Зеҳн
Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.

Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ДУДИЛА

Ҳикоя

Ин фоҷиа гӯшношунид буду воқеӣ. Шоҳидон низ дошт, сипас шабеҳи қисса аз забоне ба забоне гузашт ва боз пас аз солҳо барои ҷавонон ба афсона табдил ёфт.

Дили Фил низ бармаҳал, айёми наврасӣ, пас аз он ваҳшоният аз ҷинси зан монду сард гашт; баъд вай дар симои ҳар як дӯшизаи шаҳрӣ сабукпо, маккору фиребгарро медид. Сабаб бадгӯии ёрон буд, ки дар ниҳодаш нахли кинаву кудурат сабзонд. Аслан он рӯзҳо дар нӯги забони хурду бузурги шаҳр ҳамин қисса сайр мекард. Ва онҳо, ҷамъияти дузду кисабур, чапдасту муштзӯр, хашму дарду алам дар дил, ҳангоми нӯшонӯшу мастӣ бо ашк, дар ҳушёрӣ бо нафрат пайваста достони разиливу бевафоии завҷаи Сафари дудиларо ба гӯши якдигар мерехтанд.

– Асло фирефтаи ҳусну ширинзабонии зан нашавед. Сода, аблаҳ аст касе, ки ба ҷинси зан имон меорад. Зан вафо мекард, ба Сафар мекард. Медидед-ку: раҳматӣ Зараро мисли гул болои сар мегардонд. Лекин рашку ҳасади ин нобакор оқибат Сафарро кушт, – мегуфт яке.

– Боз бо чӣ азобу шиканҷае! – меғурид дигаре: – Э иблисе! Агар ба дастам биафтӣ…

– Занҷафои сагвафо, гуфтаанд…

– Аз сарнавишт ҷои гурез набудааст, бачаҳо, – бо овози ғафси дупӯста канда-канда шарики суҳбат мешуд Кордча ва андешаманд меафзуд: – Инсон бо ду дил ҳам пешомади бади худро пай намебурдааст. Ёд доред? Чанд карат таъкидаш кардам: бегона саги девона аст. Гумуш бикун. Дар шаҳр паризодҳои худамон кам нестанд.

– Дил бохта буд… Ду дили зормондаи сода.

– Э патаки кафши духтарҳои худамон аз бегонаҳо болост…

– Пайкари бузургашро намегӯйӣ? Лекин ба гапи кӯдак ҳам бовар мекард…

– Рост, ду-се ҷавон наздаш меомад, ки фалонӣ лату кӯбамон кард, дарҳол пеш-пеш ба пуштибонии онҳо медавид.

– Адолатпарвар буд… Зулму нописандиро бад медид…

Он солҳо низ духтарҳои мисли чӯҷаи парӣ зебо дар Душанбе кам набуданд. Дар кӯчаву хиёбонҳо бо ҳар нозанине рӯ ба рӯ мешудед, ки рух рашки моҳу тан ниҳоли сар то ба по пургул. Ҳар яке ба тарзи худ шӯхчашму ширинзабон.

Шояд он олиҳаҳои ҳусн парвардаи хони неъмати хонадони одамони доро, бомаърифату бошараф буданд, ки дар донишгоҳҳо таҳсил ё дар идораву корхонаҳо кор мекарданд.

Дар ҳусну малоҳат ва иффату дилрабоӣ низ аз гулрухони аз шаҳрҳои дуру сард навомада камие надоштанд. Лекин духтарҳои нав омада бартарие доштанд: кушодарӯй буданду дар гуфтору рафтор озод. Ана ҳамин озодгардии онҳо ҷавонони хунгарми тоҷикро мафтун сохт. Аммо овозаи ду дил доштани Сафар пас аз ташхиси тиббӣ барои ширкат дар озмуни гуштӣ мисли бод дар шаҳр паҳн гашту бозори харидорони ӯро байни ҷинсҳои латифи таҳҷоиву навомада тафсонд. «Аҷиб, ин хел ҳам мешудааст?» мепурсиданд аз ҳамдигар табибони номдори дилшинос. «Ҳодисаи нодир…»

– «Чӣ хел бошад?» – чашмакзанон ба якдигар савол медоданд духтарони хушгилу шердил ва дар ҳама ҷо бо камони абрӯ, имову ишора ё газидани лаб ба Сафар, ки сумкаи бузург сари китф ҳамоил, дар пиёдароҳ бардам-бардам қадам мениҳод, каманд афканда, ӯро ба худ моил карданӣ мешуданд. Вале Зара ноаён, аввал дар куҷо ва дар кадом ҳолат? – касе намедонист, гӯё бо сеҳру ҷоду ду дили Сафарро ба даст овард, пасон вай гирифтори гирифтор шуд.

– Ҳусни рӯву базебии мӯйи гулдухтарони тоҷикро паст занам, расвои олам мешавам, – бо ҳазл мегуфт Сафар: – Лекин, Худову ростӣ, Зара дигар аст: ширинзабон, хушмуомила, ҷасур; ба мушти ман, агар бо шӯхӣ ҳам бошад, тоб меорад. О ман ҳам молшиносам… Дигар суханатона ҳайф накунед… Аз роҳ баргардам, месӯзам…

– Ҷонта дар хатар намон, сағира, – ӯро ҳушдор дод Кордча: – Осетинҳоро ман мешиносам: ба бегона духтар намедиҳанд, бадрашканду қасосгир… Ваҳшӣ мешаванд, агар духтар аз байни бегонаҳо ошиқу хостгор дошта бошад. Ҷонашона бигиру духтарашона не. Ягон бало ба сарат меоранд.

– Натарс. Ромшон мекунам...

– Аз рӯйи қарзи бародарӣ огоҳат кардам. Бе ин ҳам байнамон доим бо ин ё он баҳона ҷангу ҷидолу кордкашист.

Милисаҳо ҳам аз моҷароҳои мо безор шудаанд. Эй бачамард, рӯзи хуш намебинӣ…

– Бо ин баҳона хеш мешавем. Бовар намекунед? Ҳоло мебинед… Соате, ки Зарамоҳ, – бо шакарханд мефаҳмонад Сафар, – бо ду дасти адаб беҳтарин хӯроку шаробҳои осетиниро болои дастархон гузошту «марҳамат, меҳмонҳои азиз, нӯши ҷон шавад» гуфт, сад офарин мегӯед, – аз хушҳолӣ хун дар раги рухсорҳояш ҷӯшидаву чеҳраашро арғувонитар карда, бо шавқу сурур мегуфт Сафар ва пас аз каме хомӯшӣ ҳам бо ҳазлу ҳам ҷиддӣ меафзуд: – Аз роҳи кори хайр баровардани одам пешаи шайтон аст… Шумо дӯсти ман, ки бошед, миёна маҳкам бандед, дасту остин бар занеду ёрӣ диҳед… Гап ҳамин: Зара азони ман аст. Мо аҳд бастаем…

– Ба ин сағираи якрав дигар баҳс фоида надорад, – ғурид Кордча ва ранҷишомез афзуд. – Як масал аст: зангиру аспгир девона мешавад. Худо аз балоҳои замину осмон нигаҳат дорад, лекин ҳушата ба сар бигир: саг бошу саги як дар, гуфтаанд. Мабодо аз почаи соҳибҳоят бигазӣ…

– Э не… О ман ҳам шири одам хӯрдаам, – аз қаҳр раги пешонии Сафар якбора хеста, аз ҷӯшиши хун арғувонӣ гашт. – Шумо маро носипосу хоин мешуморед?

– Не, огоҳат мекунам, ки баъд наранҷӣ, – акнун нармтар гуфт Кордча. – Худо туро барои ҳимояи сағиру кабири шаҳр ба мо расонд. Мефаҳмӣ, ки чӣ мегӯям? – акнун тундтар пурсид ӯ. – Ҳокими шаҳр буданд… Ҳамаро бо баҳонае мушту лагадкӯб мекарданд… Касе сар бардошта наметавонист. Ёд дорӣ, милисаи шофбурут пас аз шунидани шикояти мо дар милисахона «Ин чӣ ҳол аст? Одам дар шаҳри худаш на озод гашта тавонаду на баланд гап задан?» чӣ таънае зад? «Дар рагҳо хуни мардӣ дошта бошед, дар мушхонаҳо пинҳон нашуда, ҳаққи худро соҳиб шавед».

– Сафар дигар намешавад, бачаи мома! Ғам нахӯр… – сар аз андеша бардошта гуфт Сафар ва бо табассуми нарм афзуд: – Ҷони ман фидои шумову бачаҳои шаҳр…

Аз рӯи инсоф гӯем, Зара ба дӯстдорӣ меарзид ва аз ҳар ҷиҳат муносиби Сафар буд: чеҳрааш гарму нафис, пайкараш рехта. Мепиндоштӣ, ки аз олами париён ба шаҳр афтодааст: қадбаланд, бовиқор, шаҳлочашм, камони абрӯвонаш дилкаш, мӯйҳои хурморангаш ҳамеша ороставу пероста ва то камар ҳамоил; гулбарги рухсораҳои сурхосафедаш тару тоза ва ғунчаи лабҳояш моили шукуфтан, мудом ҳарфи ширине дар нӯги забон дошт. Куртаҳои хушдӯхте ба бар мекард аз матоъҳои асл: пахтаву абрешим. Ва ранг-ранг сару либос мепӯшид ба қадду басташ шинам. Боз ҳамранги чашм, либос ва кафшҳо ба гардани баландаш мӯҳра, ба гӯшҳояш гӯшвор меовехт, ба ангуштон ангуштарии қадимасохти нуқра меандохту бо ҳамин ороиш нисбат ба дигар духтарҳо баҳусну дилрабо мешуд.

Назарбаланд менамуд. Чун ба кӯча ё хиёбон мисли шоҳбонуи афсонавӣ ба сайр мебаромад, садои мутантани пошнаи кафшҳо ва ҳуснаш хуни ҷавонони сагболиғу бачамардҳои занталабро ба ҷӯш меовард. Аммо на ҳар шермард ҷуръати бо ӯ наздику ҳамгап шудан дошт; ҳатто ҷавонҳои муштзӯру худсари осетин низ дар муомила бо Зара истиҳола мекарданд.

Вай ҳаргиз дурушту бадгуфтор набуд, ба гаппартоиву ҳазлу шӯхиҳо бо фурӯтанӣ, теғи нигоҳ ва табассумаки нарму роздор посух дода, бо ин сеҳру ҷоду аз дастнорас будани хеш башорат медод. Ана ҳамин иродаву виқори хосаи Зара дар ҳарду дили Сафар шарораи ишқ афканда, ӯро шефтаи худ гардонд.

– Зан бояд ҳамин хел бошад, – мегуфт ӯ. – Бо фаросат, рафтор, ҳатто маънии нигоҳаш ба ҳар сабуксару ҳарзагӯй иҷозат надиҳад, ки ба ӯ наздик шавад…

– Худоҷон талабу хоҳиши маро пазируфт, – ба дугонаҳояш бо ифтихор гӯшзад мекард Зара. – Орзуям ҳамин хел ҷавонмард буд…

Сафар на танҳо бо танутуш ва бозуҳои рустамона, балки чун паҳлавони миллатдӯсту фидоӣ дар гирудор ва набардҳои гоҳ ниҳону баъзан ошкори байни ҷавонони омада ва таҳҷойӣ дурахшиду ном баровард. Он айём ба болои ҳама дигаргуниҳое, ки пас аз Инқилоби сурх ба пойтахти мо расида буд, рӯзгори наве пеш омад. Чун Ҷанги Олмон анҷом ёфт, дар баробари омадани хатҳои сиёҳу даста-даста одамони маҷрӯҳ ва нимтана, ки ҳар яке доғу ғаму андӯҳе дошт, оила-оила, вагонвагон қавмҳои дигар аз саросари давлати шӯравӣ ба шаҳр рехт. Охир ватани мо аз қуллаи Боми Ҷаҳон то Шарқи Дур ягона буд ва ҳар кас ҳуқуқи комил дошт, ки дар паҳнои ин давлати бузург макони зист ихтиёр бикунад, худро соҳибватан шуморад. Беохир омадани муҳоҷирон ба ҳайси ватандор рафта-рафта шумораи онҳоро аз соҳибони шаҳр дучанд афзуд.

Шаҳр чеҳрае гирифт аз миллатҳои гуногун – русу украин, озариву арман, яҳудиву узбаку тотор… Ҳар миллате, ки дар шашяки рӯйи замин мезист, ин ҷо намоянда дошт. Занону мардони аз сангарҳои ҷанг захмдору асобадаст баргашта инсонҳои солору заҳматписанд, сари сина нишони ғалаба дар ҷанг овезон, аз рӯйи касб яке табибу дигаре муҳандис, яке коргару дигаре роҳбар, ба коре камар баста, ҳатто рӯзҳои истироҳат ба ҳашар баромада, дар бунёди кулбаву пиёдароҳ ё шинондани ниҳолу гул, кашондани лӯлаи обу кандани ҷӯйҳо ҳисса гузошта, шаҳрро обод мекарданд. Ва аз кори хайри худ шоду масрур низ мешуданд.

– Хайрият, ки аз вабои ҷанг раҳидем, – мегуфтанд ба якдигар. – Гитлер капут! Сад шукр, ки Худо ба ин рӯзу ба ин макони гарм расонд. Обу ҳаво, офтобу мевааш ҳузури ҷон. Бояд тинҷу осуда кору зиндагӣ кунему ватанро обод…

Аммо шуғли ҷавонону наврасони бекору кӯчагард, муштзӯру авбош дигар буд. Онҳо, ки се-чор сол аз тарбияи падару модар бенасиб, ба оворагардиву худсарӣ одат карда буданд, дар чорчӯбаи зиндагии банизом зистанро намеписандиданд. Худо ба онҳо хуни гарму нерӯйи зиёд додаву майдони кору худнамойӣ не. Ба куҷо раванд, чӣ кор кунанд? Айёми гармо баробари тафсидани нурҳои офтоб ба соҳили рӯди Варзоб, ки он айём поку пурмоҳӣ ва нӯшиданбоб буд, мерехтанд ва ҳар гурӯҳ дар ҷои хайма задааш то шом, гоҳ серу гоҳ гурусна, ба оббозиву рӯйи реги сӯзон ғелидан ё шикори моҳиву сангпартоӣ ва зӯрозмоиву тӯббозӣ саргарм мешуданд. Шомгоҳ ҳар даста бо «пешво»-и худ ба марказҳои дилхушии шаҳр роҳ пеш мегирифту ба зӯрозмоии навбатӣ омода мегардид. Шиору ҳадафи ин набардҳо кӣ зӯру кӣ тавоно буд, пасон мубориза ба тақсими гузару маҳал, атрофи донишгоҳ ё хобгоҳи умумии коргардухтарон, бозор ё боғу майдони рақс табдил ёфт. «Ҳоким»-и маҳаллаи Шоҳмансур ё вокзали Роҳи оҳан кист? Бе иҷозати фалонӣ дар ҳудуди гузари Сариосиё пайдо шудан хатар дорад: сар, дасту по мешиканад. Қаламрави Боғи истироҳат ё атрофи хобгоҳи комбинати бофандагӣ зери дасти кист? Дар майдонҳои рақсу кинотеатрҳо киҳо бо соҳибҷамолон ҳуқуқи озодона рақсидану дилхушӣ кардан доранд?..

Ҷавонҳои осетин дар ин муборизаҳо бо тундиву муштзӯрӣ дастболо буданд. Бераҳмона гӯшмолу ҷазо медоданд таҳҷойиҳоро. Барои ҷангу кӯбокӯбӣ сари ҳар қадам баҳонае ёфт мешуд: нозанинеро дар майдон ба рақс даъват кардан; дар пиёдароҳ ё нақлиёт китф ба китфи касе расондан ё поеро баногоҳ зер кардан бас буд, ки ба таҳқир, моҷаро, озору кордзанӣ оид шавад. Аслан ҳадафи ин моҷароҳо нишон додани зӯрӣ ва гирифтани алови чашми якдигар буд. Ана дар авҷи ҳамин гирудорҳо Сафар – ҷавони паҳлавонсимо, машқдида ба шаҳр омаду донишҷӯ шуд ва аз роҳи ширкат дар озмунҳои варзишӣ ва нангшарикӣ дар гирудори ҷавонон алайҳи худсариҳои «бегонаҳо» зуд номвар гардид. Бибои бераҳму дастаашро, ки ҷабру ҷафо ва ҷазову сазои ноҳақро ба шаҳриҳо аз ҳад гузаронда буданд, ӯ бо мушту панҷаи тавоно дар хари худашон шинонду гурезон кард. Сафар дар ин набардҳо на корд истифода мебурду не ягон асбоби филизӣ.

– Худо дасту панҷаро барои чӣ додаст? – мегуфт вай ба кафу ангуштони бузургаш нигариста. – Буздиливу номардист бо корд қасос гирифтан. Мардед, ба майдон бароеду зӯру ҳунар нишон диҳед.

Вай ибтидо дар як гӯшаи хилвати Боғ дар шоҳидии бачамардони осетину маҳаллӣ бо Рамзик як ба як панҷа нарм карду ӯро ба зону шинонд. Рамзик низ бадҳайбат буд: филпайкару чашмонаш каб-кабуд. Ва зарби муштҳои мисли путк гарону шаттаҳои обдорашро бо наъраву ниҳеб на ҳар бачамард мебардошт. Вале Сафар дар муқобили ӯ кӯҳвор устувор истод ва танҳо дар фурсати муносиб кӯрмуште бехи гӯшаш фуровард. Рамзик мувозинаташро гум карду калавид, шояд аз чашмонаш шарораҳои рангобаранг ҳам рехтанду дунё дар назараш гирдгардон шуд, ки ба зону афтод. Сафар дигар ба ӯ зарба заданро раво надонист; ду даст ба миён болои сараш попархам истод ва бо хашм ғуррид:

– Ин шаҳр соҳиб дорад! Бас аст?!

Ёрони Рамзик аз ин шикаст ноҳинҷор, бо кинаву адоват ба ҷунбиш омаданд, вале ишораи мағлуб онҳоро ором кард. Лекин ин ғалаба анҷоми гирудор нашуд. Балки пас аз ин кӯбокӯбӣ ва задухурд шиддат ёфт. Ва ниҳоят Бибои забардасту шоҳи муштзӯрон Сафарро бо ҷамъи ёрон ба набарди соҳили Варзоб хонд. Ана майдону ана задухурд ва ана тамошову намоиши неру ва ҳунари муштзанӣ. Нозирону доварон аз ҳар сатҳ кам набуданд, албатта ғайрирасмӣ, аз рӯи шавқу ҳавас. Шарт ҳам дошт ин зӯрозмоӣ. Каси мағлуб дигар сар намебардорад ва даъвои зӯрӣ намекунад. Бибо чун паланги хашмин бо мӯйҳои парешону авзои мудҳиш ба майдон ҷаҳид ва кафҳояшро ба ҳам совида наъра зад:

– Куҷоӣ?! Агар эзоратро тар накарда бошӣ, баро бинамат. Тика-тика, пора мешавӣ…

Сафар, сари синааш мисли қафаси синаи шер пурпашм, пайкар, шона ва бозуҳояш дар назари ҳозирин дучанд бузургтар, чеҳраи офтобгунаш нарм, аз байни ёрон бе ҳангома ба майдон қадам ниҳод.

– Туйӣ говҷигари даъвогар? – ғурид Бибо. – Аз ҷонат сер шуда бошӣ, пеш биё. Мурғи бепар мешавӣ…

– Дағдағаву шаттоҳӣ сифати мард нест, – ором посух дод Сафар ва чашм аз ҳаракатҳои Бибо наканда, ба пешвози ӯ қадам ниҳод. Эҳе, гирудоре оғоз ёфт ногуфтанӣ. Ғирев ба ғирев печиду хоку чанг ба ҳаво хест. Ва аз байни ғубор ёрони ҳарду медиданд, ки чи хел ду пилтан дар лаҳзаҳои мувофиқ якдигарро мекӯбанд, яке ба қасди ҷони дигаре ҳамла оварда, либос дар тани ҳамдигар пора мекунанд, хун аз бинӣ ва пешонӣ мерезанду таслим намешаванд. Бибо дар ибтидо Сафарро написандид ва бо мушту шаттапартоии берабт ӯро масхара ҳам кард; хост бо чунин тарзи муҳориба ҳариф ва ёрони ӯро осонакак шармандаву мағлуб созад. Сафар бо чустиву чолокӣ худро аз пеши лагад ва муштҳои Бибо ба канор мекашид ва ӯро меангехт, ки бештар ба хашм ояду бо ҷастухезҳои тунд неру сарф намояд. Ба ин муваффақ ҳам шуд. Бибо ҳаш-ҳаш нафаскашон гирди Сафар парвонавор чархиду мушту лагад партофт. Ва ниҳоят, вақте ки Бибо аз ғазаб бехуд, бо як ҷаҳиш хост, ки аз гулӯи Сафар дораду ӯро буғӣ кунад, аввал ба дамгаҳ, пасон байни пойҳояш аз ӯ чунон мушту лагади дардноке расид, ки ногуфтанӣ. Нафас дар гулӯяш дармонд, оҳ гуфту пару афтод ва ҳангоме ба худ омад, ки ёли гарданаш дар панҷаи оҳанини Сафар аз дарди ҷонкоҳ месӯхт ва аранге дид, ки байни хоку чанг ёрон паҳну парешон, ба ҳар дастуре якдигарро мекӯбанд. Сафар сару рӯи ӯро ба хоку санг пахш карда ва гоҳгоҳ кӯбида наъра мезад:

– Бас мекунӣ ё не? Ин шаҳр, ин мардум соҳиб дорад!

Мешиканам миёну гардани касеро, ки бачаҳои моро меозорад…

Пас аз ин бархӯрд, агар ташвишу даъвософкуниро дар идораи милиса ба ҳисоб нагирем, шаҳр орому нафаси мардум рост шуд…

Вале баъд ишқ дар ду дили Сафар оташ афганд ва ҳавову ҳаваси зангирии ӯ Кордчаву чанд хостгори дигарро ба даргоҳи падари Зара овард. Мӯйсафеди мӯзадӯз, галифеи сабзтоб, шабеҳ ба либосҳои Сталин ба тан, кулоҳи соябондоре ҳамранги пироҳан ба сар, мӯзаҳои соқбаланди хиром ба по, муштуми думчадарози ҷигаррангу нуқракуб дар каф, ки гоҳ-гоҳ бо нафас аз он дуд мебароварду дуд мекашид, онҳоро чун ашрофзода бо ғуруру салобат пешвоз гирифт.

Ва пас аз салому ҳолпурсӣ ва ба ҷои шароби тутӣ (чача) нӯшидани як пиёла чойи доғ матлаб пурсид:

– Чӣ ташвише шуморо ба кулбаи мо овард?

– Нияти нек, – кӯтоҳ посух дод Кордча. – Худо хоҳад, хеш шуданием… Шояд моро мешиносед…

– Бале, шаҳри мо ки бузург нест, – бо овоз ва табассуми нарм гуфт мӯйсафед ва нӯги думчаи муштум байни мӯйлабҳои ғулияш хаставу ду-се карат дуд кашида, лаҳзае чашмони бузурги осмонирангу хуморолудашро пӯшида гӯё ба ғанаб рафт, сипас каппа-каппа, ҳалқа-ҳалқа аз даҳону шикофҳои бинӣ дуд сардод. Чӣ хаёле дар сар дошт ва чӣ манзарае пеши чашмаш меомад?

– Савдои мушкил, – бо думчаи муштум мӯйлабҳояшро барзанон ғур-ғур кард мӯйсафед ва кулоҳашро гирифта ба рафи тиреза ниҳод. Дар пешонии фаррохи ӯ мавҷи чинҳо ба ҷунбиш омаданд. Вай бо ҳамсараш, пиразани бузургҷуссаи нуронӣ, ки атрофи пиримус ҷумбуҷул дошт, назаре афканду пичиррос зад:

– Зара огоҳ аст?

– Бале, бе рухсати ӯ мо ҷуръати ин ҷо омадан намекардем, падар, – бо одобу эҳтиром гуфт Кордча.

– Аз шумо напурсидам, – як каме норизо ғурид мӯйсафед.

Кордча аз хиҷолат лаб газид ва дид, ки пиразан бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд.

– Ҳарду арзандаи якдигаранд. Сафарро мешиносед – ҷавонмард, далер, ояндадор… Дар донишкадаи кишоварзӣ мехонад. Шумо дуо диҳеду хешу пайванд шавем, олам гулистон,

– боҷуръаттар андешаашро баён кард Кордча.

– Ҳм, Худо… Бо писарон, хешону дӯстон маслиҳат бояд кард… Зара ҳафт бародар дорад… Метарсам, ки ҳайф мешавад, – андешаманд гуфт мӯйсафед. – Савдои умр, мушкил…

Хушбахт шудан осон не.

– Сафар мисли гул мепарварадаш. Ман ин гапа бо дили пур ба Шумо мегӯям.

– Номат Кордча?

– Бале…

– Ту расму таомул, хӯву хислати бачаҳои моро шояд кам медонӣ…

– Ҳамаамон хизматгор мешавем… болои сар мегардонем.

Дар шаҳр эҳтироми беҳисоб дорад Сафар. Эҳе, як одамҳое мехоҳанд, ки ӯ домодашон шавад… Лекин дил бохтаасту аҳд бастааст…

– Медонам… Ба шумо чӣ хел фаҳмонам? Метарсам… дилам месӯзад…

Ҷашни арӯсӣ сода, ноаён гузашт. Охир бародарони Зара ин пайванди хуниро напазируфтанд, хоҳарашонро хоину нобакор хонданд ва ба марг ҳам таҳдид карданд. Аммо Зара аз онҳо гузашту аз Сафар не. Ва ҳамон шаб Сафар дар ҳалқаи ёрони айёрпеша Зараи сафедпӯшу таннозро пойи пиёдаву ноз-нозон зери навойи сурнайю даф, рақсу кафкӯбӣ ба хонаи иҷорааш, ки дур набуд, бурд. Раҳ ба раҳ ҳамсояҳо ба сари шаҳу арӯс аз қанду қандалот чорчала партофта, барояшон бахти сафед таманно карданд. Дигар онҳо ба мурод расиданду зиндагии бузург оғоз ёфт. Ва шомгоҳон чун Сафар бо Зара паҳлу ба паҳлу, гоҳе арӯс бо як даст аз бозуи шаҳаш дошта, дар дасти дигар як шоха гул, ба сайр мебаромаданд, сад чашм ба тамошояшон дӯхта мешуд: бо ҳавас, – чӣ хел ҷуфти дар ҳусну ҷамол ва қаду баст бо ҳам мувофиқ! ҳайрат, – мегӯйӣ Худованд ҳардуро барои якдигар офарида! Рашку ҳасад… Ва бисёриҳо аз дил мегузаронданд: оянда аз ин ҷуфти муносиб офаридгор чи фарзандоне ба дунё орад? Бамағз, паҳлавони шердил, духтарони хушгил…

Ин чиз афсона набуд. Пас аз зану шавҳар шудани Сафару Зара касофати низоъ ва ҷангу ҳамдигарозории беҳудаи ҷавонон кам шуд ва ҳангомаву дағдағаи худро ҳокими ин ё он гӯшаи шаҳр хондани муштзӯрон аз байн рафт. Падару модароне, ки духтарони қадраси донишҷӯву коргар доштанд, осуда шуданд. Вале дар як рӯзу соати наҳси тобистон овозае дар шаҳр шӯру ғулғула хезонд, ки Сафарро оташ заданд…

– Бо мо буд дар базми таронаҳои Зафар Нозим, дар театри тобистона, – мегуфт бо ранги паридаву овози ларзон

Кордча. – Ҳамсол, ошнои ҷонӣ, мухлисаш буд… Дар охири базм як сабад гул пеши пойи Зафар гузошт, баъд ӯро болои сар бардошту бо тарзи рақси паҳлавонон гирди саҳна чархид. Эҳе, мардум ба по хеста кафкӯбон офарин хонданд…

Он рӯз аз шодӣ дар курта намегунҷид…

– Мегӯянд, ки аз базм ташна баргашта, пас аз нӯшидани чанд коса шарбати олуболу сахт хобидааст, – шарҳ медод дигаре. – Кӣ медонад, шояд нӯшоба доруи беҳушӣ доштааст…

Ва номардони бадрашку сиёҳдили осетин ҳангоми дар хона будан ё набудани Зара, – ин ҳам муаммо буд, – бо мушту ханҷар қасди куштан накарда, – аз сояи Сафар мурданивор меҳаросиданд! – балки ӯро дар ғафлату масти хоб ёфта, – хоб, ки додари марг аст, хоса хоби марди паҳлавон, – дар каташ симпеч кардаву болояш бензин пошида, оташ задаанд.

Сафари дудила аз сӯзиши ҷисму ҷон наъракашон бо ҷаҳише бо бистару симкату тани сартобапо шӯълаи оташ рост мехезад ва ҷонталвоса сӯи дар мешитобад. Дар аз зарбаи пайкари сӯзони ӯ меафтад, паҳлударӣ ба симкат андармон, мисли чорчӯбае ба ин манзараи мудҳиш, берун мепарад. Ва дар саҳни ҳавлӣ, бо ҳар ҷунбишу ғирев, печутобу талвосаи пайкари сӯзон оташ афзунтару баландтар забона мезанад. Симкату симҳои печондаву тофта гудозону сурх, ҷисму ду дили ҷавонмарди ҷавонмардон шӯълазан, гӯё рақси сӯзу гудози воқеиро аз ишқу ҳавас намоиш медод. Саҳнаи мудҳиши сухтани пайкари инсони нерӯманд, чархидану ҷон кандани одами зинда дар панҷаи оташ…

То расидани оташнишонон хурду бузург лолу ҳайрону лоилоҷ, димоғҳо аз бӯйи ғализи гӯшту равғани сӯхтаи одам, чашмҳо ҳаросону ашкбор, чӣ кор карданашонро надонистанд. Ҷон ширин, пеш раванду даст расонанд, месӯзанд, об патоянд, оташ бештар забона мезанад.

пешина
аз 23
навбатӣ