Зеҳн
Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.

Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ӯ аз ашъори Лоиқ беҳисоб суруд мехонаду дар борааш зиёд ҳикоят мекунад. Ва ин рафтори ӯ Муҳаммад Гуландомро, ки умри хеш ба тарғиби ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз бахшида буд, ба ёди ман меорад.

– Санги Лоиқа дар хотир доред? – ба ногоҳ мепурсад ӯ.

– Бале.

– Наменамояд-а? Ягон кас бурда бошадаш?

– Он санг ба кӣ лозим? Бурданаш ҳам осон не, сӣ-чил тонна вазн дорад, – гуфтам.

– Дар ин кӯҳистон ҳар чӣ шуданаш мумкин…

– Э то он санг роҳ ҳанӯз дур аст, Ҳоҷӣ.

– Аз куҷо медонӣ?

– Нависанда хотираи чашм ҳам дорад, – худситоӣ мекунам. – Он санги чортарошмонанди бузург байни чанд дарахт рост меистод. Ва як мӯъҷизаи табиат буд. Шояд замоне аз қуллаи кӯҳ канда шуда, ба қудрати Худо омада мисли таҳкурсии ҳайкали бузурге дар як пора замин рост афтода.

Аз рӯи нақли Раҷабмаҳмад ҳангоми аз ин ҷо гузаштан санг диққати Лоиқро ҷалб мекунад ва дар дилаш хоҳише пайдо мешавад, ки болои он барояд. Аммо ин санги бо тешаи табиат чортарошшуда чор-панҷ метр баланд асту баромадан ба он дастнорас. «Сайёҳон» даме гирд-гирди он мегарданду ба панҷа онро менавозанд. Баногоҳ садои трактор ба гӯш мерасад.

– Ана мушкилкушо пайдо шуд! – хитоб мекунад Лоиқ. – Бовар кардед, ки ман бачаи хубам. Раҷаб, рафта тракторро ин ҷо биёр.

Тракторрон хоҳиши шоири дарвешхисолро мепазирад ва «Белорус»-ро оварда паҳлӯи санг мегузорад. «Аҷаб фикру хаёлҳое ба сари ин шоир задааст, – мегузаронад аз дил. – Чӣ кор мекарда бошад?» Лоиқ дарҳол ба боми кабинаи «Белорус» баромада, сипас бо азобе худро болои санг мекашад.

Ҳайкали зинда рӯйи таҳкурсии худододи сангин. Шоир даме ба атроф, гӯё ба мардуми бешумор чашм давонда, пасон шапкаашро мисли Ленин дар панҷааш фишурда, аз гузаштаву сарнофарории масчоҳиён, боз аз имзои созишномаи онҳо барои ҳуҷум накарданашон ба Ҳукумати шӯравӣ оташинона ҳарф зада, зери кафкӯбии пурмавҷи «издиҳом» эълон кард:

– Дар замони нав ба ҷойи ҳокими пешинаи Масчоҳ – Ботурхоҷа номзадии Раҷаби Ярмиро ба мансаби мири ин қаламрав пешниҳод мекунам.

Сорбону Ҳақназар Ғоиб ва намояндаи синфи деҳқон – тракторчӣ ин пешниҳодро бо кафкӯбӣ аз номи издиҳом бо як овоз пазируфтанд. Раҷабмаҳмад бетараф. Ҳеҷ боке не, ин нишонаи хоксории ӯст.

Лоиқ акнун гӯё аз иҷрои вазифаи муҳим қаноатманду ором, албатта бо эҳтиёт аз болои санг ба боми «Белорус», баъд ба замин мефарояд.

– Он санг таърихӣ шуда буд, – худ ба худ ғур-ғур мекунад Раҷабмаҳмад. – Наход кадом нохалаф бурда бошадаш?

Ҳаво, ба қавле, гургу меш аст: абрҳои паҳну парешон бо офтоб ҷангу пархош доранд. Хуршед баногоҳ чеҳра менамояду нурпошӣ мекунад, фурсате пас сояи абрҳо пирӯз мешаванду ҳама ҷоро мепӯшонанд ва қатра-қатра борон мепошанд. Куҷо буд санги ёдгорӣ?

Баногоҳ баъди гардише байни дарахтони аз рангу равғани поиз заъфаронӣ санги барқади чортарош гӯё «мана ман» гӯён намоён мешавад. Дуртар аз он санг зану марде саргарми картошкачинианд.

– Ана санги таҳкурсии ҳайкали Лоиқ!

– Хайрият! – Ҳоҷӣ оҳи сабук мекашад ва чеҳраи паҳнаш аз ғояти хушҳолӣ мешукуфад ва шеъри «Ҷони масчоҳӣ»-и

Лоиқро бо ҳарорат қироат мекунад.

Нуктае бояд бигӯям бар касе огоҳ нест,

Сахтҷонтар дар ҷаҳон аз мардуми Масчоҳ нест.

Дар дили ҷешил бирӯёнад насиби хештан,

Хок гардад дар баҳои як кафи хоки ватан.

Эй басо «ҷӯйи муаллақ» сохта – валлонаҳо,

То бирӯяд аз замири шахзаминҳо донаҳо.

Чашмаи байт аст ҳар сарчашмаи саршори ӯ,

Лаб занад рӯди Зарафшон гӯӣ аз ашъори ӯ.

Қурси нонаш хирмани моҳ асту қурси офтоб,

Дар кафи дасташ бигунҷад ин ҷаҳони хушку об.

Сахт ҳамчун лозури барф асту дарё офарад,

Нарм ҳамчун бӯйи вешим асту тамкин оварад.

Кам бувад, гӯӣ, ки пеши пои меҳмон бедиранг

Гӯсфанде мекушад. На, на зи роҳи ному нанг

Пеши пойи меҳмони хуб худро мекушад,

Пойандозе ба пош аз пардаи дил мекашад.

Сад ҳазорон бор мемирад бар пойи меҳмон,

Лек бинӣ зиндатар аз ӯ набошад дар ҷаҳон…

Ин шеъри зебо, ки меҳрномаи беҳамтои Лоиқ мебошад, дар он, бемуҳобо тамоми хӯву хислат, иродаву ҳиммат, ҷавонмардиву муҳаббат, покиву асолати мардуми Масчоҳ медурахшад. Ва ин ҳам ҳақиқат аст, ки илҳоми шоир барои иншои ин шеър баъди сафар ва ошноӣ ба мардуми ин кӯҳистони дурдаст ба ҷӯш омада. Воқеан Раҷабмаҳмад аз дилу ҷон мехоҳад, ки дӯстони ӯ на аз рӯйи нақлу мақолаҳо мардуми Масчоҳро бишиносанд, балки омада бо чашми худ ин кӯҳистону сокинони меҳмоннавозашро бинанд, шиносанд, зеро «шунидан кай бувад монанди дидан» гуфтаанд.

Ба Чашмаи Лоиқ, ки метавон онро даромадгоҳи Ярм – зодгоҳи Раҷабмаҳмад номид, вақти чошт расидем. Ҳаяҷони ӯ беинтиҳост ва мекӯшад, ки он чӣ ба хотири гиромидошти Лоиқ ин ҷо бунёд кардааст, ниҳолу гулбутта сабзондааст, бубинем, шеърҳои ӯро, ки дар тахтасангҳои мармарин бо акси устод сабт ёфтаанд, бихонем.

Албатта, манзара барои Гулназар ва банда, ки солҳои пеш бо Абдулмаҷид Достиев ва Ҷумъабой Сангинов, – аз эшо барои дар он сафар маро оварданашон сипосгузорам, – ба ин ҷо омада, дар маҳфили тахти Лоиқ ширкат доштем, равшан аст. Шиносоии нахустини банда ба кӯҳистони афсонавии Масчоҳ ва меҳмоннавозии зебои мардуми он. Акнун он навниҳолон дарахт шудаанду пурборанд, сафедорон қад афрохтаанду дар панҷаи боди субҳгоҳӣ ва шустушӯ аз қатраҳои борон бо ҷилои ранги баргҳову меваҳояшон мерақсанд.

– Фурсат танг, – мегӯяд Раҷабмаҳмад, ки дар таҳи дил аз тозаву гулафшонии тахту чашмаи Лоиқ шоду мамнун аст, – дар бозгашт ҳамин ҷо як пиёла чой мегирем.

Мешитобем ба саргаҳи Масчоҳ, ба оғозгоҳи рӯди Зарафшон, ба зиёрати оромгоҳи бузургворон Абӯмӯсои Ашъарӣ ва Аълами Оламиён. Нияти охирин ҳамин буд.

Роҳ сангфаршу ноҳамвор аст, шофир мошинро бо суръати паст, бо эҳтиёт меронад. Охир аз рух додани осебу пеш омадани мушкилоте дар ин кунҷи кӯҳистон меандешад. Аз рӯйи хоҳиши Ҳоҷӣ ҳатто дар зодгоҳи ӯ Ярм ҳам намеистем. Абрҳои тира лаҳза ба лаҳза қуллаҳои бузурги дуродурро печонида, аз чашм ниҳон месозанд, бафурсат, лангардору асрорангез поён мефароянд. Ҷое нурҳои офтоб, ҷое сояи абрҳо моро ёр мешаванд. Раҳ ба раҳ аз ҳар маконе мегузарем, ободониву сохтмони биноҳои хуштарҳи замонавӣ ва киштзорони навро мебинему шод мешавем: мардум нисбат ба ҳафт сол пеш ба қадри обу замини диёр мерасидагӣ шудаанд; таҷрибаи хуби корам кардани заминҳои асрҳо боз бекорхобида ва фарҳанги зироаткориро пайдо кардаанд; хурду бузург дар саҳроҳо саргарми ҷамъоварии ҳосиланд.

Чун деҳаи Худгифи Эшонҳоро гузаштем, дар шоҳроҳ чуноне дар афсонаҳо мегӯянд, дуроҳа пеш омад. Ронанда роҳи дасти чапро, ки ҳамвортар менамуд ва аз байни киштзорон мегузашт, интихоб кард. Баъди сесад-чорсад метр рафтан аз рӯ ба рӯ як даста зан, ки банди алаф тори сар, дос ё сатили пурбор дар даст доштанд, аз саҳро меомаданд. Яке аз онҳо аз дур бо даст ишора кард ва чун наздик шудем, овозашро шунидем.

– Э мардҳои раҳгум, баргардед, баргардед! Роҳи бузургвор он тараф аст.

– Худо умратон диҳад, занҳои боҷуръату кушодачеҳрае,

– мегӯем мо, – вагарна то охири ин роҳ беҳуда мерафтем, сарсон мешудем..

– Аз чунин модарони ҷасур, албатта шербачаҳои бақуввату бананг ба дунё меояд, – мегӯяд Қурбон Тӯраев.

– Зодгоҳи паҳлавон Устопириён ҳамин ҷост, – шарҳ медиҳад Ҳоҷӣ.

Мо ба занҳои заҳматкашу раҳнамо дар дил ташаккур изҳор мекунему ба роҳи асосӣ пеш меравем. Манзараву ҳаво бо вуҷуди он, ки лаҳза ба лаҳза аз сатҳи баҳр баландтар мебароем, хуш аст.

Ба деҳаи Ланглиф мерасем, ки маркази хоҷагии деҳқонист ва оғози даврони истиқлолу солҳои печдарпеч ба он Раҷабмаҳмад раис таъин мешавад. Бояд ба хоҷагӣ номе гузошт. Пешниҳоду фикрҳо гуногун буданд. Вале раиси нав гуфт, ки биёед хоҷагиамонро ба номи додову бобои касе не, балки ба хотири худшиносӣ ва перомуни маърифат андешидани мардумамон ба номи шайх Камоли Хуҷандӣ гузорем. Мардум ин пешниҳодро пазируфтанд. Охир он солҳо ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар Ҷумҳурии исломии Эрон 650 солагии ин шоири номвари тоҷикро ҷашн мегирифтанд.

Байни кӯҳсорон, дар саргаҳи Масчоҳ дар забони хурду бузург садо додани номи шайх Камол хуб аст ва рӯҳи ӯро шод мегардонад, гуфтанд одамон. Ҳамон солҳо раиси нав бо талошу ҷонкоҳонӣ нимпайкараи Камоли Хуҷандиро дар шафати идораи хоҷагӣ ва мактабу бунгоҳи тиббӣ гузошт. Ин падидае буд дар чашми пиру барно. Нимпайкара ҳанӯз побарҷост, лек аз боду борону барф як каме осеб дида. Ҳолати нохуби нигаҳдории нимпайкараи шоир димоғи Ҳоҷиро сӯзонд. Ва дар ҳамин ҳолат омӯзгоре ба «чанг»-и ӯ афтод, ки суруду мусиқӣ дарс медодааст. Раҷабмаҳмад бо нигоҳ ва авзои аламзада ибтидо омӯзгорро аз донистани Суруди Миллӣ ва шинохтани муаллифи он имтиҳон кард, сипас худ ва ҳамроҳонро ба ӯ муаррифӣ намуду борони гилаву озорашро бар сари ӯ рехт.

– Магар хонандагони шумоҳон наметавонанд, ки ҳар баҳор дар пояи ин нимпайкара гул шинонанд? – пурсид ӯ. – Ҷӯйбор дур не, об фаровон… ба ин баҳона эҳтироми шахсиятҳои бузурги миллат, одоби тозаву озода нигоҳ доштани атрофро омӯзанд.

Мо пас аз зиёрати оромгоҳи бузургворон Абӯмӯсои Ашъарӣ ва Аълами Оламиён, ки дар саргаҳи рӯди хурӯшони Зарафшон байни кӯҳсорони осмонбӯсу афсонавӣ ҷой доранд, бо фотиҳаи пирони суфимаоб пас мегардем.

– Худоё, зиёрати моро қабул бикун ва ин диёрро обод, мардумашро дилшод нигоҳ бидор…

Гоҳе борони нарм, баъзан боди тунд ва албатта қаҳ-қаҳаи селаи кабкони рав моро мегуселонанд.

Авзои ноҷӯри ҳаво ва сар-сари кӯҳҳои осмонхароши дуродур, ки ҳангоми ҳаракати абрҳои кабудфом ва ё аз вазиши тундбод баногоҳ дариданашон сафедии барфи навборида ба чашм мерасид, Ҳоҷӣ ва шофирро бештар безобита мекард.

Онҳо нозу бозиҳои табиати кӯҳистонро хуб медонанд; бояд ба хушкӣ аз ағбаи Оббурдон бигзарем. Мабодо барфи зиёд биборад? Дигар ҷое намеистем ва якрост ба Чашмаи Лоиқ мерасем. Ҷавонмардони ярмӣ лаби чашма гилему курпача густурда, дастархони барқаду пурнеъмате оростаанд.

Раҷабмаҳмад ин манзараро дида, хастагиву ташвиши роҳро ба фаромӯшӣ месупорад ва бо ифтихор ба онҳо изҳори ташаккур менамояд:

– Ҳе пеши потун мурам! Нағз-нағз…

Вай аз нав шеърҳои дар лавҳаҳои мармарин сабтёфтаи Лоиқ ва пайкараи ӯро нишон медиҳаду чанд қуттӣ ранги зарҳалиро барои таъмири ҳайкалу хоно кардани сатрҳо ба пайвандон месупорад ва бо навозишу ситоишҳои хоси масчоҳиён аз эшон хоҳиш менамояд:

– Рангҳоро хушрӯ, басифат бимолед. Бояд ин ҳайкалу сангу чашма сазовори номи Лоиқҷон бошад. Дигар чӣ гӯям?

Орзуям ин ҷоро ба шумоҳон нишон додан буд. Э ин ҳаво бахилӣ намекард… Дар қадамотун садқа, акнун бишинед, ки борон нарасида, аз дилу ҷон Лоиқро ёд бикунем. Кошкӣ бо мо мебуд…

Шеъри Лоиқ садо медиҳаду хониши кабкони аз бими сармо фирорӣ ҳамовоз мешавад бо шеър. Ба назар чунин мерасад, ки кабкҳо базм доранд: сари ҳар санг, камару теғаи кӯҳ, бехи ҳар буттаву сари шохи дарахтон. Ва борон низ аз рашку ҳасад бо чангу чағонаи поизӣ ба нағмапардозии селаи кабкону осоиши маҳфили зебои мо, – чи хел болои яккандозҳо ёзида, ба болиштҳо такя задаем, – баъди тундару чароғаки шадиди пай дар пай сатил-сатил об мерезад.

«Мард бошӣ, гурез!» – мегӯем бо худ ва тозон ба кулбае, ки деворҳояш аз санг аст ва Ҳоҷӣ онро барои ҳамин хел рӯзи мабодо сохтааст, медароем. Ва суҳбату шодбошгӯйӣ он ҷо авҷ мегирад. Аммо ситезаву моҷарои ҳаво моро ҳушдор медиҳад, ки бепарво нанишинем. «Шикампо ба ҷое намерасад» мегӯему бармехезем. Ва бо изҳори ташаккур барои пазироии гарму самимӣ, хомшӯрбои беҳамтову нону намак ба ҷавонмардону кадбонуҳои ярмӣ, аз онҳо дуои бозгашт мегирем. Кӯҳҳоро либоси абр нопадид карда, резиши бошиддати борон ҳар лаҳза дағдағаву ҳангома меафзояд; мурғакони пару болашон тар бо навову хонише ба ҳамдигар ҷасорат мебахшанд: ҷабри табиатро бори аввал надидаемку, мегузарад. Аз ҳама хубаш садои туфанг ба гӯш намерасад. Қурбон Тӯраев, Саидилҳом Аҳмадзода пеш-пеш, Гулназару банда аз ақиб сӯйи мошин мешитобем. Ман ба Чашмаи Лоиқ, ба лавҳаҳои мармарин, ба акси устод, ки бо лабханди нарму талх ва қатраҳои лағжони борону нигоҳи ҳузнолуд гӯё бо мо хайрбод мегӯяд, бори охирон назар меафканаму мегӯям:

Дар саргаҳи Ярм зинда бодо Лоиқ,

Гулназар бадоҳатан меафзояд:

Чун рӯҳи миллат поянда бодо Лоиқ!

Ҳангоми бозгашт аз байни пардаи риштаҳои борону ҳавои меғолуд дар тарафи соярӯ баногоҳ манзараи дилангезе ба чашм расиду маро мафтун кард. Шояд ҷавони ошиқе гандумзорашро даравида, байни киштзор басо ҳунармандонаю шоирона бо ҳазорон орзу тарҳи як дили бузурги тиллоранг офаридааст. Чи рамзи зебову пурмаъное! Дили аз сӯзи ишқ тафсону зарҳалин ва аз хӯшаву донҳои умед саршор.

Ин шабеҳа, ки ба атроф ҳусни беандоза мебахшад, аз завқи баланду ормонҳои ширини ҷавони даравгар башорат медиҳад. Магар маъшуқаи ӯ, духтараки пурғуруру назарбаланди масчоҳӣ ин дили пурармону байни кӯҳсорон ҳайрон ва ба хазон моили ҷавони ошиқро мебинад ва ба шукӯҳи ҳусни он дар ин рӯзи боронӣ офарин мехонад?

Шомгоҳ ба Мадрушкат, ба манзили ошнову соҳибхонаҳои меҳмоннавоз расида, шабро он ҷо гузарондем. Субҳ дидани то камар аз барфи нав сафедпӯши кӯҳҳои Соярӯйи кӯҳистон моро водор кард, ки зудтар ба роҳ бароем. Ва раҳ ба раҳ дар дил мегуфтам: «дидаву шунида ва ҳамнишиниву ошноии мо бо мардуми хушлаҳҷаву меҳмоннавози Офтобрӯйи кӯҳистон сурат гирифт. Дари хазинаи хӯву хислат ва ҳусни нотакрори табиати Соярӯйи кӯҳистони Масчоҳ боз барои мо нокушода монд. Ин ба достони нотамоми Кӯҳистони Масчоҳ шабоҳат дорад. Дигар дунё ба умед…»

Дар ағбаи Оббурдон резиши ноз-нозони барф тамошобобу афсонавист. Аз само гӯё барф не, парҳои парокандаи қу мисли суфиёни сармасту бехуд чархидаву рақсида поин мефароянд. Чун аз фарози ағба поин шудем, нолишу ларзиши мошин нарм шуд ва Сафарбек низ оҳи сабук кашиду чанд карат ҳолати тормозро санҷид. «Хайрият, ки барф роҳро ҳанӯз напӯшондааст». Роҳи мушкил пушти сар монду нишеби пурхатари печ дар печ оғоз ёфт.

Порасангҳои азими ҷигарранг дар шӯълаҳои нарми хуршед булӯросо медурахшанд. Калоғҳо магар гуруснаанд ва ё аз омад-омади сармо нороҳатанд, ки болафшон талх меноланд. Мо пас аз сипарӣ шудани ҳазору як гардиш ба домони кӯҳ – бурсзорони солхӯрда мерасем. Обшоре нозанину широсо сафед пеш меояд. Ёрон пешниҳод карданд, ки дар сабзазори лаби обшор даме қомат рост бикунему биосоем ва аз порае фатирҳои роҳтӯша ба обаки зулол тар ва нӯши ҷон бикунем. Охир тамошои обшоре аз синаи кӯҳ ва байни арчазорони ҳазорсола низ ғанимат аст.

Ва дар оби сардакак тар карда хӯрдани фатири башираи Масчоҳ низ лаззате дорад беҳамто. Мо, ки аз сари субҳ роҳ мепаймоем ва аз бардорузани беҳисоби мошин лакоту хаста ва гурусна ҳам шудаем, ин ғизохӯрии сарипоиро беҳтарину нотакрор ҳисобидем.

Олами афсонавии кӯҳистон дар пас монд ва рӯзгори пуртакудави водиву шаҳр пеш омад. Дар ҳама ҷо инсонҳо аз ошӯби боду нафаси сармо рамуз гирифта, мӯрчасон бештар ба кор шитоб доранд. Оре, андешаи фардоро бояд кард.

Қурбон Тӯраев боз дар манзили пурсафояш – дар Истаравшан моро болои кат шинонд ва аз дӯстдориву меҳрубонии набераҳо хушнуд, шӯхиомез гуфт, ки хайрият ҳоҷӣ аст, вагарна як истакони қирадори пури пурро барои аз ағбаи Оббурдон сиҳат гузаштану саломат баргаштан ба сар мекашид. Раҷабмаҳмад ҳам, ки рӯяш аз фишори баланд арғувонист, бо қоҳ-қоҳ изҳор дошт, ки дар ҳамин андеша аст. Ин ишора ба муроди дили Гулназару банда шуд… ва оқибат ба мизбони хаставу меҳрубон ва Раҷабмаҳмаду Сафарбек бо дили кашол хайрбод гуфтем ва бо мошини Саидилҳом роҳи Душанберо пеш гирифтем. Вале дар сари ағбаи Шаҳристон аз он чи метарсидем, рӯ ба рӯ шудем. Тундбоду резиши шадиди барф. Лағжидану дармонии мошинҳо. Хайрият, ки мошини наву пуриқтидори Саидилҳом моро бе мушкилӣ ба сари ағба баровард. Баландии барф то зону мерасаду бо равиши тундбод беҳисоб барф мерезад. Эҳе, ин манзара барои мо ҳам нишотангез буду ҳам баҳонаи хуби боз як «корнамоӣ» нишон додан. Аз профессор Саидилҳом хоҳиш мекунем, ки мошинро даме боздорад. «Хоҳиши ҳамроҳ воҷиб аст», – бо табассуми малеҳ мегӯяд ӯ. Ва мо бо як ҳоле аз мошини гармакак баромада, худро ба панҷаи шахшӯли тундбоду ҳамлаи барф супорида, барои анҷоми неку сайру сафари аҷоиби кӯҳистони Масчоҳ ва боз барои барфи нав бо васияти устод Рӯдакӣ нӯшбод мегӯем:

…З-омада шодмон бибояд буд

В-аз гузашта накард бояд ёд.

Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,

Бода пеш ор, ҳарчи бодо, бод!

Пас аз чанд рӯзи ин сайру саёҳат ҳаво нарму роҳ кушода шуд ва Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар авҷи ғундоштани ҳосили заҳмати кишоварзон ба Кӯҳистони Масчоҳ сафар карда, бо мардум суҳбатҳои гарму озоду аҷиб орост. Дидани ин сафари Сарвари давлат ба ноҳияи дурдасти кӯҳистон, қаноатмандии эшон аз ҷамъоварии ҳосили фаровон ва суҳбатҳои ширини пиру барнои Масчоҳ аз тариқи шабакаҳои телевизион хотирмон буданд. Баъдтар Президент пас аз анҷоми суханрониашон дар ҷашни 100 солагии устод Мирзо Турсунзода дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба толор фуромада, зимни салому ҳолпурсӣ бо пирони илму адабиёт ба Гулназар гуфтанд:

– Гулназар, дидед, ки пиру барнои Масчоҳ чӣ хел шеъру сухандонанд? Ҳамаашон шоир, суҳбатҳояшон аҷибу ширин…

– Чанд ҳафта пеш, Ҷаноби Олӣ, мо ҳам ба кӯҳистони Масчоҳ рафта будем, – бо табассум посух дод Гулназар.

– Нағз… Худатон дидед? Чи хел диёри зебо, пурсарват… мардуми ширинзабон…

Воқеан ҳам кӯҳсорони пурганҷу рӯдҳои хурӯшон, ҳам замини ҳосилхезу боғҳои шаҳдрез, зиёда аз ин мардуми бофарҳангу гарданфароз ва миллатдӯсту меҳанпарасти

Масчоҳ сарвати нодири Тоҷикистони соҳибистиқлоланд.

пешина
аз 23