Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

АҚИДАҲОИ ИҶТИМОӢ – СИЁСӢ ДАР ЭҶОДИЁТИ

АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ

Одинаев Алиҷон– н.и.т., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Дар инкишофи маданияти ҷаҳонӣ дар қатори бисёр мутафаккирони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ номи олими энсиклопедисти асримиёнагӣ Абўрайҳони Берунӣ низ мақоми шоистаро ишғол менамояд.

Бо асарҳои барҷастаи худ Берунӣ дар мероси фарҳангии илмии умумиҷаҳонӣ саҳми бузургу нотакрор гузоштааст.

Дар асарҳои эҷод намудаи ў масъалаҳои ситорашиносӣ, геология, дорушиносӣ, маъданшиносӣ, таърих, этнография, математика ва дигарҳо таҳқиқ гардида китобҳои илмии баландмазмун таҳия карда шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар асарҳои Абўрайҳони Берунӣ ҳамчунин масъалаҳои таърихӣ сиёсӣ, фалсафа тарбияи ҷавонон, илмомўзӣ, хусусиятҳои ҳокимон ва ғайраҳо ба таври реалӣ равшану возеҳ баён карда шудааст.

Дар асарҳои «Геодезия», «Китоб – ут - тафҳим», «Ҳиндустон» оиди қисматҳои гуногуни географияи таърихӣ фикру андешаҳои ҷолиб баён карда шудааст.

Ў дар асоси хулосаҳои амиқ сабабҳои тақсимоти қисмҳои заминро ба ҳафт иқлим ё ин ки кишварҳо баён намудааст. Ба андешаи ў чунин тақсимот барои беҳтар кардани идоракуни эрониҳо аз юнониҳои қадим қабул карданд.

Дар тадқикоти худ ў хронологияи таърихи эрониҳоро ба се давра тақсим кардааст. Ў давлатдории Пешдодиён Кайёиён ва Сосониёнро таҳлил намуда хусусиятҳои онҳоро маънидод намудааст.

Ҳамчунин Берунӣ ба масъалаи унвони ҳокимон аҳамият дода онҳоро нишон додааст. Чунончӣ, ў қайд мекунад, ки дар асрҳои VII-X подшоҳони Истаравшан унвони афшин, Фарғона – ихшод, Бухоро – бухорхудот ва ғайраҳо доштанд.

Дар таълимотҳои Берунӣ оиди динҳои қадимаи давраи ориёиьо маълумоти ҷолиби диққат дода шудааст. Ў хусусиятҳои динҳои зардуштӣ, монизм ва маздакияро ба таври алоҳидагӣ маънидод намудааст. Оиди дини зардуштӣ ва асосгузори он Зардушт ў ба таври реалистӣ маълумот додааст. Берунӣ гуфтааст, ки «Зардушт дар илму дониш пояи басандае дошт, ки илми моҳгирӣ назди дониши ў ночиз будааст».

Дар тадқиқотҳои илмии Берунӣ андешьои фалсафави низ ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Бояд қайд кард, ки таълимоти фалсафавии ў дар зери таъсири таълимотҳои устодаш Абў Наср ибн Ароқ ташаккул ёфтааст.

Хусусияти таълимоти фалсафавии Берунӣ аз он иборат аст, ки ў мавҷудияти ыувваи илоьиро эътироф намуда таълимоти беасосу рўякии диниро инкор намудааст. Ў ба ҳама рўйдодҳои табиат аз нигоҳи мантиқ, омўзиш, таҷриба баҳо доданро пешниҳод намудааст.

Таълимотҳои фалсафавии Берунӣ барои омўзиши масъалаҳои сохтори материя, моҳияти ҳаракат, ҷараёни ишкишоф дар табиат мусоидат менамояд. Бояд қайд кард таълимоти фалсафавии Берунӣ дар асоси принсипии илмӣ – мантиқӣ, объективнокӣ, таҷриба, мушоҳида, анализ, синтез, муқоиса ва муносибати танқидӣ ташаккул ёфтааст, ки он имрўз ҳам дар илми фалсафа принсипҳои асосӣ ба шумор мераванд.

Берунӣ дар таълимотҳои худ ба масъалаи тарбияи маънавии ҷомеа низ аҳамият дода фикру андешаҳои ҷолиб баён намудааст. Ў қайд мекунад, ки дар тарбияи маънавии шахс чунин хусусиятҳо фарқ намудани некӣ аз бадӣ, ташаккули принсипҳо, идеал, меъёрҳо ва боварнамоӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамчунин дар таълимоти худ Берунӣ оиди баъзе хусусиятҳои манфӣ, ки дар ташаккули маънавии шахс зарарнок аст андешаронӣ намудааст.

Мутафаккир қайд мекунад, ки дар тарбияи шахс чунин зуҳуротҳо хиёнаткорӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, қасамшиканӣ вуҷуд доранд, ки чунин хусусиятҳои номатлуб барои ҷомеа ва давлат хатари калон дорад. Чунин зуҳуротҳои номатлуб дар воқеъ дар ҷомеаи имрўза тез- тез рўй медиҳад, ки он оқибатҳои зиёди зараровар ва ҷомеа эҷод менамояд.

Дар таълимоти Берунӣ масъалаҳои мавҷудияти ҳокимон ва ба таври мероси гузаштани ҳокимият, моликияти хусусӣ низ баён карда шудааст. Дар навбати худ Берунӣ пешниҳод кардааст, ки ҳокимон бояд одил, хирадманд ва дорои ақлу заковат бошанд.

Ў муқобили ҳамагуна нобаробарии миллӣ, динӣ нажодӣ ва зўроварӣ буд. Берунӣ муқобили ҳамагуна хасисию ҳасудхурӣ, дурўягию маккорӣ ва фиребкорӣ баҳри ишғол намудани мансаб дар ҳокимият буд. Ў қайд кардааст, ки дониш ва маърифатнокӣ беҳтарин хислат ба шумор рафта ва он шахсро барои сазовор гаштан ба ҳаёти хуб ва соҳиби комёбиҳо гардидан мусоидат менамояд.

Берунӣ ба масъалаи маърифтанокӣ ва илмомўзии инсон низ аҳамият дода фикру андешаҳои ҷолиби диққат баён кардааст.

Дар асараш «Геодезия» ў қайд мекунад, ки маърифатнокӣ, дониш барои дарк намудани олами воқеӣ барои инсон воситаи муьимтарин ба шумор меравад.

Дар ҳамин асараш маърифати инсониро Берунӣ ҳамчун реалияти объективӣ эътироф карда, қайд кардааст, ки дониш дар кори дигаргун кардани олами воқеӣ ва ҷамъиятӣ инсони аҳамияти муҳими дигаргункунанда дорад.

Инсон, мегўяд ў дар олами табиӣ ба туфайли маърифатнокӣ ва донишомўзӣ мақоми боло ва таъсиррасонандаро соҳиб гардида самара ва маҳсули ба даст овардаашро барои манфитаи аҳли ҷомеае истифода менамояд. Дар жомеа, ки дар ҳокимият ҷоҳилону хурофотпарастон ҳастанд барои донишу маърифат монеаҳои зиёд эҷод карда мешавад, ки он сабаби таназзулу душвориҳои чомеа мегардад.

Берунӣ ҷасурона дар асараш «Геодезия» аз ҳокимияту ҳокимиятдорон талаб намудааст, ки барои илму донишмандон роҳи васеъ кушода шароитҳои хуб фароҳам оварданд, ки он барои пойдории ҳокимияту пешравии ҷомеа мусоидат менамояд.

Ў қайд мекунад, ки зарурати моддӣ, барои инсоният илмҳоро ба вуҷуд овард. Дар навбати худ Берунӣ олимону муҳаққиқонро ба он даъват менамояд, ки онҳо ба кору тадқиқотҳои илмӣ бояд ба таври ҷиддӣ машғул гардида ба хатогию камбудиҳо роҳ надиҳанд. Ҳамеша дар ҷодаи илм тозакору фидокор буданро таъкид намудааст. Кори офарида ва анҷомдодаи хешро мавриди озмудани коршиносону ҳамкасбон қарор додан аз манфиат холӣ нест.

Бояд қайд кард, ки дар эҷодиёти худ А. Берунӣ ба масъалаи тарбияи ҷавонон низ аҳамият дода масъалаи дар ҷомеа ба он эътибор доданро пешниҳод кардааст. Дар раванди тарбияи ҷавонон, қайд менамояд ў баъзе зуҳуротҳои зараровар тез-тез рўй медиҳад, ки бар зиддӣ он бояд мубориза бурд. Чунончӣ, дурўғгўӣ, фиребдиҳӣ, дуздӣ, қасамшиканӣ ва дигарҳо, ки аз онҳо ҷомеаи инсонӣ зарарҳои зиёд гирифта боиси пайдоиши муаммоҳои бисёр мегардад.

Дар таълимоти Берунӣ ҳамчунин ба масъалаи тарбияи меҳнатии насли ҷавон аҳамияти зарурӣ дода шудааст. Меҳнат мегўяд, ў яке аз шартҳои муҳим дар кори тарбияи ҷавонон мебошад.

Ў қайд мекунад, ки тарбияи меҳнатӣ асоси ҷомеаи инсонӣ мебошад.

Фаъолияти Берунӣ нишон медиҳад, ки ў ба масъалаи маънавият, дўстӣ, некӣ, адолат, хирад ва бародарӣ аҳамияти бузург дода, онро яке аз омилҳои муҳими ҷомеа меҳисобид. Ў одамонро, махсусан ҷавононро барои дўст, бародар, меҳрубон будан нисбат ба якдигар даъват менамояд. Берунӣ, махсусан омўзгоронро барои тарбия намудани ҷавонон муҳасилин дар руҳияи дўстӣ, бародарӣ ва хирадмандӣ бештар даъват менамояд.

Барои ноил шудан ба комёбӣ Берунӣ тавсия менамояд, ки дар кори тарбия бояд аз усулҳои гуногун ба монанди боварнамоӣ, ҳавасмандкунӣ, ташкили сўҳбатҳои гуногун дар мавзўъҳои эстетикӣ, ахлоқӣ ва дигарҳо истифода карда шавад. Воқеан, ҳам чунин усулҳои кори тарбиявӣ дар шароити имрўза низ аҳамияти муҳим доранд.

Ҳаёт ва фаъолияти мутафаккири барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ

Абўрайҳони Берунӣ нишон медиҳад, ки таълимотҳои фалсафавӣ педагогии ў дар асрҳои миёна васеъ паҳн гардида номи ўро дар байни олимону сиёсатмадорон шўҳратёр гардонид.

Бояд зикр кард, ки аксарияти таълимотҳои А.Берунӣ оиди тарбия, илмомўзӣ, шуғл намудан ба меҳнат, масъулияти омўзгорон ва дигарҳо дар ҷомеаи имрўзаи мо ҳоло ҳам дорои аҳамияти бузург мебошанд.

пешина
аз 35
навбатӣ