтагӣ даҳ баробар хубтар мепазад. Ба болои ин Бозорбой харрот, аммо дар деҳаашон аз харротӣ дида, касби ошпазӣ сердаромад. Зеро когарон «совхоз худаш хона сохта медиҳад» гуфта ду-се сол аст, ки ягон иморати нав намесозанд. Вале тўй қариб, ки ҳар моҳ чор –панҷ то.

— Пули устогӣ парахаи чўб барин бебарака, -нақл карда буд боре Бозорбой, -чунки пирамо ҳамин хел дуо кардагӣ. Баъд ў ҳикоятеро нақл кард. Аз рўи гуфти Бозорбой гўё рўзе як усто чанд иморати як касро буд карда, ба ивазаш як линга пул гирифта, бардошта рафта истода, дар роҳ ба мўйсафеди нуроние во мехўрад.

— Ҳа, бачам, чи бардоштед, -мепурсад мўйсафед. Усто, ки хаста шуда будааст, дағалона:

— Параха, — гуфта ҷавоб медиҳад.

— Илоҳи параха шавад, -даст бардошта дуо мекунад он пир. Бинобар он лингаи пул ба аррамайда табдил меёбад. Аз ҳамон рўз пули устогӣ барака надорад.

— Монда нашавед. Бозорбой, -гуфт Мўсо Шодиев баъди наздик шудан. — Ош тайёр?

— Тайёр, раисҷон, тайёр. То шумо маҷлисатонро мегузаронед, ки ман даҳ оши дигар мепазам.

Директор ба издиҳом, ки ба шакли лаганд гирд гирифта «хай бардор», «пушти по бекор, бардошта зан» мегуфт, ҳамроҳ шуд. Чанд нафар директорро дида роҳ кушоданд. Ў аз байни онҳо гузашт. Султону Орифи тракторчиро дида «канӣ, ҳаракат кунетон охир, тамошо кунем» гуфт. Султон директорро дида, табассум намуд ва рўймоли миёни Орифро сар дод.

— Э, гир-дия, як дам шўхӣ, афтию занӣ, замин мебардорад, -аз ҳар тараф овозҳо шунавида шуданд.

— Барои чӣ сар додӣ? Мо акнун омадему ту бошӣ бас кардӣ, -норозигӣ изҳор кард директор.

— Ҷуфтбаророн иди деҳқон аст, -Мўсо Шодиев суханашро ҳамин тавр сар кард, -дар ин рўз ҳама шодию хурсандӣ мекунад. Бо нияти нек ба замин дон мепошад. Мо ҳам бо ҳамин ният имрўз ба ин ҷо ҷамъ омадем. Замин ба гови ширдеҳ монанд аст. Вай кор кардан, нигоҳубини махсусро мехоҳад. Барои ҳамин лозим аст, ки аз пагоҳ тамоми механизм шабро-шаб, рўзрорўз нагуфта кор кунад. Заминро бори дигар сихмола кардан лозим. Ҳоло бошад, хурсандиро давом диҳетон. Ту, Назирҷон, ба тракторат шин. Шумо, Маҳкам-бобо гандумро гиред, -супориш дод директор. Трактор аввал ба монанди одами сулфа «па-т-пат-пат», сонӣ «тррр...» кунон замину замонро ба ларза даровард.

Маҳкам-бобо ба домани яктаҳи рах-рахаш сечор килограмм гандумро гирифта «хайр, канӣ, як фотеҳа диҳетон» гуфт. «Омин, баҳори беғурбат шавад, давлатамон тинҷ, халқамон осуда, як донаи мо ҳазор дона шавад, облоҳу акбар». Ҳама даст ба рўй бурданд. Баъд Маҳкамбобо бо дасти чап ду бари доманашро дошта, бо дасти рост кафкаф гандум гирифта, зери лаб дуо хонда-дуо хонда, дони умед пошид. Донаҳои гандум аз байни ангушт, рўи каф ба қулўхҳо зада, пош мехўрданд.

— Рафиқ Одилов, гўед одамҳо шинанд. Нону чалпак, қанду мавиз партоед. Ошро кашида биё, Бозорбой, -фармон дод роҳбар. Он рўзи аввалину ҳақиқии баҳори Чашма буд.

Бале баҳори Чашма. Офтоб чанд рўз сахт тасфид. Сабзаҳои лаби ҷуй каб-кабуд шуданд. Роҳҳои мошину тракторгард пурчанг гардид. Замин бошад, хокрез, боби кишти пахта буд. Аз ин ваҷҳ тракторҳо беист кишт мегузаронданд.

Ҳа, дарвоқеъ, дар совхоз ду шўъба ва панҷ бригада ташкил намуданд. Ин дар соли аввал аз нўги хамир фатир буд. Мувофиқи нақша дар ҷои заминҳои ҳозира ҳабдаҳ хоҷагӣ ташкил карда мешавад. Мегўянд, ки аз ин дувоздаҳтоаш хоҷагии пахтакорӣ мешудааст. Ногуфта намонад: дуртар аз Чашма дар масофаи ҳафт-ҳашт километр як-ду хоначаҳои поездро кашола карда оварда монданд. Дар он ҷо бинокорон ба гузоштани таҳкурсии бино машғуланд. Ба наздикӣ гурўҳи бинокорони омўзишгоҳ ба он ҷо ба таҷрибаомўзӣ мераванд. Он ҷо маркази совхози дуюм мешудааст. Дар бораи дар куҷо сохта шудани маркази совхозҳои боқимонда касе маълумот надорад. Ҳаминаш аниқ, ки маркази ноҳия деҳаи Чашма тасдиқ гардидааст. Шояд он вақт номаш дигар шавад. Не-я, чаро дигар мешудааст. Магар Чашма номи бад аст? Аз мақсад хеле дур рафтем. Сухан дар бораи шўъбаҳои хоҷагӣ мерафт. Назирҷон дар шўъбаи дуюм бригад-механик таъин шуд. Дар ихтиёри вай ҳамагӣ ду бригад. Ба ҳар шўъба наздик чорсад гектарӣ замин доданд. Бригадаи якум шаш нафар, дуюм чор нафар аъзо дорад.

— Гап ҳамин, -гуфт боре Мўсо Шодиев дар ҷамъомади умумӣ, — хўҷаини ҳақиқии замин шумоед. Агар ба вай дилсўзона, монанди замини худ, кор накунед, ҳосили дилхоҳ ба даст овардан мушкил. Ҳар яки шумо аз рўзҳои аввал бояд барои шарафи худ, деҳа, хоҷагӣ монда нашуда меҳнат кунед.

офат

Рўзҳои офтобӣ ҳамаро хурсанд карда буд. Баъзеҳо «боди баҳор, барорад ғубор» гўён аллакай тани курта шуда буданд. Сабзаҳои сари марза кўрпа, майсаи заминҳои ҷуфт надида чорвосеркунак гардидааст. Дар ҳамаи қитъаҳо дар тўли як ҳафта пунбадона неш зада, болҳои худро аз зери хок берун кардааст.

Фалокат аз зери по мебаромадааст. Бегоҳии рўзи сешанбе аз тарафи қибла шамоли сахт хест. Вай чангу хокро ба осмон бардошта, девбода кунонида, ба сару рўи одамон, оинаи трактору мошин бурда мезад. Фурсате нагузашта осмон сип-сиёҳ, рўзи бе ҳамин ҳам бегоҳ шуда ториктар гашт. Абри сиёҳ ҳамроҳи шамол мисли мори бад ба чор тараф давида, гўё ҷои ба худ мувофиқ мекофт, то захрашро резад. Баногоҳ гулдурроси сахти раъду барқ замину осмонро ба ларза даровард. Аз паси вай борони калон-калон борид. Сел чунон бадвоҳима буд, ки дар як дам ҳама ҷойро об зер кард. Мўсо Шодиев ин аҳволро дида, бетоқат шуд. Ў дар ҳуҷрааш нишаста наметавонист. Ҳар замон назди тиреза, айвончаи таги дар баромада, ба осмон нигоҳ мекард. Ҳамин вақт телефон ҷарангос зад. Директор тез-тез қадам монда, гўшакро бардошт.

— Рафиқ Шодиев!

— Лаббай, салом муаллим, -овозро шинохта ҷавоб дод директор.

— Корҳо чӣ тавр? Ҳаво чӣ хел, ҳаво? Жола наборидааст-ку?

— Не, муаллим, жола не-ку, лекин борон сахт. Сел меборад, сел. Ҳама ҷоро об зер кард. Пахта ба хаёлам, расво шуд.

Аз гўшак танҳо чуқур-чуқур нафаскашии муншии аввали ҳизби ноҳия Ҳасанов шунавида мешуд.

— Шумо чӣ чора андешиданӣ?

— Борон монад, бо фаъолон маслиҳат карда хабарашро медиҳем.

— Хайр, саломат бошед.

— Раҳмат муаллим. — Шодиев гўшакро ба ҷояш гузошта боз назди тиреза омад. Аллакай ҳамроҳи сел жолаи олумонанд меборид. Директор беист папирос мекашид. Нағоразании шифери болои бомро гўш карда, худ ба худ «ҳамааш нобуд шуд. Аз нав коридан даркор, аз нав. Кошкӣ одами зиёдатӣ дошта бошем. Меҳнат барбод рафт» мегуфт. Офат кори худро кард. Оби дайду баъзе ҷойҳоро шуста рафт.

Сипас абрҳо пароканда гашта, дар осмон ситораҳо пайдо шуданд. Директор ҳоло ҳам дар хуҷрааш. Ў ба курсӣ нишаста, бо ду дасташ чакаашро дошта, хаёл мекунад. Саҳл мондааст, гиря кунад. Аъзои баданаш месўзад. Ў як фикрро такрор мекунад: «Умед нест, пахта нобуд шуд. Танҳо як роҳ аст. Ду-се рўз гузашта замин, ки тандор шуд, аз нав кишт гузарондан даркор».

Пагоҳии рўзи дигар Мўсо Шодиев супориш дод, ки сардорони шўъба, бригадирон, механизаторонро ҷамъ кунанд. Дере нагузашта котиби ташкилоти ҳизб Оқилов шитобон ба хуҷраи директор даромад:

— Рафиқ Шодиев, ҳама ҷамъ шуданд. Танҳо Назирҷон нест.

— Чӣ хел нест? Ё наёфтед! — Дар ҷои хобаш набудааст. Дигар гап ҳамин, ки рафиқ Шодиев, Назирҷонатон ба бригадирӣ намешудагӣ барин.

— Ин чӣ гуфтагиатон? Вай ба ман кӣ мешавад? Писарам додарам, ё..? Магар ҳамаи коргарҳо ба ману шумо баробар нестанд? — Якбора шўрид директор. — Сонӣ, аз куҷо медонед, ки вай бригадириро метавонад ё не? Ҳоло корро нав сар кард.

— Бепарво барин. Ба кори ҷамъият дилаш намесўзад. Агар ҳамин тавр намебуд, дилаш ба кишт месўхт, мисли ману шумо хуни дил хўрда, шаб хоб намекард. Вай бошад...

— Мебахшед, рафиқ Оқилов, о, кадом рўз худатон хеле таъриф карда будед-ку?

— Надониста, насанҷида таъриф кардам. Акнун фаҳмам, хислатҳои хунук доштааст.

— Хислатҳои хунук?! Пеш аз тўҳмат, аввал исбот кардан даркор.

— Худам ба гўши худам шунавидам, одамҳо гуфтанд.

— Чӣ гуфтанд, кӣ гуфт?

— Занакабоз будааст.

— О, дар ин дашт худи занак несту...

— Ба деҳа рафта будааст. Ба хонаи Мирзобойамаки раҳматӣ. Ба духтари он кас, ҳоло номаш чӣ буд? — Ситора!

— Ҳа, Ситора, алоқа доштааст.

— Рафиқ Оқилов, илтимос мекунам, минбаъд аз майнаатон ин хел фикрҳои вайронро гирифта партоед. Шумо фикр карда баъд гап заданро ёд гиред. Фаромўш накунед, ки шумо сарвари ёздаҳ нафар коммунистонед. Дигарҳо гўянд ҳам, мову шумо дар ҳаққи ҷавонҳо ин тавр гапу калочаро паҳн накунем. Ба хонаи Мирзобойамак рафта бошад чӣ? Ин магар маънои занакбозиро дорад? Онҳо ҷавонанд. Чанд вақт якҷоя кор карданд.

— Мебахшетон, ба сўҳбататон халал расондам. Маро кофта будетон, -гуфта даромада омадани Назирҷон имконият надод директор давоми гапашро гўяд. — Ҳа, камтар маслиҳат буд. Одамҳо ҷамъ шудагӣ, ту ҳам рафта ист, мо ҳозир.

Мўсо Шодиев баъди «хуб» гуфта баромада рафтани Назирҷон ба рангу рўи Оқилов нигарист. Помидори нимсурху нимсафедро мемонд вай.

— Худаш омада монд. Биёед, акнун аз паи кор шавем, директор аз ҷояш хеста, калиди рўи мизро каф карда гирифт ва бо яктояш дари ғалладонашро маҳкам намуда, ба кисааш андохт.

— Ман ба таври худ чӣ кор кардам, роҳравон фикр мекард Оқилов. — Гапи хом зада пухта шунавидам.

Дафъаи аввал тири Оқилов ба нишон нарасид. Ў мехост қасосашро гирад. Барои чӣ писари ў истода, ҳамин тавр як духтари парӣ баринро як ҷавони мусофир мегирифтааст. Охир, писари ў аз кӣ кам?

Албатта. Олимҷон (писари Оқилов) ҷавони бад набуд. Гапдаро, ҳалим, синну солаш аз Назирҷон сечор сол ҷавонтар. Як сол пеш аз аскарӣ хизматро тамом карда омад. Ҳоло дар курси ронандагӣ мехонад. Вай кадом вақт подабондухтари як вақтина-Ситораро дида монд. Ситора аз омўзишгоҳ ба хонааш мерафт. Диду ба ҳусни расояш дил баст. Ҳо, мегўянд-ку, муҷаррадҳо дар як рўз ба сад духтар ошиқ мешаванд. Ҷавонӣ-дия, дилаш ба тапидан даромад.

Як бегоҳ Олимҷону модараш танҳо монданд. Гап аз гап баромаду писар ба модар «духтари Мирзобойамак дар куҷо кор мекунад?» гуфта пурсид.

— Номаш гум шавад, ин хел духтара. Пардаи рўяшро дарронда, тракторчӣ шудагӣ, -ҷавоб дод Адолат –апа, — вале даррав аз гапаш пушаймон гардид. Аз дил гузаронд, ки писараш бечиз напурсида истодааст. Бинобар он «ҳа, писарам, боз якбора Ситораро пурсидӣ», гуфт.

— Не, ҳамин тавр, кадом рўз дида мондам, андаке сурх шуда ҷавоб дод Олимҷон. Модар ҳамаашро фаҳмид. Шавҳарашро аз нияти писараш огоҳ кард. Вале имрўз тири Оқилов ба нишон нарасид... — Вазъият ба ҳамаатон маълум. Дили ҳеҷ кас намехостагӣ кор шуд. Аммо ба Ватан пахта даркор. Имсол, ба фикрам, барои ҳар яки мо имтиҳони ҷиддӣ мегардад. Табиат ҳам аз соли аввал бо мо даст ба гиребон шуда, фаҳмиданӣ, ки оё ба мушкилӣ тоб оварда метавонем ё не? Ҳосил бист-бисту панҷ рўз дер мешавад. Ин маълум. Вале имрўз чӣ кор кунем, ки ҳосил шавад. Барои ин маслиҳати шумоён даркор.

— Фикри шумо дуруст, Шодиев, -сухан гирифт Самеъамак. — Сол соли намешудагӣ омад. Кишти коридагӣ нобуд шуд. Ҳеҷ гап не, ҳоло вақт ҳаст. Агар ба фикри ман, ба замин пеш аз кишт пору андохта, бақувват кунем, ниҳолҳо тез ба сабзиш медароянд.

— Самеъбой, ману шумо одамони дар деҳқонӣ мўи сарамонро сафед кардагӣ. Бояд фаҳмем, ки пору кадом вақт фоида оварданаш мумкин. Агар тирамоҳ рехта, шудгор мекардем, мазааш ба мағз-мағзи хок мерафт. Ҳозир, ба фикрам, киштро гузаронда, чигитро сабзондан даркор. Баъд коркард гузаронда, шарбат дихем, мешавад, — эрод гирифт Додоҷон-амак.

Боз чанд нафари дигар ба сухан баромаданд. Як гурўҳ фикри Самеъ-амак, гурўҳи дигар фикри Додоҷон-амакро маъқул медонистанд. Баҳсу мунозира, андешарониҳои онҳо гурўҳи табибонро мемонд, ки аввал сабабҳои пайдоиши дарди беморро муайян карда, сипас ҷарроҳӣ менамоянд.

— Пирони мо дар ҳақиқат таклифҳои хуб карданд. Ҳамаи вай ба фоидаи кор албатта. Лекин барои ҳамин шабу рўз таклифи Додоҷон-амак бештар манфиатбахш барин. Нашъунамои ниҳолҳоро метезонад, ҳосилашро зиёд мекунад. Аз ин ҷиҳат баъди сабзондани пунбадона шарбат диҳем беҳтар, — баромадҳоро ҷамъбаст намуд Мўсо Шодиев.

пешина
аз 29
навбатӣ