АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
ИНЪИКОСИ ТОПОНИМИКАИ КӮЛОБ ДАР РОМАНИ
“ДОХУНДА” – И УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Сафаров Саймаҳмуд Қувватович – докторанти (PhD) – и курси сеюми кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Кӯлоб яке аз шаҳрҳои қадимтарин ва дорои фарҳанги бой буда, бо осори гаронбаҳои таърихии худ машҳури ҷаҳон гаштааст. Ин мулки аз азал кӯҳан чандин маротиба зери лашкаркашиҳо ва таллаву тороҷи аҷнабиҳо гашта, гоҳ мустақил ва гоҳ ниммустақил будааст. Натиҷаҳои бостоншиносон гувоҳ аст, ки хатлонзамин ба дастдарозиҳои Хоқони Чину қайсари Рум, хулафои арабу амирони Манғития гирифтор гардида, гарчанде, ки ба харобазор табдил дода шуда буд вале сонитар ободу зебо гаштааст. Оид ба таърихи пайдоиши шаҳри Кӯлоб дар Энсиклопедияи советии тоҷик чунин гуфта шудааст:
Таҳқиқотҳои археологӣ нишон медиҳад, ки ҷои ҳозираи Кӯлоб ҳанӯз аз давраҳои асри санг маскун будааст. Дар асрҳои VI – IV то мелод Кӯлоб ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил мешуд. Дар асри IV то мелод Искандари Мақдунӣ бо мақсади пурзӯр кардани иқтидори ҳарбию иқтисодии худ дар наздикии Кӯлоби имрӯза бо номи Искандари Ақсу шаҳре бунёд намуд. Кӯлоб дар асри II то мелод ба ҳайати Тахористон, асрҳои I – VIII паси ҳам дар тасарруфи Кушониён, Ҳайтолиён ва Ҳоқони Турк буд. Соли 734 онро арабҳо ишғол намудаанд. Дар асри IX ба ихтиёри давлати Сомониён гузашт. Асрҳои X – XII шаҳр ба дараҷаи тараққиёт расид, вале истилогарони муғул (асри XIII) Кӯлобро мисли дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна ба хароба табдил доданд.
Муаллифи китоби «Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз» Ғоиб Ғолибов оид ба мавзеъи ҷойгиршавии Кӯлоби кӯҳан аз асарҳои «Шарафномаи шоҳӣ» - и Ҳофизи Таниши Бухороӣ ва «Зафарнома» - и Бадриддини Кашмирӣ иқтибос оварда чунин мепиндорад, ки «шаҳри Кӯлоб камаш 5 – 6 км болотар аз шаҳри Кӯлоби имрӯза дар шарқи он дар мавзеи Тебалай воқеъ буда бошад.
Аз гуфтаҳои Ғоиб Ғолибов бар меояд, ки ҳудуди таърихии шаҳри Кӯлоб на дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Кӯлоб будааст балки дар ҳудуди деҳаи Тебалай ҷойгир будааст. Инчунин, дар қисмати шарқии деҳаи Тебалай теппае ҷой гирифтааст, ки онро мардуми маҳаллӣ «қалъа» меноманд. Дар хусуси номи қалъаи Кӯлоб муаллифи китоби «Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз» Ғолиб Ғоибов, ки аз китоби «Шарафномаи шоҳӣ» - и Ҳофизи Таниши Бухороӣ иқтибос овардааст мегӯяд, ки қалъаи Кӯлоб Надим ном доштааст. Инчунин ба ақидаи Ғолиб Ғоибов қалъаи Кӯлоб ҷои бекнишин буда, аз онҷо истода бекигарии Кӯлобро идора мекардаанд. Хотирнишон месозем, ки дар наздикии деҳаи Тебалай дарёчае низ вуҷуд дорад бо номи дарёи Тебалай, ки заминҳои гирду атрофи шаҳр ва сокинони он ба оби ошомиданӣ ва оби полезӣ таъмин карда мешаванд. Ба ақидаи Ғоиб Ғолибов деҳаи Тебалай то солҳои 30 – 50 – уми асри XX яке аз деҳаҳои ободу забо ва калони шаҳри Кӯлоб ба шумор мерафтааст. Сабаби парокандашавии мардуми деҳаро Ғоиб Ғолибов чунин шарҳ додаст:
«... Баъд аз он ки дар натиҷаи омадани селҳои калон дар солҳои 50 – 60 – уми асри XX сатҳи маҷрои Оби Тебалай дар натиҷаи шусташавӣ нисбат ба сатҳи ҷӯйбор якчанд метр паст гардид, об дигар ба ҷӯйбори мазкур набаромад. Ғайр аз ин, чӣ тавре қайд намудем, идораи «Водоканал» - и мазкур дар ҳамин мавзеъ тамоми оби дарёчаро барои эҳтиёҷоти шаҳри Кӯлоб гирифт. Ана ба ҳамин сабабҳо асосан набудани об, мардум аз Тебалай кӯчида ба ҷойҳои дигар рафтанд».
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки сабаби парокандашавии мардуми деҳаи Тебалай ду чиз будааст яке селҳои пайдарпайе, ки дар солҳои 50 – 60 уми қарни гузашта ва дигаре аз ҷониби ҳукумати шаҳри Кӯлоб сохтани «Водоканал» -и шаҳрие, ки мардуми шаҳрро ба оби ошомиданӣ таъмин кардан будааст, мебошад. Гарчанде, ки имрӯз деҳаи Тебалай вуҷуд дошта бошад ҳам вале мисли он Тебалайи солҳои 50 – 60 – уми садаи гузашта калон нест.
Шаҳри Кӯлоб дар замони давлатдориҳои гуногун рушд карда, гоҳ мустақил, гоҳ ниммустақил буда, ҳокимони он кӯшиш мекарданд, ки истиқлолияти худро то ҳади ниҳоӣ нигоҳ доранд. Дар замони ҳуҷуми арабҳо мардуми он муқовимати сахт нишон дода, тавонистанд, ки сарлашкари араб Асад ибни Абдуллоҳро дар соли 737 шикаст диҳанд ва ин саркардаи араб шармандавор шикаст хӯрда ба тарафи Балх гурехт. Дар замони давлатдории Сомониён Кӯлоби бостонӣ ба яке аз шаҳрҳои ободу зебо табдил ёфта, абармардони зиёдеро низ ба воя расондааст.
Пас аз харобиҳои муғулҳо дар ибтидои асри XIV Кӯлоб тобеи давлати Темуриён гардид. Дар охири асри XVIII ибтидои асри XIX муборизаҳои хони Қундуз ва Хӯқанд барои Кӯлоб сар шуда, билохира дар соли 1870 амири Бухоро Музаффархон Кӯлобро тобеи аморати Бухоро кард. То ғалабаи Инқилоби Бухоро (2 сентябри соли 1920) Кӯлоб ҳамчун бекигарии Кӯлоб шинохта мешуд. 15 марти соли 1921 дар Кӯлоб Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шуд.
Аз ҳама давраи ҳассосе, ки мардуми Кӯлоб талаву тороҷ шуданд ин ба давраи ҳукронии сулолаи манғитияи аморати Бухоро рост меояд.
Дар ин давра амирони манғития ва хусусан намояндаҳои онҳо бек, қозӣ, миршаб, оқсақол ва амсоли инҳо ҷабру зулми гушношунид нисбати мардуми маҳлӣ мекарданд, ки боиси хашму ғазаби омма гардида, дар натиҷа шӯришҳои хурду бузург ба амал омаданд. Бузургтарин шуриш дар ин давра шӯриши Восеъ (1888) дар бекигарии Балҷувон буд, ки дар як мудати кӯтоҳ атрофи бекигарии Кӯлобро низ фаро гирифта буд.
Роҷеъ ба истилоҳи калимаи «Кӯлоб» ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Дар китоби Девонақулов А. «Асрори номҳои кишвар» оиди калимаи «Кӯлоб» чунин овардааст:
«Истилоҳи «Кӯлоб» ғайри маънии маъмурӣ яъне «кӯл» ва «об» боз маъноҳои дигаре дорад, ки ҷолиби диққат аст. Мавқеъ дорад, ки хотирнишон кунем, баъзеҳо ба тариқи «Гулоб» вуҷудиёт доштани «Кӯлоб» - ро талқин менамоянд. Возеҳ аст, ки истилоҳи «Кӯлоб» аз калимаи соддаи «кӯл» ва «об» таркиб ёфтааст».
Дар воқеъ Кӯлоб дар водии дарёи Яхсу, дар баландии 580 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст, ки қисми зиёди онро кӯҳҳо ишғол кардаанд.
Инчунин дар гирду атрофи Кӯлоб кӯлу чашмаҳои зиёд мавҷуд аст, ки Кӯлобро ба як кӯли об табдил додааст. Мисоли возеҳу равшане, ки дар деҳаи Қайнар (наздикии шаҳри Кӯлоб) кӯле вуҷуд дорад, ки дар асрҳои IX – XI ба воситаи лӯлаҳои сафолӣ ба маркази Хатлон шаҳраки Ҳулбук (асрҳои IX – XI) хати оби нӯшокӣ кашонда шудааст.
Устод Айнӣ дар романи ―Дохунда чандин маротиба аз шаҳри Кӯлоб ёдоварӣ карда, доир ба бе сару сомониҳои амирони Бухоро ва босмачиҳо нисбат ба мардуми Кӯлоб маълумотҳо овардааст.
―Хӯҷаин пас аз гӯронидани мурда ва тақсими хайрот, марди мусофирро пеши худ хонда:
- Номат чист? – гуфта пурсид.
- Бозор.
- Куҷоӣ мешавӣ?
- Аз тарафҳои Кӯлоб. - Куҷо рафтан мехостӣ?
- Мехостам ба тарафҳои Бухоро рафта бечорагӣ кунам.
Матни мазкур аз қисмати якуми романи ―Дохунда бахши ―Ғурбат ва мусибат буда, ҳангоме, ки Бозор (падари Ёдгор, қаҳрамони асосии роман) ҳамсарашро аз даст медиҳад пас аз гӯронидани маит хӯҷаини наваш Азимшоҳ аввал ном ва аз куҷо будани Бозорро мепурсад. Бояд қайд намуд, ки қаҳрамони асосии романи мазкур Бозор ва писараш Ёдгор (Дохунда) асосан аз бекигарии Кӯлоб буданд. Бинобар сахтии рӯзгор барои хубтар кардани зиндагии худ ба тарафи Бухоро раҳсипор мешаванд, ки ҳангоми ба бекигарии Ҳисор расидан ҳамсараш бемор мешавад ва дар он ҷо мефавтад ва хароҷоти мурдаи занашро яке аз бойҳои деҳаи Дараи Ниҳон Азимшоҳ ба ӯҳда мегирад ва ҳаминтавр Бозор бо писараш Ёдгор хизматгори ӯ мешаванд.
Дар ҷои дигари романи мазкур устод Айнӣ Кӯлобро чунин тасвир кардааст:
- Ин бача на дар ин ҷо ва на дар Кӯлоб пой мемондагӣ ҷой надорад; агар як роҳ ёфта нашавад, хизматонаи ҷаноби ясавул ҳам месӯзад.
Тасвири боло аз қисмати дуюми романи ―Дохунда бахши ―Фоидаи азонӣ буда, сухан дар бораи ҳаёти Ёдгор (Дохунда) меравад. Тасвири мазкур лаҳзаҳои пас аз марги падари Ёдгор (Бозор) буда, Азимшоҳ бо яке аз бойҳои Дараи Ниҳон Алимардонбеги ясавул тақдири ояндаи Ёдгорро муайян карда истодаанд.
Дар ҷои дигари романи ―Дохунда устод Айнӣ Кӯлобро бо чунин тарз тасвир кардааст:
―Аскарони сурх аз Кӯлоб баромада, ба Кангурт расиданд, баъд аз чанде дар он ҷо истодан, агарчи дар роҳ байни онҳо ва босмачиён ҷангу ҷидоли бисёре воқеъ шуда бошад ҳам, худро саломат ба Файзобод расонданд.
Матни мазкур аз қисмати чоруми романи ―Дохунда бахши ―Чашмаи пуртир буда, доир ба корнамоиҳои аскарони сурх ба муқобили ақсулинқилобчиён (босмачиҳо) қисса мекунад. Бояд қайд кард, ки қаҳрамони асосии романи ―Дохунда Ёдгор яке аз сарбозони асили аскарони сурх буд, ки барои несту нобуд кардани босмачиҳо аз ҳудуди Бухорои Шарқӣ ба хусус минтақаи Кӯлоб хизмати шоиста кардааст. Бори охирон тасвир ёфтани Кӯлоб дар романи ―Дохунда – и устод Айнӣ бо чунин тарз оғоз меёбад:
―Дар аввалҳои соли 1923 гирдогирди қалъаи Кӯлобро 3 – 4 ҳазор нафар босмачӣ фаро гирифта буд: роҳи бурду оварди озуқа ва рафтуомади мардум тамоман аз қалъа бурида шуда буд. Ҳамаи ин босмачиёнро Салим Сомипошшо, ки пас аз кушта шудани Анвар бо сесад нафар аз Афғонистон омада буд, сардорӣ мекард. Тасвири мазкур аз қисмати чоруми романи ―Дохунда бахши ―Орнома буда, аз муборизаи Салимпошшо ба муқобили аскарони сурх қисса мекунад. Лозим ба ёдоварист, ки Салимпошшо ва Анварпошшо ду нафар генералҳои турк буданд, ки пас аз шикаст хурдан дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба минтақаи Бухорои Шарқӣ фирор карда буданд.
Давраи рушд ва тараққиёти Кӯлоб аз солҳои 20 – уми асри XX маншаъ гирифта яку якбора дар тамоми соҳаҳои шаҳр дигаргуниҳо ба вуҷуд омадаанд. Алалхусус сохтмони роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб, роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб аҳамияти махсус доранд барои рушди инфрасохтори шаҳр. Дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ як чанд корхонаҳои хурду калон ба монанди корхонаи истеҳсоли орд, равған, масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва ғайра, ки барои иқтисодиёти шаҳр мусоидат намуданд. Ҳамзамон сохтмони биноҳои давлатию маъмурӣ: осорхона, китобхона, клубҳо, боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, кӯдакистону дабистон, коллеҷҳои тиббию техникӣ ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ (соли 1953) дар баланд бардоштани маъри фатнокии аҳолӣ хидмат мекунанд.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба рушду тараққиёти шаҳр ва алалхусус ба омӯзиши ёдгориҳои таърихии он диққати ҷиддӣ дода, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006, 2700 – солагии Кӯлоби бостонӣ таҷлил карда шуд. Боиси зикр аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хусусан ташкилоти фарҳангии ҷаҳонӣ ЮНЕСКО бостонӣ будани Кӯлоб эътироф шуд ва ба феҳристи фарҳанги ғайри моддии башар ворид карда шуд. Яке аз фарҳанги нодири миллати тоҷик ин чакан мебошад, ки бештар хоси минтақаи Кӯлоб буда, дар худ асрори ғании бой дорад. Санаи 29 ноябри соли 2018 чакан ба феҳристи ғайримодии башар – ЮНЕСКО ворид гашт, ки дубора таърихӣ будани миллати тоҷикро собит кард. Имрӯз Кӯлоб метавон макони таърихӣ, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи ҷомеаи башар ва пуштибон аз фарҳангу ҳунари ин миллати аз азал буда, яъне тоҷик ба ҳисоб меравад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё