Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

НАЗАРЕ БА МЕРОСИ ИЛМИИ

АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ

Исломов Ф.Ш. - ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Ҳаёт ва фаъолияти Абурайҳон Берунӣ аз ҷониби як зумра муҳаққиқони соҳаҳои гуногун ба таҳлили илмӣ кашида шуда, чандин асару мақолаҳо роҷеъ ба масъала таълиф гардиданд. Аз ҷумла, муҳаққиқони маъруфи шуравӣ, аз қабили Ю.А. Крачковский, С.П.Толстов, А.А. Семенов, Я. Гулямов аз аввалинҳо шуда, ба омӯзиши мероси илмии ин олими барҷастаи асримиёнагӣ шуруъ намуданд. Ҳаёт ва фаъолияти Абурайҳон Берунӣ ва мероси илмии ӯ дар «Тоҷикон» - академик Бобоҷон Ғафуров низ инъикос ёфтааст. Солҳои минбаъда низ мавзуи мазкур аз назари муҳаққиқон дур намонда, як зумра асарҳои илмӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмии Абурайҳон Берунӣ рӯи чоп омаданд, ки дар ин росто асарҳои А.М. Белинский, Б.А. Розенфелд, П.Г. Булгаков, М. Осимӣ, Ҳ. Раҳимро, зикр намуданд ба маврид аст, ки роҷеъ ба мероси илмии Абурайҳон Берунӣ пажӯҳиш анҷом доданд. Дар таърихнигории ватанӣ тадқиқоти диссертатсионии Ю. Бобоев, ки доир ба осори илмии Берунӣ бахшида шудааст, басо муҳим мебошад. Дар он маълумотҳои Абурайҳон Берунӣ оид ба таърих ва фарҳанги Осиёи Миёна таҳлил гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои минбаъда низ осори илмии Берунӣ дар тадқиқотҳои муҳаққиқони хориҷию ватанӣ инъикос ёфтааст.

Абурайҳон Берунӣ соли 973 дар наздикии шаҳри Кот, дар Хоразм ба дунё омадааст. Агар перомуни нақши ин олими бузург дар соҳаҳои гуногуни илм сухан ронем, пас ҳамин нукта шоистаи зикр аст, ки Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ яке аз бузургтарин донишмандони асримиёнагӣ, ки дар таърихи бисёр соҳаҳои мухталифи илмҳои дақиқ аз қабили риёзиёт, кайҳоншиносӣ, кимиё ва дар баробари ин, илмҳои ҷамъиятшиносӣ-ҷуғрофия, фалсафа ва таърих саҳифаҳои нав кушодааст.

Рӯзгори Берунӣ ба давраи дигаргунсозиҳои бузурги иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар Хуросон рост омад, ки бевосита бо ташаббуси давлати мутамаркази тоҷикон-Сомониён, ки ба рушду нумуъи бемайлони илму фарҳанг ва тараққиёти иқтисодии шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳру Хуросон боис гардида буданд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки дар ин давра, яъне дар фазои ҳамонвақтаи Мовароуннаҳру Хуросон чунин ашхоси барҷаста ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абунасри Форобӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ ва дигарон ба воя расида, дар тараққиёти таммадуни ҷаҳонӣ нақши муассир бозиданд.

Маълум аст, ки замони ҳукумронии сулолаи Сомониён ҳудудҳои давлати номбурда, махсусан шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд ба марказҳои бузургтарини илмию фарҳангӣ мубаддал гардида буданд, ки саҳми хонадони Сомониён дар ин матлаб беназир аст. Маҳз дар ҳамин муҳит ва шароит Абурайҳон Берунӣ ба воя расид.

Берунӣ дар рушди илмҳои замонаш нақши беназир бозида, мероси илмии ин мутафаккири барҷаста то ба имрӯз арзиши хешро гум накардаанд. Берунӣ на танҳо дар рушди илмҳои дақиқ ва ҷомеашиносӣ, балки дар омӯзиши дигар илмҳои замонаш саҳми беандоза гузоштааст. Ба навиштаи олими машҳури рус И. Ю. Крачковский «номбар кардани соҳаҳои илмие, ки барои энсиклопедисти бузург Абурайҳони Берунӣ таваҷҷуҳ надоранд, осонтар аст аз номбар кардани соҳаҳое, ки барои ӯ таваҷҷуҳ надоштанд».. Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки Берунӣ ба омӯзиши тамоми соҳаҳои илми замонаш мароқ зоҳир намуда, дар омӯзиш ва таҳқиқи соҳаҳои гуногуни илм муваффақ гардида, ҳамчун энсиклопедисти бузург шӯҳрати ҷаҳонӣ ба даст овардааст.

Солҳои ҳаёт ва фаъолияти Бурунӣ дар Гургон (Ҷурҷон) яке аз давраҳои пурмаҳсули илмии олим ба шумор мераванд. Маҳз дар ҳамин солҳо ӯ яке аз асарҳои машҳури хеш, зери унвони «Осор-ул-боқия» таълиф намуд. Ин асар дар солҳои 999-1000 таълиф гардидааст, ки дар замони сукунати Берунӣ дар Гургон (Ҷурҷон) рост меояд. Баҳри таълифи ин асар Берунӣ солҳои зиёде ба ҷамъоварии маводҳо машғул будааст. Муаллиф дар ин китоб аз сарчашмаҳои таърихӣ ва мушоҳидаҳои хеш васеъ истифода намудааст. Бояд тазаккур дод, ки ин асар барои омӯхтани ҷашну маросимҳои аҷдодӣ яке аз манбаъҳои гаронбаҳост. Мазмун ва мундариҷаи асарро масъалаҳои баҳси олимон роҷеъ ба пайдоиши олам, ҳаёт, воқеоти бузурги таърихӣ, сабаб ва тарзҳои пайдоиши оин ва ҷашнҳо, пайдоиши тақвими ҳиндуён, руму яҳудиён, тоҷикон ва арабҳо ташкил медиҳанд.

Агар аз диди таърхи ба ин китоб назар кунем, дар китоби хеш Берунӣ маълумотҳои нодиреро роҷеъ ба таърих ва фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна нигоштааст. Ҳамин тариқ «Осор-ул-боқия» асари комилан таърихи ҳам набошад, дар он таърихи сиёсии халқҳои эронинажод инъикос ёфтаанд.

Яъне дар ин асар масъалаҳои авлотдории сулолаи Каёниён, хонадони Ашконӣ ва ғайраҳо инъикос гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин асар бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума гардидааст. Аввалин шуда «Осор-ул-боқия»-ро шарқшиноси олмонӣ Эдуард Захау байни солҳои 1876-1878 бо забони англисӣ тарҷума намуда, ҳамин тариқ омӯзиш ва тадқиқоти он аз ҷониби олимони гуногуни ҷаҳон шуруъ мегардад. Хулоса «Осор-ул-боқия»-и Берунӣ муҳимтарин сарчашмаи таърихӣ ба шумор меравад.

Соли 1010 Берунӣ аз саёҳат ба ватан Хоразм бармегардад. Маълум аст, ки пас аз суқути давлати Сомониён дар Хоразм муддате Маъмуни 11 ибни Маъмун (1009-1017) ҳукумат кард, ки ба бунёди яке аз марказҳои илмӣ- Академия Маъмун ибтидо гузошта, дар ин ҷо як қатор ходимони барҷастаи илмӣ, шоирон, муаррихон гирд омадаанд, ки дар қатори онҳо Абурайҳон Берунӣ ва Абуалӣ Ибни Сино низ буданд.

Абурайҳон Берунӣ роҷеъ ба соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла гидрология, геодезия ва маъданшиносӣ низ асарҳо навиштааст. Чи тавре ки Фредерик Старр менависад роҳи ҳалли бонизоми Берунӣ дар соҳаи маъданшиносӣ равшан намоён буд, ки дастоварҳои илмии ӯ дар китобҳо дар ин соҳаҳо навиштааш инъикос ёфтаанд. Абурайҳон Берунӣ дар омӯзиши нуҷумшиносӣ (астрономия) низ нақши бузург гузошта, дастгоҳи калони дойрашакли ӯ барои чен кардани меридиана (хати доиравии тасаввурии кураи замин, ки дар ҳар ду қутб мегузаранд) ҳаракати офтоб бо нимкура бо диаметри 5.4 м, ки ӯ барои тарҳрезӣ кардани роҳи ҳалли мушкилоти геодезӣ истифода бурда буд, ба тадқиқоти ӯ мусоидат менамуд. Дар ҳамин вақт Берунӣ роҷеъ ба илмҳои дақиқ низ асарҳо офарид.

Соли 1017 Маҳмуди Ғазнавӣ Хоразмро забт ва Беруниро ҳамроҳи худ ба Ғазна бурд. Ба ин тариқа фаъолияти минбаъдаи Берунӣ дар шаҳри Ғазна давом кард. Ӯро ба вазифаи ситорашиноси дарбор таъйин карданд. Дар ин муддат ӯ ба ҷамъоварии мавод барои таълифи асари гаронҳаҷми хеш ―Ситорашиносӣ пардохта, ки китоби мазкурро олим пас аз даҳ сол ба охир мерасонад. Ин асари Абурайҳон Берунӣ яке аз таълифоти ҷадид дар ин соҳа ба шумор рафта, масоили илмҳои нуҷум ва риёзиёт, низоми тақвим ва дигар масоилро дар бар мегирад.

Дигар асари Абурайҳон Берунӣ, ки яке аз бузургтарин дастоварҳо дар илмҳои ҷомеашиносӣ, маҳсуб аст, ин «Мо-л-ил-Ҳинд» мебошад, ки бо забони арабӣ дар замони ҳукумронии сулолаи Ғазнавиён ва дар солҳое, ки ӯ дар Ҳиндустон зистааст, таълиф гардид. Асари мазкур роҷеъ ба дастоварҳои илм ва афкори фалсафӣ, тамаддун, забон ва таърихи Ҳинд бахшида шудааст.

Дар замони ҳукумати Масъуди Ғазнавӣ Абурайҳон Берунӣ дар фосилаи солҳои 1030-1036 дигар асари пурарзиши хешро зери унвони «Қонуни Масъудӣ» таълиф намуд. Китоб ба Масъуди Ғазнавӣ бахшида шуда, асари бунёдии нуҷумӣ ва соҳаҳаи вобаста ба риёзиёт ва тригонометрия мебошад.

Мувофиқи маълумоти Фредерико Старр Масъуд ба муаллиф барои таълифи ин асари ҷовидонӣ, як фил нуқра инъом дода буд, ки онро Берунӣ хоксорона рад кардааст. «Қонуни Масъудӣ» аз ёздаҳ китоб иборат буда, метавон гуфт, ки ин осор як навъ энсиклопедияи нуҷум ва соҳаҳои вобаста ба риёзиёт мебошад. Арзиши асар дар он зоҳир мегардад, ки аввалин маротиба дар китоби хеш Берунӣ донишҳои нуҷуми юнонӣ, ҳинду ва муаллифони мусулмонро ҷамъ намуда, онҳоро мавриди таҳлили ҳамаҷонибаи риёзӣ қарор додааст. Инчуни Берунӣ дар омӯзиши таърих ва фарҳанги Суғди бостон нақши муаасир бозидааст. Дар асарҳои Берунӣ махсусан дар «Қонуни Масъудӣ» перомуни солшумории Суғди Қадим маълумот ҷой доранд, ки муаллиф аввалин шуда ба омӯзиши масоили мазкур мепардозад.

Берунӣ дар омӯзиши илми маъданшиносӣ низ нақши мондагор бозидааст, зеро ӯ яке аз аввалин рисолаи илмиро атрофи илми маъданшиносӣ ба табъ расонидааст. Дар солҳои 30-юми қарни Х1 Абурайҳон Бурунӣ дигар асари хеш «Мақолатун фӣ-н-нусуб-ил-латӣ байнал-филиззат ва-л-ҷавоҳири ва-л-ҳуҷҷун» таълиф намудааст, ки он бо номи «Минералогия» низ маъмул аст. Ин асар маҷмӯаи иттилоот роҷеъ ба шинохти сангҳо мебошад, ки ҳамчун нахусти рисола дар ин соҳа шинохта шудааст.

Ғайр аз таълифоти номбурда чандин асарҳои илмии Абурайҳон Берунӣ то давраи мо омада нарасидаанд. Бинобар маълумоти академик Н. Неъматов Берунӣ тақрибан 150 асар таълиф намудааст, ки танҳо 26-тои онҳо то замони мо маҳфуз мондаанд.

Роҷеъ ба меъроси илмии Абурайҳон Берунӣ акдемик Бобоҷон Ғафуров дар китобашон «Тоҷикон» чунин қайд намудаанд, ки аҳамияти асарҳои Берунӣ бағоят бузург мебошанд. Ӯ ба воситаи як қатор тадқиқот ва кашфиёти худ на фақат ба пешрафи илму фанни замонаш мусоидат кард, дар айни замон аз савияи дониши он давра чунон пеш гузашт, ки аксар вақт дар асарҳои худ ба баъзе далел ва мадракҳои фанни имрӯза наздик мешавад. Чунончи, назарияи ӯ доир ба таърихи намуди сатҳи замини (ландшафти) пастии шимоли Ҳиндустон ва оид ба сайри тағйироти ҷараёни дарёи Аму ба ин иддао шаҳодат медиҳад.

Ҳамит тариқ, олими барҷаста ва муҳақиқи бузурги асримиёнагии тоҷик Абурайҳон Берунӣ на танҳо дар омӯзиши илмҳои дақиқ ва ҷомеашиносӣ нақши бузург гузошт, балки дар таълимоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимои низ нақши муассир бозидааст. Нақши ӯ дар рушди этнография ҳам бағоят калон аст. Мероси илмии Абурайҳон Берунӣ дар замони хеш ҳамчун як энсиклопедия ба шумор рафта, то имрӯз аҳамияти илмии худро гум накардааст.

пешина
аз 35
навбатӣ