Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
— Мебахшед-дия, шуморо танҳо гузоштам, наздик шуда узр пурсид ў.
— Ман ҳамеша танҳо.
— Минбаъд танҳо нахоҳед монд.
— Ҳоло ин суханҳоятон пеш аз тўй нақора.
— Нияти нағз ними давлат.
Ситора якбора худро ҷиддӣ гирифт:
— Истед, ки Назирҷон-ако, шумо аниқ ба хонаи мо рафтанӣ? Рафту шўхӣ карда бошам.
— Аз дўст як ишорат, аз мо ба сар давидан. — Ин чӣ? — ба коғазпеч ишорат карда пурсид Ситора.
— Ин.. Ин калўш. Дасти холӣ одоб не. Шумо ҳам, боварӣ дорам рўймолро ба модаратон тўҳфа мекунед. Ҳамин тавр не?
— Э, балочае, аз куҷо медонед?
Ситораю Назирҷон қариб як километр роҳро пиёда овораи сўҳбат тай намуданд. Ҳаво ториктар, чӣ хеле ки мегўянд, вақти говгум шуд. Дар осмони софи дашт якто-якто ситораҳо намудор гаштанд.
— Агар пиёда равем, қариб як соат мегузарад. Ба шумо дер мешавад. Беҳтараш аз ҳамин ҷо гардед, ягон рўзи дигар барвақттар меравед.
— Аз ман хавотир нашавед. Тарсам, намебиёям соф.
— Дар куҷо шабро рўз мекунед?
— Дар куҷо?! — Наход дар ҳавлии шумо ҷой набошад?
— Аҷоиб-ку. Дар хонаи мо ҷо будан қати дар ҳавлии бемардина хоб кардани шумо айб нест. Мардум чӣ мегўянд?
— Ман шўхӣ кардам, Ситора. Охир, ман ҳам ақл дорам, наход...
Дар ҳамин асно аз тарафи шўъбаи якум мошине намудор шуд. Дере нагузашта чароғи вай оламро равшан намуда расида омад.
Назирҷон даст боло бардошта мошинро дошт ва ба ронанда наздик омада:
— То Чашма шинем майлаш? -пурсид.
— Марҳамат, -таклиф кард ронанда.
— Мо ду нафар.
— Гап дар дил, бародар, нишастан гиред. Ин ҷо шаҳр не, ки дар хар қадам коркунони ГАИ доранд. Аввал Назирҷон, сипас Ситора нишастанд.
— Дарро маҳкам пўшед, -аз рўи одат таъкид кард ронанда, -Шумо, ба хаёлам, маро нашинохтед, -пурсид ронанда, баъди қариб панҷсад метр роҳро тай кардани мошин.
— Шуморо? Рости гап не. — Ҳамин хел-дия, духтари деҳаамонро мешиноседу моро не, -шўхӣ кард ронанда.
— Ин кас ҳамкор. Бевақт шуд, барои ҳамин...
— Мефаҳмам, Назирҷон-ако, мефаҳмам. Назирҷон баробари шунавидани номаш як қад парид.Ў симои ронандаро, ки дар рўшноии чароғи дохили кабина хира-хира метофт, ба касе монанд кард. Овозашро ҳам, вале аниқ намедонист писари кӣ?
— Албатта, шумо Назирҷон-ако, маро намешиносед, лекин Ситора мешиносад. Ҳамин тавр не, Ситора?
— Чаро нашиносам. Олимҷон-ако-дия. Ин кас писари Оқилов, -ба Назирҷон шиносонд Ситора.
— Гуфтама, овозатон, афту адоматон ба кӣ монанд, бисёр нағз. О, ҳамин қадар писари хуб доштаанду нагуфтанд, ки дўст шавем.
— Дар бораи шумо, Назирҷон-ако, падарам ба ман нақл карданд. Ҷавони коргар, гапдаро, хоксор, баодоб ва боз ким-чиҳои дигар гуфта.
— Ин қадар ҳам набудагист-куя.
— Не, рост мегўям.
Онҳо гарми сўҳбат ба Чашма расидаанд. Мошин дар назди ҳавлии Ситора қарор гирифт. Аз кабина ду ҷавон берун омаданд. Ҷавони сеюм бошад, бо ҳавас, бале, бо дили софу бекина, беғаш дар кабина нишаста онҳоро тамошо мекард.
— Назирҷон-ако. — Олимҷон якпаҳлў хоб рафта, дари кабинаи тарафи онҳоро кушода, — ба ман дигар хизмат нест-мӣ?
— Не, раҳмат, -пешдастӣ кард Ситора.
— Хизмат!? Хизмат буду шумо маътал мешаведдия.
— Ҳеҷ гап не, барои якдигар.
— Не, гуфт Ситора ба дасти Назирҷон оҳиста зада,
ё ҳамин ҷо хоб мекунед ё ягон мошини дигар меёбем. Вале Назирҷон мақсади Ситораро нафаҳмид.
— Марҳамат, ҳамроҳи мо, як модари ин касро мебинем, ҳолпурсӣ мекунем, мебароем.
— Майлаш, шумо дида биёед, ман дар мошин мешинам. Дари чўбини яктабақаи ҳавлӣ маҳкам буд. «Ин шаб ҳам наомад» гуфта умедашро канда, маҳкам кардааст» фаҳмонд Ситора. Дер шуд-дия. Ситора ду-се бор дарро кўфт.
— Мана ҳозир, — аз даруни хона овози модар шунавида шуд.
Сабоҳат-апа чоки рўи зонуяшро тез ҷамъ карда, ба рўи палос монду айнакашро аз чашм гирифта, берун баромад:
— Кӣ!?
— Ман, натарсед модарҷон, ман.
— Ситора!? Вай ман мурам ба овози ширинат. Дар ин бевақтии шаб. — Сабоҳат-апа шириқ-шириқ карда қулф, сипас ҳалқаи дарро кушод. Модару духтар гўё, ки ягон сол боз ҳамдигарро надида бошанд, худро ба оғўши якдигар партофта, бўсиданд.
— Худат танҳо омадӣ? — пурсид Сабоҳат-апа.
— Танҳо не, Назирҷон-ако ҳам ҳастанд. Дароед охир, номус накунед.
Назирҷон, ки то ҳол дар беруни дар меистод, далертар гашта, ба ҳавлӣ даромад.
— Ассалому алайкум модарҷон, шумо нағз, дуруст. Мебахшед-дия, дар ин бевақтӣ шуморо ташвиш додем.
— Биё, писарам, даромадан гир. Чиба ташвиш будааст? Охир, шумоён мебиёетону қоида ташвиш. Ман истода-истода «торик шуд, акнун наомад» гуфта, ҳозиракак дарро маҳкам кардам. Танҳоӣ бачам, ганда будааст. Ҳеҷ чиз надошта бошем ҳам, дили одам ваҳм мекунад.
Ситора ба модар нигоҳ накарда, худаш аз таҳмон кўрпача гирифта партофт.
— Марҳамат, гузар писарам, -таклиф кард модар.
— Не-я, аввал шумо гузаред. Аз боло, аз боло гузаред. — Гарчанде Назирҷон ба ҷону ҳоли модар намонд, вале Сабоҳат-апа:
— Иззати меҳмон баланд, кори айбро накун. Хонаи худамон, -гуфта аз пойгаҳ нишаст. — Омин, илоҳо дунё тинҷ шавад, ба камоли пирӣ бирасед. Ба падару модаратон саробон шаветон, оллоҳу акбар, даст ба рў бурд модар.
Ситора дар як нафас дастархон, нону ду-се лагандча қанду мавизи сиёҳ оварда монд.
— Мешавад, мешавад, ташвиш накашед, вақт тангтар.
— Ҳа, писарам, ин қадар саросема, аловгирӣ омадӣ-чӣ?
— Бевақт нашавад, модарҷон, мошин нигоҳ карда истодааст, малол наояд.
— Мошин?! Бо мошин омадетон?
— Дар роҳ вохўрда монд. Бечора ҷавони нағз будааст. Нигоҳ карда истодааст, ки...
— Кӣ будааст он савобҷў?
— Олимҷон-чӣ, ҳамон дия, – фаҳмонд Ситора.
— Олимҷон?! Э, писарам, ғалат кардӣ. Ба мошини вай дар ин бевақтӣ танҳо савор нашав. — Чаро модарҷон?
— Ҳамин тавр. Онҳо бо хонаводаи мо соз не.
— Ман ҳам ҳарчанд ишора карда, фаҳмонданӣ шудам, ки мошинро ҷавоб диҳанд, Назирҷон-ако нафаҳмиданд, -чойро оварда, гапи модарро қувват дод Ситора.
— Ман, рости гап, ҳеҷ чиз нафаҳмида истодам. Шумо ба онҳо чӣ бадӣ кардед, кӣ?
— Бадӣ не, писарам, бадӣ не. Фақат... хайр, гир, нон хур. Ситора, ту дегро хабар гир, камакак пиёба андохта будам.
Модар вақте духтараш ба хабаргирии дег рафт, боз як маротиба сўи даҳлез нигариста:
— Барои Ситора шуда, писарам. Ба вай падараш одам монд, модараш омад. Ман-ку розӣ будам. Ситора хуш накард. Духтари деҳа бошад ҳам, бало шудагӣ.
— Фаҳмидам, фаҳмидам модарҷон.
— Барои ҳамин дар дилаш ягон хусумат надошта бошад мегўям. Набошад, бо як бор дидан кадом мошинчӣ «бароед, ман бурда мепартоям» гуфта, соати дароз поида меистад. Назирҷон андаке фикр карда, гуфтаҳои Сабоҳатапаро таҳлил месохт. Дар чанд сония бисёр ҳодисаҳои шунидаашро пеши назар овард. Дар ҳақиқат, аз паси духтар шуда, бисёр ҷавонон байни хеш арбада мекунанд, ҳамдигарро ба корд зада маъюбу маслуқ месозанд. Кӣ медонад дили Олимҷонро. Шояд дар таги коса нимкоса бошад? Аслан айби Ситора. Чаро пештар дар бораи хотсгории Оқилов чизе нагуфт, ўро хабардор накард. «Шумо нашиносед ҳам, Ситорахон мешиносанд» гуфтани ў ҷон доштааст-дия. Ҳозир бошад, дер шуд. Чӣ хел баромада мошинро ҷавоб медиҳам. Бо кадом баҳона. Вай рафта ба падараш гуфтанаш мумкин. Ба ҳар ҳол нағз не. Аз боварии одамон баромадан кори хуб нест. Назирҷон чои сардгаштаро нўшида пиёларо рўи дастархон гузошт:
— Набошад, ман меравам. Бевақт шавад, боз ҳамон қадар ҳавфнок.
— Пиёба гарм шудагист. Писарам, ним коса кашад, хўрда меравӣ?
— Не, раҳмат, модарҷон.
— Ситора, о Ситора!
— Ҳа, модарҷон!
— Ин меҳмонат мехезам мегўяд.
— Не-я, Назирҷон-ако, ҳозир, қариб шуд. Худатон медонед, то алоби таппӣ шунаҳ медиҳад, ки...
Назирҷон табассум намуд. Ду бари рўи Ситора аз гармии оташдон себи сурх гашта буд.
— Раҳмат Ситора. Зиёфати имрўза то пагоҳ басӣ мекунад.
Назирҷон ба Сабоҳат –апа нигариста:
— Совхоз ба ҳамаамон мукофот дод. Ин як ҷуфт калўш ҳадяи ман, пўшида дуо кунед.
— Модарат садқа, пешу пуштат пури фарзанд шавад, сарат дард накунад, дўстон шоду душманон ғамгин шаванд, -даст бардошта дуо кард модар. — Якраҳагӣ накарда дар ҳамин ҷо хоб мекардӣ, мешуд, писарам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё