АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.
зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Дар маводҳои солҳои 2019-2021 аллакай дар бораи рушди таълими фосилавӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ: дар самти педагогӣ Файзализода Б.Ф, Хофизов А.М, дар самти иқтисодӣ Абдуллоева Ш. А. маълумоти пурра пешниҳод намуданд. Дар корҳои онҳо намунаҳои ташкили донишгоҳҳои маҷозӣ ва кушода оварда шудаанд. Намунаи барҷастаи он Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мебошад, ки дар он маркази таҳсилоти фосилавӣ аз соли 2014 инҷониб фаъолият намуда аз сол 2017 дар назди факултаи ғоибона- таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамояд.
Омӯзгорони ин донишкада дар самти ташкили курсҳои назариявӣ, вазифаҳои ҳисобкунӣ, лабораторияҳои виртуалӣ, санҷишҳои компютерӣ ва ғайра корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Дар ин самт ( Алиев А., Зиёвиддинзода З., Сафаров С., Примов М, Норов Н., Азизов Х. ) корҳои таҳқиқотӣ баргузор намуданд. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди таҳсилоти фосилавӣ саҳми калон гузоштанд. Коре, ки ба рушди низоми ягонаи таҳсилоти фосилавӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, фаъолона амалӣ карда мешавад, лоиҳаи барномаи дахлдор омода карда шудааст, ки ҳадафҳо, вазифаҳо, усулҳо, марҳилаҳо ва самтҳои корро дар ин равиш муайян карда, ҳам ба таҷрибаи мусбати кишварҳои хориҷӣ ва ҳам ба хусусиятҳои низоми маорифи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя менамояд.
Дар Тоҷикистон таҳсилоти фосилавӣ дар зери таъсири як қатор равандҳое, ки дар ин давра ба амал омада буданд, ташаккул ёфт:
- амиқтар шудани бӯҳрони иқтисодӣ, коҳиши истеҳсолот, афзоиши бекорӣ, мушкилоти объективии ислоҳоти иқтисодӣ, тасҳеҳи сохторӣ;
- оғози талошҳои Тоҷикистон ба ҳамкориҳои зичи байналмилалӣ;
- аз даст додани мавқеи шаклҳои анъанавии таҳсилот дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама шаклҳои таҳсилоти шабона ва ғоибона.
- торафт мушкил гардидани робита ва рафту омад ба марказҳои илмию маданӣ, паст гардидани сатҳи зиндагӣ ва бекории ҷавонон.
Бозори хидматрасонии таълимӣ барои таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон тибқи маълумоти охирин (2021), дар як сол 245 ҳазор донишҷӯро ташкил медиҳад. Муаллифони гуногун дар бораи бартариҳои таълими фосилавӣ ва зарурати истифодаи он дар мамлакати мо таҳқиқотҳо гузаронида, қайд намуданд, ки он метавонад дар ҳалли баъзе масъалаҳои таълим кӯмак расонад ва гурӯҳҳои зерини иҷтимоӣ ба он ниёз доранд (Файзализода Б., Хофизов А.М,
Бирюкова Л.В. ва дигарон): ҷавонон аз минтақаҳои дурдаст, ки барои оғози таҳсили рӯзона имконият надоранд; шахсоне, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат мекунанд; донишҷӯёне, ки мехоҳанд таҳсилоти дуюми олӣ гиранд; сокинони минтақаҳои дурдаст ва тараққикардаи кишвар; кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус, аз як тараф қобилиятнок ва аз тарафи дигар дорои нуқсонҳои инкишоф; омӯзгорони муассисаҳои гуногуни таълимӣ, ки ба дастгирии иттилоотӣ ва кӯмаки методӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ниёз доранд.
Дар баробари ин, истеъмолкунандаи муҳимми эҳтимолии низоми таҳсилоти фосилавӣ аҳолии тоҷикзабони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла кишварҳои Руссия, Осиёи миёна ва қисман одамоне мебошанд, ки барояшон забони тоҷики забони асосӣ маҳсуб меёбад. Хуллас, таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти фосилавӣ пеш аз ҳама бо он вобаста аст, ки он яке аз шаклҳои таълим буда, имкон медиҳад, то идеяҳои таълими муттасил дар амал татбиқ карда шаванд.
Дар маркази ҳамаи барномаҳои таълимӣ шахсе истодааст, ки бояд барои рушди ҳамаҷонибаи қобилиятҳои худ дар тӯли ҳаёташ шароити оптималӣ фароҳам оварад.
Доир ба масъалаҳои ташкили фаъолияти таълимӣ, дар доираи таҳсилоти фосилавӣ муҳаққиқони зиёде асарҳо офаридаанд. Қисми асосии тадқиқот дар самти таълими фанҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ё махсуси техникӣ анҷом дода шудаанд. Оид ба масъалаҳои таълими математика дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар доираи таҳсилои фарогир тадқиқотҳо нисбатан камтаранд. Дар сурате, ки таълими математикиро ҳамчун як ҷузъи муҳим дар низоми таълими заминавии мутахассиси муосир баррасӣ кардан зарур аст. Агар дар муассисаи таҳсилоти умумӣ тафаккури математикӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун як ҷузъи фарҳанги умумӣ ташаккул ёбад, пас дар донишгоҳ он барои рушди тафаккури касбии мутахассисони оянда замина мегузорад.
Ғайр аз ин, умумияти (универсализми) усулҳои математикӣ, он хусусияти математика, ки ҳамчун «забон» - и соҳаҳои дигари дониш баромад мекунад, имкон медиҳад, то муносибатҳои мавҷудаи объективии илмҳои гуногун, ки аз ваҳдат ва ягонагии олами моддӣ тавлид шудаанд, ошкор гардад. Ҳанӯз педагоги машҳур Я. А. Коменский гуфта буд: "Ҳар чизе, ки дар иртиботи тарафайн қарор дорад, бояд дар ҳамон шакли робитаи байниҳамӣ таълим дода шавад."
Раванди ташаккули муҳити муосири иттилоотӣ дар ҷомеа осори худро ба маҷмӯи талабот нисбати сифатҳои касбӣ, корӣ ва шахсии мутахассиси муосир мегузорад. Зимнан, татбиқи амалии талаботҳои тарроҳии технологияҳои иттилоотӣ барои таълим, эҷоди усулҳои мушаххаси таълими математика бо истифодаи воситаҳои технологияи иттилоотӣ на он қадар суръатнок афзоиш меёбад. Вазифаи таҳияи технологияҳои нави таълим бояд дар сарҳади тадқиқотҳои соҳаи педагогика, психология ва информатика баррасӣ гарданд.
Чанд сол аст, ки дар маркази технологияҳои нави иттилоотӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар соҳаи омӯзгорӣ оид ба самаранокии технологияҳои иттилоотии таълим кор рафта истодааст.
Объекти таҳқиқот низоми автоматикунонидашудаи таълим мебошад, ки дар як қатор муассисаҳои таълимии Тоҷикистон истифода мешавад. Системаи автоматикунонидашудаи таълим китобҳои дарсӣ барои шиносоии аввалия бо маводи назариявӣ дар мавзуи маҷмӯаҳо; курсҳои автоматикунонидашудаи омӯзишӣ барои фаҳмидан ва мустаҳкам кардани назария, назорати мобайнӣ ва ниҳоии дониш; симуляторҳои зеҳнӣ барои ташаккули малакаҳои амалӣ, ҷамъоварии босуръати таҷриба ва рушди ҳисси касбӣ; бастаҳои нармафзор барои автоматикунонии ҳисобҳо, тарроҳӣ ва дигар намудҳои фаъолияти касбӣ нигаронидашуда мебошад.
Дар ҷараёни таҳқиқот бартариҳои технологияҳои иттилоотӣ қайд карда шуданд - фаъолсозии фаъолияти донишҷӯён, хусусияти инфиродии омӯзиш, раҳо кардани омӯзгорон аз назорат ва машварат ва ғайра пешниҳод карда шуданд. Ин хулосаҳо, гарчанде ки дар маводи мушаххаси таълимӣ ва барои технологияи мушаххаси таълимӣ ба даст оварда шудаанд, баҳои тахминии миқдориро оид ба самаранокии истифодаи таҳсилоти фосилавӣ дар мактабҳои олӣ медиҳанд, ки пеш аз ҳама на бо рушди малака, балки бо ташаккули дониш, малакаи амалӣ, ҷамъоварии касбӣ ва таҷрибаи маърифатӣ, рушди зеҳнӣ зоҳир мегардад.
Технологияҳои иттилоотии таълим баланд бардоштани сифати омодасозии донишҷӯёни «суст»-ро таъмин мекунад. Ҳудудҳои гуногуни омӯзиш, ки ба ҳар як донишҷӯ имкон медиҳад, ки роҳи мувофиқ ва суръати азхудкунии маводи таълимиро фароҳам орад, коҳиши ҷиддии фарқияти байни сатҳи тайёрии донишҷӯёни бомаҳоратро таъмин намояд.
Таҳсилоти фосилавӣ ба мо имкон медиҳад, ки новобаста аз ҷой ва вақт ба таври инфиродӣ таҳсил кунем ва таҳсилро дар тулии тамоми ҳаёт идома диҳем.
Дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон шумораи донишҷӯёне, ки тавассути технологияи таҳсилоти фосилавӣ таълим мегиранд, меафзояд, шумораи донишкадаву донишгоҳҳое, ки таҳсилоти мазкурро дар раванди таълим истифода мебаранд, торафт зиёд мегарданд, сохторҳои зиёди байналмилалии таълимӣ эҷод мегарданд. Дар бисёр донишгоҳҳое, ки низоми таҳсилоти ғоибона хуб ба роҳ монда шудааст, имрӯзҳо аз тарзи ғоибона даст кашида, ба низоми таҳсилоти фосилавӣ мегузаранд.
Гуфтаҳои болоро ҷамъбаст намуда истода, қайд кардан ҷоиз аст, ки шакли фосилавии таҳсилот нисбат ба шаклҳои анъанавӣ як қатор афзалиятҳои намоёнро соҳиб аст: дастрасии таҳсилоти олӣ барои онҳое, ки бинобар синну сол ё вазъи молиявӣ ё оилавии худ дар низоми таҳсилоти олии анъанавӣ таҳсил карда наметавонанд; озодии интихоби вақт, ҷой ва сатҳи таҳсилот; имкони бозомӯзии коргарон аз ҳисоби бекорон; сарфа аз хароҷоти нақлиёт; ниёз ба давра ба давра ба муассисаи таълимӣ барои супоридани санҷишҳо ва имтиҳонҳо рафтан надоранд; арзиши пасти интиқоли воситаҳои электронии таълим тавассути каналҳои алоқа дар муқоиса бо арзиши таҳвили маводи чопӣ ба шунавандагон тавассути почтаи анъанавӣ; имконияти воқеии таълими ҳамзамон дар якчанд муассисаҳои таълимӣ; тавсеаи назарраси робитаҳо байни донишҷӯён ва омӯзгорон тавассути истифодаи почтаи электронӣ, воситаҳои аудио визуалӣ ва ғайра.
Аз ин рӯ, дар қатори афзалиятҳои истифодаи васеи технологияҳои нав ва таълими фосилавӣ инҳоро номбар кардан мумкин аст:
-
ташаккули ташкилӣ-идоракунӣ ва ҳуқуқии низоми таълими фосилавӣ дар замони муосир; фосилавӣ;
-
таҳия ва татбиқи таъминоти меъёрӣ-ҳуқуқии технологияҳои таҳсилоти
-
талаботи дидактикӣ ва методикаи таълим; муносибати оқилона ба сохтор, мундариҷа ва шаклҳои таъминоти методӣ, методологӣ ва иттилоотӣ;
-
рушди заминаи таълимӣ- методӣ ва таълимӣ- истеҳсолии низоми таҳсилоти фосилавӣ дар заминаи захираҳои ноҳиявӣ ва минтақавии курсҳои таълимӣ;
-
таҳияи усулҳои назариявӣ ва амалии таҳсилоти фосилавӣ бо дарназардошти хусусиятҳои иҷтимоию фарҳангӣ, касбӣ, ахлоқӣ, синну солӣ ва психологии донишҷӯён;
-
васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
-
омода намудан, такмили ихтисос ва бозомӯзии ҳайати омӯзгорон, аз ҷумла омодагии махсуси мураббиён (омӯзгорон-мушовирон) дар ҷараёни таҳсилоти фосилавӣ.
Таҳлилҳои илмии мо нишон доданд, ки рушди инқилобии технологияҳои иттилоотӣ ва таълими фосилавӣ он заминае амалӣ мегардад, ки дар он амалан татбиқи ғояҳои рафъи бӯҳрони таҳсилот, офаридани системаи нави таълимӣ дар асоси ғояҳо ва консепсияҳои таълими муттасил, таҳсил тӯли тамоми ҳаёти инсон имконпазир мегардад.
Дар замонҳои гузашта сарвати миллатҳо аз мавҷудияти захираҳои табиӣ ё заминҳои ишғолшуда вобаста буд. Имрӯзҳо бошад, муҳимтарин мол иттилоот ба шумор меравад. Қобилияти ба даст овардани иттилоот ва истифодаи он шарти ҳалкунандаи боқӣ мондан дар рақобати ҷаҳонӣ, ворид шудан ба асри иттилоотӣ мегардад. Ин тамоюл чунин ном гирифтааст:
- "Иттилоотии Суперхайвэй" (ИМА);
- "Иттилоотии Хайвэй" (Канада)";
- “Ҷамъияти Иттилоотӣ” (мамолики Аврупо).
Истифода ва рушди инфрасохтори иттилоотӣ дар таълими фосилавӣ оқибатҳои густурдаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хоҳад дошт.
Ҳамин тариқ, хулоса намудан мумкин аст, ки таълими фосилавӣ – ин шакли таркибӣ (синтетикӣ), маҷмӯӣ (интегралӣ), гуманистии таълим буда, дар асоси истифодаи васеи технологияҳои иттилоотии анъанавӣ ва нави иттилоотӣ ва воситаҳои техникии онҳо, ки барои таҳвили маводи таълимӣ, мустақилона омӯхтани он ва ташкили мубодилаи муколамаи байни омӯзгор ва донишҷӯён имконпзир мегардад. Таълими фосилавӣ алоқа бо омӯзгорро, ки хоси омӯзиши рӯ ба рӯ мебошад, бо арзиши пасти таълим, ки хоси худомӯзӣ аст, ҳамгиро менамояд.
Таҳқиқоти мо нишон дод, ки истифодаи чунин технологияҳо масофаи байни истеъмолкунандаи хизматрасониҳои таълимӣ ва муассисаи таҳсилоти олиро хеле коҳиш медиҳад. Захираҳои таълимӣ, новобаста аз мавқеи ҷуғрофии истеъмолкунанда, барои ҳамаи гуруҳҳои чамъият баробар дастрас мешаванд.
Шумораи зиёди системаҳои таълими фосилавӣ ва маҷозӣ таҳия карда мешаванд. Яке аз дастовардҳои пешрафтаи таълими фосилавӣ – ин ба таври маҷозӣ (виртуалӣ) ворид шудан ба соҳаи тахассус мебошад. Ғайр аз он, донишҷӯи муосир имконият дорад, ки бо муассисаи таълимӣ ва устодони худ робитаи фосилавӣ дошта бошад. Ҳамаи ин доираи интихоби омӯзандаро фаррохтар мегардонад.
Шумораи зиёди таҳқиқот ба масъалаҳои иттилоотикунонии таълим бахшида шудаанд, ки дар онҳо ҷанбаҳои методӣ, дидактикӣ, методологии тарроҳӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар таълим баррасӣ карда мешаванд. Инчунин қайд карда шуд, ки имрӯз мундариҷа ва доираи мафҳуми консепсияи технологияҳои нави иттилоотӣ ниҳоӣ нестанд ва гузашта аз ин, асосан баҳсбарангезанд (Каримзода Ш.К., Маҳмудов И.М., Бобоева Ш. ва ғ.).
Муҳаққиқон раванди таълими муосиро тавсиф карда истода, ба хулосае омаданд, ки падидаҳои бӯҳронии дар даҳсолаи охир мушоҳидашуда натиҷаи ақибмонии он аз динамикаи рушди илм, истеҳсолот ва ҷомеа мебошанд.
Дидактикаи классикии мактаби олӣ бо қонуниятҳо, талаботҳо, шаклҳо ва усулҳои муқарраршудаи таълимиаш на ҳамеша ба асосноккунии равандҳои таълим дар донишкадаву донишгоҳ саривақтӣ вокуниш нишон медиҳад ва баъзан ба ҷорӣ намудани усулҳо ва воситаҳои нави таълим халал мерасонад.
Ба ҳайси категорияҳои протсессуалӣ баромад намуда истода, технологияҳои педагогӣ системаи муайяни фаъолиятро ифода мекунанд. Пайдо ва паҳн шудани технологияҳои инноватсионӣ на танҳо тағирот дар худи фаъолият ва воситаҳо ва механизмҳои татбиқи онро дар бар мегирад, балки азнавсозии назарраси муносибатҳои мақсаднок, самтҳои арзиш, дониш, маҳорат ва малакаҳои мушаххасро низ дар назар дорад.
Аз ин рӯ, марҳилаи муосири рушди тамаддун, пешрафти илмӣ ва техника ба вуҷуд омадани чунин мутахассисонро тақозо мекунад, ки тафаккури васеи башардӯстона, омодагии хуби психологӣ дошта бошанд, тавонанд фаъолияти касбиро тибқи қонунҳое роҳандозӣ кунанд, ки алоқамандиро миёни маҳсулнокии иқтисодӣ ва эҷодкорӣ, инчунин хоҳиши шахсро ба навсозии доимӣ, худамалинамоӣ ба инобат гиранд.
Худи маънои истилоҳи "навоварӣ" (инноватсия) аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънои навсозӣ, тағирот, ҷорӣ кардани чизи навро дорад. Дар ибтидо рӯ овардан ба проблемаҳои инноватика – илм дар бораи навовариҳо – дар натиҷаи рушди равандҳои инноватсионӣ дар ҷомеа ба амал омад.
Консепсияи инноватсия бори аввал дар таҳқиқоти фарҳангшиносии асри 19 пайдо шуд. Он замон инноватсияро ҳамчун вориднамойии баъзе унсурҳои як фарҳанг ба дигараш мефаҳмиданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё