АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.
зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Равандҳои инноватсионии педагогӣ хеле дертар – аз охири солҳои 50 -ум дар Ғарб ва дар даҳсолаи охир дар мамлакати мо мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтанд. Инкишофи инноватсияи педагогӣ дар Тоҷикистон бо пешрафти педагогикаи миллӣ алоқаманд аст. Дар давраи камолоти сохтори шӯравӣ зарурати рушди мактабҳо ва гирифтани маълумоти фаврӣ ба миён омад. Аммо аз сабаби норасогии кадрҳо дар соҳаи фаъолияти педагогӣ ин равандҳо хеле суст амалӣ мегарданд. Бо вуҷуди ин, маҳз дар ҳамон давра истифодаи ҳама чизи нав табиати оммавиро гирифт.
Аз ҷумла, давраи гузариш ба муносибатҳои нав дар бозор ва истеҳсолот як қатор саволҳоро дар бораи зарурати роҳнамоҳои нав ба миён овард, ки ба инсон имкон медиҳад, то ба падидаҳои ғайричашмдошти намудҳои гуногуни фаъолият бомуваффақият эътино намоянд. Тавре Л. C. Подимова қайд мекунад,
“Инноватсияҳои педагогӣ аз ҷараёнҳои ба ин монанд дар соҳаҳои дигар пеш аз ҳама бо он фарқ мекунанд, ки объекти таъсир шахсияти хонанда мебошад, аз ин рӯ, ҳама гуна навовариҳои педагогӣ бояд маҳз ба такмили раванди ташаккули ҳамин шахсият равона карда шаванд".
Ба ақидаи коршиносон, дар солҳои наздик рушди технологияҳои нави инноватсионӣ боиси он мегардад, ки ҳар як коргар ба дониши мувофиқ ба маълумоти олии ба худаш мувофиқ ниёз пайдо намояд. Аз ин рӯ, ҷомеаи муосири иттилоотӣ дар назди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вазифа мегузорад, ки мутахассисони дорои қобилиятҳои зеринро дар низоми фосилавӣ омода намояд:
- мутобиқ шудан ба тағйирёбии ҳолатҳои ҳаёт, мустақилона гирифтани дониши зарурӣ ва истифодаи бомаҳорат дар амал барои ҳалли масъалаҳои ба миён омада;
- ба вазъиятҳои тағйирёбандаи ҳаёти ҷамъиятӣ мутобиқ гардонидани хеш, мустақилона бо роҳи худомӯзӣ ҳосил намудани донишҳои зарурӣ, моҳирона онҳоро ҷиҳати ҳалли душвориҳои гуногуни касбӣ истифода намуда тавонистан;
- доштани нуқтаи назари танқидӣ, мушкилотро дар воқеияти атроф дида тавонистан ва бо истифода аз технологияҳои муосир роҳҳои оқилонаи ҳалл намудани онро пайдо кардан;
- оқилона бо иттилоот кор карда тавонистан (маҳорати ҷамъоварии далелҳои барои ҳалли мушкилоти муайян зарурӣ, таҳлили онҳо, пешниҳоди фарзияҳо, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур ноил будан, хулосаҳои зарурӣ бароварда, маводҳои омориро таҳлил намуда, хулосаҳои асоснок барорад, натиҷаҳои бадастомадаро барои муайян намудан ва ҳал кардани вазифаҳои нав ба кор бурда тавонад);
- мустақилона дар самти рушди ахлоқ, маънавиёт ва сатҳи фарҳангии худ кор бурда тавонанд.
Ҳамин тариқ, самти стратегии рушди низоми таълим дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон – ин рушди зеҳнӣ ва ахлоқии шахс дар асоси ҷалби ӯ ба фаъолияти гуногуни мустақилона ва мақсаднок дар соҳаҳои гуногуни дониш мебошад.
Раванди таълими инсони муосир дар муассиаи таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ хотима намеёбад. Он ҷараёни муттасил (доимӣ) мебошад, ки амри замони муосир мебошад.
Аз ин рӯ, дар айни замон, ин талабот на танҳо ба таҳсили рӯзона, балки ба таҳсили фосилавӣ, ки дар заминаи технологияҳои муосири иттилоотӣ асос ёфтааст, низ ба назар мерасад. Ин технологияҳо шаклҳои нави муоширати инфиродиро ба вуҷуд меорад: имрӯз ҳар як шахси ба Интернет пайвастшуда метавонад бо ҳамкорон ва дӯстони худ ба осонӣ дар ҳама нуқтаҳои дунё муошират кунад ва ин алоқа нисбат ба алоқаи анъанавии телефонии байналмилалӣ хеле арзонтар аст.
Технологияҳои нави иттилоотӣ ба ҳамагон дастрасӣ дошта, ба ганҷинаҳои илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ - бузургтарин осорхонаҳо ва китобхонаҳои ҷаҳон, оҷонсиҳои иттилоотӣ ва нашриётҳо, ба ҳама гуна китобҳо, рӯзномаҳо, маълумотномаҳо шиносоӣ пайдо намуданро имконпазир мегардонад. Таҳсил дар шакли фосилавӣ бо истифодаи иртиботи электронӣ ҷаҳонбинии донишҷӯён ва доираи алоқаҳои онҳоро ба таври назаррас васеъ намуда, хусусиятҳои инфиродии онҳоро ба назар мегирад. Барои азхуд кардани дониш маҳорат ва малака имкониятро фароҳам меоварад.
Дар таҳқиқотҳои мазкур воситаҳо ва шароитҳои дидактикии фаъол гардонидани раванди таълим дар таҳсилоти фосилавӣ аз нуқтаи назари омӯзиши проблемавӣ, суръатнок (интенсивӣ), компютерӣ, афзоиши ҳиссаи кори мустақилонаи донишҷӯён аз ҷиҳати назариявӣ ва илмӣ-методӣ асоснок карда шудаанд.
Имрӯз ба нерӯ ва қудрати ҳар як давлат – аз рӯи захираи зеҳнӣ ва фазои мусоиди иттилоотӣ баҳо медиҳанд. Дар замони мо барои татбиқи талаботҳои инноватсионии таълим дар таҳсилоти фосилавӣ имкониятҳои зиёди техникӣ мавҷуданд, аммо телеконференсия, истифодаи почтаи электронӣ баланд намудани сатҳи тахассусро талаб мекунад. Дигаронаш, масалан, муколама байни омӯзгор ва донишҷӯён ва амсиласозӣ (моделсозӣ)-и бозӣ, ба дараҷаи кофӣ ба раванди таълим мутобиқат карда наметавонад. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои асосии низоми таҳсилоти бетанафус буда, ба амали намудани ҳуқуқи инсон ба таҳсил ва гирифтани ахбор мансуб мебошад.
1.2. Намуд ва шаклҳои таҳсилоти фосилавӣ дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешрафти илмӣ-техникӣ ва таъсири он ба тамоми ҷабҳаҳои ҷомеа муосир боиси тағйироти назаррас рӯй додан дар низоми маорифи ҳамаи кишварҳои пешрафта гардид. Техноинфрасохторҳои хусусиятҳои соҳаи муосири таҳсилотро, аз қабили мустақилияти нисбӣ аз муҳити ҷуғрофӣ ва манфиатҳои ҷомеаҳои касбӣ, ки муассисаҳои таълимӣ онҳоро тавассути таълими кадрҳои ҷавон ва бозомӯзии кадрҳои кӯҳна муайян мекунад. Таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар айни замон дар раванди мутобиқшавӣ ба тағиротҳои дар ҷомеа рухдиҳанда қарор доранд.
Дар ҷаҳон аллакай таҷрибаи бой дар соҳаи татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ захира гаштааст. Масалан, мувофиқи маълумоти оморӣ дар ИМА зиёда аз 1 миллион нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд.
Донишгоҳи Миллии Технологии ШМА дар ибтидои солҳои 90-ум дар омодагии ҳамаҷонибаи донишҷуён фаъолона ширкат варзида, зиёда аз ҳазор донишҷӯро барои соҳиб гаштан ба дараҷаи магистр таъмин намуд, ки таълими онҳо аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои таҳсилоти фосилавӣ вобаста мебошад.
Дар кишварҳои пешрафта таҳсилоти фосилавӣ на танҳо дар доираи низомҳои миллии таҳсилот, балки дар дохили ширкатҳои алоҳидаи тиҷоратӣ низ, ки диққати асосиро ба омӯзиш дар соҳаи тиҷорат равона месозанд, рушд мекунад. Ин бузургтарин ҳолдингҳои ҷаҳон ба монанди General Motors, Ford,
IBM ва дигарон мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо, лоиҳаҳои онҳо аз бисёр ҷиҳат аз барномаҳои давлатии таълимӣ пеш мегузаранд.
Вазъи иҷтимоию иқтисодии низоми таҳсилоти Тоҷикистон тавре ба роҳ монда шудааст, ки таълими анъанавӣ талаботи донишҷӯёнро ба хизматрасониҳои таълимӣ қонеъ карда наметавонад, зеро одатан муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои калон мутамарказ шудаанд. Бисёр категорияҳои одамон воқеан ба сатҳи хуби таҳсилот ниёз доранд, аммо онҳо имкони таҳсил дар шӯъбаҳои рӯзонаи донишгоҳҳоро надоранд. Инҳо одамоне мебошанд, ки дар минтақаҳои дурдаст ва камаҳолӣ зиндагӣ мекунанд, шахсони дорои баъзе маҳдудиятҳои ҷисмонӣ, шахсони низомӣ, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати ҳарбиро адо менамоянд мебошанд.
Аз тарафи дигар, комилан возеҳ аст, ки дар ҷаҳони муосир барои шаҳрвандон шароитеро муҳайё намудан зарур аст, ки ҳар чи бештар тавонанд маълумоти олӣ гиранд ё ихтиссосу тахассуси хешро иваз намоянд. Ягона роҳи раҳоӣ аз ин мушкилот ҷорӣ намудани усулҳои алтернативии таълим мебошад.
Таҳсилоти фосилавӣ яке аз чунин усулҳо ба шумор меравад.
Соли 2017 Консепсияи таъсис ва рушди системаи ягонаи таҳсилоти фосилавӣ дар Тоҷикистон қабул карда шуд. Аз он вақт инҷониб, ҳар сол шумораи муассисаҳои таълимии ба он ҷалбшаванда босуръат меафзоянд ва айни замон тақрибан 35 донишгоҳ ва донишкада ба чунин шакли таълим гузаштаанд. Инро шарҳ додан осон аст, зеро хусусиятҳои фарқкунандаи таҳсилоти фосилавӣ, пеш аз ҳама, чандирӣ, самаранокии иқтисодӣ ва назорати махсуси сифати дониш мебошад.
Барои рушди таҳсилоти фосилавӣ дар Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомот ва шуъбаи махсуси дахлдор таъсис дода шудааст. Инчунин дар як қисм донишгоҳ ва донишкадаҳо факултаҳои таҳсилоти фосилавӣ низ ташкил шудааст.
Дар маҷмӯъ, якчанд амсилаи таҳсилоти фосилавиро ҷудо кардан мумкин аст, ки бо хусусиятҳои технологияҳои истифодашаванда, инчунин дараҷаи идоранамоӣ ва масъулияти омӯзгор ва донишҷӯён фарқ мекунанд:
- амсилаи синфи тақсимшуда ҳангоме истифода мешавад, ки технологияҳои интерактивии телекоммуникатсионӣ фанни таълимӣ барои як синф ё худ ба гурӯҳҳои донишҷӯёни дар ҷойҳои гуногун қарордошта пешбинишуда паҳн карда шаванд. Варианти бештар қобили қабул – ин синфи омехта мебошад, ки донишҷӯёни гурӯҳҳои анъанавӣ ва фосилавиро муттаҳид мекунад. Дар ҳолати мазкур муассисаи таълимӣ ва деканат дар донишгоҳ ва донишкадаҳо давомоти донишҷӯёнро назорат мекунанд;
- амсилаи худомӯзӣ донишҷӯёнро аз зарурияти дар ҷойи муаёян ва вақти муайян ҳатман ширкат намудан озод менамояд. Донишҷӯён бо маҷмӯи маводҳо, ки матни фанни таълимӣ ва барномаи муфассали онро дар бар мегирад, таъмин карда мешаванд. Онҳо метавонанд бо корманди факулта, ки корҳои таълимиро роҳнамоӣ мекунад, ба саволо ҷавоб муроҷиат намуда ва корро арзёбӣ мекунад, муроҷиат кунанд;
- амсилаи таълими кушодаи синф- истифодаи матни чопшудаи лексияҳои фан ва дигар василаҳоро ба монанди видео, дискҳои компютерӣ дар бар мегирад, ки ба донишҷӯён имкон медиҳанд, то курсро бо суръати барояшон мувофиқтар омӯзанд ва ҳамзамон барои ташкили муоширати донишҷӯён дар доираи гурӯҳи фосилавӣ аз технологияҳои интерактивии телекоммуникатсионӣ васеъ истифода намоянд.
Таҳқиқоти мо нишон дод, ки истифодаи ин ҳама амсилаҳо боиси аз нав арзёбӣ шудани арзишҳо дар ҷаҳонбинии омӯзгор мегардад. Гап сари он аст, ки аксари омӯзгорон мутмаинанд, ки сабаби давомоти паст ва натиҷаҳои сусти таълимии донишҷӯён дар нокифоягии дарсҳо дар барномаи таълимӣ мебошад.
Аммо, ин на ҳамеша дуруст аст.
Аксар вақт беэътиноӣ кардани лектор нисбат ба китоби дарсӣ ва ташкили мустақилонаи кори донишҷӯён боиси он мегардад, ки донишҷӯён доир ба фан танҳо дониши сатҳӣ мегиранд. Сабтҳои номукаммали лексияи омӯзгор ягона роҳи супоридани имтиҳон мегардад. Ин шакл бояд иваз карда шавад. Таълими фосилавӣ ба сохтани як сохтори мукаммал ва гуногуни дидактикии раванди таълим ва китобҳои дарсӣ ва васоити таълимии махсус тарҳрезишуда равона гардонида шавад.
Умуман, таҳсилоти муосири фосилавӣ бештар ба омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ равона карда мешавад. Дар раванди таҳсилоти фосилавӣ диққати асосӣ ба кори мустақилонаи донишҷӯён аз рӯи маводи таълимӣ дода мешавад, дар ҳоле ки дарсҳои аудиторӣ дар ин раванд танҳо нақши ёрирасон доранд.
Аммо таълим ва бозомӯзии кулли довталабон дар заминаи технологияи классикии таълим ғайриимкон аст, бинобар ин тасодуфӣ нест, ки дар даҳсолаи охир шумораи донишҷӯён дар технологияҳои ғайримуқаррарӣ нисбат ба шумораи донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва шабона меафзуд.
Ин бештар ба сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи маориф вобаста аст.
Он асосан аз густариши имкониятҳои ба даст овардани маълумоти олии касбӣ ва баланд бардоштани дастрасии таҳсилот барои оммаи васеъ, аз ҷумла тоҷикони бурунмарзӣ вобастагӣ дорад. Ҳамаи ин, тадбирҳо бешубҳа, боиси рушди технологияҳои таҳсилоти фосилавӣ мегардад.
Таълими фосилавӣ – ин як шакли универсалии таълим мебошад, ки имкон медиҳад, то на танҳо доираи васеи технологияҳои анъанавӣ, балки технологияҳои нави иттилоотӣ ва телекоммуникатсиониро истифода барем.
Технологияҳои нав барои фаъолияти муштараки эҷодии донишҷӯён ва омӯзгорон имконияти васеъ фароҳам меоварад, аммо дар раҳёфти анъанавии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба таълим тақрибан бефоидаанд. Аз "барандаи ҳақиқат" омӯзгорон ба шарикони фаъолияти маҳсулнок табдил меёбанд, дар муносибати омӯзгорон ва донишҷӯён шарики нав – компютер пайдо шуда, ба дигар иштирокчиён имкониятҳои нав фароҳам меорад ва боиси дигаргун гаштани муносибатҳои мавҷудаи байни онҳо мегардад.
Дар ин ҳолат нақши худи омӯзгор ба таври назаррас тағир меёбад. Вай нисбат ба иҷрои вазифаҳои техникӣ бештар ба вазифаҳои ташкилотчигӣ оғоз мекунад. Вазифаи асосии омӯзгор дар ин раванд коркарди дуруст ва оқилонаи раванди таълим мегардад. Дар ин вазъияти иҷтимоиву фарҳангӣ вазифаи таҷдиди соҳаи маориф ва таҳияи технологияҳои нави таълим (бо истифода аз компютерҳо ё бидуни истифодаи компютерҳо) метавонад дар сарҳади таҳқиқоти педагогӣ, психологӣ ва информатикӣ ҳал карда шавад.
Диққати махсусро ба чунин шакли таълим ба усулҳои таълим равона кардан лозим аст, ки ба донишҷӯ имконият диҳад, то фаъолона ба ҷустуҷӯи мустақилонаи маводҳои зарурӣ машғул гардад. Мутаассифона, то ба имрӯз ҷанбаҳои методии технологияҳои иттилоотии таълим бо рушди воситаҳои техникӣ ҳамқадам нестанд.
Маҳз ақибмонӣ дар коркарди мушкилотҳои психологӣ-педагогӣ, хусусияти "ғайритехнологӣ"-и коркардҳои мавҷуда яке аз сабабҳои асосии фарқияти байни имкониятҳои потенсиалӣ ва воқеии технологияҳои иттилоотии таълим (ТИТ) мегардад. Тасодуфӣ нест, ки солҳои охир шумораи корҳо дар ин самт меафзояд, як қатор ҷанбаҳои вобаста ба баланд бардоштани самаранокии раванди таълим тавассути истифодаи технологияҳои фосилавӣ таҳқиқ карда мешаванд.
Ҳоло дар Тоҷикистон таҳсилоти фосилавӣ бо суръати баланд рушд карда истодааст. Аммо ба рушди технологияҳои фосилавӣ сабабҳои барои кишвари мо маъмул – набудани таъминоти моддию техникӣ, норасоии таъминоти компютерӣ, маоши ками омӯзгорон ва амсоли ин монеа мегарданд.
Унсурҳои таҳсилоти фосилавӣ дар мамлакати мо танҳо аз ибтидои асри фаъолона мавриди истифода қарор гирифтанд. Шумораи донишкадаю донишгоҳҳое, ки ба истифодаи чунин усулҳои таълим шурӯъ карданд, хеле босуръат меафзуд. Таҳсилоти фосилавӣ тамоми зинаҳои таҳсилотро, асосан дар самти фанҳои гуманитарӣ, фаро гирифтааст. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мазкур дар тӯли 5 сол натиҷаҳои муайян ба даст оварданд. Таҳсилот хусусиятҳои нави кушодагии бештар, татбиқи муносибати инфиродӣ дар раванди таълимро касб намуд.
Технологияҳои нави иттилоотӣ моҳияти муҳити таълимиро муайян мекунанд. Таҳсилоти фосилавии муосир ба донишҷӯён имкониятро фароҳам меорад, ки субъектҳои маърифатии мустақил бошанд ва муносибати анъанавии миёни омӯзгор ва донишҷӯёнро ба таври назаррас тағйир диҳанд.
Таълими фосилавӣ бо технологияҳои инноватсионии омӯзиш бо истифодаи компютерҳо ва технологияҳои рақамӣ сахт алоқаманд аст. Воситаи муҳими таҳсилоти фосилавӣ барномаҳои таълими компютерӣ ва шабакаҳои телекоммуникатсионии компютерӣ мебошанд. Аммо ба ғайр аз ин, бисёр дигар технологияҳои таълими фосилавӣ мавҷуданд. Баъзеи онҳо ҳанӯз хуб рушд накардаанд, баъзеи дигар мавқеи устуворро дар низоми таҳсилоти кишвар касб намудаанд. Масалан, технологияҳои кейсӣ ва технологияҳои шабакавӣ.
Технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти фарогир, ки дар солҳои охир рушд ва инкишоф ёфтаанд, барномаҳои гипермедиаро дар бар мегиранд, ки ба донишҷӯ имкон медиҳад тартиби азхудкунии маҷмӯи иттилоотро ва инчунин пойгоҳи иттилоотеро, ки тавассути Интернет ва шабакаҳои дигар дастрас намуданд, худаш назорат кунад. Донишҷӯ метавонад ҳатто маҷмӯаҳои интегралии маълумотро идора намояд, ки дер ё зуд ба ӯ имконият медиҳад, то бо курсҳои видеоӣ, маводи аудиоӣ, пойгоҳи иттилоот ва дигар нармафзор мустақиман аз хона ва ё аз ҷои кор пайваст шавад.
Барномаҳои компютерӣ барои раванди таълим ҳама гуна нармафзоре мебошанд, ки махсус барои истифода дар раванди таълим таҳия ва мутобиқ карда шудаанд. Доир ба масъалаҳои педагогӣ ва психологии эҷод ва истифодаи барномаҳои таълими компютерӣ дар таҳсилоти фосилавӣ олимони хориҷӣ (Р. Аткинсон, Ф. Ҷорҷ, Н. Кроудер, М. Линард, Б. Скиннер) олимони рус (А.И. Берг, В.П. Беспалко, Т. В. Габай, В. Я. Ляудис, Е. И. Машбитс, Н. Ф. Тализина, О.К. Тихомиров ) асарҳои зиёде бахшиданд.
Дар илмҳои психологӣ-педагогӣ талаботҳои зерини сохтани барномаҳои таълими компютерӣ таҳия шудаанд: талаботи ташкили пешниҳоди иттилоот, талаботи ташкили заминаҳои самтнамои фаъолияти хонандагон, талаботи ташкили алоқаи баргарданда ва талаботи фаъол.
Талаботи ташкили пешниҳоди иттилоот ба назар гирифтани намунаҳои дарки иттилоот, талабот барои пешниҳоди матнро дар назар дорад. Талаботи ташкили заминаҳои самтнамои фаъолият дар зарурати ташкили се сатҳи самтнамои донишҷӯ – стратегӣ, тактикӣ, оперативӣ ифода меёбад.
Талаботи ташкили алоқаи баргарданда он алоқаи баръаксро дар назар дорад, ки маълумоти зиёдатиро дар бар намегирад. Дар акси ҳол, муносибати расмӣ ба иҷрои амалҳо ва сарбории аз ҳад зиёди каналҳои дарки иттилоот бо тамаркуз ба нуқтаҳои номуҳимми барнома имконпазир аст.
Принсипи фаъолӣ инкишофи мавқеи субъектии донишҷӯён, ворид намудани ҳадафи таълимро ба системаи мақсадгузориҳои онҳо дар назар дорад.
Ин бояд тавассути фароҳам овардани шароит ҷиҳати ташаккули ҳавасмандии маърифатии донишҷӯён, ки ба худи раванди таълим нигаронида шуда, барои иҷрои оқилона ва бошууронаи ҳама амалҳо шароит фароҳам меоварад, таъмин карда шавад. Омӯзиш бояд ба эҷоди амалҳои фаъоли донишҷӯ дар раванди ҳалли масъалаҳои амалӣ равона карда шавад. Дар айни ҳол, зарур аст, ки омӯзиш бо суръате сурат гирад, ки барои донишҷӯ беҳтарин бошад.
Дар таснифи барномаҳои компютерӣ барои раванди таълим равишҳои гуногун мавҷуданд (В.В. Годин, В.В. Захаров, А.О. Кривошеев, А.В. Соловов, Ф.С. Комилиён, Б. Файзализода ва ғайраҳо). Агар ба назар гирем, ки раванди таълимро ба се марҳила – пешниҳод ва омӯзиши маводи таълимӣ, мустаҳкамкунии амалӣ ва арзёбии дараҷаи азхудкунии он ҷудо намудан мумкин аст, пас синфҳои асосии барномаҳои раванди таълимро чунин тасниф кардан мумкин аст:
• барномаҳо барои мураббиён (тюторҳо);
• бозиҳои нақшии корӣ:
• амсиласозӣ;
• муҳитҳои ба мавзӯъ нигаронидашуда;
• тренажорҳо;
• семинарҳои лабораторӣ;
• барномаҳои назоратӣ;
• маълумотномаҳо, пойгоҳҳои иттилоотӣ барои мақсадҳои таълимӣ.
Сохтори барномаҳои тюторӣ ба банақшагирии муфассали пайдарпаии корҳо асос ёфтааст, ки маводи таълимӣ ба онҳо тақсим карда мешавад. Кадрҳо дорои маводи матнӣ ва графикӣ, аниматсия, пораҳои видео буда, онҳоро метавонанд садо (овоз) ҳамроҳӣ кунад. Вақтҳои охир барномаҳои дарсӣ бо усули гипермедия ё мултимедия амалӣ карда мешаванд. Дар шакли муосир гипермедия системаи тасвири худкор (автоматӣ), объектҳои сеандозаи мураккабии ихтиёриро дар бар мегирад, имкониятҳои амсиласозии ҳаракатҳои фазоиро, ки дар системаҳои самтгирӣ истифода мешаванд, дар бар мегирад.
Зари мафҳуми мултимедия маъмулан маҷмӯи унсурҳои зерини ба ҳам алоқамандро дар назар доранд: матн, графика, тасвирҳо, аниматсия, видео ва садо. Мафҳуми мултимедия инчунин бо тамоми силсилаи филмҳои интерактивии баландсифати графикӣ ва амсилаҳои воқеияти маҷозӣ (виртуалӣ) алоқаманд аст.
Гипермедиа – ин системаи сатҳан баландтар мебошад. Ба сифати унсурҳои он мултимедияҳои гуногун баромад мекунанд, ки дар шабакаи ягонаи иттилоотӣ ба ҳам пайвастанд ва барои мубодилаи иттилоот ва коркарди он имкон фароҳам меоранд.
Вазифаи бозиҳои нақшии корӣ – ин фароҳам овардани муҳитест, ки ҷиҳати осон гардонидани раванди азхудкунии донишҳо ва ба даст овардани малакаҳо дар вазъиятҳои ба воқеӣ наздик мусоидат мекунад ва имкон медиҳад, то хонанда донишҳои бадастовардашударо намоиш диҳанд; ёфтани сарчашмаи иттилоотро омӯзад, иттилооти иқтисодиро таҳлил намояд, зимни иттилооти нопурра ва ихтилофнок қарор қабул кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё