Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

САБАБҲОИ АСОСИИ ТАНАЗЗУЛИ ИЛМ

ДАР ШАРҚ ДАР АСРҲОИ Х-ХII

Пайшанбиева Сулҳия Меҳмоновна - муаллими калони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Баъди барҳам хурдани давлати Сомониён дар Осиёи Миёна силсилаи ҷангҳои пайдарпай оғоз гардид, ки дар натиҷа ба илм ва маърифати минтақа зарари калон расонида шуд. Ин чангхо зиёда аз 200 соли таърихи Осиёи Миёнаро (940—1218) дар бар гирифта, дарачаи тараккиёти иктисодиёт ва маданияти минтақаро, ки ҳамчун посгохи илму маърифати Шарқ дониста мешуд, ба таназзул овард.

Бояд гуфт, ки нуктаи назари олимони мамлакатхои гуногун дар бахо додан ба чанг аз бисьёр чихатхо гуногун аст. Олими рус А. Снесарев, қайд мекунад, ки «бе ҷанг ин империяҳои бузург ба вуҷуд намеомаданд». Аз руи назарияи Ҳанс Йоас равандҳои эҷодиро дар бар мегиранд ва боиси ихтироотҳои зиёд мегарданд. Баъзе олимон дар раванди ҷангҳо қаҳрамонсозиро ҳамчун омили мусбӣ медонанд. Клаузевиц К. характеристикаи чангро баён карда, менависад, ки чанг «дар хар як холати мушаххас характери худро дигар мекунад». Ба гуфтаи Фавиер, «падидаи ҷанг омили муайянкунандаи дигаргуниҳои таърих мегардад. Бо назардошти сабабҳои ин ҷангҳо бояд гуфт, ки дар охири асри Х-XI кўчманчиён ба марзи халқҳои муқимӣ наздик шуда, дар байни онҳо ва халқҳои муқимӣ низоъҳои пинҳонӣ ё ошкоро ба вуҷуд омаданд.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки чунин наздикшавии зиддиятҳои тамаддунҳо бо задухӯрди низомӣ анҷом меёбад. Зиндагии бодиянишин ва сохтори ҳукумати қабилавӣ ба кучманчиҳо имкон дод, ки ҷомеаи худро зуд ба мавқеъи ҷангӣ гузаронанд, ки ин ба онҳо дар маъракаи ҷанг зидди халқҳои парокандаи муқимӣ бартарӣ муҳайё намуд. Чунин ҳолат ба бархӯрди тамаддунҳо овард.

Дар шароити ҷанг ҷомеаро ҳарбиён назорат мекарданд ва дар чунин ҷомеа барои илм, донишомузӣ ва фарҳанг ягон имкон намемонд.

Абураҳон Берунӣ ва Ибни Сино ду нобиғаи бузурги Шарқ, ки зиндагонӣ ва фаъолияти онҳо ба давраи забткориҳои Ғазнавиён рост меомад, муносибати манфии кучманчиёнро ба ин соҳа борҳо ёдрас мешаванд. Дар ин хусус Абурайҳони Берунӣ қайд кардааст, ки «замони ҳозира барои илм мусоид нест. Пешравй имконнопазир аст.

Ҳамзамонони мо аз ҷоҳилӣ саршоранд... нисбат ба соҳибони обрў адоват афрухтаанд, ҳар касеро, ки мўҳри илм дорад, таъқиб мекунанд, боиси хафаву бадӣ мешаванд. Дар ҳама ҷо дасти дарози онҳоро дидан мумкин аст, ки ба пастӣ беэътиноӣ намекунад. На шарм ва на ҳисси иззат онҳоро боздорад... илмро бо доғи бидъат доғ мезананд, то дари ҳалокати олимонро боз кунанд ва моҳияти пасти худро зери маргашон пинҳон кунанд. Абуалй ибни Сино ки қариб тамоми умри худро зери таъқиби подшоҳон гузаронд, бепарвоиро нисбат ба илм чунин тавсиф кардааст: «Пас ба марг, ба марги табиӣ омадам, зеро ман ба одамон мисли дарахт ё наботот нигох мекунам... Дар ташвишхои ширини инсонй, дар шодии онхо, дар муҳаббати онҳо иштирок намекунам. Ва алҳол шумо наметавонед маро бикушед: зеро ки барои зинда Ман мурдаам, аммо барои Ҳақиқат ҷовидонам».

Давраи ҷангҳои туркҳо дар давраи асрҳои Х-XI ба афзоиши муҳоҷирати олимон ва мутафаккирони минтақа овард. Аммо дар чунин шароити вазнини сиёсӣ низ дар Шарқ таҳлили рисолаҳои Арасту, Евклид, Аполлониус ва дигар олимони юнонӣ идома ёфт. Аз ҷукмла ал-Махамй, Ибни ал-Хайсан, ал-Кухй, Сино, Берунй ва дигар олимон дар соҳаҳои фармакология, физика, ҷуғрофия, фалсафа, адабиётшиносй, таърих ва дигар равияҳо ба дастовардҳои азим ноил шуданд.

Математикҳои Шарқ бори аввал касрҳои даҳиро истифода бурда, муодилаҳоро ихтироъ карданд ва қонуниятҳои стереометриро ҳисоб мекарданд.

Яке аз рӯшанфикрони илми Шарқ, олим ва муҳаққиқи маъруф Ал-Берунӣ мебошад, ки соли 973 дар як деҳаи ҷануби Хоразм ба дунё омадааст. Вай математика, астрономия, тиб ва таърихро омӯхта, ҳамчун энсиклопедист маъруф гардид. Берунӣ тафаккури тавоно ва пурҷӯшу хурӯш дошта, ба соҳаҳои гуногуни дониш таваҷҷӯҳ дошт.

Берунӣ фарзанди асил ва садоқатманди Хоразм буд, ки то охири умр эҳсоси ватандӯстиро нисбат ба сарзамини худ ва ҳокимони он нигоҳ дошт. Нахустин осори ӯ китобе бо номи "Атарул-боқия" - "Боқимондаҳо" дар бораи фарҳангҳо ва тамаддунҳои бостонӣ буд, ки кони маълумот дар бораи расму ойинҳои мухталифи бостонӣ, тақвимҳо ва ғайра мебошад. Берунӣ муаллифи китобҳои сершумор дар рушди илми астрономия нақши бебаҳо бозидааст.

Машҳуртарин осори Беруниро метавон Канони Масъуд номид.

Берунӣ радиуси дақиқи Заминро чен карда, инчунин чанд асбоби муҳимро дар соҳаи офаридааст. Ӯ дар асарҳои «Илм дар бораи ситораҳо» ва «Калиди астрономия» шаклҳои нави таҳқиқи осмон ва тартиби тақвимро баён мекунад.

Дар эчодиёти астрономхо ду тақвим - офтобӣ ва моҳӣ истифода мешуданд. Тибқи тақвими шамсӣ соли шамсӣ ба 365,2422 рӯз, яъне 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқаю 46 сония баробар аст. Асоси тақвими қамарӣ як моҳ, яъне давраи гардиши Моҳ дар атрофи Замин ба 29,5306 рӯз, яъне 29 рӯзу 12 соату 44 дақиқаю 3 сония баробар аст.

Дувоздаҳ моҳ як соли қамариро аз 354 рӯзу 8 соату 48 дақиқаю 36 сония ташкил медиҳад. Тақвими шамсӣ қабл аз ислом ихтироъ шуда, аз 12 моҳ иборат буд. Вақте сарзаминҳои Эронро арабҳо тасарруф карданд, онҳо солшумории қамариро ҷорӣ карданд, ки дар рўзи ҳиҷрӣ - аз Макка ба Мадина рафтани Муҳаммад (с) 16 июли соли 622 оғоз шуда, аз солшумории шамсӣ 11 рўз кўтоҳтар мебошад.

Мунаҷҷимонҳои форсӣ (Берунӣ, Тӯсӣ, Умари Хайём) давоми моҳҳоро сӣ рӯз муқаррар кардаанд, то бо дигар тақвимҳо ихтилофе набошад. Дар охири моҳи Исфандар-муз панҷ рӯз иловагӣ мешавад ва дар ҳар чор сол як рӯзи дигар ба сол илова мешавад, то сол 366 рӯз мешавад. Дар рушди илми астрономия олими маъруфи тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ низ нақши муҳим бозидааст. Вай мактаби илмии Рейро сарварӣ мекард ва бо роҳбарии ӯ асбоби астрономии ихтироъкардаи ӯро дар болои кӯҳи Табарак гузоштанд, ки яке аз асбобҳои асосии расадхонаҳои он замон маҳсуб мешуд.

Аз ибтидои асри XI аз сабаби ҷангҳои доимӣ, набудани суботи сиёсӣ, тағйири сулолаҳо, шуришҳои мардумӣ ва харобшавии шаҳрҳои калон рушди илм ва фаъолияти тарҷума суст шуда, ниҳоят тамоман қатъ гардид.

Барои рушди густурдаи илм дар сатҳи донишгоҳҳо, академияҳо ва муассисаҳои дунявӣ афзоиши фундаментализми динӣ ва ҷангҳои доимӣ монеа шуданд. Комёбихое, ки дар ташаккули заминаи илмии замони Сомониён ба даст оварда шудаанд, дар замони Карахониён идомаи худро наёфтанд, ки ба такводории маъруфи хонон ва болоравии пешвоёни динии он замон, ки хеч гох ба таври хоса ба тахкик ва тахаввулоти динй мурочиат накарда буданд, комилан мувофик буд.

Нофаҳмии андешаҳои олимон аз ҷониби истилогарон боиси хиҷолат ва таъқиби онҳо гардид, ки онҳоро маҷбур сохт, ки зодгоҳҳои худро тарк кунанд ва умри худро дар саргардонӣ гузаронанд ва дар шароити бениҳоят вазнин навиштани осори худро идома диҳанд. Аз ин рў, ин мухолифати фарҳангҳо боиси таъқиби олимон гардид, то онҳо чунин андешаҳоеро пешниҳод кунанд, ки барои аҷнабиён «фаҳмо» бошад. Оқибати ҳуҷум ва ҷангҳои байниҳамдигарӣ барои барҳам задани пояҳои тамаддун, тахриби бузургтарин марказҳои маорифу илм, тартиботи ҷаҳонӣ, марги наслҳо ва забти Осиёи Миёна аз тарафи қабилаҳои кучманчиён мусоидат намуд.

Дар маҷмуъ ин таназзул дар натиҷаи ҳуҷуми аҷнабиёни турку муғул ибтидо гирифта, шароит барои рушди минбаъда заминаи илмӣ, моддӣ ва маънавӣ аз байн бурда шуд. Таҳлили инкишофи илми Шарқ нишон дод, ки бухрони маънавй ба амал омад, ки сохахои гуногуни хаёти ҷамъиятро фаро гирифт. Фанатизми динӣ, ҷангҳои асримиёнагӣ ва оқибатҳои онҳо ҷузъи асосие мебошанд, ки дар муайян кардани сабабҳои ақиб мондани Шарқ дониста мешаванд.

САҲМИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ ДАР ПЕШРАФТИ ИЛМ

Наврузбекова Ҳусноро Давлатшоевна – муаллими калони

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Асри X, ки дар таърихи тоҷикон замони эҳёи фарҳанги миллӣ маълум гаштаааст, дар рушду камоли илм низ ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Илми тоҷик баробари адабиёти классикиаш дар ҷаҳон овозадор шуд. Шаҳрҳои калони Сомониён - Балх, Бухоро, Марв, Тирмиз, Самарқанд ва Нишопур марказҳои илмию адаби ба шумор мерафтанд. Кулли муҳаққиқони аврупоии таърихи фалсафа аз Г.Гегал то Б. Рассел, даъво мекарданд: “он чи ки мо фалсафаи шарқ меномем, ҷуз ақидаҳои дини мардуми ин сарзамин чизи дигаре нест. Аммо тадқиқотҳои минбаъдаи афкори фалсафии мардуми шарқ нишон додаанд, ки дар таърихи илми фалсафаи сарзамини аҷдоди мо низ тамоюли материалистӣ мақоми хоса ва нуфузи муайяне доштааст. ”Он дар афкори халқҳои Хуросону Мовароуннаҳр дар шакли таълимоти даҳрия табоия, фалсафаи Ибни Ровандӣ, Эроншаҳрӣ, Абӯзайди Балхӣ, Закариёи Розӣ ва пайравонаш Абӯрайҳони Берунӣ ва фалсафаи ҳакимони табиӣ ба таври равшан зоҳир гардидааст.

Комёбиҳои илму фани давраи Сомонӣ камтар аз муваффақиятҳои адабиёти нафиса набуд. Аммо фарқ дар ин буд, ки асарҳои илми мисли пештара аксаран бо забони араби таълиф меёфтанд. Забони арабӣ дар байни мамлакатҳои Шарқи исломӣ дар зарфи чандин асрҳо роли забони илмии байналхалқиро иҷро мекард.

Ба забони маҳаллӣ навиштани асарҳои илмӣ боиси маҳдудшавии доираи интишори осори муаллиф мегардид. Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки забони арабӣ барои ифодаи муҳимтарин мафҳумҳои илмӣ мувофиқ дошт. Аз ин сабаб муаллиф кӯшиш менамуд, ки асарҳои худро ба забони арабӣ навишт, то ки онҳо дастраси ҳамаи доираҳо илмии кишварҳои Шарқ гардиданд.

Олимони ин давра дар ҳар як соҳаи илму фан ниҳоят зиёданд ва бинобар ин мо фақат бо зикри номи барҷастатарини онҳо иктифо менамоем.

Олим, мутаффакир ва ҳакими барҷаста Абурайҳон Муҳаммад Ибни Аҳмади Берунӣ соли 973 дар шаҳри Кот, ки аз тобеиёни Хоразм буд, дар оила ба назар намоён таваллуд ёфтааст. 11-уми декабри соли 1048 дар Ғазнин аз дунё гузаштааст.

Мавқеи ҷуғрофи Коту Хоразм ва тадбирҳои нисбатан дурусти дастбакорони сулолаи Офриғиён (305-995) ки гузаштагони худро аз сиёвушу Кайхусрав медонистанд, имконият фароҳам меовард, ки илмҳои гуногуни он аср каму беш равнақ пайдо кунад. Чунин доираи илмумаърифати хоразмиён Беруни ҷавонро, ки маҳз атои беҳамтои табиат буда, минбаъд мояи ифтихори башарият гардиданашро пай бурдаанд, ғамхори зоҳир менамояду ба камолот мерасонанд. Пеш аз ҳама соҳиби истеъдоди фавқулода будани Абурайҳонро муаллим ва устоди ғамхор ӯ, донишманди маъруфи давр, Абунасри Мансур Ибни Арроқфаҳмида, кушиш менамояд, ки Берунӣ толибилм ва кашфиётҳои илмии Юнони қадим арабон, суриёниёну ибриёну калдониёну паҳлавиён ба таври бояду шояд баҳраманд гардад.

Абурайҳони Берунӣ барои асосҳои илми машриқзаинро аз худ намудан саъй менамояд, ки забонҳои араби, ҳиндӣ, юнонӣ, ибри ва паҳлавиро омӯзад. Вай пас аз омухтани ин забонҳо боигари296 маънавии онҳоро ба кулли аз худ намуда, ба олиме табдил меёбад, ки доир ба илмҳои ситорашиносӣ, фалсафа, математека, тиб, ҷуғрофия, маъданшиносӣ, массоҳӣ ва таърих натанҳо баҳсу мунозира менаояд, балки оид ба ҳар яки он асарҳои мукаммале эҷод менамуд.

Бинобар он ки тақдири як қисмати ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯ бо сулолаи Зиёриён ва махсусан ба давраи ҳукмрони Шамсулмаолӣ Қобус сахт алоқаманд аст, зарур мешуморем, ки оид ба пайдоиши ин сулола маълумоти сатҳии таърихи бидием:

Абурайҳони Берунӣ, аввал ба Рай ва баъд ба шарҳои Исфаҳон, Ҳамадон, Табристону Гургон рафта, як давраи муаяни ҳаёташро дар ваъзияти ба Шамсумаолӣ наздикӣ доштан мегузаронад.

Хидмати сулолаи Зиёриёнро ихтиёр кардани олим бесабаб набуд. Хонаводаи Зиёр ба муқобили ҳаргуна қонуниятҳои хилофати араб ба миён оварда баромада, барои зинда намудани кешу оини гузаштагон чорабиниҳо мекарданду худро аз авлоди Анушервон медонистанд. Ин фикрро Абурайҳони Берунӣ дар асараш чунин меоварад: “ Ва ҳеҷ кас ҳам мункир нест, ки хонаводаи салтанатӣ (сулолаи Зиёриён А.Д) бо Сосониён аз як тоифаянд, зеро дои Шамсуллмаолӣ Рустам Бини Шарвин бини Қубод аст, ки падари Анушервон буд”.

Баробари ин худи Абурайҳони Берунӣ ҳамчун як нафар зодаи сарзамини Хоразм ва тарбиягирифтаи сулолаест, ки гузаштагони онро олим чунин баён мекунанд: “ Бо ворид шудани Сиёвуш писари Кайковус ва салтанати Кайхусрав ва хонадони ӯ дар тамоми Хоразм таърих гузоштаанд. Ва ин воқиа наваду ду сол пас аз сохтани Хоразм буд. Сипас Хоразмиён аз раъйҳои эрониён дар таърих, ки ба ҳар як зодагони Кайхусрав ки ба “ Хоразмшоҳ” маъруф мешуданд, пайравӣ кардаанд то он ки, Офриғ ки аз нажоди Кайхусрав буд, ба шоҳӣ расид.”

Абурайҳони Берунӣ қариб понздаҳ сол азоби беватанӣ кашида дар ин муддат бо шарҳо ва олимону шахсони бузурги таърихи шинос шуда, бо бештари онҳо мулоқот ва баҳси сиёсию илмӣ менамояд.

Соли 1000-ум дар синни бисту ҳафтсолагӣ Абурайҳони Берунӣ аввалин асари калонҳаҷми ҷидди илмиро бахшида ба амири Гургон Шамсулмаоли Қобус, бо унвони “ Ал-осор-ул-боқия ан ул-қурун-ал- ҳолия” навиштааст, ки он миънбад бо мурури замон дар таъриху илму маъданияти мо бо номи “ Осор-ул- боқия” машҳур мегардад.

Муаллиф сабаби ба навиштани чунин асар шурӯъ намуданашро ба тариқи зайл баён менамояд: “Яке аз адибони аз таворихе, ки милал истеъмол мекунад ва ихтилоферо, ки дар усули пайдоиши он ҳаст ва қисмҳое, ки моҳҳо ва солиён аст ва сабабҳое, ки боиси ихтилоф шуда ва ҷашнҳои бузург ва рузҳои машҳур, ки ҳар якро баъзе аз умматҳо ба кор мебандад аз ман пурсид. Ва хоҳиш кард, ки ин маъсалаҳоро ба баёни возеҳе, ки қобили фаҳм бошад, барои ӯ шаҳр диҳам, ки ӯро аз хондани китобҳои гуногун ва пурсиш аз як-яки аҳли ин навиштаҷот бениёз кунад”.

Абурайҳони Берунӣ баръало тасаввур мекард, ки анҷом додани асаре, ки маъсалаҳои пайдоиши солшуморӣ,ҷиҳатҳои муҳими илми ситорашиносӣ, таъсисёби оину кешҳои гуногуни ошкорсозии таърихи тамаддуни ҳар як сулолаву қавмҳо, қисматҳои илми табиатшиносӣ,баён кардани хусусиятҳои хоси ҷуғрофии ин ё он кишвар ва афкори сиёсию- иҷтимои ва фалсафаи халқҳоро дар бар гирад, кори басо душвор буда,дониши амиқи илмҳои дақиқ,таърих этнография ва ҳикматро дархост менамуд. Ғайр аз ин Берунӣ дар назди худ вазифа гузошт, ки тамоми сарчашмаҳои бо забонҳои гуногун мавҷудбударо бо ахбороти мутахассисони алоҳида дар якҷоягӣ санҷида, арзиши илмии онҳоро муайян намояд ва асосан бо методи танқидӣ-илмӣ, ки мо минбаъд дар эҷодиёти олим ба камол расидани чунин равияро хуб мушоҳида мекунем, мавзӯи тадқиқу таҳқиқи ин асарро ҳал бикунад. Олим бо ҳисси кунҷкови хос ва дақиқназари махсусе бо ахбороту асарҳои муаллифони гузаштаву муосири худ наздик шуда, ҳарчи барои таҳлили комили илмӣ кардану равшан намудани ҳақиқати илми саъй мекунад, “Мо бояд ҳар кадоми аз ин ахборо, ки наздиктару машҳуртар аст, аз соҳибони он бигирем ва то андозае, ки метавонем, онро ислоҳ кунем”.

Ҷониби диққат аст, ки барои Абурайҳони Берунӣ дар маъсалаи баён кардани ҳақиқат таърихи ақидаҳои фалсафӣ, асосноки мавзӯи баҳсу тадқиқи тафовути урфу одат, оину кеш ва мазҳаби ин ё он халқ тақрибан аҳамият надорад. Вай дар ин бобат шахсан таъкид мекунад ки: “Мо тарафдори аз касе накардаем ва беғаразона фикрирони намудаем”.

Донишманди бузург аз изҳор намудани ин ё он маъсалае, ки барояш равшан нагардидааст, худдорӣ накардааст, ки чунин равиши пешгирифтаи ӯ моҳияти тарбияви дорад. Инак агар ӯ, дар ҷое ба тариқи: “Ман дар ин китоб то андозае, ки медонам, аз зикри ин амрҳо ногузир ҳастам ва он чиро, ки яқин бад- он пайдо накардаам ва дар ин боб чизе аз ашхоси эътимоднок нашунидам ба канор мегузорам “, баён кунад, ҳангоме ки заҳмати чандгоҳаи кашидаашро ба итмом мерасонад, бо як мамнунияти томе менависад: “Акнун вақти он расид, ки дигар лаб аз гуфтор фурӯ бандем ва ваъда дода будем, ки посух гӯем, ва ваъдаи худ вафо кардем”.

Мундараҷаи “Осор- ул- боқия”-ро маъсалаҳои баҳси олимони машриқзамин оид ба пайдоиши олам, ҳаёт, нуқтаи назари пурихтилофи халқҳои гуногун нисбат ба воқияҳои бузурги таърихӣ, воқеоти оддӣ ва ғайриодди табиӣ, сабабу тарзҳои пайдоиши оину руму яҳудиён, тоҷику форс, арабу қибтиён ташкил додаанд. Маҳз ҳамин асар нишон медиҳад, ки доираи дониши Абурайҳони Берунӣ беҳниоят васеъ буда, натанҳо доир ба таърихи пайдоиши маданияти298 ин ё он халқ маълумот медиҳад, балки ба он эвалютсияе, ки дар соҳаи ҳаёти маъданӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо бо мурури замон ба амал омадаанд, назар меафканад. Аз ин ҷост, ки имрӯз, яъне пас аз нӯҳсаду ҳафтоду се сол маҳз “Осор- ул- боқия”-и Берунӣ барои тоҷикону форсиён, ҳиндуёну яҳудиён, арабону румиён ва ғайра яке аз манбаъҳои гаронбаҳоест баҳри омухтани андешаҳои гузаштагон ва муайян намудани ҳиссаи ҳар яке аз он халқҳо, ки барои такомули афкори илмӣ фалсафии инсоният гузоштаанд.

Моҳияти дигари ин асари донишманд иборат аз он аст, ки муаллиф сарчашмаҳои то давраи ӯ мавҷуда, асрҳои илмӣ- тадқиқотӣ давр, ҳуҷҷатҳое, ки аз мушоҳидаҳои одамон нақл ёфтаанд, нақлу ривоятҳои характери фолклори доштаро ба таври васеъ истифода бурдааст.Дар натиҷа “Осор-ул- боқия” –ро метавон маҷмӯи таҳлили илмии асарҳои тадқиқоти давра ва инчунин то давраи Абурайҳони Берунӣ ҳисоб намуд.

Бояд қайд кард, ки агарчанд “Осор-ул-боқия”ҳамчун ёдгори бузург дар бобати сафҳа гардондани таърих пайдоиши саънати солшумори халқҳои гуногуни машриқзамин бошад ҳам,вале он нишонаи хусусияти хоси фаъолиятӣ илмӣ-эҷодии Абурайҳони Берунӣ мебошад. Беҳтар аст дар ин бобат ишораи худи олимро аз назар бигузаронем:

“ Чун шахс ҳамвора дар як илм назар кунад, хаста мешавад, вале агар аз фане ба фанни дигар ворид шавад, монанди ин хоҳад буд, ки дар боғҳои гуногун қадам гузошта, ки ҳануз аз яке берун наёмада, боғи дигаре бар ӯ арза дорад.”

Бинобар ин “ Осор-ул- боқияро” натанҳо чун асар мӯътабари гоҳшумори балки ба қатори беҳтарин асарҳои нодири таърихи гузоштан равост, зеро ки дар он оид ба Собиён, Ҳаррониён, Калдониён, Пешдодиён, Сосониён ва гузашта аз ин дар бораи Искандари Зулқарнайн, Монӣ, Зардушт муборизаҳои намояндагони дину мазҳабҳои гуногун ва ғайра маълумоти пурқимате оварда шудааст.

Муаллиф натанҳо маъсалаҳои илми ҳайат, ки асосан батаҷриба ва мушоҳидаҳои аз овони ҷавонӣ кардааш такя намуда, бо дақиқи фавқулодае ҳолатҳои саёйраҳо, ихтилофҳои тақвимҳои гуногун, вобастагии ҷирмҳои осмонӣ ба ҳамдигар ва ғайраро мувофиқи таълимоти илмӣ ҳайату табиатшиносӣ дуруст муайян мекунад, балки як қатор мулоҳизаҳоеро нисбат ба илмҳои фалсафа, забоншиносӣ биология ифода менамояд, ки онҳо имрӯз ҳам моҳияти илми худро гум накардаанд. Магар чунин нуқтаи назари Берунӣ: “Тағйироти қиёфа ранги пӯсти бадан, ахлоқ, хулқу хӯй натанҳо ба насаб вобаста аст, балки ба мавзеи зист, об, ҳаво ва ғайра зич алоқаманд мебошад, - имрӯз ҳам намояндагонии нажодпарастону кастаофаронр ба ташвиш намеандозад?! Ё худ ақидаи нисбат ба299 пайдоиши забонҳо изҳор кардаи ин донишманди закӣ барои пояи таълимоти динӣ, ки калому нутқро офаридаву атои ваҳдати вуҷуд мешумориданд, табар намезад?! Дар ин бобат ӯ менависад: “ Сабаби забонҳои гуногун доштани мардумон он аст, ки онҳо дар давраи аввал ба гуруҳо тақсим шуда, аз ҳам ҷудо гаодидаанд ва мувофиқи зарурат ба ҳар як гуруҳи халқ лози омад, ки бо ин ё он калимае бо ҳамдигар муроҳиат намоянд. Бо мурури замон ин калимаву ибораҳо зиёд шуда, такрор гардида, ба хотираи одам нақш бастанд”.

Абурайҳони Берунӣ ба муқобили сеҳру ҷодуву афсуну тилисм баромад карда дар ин бобат асари махсусе бо номи “Аҷоиб- ут- табиат” ва “Ғароиб- ус саноия “ навиштанӣ шуданашро дар “Осор- ул- боқия” зикр менамояд. Вай изҳор мекунад, ки “ Муҳол аст, ки қувваи ирода аз шахси афсунгар таҷовуз кунаду ба шахси афсуншуда бирасад”.

Умри инсони мувофиқи таълимоти ҳар гуна дин бо ҳуами қазову қадар муайян карда мешавад. Вале барои Берунӣ дар ин масаъла ҳукми қазову қадар вуҷуд надорад. Вай дар бобати умри инсон дарозию кӯтоҳи он ақидаи илми худро дорад, ки он чунин ифода гардидаст, “ Дарози умриҳо гоҳ мешавад, ки ба ягон макони хос ихтисос меёбад ва дар мамлакати дигар ин таври нахоҳад буд, монанди мардуми Фарғона ва Ямома, ки ҳали ин диёр аз ҳама ҳойи ҷаҳон умрашон дарозтар аст”.

Табиатшиноси бузург пардаи ҷаҳолатро даронида, роҳи кашфи ҳақиқати қонунҳои табиатро ваъсе мекушояд. Вай чунин афкореро изҳор мекунад, ки он минбаъд яке аз рукнҳои бузурги муҳақиқони соҳаи илми табиатшиноси мегардад.

“Осор-ул-боқия” моҳияти ҷидди тарҷумаҳолӣ дорад.Воқияҳои дар мудати понздаҳ соли дарбадарӣ аз саргузаронидаи Абурайҳони Берунӣ дар мавридҳои мувофиққайд гардидаанд. Масалан олим ва ҳакими бузурги тоҷик Абӯали Ибни Сино вохӯрданашро дар мавриди баёни маъсалаи пайдоиши ҳарорат ба тариқи зерин сабт менамояд: “ Вале ба ақидаи ман зери кураи Қамар оташ вуҷуд надорад.

Соли 1030 дар асоси сарчашмаҳои фаровон Берунӣ “Таҳқиқ мо-ли-л-Ҳинд мин мақала мақбула фи-л-ақл ау-марзула” ном асари калонҳаҷм таълиф карда, дар он роҷеъ ба Ҳиндустон ва олимонаш, таълимоти ҳиндувон маълумот дода, онҳоро бо комёбиҳои илмии дигар халқҳо муқоиса менамояд. Тақрибан соли 1037 Берунӣ асари асосии худ ”Ал-Қонун-ал- Масъудӣ фи-л-ҳайъа ва–нуҷум”-ро ба итмом расонд, ки он “ тавсифи муфассалинуҷум ва масъалаҳои ба он вобастаи математика, хронология ваҶуғрофияро бо исботи пурраи математикӣ ва асосноккунии таҷрибавии ҳамаи даратаҳо, ҷадвалҳои муфассали ҳамаи функсияҳо”- ро дар бар мегирад. Берунӣ дар солҳои охири умраш асарҳои “ Китоб ал- ҷамаҳир фи маърифат ал- ҷаваҳир” маҷмуи маълумотҳои энсиклопедӣ дар бораи физилот ва минералҳо (бо нишон додани номаш ба забонҳои гуногун, навъҳо, истихрот ва истифодаи онҳо) ва “Китоб-ус-сайдана фи-т-тиб”(ихтисоран” Фармакогнозия”) энсиклопедияи моддаҳои набототи доруиро ба итмом расонд.

Илму дониш дар замони ҷустуҷӯҳои муҳақиқони халқу миллатҳои мухталиф сурат гирифтааст. Ин нуқтаро дар мисоли таърихи ташаккули афкори илмии тоҷику форс низ дидан мумкин аст. Дастоварду кашфиётҳои илмии олимони тоҷику форс дар қарнҳои IX-XI яке аз саҳифаҳои муҳимтарини илму фарҳанги умумибашариро дар бар мегирад. Дар тамаддуни асримиёнагии тоҷику форс, дар қатори илмҳои иҷтимоӣ илмҳои табиатшиносӣ ба авҷи тараққиёт расиданд.

пешина
аз 35
навбатӣ