Зеҳн
Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.

Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ҒАМХӮРАК

Ҳикоя

Одам не, паранда аст: хурдакак, назарногир, сиёҳак. Худованд ҷисму ҷони ночиз, вале ғаму ташвиши беҳисобаш бахшид. Ва номаш низ гӯё бо худаш омадааст: ғамхӯрак. Не, ба вазни ҷисмаш парандагон зиёданд, лекин ҳарранга: гунҷишк, санговдавак, чилмангуштак, залич, булбул… Аммо хӯву хислат ва тарзи ҳаёти он парандагон ба ғамхӯрак шабоҳате надорад. Онҳо дар шохи гулу бутта ва дарахтон лона гузошта, аз субҳ то шом аз шикори дилхоҳ обу ғизои худ ва чӯҷаҳояшонро ба қавле шоҳона таъмин карда, сармаст аз рангу накҳати шукуфаҳо чаҳ-чаҳ мезананд. Вале ӯ аз рӯзу соате, ки аз тухм баромада чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, сахраву сангҳои хурду бузурги соҳил ва рӯди хурӯшонро мебинаду садои мавҷҳоро мешунавад. Дунё барояш танҳо аз ҳифзи об иборат мешавад. Бомдод чун дигар ҳамҷинсон бедор шавад, аз роғи шаху сангпораҳои ҳамшафати рӯд бо наҷвое пурнишот чусту чолок худро ба соҳил афканда, болзанон ба камари шахҳои соҳил нишаста, бо шӯру шавқ ба ҷараёни об менигарад. Посбонии об мероси азалии ӯст.

Ғамхӯрак дар соярӯшани субҳ чун мебинад, ки рӯд мисли дирӯза пуроб асту сангу сахраҳоро молишдиҳон шалфаи амвоҷаш байни дараҳо танинандоз аст ва бо суруди гӯшнавози ҷовидонияш ҷорист, шоду сармаст ба гирдобе ғӯта зада, сипас болзанон аз соҳиле ба соҳиле гузашта эълом медорад: нағз!

Қатрае кам нашудаст! Баъд болои рӯд поину боло парвоз карда зиракона ба чор тараф нигариста, аз пайи иҷрои вазифа мешавад, ки об бе камукост ба маҷрояш биравад.

Хуршед аз паси қуллаҳо намоён ва ҷойҳои пурсоя равшанистон мегарданд. Оламро ҳангомаи хониши мурғону чирчиракҳо пур мекунад. Ҳар яке овози худу ташвише дорад. Ғамхӯраку ҷуфташ низ гоҳ-гоҳ бо навбат ба чӯҷаҳояшон ғизо мебаранд. Нигоҳубини чӯҷаҳо қарзу вазифаи ҷонист. Нажод, насли солиму сазовор нишони ҳар ҷонзод, умеду ҳастӣ ва идомабахши амали онҳост. Бояд чӯҷаҳо солиму бақувват паррончак шаванду бо далериву зиракӣ ҳифзи обро мисли дигар ҳамҷинсон идома диҳанд.

Вақте шаху сангҳои соҳили рӯд аз нурҳои сӯзони хуршед битафсанд, ғамхӯрак аз беқарориву паропар сахт ташна мемонад, ба андозае, ки ҳалқаш хушк, минқораш боз мешаваду забонаш мисли барги бед меларзад. Дар ин ҳолат низ мурғак ба даҳон қатрае намегирад, ки обро кам накунад, лекин пай дар пай ба рӯд ғӯта зада ё аз боди серуни соярӯ нафас кашида, ба ин васила ташнагӣ мешиканад. Ва боз дар нишемангоҳаш – равоқи шахи соҳил нишаста, ба поину боло назар афканда, ҷив-ҷив садо медиҳад: ман ҳастам, об дуздида наметавонед.

Ҷонзодҳои соҳилро хуб мешиносад. Хислати обсофкунак ба муроди дилаш аст: чун ғукҳои худсар ба ҳавз ё гирдобе парида, обро гилолуд кунанд, ё аз борони ногаҳонӣ оби рӯд тира гардад, обсофкунакҳо аз куҷое пайдо шуда бо ташвишу чолокии ҳайратовар ба ин сӯву он сӯ шитофта, болои об мисли рассом хатҳо мекашанд ва ба ин дастур онро соф карда, пасон ба соҳил баромада дар қароргоҳи худ пинҳон мешаванд. Офарин ба ҷонфидоии обсофкунакҳо, ки ҳамеша ба софкории об омодаанд.

Вале ғамхӯрак ҳамеша ба санговдавакҳо, ки аз субҳи содиқ то шом лаб-лаби соҳил намоишкорона дум ҷунбонида аз санг ба санге меҷаҳанд, бо шубҳаву ташвиш менигарад.

Дар назараш санговдавак ҳарису худкома аст. Ғайри соҳил сайргоҳе надорад. Мабодо ин мурғаки олуфтаи серҳаракат дар авҷи гармо нописандона нул ба рӯд бизанад, рӯзаш сиёҳ мешавад. Охир обро кам мекунад. Ин нағз не! Ана дар сари ин «гуноҳ» ғамхӯрак бо хашму ситеза ба санговдавак ҳамлавар мешавад. Ҷанги тан ба тан, оштинопазир. Парҳое аз зарби минқору нохуни чанголҳо мерезанд. Дигар майдон асту муҳориба. Эҳа, дар ин набард агар ғамхӯрак санговдавакро мағлуб созаду аз соҳил гурезонад, аз нишоти пирӯзӣ қад-қад парида болои шахаке нишаста, шаҳбозвор ба атроф менигарад. То ӯ зинда аст, кӣ метавонад як қатра оби ин ҷоро кам кунад? Оби софу зулол бояд аз кӯҳсорон ба водиҳо бирасад, одамонро шодоб гардонад, даштҳои синабирён, киштаҳову боғзорони ташнаро сарсабзу кони ганҷ гардонад.

Вале ғамхӯрак ҳаргиз намедонад, ки сокинони соҳили рӯдҳои хурӯшон, соҳибони кушку бӯстонсаро аз талошу ҷонкоҳонии ӯ бехабар, ин неъмати ҷонбахш – обро дар шаҳру деҳот басо разилона чиркину исроф мекунанд. Нодонӣ, ҷаҳолат, куфрони неъмат. Дареғу дареғ…

БУЛБУЛОНИ ШАҲР ВА ЗОҒ

Ангора

Эҳдо ба Мирзо Шакурзода

Бедор шудам. Шаби аввал дар макони бегона бароҳат хобида наметавонам. Соат ба вақти Душанбе аз панҷ гузаштааст, аммо ин ҷо субҳ медамад. Ба хотири ноором накардани ҳамроҳам нӯг-нӯги панҷа ба даҳлез баромадам.

Теҳрон – шаҳри бузург, ки шаб кӯчаву хиёбонҳояш лабрези мошин, пиру барно ва ҳангомаву ғалоғула буд, ҳоло дар паси дуди ғафси осмони беҳудудаш ситораҳо пинҳон, зери пардаи тирафом ғунудааст. Аз даҳлез ба паҳнои ҷангалаки паси меҳмонсаро, ки то фарози баландӣ гӯё зери пероҳани сабз дар хоби ноз аст, назар афкандам – эҳа, аз ҳар канори дарахтзор ба гӯш савти ҳазор мерасад. Як, ду, се… Чи олами зебо, чи ҳадяи нодир! Дар Душанбе барои шунидани чаҳ-чаҳи булбул дараи Варзоб меравем. Вале ин ҷо дар дили шаҳри азим андалебон базм доранд. Ин ҳолату манзара азияти бехобиро рафъ сохт. Табиатро бо ҳама ҷонзодаш дар шаҳр дидан шодиовар нест? Ё ин мурғакони зарифтабъ дар роҳи сафар ба куҳсорони хушобу ҳаво роҳгум зада, дар ин дарахтзори шаҳри ҳавояш ғализу нохуш макон гирифтаанд?

Лаҳза ба лаҳза аз сари шохсорон нағмаи андалебони шабзиндадор ба атроф шӯрангезтар паҳн мешавад. Парандаҳо – қосидони субҳи босафо ба гӯши нозанини сабзпӯши хуфта – ҷангалак ва инсонҳои бедор ба ҳар ранг суруди оромишу навозиш ва ҳушдор мехонанд. «Осуда бихоб, эй парии сабзпӯшу гулбасар, ки оғуши шохсоронат маъвои лонаву зодгоҳи чӯҷаҳои мост. Чашм бикшо аз хоби ғафлат, эй одамизода ва аз ин ҳавои муаттару манзараи дилангез ҳаловат бубар. Фасли тарабу ишқ аст, бехабар намон…»

Баногоҳ қар-қари ноҷуру бадхашми зоғе гӯш харошид ва авҷи савти мурғаконро шикаст.

– «Эй ҳасуд, – менолам дар дил, – субҳи пок ва шаҳди хониши мурғон заҳрогин сохтӣ. Магар намедонӣ, ки дар ду олам рӯйи бахил сиёҳ аст? Ба нағмапардозии мурғони хушовоз халал нарасон, беҳунари дағал!»

Қар-қари зоғ хашмгину гӯшхароштар фазоро пур мекунад.

– «Зиндагӣ майдони мубориза аст. Ҷойи худро соҳиб бояд шуд…»

Ба боми биноҳои баланду паст, ҷодаву хиёбон ва гулгашту боғзорони Теҳроншаҳр пайёми хуршед – сапедаи бомдод бо атри гулу гиёҳи димоғпарвар бомаром доман мегустурад. Мурғакони саҳархез аз ин эҳдои баҳор хушдилу сармаст ба пешвози рӯзи нав пайи ҳам чашму болу пар мекушоянд ва бо нағмаҳои шукӯҳманди довудӣ ба зоғи бадкеш меситезанд.

– «Бас аст, эй хабиси бадовоз! Дигар садо набарор, ки ин биҳишти рӯйи заминро ҳарому дилгир мекунӣ…»

Зоғ гунг мешавад. Магар аз рашку беҳунарӣ шармид?

Ҷангалак аз навозиши боди сайргар хамёза кашиду аз бозии гулу баргҳо фаттону дилҷӯтар шуд.

– «Кош вақт даст диҳад, – мегӯям дар дил, – ин ҷангалаки асрорангезро сайр кунем; ба мурғакони хушовои Теҳрон чашм ба чашм дуруд бигӯем ва ба онҳо пайёми сорҳои Душанберо расонем». Маҳз чаҳ-чаҳи сорҳо бомдодон ба ҳангомаи мурғони Душанбе шираву ҷозибае мебахшад… Ва боз аз он дар шигифт мемонам, ки дар ин шаҳри хеле бузурги пурдуду ғавғо мурғони нозуктабъ ҳам мезиянд ва бо замзамаи зариф ба одамону мавҷудоти атроф сано мехонанд.

Куҷо раванд аз ин макон, ки чаману меҳанашон аст? Ё ин парандаҳо кучиву раҳгузар бошанд?

Ба ҳуҷра медароям. Дигар ба чашмам хоб намеояд. Гурехт хоб. Нарм худро ба ташноб мекашам ва дар обшори ширгарм сару тан мешӯям. Ин ҳам ҳузуру кайфияте дорад…

Ҳамроҳам бедор шуд ва шикваи хастагии роҳу азияти камхобиро ба обхона бурд. Магар сафар ба мулки бегона бе азоби роҳ имкон дорад? Асрҳои пеш бобоёнамон пиёда, захми хори мағелон дар по, ё аспу шутурсавор ҳалқ аз ташнагӣ бирён, моҳҳо биёбону шаҳру рустоҳоро тай карда, ба зиёрати бузургон ё хонаи Худо мерасиданд. Ҳозир… Ҳамсафар пас аз обтанӣ бо ситоиши «оби ҷонона» баргашт ва ба соат нигариста гуфт, ки поин мефароем. Ӯ роҳнамост.

Мизу дастархони шведӣ. Тавону иштиҳо дорӣ, ранг-ранг ғизои боллазат бигиру бихӯр. Пас аз нонушта ҳаваси ҳавои тоза, тамошои чаману гулзор моро беруни меҳмонсаро мекашад. Эҳа, «Истиқлол» дар доман, балки таги чона (фук) ё димоғи куҳи бузурги қуллаҳояш аз барф сарсафед ҷой доштааст. Чаро пеш аз ин мусофират, ки борҳо меҳмони «Истиқлол» будам, ин мазараи зеборо надидаам? Куҳи Албурз ифтихори ҳаким Фирдавсии бузург ва ҳуснбахши «Шоҳнома»-и безавол. Ораши номвар аз шохаҳои хаданги тановари ин кӯҳи бузург камону пайкон сохт ва адуро аз марзу буми диёр ронд.

«Аё Албурзи побарҷо, маро ту зинда хоҳӣ дошт», – овози марғуладору пурифтихори устод Лоиқро аз асри бист мешунавам. Вале ногоҳ зоғи алои ба назарам пиру хаста, шояд аз умри дароз бедимоғу дилтанг, болу пар ва минқораш гӯё аз хокаи зуғол чиркин, аз куҷое болафшон омада ба чамани сабз, тару озодаи саҳни меҳмонсаро нишаст. Зоғи танҳо бо кибру ғурур мисли ҳокими худсар яктаякта қадам ниҳод, сипас ба ҳамсафарам, ки байни ангуштон як ришта сигаретро андешаманд метобид, дурушту маломатомез нигарист.

– «Ҳой, – бо ду-се қар-қараш гӯё ба ҳамсафарам гуфт зоғ,

– дуду чанги ғализи ҳавои ин шаҳр бас нест, ки боз ту сигарет мекашӣ? Ҳавои тоза зарар дорад? Ҷонам аз бӯйи касифи дуди корхонаҳо ва нафту бензини мошинҳо ба лаб расидааст. Дод, сад дод!»

– Доим танҳост, – бо гӯшаи чашм ба зоғ нигариста дилсӯзона гуфт ҳамсафар ва афзуд: – Медонед-а, танҳоӣ бадбахтии сахт, фоҷиаи мудҳиш аст…

– «Зоғи гандапиру ҳокими гулу сабзазор, – гуфтам дар дил: – Чӣ лаззате мебарӣ аз ин тарзи зиндагӣ?»

Мошинҳои хидматӣ паси ҳам ба саҳни меҳмонсаро расиданд ва роҳбаладони хушлаҳҷа моро ба рафтан хонданд. Зоғ болои сабзазор якта-якта қадам ва болу пар зада, ҳайратмандона ба мо, ки кулбор сари кифт мешитофтем, нигаристу боз овози гӯшхарош баровард.

– «Паноҳатон ба Худо. Шумо меоеду меравед, ман чор фасли сол сокини ин маконам».

Шаҳри азим, ғулғулаи оби ҷӯйборон дар пои дарахтон, чаҳ-чаҳи мурғакон ва хандаву лафзи ширини ҷавонон, ҳатто қар-қари зоғ ҳам лаҳза ба лаҳза дар коми ғавғои ҳангомазои нақлиёти девонавор дар ҳаракат ва дуди ғализи корхонаҳои пуриқтидор фурӯ мерафт. Оре, ситези оштинопазири зиндагӣ дар ҳар гӯшаи дунё ба ҳар тарзе ҳукми худро меронд…

пешина
аз 23
навбатӣ