Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.
Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа
– Гилем биёред, гилеми тар! – дод мезад касе.
– Бефоида аст, – гирди пайкари сӯзон тозон посух медод дигаре. – Нохалафон аз ҳад зиёд бензин пошидаанд…
То мошини оташнишон бо ҳангомаи доду фиғон ба он ҷо расид, ки пеши чашми мардум кулба хокистар шуд ва пайкари бузурги Сафар чун як кундаи сип-сиёҳи нимсӯзи каҷумаҷ саҳни ҳавлӣ зери обрез афтод, балки ӯ худро ба онҷо афканд. Ва пас аз об пошидан низ аз ҷо-ҷои пайкар дуд баромад. Гиряву фиғони ёрон ба фалак мепечид. Охир аз рӯву чашму абрӯвони зебо, буруту мӯйи базеб ва панҷаву бозувони рустамона ҷуз пӯсти сӯхтаву пурзахм, мисли ливик сиёҳу хунчакон осоре намонда буд.
– О ваҳшие, чи хел дилат шуд?
– Кинаву рашк инсонро аз ҳайвон бадтар мекунад, ба дев табдил медиҳад…
– Ин кору кирдори ягон ошиқи Зара аст. Харидору аз пасаш медавидагиҳо аз ҳад зиёд буданд…
– Барои як зан ҷавонмарда дар равғани худаш бирён карданд…
– Ин амал маънӣ дорад: маро сӯзондӣ, ту ҳам бисӯз…
– «Самаки айёр»-ро ба ёд биёред: бештари ҷангу ҷидоли шоҳон дар замони қадим аз дасисаи зан ё барои зан будааст.
– Зара набуд?
– Не… Худашро нишон надод.
– Э худозадае… Гоҳе бо шӯхӣ мегуфт: Сафар, қадамата дониста мон, аҷалат дар дасти ман аст…
– Гуфтанд, ки аввал ӯро даҳон баставу теғ дар гулӯ гузошта ба куҷое бурдаанд…
– Сад дареғи Сафар… Дар синни 24 муфт, бенишон нобуд шуд…
– Сутуни дили мо буд… Э вой…
– Худо медонад, ки дар сад соли дигар ба ин пайкару шаклу шамоил, ба ин дилҳову гурда ҷавонмарде пайдо мешавад ё не?
– Паҳ, аҷаб нангу ғруруре дошт… Ҷонаш барои ҳар як тоҷик месӯхт.
– Дасткушоди бемисл буд. Чор сӯм меёфт, раҳ ба раҳ шиками ятимакони оворагардро сер мекард…
– Медонед, наваду се фоизи баданаш сӯхта буд. Лекин сиву ҳафт соат башиддат нафас кашиду бо лабу забони бирён кам-кам гап зад. Ин ҳам табибонро дар ҳайрат гузошт, – мегуфт Кордча.
– Ягон васият кард?
– Васият неву хоҳиш… Гуфт, ки модари пираш бекасу танҳост. Тавонед гоҳ-гоҳ ба кампир мадад расонед… – Ашк магар гулӯи Кордчаро фишурд, ки сар ба зер афканду пичиррос зад: – Боз гуфт, ки ҳаргиз аз қавми бегона зан нагиред…
Пас аз сипарӣ шудани моҳҳо овозаи нав паҳн гашт: бо ҷурми даст доштан дар сӯхтани Сафар ба муҳлати дувоздаҳ сол Зараро ба зиндон фиристодаанд…
– Сазои кирдораш. Ба шарбат аз ҳад зиёд доруи беҳушӣ андохта… О бадрашке! Тарсидааст, ки Сафар дар деҳа зани дигар мегирад.
– Хонаи шайтон сӯзад. Бо туҳмату дасисаҳо Зараро девона кардаанд…
Ҳо, дар оташи рашку ҳасад сӯхтани Сафари дудила пурасрор монд. Вале Кордчаву ёронаш аз ин фоҷиаи гӯшношунид даҳон талху ҷигар доғ, то нафаси охирон мехостанд донанд, ки Зара дар ҳақиқат ба шавҳар хиёнат кард ё не? Агар бегуноҳ буд, чаро либоси мотам ба тан, рӯйканону мӯйканон он ҷо пайдо нашуду адлу дод нахост? Аввал аз ӯ на пай ёфтанду не ҳайдар. Ва достони ҷавонмардиҳои Сафари дудила чун тимсоли ҷасорату озодманишӣ, ҳақталошиву адлхоҳӣ то ҳанӯз дар ёдҳо монд...
– Оҳ, чи ҷавонмардоне аз дили софу сода, бо дасиса ва макру ҳиллаи нокасон ҷабру ҷафо мекашанд, – нолид касе.
Фил, пеши назараш пайкари сар то по сӯзону рақсони Сафар, чапаркат дар пушт, сар бардошт ва гиҷу гаранг дар дил аз худ пурсид:
– «Магар Зара ба Сафар хиёнат карда буд?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё