Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ ВА ЭҶОДИЁТИ

ИЛМИИ Ӯ

Исамитдинов Жорабек Бобобекович – н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Дар шароити соҳибистиқлолӣ, дар мамлакати мо ба омӯзиши амиқ ва тарғиби ҳаёти ибратбахш ва фаъолияти ҷамъиятии олимон, адибон мутафаккирони бузург аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Дар мисоли кору пойкори онҳо дар руҳияи эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия кардани ҷавонон вазифаи муҳимми давру замон маҳсуб меёбад. Дар ин давр ба мероси иҷтимоиву маънавӣ, ғояҳои ахлоқӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, диниву тарбиявии мутафаккирон, саҳми онҳо ба рушди афкори ҷамъиятии онҳо таваҷҷӯҳ боло рафт. Аз ҷумлаи чунин мутафаккирон Абурайҳон Берунӣ ба шумор меравад, ки мероси ӯ дар миқёси ҷаҳон садоқатро ба инсонпарварӣ ва арзишҳои ахлоқӣ, тарбияи одами комил талқин менамояд, ва мазмуну моҳияти ғояҳои алломаро аз нуқтаи назари илмӣ равшан намудан аҳамияти муҳим касб мекунад.

Дар бораи фаъолияти илмиву эҷодӣ, ақидаҳои фалсафии Абурайҳони Берунӣ аз овони зиндагиаш инҷониб бисёре аз муаррихону файласуфҳо, фарҳангшиносон, мутахассисони таърихи илм фикру андешаҳои ҷолиб баён кардаанд. Бавижа, дар бораи Берунӣ ҳамасри ӯ, муаллифи асари «Таърихи Масъудӣ» Абулфазли Байҳақӣ фикру мулоҳизаҳои мусбат пешкаш намуда, ӯро «устод» хондааст. Ҳамчунин, муаррих ва ҷуғрофиёшинос Ёқут ал- Ҳамавӣ, олимони асримиёнагӣ Ибни Абу Усабия, Иброҳим ибни Муҳаммад ал-Ғаданфари Табризӣ, донишманди маъруф Низомӣ Арузии Самарқандӣ ва дигарон дар бораи фаъолияти ин мутафаккири бузург маълумот додаанд.

Соли 1889 асари Абурайҳони Берунӣ ―Ал-осор ул боқия ан ал- қурун ал-холия-ро Эдуард Захау ба забони англисӣ тарҷума намуд. Баъди ин воқеъа шавқу ҳаваси ҷаҳониён ба осори Берунӣ зиёд мегардад.

Дар охири асри XIX – ибтидои асри ХХ таърихшиносон ва шарқшиносони ба омӯзиши асарҳои ин алломаи Шарқ шурӯъ намуданд.

Дар ин ҷода саҳми Г. Зутер, А. Миели, Э Видеман назаррас мебошад. Хосатан Э. Виделман бо нашри якчанд мақолаҳои илмӣ доир ба фаъолияти табиатшиносӣ ва кашшофии Абурайҳони Берунӣ барҳақ ба қатори берунишиносони номвар шомил гашт. Солҳои 40-50-уми асри ХХ дар нашриётҳои Москва ва Ленинград маҷмӯаи мақолаҳо таҳти унвони ―Берунӣ ба табъ расид, ки он ба ҳаёт ва мероси илмии аллома бахшида шудааст. Дар ин китоб мақолаҳои олимон варзида А.М. Беленитский, И.Ю. Крачковский ва дигарон ҷой дода шудаанд.

Эҷодиёти гуногунпаҳлӯ ва саҳми Берунӣ дар илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар монографияи дастаҷамъии ―Абурайҳон Берунӣ, ки муаллифони он Б.А. Розенфелд, М. Рожанская, З. Соколовская, Г. Леммей ва дигарон мебошанд, дар заминаи баррасии ҷанбаи таърихӣ ҳамаҷониба таҳлил гаштаанд. Бахшида ба 1000-солагии А. Берунӣ (соли 1973) дар Тошкент як силсила маҷмӯаҳои мақолаҳо нашр гаштанд, ки дар онҳо мақолаҳои И. Мӯминов, Я. Ғуломов, Р. Носиров, А. Шарипов, А. Ирисов, М. Баротов, С. Йӯлдошев ва дигарон ҷой дода шудаанд, ки онҳо муҳимтарин паҳлуҳои эҷодиии алломаро мавриди омӯзиш қарор доданд. Чунончӣ, академик И. Мӯминов дар бораи услуби таҳқиқоти Берунӣ, А. Шарипов доир ба мукотиботи Берунӣ бо Абу али ибн Сино, Р. Носиров ҷанбаҳои таҷрибавӣ ва мушоҳидавии таҳқиқоти илмии аллома, С. Йӯлдошев ҳиндушиносии Беруниро таҳлил намудаанд.

Асарҳои илмии Абурайҳони Берунӣ ки бо гуногунҷанбагӣ ва парвози баланди фикрӣ муҳаққиқонро ба ваҷд меорад. Аллома зиёда аз 150 асар офаридааст ва ба ҳайси олими ҳамадон (энсиклопедист) эътироф гаштааст. Таҳқиқотҳои ӯ ба соҳаҳои математика ва астрономия, география ва геодезия, геология ва минерология, илмҳои тиб, таърих ва филология, таърихи дин ва фалсафа бахшида шудаанд. Мувофици маълумоти охирини шарқшиносон осори Берунӣ вобаста ба соҳаҳои илм чунин тақсим мешавад: марбут ба астрономия — 70 асар; математика — 20; география ва геодезия — 12; картография — 4; дар бораи иклим ва обу хаво — 3; оид ба минералогия — 3; марбут ба фалсафа – 4; физика — 1; марбут ба тиб - 2; оид ба таърих ва этнография — 15; вобаста ба адабиёт -28. Аммо то замони мо ҳамаги 40 нусха китобҳои ӯ дар шакли дастнавис расида омадаанд. Бояд зикр намуд,ки ягон соҳаи илму маърифати замонаш аз назари ў дур наафтодааст. Берунӣ аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштааст, ки онҳо ба пешрафти илми асрҳои миёна таъсири муайяне расонидаанд.

Абурайҳони Берунӣ соли 362 ҳиҷрӣ (973 милодӣ) дар санаи 2 моҳи зулҳиҷҷа дар маркази нахустини Хоразм, шаҳри Кат (Киёт), деҳаи Берун таваллуд шудааст. Дар маҳали таваллудаш таълими хуб мегирад, аз овони наврасӣ ба кори илмӣ машғул мешавад. Бо сабаби тангии имконияти пешбурди таҳқиқоти илмӣ зодгоҳашро тарк намуда, давоми солҳои 998 – 1004 дар шаҳри Ҷурҷони соҳили ҷанубу шарқии баҳри Хазар (Каспӣ) зиндагӣ кардааст. Маҳз дар ҳамин солҳо китоби арзишманди худ ―Ал-осор ул боқия ан ал-қурун ал-холия-ро навиштааст. Асари мазкур ба забони арабӣ навишта шуда, ба амири Гургон Шамсулмаолӣ Қобус бинни Вушмагир бахшида шуда буд.

Китоби мазкур бо унвони «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод» низ маъруф аст. Мундариҷаи асарро (масъалаҳои баҳси олимони машриқзамин оид ба пайдоиши олам, ҳаёт, назари пурихтилофи халқҳои гуногун нисбат ба воқеаҳои бузурги таърихӣ, воқеоти оддӣ ва ғайриоддии табиӣ, сабабу тарзҳои пайдоиши оину кешҳо, мояи пайдоиш ва шакл гирифтани тақвими ҳиндувон, руму яҳудиён, точику форсу араб ташкил додаанд.

Муаллиф аз сарчашмаҳо, асарҳои илмию тадқиқотӣ, ҳуҷҷатҳои ёддоштӣ, нақлу ривояҳои фолклорӣ васеъ истифода бурдааст. «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод » моҳияти тарҷумаи ҳолӣ низ дорад.

Берунӣ донандаи забонҳои хоразмии қадим, арабӣ, форсӣ, суғдӣ, юнонӣ, сурёнӣ, яҳудиву санкскритӣ мебошад. Асарҳои илмии бо ин забонҳо иншошударо хонда метавонист ва тавассути онҳо салоҳияти илмиашро боло бардоштааст.

Соли 1005 Абурайҳон Берунӣ ба Хоразм бармегардад ва дар қасри хоразмшоҳ Абу Аббос Маъмун ба мартабаҳои боло сазовор мегардад.

Дар ―Академияи Маъмун якҷоя бо олимони номвар Абу Саҳл ал- Масеҳӣ, Абу Наср ибн Ироқ, табиби машҳур Абул Ҳасон Ҳаммор, муаррих Ибн Мискавейҳ, Абу Али ибн Сино ва дигарон эҷод кардааст. Соли 1017 баъди аз ҷониби Маҳмуд Ғазнавӣ фатҳ гаштани Урганч (Хоразм) Берунӣ дар қатори дигар олимон ба Ғазна рафта то охири умраш (соли 1048) дар он ҷо истиқомат кардааст.

Дар Ғазна Берунӣ фаъолияти пурмаҳсули илмиашро идома медиҳад.

Якчанд маротиба дар сафи лашкари ғазнавиён ба Ҳиндустон сафар мекунад. Натиҷаи ин сафарҳо имконият фароҳам оварданд, ки аз ҷониби Берунӣ боз як шоҳасар – ―Ҳиндустон навишта шавад. Номи пурраи ин асар ―Китобу фи таҳқиқи мо лил ҳинд мин маъқулатин мақбулатин фил ақли ав марзулатин, ё ―Китоби фи-таҳқиқи мо-ли-л-Ҳинд ва ё ―Мо-ли-л- Ҳинд мебошад. Дар ин асар таърихи маданияти халқҳои ҳинд, урфу одат, кешу оин ва афсонаҳои мардуми ҳинд, обзори умумии географии Ҳиндустон, илму фалсафаи ҳинд, шарҳ дода шудааст. Ин асар дар адабиёти ҷаҳонии ҳиндушиносӣ ҳамто надорад, зеро ки дар асоси мушоҳида ва омўзиши бевоситаи муаллиф ва истифодаи сарчашмаҳои боэътимоди ҳиндӣ ба забони санскрит, навишта шудааст. Каме пештар асари маъруфи аллома ―Китоби таҳдиди ниҳоят-ал-амокин ли тасҳиҳи масофат- ил-масокин (Геодезия)-и ба табъ меронад,ки дар он муаллиф усулҳои муайян кардани тулу арзи географӣ, таърихи муайян кардани ҳаҷми Замин ва маълумотҳои муфассали географиро баён кардааст. Берунӣ бо ҳамин асар геодезияро ба илми мустақил табдил додааст.

Асари машҳури Берунӣ дар риштаи математика ва астрономия ―Қонуни Масъудӣ (―Ал-қонун-ул-масъудӣ фи-л-ҳайат ва-л-нуҷум) мебошад,ки онро муаллиф ба ифтихори вориси Маҳмуди Газнавӣ султон Масъуд (1030-1041) эҷод намудааст. Ин асар як нав энсиклопедияи астрономияи замони худ мебошад. Китоб соҳаҳои астрономия ва математикаро пурра дар бар гирифта, илова бар ин, дар бораи фаъолияти астрономҳои Машриқзамин: – Эроншаҳрӣ, Сулаймон ибни Исми Самарқандӣ, Муҳаммад ибни Исҳоқӣ Сарахсӣ ва дигарон маълумоти пурарзише медиҳад.

Абурайҳон Берунӣ соли 1048 китоби ―Китоб-ул-ҷамоҳир фи- маърифат-ул-ҷавоҳир («Минералогия»), ки маводи онро тамоми умр гирд оварда буд, ба итмом расонд. Китоб ба тавсифи ҷавоҳирот ба маънои васеи калима, аз ҷумла ҳам моддаҳои пайдоиши ғайримаъданӣ ва ҳам моддаҳои ба таври сунъӣ ба даст омада, бахшида шудааст.«Минералогия» аз ду қисм иборат аст: ―Дар бораи сангхои киматбаҳо ва ―Дар бораи фулузот. Дар асар сарватҳои зеризаминӣ Осиёи Миёна низ зикр шудаанд. Чунончӣ, Берунӣ ба конҳои тиллои Қаротегину Шугнов, лаъли Бадахшон, симобу нуқраи ағбаи Зарафшон, нафти водии Фарғона ва ғайраҳо ишора мекунанд.

―Китоб-ус -сайдона фи-т-тибб (Фармакогнозия) асарест, ки Абурайҳони Берунӣ дар охирҳои умри худ таълиф намуда, дар он оид ба тарзи аз набототи сарзамини мо тайёру омода сохтани ҳар гуна доруҳо маълумот медиҳад. Берунӣ дар ин асар маҷмўи донишҳои мавҷударо оид ба доруҳо пешниҳод намуда, онро ба ҷинсҳо, намудҳо ва шаклҳо ҷудо намуда, инчунин усулҳои тартиб додани доруҳои мураккабро аз рўи ретсептҳои машҳур тавсиф кардааст. «Фармакогнозия» дар асрҳои миёна марҳилаи аввали тиб ба ҳисоб мерафт ва табиб вазифадор буд, ки онро омӯзад. Берунӣ дар китоби худ қариб 250 муаллифи гуногунро аз Юнон, Рум, Ҳиндустон, Осиёи Ғарбӣ ва Миёна – табибон, табиатшиносон, муаррихону ҷуғрофишиносон ва ҳатто шоиронро зикр кардааст.

Дар ин асар хусусиятҳо ва сохти 880 растаниҳо муфассал тасвир карда шудааст. Дар паҳлӯи ҳар як тавсиф расми растанӣ ва якчанд номҳо (дар маҷмӯъ зиёда аз 4500 ном) бо забонҳои гуногун мавҷуданд. Ин асари олимро олимони ҷаҳон то ҳол ҳангоми омӯхтании рисолаҳои тиббии қадим истифода мебаранд.

Чӣ тавре,ки Ибни Қурбон (Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ) менигорад:

―агарчи ӯ дар математика силсилаи ҳисоби даҳиро ҷорӣ кард; оид ба заминомӯзӣ (геодезия) усулҳои нав кашф намуд ва ба воситаи онҳо тӯли арзи бештар аз 600 мавзеъро чен кард; андозаи Заминро чунон аниқ кард,ки аз ченкуниҳои замони мо ҳамагӣ 110 км фарқ дошт; дар инкишофи илми геологияи ҷаҳонӣ саҳми муҳимм гузошт; ва агарчи дар илми тибб истилоҳоти байналмилалиро ба миён гузошт; дар таърихи мардумону адён ва расму русуми баъзе баъзе аз мардумони олам таҳқиқотҳои муҳимм бурд; дар инкишофи илми забоншиносии ҷаҳонӣ, махсусан забонҳои арабӣ, паҳлавӣ, ҳиндӣ ва ғайра саҳми бузург гузошт ва ғ. Ҳамин тавр, Берунӣ дар соҳаи илмҳои гуногун асарҳои бузурге навишта, дар рушди онҳо саҳми бориз гузоштааст. Ҳар кадоми онҳо омӯзиши алоҳидаро тақозо мекунанд ва ҳоло ҳам объекти таҳқиқот мебошанд.

пешина
аз 35
навбатӣ