Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.
Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа
Охир солиму бенуқс мондани ин хона шаҳодат бар он медиҳад, ки дар Масчоҳ нисбат ба минтақаҳои дигари кӯҳистон фарҳанги адлу инсоф – ба чизу моли касе чашм ало накардан, даст ба ғасб ё вайронии он назадан пойдор будааст. Аслан мардуми ин қаламрав барои худ ор ва пастӣ мешуморанд, ки моли дигареро аз худ намоянд. Оини хуби худотарсиву назарбаландӣ дар солҳои бесоҳибу матрук будани деҳу манзилҳо боиси бегазанд мондани хонаву дар ва боғҳои мардум шудааст. Инро имрӯз метавон нодиртарин фарҳанги риояи адлу инсофи одамӣ шумурд.
Нигоҳам ҷевонҳои пуркитобро мепалмосаду дил рӯшантар мешавад. Китобҳо ботартиб ва тозаву озода аз рӯйи мавзӯъ ва соҳа ба рафҳо чида шудаанд. Маълум, ки ҳар рӯз ба ин китобҳо дасте мерасад. Қомусҳои хурду бузург, осори адибони классику муосир, китобҳои таъриху тарҷумаи бадеӣ, таълимиву соҳавӣ, маҷаллаву бастаи рӯзномаҳо. Хеле аҷиб. Офарин мегӯям ба Устофайзулло!
– Китобу китобхониро аз айёми наврасӣ дӯст медорам.
Ин хазинаро солҳои сол гирд овардам. Аз ин китобҳо шахсони зиёд аз деҳоти гирду атроф истифода мебаранд, – бо ифтихор мегӯяд ӯ.
– Наход? Китобҳоро диҳед, боз бармегардонанд?
– Албатта. Ҳар касе китоб гирад, ному насаб, ҷойи кору зисташ дар ин дафтар сабт мешавад. Дар ин масъала хотирбиниву гузашт нест, – бо табассум мегӯяд ӯ ва меафзояд: – Дар кӯҳистон китобдӯстон зиёданд.
– Хеле хуб. Риояи ба соҳибаш баргардондани китоб пас аз мутолиа на ба ҳар кас, ҳатто ба баъзе адибон ҳам хос нест, – мегӯям бо оҳанги афсӯс. – Бо сад илтимос китоб мегиранду овардани амонатро фаромӯш мекунанд, ҳатто мункир мешаванд. Ва боз барои исботи ҳақ будани кирдори ношоистаашон гӯшзад менамоянд: касе китоб дод, як дасташ, касе китобро баргардонд, ҳар ду дасташро бибуред…
Шумо коре кунед, ки ганҷи китобхонаатон афзун шаваду кам не.
– Росташ, ки ба ҳар ҷое равам, бо китобе бармегардам.
Раҳоварди беҳтарини сафар барои ман китоб аст. Касе мутолиа бикунад, маърифат мегирад, – мегӯяд Устофайзулло.
Ошноӣ бо ганҷи хонадони шиноси навамон Устофайзулло – китобхонае дар кунҷи кӯҳистони дурдаст лаззати маънавиеро бароямон муҳайё сохт. Фарҳанги китобдӯстӣ, андӯхтани донишу маърифат ба онҳое насиб мегардад, ки гузаштагони хушгавҳар, маънирас, дилшиносу соҳибзавқ доштанд ва боз бо ҳисси баланду ифтихору дӯстдорӣ осори пурбаҳои миллиро гиромӣ медоранд. Устофайзулло аз табору решаи ҳамин хел инсонҳои бофаросату худогоҳ аст ва чӣ хуш, ки дар ҳар рустои ин қаламрав бо чунин инсонҳо рӯ ба рӯ мешавӣ.
Мардуми Кӯҳистони Масчоҳ солҳои охир фарҳанги истифодаи заминро хеле хуб риоя менамоянд, мекӯшанд, ки ҳар ваҷаб замини бекорхобидаро киштбоб бикунанд.
Қитъа-қитъа ҷойҳои санглохро бо заҳмати беҳисоб аз санг тоза карда, боғ сабзондаанд ё ба майдони кишти ягон зироат табдил додаанд. Устофайзулло низ ғайр аз ҳаётаи рӯйи ҳавлӣ боз дар беруни дарвозааш боғе дилкушо бунёд карда: саф-саф, навъ-навъ дарахтони пурмеваи себу нок, гелосу зардолу, олучаву тут бинандаро мафтун месозанд.
Оби фаровон, ки аз синаи кӯҳу дараҳо шорида ба деҳ мефарояд, ганҷи пурбаҳост. Мо чанде дар чамани сабзу хушҳавои ин боғ меосоем: ба шаҳриёни деҳзода ҳавои хушу манзараи дилкаш малҳами ҷон аст. Аз рӯйи пешниҳоди мизбон ва Ҳоҷӣ ёроне бо мошин, ману Гулназар ва раҳнамое аз пайраҳаҳои борики байни дарахтони куҳансол ба сайри соҳили Зарафшон мефароем. Зери дарахтони солхӯрда, дастниҳолони инсонҳои савобҷӯ меваҳои пухтаву аз вазиши бод рехта, болои гулу себарга, бехи гулхору буттаҳои ҷамбилаку субинак паҳну парешонанд: ҳар яке аз дигаре рангину пурҷилост ва сӯят гӯё чашмак ҳам мезанад: хам бишаву маро бардор, эй раҳгузар, шираву шаҳдам бичаш. Чашм аз тамошои меваҳои рехта об мехӯрад: ҳар яке аз дигаре зебову дилнишинтар.
Себеро мебардорам ва ба димоғам наздик меорам: чи бӯйи хуше, чи атри нотакроре. Себро дар оби мусаффои ҷӯйе, ки ҳамсони пайроҳаҳо печида-печида ба поин мефарояд, шуста мегазам: оҳо, ана шираву мана шарбат! Ба ин хушобиву тамъи гуворо шояд дар ягон ҷойи дигар ин хел себ вуҷуд надошта бошад. Дарахтони бумӣ ё таҳҷоӣ, ки бобоёнамон бо усули зинабоғ дар ҷойҳои ноҳамвор, ҷариву санглох бунёд кардаанд. Ин дарахтон мисли фарзандони кӯҳистон ба иқлим ва табиати шахшӯли ин ҷо тобоваранд, зеро решаи мустаҳкам дар ин хок доранду парвардаи обу нури офтобу ҳавои Масчоҳанд. Ин дарахтони пиру ҷо-ҷойи танашон аз неши табару теша захмин солҳои сол бесоҳиб ҳастии худро нигоҳ доштаанд ва акнун шохаҳояшон аз бори мева сархаманд. Э кош, мардуми ин қаламрав дар оянда ба ҷойи навъҳои ниҳолони «аҷнабӣ»-и ба иқлими кӯҳистон тобноовар бо усули пайванд дарахтону боғҳои бобоиро умри дубора бахшанд.
Дар соҳили Зарафшон, ки мардум тагобаш меноманд, тақрибан ҳар сокини Лангар қитъае замин дорад ва дар он зироатҳои ниёзи зиндагӣ: сабзавоту картошка, бодирингу помидор, лӯбиёву каду, боқилову наску нахӯд, боимҷону хел-хел қаламфур, харбузаву тарбуз мекоранд. Ин қитъаҳои замин чун хоҷагии ёрирасон барои ба кор саргарм шудани хурду бузург ва бо маҳсулоти хушсифати худ таъмин кардани оилаҳо мусоидат мекунад. Одамон аз ин киштаҳо дар баробари рӯёндани ҳосили хуб барои чорвояшон низ коҳ захира мекунанд. Ва боз дар ин гӯшаи орому хушҳаво – соҳили рӯди Зарафшон ҳар кас бо завқу салиқаи хеш мувофиқ осоишгоҳе низ сохта. Ин тарзи ба қадри замин расидан ва аз ҳар пораи он оқилона истифода бурдани лангариён ба Қурбон Тӯраев басо хуш меояд.
– Таҷрибаву фазилати гузаштагонро дар истифодаи замин фаромӯш накардан моро аз бисёр мушкилиҳои зиндагӣ мераҳонад, – чашм аз киштаҳои пурҳосил наканда мегӯяд ӯ.
– Бубинед, ин заминҳо аз заҳмати одамон чи неъматҳое медиҳанд. Кори оқилона кард Президент, ки заминҳои бекорхобидаро ба мардум дод: одамон аз нав ба замин рӯ оварданд, маданияти зироаткориро беш аз пештар хубтар омӯхтанд. Ризқу рӯзияшонро бо қувваи дасти худ беминнат мерӯёнанд…
Шаб бо суҳбатҳои ирфонӣ, шеърхониву ёди инсонҳои нек дар ҳалқаи ҳамсояҳои Устофайзулло хуш гузашт.
Раҷабмаҳмад пайваста таъкид, баъзан ҳатто ҷиддӣ талаб мекунад, ки аз суҳбатҳои камбору беҳадаф худдорӣ намоем.
– Аз матбуоти кӯчабоғӣ, – мегӯяд ӯ, – олам-олам ғайбату тӯҳмат мехонанд мардум. Шумо, дӯстони ман, суҳбатҳои пурмағзе кунед, ки дар ёди одамон бимонад.
Қурбон Тӯраев аз омӯзиши санъати роҳбарӣ дар солҳои ҷавонияш, профессор Саидилҳом аз дастовардҳои илми тиб ҳарф заданду Гулназар ночор шеър хонд. Дигар қоидаи чархи гардун ҳамин аст: бояд ба нону намаки хӯрдаат ҷавобе бидиҳӣ. Ва чун аз суҳбату шеърхониҳо дили Ҳоҷӣ тар нашавад, баҳона пеш меорад, ки мо фис-фисро аз ҳад гузарондем ва лаъличаеро бардошта аз мағзи ҷигар «Шашмақом» мехонад. Чуноне гуфта будем, Раҷабмаҳмад дар баробари дигар ҳунарҳо як қамчин овозхонӣ ҳам дорад; сурудани ӯро бояд гӯшу ҳуш шуда бишнавӣ.
Вақти бомдод намояндаи ёрону ҳамсояҳои Устофайзулло омад ва ҳайати моро барои нонушта ба ҷойи дигар даъват кард. Баҳона овардем, ки рӯзҳо кӯтоҳанду барнома зиёд, бояд ба роҳ бароем.
– Дар меҳмонхонае, ки устод Лоиқ шаб то саҳар бо мо суҳбат доштанд, як пиёла чой менӯшеду баъд… – мегӯяд фиристода. – Ҳама интизоранд.
Магар ин таклифро Раҷабмаҳмад рад мекунад? Ҷойи сусти ӯ ба забон овардани номи устод Лоиқ аст. Дар ин маврид хотираҳояш зинда мешаванд, чеҳрааш мешукуфад.
– Қадамгоҳи Лоиқро набинем, айб мешавад. Одамон ба риши бобоямон механданд… Як лаҳза ҳеҷ гап не, ҳамин ҷо ҳам нонушта мекардем-ку, – гуфт ӯ ва худ пеш-пеш қиссагӯён моро ба манзиле, ки дар домани кӯҳ ҷойгир аст, мебарад.
Соҳиби манзил Муллоҳоҷӣ Абдиев солҳо кӯҳдоманро зина ба зина кандаву бо салиқаи баланд сангдевор карда.
Боз зина ба зина дарахтони ҳархелаву гулбуттаҳо сабзонда, байни он хона сохтааст. Ҳуҷраи барқади чӯбкорӣ бо наққошиву тасвирҳояш диданибоб аст.
– Ана дар ҳамин ҳуҷра шаб то рӯз бо Лоиқҷон нишасту суҳбат доштем, – бо ифтихор мегӯяд соҳиби манзил. – Беҳтарин хотира…
Моро як чиз сари андеша мекашад. Чаро соҳиби хона бо заҳмати сангин танаи кӯҳдоманро кандаву тарошида хона ва боғ бунёд кардааст, лек чанд қадам поин, балки дар подомони боғаш замини ҳамвору киштбоб сабзазорест, ки ба газонҳои шаҳр шабоҳат дорад. Аслан мешавад дар ин қитъа картошка ё зироатҳои дигар корид ва ҳосили фаровон рӯёнд. Муллоҳоҷӣ ба пурсиш ва кунҷковии мо посух дод, ки 17 сол бо лаби домону миёнбанд хок кашонда дарахту гул сабзондам. Акнун фарзандонам аз ин замини ҳамвор истифода бурдан хоҳанд, ихтиёр доранд. Ман аз чизе, шукри Худо, камубдӣ надорам. Бароям, рости гап, тамошои ин сабзазору чамани пургул роҳати ҷон аст.
Зиҳӣ завқу ин хел зебопарастӣ. Магар аз ин дар ҳайрат намемонӣ?
Аз оғӯши меҳру самимияти инсонҳои наҷиб, ки ташнаи дидори меҳмону суҳбатанд, ҷудо шудан осон нест. Аммо роҳи мо дароз асту таноби онро дар ин рӯзҳои тезгузари поиз бояд бошитоб кӯтоҳ кард. Бо дили кашол мо бо Устофайзулло ва ҷамъи ёронаш падруд мегӯем. Ва ҳар қадар боло меравем, боғот ва киштзорони кӯҳистони Масчоҳ доманфарохтар мешаванд.
– Худованд заминро ба масчоҳиҳо додаасту кӯҳу санга ба фалғариҳо, – мегӯям дар гӯши Гулназар.
– Кӯҳҳои мо саропо хушканд, хеле кам алафу дарахт доранд, – бо алам мегӯяд ӯ. Ва чизе, ки чанд рӯз боз ба назари ман наву тоза метобад, дар лабмарзаи тамоми киштзорон, ҳатто ҳошияи гӯристонҳои канори шоҳроҳ коштани гулу ниҳол парвардани масчоҳиён аст. Ҳарчанд, ки кӯҳу дамани Масчоҳ дар ин фасл низ гулпӯш менамояд, балки аз мавҷи гул ҷунуне доранд, боз мардум тухми гул мекоранд…
Ошиқу гулпарастанд ин мардум. Ба ҳар ҷое нигоҳат меафтад, – ба картошказор ё полиз, албатта як хати гулҳои шукуфону тару тозаро мебиниву мавҷу ҷӯшиши гулҳоеро дар киштзорон. Гуфтанд, ки чун устод Ҷӯрабек Муродов мисли мо бори аввал ба саргаҳи Масчоҳ, дурусттараш ба Ярм, ба ифтихори пардабардорӣ аз рӯйи нимпайкараи шоир дар Чашмаи Лоиқ сафар мекунад, аз тамошои картошказорон ҳаловат бурда мепурсад:
– Ин хешои масчоҳӣ дар заминҳошон фақат гул мекоридаанд?
– Эй устод, – бо ханда посух медиҳад Афзалшоҳи Шодӣ,
– инҳо гули картошкаанд.
– Ҳамин хел хушрӯву рангоранг?
– Ҳар картошка бо ранги навъи худаш гул мекунад: бунафш, сафедтоб, ширчойӣ…
– Аҷиб, аҷиб…
Воқеан, заминҳои сурххоку доманфарохи Кӯҳистони Масчоҳ бештар аз регу сангреза иборатанд, вале ба картошкакорӣ мувофиқ. Агар деҳқон ҳалол заҳмат бикашад, бе истифодаи доруҳои кимиёвӣ ҳам ҳосили фаровон рӯёнда метавонад. Солҳои охир картошкакорӣ дар ин минтақа хеле равнақ ёфт. Мардум бо мадади ҳукумати маҳаллӣ ва ташкилотҳои мададрасон беҳтарин навъҳои тухмиро ёфтаву оварда, аз ҳосили фаровони ин зироат сатҳи зиндагии худро боло бардоштанд. Картошкаи Масчоҳ аз ҷиҳати сифат ва тозагӣ ном баровард ва акнун на танҳо дар ҷумҳурии худамон, балки дар мамлакатҳои ҳамсоя низ талабгорони зиёд дорад… Мардум дар парвариши картошка таҷрибаи хуб андӯхта, ҳар сол аз ҳисоби обёриву кушодани заминҳои навкорам кишти онро афзун менамоянд. Аз рӯйи тахмин имсол ҳосил фаровон аст, аммо фалокати лағжидани кӯҳ ва баста шудани шоҳроҳ деҳқононро нигарон карда. Ҳосилро бояд беталаф ва тару тоза ба шаҳрҳо бурду ба мардум расонд. Ҳукумати ҷумҳурӣ, идораву ташкилотҳои мададрасони фаврӣ, роҳбарони ноҳияҳои Масчоҳ ва Айнӣ шабу рӯз дар андешаи ҳалли ин масъалаанд.
Ба Мадрушкат, ки то ба водӣ кӯчидани мардуми Кӯҳистони Масчоҳ маркази ноҳия буд, пешин расидем. Низоми хонаву рӯзгордорӣ, фарҳанги муошират, тозагии кӯчаву расатҳои Мадрушкат ба шаҳраке шабоҳат дорад. Шаҳраке байни кӯҳсорон, мардуме батарбияву хушмуомила ва ниҳоят меҳрубон. Чуноне арз карда будам, Раҷабмаҳмад домоди нозпарвари мадрушкатиҳост. Вай аз пазироии гарми хоҳарарӯсу хусурбачаҳо сарафроз, ин ҷо боз бештар соҳиби ҳукм мешаваду асоси воқеӣ доштани матали қадимаи масчоҳиёнро собит мекунад: «Домод дорӣ – мир дорӣ».
Чанд сол пеш аз ин дар ин хонадон мо: муовини аввали раиси Маҷлиси олӣ Абдулмаҷид Достиев, Ҷумъабой Сангинов,
Гулназар ҳамин зайл меҳру сафоро дида будем. Албатта чак-чак аз ду даст ба амал меояд. Раҷабмаҳмад низ ба пайвандони ҳамсараш хеле боназокат муомила мекунад; ба таҳсилу тарбияи фарзандонашон мусоидат менамояд.
Мекӯшад, ки ягон хеши бонуяш аз ӯ наранҷад. Тарзи бирешимвор мулоим муносибат кардани Ҳоҷӣ бо хешони занаш ба назари мо, ки бештар ба тундӣ, шӯру исён алайҳи андешаҳои дигарон ибрози назар кардани ӯ одат кардаем, ғайритабиӣ менамояд. «Бузургии занро бину қоил шав, – мегӯем ба ҳамдигар, – ҳатто Ҳоҷии саркашро мутеъ кардааст». Ва ба ӯ мегӯем, ки дидори хешон ширин аст, лекин зудтар роҳи болообро пеш бигирему роҳи сафарро кӯтоҳ бикунем, беҳтар аст. Раҷабмаҳмад аз ин пешниҳоди мо дар ташвиш меафтад, илтиҷоомез мегӯяд:
– Нағз не, айб мешавад. О вай зан аст, шавҳараш дар Россия. Худатон дидед-ку: ҳар соат занг заду хоҳиш кард. Ман ваъда додам. Бо хусуру пайвандони шавҳараш моро интизоранд. Пеши потун мурам, маро шумоҳон фаҳмед. Наравем, нописандӣ меҳисобанд, меранҷанд…
Роҳи деҳаи Ғудокро пеш мегирем – роҳе пурпечу хам аз байни киштзорони зебои гандуму ҷав. Нурҳои офтоби ба қиём омада тезу сӯзонанд, аз вазиши бод хӯшаҳои сархам алвонҷ мехӯранд ва бӯйи гандуму ҷави пухтаю атри гиёҳҳои ба хазон моилро ба машом мерасонанд. Манзараҳо рангинанду тамошобоб. Рассоми рангинхаёлу тавоное мебояд, ки ҳусну шукӯҳи ин табиату инсонҳои заҳматписандро ҳунармандонаву ҷаззоб бикашад. Ба соҳили Зарафшон расам-нарасам, пайраҳа ба бунбаст табдил меёбад ва моро ба боғаки навбунёде, ки дар шафати як рӯдаки шӯхоб сабзондаанд, ҳидоят мекунанд. Ҷои боғ ба тамоми маънияш дар гузашта санглох будааст; соҳибонаш бо чӣ заҳмате харсангҳои бузурги беҳисобро аз ин қитъа бароварда, болои сангу рег хок рехта ниҳол шинондаанд. Дар кӯҳистони Масчоҳ бо шарофат ва мӯъҷизаи оби фаровон дар дили санг ҳам дарахт мерӯяду меваи шаҳдбор медиҳад. Чун дарахт реша давонд, ғизояшро обу замин ва нури офтобу ҳавои хуш таъмин мекунанд. Дар оғӯши ин боғак, ки як тарафашро ҷангалаки зардбеду ангат, хучу олуча, ҷониби дигарашро ҷарии баланди пурдарахт ва саргаҳашро шиғ иҳота кардааст, пазироӣ ва суҳбати олиҷанобе бо ширкати пирони кор ва ҷавонони равшанфикр ба вуқӯъ пайваст. Марде хушсурат, ки ба ӯ риши батартибаш салобати хоса мебахшад, хусури хоҳарзодаи ҳамсари Раҷабмаҳмад будааст.
Суҳбати ӯ бо Қурбон Тӯраев ва Саидилҳом диққати моро ҷалб карду касбашро пурсидам.
– Омӯзгорам, – бо табассум посух дод ӯ ва афзуд: – Забон ва адабиёти русро дарс медиҳам.
– Наход? Бо ҳамин ришу фаш?
– Бале, зеби манаҳ дар пирӣ риш аст, – ӯ механдад. – Рӯдакиву Фирдавсӣ, Толстой ва Чехов ҳам риш доштанд, – сипас бо нигоҳ ва чеҳраи ҷиддӣ меафзояд. – Кайҳо ба нафақа баромада будам… Омӯзгорони ҷавон ба Росия рафтанд… Ҳайф аст, ки бачаҳо аз омӯзиши забону адабиёти рус бенасиб монанд…
Офтоб ба ғуруб моил шуд. Ҳоҷӣ хоҳиши моро ин маротиба бе саркашӣ барои фотиҳа ба пазироию нону намак пазируфт. Охир роҳи мо дур асту дар пеш суҳбатҳои дигар.
Бармехезем ва аз шоҳроҳи ягонаи Масчоҳ ҷониби Сабағ мешитобем.
Дар бораи шахсият ва хулқу атвори дӯсти мо Раҷабмаҳмад ёронаш дар китоби «Абармад», ки ба ифтихори 70солагиаш нашр шудааст, ҳар хел ақида иброз доштаанд. Яке ӯро тундхӯ, дигаре ҳавобаланду худхоҳ мешуморад, лекин касе ҷавонмардияшро инкор намекунад. Аз рӯйи мушоҳидаи чандинсолаи банда вай дар риояи расму таомул, поси хотири ҳамкорону қадрдонии нону намак беҳамтост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё