Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҶАШНИ НАВРЎЗ ДАР ОСОРИ АБЎРАЙҲОН БЕРУНӢ

Зубайдуллоев Саидҷон Хайруллоевич, Қодирзода Хушбахти

Сафар–ассистентони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ҳар як ҷашни миллии тоҷикон таърихи худро доро буда, бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд. Яке аз ҷашнҳои қадимаи тоҷикон Наврўз ба ҳисоб меравад, ки таърихи зиёд дошта, ба ҳазораи VI–VII пеш аз мелод рост меояд.

Дар хусуси пайдоиши Наврўз ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки қисме аз онҳо тавассути осори олимону донишмандони тоҷик то замони мо омада расидаанд. Яке аз бузургтарин донишмандони олами илми Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки дар асри Х–ХI ҳаёт ба сар бурда, дар соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ, таърих, этнография ва адабиёт асарҳои гаронбаҳои пурарзиши зиёде навишта дар бисёр соҳаҳои илм аввалин раҳкушо буда, ба рушди илмҳои замони худ ҳиссаи басо арзанда гузоштааст Абўрайҳони Берунӣ ба ҳисоб меравад. Имруз илми тоҷикро бидуни тадқиқотҳои бунёдӣ, китобу рисолаҳо ва андешаҳои пурарзиши Берунӣ наметавон тасаввур кард.

Аз замони зиндаги ва фаъолияти эҷодии Абўрайҳони Берунӣ то давраи мо 1050 сол гузашта бошад ҳам, бисёр тадқиқотҳои ў ки дар осори гаронарзишаш гирд оварда шудааст то имруз аҳамияти калони илмии худро гум накарда аз тарафи муаррихони ватани ва ҷаҳони мавриди омузиш қарор гирифтааст.

Дар байни тадқиқотҳои илмӣ–таърихии донишмандони тоҷик оиди ҷашни Наврўз эҷодиёти Абўрайҳони Берунӣ мавқеи калонро ишғол менамояд.

Абўрайҳони Берунӣ ҳамчун муаррихи барҷаста таърих ва пайдоиши ин ҷашни муборакро омўхта, ба анъанаю таъсири он ба фарҳанг ва маданияти мардум аҳамияти хосса зоҳир намуда, ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Донишманди асримиёнагӣ Абўрайҳони Берунӣ дар осори мондагораш, ба хусус дар робита ба одобу русум ва ҷашну рўзҳои маъруфи гузаштагони мо: ҷашнҳои Наврўз, Наврўзи Нахустин,

Наврўзи Бузург, Тиргон, Тиргони Хурд, Тиргони Бузург, Меҳргон, Меҳргони Бузург, Парвардагон, Баҳмангон, Мардгирон, Гаҳанбор, Хуррамрўз ё Навадрўз, Озарҷашн, Ҷашни Нилуфар ва Гайра маълумот овардааст. Аз ҷумла дар бораи яке аз ҷашнҳои ҷаҳонии миллати тоҷик ҷашни Наврўз ва таърихи пайдоиши он тавзеҳи ҷолиб ва қобили мулоҳиза манзур кардааст.

Абўрайҳони Берунӣ дар китоби худ «Осор–ул–боқия» дар яке аз фаслҳо « Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст», чунин қайд менамояд: «... чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ў рафт. Вале пас аз чил рўз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ў баргашт ва мурғон бар даври ў гирд омаданд. Эрониён гуфтанд:

«Наврўз омад!» яъне рўзе тоза омад ва Сулаймон бодро амр кард, ки ўро бардорад. Ва парастуе дар пеши рўйи ў пайдо шуд, ки мегуфт:

«Эй подшоҳ, маро ошёнест, ки чанд тухм дар он аст, аз онсўтар рав, ки ошёни маро дар ҳам нашиканӣ». Мувофиқи гуфтаҳои Берунӣ пас аз ин Сулаймон роҳи худро каҷ кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фурўд омад, парасту бо минқори хеш қадре об оварду ба рўй Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард.

Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврўз ба якдигар об мепошанд ва пешкашиҳо ба назди ҳам мефиристанд.... Абўрайҳон Берунӣ дар асори худ Осор–ул–боқия дар ҷои дигар, ки тибқи ривоятҳои уламои Эрони оварда шудааст мефармояд, ки дар ин рўз соате аст, ки фариштаи фирўз авроҳро барои иншои халқ меронад ва фархундатарин соатҳои он соатҳои Офтоб аст. Ва дар субҳи Наврўз фаҷру сапеда ба мунтаҳои наздикии худ ба замин мерасад ва мардум ба назар кардан бар он табаррук меҷўянд. Ва ин рўз «рўзи Мухторӣ» аст, зеро ки номи ин рўз Ҳурмузд аст, ки номи офаридгор ва сонеу парварандаи дунё ва аҳли он аст.

Дар ҷойи дигар Абўрайҳон Берунӣ қайд менамояд, ки «Сабаби ин ки ин рўзро Наврўз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас, собиа ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рўзро, ки рўзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт агарчи пеш аз ин ҳам Наврўз бузургу муаззам буд».

Дар бораи ҳамчун ҷашн будани Наврўз дар даврони подшоҳии Ҷамшед дар «осор–ул–боқия»-и Берунӣ чунин овардааст: «Ва боз ид будани Наврўзро чунин гуфтаанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт. Дар ин рўз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рўз аз кўҳи Дамованд ба Бобул омад. Ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рўзро ид гирифтанд».

Ин ҳикояте, ки Берунӣ овардааст, аз натиҷаи таҳлилу муқоисаҳо, маълум мегардад, ки ба ривояти ба аҳди Сулаймон мансуб донистани Наврўз мантиқан хеле ба ҳам наздиканд. Пас, ба хулосае омадан мумкин аст, ки қисме азнақлу ривоятҳое, ки мавҷуданд, асосан аз як реша ибтидо гирифта, дар тўли солҳои зиёд мардум қаҳрамонҳои онро дар симои шахсони гуногун тасвир намудаанд. Масалан, тибқи ривояти аввал, ки аз ин асар овардем, ҳангоми ангуштарии худро ёфтани Сулаймон, ба тахт нишастани ў ва аз тахт фуруд омаданаш ҷашни Наврўз ва оинҳои он пайдо шудааст.

Аммо дар ривояти дигаре, ки Берунӣ овардааст ва он ба Ҷамшед нисбат дода шудааст, ба ҳамдигар хеле наздикӣ доранд. Аз ҷумла, Берунӣ мегўяд: «Ва дастаи дигар аз эрониён мегўянд, ки Ҷамшед зиёд дар шаҳрҳо гардиш менамуд ва чун хост ба Озарбойҷон дохил шавад, бар сарире аз зар нишаст ва мардум ба дўши худ он тахтро мебурданд. Ва чун партави Офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рўзро ид гирифтанд».

Яқин аст, ки ҳар як ҷашн суннатҳои хоси худро дорост. Ҷашни Наврўз низ дар тўли таърих бо як қатор анъанаҳои худ то замони мо расидааст. Чунончи дар ин маврид Берунӣ сухан ронда қайд менамояд: «Ва дар ин рўз расм аст, ки мардумон барои якдигар ҳадя мефиристанд. Ва сабаби он чунон ки Озарбод, мўбади Бағдод, ҳикоя кард, ин аст, ки найшакар дар кишвари Эрон рўзи Наврўз ёфт шуд. Ва пеш аз ин касе онро намешинохт ва намедонист, ки чист. Ва худи Ҷамшед рўзе наеро дид, ки аз обҳои даруни он ба берун таровиш карда буд. Ва чун Ҷамшед дид, ки он ширин аст, амр кард, ки оби ин найро берун оваранд ва аз он шакар созанд. Ва он гоҳ дар рўзи панҷум шакар ба даст омад ва аз роҳи табаррук ба он мардум барои якдигар шакар ҳадя фиристоданд. Ва дар Меҳргон низ ин корро ба ҳамин мизон такрор карданд. Ва расми мулуки Хуросон ин аст, ки дар ин мавсим ба сипоҳиёни худ либоси баҳорӣ ва тобистонӣ медиҳанд».

Абўрайҳони Берунӣ дар фасли «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст» чунин қайд менамояд: «Бисёре аз уламо ва ҳукамои юнонӣ ҳангоми тулўъ Калбулҷабборро толеи сол гирифтанд ва солро оғоз ба он намуданд ва ба эътидоли баҳорӣ таваҷҷуҳе накарданд, зеро дар замонҳои гузашта тулўи ин ситора мувафиқ бо он инқилоб ва ё наздик ба он будааст. Ва иди Наврўз аз ҷойгоҳи аслии худ зоил шудааст. Ва дар замони мо бо дохил шудани Офтоб дар бурҷи Барра (яъне Ҳамал) мувофиқ гашта, ки оғози баҳор бошад».

Ҳарчанд ҷашни Наврўз пеш аз густариши оини зардуштӣ дар қаламрави Эрон аз нуфузи хоссае бархурдор буд, мўътақидони оини маздисно дар такя бар асноди авастоӣ ба иди Наврўз мазмун ва тобишҳои мазҳабӣ низ бахшидаанд. Мутобиқи назари эшон, ин рўз оғози сол буда, ба номи Аҳурамаздо мансуб аст. Дар ин рўз инсон офарида шуда, кори ҷаҳон оғоз гирифтааст. Ба эътиқоди пайравони ин оини қадимаи эронӣ Ҳурмуз дар 365 рўз оламро биофарид ва дар оғози фарвардин осоиш ёфт. Аз ин лиҳоз, аз диди эшон саранҷоми офариниши Аҳурамаздо Наврўз аст, ки то он рўз ҷамъи мавҷудот халқ шудааст. Баҳси дигар дар робита ба пайванди Наврўз бо кеши зардуштӣ дар он зуҳур ёфта, ки яке аз рўзҳои Наврўз айёми аз Урмузд пазируфтани Зардушт дини маздисноро будааст ва ҳатто подшоҳ Гуштосб ҳам дар Наврўз ин оинро қабул намудааст. Бо истинод ба ин боварҳои қадимӣ бархе аз пажўҳишгарон мўътақид ҳам шудаанд, ки оинҳои Наврўзи қадим мўҷиби пайдоиши дини зардуштӣ гардидаанд.

Абўрайҳон Берунӣ дар «осор–ул–боқия» дар ин маврид гуфтааст: «Ва дар рўзи шашуми ин моҳ Наврўзи бузург аст, ки назди эрониён иди бузургест. Ва гўянд, ки Худованд дар ин рўз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рўз охири рўзҳои шашгона аст. Ва дар ин рўз Худованд Муштариро биофаридаст ва фархундатарин соатҳои он рўз соатҳои Муштарӣ аст. Зардуштиён мегўянд, ки дар ин рўз хурўҷ кард. Ва дар ин рўз барои сокинони кураи замин содаттарин қисмат мекунанд. Ва аз ин ҷост, ки эрониён ин рўзро «рўзи умед» ном ниҳоданд ва азҳоби найрангҳо гуфтанд: «Ҳар кас дар бомдоди ин рўз пеш аз он, ки сухан гўянд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани худро чарб кунад, дар ин ҳама сол аз анвои балоҳо солим хоҳад монд».

Салмони Форс мегўяд: «Мо дар аҳди зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврўз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар».

Оиди оини дигари Наврўзи низ гуфтаанд: «Сабаби ин ки эрониён дар ин рўз ғусл мекунанд, ин аст, ки ин рўз ба фариштаи об тааллуқ дорад. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар ин рўз ҳангоми сапедадам аз хоб бархезанд ва бо оби ҷорӣ бар худ аз роҳи табаррук ва дафъи офат мерезанд».

Ва дар ин рўз мардум ба якдигар об мепошанд ва сабаби ин кор ҳамон сабаби ғусл аст. Баъзе гуфтаанд, ки иллат ин аст, ки дар кишвари Эрон дер гоҳе борон наборид, ногаҳон ба Эрон сахт биборид ва мардум бо ин борон табаррук ҷустанд ва аз ин об ба якдигар пошиданд. Ва ин кор ҳамин тавр, дар Эрон расм шуд.

Абўрайҳони Берунӣ дар ҷойи дигар меорад: гўфтанд, касе ки ду Наврўзро ба ҳам муттасил намуд, Ҳурмуз писари Шопури паҳлавон аст, ки ў ҳам айёмеро, ки миёни ин ду ид буд, ҷашн гирифт.

Ва оташро барои табаррук ба он ба ҷойҳои баланд қарор дод, ки ҷавро ҳарорати он пазонад ва ашёи касифаро бисўзонад. Ва мояи фасодоварро ин ҳарорат нобуд намуд.

Баргузории ҷашни Наврўз дар замони Сосониён на камтар аз шаш рўз тўл мекашид ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврўзи кўчак ё Наврўзи омма, ки панҷ рўз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рўзи шашуми фарвардин (хурдодрўз) ҷашни Наврўзи бузург ё Наврўзи хоса барпо мегашт.

Дар ҳар яке аз рўзҳои Наврўзи омма табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рўҳониён, сипоҳиён, пешоварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гўш медод ва барои ҳалли мушкилоташон дастур медод.

Абўрайҳони Берунӣ оиди баргузории ҷашни Наврўз дар замони Сосониён дар асараш «осор–ул–боқия» чунин мегуяд: «Ва оини Сосониён дар ин айём чунин буд, ки подшоҳ ба рўзи Наврўз шуруъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки барои эшон ба тахт омадааст, ки ба эшон некӣ кунад! Ва рўзи дуюмро барои деҳқонон, ки қадре мақомашон болотар аз тўда бувад, бо тантанаи қайд ме- кард. Ва хонаводаҳо низ дар ин қисмат дохил буданд. Ва рўзи сеюмро барои сипоҳиён ва бузургону мубадон бо тантана қайд мекард. Ва рўзи чорумро барои аҳли байт ва наздикону хосони худ ҷудо мекард.

Ва рўзи панҷум барои хонавода ва ходимони худ ва ҳар кадомро он чи мустаҳаққи рутба ва икром буданд» ҷудо мекард. Ва он чи муставҷибу сазовори эҳсону инъом буданд, мерасонд. Ва ҷуз рўзи шашум мешуд, аз қазои ҳуқуқи мардумон фориғу осуда шуда буд ва барои худ Наврўз мегирифт. Ва ҷуз аҳли унсу ашхосе, ки сазовори хилватанд, каси дигарро намепазируфт. Ва дар ин рўз он чиро, ки рўзҳои гузашта барои эшон ҳадя оварда буданд, амр ба ҳозир намуданашон мекард ва он чи мехост, ҷудо мекарду мебахшид. Ва ҳар чи, ки қобили хозина ва захира буд, нигоҳ медошт.

Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврўз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда на танҳо макони зисту ашёи рўзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро низ аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғўши пурмеҳр истиқбол мегиранд. Ин суннати неки Наврўзиро дар ашъори шоирону донишмандони гузаштаи аз қабили Абўрайҳони Берунӣ баръало дида метавонем.

Бо мақсади арҷгузори ва ҷаҳонишудани ҷашни Наврўз имрўзҳо ба мушоҳида мерасад, ки дар ҷумҳурӣ кўчаву хиёбон ва деҳа, як қатор иншоотҳои фарҳангӣ, маидони боғу истироҳатгоҳ, чоихонаву қаҳвахона ва дигар иншоотҳо Наврўз номгузори карда шудааст.

Ҳамин тавр, Наврўзи аҷам яке аз қадимтарин идҳои мардумӣ аст, ки аз оғози пайдоиши худ дар қаламрави қавмҳои ориёӣ ҷашн гирифта мешуд. Бо гузашти айём фазои ҷашнгирии Наврўз густариш ёфа, ҳудуди аксари давлатҳои Авруосиёро фаро гирифта, дар тули таърих монеаҳои зиёдеро паси сар намуда, бо рангу тобиши нав таҷлил мегардид ва то замони мо чунин анъанаи неки ниёгон омада расид.

пешина
аз 35
навбатӣ