Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МАСОИЛИ ТИББӢ ВА ДОРУШИНОСӢ ДАР АСАРИ

“САЙДОНА ФИТ-ТИБ”-И АБӮРАЙҲОН БЕРУНӢ

Қаҳҳоров Умед Ашӯраҳмадович - ассистенти кафедраи таърих ва диншонсии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикитон

Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ (973-1048/51) яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар давраи ба дараҷаи аълои хеш расидани илму тамаддун ва фарҳанги тоҷик аст. Дар асарҳои олимони Ғарб Абӯрайҳон Беруниро ба унвони Ал-Берунӣ (Alberuni) дар садаи чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрӣ қамарӣ ба шумор меоваранд.

Берунӣ бо унвонҳои риёзидон, мунаҷҷим, табиб, ҷуғрофидон, тақвимшинос, нуҷумшинос, тарихшинос, файласуф, мутарҷим ва муҳақиқ шинохта мешавад.

Абӯрайҳон Берунӣ гарчӣ аз андешаҳои сиёсӣ бархурдор буд ва ҳатто мақоми вазоратро дар саросари кишвари Хоразмшоҳиён бар вай пешниҳод намуданд, напазируфт. Дар натиҷаи он ки Берунӣ муддати ҳафт сол дар дарбор зиндагонӣ намуд бо Маҳмуди Ғазнавӣ наздӣ пайдо мекунад. Берунӣ дар ҳимояти Маҳмуд ва Масъуди Ғазнавӣ даромаду дар лашкаркашии Маҳмуд ба Ҳиндустон равона гардид. Зикр намудан ба маврид аст, ки Берунӣ ҳаргиз дар умури низомӣ ва сиёсӣ дахолат намеварзид. Муддати зиёд дар Ҳиндустон зиндагӣ намуду забони ҳиндӣ ва донишҳои гуногуни ҳиндро фаро гирифт ва сипас ба Ғазна бозгашт.

Осори илмии Берунӣ дар ду забон форсӣ ва арабӣ таълиф шудааст. Мавриди таъкид аст, ки шумораи асарҳои Берунӣ аз рӯйи нишондоди худи ӯ дар феҳрасте, ки соли 1036 тартиб додааст ба 146 адад расидаанд. Албатта, ин маврид дигарҳо ҳар гунна ақида доранд, якеҳо мегӯянд, ки 150 адад, қисми дигарашон бештар аз он ва умуман бо гуфти худи Берунӣ ва нишондоди ӯ 146 асар офаридааст, ки на ҳамаи онҳо то ба замони мо омада нарасидаанд. Аз рӯйи нишондодҳо ҳамагӣ 30 фисади осори Берунӣ дастраси мо шудаасту бас.Аз ҳама машҳуртарин асарҳои Берунӣ “Осор-ул-боқия”, “Менералогия”, “Хронология”, “Ҳиндустон”, “Ал қонун-ал- Масъудӣ”, “Геодезия”, «Тафҳим» ва “Сайдона”ба шумор меравад, ки аз ҷониби олимони дунё бо забонҳои гуногун тарҷума шудаанду то ҳоло боз нашр мегарданд.

Қайд намудан бамаврид аст, ки дар овони пирии худ Берунӣ, ки ногувориҳои саломатӣ аз ҳар тараф вонамуд мегардиданд, таслим намегардид ва боз ҳам барои идомаи эҷодиёти илмии хеш иншо намудани китобҳои навбатии илмӣ машғул мешуд. Чуноне ки дар асари хеш «Геодезия» қайд менамояд: «Сабаби асосии бенур шудани чашмони ман ҳамон мушоҳидаҳои пай дар пайи гирифти офтоб дар ҷавониям буданд”. Аз ин бармеояд, ки баъдан дар давраи пирӣ аз мушоҳидаи сайёраҳои кайҳонӣ худдорӣ намуда ба таҳқиқи улуми заминӣ мегузашт. Олими баҳрулулум ин давра ба орзуҳои ҷавониаш ҷавоб гуфтанӣ шуда, навиштани охирин асари тадқиқотӣ-илмии дорушиносӣ «Ал-Сайдона фи ал-Тибб» (Сайдона) ё ин ки ба лотинӣ «Фармакогнозия»-ро ба нақша гирифт. Берунӣ дар замони дар Ҳиндустон қарор доштан оид ба ҳайвонҳои гуногун ва гиёҳҳои шифобахш маводҳои гуногунро ҷамъоварӣ менамояд.

Мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки Берунӣ дар асари дигари худ «Минералогия» баъзе зербобҳоро, ки сохтораш ба «Сайдона» алоқамандиҳои зич доранд ҷой додааст. Зеро ки дар он асар ҳам доир ба пайдоишу инкишофи бисёр ҳайвоноту набототи таҳқиқ кардааш маълумотҳои зиёде овардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи хоса мебошад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки «Сайдона» аз гаронбаҳотарин манбаъи илми дорушиносӣ дар таърихи қуруни вустои сарзамини Шарқ ба ҳисоб меравад. Дар ин асар беш аз ҳазор намудҳои доруи гиёҳӣ, ҳайвонӣ ва маъданӣ тавсифи худро ёфтааст. Аксари онҳо дар заминаи иқомат дар кишварҳои гуногун, аз рўи диду мушоҳидаи худи олим баҳрабардорӣ шуда, ба тасниф омадаанд. Вай бо як ҳисси масъулиятнокӣ ба моҳияти ин масъала эътибори комил дода, теъдоди 4500 гиёҳу, ҳайвоноту моддаҳои маъданио ба забонҳои арабӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, сурёӣ, форсӣ, хоразмӣ, суғдӣ ва ғайра гирд оварда тавзеҳ додааст. Яке аз сабабҳои асосии бо бисёр забонҳо навиштани номи доруҳо дар он будааст, ки мардумони кишварҳои гуногун ва аз ҳам дур аз боиси надонистани номҳои гиёҳҳо ва ҳайвоноту маъаднҳои гуогун ба мушкилиҳо зиёд мешудаанд. Беруни бо ин намудани навиштани асари хеш тавонист мушкилиҳои зиёдеро, ки дар шинохти ин ё он набототу ҳайвонот ва маъданҳо аз айн бардорад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки бо ин услуб як қадами наверо дар танзиму тартиби истилоҳоти доруии замони худ ва ояндагон ворид намояд. Он номи гиёҳҳою ҳайвоноту маъданҳо имрўз ҳам дар таҳқиқи паҷўҳишгарони муосир аз аҳамият холӣ нестанд. Берунӣ асосан дар бобати навиштани ин китоб ба ду масъала аҳамияти махсус додааст. Дар аввал «муайян кардани нишонаҳои зоҳирии гиёҳҳои табобатӣ, маъданҳои табиӣ ва ҳайвоноти фоидабахш»-ро пеша карда, дуввум бошад ба муқоисагузории масъалаи дарёфти номгўи онҳоро ба ҳамон забонҳои мухталиф нишон додааст. Ба ин тарзи муқоисагузорӣ, Берунӣ масъалаҳои зиёди лексиконӣ- грамматикиро низ ҳал кардааст. Яъне дар фаҳмиши мақолоти гиёҳшиносӣ равшанӣ андохта, дастраси ҳамагон кардааст.

Мушкилотеро дар донистани ин ва ё он гиёҳ ҳал намуда, Берунӣ дар «Сайдона» гуфтааст, «мешавад, ки як гиёҳ дар забонҳои гуногун номи мухталиф дошта бошад ва ё баръакс гиёҳҳои мухталиф дар забонҳои тафовутдор як номеро доро бошанд, ки дар амали лозимӣ ағлаб ба сўйи тафоҳимҳои ҷиддӣ мебаранд».

Берунӣ дар асари хеш доир ба масъалаи донистани номҳои иёҳҳо бо забонҳои гуноун сухан ронда бартариҳои онро чунин гарҳ медиҳад: «Дар донистани номи яке дору ба забонҳои гуногун фоида бисёр аст. Ба ёд дорам, ки яке аз амирони Хоразм бемор шуду нусхадоруи бемориашро аз Нишопур фиристоданд. Нусхаро ба дорушиносон нишон доданд ва онҳо натавонистанд, яке доруи ишорашударо дар он ҷо биёбанд. Танҳо яке аз онҳо гуфт, ки он доруро дар ихтиёр дорад. Ин доруи понздаҳдирҳамиро аз ў ба нархи панҷоҳ дирҳами нуқра (холис) хариданд. Ў решаи савсанро ба онҳо дод. Онҳо сарзанишаш карданд, аммо ў гуфт: «шумо чизеро харидед ки, асли онро намешинохтед, магар ба исм».

Дар офаридани асари мазкур аз сарчашма ва навиштаҷотҳои хеле зиёд истифода намудааст, ки онҳо дар давоми қарнҳо дар кишварҳои мухталифи Шарқу Ғарб эҷод гардидаандистифода намудааст. Бевосита он муаллифоне, ки дар асари мазкур ном ва номи асари онҳо оварда шудааст ба 250 мерасад, ки дар қатори онҳо табиатшиносон, файласуфон, муаррихон, ҷуғрофидонон, забоншиносон, шоирон ва сайёҳон дар паҳлўи табибону дорушиносон дида мешаванд. Бештари ин нафароне, ки дар асари

“Зайдона фит-тиб” оварда шуда, маълуму машҳур нестанд ва асарҳои онҳо то замони мо омада нарасидаанд. Хурсандиовараш он аст, ки бо воситаи ин асари Берунӣ ном ва номи асарҳои ин шахсони номвар лоақал то замони мо расидааст, ки боиси таваҷҷӯҳи хоса аст.

Номбурдан аз онҳо маънои онро дорад, ки мо ба асари бисёр муҳим ва дорои аҳамияти зиёди олим сару кор дорем. Ва ин имкон медиҳад, ки мо саҳми донишманди бузурги тоҷикро нафақат дар дорушиносӣ балки дар дигар риштаҳои илм низ муайян намоем.

Қайд намудан лозим аст, ки дар ҷусуҷӯ ва ҷамъоварии мавод ба барои офаридани «Сайдона фит-тиб» ба Берунӣ шогириди боистеъдоду қобилиятноке бо номи Абу Ҳомид Аҳмад ибн- Муҳаммад ан-Нахшаъӣ ёрии зиёди ҳамаҷониба ва ҳатто дар корҳои тиббӣ мададрасонӣ намудааст. Ба ақидаи М.Давлатов “Мавсуф худ намояндаи табибони (роҳбари табобатхона) дарбори Ғазнавиён буда, бо ҳама дастгоҳҳои табобатии замона корбарӣ мекард.

Нахшаъӣ дорандаи саводи кофӣ буда, аз тамоми адабиёти тибби антиқа ва навин бохабар будааст”. Инчунин ӯ донандаи забонҳои зиёди замона ҳам ба ҳисоб мерафтааст. Берунӣ оид ба шахсияти болаёқату бомаҳорат будани Нахшаъӣ ва ягона шогирде, ки ба талаботи устодонаи ў ҷавобгўйӣ карда метавонистааст, дар асари худ «Сайдона» таъриф кардааст. Мувофиқи гуфтаҳои муҳаққиқ ва тарҷумони «Сайдона» У.И.Каримов ҳамаи бобҳои ин китоб аз тарафи Берунӣ ҷамъбаст нашуда, қисме аз онҳо бо қалами Нахшаъӣ хотима ёфтаанд. Китоби ба итмом нарасидаи «Сайдона» дар солҳои охири умри Берунӣ 1047-1048 навишта шудааст. Нусхабардорони276 баъдӣ ҳар кадоме бо савти худ кор карда ба нигоҳдошти боқимонии осори мавсуф эътиборе намедоданд. Аз навиштаи яке аз нусхабардорони «Сайдона» бар меояд, ки он ба сурати чиркнависи (дастнависи) нотамом монда, ки худ яке аз иллатҳои нодурустии нусхаҳои баъдӣ гардидааст.

Китоби мазкур аз панҷ боб иборат буда, Берунӣ дар пешгуфтори асар оид ба номи гузоштааш «Сайдона» маълумот дода онро маънидод кардааст. Мутобиқи шарҳи Берунӣ, номи «Сайдона» аз форсии қадима буда, маънои ҳазорпояро доштааст. Ба тахлиди он маъное, ки гиёҳҳо ҳам ба ҳазор дард шифобахш мебошанд. Сонитар мардумони форсизабон калимаи «Сайдона»-ро ба маънии гиёҳи шифобахши хушбўй мувофиқ медонистанд.

Дар пешгуфтори асари мазкур Берунӣ таъкид менамояд, ки бояд гиёҳпизишкон пеш аз ба истеъмол иҷозат додани гиёҳҳо онҳоро шинохта аз нигоҳи илмию амалӣ хуб тадқиқ карда бошанд. Зеро беандеша ва нодониста пешниҳод намудани гиёҳҳои гуногун метавонад бемории шахсро афзун гардонад ва ӯро ба марг рӯ ба рӯ гардонад. Вай дар ҳамин пешгуфтор нақши таъсирбахши забони арабиро сифат кардааст, ки тавассути ин забон кас метавонад ба дастовардҳои илмии тамоми ҷаҳон ошно гардад.

Тамоми гиёҳҳову ҷонварон ва маъданҳо бо тартиби алифбоӣ дар ин асари Берунӣ дар гардида мавриди муҳокима қарор дода шудааст. Берунӣ дар асри хеш таъкид менамояд, ки пмзмшк бояд хислати шифобахшии гиёҳҳо, ҷонварон ва маъданҳоро дар корҳои амалӣ ва таҷрибавӣ бо тарзи возеҳ омўхта, сипас ба истеъмол тавсия намояд. Саҳми А.Берунӣ дар рушду ғанӣ гардонидани илмҳои фармокология (дорушиносӣ), тиб, ботаника, зоология, таърих, этнография, география, филология ва фалсафа аз рўи ин китоб ҳам хело бузург аст.

Дар бораи китоби «Сайдона» табиб ва файласуфи қарни XIII Абу Усайба фармудааст, ки: «Дар ин асари худ, Берунӣ номи растанӣ-гиёҳҳои зиёди шифобахшро оварда, хосияти табобатии ҳар кадоми онҳоро бо маврид ва ҷо ба ҷо маънидод намудааст».

Ҳамчунон дар осори олими Сурёгии қарни XIII, Абу ал-Фараҷ низ омадааст, ки «Дарҳои дониши он солҳо ба хотири азбаркунии илми антиқа барои Абўрайҳони Берунӣ кушода будаанд, ки аз дарёҳои илми фалсафаи Юнони бостону Ҳинди қадим убур кардааст. Осори ў беандоза зиёд буда, ниҳоят босифату қаноъатбахшанд. Бо як сухан на дар миёни ҳамфикрони муосир ва на баъди асри ў чунон касе пайдо нашудааст, ки дар илм чун Берунӣ шахси озмудаю закӣ гузашта бошад.

Дар ҳақиқат асари “Сайдона фит-тиб” барои тамоми пизишкон ва дорусозони замонааш ҳамчун асари пурарзиши илмӣ ба шумор мерафтааст. Бештари пизишкони форситабор ва ҳатто арабу ҳинд низ аз мутолиаи ин китоб бебаҳра намонда хусусиятҳои хоси шифобахшии гиёҳҳову ҷонварон ва маъданро меомӯхтаанд. Дар асоси омӯзиши ин асар, ки хусусиятҳои шифобахши ҳар як гиёҳҳо кушода дода шудааст, барои дар амал татбиқ намудан ва гузаронидани санҷишҳои тиббӣ дар давои ин ё он бемориҳои ҳамчун дастурамал истифода гардидааст. Мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки дар замони муосир низ аз асари мазур баъзе аз пизишкони истифода менамояд ва ба он баҳои баланд додаанд.

ИНЪИКОСИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР АСАРҲОИ АБУРАЙҲОН

БЕРУНӢ ВА ДИГАР МАЪХАЗҲО

Дарвозиева Ҳанифа Шодибековна – ассистенти кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДОТ номи С. Айнӣ

Маъхазҳои асосиро оид ба анъана ва ҷашну маросимҳои тоҷикон таълимот ва меъёрҳову тавсияҳои этникӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар матни Авесто, “Ардавирофнома”, “Бундаҳишн”,

“Додистони менуи хирад” ва ва ёгориҳои дигари хаттии бостон ба мо мерос монда дарҷ ёфтаанд.

Доир ба таърихи пайдоиши ин ҷашнҳо, аз ҷумла Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумотҳои хело зиёде оварда шудааст. Ин ҷашнҳоро аҷдодони мо аслан дар пайравии тағйирёбии иқлим, вақт, таҳаввулоти дар табиат дар давоми сол эҷод карданд.

Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад. Аслан пайдоиши он ба табиат, корҳои кишоварзӣ ва олами коинот алоқамандии ногусастанӣ дорад. Истилоҳи меҳргон аз ду ҷузъ иборат буда, дар луғатномаҳо чунин шарҳ ёфтааст: «Меҳр» - муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва «гон» - далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рӯз ва моҳи хуршедӣ омада, исми амшоспанд (ҷовидони муқаддас) ва фариштае аз устураҳои қадими мо мебошад. Меҳр дар забони санскрит дар шакли митра, дар Авесто митҳра, дар паҳлавӣ Митр буда, пайвандгари рӯшноӣ ва нури азалӣ мебошад. Гарчанде иддае аз муҳаққиқон дар баъзе навиштаҳои худ меҳрро хуршед мегӯянд, вале Меҳр на фақат хуршед мебошад, балки дар Авесто яке аз фариштаҳои бузург маҳсуб ёфта ба он ориёитаборон ниёиш ва дуруд мефиристоданд.

Аз ин рӯ ориёиҳо ба моҳи меҳр ва фариштаи Меҳр эҳтироми махсус доштанд. Ҳамин тариқ то ба рӯзгори мо исми меҳрро ориёиҳо бо ифтихор дар номҳои худ мегузоштанд масалан, тибқи маълумоти китоби Таврот хазинадори бузурги Куруши бузург Митредот (Меҳрдод) ном доштааст.

Атрофи пайдоиши ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумотҳои гуногун зиёд ба чашм мерасад. Мантиқан дар асоси маълумоти маъхазҳо метавон хулоса кард, ки ҷашни Меҳргон пайки нишоту шодӣ ва пирӯзии рӯшноӣ аз болои зулмот мебошад. Тавре Абурайҳони Берунӣ дар асари хеш «Китоб-ут-тафҳим ли авоили санаот- ит-танҷим» навиштааст: «Меҳргон чист? – Шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш Меҳр. Ва андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Биюроспи Ҷоду, он-к аъруф ба Заҳок. Ва ба кӯҳи Дамованд боз дошт...». Ҳамин мазмунро мо дар асари дигари Берунӣ «Осор-ул-боқия» низ мушоҳида намуда метавонем. Аз ҷумла Берунӣ дар асари зикршудаи хеш менависад: «Мегӯянд, сабаби ин ки ин рӯзро эрониён бузургдоштанд, он аст, ки чун мардум шуниданд, Фаридун хурӯҷ кардааст. Пас аз он, ки Кова бар Заҳоки Биюросб хурӯҷ намуда буду ӯро мағлубу нест карда буд. Ва мардумро ба Фаридун хонд...».

Дар асари «Зайн-ул-ахбор»-и Абӯсаиди Гардезӣ оварда мешавад: «Меҳр рӯзе буд аз меҳрмоҳ, ки Фаридун Заҳокро бигирифт ва бибаст. Ва мардумон шодӣ карданд. Ва Фаридун он рӯзро ҷашн кард ва онро Меҳргон ном кард».

Тавре мушоҳида шуд доир ба пайдоиши ҷашни Меҳргон дар аксари сарчашмаҳо танҳо як ҳодисаи таърихӣ асос дониста мешавад.

Дар баробари ин дар якчанд сарчашмаҳои дигар, махсусан дар адабиёти паҳлавӣ омили пайдоиши ин ҷашнро ба асотири пурҳикмати офариниши нахуст насли инсон – Мошиён ва Мошиёна алоқаманд медонанд. Масалан дар Бундаҳишн оварда мешавад, ки сабаби пайдоиши ҷашни Меҳргон ба офарида шудани Мошин ва Мошиёна алоқаманд аст. Форсҳо дар қадим моҳияти инро пасон дарк карда ин рӯзро таҷлил намудаанд.

Вобаста ба пайдоиши ин ҷашн дар фарҳанги ориёиҳои қадим фаҳмиши дигаре ҳам ҷой дошт. Дар сарзамини ориёиҳо, бахусус дар асри авестоӣ сол ба ду фасл тақсим мешуд: тобистон ва зимистон.

Ҷашни Наврўз ҷашни оғози тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози зимистон будааст. Ба ифодаи Абўрайҳони Берунӣ аз замонҳои қадим шонздаҳуми моҳи меҳр ҷашни бузурги меҳргон доир мегардид, ки дар Эрони бостон онро митракана мехонданд.

Маҷмӯи андешаҳои дар боло оварда шударо аз нуқтаи назари илмию мантиқӣ таҳлил намуда ба хулосае расидан мумкин аст, ки аслан эҷоди чунин ҷашнҳо як навъ башоратдиҳандаи дарк ва фаҳмиши инсоният нисбат ба худу табиат аст. Дар ибтидо одамон чандон ба қонунҳои табиат, ки ӯро иҳота карда буданд сарфаҳм намерафт. Пасон таҷрибаи ҳаёт ӯро водор кард, ки ба ин падидаҳо таваҷҷӯҳ намояд. Ин зиракӣ ба он овард, ки инсоният дарк намояд, ки тамоми асрори коинот бо замин ва замин бо коинот ва ҳардуи ин ба ҳаёти инсонҳо иртиботи қавӣ доранд. Одамон вобаста ба фазои фаҳмиши худ, бо мақсади танзими ҳаёти саодатбори хеш ба кулли неъматҳои табиат ва қонунҳои он арҷ мегузоштанд.

Меҳр, ки ба Меҳргон иртибот дорад дар ин оин чун манбаи ҳастӣ, рӯшноӣ, муҳаббат ва гармӣ шинохта мешавад.

Бодарназардошти ин қайд намудан зарур аст, ки гузаштагони мо аз ибтидо ба табиат, неъматҳою қонунҳои он арҷ мегузоштанд. Чунин одат аслан нишонаи баланди хирадмандию арҷгузории ориёиҳоро нишон медиҳад.

пешина
аз 35
навбатӣ