АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
«КИТОБ УС-САЙДАНА ФИТ-ТИБ» - И АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ
САРЧАШМАИ ИСТИЛОҲОТИ ТИББИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Саидова Фарзона – н. и. ф. дотсенти кафедраи мутолиоти Шарқи ДМТ
Илми тиб мероси гаронбаҳои муштаракест, ки дар ташаккул ва ривоҷу равнақи он дар қатори юнониён, ҳиндувон, чиниён, румиён, мисриён ва мардумони дигар ниёгони мо низ саҳми босазо гузоштаанд.
Қадимтарин ёдгори хаттии мардумони эронинажод, ки дар баробари масоили дигар пизишкиву табобатро ҳам дар бар мегирад, китоби Авестост. Дар фаргарди бистуми қисмати Вандидоди Авесто дар бораи чеҳраи асотирии нахустпизишки ҷаҳон Трита, дониши пизишкиву дармону табобат, гиёҳони доруӣ ва анвои беморӣ маълумоти ҷолиб мавҷуд аст.
Дар пешрафти маърифати пизишкии Шарқу Ғарб ҳамчунин Академияи Гундишопур ба эҳтимоли Нёлдеке Wandew-Shapur нақши назаррас дорад, ки дар ибтидо бо ибтикори шоҳи дувуми сосонӣ Шопури I (241-272) ба сифати мактаби тиббӣ арзи вуҷуд кард. Осори хаттии боқимонда гувоҳи онанд, ки оиди тиб гузаштагони мо хизматҳои шоён кардаанд. Осори Закарёи Розӣ, Алқамарӣ, Ибни Ҷирҷис, Ибни Усайбия, Бухтишўъ ва дигарон то замони арабҳо ва баъд аз он парчамбардори таҳқиқотҳои илмӣ будаанд. Аз асри IX сар карда, донишмандоне, мисли Ахавайнии Бухороӣ, Муваффақиддини Ҳиравӣ, Ҳаким Майсарӣ ва баъдан Абўалӣ ибни Синову Абурайҳони Берунӣ, Абуубайди Ҷузҷонӣ ва дигарон асарҳои пурарзише таълиф кардаанд.
Яке аз чунин донишмандоне, ки бо асарҳои худ дар ин ҷода саҳми назарраси худро гузоштааст Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ (973-1048) мебошад, ки яке аз бузургтарин донишмандони Шарқ ба ҳисоб рафта, дар таърихи тамаддуни инсоният ҷойгоҳи муайянеро дорост. Ў монанди Абунасри Форобӣ ва Абўалӣ ибни Сино алломаи замони худ буд. Рўҳи танқидӣ ва суботкорӣ, ҳақиқатдўстӣ ва ҷасорати илмии Берунӣ дар асрҳои миёна ҳамто надоштанд. Ў тавонистааст дар бисёр соҳаҳои илм- риёзиву нуҷум, таъриху ҷуғрофия, маъданшиносиву дорушиносӣ, забону адабиёт ва ғайра саҳифаҳои нав кушояд. Барҳақ аст, ки ўро ба унвони донишманди энсиклопедист ёд мекунанд.
Берунӣ бо асарҳои ҷаҳоншумули худ «Аттафҳим», «Молил Ҳинд», «Қонуни Масъудӣ», «Осорул боқия», «Китоб алҷамоҳир», «Китоб ассайдана» ва ғайра дар таърихи тамаддуни башарӣ мақоми хосе ишғол кардааст. Равиши ў дар таҳқиқи илм ба ҳадде дақиқ ва ба дараҷае мувассақ аст, ки ба қавли донишманди маъруфи Эрон Забеҳуллоҳи Сафо «ҳеҷ гоҳ арзиши илмии худро аз даст нахоҳад дод».
Миёни ин ҳама осор «Китоб ассайдана фит тиб» («Китоби дорушиносӣ дар тиб») аз нигоҳи ҷумлабандиву ибораороӣ ва истилоҳофарини мақоми хос ва бартарии возеҳ дорад. Ин асар дар илм бештар бо номи «Сайдана» машҳур гашта, дар нусхаҳои арабӣ ва форсӣ таълиф шудааст. Нусхаи аслии «Сайдана» таълифи Абурайҳони Берунӣ дар китобхонаи Ҳоҷи Иброҳими Қуршунлузода, воқеъ дар шаҳри Бурсе (Туркия) маҳфуз аст. Ин асар аз ҷумлаи қадимтарин осори тиббӣ ба шумор рафта, ҳамчун таълифоти илмӣ дар ташаккул, таҳаввул ва истиқрори истилоҳоти тиббӣ нақши муҳим дорад. Китоби «Сайдана»-и Абурайҳони Берунӣ аз муқаддимаи муфассал ва тавсифи беш аз 1116 навъҳои гуногуни моддаи маводи доруӣ, наботот, ҳайвонот, ки бо тартиби алифбои арабӣ оварда шудаанд, иборат аст. Шоистаи зикр аст, ки дар ин китоб номи 750 рустанӣ, 107 маъдан, 101 ҷонвар ва 30 маводи мураккаби доруӣ гирд омадааст, ки дар ягон китоби дорушиносии гузаштагон чунон теъдоди мавод ба мушоҳида намерасад.
Асар назар ба аҳамияти бузурги илмие, ки дар таърихи дорушиносӣ дорад хеле барвақт таваҷҷуҳи муҳақиқонро ба худ ҷалб кардааст. Яке аз аввалин муҳаққиқони ин асар муаррихи маъруфи тибби Шарқ, донишманди олмонӣ Макс Мейерхоф аст, ки соли 1932 муқаддимаи арабӣ ва тарҷумаи олмонии онро бо шарҳу тавзеҳот ба нашр расонид. Ба дунболи ин дар олами илм «Сайдана» ба хубӣ муаррифӣ гардида, таваҷҷчўҳи дигар шарқшиносонро, аз ҷумла Шарофиддин Палткана (Туркия), Ф. Кренкоф (Олмон), И.Ю. Крачковский ва А.М. Белинитский (Россия) ба худ ҷалб кардааст.
Таҳқиқоти дигаре, ки дар ин замина анҷом дода шудааст, ба донишмандони эронӣ Аббоси Зарёб дар нусхаи арабӣ ва Манучеҳри Сутуда дар нусхаи форсӣ, ки онро бо муқаддимаи муфассал ва шарҳу тафсир ба нашр расонидаанд, тааллуқ дорад.
Дар моҳи сентябри соли 1973 мувофиқи қарори ЮНЕСКО ҷашни 1000- солагии ин донишманд дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон ва дигар кишварҳои арабӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта шуд. Дар робита ба ин бузургдошт, тадқиқоти наву тозаи дигаре ба вуҷуд омаданд. Яке аз чунин асарҳое, ки ин солҳо ба омўзиши он таваҷҷўҳи хос зоҳир гардида буд, китоби «Сайдана» мебошад. Ҳудуди ин солҳо шарқшиноси узбек Каримов У.И. тадқиқоти муфассале доир ба осори Берунӣ анҷом дод, ки ҷилди IV-и он доир ба ин асари бузурги Берун (Книга фармакогнозии в медицине «Китаб ас-сайдана фи-т- тибб») бахшида шудааст. Ба муносибати ин ҷашнвораи Берунӣ, ў инчунин тарҷумаи русии китоби «Сайдана»- ро бо муқаддима ва шарҳу тавзеҳ ба нашр расонид.
Ин асари Берунӣ ба таври кулли аз китобҳо ва дастурҳое, ки дар мавриди дорушиносӣ таълиф гардидаанд, аз ҷумла китоби дуюми «Алқонун фит тиб» - и Ибни Сино (980-1037) фарқ мекунад.
Дар ин китоб на ба таъсир ва хосияти табобатии доруҳо, балки ба муайян кардани доруҳо, ки аз чи гуна наботот ва ё анвои гуногуни ҳайвонот ба даст меоянд, хусусияти онҳо ва чигунагии сифаташон таваҷҷўҳи хос зоҳир шудааст. Дар ин замина Берунӣ номи доруҳоро ба забонҳо ва лаҳҷаҳои мухталиф додааст, зеро дар адабиёти тиббӣ ва дигар илмҳои он замон номҳои гуногуни доруҳо ба забонҳои гуногун (лотинӣ) машҳур буданд, ки маънои аслии онҳоро на ҳар табиб ва дорушинос мефаҳмид. Мушкилот боз дар он буд, ки ҳамон як доруро дар ҳар куҷо бо номҳои гуногун истифода мекарданд ва ё баръакс он ҳамон як номро дар лаҳҷаҳои гуногун ба дигар чизҳо номгузорӣ мекарданд, ки ин нав мушкилоти зиёдеро дар ин замина ба вуҷуд меовард.
Берунӣ муҳим будани ин масъаларо дарк намуда, дар ин асари худ тақрибан 4500 номҳои наботот, ҳайвонот, маъданҳо ва озуқавориҳоеро, ки аз онҳо доруҳои гуногун тайёр мегардад, ба забонҳои арабӣ, юнонӣ, суриёнӣ, ҳиндӣ, форсӣ, хоразмӣ, суғдӣ, туркӣ ва ғайра овардааст. Ҳамин тариқ ў саҳми беандозае дар пайдоиш, ташаккул ва ба танзим даровардани истилоҳоти тиббӣ ва дорушиносӣ гузоштааст. Истилоҳоти тиббӣ ва гиёҳшиносие, ки дар «Сайдана» оварда шудаанд, барои муҳаққиқи муосир низ муҳим мебошанд, зеро онҳо имкон медиҳанд, ки набототи шифобахш ва маводи вобаста ба онро дақиқтар муайян намуд.
Барои мо мардумони форсизабон ин иқдоми Берунӣ боз аз он ҷиҳат аҳамияти муҳим дорад, ки дар бисёр ҳолатҳо ў номҳои доруҳоеро зикр мекунад, ки дар байни мардуми минтақаҳои гуногун, шаҳрҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон маълум ва машҳур буданд. Дар асоси ин метавон як тасаввуроти муайяне дар бораи доруҳое, ки дар он кишварҳо истеъмол ва истифода мешуданд пайдо шавад. Илова бар ин, бархе аз ин номҳо барои мутахассисони таърих ва лаҳҷашиносии забонҳои эронӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва дигар забонҳо маводи дорои аҳмият мебошанд.
Берунӣ «Сайдана»- ро дар охири умри худ навиштааст ва ҳамчун тўҳфа ба касе эҳдо накардааст. Дар он ба таври мустақим дар бораи мақсади таҳия кардани ин асар чизе ишора нашудааст, вале аз муқаддимаи он маълум мегардад, ки Берунӣ ҳанўз аз солҳои ҷавонӣ ба гиёҳҳои доруӣ ва номҳои онҳо дар забонҳои ғайр таваҷҷўҳ доштааст. Тавре ки дар муқаддимаи китоби «Сайдана» менависад «Ман аз ҷавонӣ бисёр ташнаи омўзиши илм ва ҳирси аз бар кардани онро доштам. Намунаи ин он аст, ки боре як нафар юнониро дидам ва ба назди ў гандум, тухмӣ, мевагӣ ва гиёҳҳоро оварда нишон дода пурсидам, ки инҳо дар забони шумо чӣ ном доранд ва онҳоро барои худ навишта гирифтам».
Абурайҳони Берунӣ тибқи одати маъмул, ки дар решашиносии истилоҳот дошт, дар ин асари худ низ ба муайян кардани аслу решаи истилоҳот кўшиш кардааст. Масалан, дар муқаддимаи ин китоб Берунӣ оиди пайдоиши калимаи «сайдана» ва «сайданонӣ» муҳокима ронда мегўяд, ки ҳарфи «сод» шакли арабишудаи ҳарфи «чим» аст. Ба мисли «Син» ҳамон «Чин» аст, «саймуд» ҳамон «чаймуд» аст, «балус» ҳамон «балуч» аст «сарм» ҳамон «чарм» аст. Ҳамин тавр Берунӣ мегўяд, ки калимаи «сайданонӣ» шакли арабишудаи «чанданонӣ» (тоҷири кафшҳои чўбӣ) аст, ки дар навбати худ аз калимаи ҳиндии «чандан» (кафши чўбӣ) ба вуҷуд омадааст. Баъдан истилоҳи «сайданонӣ» на танҳо ба маънои «фурушандаи кафшҳои чўбӣ» истифода мегардид, балки ба маънои атриёт ва моддаҳои хушбўй низ истифода мешуд. Арабҳо ин истилоҳро нисбати касе истифода мекарданд, ки ба дору сару кор дошт. Чуноне, ки Берунӣ зикр мекунад арабҳо тақрибан фарқе байни фурушандаи атриёту моддаҳои хушбўй ва табиб намегузоштаанд.
Аз маводи асар маълум мешавад, ки донишманди маъруф забонҳои арабиву суриёнӣ, юнониву ҳиндӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои онро хеле хуб медонистааст.
Масалан, дар шумораи 156-уми номгўйи дорувориҳо муаллиф дарахти сақзро зери унвони «бутм» зикр кардааст. Дар шарҳи ин дарахт омадааст: «арабҳо онро бутмаҳ хонанд, румиҳо оқуқус ва ё таросонус, суриёниҳо бутмо, ба забони форсӣ кинбаҳн ва аҳли Хуросон хинҷак, сиҷзиҳо (лаҳҷаи мардуми Сиҷистон шакли арабишудаи Систон) кинбашак ва аҳли Нишобуру Қоин нанкиш ва аҳли Микрону Қаздор гулангур хонанд…». Тавре, ки дида мешавад, Берунӣ ҳашт муодили дарахти бутмро дар китоби худ зикр кардааст, ки дар минтақаҳои гуногун бо номҳои мухталиф маъруфият доштанд. Ҷолиби таваҷҷўҳ аст, ки муаллиф муодилҳои вожаи мазкурро ба забонҳои арабӣ, суриёнӣ, юнонӣ, форсӣ ва лаҳҷаҳои он (хуросонӣ, нишопурӣ ва сиҷзӣ) низ овардааст. Мавриди зикр аст, ки дар муқоиса бо осори имрўз, чун луғатномаи Деҳхудо номи дарахти мазкур ба таври зайл тавзеҳ шудааст: «дарахти сақз, ин ҳамон дарахти пистаи ваҳшӣ аст, ки хеле кучаку серҳосил мебошад ва аксаран худрўй мешавад. Табибон самараи дарахтро бутм мегўянд. Бадин сабаб арабҳо ин дарахтро бутм номидаанд». Ин нуктаро бояд зикр кард, ки чунин навъи пистаҳо дар кишвари мо хеле зиёд аст, ки мардум онро ҳамчун ғизо мавриди истифода қарор медиҳанд.
Муаллиф дар шумораи 158-уми номгўи доруҳо дар бобати гиёҳи «харфа» мефармояд, ки «… ба забони суриёнӣ ва румӣ барбахино, ба форсӣ бафрах ва баъзе аз порсиён онро фарфина гўянд. Ба забони арабӣ фарфах ва риҷлат гўянд… ҳиндуҳо «лавнияҳ» ва «лавнак» хонанд, аҳли Ҷурҷон харфаро парпаҳн гўянд… омма ва ҷуҳҳоли сайодина ўро фарфир гўянд ва «нун»-ро ба «ро» мубаддал кунанд. Ва фарфир араб банафшаро гўянд ва лавни арҷувониро низ фарфирӣ гўянд. Ва ба забони сиҷзӣ вашфанг ва аҳли Ҳирот синҷоб ва аҳли Нишобур бухал ва аҳли Балху Зобулистон хафраҷ гўянд».
Тавре, ки дида мешавад, Берунӣ 12 муодили вожаи мазкурро зикр кардааст. Ҷолиби таваҷҷўҳ он аст, ки муаллиф бо забонҳои арабӣ, суриёнӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва бо лаҳҷаҳои забони форсӣ (систонӣ, ҳиротӣ, нишобурӣ, балхӣ, зобулистонӣ) мисолҳо овардааст.
Ҳамин усули шарҳу тафсири муодилҳои форсиву арабии истилоҳот аз ҷумлаи шеваи таҳқиқи Берунӣ мебошад, ки дар бобҳои дигари асар низ ба таври васеъ дида мешавад. Масалан дар шумораи 17 номгўи истилоҳот дар шарҳи иҷҷос (олу) чунин мефармояд: «… ва ба форсӣ гирди сиёҳ. Пеши мо номи форсии олу машҳур аст, ки бо сиёҳ тавсиф меёбад. Зардолу дар ном бо ў мушобеҳ аст ва бо сифати зард тафовут дорад. Яке зардолу он дигаре сиёҳолуст». Дар идомаи ҳамин боб менависад, ки олуи калони сафеду ширинро ба хотири афзалият аз навъҳои дигар аҳли Ироқ шоҳлуҷ мегўянд, ки шоҳолу дар назар аст.
Абурайҳони Берунӣ бо мақсади ошкор намудани маънии аслии номи форсии анвоъи дору, рустанӣ ё маъодин дар ин китоб аксаран тарҷума ё муодили онро ба арабӣ, ҳамчунин зимни истифодаи истилоҳи арабӣ тарҷумаи онро ба форсӣ меорад. Масалан дар бораи гиёҳи «бустонафрўз» мегўяд, ки « … аҳли Бағдоду Форс бустонафрўз гўянд, яъне афрўзандаи бўстонҳо, ҳамчунин зинат уррайоҳин хонанд, яъне зиннати гулҳо».
Хусусияти дигари ҷолиби асар чунон ки қаблан ишора гардид, дар он аст, ки муаллиф баъзе рустаниву маъдану доруҳоро ба забонҳои суғдиву хоразмӣ, тахорӣ, форсӣ ва лаҳҷаҳои мухталифи маҳалли он дарӣ, балхӣ, бустӣ, бухорӣ, зобулӣ, сиҷзӣ, самарқандӣ, тирмизӣ, вашҷирдӣ… ном мебарад ва ин китоб аз назари лаҳҷашиносӣ ва решашиносии форсӣ асари муҳим маҳсуб меёбад.
Масалан, муаллиф дар бораи «каттон» дар ҳамин китоб чунин мегўяд: «ба луғати порсӣ ўро тухми катон гўянд ва дар баъзе мавозеъ кафшдонак гўянд. Ва гуфтаанд, баъзе тухми ўро базр гўянд бо касри бо раво бувад ва ба фатҳа фасеҳтар аст. Ва ба Суғду Самарқанду Фарғона зағер ва зағера гўянд».
Ё ин ки дар бобати рустании «карафс» овардааст, ки: «аҳли Тирмизу Хутталу Тахористон карафсро сунбул гўянд».
Кўтоҳи сухан, китоби «Сайдана» саршор аз истилоҳоти зебову хушандоми форсӣ-тоҷикист, ки чанде аз онҳоро барои намуна номбар мекунем: ҷуфтофарид, чаҳордору, гилемшуй, оредбаред (номи дору) гургиёҳ, мушанпиёз, уштурғоз, панҷангушт, мешмоҳи, уштургиёҳ, сиёҳидоварон, калоғсир, тарангубин, канабдона, сафедмўҳра, кўҳбаркўҳ, офтобпараст, мурғзуфонак, сангпушт, гулгулон, зариндарахт, заркуфт, филгўш, филзаҳра, руйи сапеди сўхта ва ғайра.
Дар ин маврид метавон ба мисолҳои фаровоне ишора кард, вале худ ҳамин гувоҳ аст, ки ин асари Берунӣ қатъи назар аз он, ки ба масъалаи тиб бахшида шудааст, нишон медиҳад, ки муаллифи он забоншиноси хуби замони худ низ будааст ва ў кўшиш ба харҷ додааст, ки истилоҳоти мавҷударо ба тартибу танзим дароварда, шакли маъмули онро мавриди истифодаи ҳамагон қарор бидиҳад. Аз ин лиҳоз хидмати Берунӣ дар ҷодаи истилоҳсозӣ ва истилоҳофаринӣ қобили назар аст ва ба ин далел метавон китоби «Сайдана»-ро дар радифи мўътабартарин сарчашмаҳои истилоҳоти илмии тиббӣ дар забони тоҷикӣ қарор дод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё