Зеҳн
Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.

Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Раҳ ба раҳ сари қадам ба аёдати беморон мерасад, аз дари онҳое, ки аз олам гузаштаанд, ҳатман даромада, бо дуову фотиҳа рӯҳашонро шод мегардонаду пайвандонро таскин мебахшад. Афсӯс, ки ин сифатҳои инсониро на ҳар кас иродаи риоя кардан дорад, хоса онҳое, ки дӯсти нонианд…

Дар кӯҳистони Масчоҳ дар ҳар фасл чизҳои аҷибу ҳайратоварро метавон зиёд дид. Чун ба сарҳади Сабағ расидем,

Раҷабмаҳмад якбора ҷиддӣ гуфт:

– Як гап, дӯстон. Ҳамин ҷо як инсони шарифу банамак мезист. Хонааш сари роҳ, даромада фотеҳа хонем чӣ?

– Беҳтарин пешниҳод, – изҳор кард Қурбон Тӯраев. – Ман раҳматиро мешинохтам. Лекин баъди омин бармехезем. Дигар ҳавсалаи нишастан намондааст.

Ҳавлии васеъ, тозаву озода. Маълум, ки марди хона инсони хушрӯзгору меҳмоннавозе будааст. Раҷабмаҳмад пас аз изҳори ҳамдардӣ соҳиби хонаро огоҳонд, ки ташвише накашад, – фотиҳа мехонему бармехезем. Вале чашм дарёст, мегӯянд. Ҳангоми ба ҳавлӣ ворид шудан нигоҳи «меҳмони нохонда» ба чанд тана зардолу афтод, ки шоху навдаҳояшон ғарқи мева буданд. Ба ростӣ, бовари кас намеояд: охири моҳи сентябр аст. Ва баргҳои аз хазон заъфарониву меваҳои тиллоранг дар шӯълҳои офтоби сари кӯҳ чун ақиқ медурахшиданд.

– Аҷоиб табиату баракат дорад кӯҳистон, – бо ифтихор мегӯяд Қурбон Тӯраев. – Дарахтони зардолуро тамошо кунед.

– Падарам барои меҳмонҳо нигоҳ медоштанд, – гуфт духтаре бо садои пурҳасрату чашмони ашколуд. – Шинед, ки чида биёрам.

– Инсони нек буданд, Худо ҷояшонро ҷаннат кунад, – нарм мегӯяд Раҷабмаҳмад. – Ягон вақти дигар… ба акоҳоятон гӯед, ки фалониҳо барои фотиҳа даромаданд…

Ҳоҷӣ дар роҳ нақл кард, ки то давраи дубора ба кӯҳистон баргаштани мардум дар ин ҷойҳо, дар деҳоти болооби

Масчоҳ боғу дарахт набуд. Одамон ақидае доштанд, ки дар ин минтақа ниҳол намесабзаду ҳосил намедиҳад. Ва ёдам омад як нақли латифамонанди шодравон Бурҳон Ғанӣ.

– Аз болооб вақти зардолупаз марде ба поёноб фуромадааст. Роҳ аз байни боғҳо мегузашт. Вай бо ҳавас ба шохҳои пурмеваи дарахтони зардолу чашм медавонад.

– Эй болообӣ, дар осмон чӣ дидӣ, ки бад-бад нигоҳ мекунӣ? – бо қаҳр мепурсад соҳиби боғ.

– Пеши потун мурам, ситораҳоро тамошо мекунам, – посух медиҳад роҳгузар.

– Дар рӯзи равшан? Ба пеши поят нигоҳ карда гузар, ки захми чашмат ба зардолуҳо нарасад, – шӯхиомез таъкид мекунад соҳиби боғ.

Алҳол дар болооби Масчоҳ боғу дарахтзорони навбунёд зиёд аст.

Дар Сабағ хешони шофири ботаҷриба ва зираку ҳушёри мо Сафарбек мизбон буданд. Бештари онҳо ҷавон. Байнашон як марди ботамкини миёнаумр, гандумгуну миёнақад, тануманди паҳлавонсурат, панҷаҳояш коркӯфтаи шахшӯл, бурут ва мӯйи сараш мошубиринҷ ҳузур дошт. Вай Қурбон Тӯраевро шинохт ва иброз дошт, ки вақти ифтитоҳи канали бузурги Масчоҳ дар маҷлис ӯро дида ва суҳбаташро шунидааст. Чизи аз ҳама ҷолиб барои ман боз ин буд, ки даврони хонахез ба водӣ кӯчондани ҳамдиёрон ӯ, ки он солҳо хеле ҷавон будааст, бо падари мӯйсафедаш Сабағро тарк накарда, чор фасли сол дар паҳлӯи хирсу хуку гургу дарандагони ин атроф зистаанд. Дар ин нишаст аз хидмати бузурги обёриву каналсозии Сафари Хонакалон, – қаҳрамони ҳикояи хуби Сорбон, – лаҳзаҳои аҷибу афсонавии сари танҳо зистанашон байни кӯҳсорони бекас ҳикоят кард. Ман ба чеҳраи офтобхӯрдаву мисранги вай нигариста, аз дил мегузарондам, ки дар ҷавонӣ иродаву дил ва боз меҳру инсофи зиёде доштаст, ки бо падару модари пир дар ин деҳи нообод зистану хидмат карданро бар дӯш гирифта, чароғи хонадонро фурӯзон нигоҳ доштааст.

– Вақти кам-кам ба кӯҳистон баргаштани ҳамдиёрон, – мӯйсафед чунон шод шуд, ки… Зану фарзанд доштам, – бо табассуми нарм нақл мекунад ӯ, – боре ба падар гуфтам:

«Агар иҷозат диҳед, дар ягон ҷо хона созам». Падар аввал розӣ нашуданд, лекин пас аз ду-се карат пурсиданам гуфтанд: «ба шарте сохтани хонаро дуову иҷозат медиҳам, ки ба дарвозаат қулфу занҷир нашинонӣ; як пора нонатро пучида-пучида бо меҳмон бихӯрӣ. Ҳамин хоҳиши маро иҷро карда метавонӣ?»

– Албатта, додоҷун. Дар ришатон мураме, – гуфтам. – Амру супориши Шумо барои ман қонун аст, – мард аз он, ки васияти падарро ба ёд овард, чеҳрааш шукуфт ва афзуд:

– Шукри Худо, дарвозаи ҳавлии мо то ҳол қулф надорад…

Ҳамеша интизори меҳмонем.

Ҷумбуҷӯл ва ба ҳамдигар гап партофтани ҷавонон ҳангоми суҳбати калонсолон ба Раҷабмаҳмади сахтгир намефорад ва ин «густохӣ»-яшон онҳоро ба «чанг»-и ӯ меафтонад.

– Барои пешвози хубу оростани ин дастархон ба шумо ташаккур, – бо мулоҳизаи ранҷишомез мегӯяд Ҳоҷӣ. – Мо нав аз сари дастархон хеста будем. Хеле хастаем…

– Дар қадамотун садқа.

– Шумо ин меҳмонҳои мӯътабарро мешиносед? – якбора тунд мепурсад ӯ ва аз зери абрӯҳояш ба ҷавонон менигарад.

Онҳо аз ин саволи ногаҳонӣ ва нигоҳи дурушт як каме ноҳинҷор мешаванд ва аз нав ба мо чашм медавонанд.

– Чеҳраҳояшон шинос, – оҳиста мегӯяд яке. – Шеърхониву суҳбатҳои акома, – вай ба Гулназар ишора мекунад, – чанд маротиба дар телевизор дида будам.

– Офарин! Суруди миллиро медонед?

– Аз субҳ то шом борҳо садо медиҳад, – мегӯянд бо як овоз ва нафаси осуда мегиранд, ки аз пурсишҳои маломатомези ин меҳмони ҳукмфармо раҳиданд. Вале онҳо тушбераро хом шуморидаанд.

– Ин кас Қурбон Тӯраев, тамоми умр роҳбари ноҳия, ҳатто вазир буданд, раиси ноҳияи Масчоҳи наву кӯҳистон ҳам, Гулназарро шинохтед, ташаккур, шоири тавонои имрӯзаи мо, дӯст ва ҳамкурси ман, – ба лаби Раҷабмаҳмад мадоре табассум медавад. – Дар паҳлӯи он кас Абдулҳамид, нависанда, лекин аз Кӯлоб. Акнун шумоҳон ба сари ҳардуи онҳо зеҳн монед. Ба калаи кӣ монанд аст калаи инҳо? Ба сари Путин, одами аз ҳама зӯри Россия, – ӯ қоҳ-қоҳ механдад. – Ин шӯхӣ не… Он кас профессори соҳаи тиб Саидилҳом Аҳмадзода, зӯртарин ҷарроҳи ҷигар, масчоҳӣ. Ман Ҳоҷӣ Раҷабмаҳмад Шарифов, ошнои инҳо, – ӯ ба ҷавонон озмоишкорона менигарад ва меафзояд: – Инҳоро ман базӯр ба ин тараф овардам. Эҳе, як одамҳое орзу мекунанд, ки ин хел меҳмонҳои мӯътабару машҳур дошта бошанд… Шутур кушед ҳам, аз даратон намегузаранд. Барои ҳамин, бачаҳои азиз, фис-фис накарда, оромакак шинеду аз суҳбати фарҳангии инҳо баҳра бардоред.

Раҷабмаҳмад дӯст медорад, ки меҳмонҳояшро ана ҳамин хел ба дигарон шиносонад. Аз рӯйи ин одат боре ӯ дар роҳ Гулназарро бо авсофи зиёд ба марди чӯпоне, ки молҳояшро ба саҳро мебурдааст, муаррифӣ мекунад.

– Э дар номатон садқа, – мегӯяд чӯпон ва меафзояд, – ман як чизро бояд аз ин кас пурсам. Акнун Шумо ба ягон кас фармоед, ки молҳои маро бипояд.

Ҳоҷӣ ноилоҷ барои чӯпон дастёр меёбад, то ки ӯ бо Гулназар ором суҳбат бикунад. Пас аз чанде чӯпон бо Гулназар бармегардад ва ба Раҷабмаҳмад мегӯяд: – Бад не, медонистааст. Шумоҳон меҳмони ман шавед, гӯсфанд мекушам.

Чӯпон аз Гулназар тафсири ин байти Ҳофизро пурсидааст:

Ҷилва бар ман мафурӯш, эй маликулҳоҷ, ки ту Хона мебиниву ман хонахудо мебинам.

Суҳбат ранги ҷиддӣ мегирад. Аз ситоишҳои фалакиву ногаҳонии Ҳоҷӣ сари мо мечархаду хиҷолатманд пешомади навро интизор мешавем. Акнун ҷилави мизбону меҳмон дар дасти Раҷабмаҳмад аст.

– Қурбонҷон, Шумо таҷрибаи фаровони зиндагиву роҳбарӣ доред, ҳоҷӣ ҳастед, –нармтар мегӯяд Раҷабмаҳмад.

– Аввал худатон ба ин ҷавонҳои кӯҳистон як суҳбати пурмағзи хотирмон бикунед.

Ана ҳамин тавр оғоз ёфт шоми мо дар Сабағ ва то нисфи шаб бо шунидани лаҳзаву ҷузъиётҳои аҷоиб идома ёфт.

Ҳамсуҳбати солмандамон шиква кард, ки пеш тарма дар болотари деҳа мехобиду об фаровон буд; акнун дар бағали дара базӯр намоён аст; шумораи хирсу ҳайвонҳои ваҳшӣ кам шудааст. Дигаре ҳикоят кард, ки фалон ҳамсояашон оҳуи дастомӯз дорад. Ин ҳайвон хумори кӯҳгардияшро бо паридан аз боме ба боме мешиканад. Суҳбатҳои ширинро шунидан кайфияте дорад, лекин хоб ғалаба мекунад. Мо аз он нигарон мешавем, ки саҳар аз хоб сер нашуда бо авзои ланҷ ба роҳ мебароем. Не, ба шарофати покиву сабукии ҳавои кӯҳистон ин ҷо се-чор соат хобидан басанда будааст, ки кас бо рӯҳу нерӯи тоза бархезад.

Авзои гирифтаи ҳаво моро дар ташвиш гузошт. Ҳашҳаш нафасгирии Раҷабмаҳмад аз хор-хори гулӯ ва шикваи ӯ аз авҷи бемории диққи нафас ба гӯш мерасад. Воқеан сар-сари кӯҳҳои осмонбӯси Масчоҳ ҳам аз тарафи соярӯ ва ҳам аз ҷониби офтобрӯ бо меғҳои ғафси кабудфом печондаву пӯшонда шуда буданд ва дона-дона борон низ мечакид.

– Ҳушдори ҳаво ба мардум, – мегӯяд Қурбон Тӯраев. – Аз пайи ҷамъоварии ҳосил бишав, ғами зимистонро бихӯр, мегӯяд.

– Фис-фис накарда зуд як дами гарм бихӯрему ба роҳ бароем, – ғур-ғур мекунад Ҳоҷӣ. – Чашмам аз авзои ҳаво тарсид. Як рӯзи дигар имкон медод.

Сабағ шояд деҳаи аз ҳама васеъ ва заминдори кӯҳистони Масчоҳ аст. Дар ду тарафи канали овозадори тӯлонӣ киштзорони хушманзара доман густурдаанд. Сари субҳ хурду бузург молу говашон пеш-пеш ҷониби замину киштаи худ равонанд. Вале баногоҳ манзараи ғайричашмдоште пеш меояд ва ҳушу ёди моро побанди худ месозад. Аз ду бари раҳ аввал ду-се, пасон села-села кабкҳои сураки рамида мепаранд. Ва ин моро ба ҳаяҷон меорад, шод мекунад. Сафарбек, ки шаб дар суҳбати ҷавонони ҳамдеҳа нахобидааст, суръати мошинро паст мефарорад ва аз гирду атроф дар хомӯшии роздори субҳ симфонияи хониши селаи кабкҳо ба гӯш мерасад: қаҳ-қаҳаи баҳсноки мастона!

– Афсона менамояд, нотакрор… Ин хел манзараро дар куҷо мебинед? – мепурсам. – Устод, Гулназар, ёд доред, ҳафт сол қабл аз пеши роҳамон кабкҳои чӯҷадор мегузаштанд. Инҳо селаи кабкҳои сураки раванд…

Дар ҳар гардиш аз сари теппаву ғаллазорон паридану хушхонии кабкҳоро мо фоли нек мепиндорем, вале Раҷабмаҳмад ташвишомез мегӯяд:

– Инҳо аз сармо гурехтаанд… Нишонаи хуб нест. Шаб нафаскашии ман ҳам вазнин шуд. Кошкӣ ҳаво барномаи моро вайрон накунад. Дар Чашмаи Лоиқ як маҳфили хотирмон оростанӣ будам. Аслан ман барои ҳамин шуморо кашида овардам.

– Дила танг накунед, Ҳоҷӣ, ҳамааш ба муроди дилатон мешавад, – ӯро таскин мебахшад Саидилҳом.

– Рост, беҳтараш ягон суруд бихонед, – ба суҳбат шарик мешавад Гулназар… – О Ярм наздик.

Ҳоҷӣ бо овози як каме дурушту шамолхӯрда аз матнҳои устод Лоиқ суруд меоғозад.

Сад оҳ дар гулӯи ман печида рӯзу шаб,

Бар тоҷикони зиндаҷудо гиря мекунам.

Агар дар шеър фарзанди замонам,

Ба лаб шеъри замон мемирам охир.

Ҷавонмаргӣ фақат марги ҷавон нест,

Ба сад пирӣ ҷавон мемирам охир.

пешина
аз 23
навбатӣ