Зеҳн
Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.

Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чуноне арз кардам, Кӯҳистони Масчоҳ як шоҳроҳ дорад ва он мисли меҳвар тамоми сокинонашро бо ҳам мепайвандад. Дар ҳар деҳу ҳар гардиш, лаби рӯду чашмае Раҷабмаҳмадро дӯстеву қадрдоне бесаброна интизор аст. Одамон ӯро аз назари банда мисли мағзи нон эҳтиром мекунанд ва боз мекӯшанд, ки бо сухан ё рафторе ноҷо ба хашму ранҷишаш гирифтор нашаванд. Пайкараш бузург асту пӯсташ тунук. Баъзан якбора мисли бензини навъи аъло оташ ҳам мегирад. Мо алҳол «гаравгон»-и Раҷабмаҳмадем: бояд ба ҷойи гуфтааш биравем, суруд ва суҳбаташро босаброна шунавем. Ҳамааш хуб аст ба ғайр аз тангии салони мошин. Ва ин маталеро ба ёд меорад, ки «кафш дар поям танг бошад, дунёи кушод чӣ лозим?» Охир ба ғайр аз ману Гулназар дигар ҳамроҳонамон паҳлавонҷуссаанд. Дар роҳи дарози ноҳамвори чандрӯза ҳамеша дар салони танг худро дар қолиби пуршиканҷа ғунҷонда, базӯр нафас мегирӣ.

Хайрият, тамошои манзараҳои аҷоиби тирамоҳ, нисбат ба чор-панҷ сол пеш мисли шаҳрак ободу зебо шудани деҳаҳои кӯҳистони Масчоҳ ва ёди азизон моро саргарм месозад. Дар рости ҳар деҳе аз зодгоҳи шоир, олим, роҳбар ва ё инсони некному созандае қиссаҳо мешунавӣ.

– Ана ин деҳаи Бурҳон Ғанӣ – Ревомутк аст…

– Худо биомурзадаш, ҳаҷвнигори беназир буд.

Воқеан танзу зарофати мардуми Масчоҳро ҳеҷ кас мисли Бурҳон Ғанӣ нозуку боҳунарона ҳикоят намекард. Чеҳраи ӯ ба пешааш мувофиқ, хандаовар, ба қавле «Хорпуштак»-и ҳақиқӣ буд. Саидбурҳон низ «пеши потун мурам»-ро дар ҳар маврид беҳисоб ба забон меовард. Нақл мекунанд, ки боре ба як пазироӣ бачамарде бо бонуи зебояш меояд.

Бурҳон меҳмононро аз номи соҳиби зиёфат пешвоз гирифта, ба зани соҳибҷамол мегӯяд:

– Пеши потун мурам, гузаред...

Бачамард нархи сабзиву пиёзро напурсида, бехи гӯши Бурҳон мушти обдоре мефурорад.

– Пеши потон мурам, чаро маро задед?! – як чашмашро аз дарди ҷонкоҳ пӯшида, нолишомез мепурсад Бурҳон.

– Барои чӣ ба зани ман «пеши потун мурам» гуфтӣ?

– Пеши потун мурам, ман ин гапа доим ба ҳама мегӯям, – бо алам менолад Бурҳон. – Барои ҳамин ҳам одама зада мекушед?

Раҳ ба раҳ донишмандону адибону ҳунармандони ин қаламрав Эшони Муфтӣ, (мутахаллис ба Аҳмад Маҳвӣ) писарашон Мирзо Аҳмадов, Усмон Олим, Мулло Боқӣ, Карим Абдулов, Мирзо Шакурзода, Ҷумъабой Сангинов, генерал Неъматҷон Сангинов, Усмон Назир, Муҳаммадзамони Солеҳ, Мирзо Боқӣ, Қувватбек Давлат, Муродбек Насриддин,

Лола Азизова ва дигаронро ба ёд меорем. Вале ҳасрати Раҷабмаҳмад ҳамеша дар ҳама ҷо нарасидани дӯсти айёми донишҷӯияш Лоиқ аст. Ӯ хумории суҳбати устод буданашро пайваста таъкид мекунад ва аз он ки дар бораи рафторҳои шоиронаи ӯ гап мекушоянд, ҳаловат мебараду таскин меёбад. «Барвақт рафт Лоиқ, о барвақт рафте! Ҷояш холист… дар ҳама ҷо…», – бо ҳасрат мегӯяд Ҳоҷӣ ва ба ёд меорад, ки солҳои ноободии кӯҳистон бо Лоиқу Сорбону Ҳақназар Ғоиб пиёда ба болооби Масчоҳ сафар карда буданд.

– Лоиқ бо телефон гуфт, ки як касро мехоҳам ҳамроҳ бигирам. Мисли худамон аст, лекин аз Кӯлоб, – бо қоҳ-қоҳ нақл мекунад Ҳоҷӣ. – Пурсидам: Кист? Ҷавоб дод, ки Ҳақназар Ғоиб. «Ошнои худамон будаст-ку, биёраш» гуфтам. Омаданд. Роҳ мушкил, баъзан аз хастагӣ маҷоли пеш рафтан надоштем. Ана дар ҳамин ҷо як боғи бузурги зардолу, тут, гелосу олуча, себу санҷид мавҷуд буд, – нақл мекунад Раҷабмаҳмад ва бо таассуф меафзояд: – Бубинед, Зарафшон девонавор дамида, он боғро чунон кандаву лесида бурдааст, ки нишонаш ҳам намондааст… Лоиқ ба таги як дарахти зардолу расида, ба он такя карда «нафас рост мекунам» гуфт. Баъди чанде дар ҳамон ҳолат ба ҳар кадоми мо нақше супорид: яке реша шуду дигаре тана, сеюмӣ шох шуду чорумӣ барг. Байни ин «қаҳрамонҳо» ӯҳдадорӣ ва мусобиқаи сотсиалистӣ оғоз ёфт ва ҳар «қаҳрамон» дар бораи аҳамияти бузурги ҳаётбахш доштани фаъолияти худ барои ҳастии дигарон ҳисобот дод. Баҳси аҷибе авҷ гирифту хастагии моро аз ёд бурд.

Раҷабмаҳмад домоди баиззати мадрушкатиҳост. Чун аз Пастиғав баромадем, ӯ эълон кард:

– Акнун мизбонӣ бар дӯши хешони зани ман аст. Шумо медонед, ки хешони занро ранҷондан чӣ хатаре дорад? Чанд рӯз боз онҳо моро интизоранд: пайи ҳам занг мезананду ҳой мегӯянд.

Ҳоҷӣ бисёр мекӯшад, ки мо аз рӯйи аҳд ба ҷойи таъиншуда бирасем. Аммо, ба қавле сухани хона ба бозор рост намеояд. Ҷавонмардони масчоҳӣ – ёрони Раҷабмаҳмаду пайвандони ҳамсари ӯ бо усулҳои ғайричашмдошти меҳмоннавозӣ нақшаҳоро дар нимароҳ мешикананд. Ва инак, баъди гардише сари пул чанд тан бо лаби пурханда пеши роҳро мебанданд.

– Фидои номтун шавем, дар қадамотун садқа, – мегӯянд баъди салому ҳолпурсӣ ва ба ҷойи оростаашон – гилему дастархони болои суфасанги байни душоха рӯд ишора мекунанд.

– Билло, ки дар ин хел ҷойи нозанин даме нанишаста гузаштан, гуноҳ, куфрони неъмат мешавад, – мегӯяд Гулназар бо хушҳоливу табассум.

– Воқеан манзараи шоирона, – сухани ӯро об медиҳад Саидилҳом. – Покии обу садои гӯшнавози рӯд ва боз ин насими форам доруи беҳамтост.

– Фис-фис накарда, зудтар, гузаред, – бо табъи болида амр медиҳад Ҳоҷӣ ва бо эҳтиром Қурбон Тӯраевро ба сӯйи тахти сангин ҳидоят менамояд. Мо бо эҳтиёт ба харсангҳо по мондаву ҷаҳида, ба «тахт», ки байни ду шоха оби рӯди Яхак, ки табиат гӯё онро маҳз барои нишастану фароғати инсон бунёд кардааст, мерасем. Ду тараф кӯҳҳои баланд ва домони ин кӯҳҳоро то чашмрас бо рангҳои пурҷилову ҷаззоби барги буттаву дарахтон гӯё наққоши чирадасте бо мӯқалами ҳафтранг зиннат додааст.

Шоҳкори беназири тасвирии табиат! Аз фарози дара рӯди зулоли Яхак бо ҳазорон «ғазалу тарона» сарозер меояд.

Манзара ва «тахт»-и мо воқеан афсонавист. Танҳо нурҳои тезу сӯзони офтоби тирамоҳ мо, шаҳриёни нозуку соядӯстро ба танг меорад.

– Дар қадамотун ҷунам, – шикваи моро аз тезии офтоб шунида бо истеҳзо мегӯяд Ҳоҷӣ, – билло шумоҳон не тоқати офтоба дореду не аз сояро… Ҳунаратун фис-фис насиҳат…

Дар ин маврид шираи гуфтору зарофат ва бори маънии маталу гӯйишҳои зебои мардуми Масчоҳро махсус зикр кардан мехоҳам. Пиру барно махзани зарофатанд ва бе ташбеҳу истиора ва лутфу истеҳзо ҳарф намезананд. Чанд намуна аз хирвори маталҳои ин диёр:

1. Аз пойи ланг чӣ сайру аз чашми гурусна чӣ хайр? 2. Агар зана ба ихтиёри худ монӣ, арзана дар тирамоҳ мекорад. 3. Ба хонае, ки баҳс омад, наҳс омад. 4. Гиряи бамаврид беҳ аз хандаи бемаврид. 5. Дар рӯзи ид зану дар рӯзи борон асп нагир. 6. Дӯсти шӯ – то ҷастани ҷӯ. 7. Шалғами пухта беҳ аз нуқраи хом. 8. Шӯ (шавҳар) маро занад, ман хамбаи ордро.

Ба ҳар ҷое мерасем, одамони пиру миёнаумр дарҳол Қурбон Тӯраевро, ки бисту панҷ сол пеш чун роҳбари аввали ноҳия дар лаҳзаҳои мушкил ба имдоди мардуми кӯҳистон расидааст, мешиносанд ва бо эҳтирому ихлоси хосса ба ӯ муносибат мекунанд. Шумо, мегӯяд яке, бо чархбол омада рамаву чӯпонҳоро аз байни тарма раҳондед. Дигаре, чашмонаш аз вохӯрии ногаҳонӣ рахшон, қисса мекунад, ки биноҳои мактабу шифохонаи дар замони шумо сохта ҳанӯз ободанд. Сохтмони пул аз болои Зарафшон осон набуд, ба суҳбат шарик мешавад cеюмӣ. Ман дар маҷлисе, ки маслиҳати кандани канали бузургро ба миён гузоштед, иштирок доштам, – ба суҳбат мепайвандад чорумӣ. Ва сари Қурбон Тӯраев аз ин самимияти мардум гӯё ба осмон мерасад.

Охир одамон ӯро фаромӯш накардаанд; ба хидматҳояш пас аз солҳои зиёд арҷ мегузоранд. Ин шараф аст. Аз ин зиёд ба ӯ чӣ лозим? Мо роҳбарҳоеро медонем, ки ҳатто ҳангоми дар сари қудрат будан ба сабаби муомилаи дурушту рафторҳои зишт, худписандиву баднафсӣ ба нафрати мардум гирифтор мешаванду баъди аз вазифа рафтан ба саломи атрофиён мӯҳтоҷ мегарданд. Гулназар низ муносибати нарму пурҳаяҷони мардуми Масчоҳро бо Қурбон Тӯраев дида, мегӯяд: «Кам дидаам роҳбареро, ки аз мансаб раваду ба ӯ мардум рӯйи хуш нишон диҳанд. Бубинед, ба Қурбон Тӯраев одамони одӣ чӣ хел самимӣ муомила мекунанд».

– Ҳар кас аз кору аъмоли худаш мебинад, – мегӯяд Саидилҳом ва андешаманд меафзояд: – Акаи Қурбон вақти ба зини мансаб нишастан пешомади аз асп фуромаданро ҳам фикр кардаанд…

Қурбон Тӯраев дӯсти айёми донишҷӯии Раҷабмаҳмад аст: ҳарду ҳам бузургҷусса, дидадаро, ҷавонмардпеша. Вай роҳбари чанд ноҳияю вазир ҳам буд. Алҳол дар сояи давлати пирӣ фароғат дорад. Зимни суҳбатҳо дар хусуси решаи дӯстии бобову падараш бо паҳлавонон ва шахсиятҳои маъруфи масчоҳӣ дар асри гузашта бо ифтихор нақлҳои аҷибе мекунад ва ман аз гуфтаҳояш дармеёбам, ки тамкину дурандешӣ ва фарҳанги миллатдӯстии ӯ мероси бобову падари бузургвораш мебошанд.

– Инсонҳои баинсофу дурандеш, – мегӯяд ӯ, – дар мушкилтарин солу шароит дасти ҳамдигарро мегирифтаанд, ба дили якдигар роҳ меёфтаанд, шинос, хешу табор ҳам мешудаанд. Ман маънии зебоии ҳаёти инсонро дар ҳамин мебинам, – Қурбон Тӯраев каме ба андеша меравад, сипас нақл мекунад: – Як замон, солҳое, ки роҳҳо сад маротиба аз ин мушкилтар буданд, мардони масчоҳӣ аз ағба гузашта, барои кору зарурате ба шаҳрҳо мефаромаданд, баъзеҳошон меҳмони хонадони мо ҳам мешуданд.

Вай номҳои зиёдеро, ки дар зеҳни бачагиаш нақш бастаанд, бо деҳаҳояшон ба забон меорад, онҳоеро, ки кайҳо дар қайди ҳаёт нестанд, ба некӣ ёд мекунад. Ҳамнишинҳоямон изҳор медоранд, ки фалониҳо набера ва ё фарзандони онҳо мебошанд. Қурбон Тӯраев аз ин бозёфт ба ваҷд меоянд.

– Дар ҳақиқат, кӯҳ ба кӯҳ нарасад, одам ба одам мерасидааст, – бо мамнуният мегӯяд ӯ. – Бубинед, мо меҳмони масчоҳиҳо ҳастем, аз дастархони пурнеъматашон нону намак мехӯрем, – ӯ даме сар ба сукут меафканад, сипас бо табассуми роздор ба мо чашм давонда, ҳарфи дил ба забон меорад: – Як сабаби ба рӯзҳои сиёҳу бадбахтӣ дучор шудани миллати мо ҷудоӣ аз ҳамдигар, нашинохтани якдигар, дӯстро аз душман фарқ накардан, масъулияти бузурги миллату ватандориро ҳиc накардан будааст. Ман ба сари ин хулосаи талху дилхарош рӯзҳои мудҳиши кашмокашу ҷудоиандозӣ, дасисаангезиву садрӯягӣ дар вилояти собиқ Ленинобод омадам. Як одамҳое, ки тамоми умр давлату савлаташон аз роҳбарӣ буд, якбора ниқоб аз рӯй гирифтанд: каси ношинос шуданд; ба дойраву нағоразании бегонагон, бадхоҳони миллати мо чунон «рақсидану ғазалхонӣ» оғозиданд, ки дар ҳайрат мондам. Даъвову бешармиҳои рӯйрост, мисли гумроҳиҳои даврони аввали инқилоби сурх, ки аз саҳифаҳои таърих мехонему дуди оҳамон ба фалак мепечад.

О фарзанди тоҷик, сокини Тоҷикистон ба хотири кадом подошу ваъдае ба зарари давлату миллати худ овоз баланд мекунад?! Байни мардум дасиса меангезад, одамонро гумроҳ месозад, ба осиёи бадхоҳон об мерезад. Ана дар чунин вазъияти ногувор осон набуд ҷилави давлатро ба даст гирифтану миллати парешон, аламзадаву роҳгум ва дудиларо сарҷамъу оштӣ кардан ва боз ба ин рӯзу солҳои нек, оромиву сулҳу ваҳдат расидан. Ин хидматро Президенти мо

Эмомалӣ Раҳмон бисёр хуб ба ҷо овард. Аз ин ҷиҳат ман доим дар ҳама ҷо ба Президентамон Эмомалӣ Раҳмон офарин мегӯям, – мегӯянд бо ҳарорат Қурбон Тӯраев ва ба чеҳраи ҳамнишинон озмоишкорона менигарад. Шояд ӯ мехоҳад фаҳмад, суханҳояш, ки ба нӯшбод шабоҳат доранд, ба ҳамнишинон таъсире карданд ё не. Ва ӯ андешаҳояшро бо мисолҳои заминитар ҷамъбаст кардан мехоҳад. – Бародар чанд сол аз бародари худ дур ва ҷудо зиндагӣ кунад, бегона мешавад… Ҳаққи гапа гӯям, мардуми мо худсарона ва пароканда мезист, аз ҳоли якдигар чандон бохабар набуд.

Тинҷиву осудагист, ки мо бо дили пур ба кӯҳистони Масчоҳ омадем. Бубинед, сари ҳар қадам ба инсонҳои наҷиб, ватанпараст, олиҳиммату бамеҳр, табиати нотакрор, ободиву созандагӣ рӯ ба рӯ мешавем. Магар ин бад аст? Чаро ман ин макону ин мардуми олиҷанобро дӯст надорам?

– Дуруст мегӯед, – ба суҳбат шарик мешавад Гулназар ва меафзояд: – Ҳамин ноҳияи кӯҳистони Масчоҳ ба шарофати

Истиқлол дубора таъсис ёфт. Саропо нообод, аз назар дур буд. Табиату диёри зеборо ҳам инсони ғамхору заҳматкаш шукӯҳ мебахшад. Бубинед, бародарони масчоҳӣ деҳаҳои хурди пеш назарногири бобоиро чи хел ба шаҳракҳои озодаву сарсабз табдил додаанд. Офарин!

– Созандагиву ободонӣ дар водии Рашту вилояти кӯҳистони Бадахшон, умуман дар саросари мамлакат чунон ривоҷ ёфт, ки беҳисоб, – андешаи Гулназарро қувват бахшид Саидилҳом. – Дар дуртарин деҳаҳо бунёди мактабҳои замонавию бунгоҳҳои тиббӣ касро шод мегардонад. Бақои миллат тани солим доштану илму дониш гирифтани фарзандон аст. Давлат ҳамин хел шароит муҳаё бикунад, рафтарафта маърифату вазъи иқтисодии мардумамон беҳтар мешавад.

Суҳбат гарм, манзараҳо дилкаш, мизбонон меҳрубон, хон пурнеъмат аст. Росташ, ки аз ин макони афсонавӣ дил кандан ҳам осон нест. Вале Ҳоҷӣ дам ба дам ба соат менигарад ва ғур-ғур мекунад: «фис-фиса кам кунед, давоми суҳбат дар роҳу ҷойи дигар!»

Мошини мо ба боло, сӯйи деҳаи Лангар меравад. Профессор Саидилҳом баъди аз Пастиғав баромадан ба манзараҳои атроф ва ҳар як деҳа бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Ба иқрори худаш вай аз Пастиғав болои кӯҳистони Масчоҳро бори аввал мебинад. Саидилҳом аз рӯйи касб бештар ба ҳолати муассисаҳои тандурустии ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳузури мутахассисон, рушди мактабу маориф эътибор медиҳад ва дар ҳар нишасту суҳбат мекӯшад, ки диққати масъулонро ба андӯхтани маърифати тиббии мардум, донишандӯзии ҷавонон ҷалб намояд.

– Агар фарзандони болаёқати худатон, – мегӯяд ӯ, – ҳатто аз рӯйи квотаи президентӣ рафта, донишгоҳи тиббиро рӯякӣ не, бо хониши хубу аъло хатм бикунанд, аз байнашон табибони хуби амрози занона, бемориҳои гурдаву ҷигар, ҷарроҳони тавоно пайдо мешаванд. Онҳо чун мутахассис ба диёри худ бармегарданду бисёр масъалаҳои ташвишовари тиббу табобат аз байн меравад. Худи табиати кӯҳистон шифобахши беминнат аст, танҳо маърифати тиббӣ мебояду мутахассис.

Андешаҳои профессор ҷон доранд. Насли калонсоли пизишкони мактабдидаву соҳибтаҷриба, мутаассифона бо мурури замон сол ба сол кам мешаванд ё бар асари заъфи пирӣ нафақахӯр шуда, худро аз фаъолият ба канор мекашанд. Дар ин маврид ворису ҷойгирҳои сазоворе мебояд, ки хидмату заҳмати онҳоро ба дӯш гиранд. Яъне, гап сари ҳам дуруст интихоб кардани касб аз ҷониби наврасон, ҳам ҷавонони болаёқату сазоворро аз рӯйи квотаи президентӣ ба таҳсил фиристондан меравад.

– Онҳоеро аз рӯи квота ба донишгоҳҳо фиристед, ки ба касби интихобкардаашон ошиқу содиқ бошанд, – таъкид мекунад Саидилҳом, – аз мушкилоти таҳсил наҳаросанд…

Ман ин нуктаро барои он зикр мекунам, ки вақте беморе ба табобатхонаи мо аз ҷойҳои дурдаст меояд, аллакай аз по афтодааст, дардаш кӯҳнаву дармоннопазир шудааст. Дардмандон агар маслиҳат ва ё то ҷое табобати табибони касбиро бигиранд, ба он дараҷа ба ҳоли бад намеафтанд.

Лангар дар тарафи офтобрӯйи Масчоҳ ҷойгир асту чун деҳаҳои поёноб шабеҳи боғзорест сарсабз. Вале манзиле, ки мо ба он ворид мешавем, бемуҳобо метавон онро як гӯшаи биҳишт дар рӯйи замин ва ё рашки ҷаннат номид. Дар як пора замин тамоми анвои сабзавоту зироат: пиёзу гашнич, ҷаъфариву сабзӣ, ҷӯякҳои караму картошка, дарахтони себу нок, шоҳтуту зардолу, олучаву гелос, биҳиву чормағз ҷой доранд. Дар пои ин ниҳолон як банд оби равон ҷорист ва боз гирдогирди ин киштаҳо гулҳои рангоранги шукуфон касро ба таровату покӣ мисли чеҳраҳои кушоди соҳибонашон пешвоз мегиранд. Ин дарахтонро марди хушзавқу дурандеши хона Устофайзулло басо батартиб дар ҷойҳое шинондааст, ки бар зарари дигар зироатҳо соя наафкананду ба сабзиши онҳо халал нарасонанд. Воқеан дар кӯҳистон замин қадри зарро дорад ва ҳар ваҷаби он баҳисоб гирифта мешавад. Оби зулол фаровон, лекин аҳсант ба онҳое, ки аз ин сарвати худодод ана ҳамин хел оқилона истифода мебаранд.

Мо аз пайроҳаи борикак таг-таги шохаҳои пурмева, нодиртарин навъҳои себ, – агар чашми бино дорӣ, мегӯям дар дил, ин мӯъҷизаҳои табиатро хубтар тамошо бикуну ҳаловат бибар, ки баъд дар дилат ормону ҳасрат намонад, – гузашта ба кунҷи боғ мерасем ва аз палаҳои дасти чап баромада, ба даҳлези барқад ворид мешавем.

Яккандозҳо густурда, хон бо неъматҳои фаровон ороста.

Ин табъи Ҳоҷиро хуш мегардонад ва дарҳол бо ибрози «дар ному пеши потун мурам» ба пазироии аз таҳи дили худованди хона арзи сипос менамояду хастагияшро ба боди фаромӯшӣ супорида, марди чорпаҳлу ва оромтабиатро ба мо мешиносонад.

– Устофайзулло корманди ҳифзи иҷтимоии ноҳия аст.

Беҳтарин ҷавонмард, – мегӯяд Раҷабмаҳмад ва пеш аз он, ки худро биситояд, механдад. – Шумо медонед, ки ман ҳар каса писанду таъриф намекунам, лекин Устофайзуллоро ҷони одам гӯям, муболиға намешавад. Дар роҳ огоҳатон кардамку: ин Устофайзулло боҷаи бачаи кампир – профессор Урватулло Тоиров асту ҳамсараш хоҳарзодаи зани ман…

Дар радаи дарахтон як ниҳоли себ, ки меваҳои рахшонаш мисли коса гирд ва калон-калони ҳайратовар буданд, диққати Қурбон Тӯраевро бештар ҷалб кард. Вай тааҷҷубомез ба дарахти пурмева нигариста гуфт:

– Ман бисёр навъҳои себро медонам, лекин ин хелашро бори аввал дидам. Бовар кунед, мӯъҷиза аст… Аз куҷо як ниҳолашро биёбам?

– Ба Шумо як ниҳол сабзонда мефиристам, вале пас аз як сол, – андешаманд посух дод Устофайзулло ва афзуд: – Ин ниҳоли себ бо усули хоси дупайванда ҳосил шуд, дар чанд сол… Ҳар кас дар зиндагӣ ишқе дорад. Ман ошиқи пайвандгарӣ ҳастам. Ба танаи дарахтон зеҳн монед, ғурми ду-се пайвандро мебинед…

Дар баробари низоми хуби боғ, хонаву истифодаи замин боз як чизи дигар диққати маро ҷалб кард. Ин ҳолат вақте рух дод, ки барои каме ёзидану дам гирифтан Усто дари ҳуҷраи дарунро кушода, моро ба он даровард. Эҳа, манзара тамоман дигар ва ба дили мо наздиктар будааст: ҳуҷраи ғайримаъмулии қадимасохт, сутунҳои чортарошу болорҳояш аз чӯби бурс, вассаҳо бо салиқаи хос чидашудаву рангмолида. Ва боз бари чор девори ин ҳуҷраро ҷевонҳои худсохти пуркитоб оро медиҳанд. Ана ин гапи дигар. Хастагиро фаромӯш мекунем. Ва дармеёбем, ки созандаи ин хона ҳунар ва дасту панҷаи хуби устоӣ ва завқу маърифати китобдӯстӣ ҳам доштааст.

– Ин ҳуҷраро худатон сохтаед? – мепурсам аз мизбон.

– Не, – нарм посух медиҳад ӯ ва бо табассум меафзояд: – Ин ҳуҷра мерос ва нақши дасти бобову падар аст.

– Наход? Чи хел нағз! – мегӯям ва панҷа ба як сутун мениҳам. Воқеан дар кӯҳистон замонҳои пеш ҳангоми бунёди хона бештар чӯби заранг, бурс ва фаркро истифода мебурданд, зеро сахтанду бобақо.

– Падарам, худораҳматӣ, ҳавасу ҳунари чӯбкорӣ доштанд, – бо овози нарм мегӯяд Устофайзулло.

– Ин ҳуҷраро баъди аз водӣ баргаштан аз нав сохтед?

– Не, асли пешинааш ҳамин аст, ки Шумо мебинед…

– Вақти кӯчондан хонаҳоро накандед?

– Не, дасту дили мӯйсафед нашуд. Охир лонаи гунҷишкро ҳам вайрон кардан осон нест. Ба дар қулф, ба тирезаҳо чӯбу мех заданду ба умеди бозгашт рафтанд.

– Ва касе вайрону ғорат накард?

– Не… сад шукр, ки не… Ҳар тобистон онҳое, ки молҳояшонро чарондан меоварданд, хабар мегирифтанду муждаи ободиашро ба мӯйсафед мебурданд…

Ба ростӣ, дидани ин ҳуҷраи қадимасохти бобоӣ ва нақли Устофайзулло маро дар шигифт мегузораду шод мекунад.

пешина
аз 23
навбатӣ