Зеҳн
АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.

зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

Дар раванди таҳқиқот беш аз 300 нафар донишҷӯён ва 20 нафар омӯзгорон ба озмоиш фаро гирифта шуданд.

Навгонии илмии таҳқиқот: Навгониҳои таҳқиқот дар он зоҳир мегардад, ки:

- моҳият ва сохтори мафҳуми "таълими фосилавӣ", таҳияи меъёр ва нишондиҳандаҳои самаранокии истифодаи он мушаххас гардонида шудаанд;

- самтҳои асосӣ, талабот ва шароитҳои педагогии ташкили фаъолияти таълимии донишҷӯён дар шароити таълими анъанавӣ ва фосилавӣ муайян карда шудаанд;

- технология ва усулҳои нави шаклҳои фосилавии раванди таълим дар доираи омодасозии таълимгирандагон аз рӯи фанҳои равияи табиию риёзӣ таҳия ва барои татбиқи амалӣ пешниҳод карда шудааст;

-дар асоси таҳлили низомӣ-ахборотӣ тақсимоти захираҳои маърифатии

Тоҷикистон ошкор сохта шудааст;

- тавсияҳо баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ коркард ва пешниҳод карда шудааст.

Нуқтаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда:

1. Таълими фосилавӣ яке аз шаклҳои инноватсионии таълим дар раванди ҷаҳонишавӣ буда, дар асоси истифодаи васеи технологияҳои иттилоотии анъанавӣ ва нав ба роҳ монда шуда, робитаи омӯзгор ва донишҷӯро танзим мекунад.

2.Амсилаи консептуалии раванди таълим дар таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иттилоот, психология ва кибернетика маҳсуб меёбад.

3.Меъёрҳои баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён аз фанни математика дар таълими фосилавӣ дар донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгории Тоҷикистон инҳоянд: доштани маҳорати худомӯзӣ; ҳосил намудани малакаи ҳалли масъалаҳои таълимии сатҳи гуногун; фаъол (субъективӣ) будан дар омӯзиш; сабр ва таҳаммул дар омӯзиш; худтанзимкунии фаъолияти таълимии хеш.

4. Амсилаи ташкили фаъолияти таълимии донишҷӯён дар омӯзиши фанҳои риёзӣ-табиӣ дар таҳсилоти фосилавӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад: ташаккули омодагии психологии донишҷӯён барои дарки маводи нав, пешниҳоди маълумоти нав ва фаҳмиши он аз ҷониби донишҷӯён, ташаккули малака оид ба ҳалли вазифаҳо, истифодаи донишҷӯён аз дониш ва малакаҳои ҳосилшуда дар ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ.

Аҳамияти назариявӣ ва амалии таҳқиқот. Натиҷаҳои ба даст омада дар таҳқиқи асосҳои педагогии таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи назариявӣ хидмат менамояд.

Диссертатсия мавқеи таҳсилоти фосилавиро дар омӯзиши фанҳои табиӣ- риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҳамчун заминаи бунёдӣ- методологии татбиқи таҳсилоти фосилавӣ, роҳу равиши вусъатбахши онро ҳамчун омили боэътимод эътироф менамояд.

Натиҷаҳои таҳқиқот дар таҳияи барномаҳо ва курсҳои махсус барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар раванди омодагӣ ба дохил гардидан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани воситаҳои аёнӣ, маърӯзаю баромадҳо оид ба раванди роҳандозии низоми фосилавӣ ва риояи талаботҳои он омили беҳтарин хоҳад буд.

Дараҷаи эътимоднокии натиҷаҳои таҳқиқот. Асоснокӣ ва эътимоднокии дараҷаи таҳқиқот ба воситаи назария ваамалияи кор тавассути омӯзиш ва таҳлили осори бадеӣ, фалсафӣ, педагогӣ, психологӣ, тавассути истифодаи усулҳои муқобилгузорӣ ва муқоисавӣ, асоснок намудани нуқтахое, ки дар фарзияи таҳқиқоти диссертатсионӣ пешниҳод гардида, муқобилгузории натиҷаҳои аз раванди озмоиш бадастомада дар гурӯҳҳои таҷрибавию назоратӣ, таҷрибаҳои шахсии баргузорнамудаи муаллиф ба сифати омӯзгори фанҳои табиӣ- риёзӣ ва корҳои озмоишӣ ширкаткунанда таъмин карда мешавад.

Мутобиқати диссертатсия ба шиносномаи ихтисоси илмӣ. Мавзуъ ва мазмуни диссертатсия ба шиносномаи ихтисоси илмии 13.00.08 - «Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ» (13.00.08.01 - Назария ва методикаи фанҳои дақиқ), аз он ҷумла, ба банди 4 - «Омодасозии мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ» ва ба банди 7 - «Педагогикаи амалӣ», (ҳаракати инноватсионӣ дар таҳсилот, фаъолияти озмоишӣ-таҷрибавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таҳсилоти фосилавӣ) мувофиқат мекунад.

Саҳми шахсии довталаби дараҷаи илмӣ дар таҳқиқот. Саҳми шахсии довталаб дар таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаҳои вобаста ба таҳқиқот: дар пажӯҳиши назариявӣ ва амалӣ, гирдоварӣ ва таҳлили маводҳо; дар истифодаи силсилаи усул ва методҳо вобаста ба мавзуъ, мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот; дар заминаи корҳои таҷрибавӣ ва тасдиқи амалии муқаррароти кори илмӣ дар давоми озмоиш, таҳлили натиҷаи коркарди маводҳои таҷрибавӣ, таҳия ва нашри мақолаҳои илмӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, конференсияҳо, ҳамоишҳои илмию амалӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои бадастомада ва таҳияи диссертатсия инъикос меёбад.

Тавсиб ва амалисозии натиҷаҳои таҳқиқот. Муаллифи диссертатсия ба ҳайси омӯзгори фанҳои табиӣ-риёзӣ аз соли 2012 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолият намуда, усулҳои пешқадам ва инноватсиониро дар ҷараёни дарсҳои табиӣ-риёзӣ дар таҳсилоти фосилавӣ татбиқ намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсиониро дар конференсияҳои илмӣ, семинарҳои илмиву методӣ, ҷаласаҳои кафедраи фанҳои табиӣ- риёзӣ ва даҳқиқи донишкадаи омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Илова ба ин, натиҷаҳои асосии диссертатсия дар нашрияҳои илмии тақризшаванда ва маҷмуаи маводи конференсияҳо дар шакли мақола ва фишурдаҳои илмӣ ба табъ расида, дар конференсияҳои илмию амалии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо корҳои таҷрибавӣ-озмоишӣ гузаронида шуданд, ироа ва тасвиб гардидаанд.

Интишорот аз рӯи мавзуи диссертатсия. Натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ дар 6 номгӯи мақолаҳои илмӣ, ки дар нашрияҳои илмии тақризшавандаи феҳристи тавсиянамудаи КОА нази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 номгӯ дар маҷмуаи маводи конференсияҳо ва 2 номгӯй дар нашрияҳои дигар ба табъ расидаанд.

Сохтор ва ҳаҷми диссертатсия. Диссертатсия аз муқаддима, 2 боб, хулоса, феҳристи адабиёти истифодашуда, дар маҷмуъ аз 163 саҳифаи чопи компюторӣ иборат мебошад.

БОБИ 1. ЗАМИНАҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА МЕТОДИИ ТАТБИҚИ

ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

1.1. Самтҳои асосии сохтор, мундариҷа ва рушди таҳсилоти фосилавӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ дар замони муосир

Ҳазорсолаи нав бо нерӯи афзояндаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тавсиф ёфта, моҳиятан инқилоби глобалии иттилоотӣ мебошад, ки аз ҷиҳати миқёс ва оқибатҳои худ нисбат ба инқилоби саноатии асри XX ва инқилоби илмию техникии миёнаи асри XX чанд маротиба афзунтар аст. Ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ тағйироти куллиро дар истеҳсолот ва фаъолии кории одамон, инчунин дар тамоми соҳаи иҷтимоӣ дар пай хоҳад дошт.

Ба насли оянда зарур меояд, ки мушкилоти мутобиқшавиро ба шароити ҳаёт дар ҷомеае ҳал кунанд, ки дар он нақши асосиро на мавод (материя) ва нерӯ (энергия), балки иттилоот ва донишҳои илмӣ бозанд. Маҳз иттилоот ва донишҳои илмӣ ба сифати омилҳое баромад мекунанд, ки ҳам иқтидори умумии стратегии ҷомеа ва ҳам дурнамои рушди минбаъдаи онро муайян мекунанд.

Вазъияти мазкур тақозо менамояд, ки ба низоми таҳсилот тағироти назарраси сохторӣ ворид карда шавад. Дар ин бора педагоги амрикоӣ Рейгелут қайд кардааст: «Ҳангоми ворид шудан ба як ҷомеаи хеле пешрафта, технологӣ ва зуд тағирёбандаи иттилоотӣ, системаи мавҷудаи таҳсилот торафт номувофиқ мегардад. Мо бояд ба куллӣ тамоми низоми раҳёфтро, ки мо дар таълим истифода мебарем, худи усулҳои омӯзиш ва таълимро, аз нав дида бароем ва навсозӣ намоем.»

Дар замони муосир, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии байналмилалӣ талабот ба навсозии низоми таҳсилот касбӣ ба миён омад. Мавқеи асосиро дар ин раванд талаботи ба ном ширкати иҷтимоӣ ишғол менамояд. Акнун ҳар як истеъмолкунандаи соҳаи таҳсилот ҳақ дорад, ки талаботи худро нисбати шакл ва мундариҷаи раванди таълим пешкаш кунад, ба интихоби иттилоот ва захираҳои таълимӣ таъсир расонад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба майлу рағбати донишҷӯён, ба сатҳи дониши муайян доштаи онҳо дар соҳаи мушаххас нигоҳ карда, ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Бо ибораи дигар агар гӯем, таълим ба як бахши соҳаи иқтисод табдил ёфтааст, ки он асосан бо назардошти манфиатҳои истеъмолкунанда таҳия карда мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳама гуна маҳсулот ба бозор танҳо зери таъсири шароити муайян ворид мегардад, ки минбаъд онро бо мавқеи устувори иқтисодӣ таъмин намояд. Самтгирии низоми муосири таҳсилот ба истеъмолкунандагон рақобатпазириро дар бозори меҳнат дар асоси маҳорати технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ муайян ва талаб менамояд.

Пеш аз он ки бевосита ба баррасии таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун шакли асосии технологияи инноватсионии замони истиқлолият гузарем, истилоҳоти марбутаро аниқ кардан лозим меояд. Дар адабиёти муосир, ки ба масъалаҳои таҳсилот бахшида шудаанд, истилоҳҳои «таълим» ва «таҳсилот» аксар вақт ҳамчун муродиф ва ё мафҳумҳои аз лиҳози мазмун бисёр наздик истифода мешаванд.

Раванди таълим дар тамоми шакл бояд ба ташаккули дониш, маҳорат ва малакаҳои мушаххаси донишҷӯён нигаронида шавад. Ба ин маънӣ, таҳсилот (маълумот) барои рушду такомули шахс, пешрафти илм захира ва имконоти бузургро соҳиб мебошад. Таҳсилот, дар муқоиса бо таълим, ба азхудкунии «дониш - воситаҳо» зимни онҳо ташаккул додани идроки мукаммали олами атроф ва ноил гаштан ба гуногунҷабҳагӣ ва камолоти тафаккури донишҷӯён равона гардидааст. Маҳз таҳсилот, маълумот ба шахс имкон медиҳад, ки худро як ҷузъи табиат эҳсос кунад, масъулиятро барои мавҷудияти ҳамоҳанги табиат ва инсон дарк кунад, илмро ҳамчун воситаи ба даст овардани ин ҳамоҳангӣ идрок намояд.

Ҳамин тариқ, «парадигмаи нави таълимиро метавон дар шакли сегонаи мантиқи ба ҳам алоқаманд таҳия кард: аз тасвири куллии ҷаҳон ба дониши мукаммал ва тавассути он ба шахсияти комил расидани фард».

Дар атрофи истилоҳи "таҳсилоти фосилавӣ" муддати дароз баъзе баҳсу мунозира вуҷуд дошт. Бисёрие аз муҳаққиқон, дар асарҳои худ ба мафҳуми «таълими фосилавӣ» ишора намуда, тафсирҳои гуногуни онро пешниҳод менамоянд. Ҳамин тавр, Файзализода Б. қайд мекунанд, ки истилоҳи "таҳсилоти фосилавӣ" (шояд яке аз аввалинҳо дар занҷира) аз ҷониби Донишгоҳи Висконсин аз соли 1982 инҷониб дар феҳристи курсҳои ғоибона (муросилотӣ) истифода мешавад. Зери мафҳуми таҳсили фосилавӣ раванди таълими дар фосила ташкилгардида (масалан, «таълими муросилотӣ», «таълими хонагӣ» ва дигар муродифҳо) фаҳмида мешуд ва имрӯз низ тақрибан ҳамин тавр фаҳмида мешавад.

Чунин намуди ин истилоҳ ба монанди "таҳсилоти фосилавӣ" ва «таълими фосилавӣ» мавҷуданд. А. А. Андреев мафҳумҳои "таълим" ва "таҳсилот" - ро аз мавқеи раҳёфти системавӣ баррасӣ менамояд. Айни замон, таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун маҷмӯи хидматрасониҳои таълимие фаҳмида мешавад, ки ба табақаҳои васеи аҳолии кишвар ва хориҷ аз он пешниҳод мегардад. Он бо ёрии муҳити махсуси истифодаи технологияҳои навтарини иттилоотӣ асос ёфта, мубодилаи маълумоти таълимиро дар масофа таъмин менамояд. Воситаи асосии роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ телевизиони моҳвораӣ, шабакаи фаъоли

Интернетӣ, алоқаи компютерӣ ба ҳисоб меравад. Раванди ба даст овардани дониш, маҳорат ва малакаро дар низоми таҳсилоти фосилавӣ таълими фосилавӣ меноманд.

Таҳлили амалияи воқеии педагогӣ нишон медиҳад, ки моҳияти таҳсилоти фосилавӣ, ки ба тамоюлҳои муосири рушди маориф мувофиқат мекунад, нисбатан мукаммалтар аз ҷониби Файзализода Б. муайян гаштааст. Таҳсилоти фосилавӣ як шакли мукамали таркибӣ (синтетикӣ), ҳамгиро (интегралӣ) мебошад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 ба роҳ монда шудааст.

Таҳсилоти фосилавӣ характери гумманистиро ба таълим ноил буда, дар асоси истифодаи доираи васеи технологияҳои иттилоотии анъанавию нав ва воситаҳои техникӣ роҳандозӣ гардида, барои таҳвили маводи таълимӣ, мустақилона омӯхтани он, ташкили муколамаи байни омӯзгорон ва донишҷӯён имкониятро фароҳам меоварад. Таҳсилоти фосилавӣ дар асоси таълимоти фалсафии ҷойгиршавӣ дар фазо ва вақти гуногун истифода мегардад.

Дар таҳқиқотҳои психологӣ ва педагогӣ назарияҳои зеринро фарқ кардан мумкин аст, ки дар асоси он таълими фосилавӣ имконпазир мегардад: бихевиоризм, психологияи гешталтӣ, психологияи маърифатӣ, назарияи фаъолият, назарияи таълими барномавӣ.

Дар илми педагогика раҳёфтҳо дар асоси назарияи алгоритмӣ-эвристикии Л.Н. Ланда ва назарияи ташаккули марҳила ба марҳила амалҳои фикрии П. Я. Галперин таҳия шудаанд. Умумияти ин равишҳо дар он аст, ки фаъолият ба амалиётҳои алоҳида тақсим гардида ва ташаккули кулл тавассути ташаккули ҷузъҳои алоҳидаи он ба амал меояд.

Сатҳи муосири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ (коммуникатсионӣ) ба марҳилаи нави рушди таҳсилоти фосилавӣ такони қавӣ мебахшад. Ин ҷо бояд қайд кард, ки ин шакли таълим таърихи тӯлонӣ дошта, бо таърихи воситаҳои иртиботӣ (коммуникатсионӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Аммо, дар ин самт таҳлилу ва таҳқиқоти мо ошкор намуд, ки дар ин самт таҳқиқотҳо нисбатан кам баргузор карда шудаанд. Лекин таҳқиқот ва заҳматҳои С.А. Богомолов, 1997; В.Г. Кинелев, 1999; И.А. М.В. Храмова, 2000, Бирюкова Л. В. 2007 ва ғайра ҳамеша мавриди истифода қарор додан зарур аст.

Таҳқиқот ошкор намуд, ки аввалин ёддошт дар бораи таълими истеҳсолӣ дар робита бо истифодаи почта барои фиристодани дастурҳо, иттилоот, тест ва дигар маводҳои таълимӣ ва қабули саволу супоришҳои анҷомшуда аз нишонаҳои аввалин таҳсилоти фосилавӣ мебошад. Муаллифони ин навоварӣ, ки зиёда аз 130 сол пеш ба чунин амал даст заданд, омӯзгори забони фаронсавии Донишгоҳи Берлин Ч. Тусен ва узви Ҷамъияти забонҳои муосири Берлин Г. Лангенштейдт буданд.

Аммо дар таърих ин шакли таълим аввалин шуда дар ИМА соли 1891 дар Донишгоҳи Чикаго дар шакли шуъбаи ғоибона ташкил карда шуд. Каме баъдтар бошад, ин низоми таълим дар дигар донишгоҳҳои амрикоӣ роҳандозӣ гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҳодисаҳои сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ. ин шакли таълим ниҳоят омили зарурӣ гардид. Заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки роҳи ба таҳсили бетанафус фаро гирифтани ҷавононро андешад.

Мутобиқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери № 7/35, аз 29 майи соли 2017 дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳсилоти фосилавӣ бояд роҳандози мегардид. Дар даҳсолаи охири асри ХХ низоми таҳсилоти фосилавӣ дар мамлакатҳои Европа,

Чин ва як қатор кишварҳои рӯ ба тараққӣ рӯ ба инкишоф ниҳод.

Рушди технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ, (коммуникатсионӣ) метавонад таҳсилоти фосилавиро ба зинаи тамоман дигари сифатии рушд расонида, имкон диҳад, ки таъсири муоширати мустақим байни омӯзгор ва донишҷӯ таъмин карда шавад. Ин бартарӣ ва хусусияти фарқкунандаи таҳсилоти фосилавиро бар анъанавӣ ошкор менамояд. Рушди таҳсилоти фосилавӣ ба мо имкон медиҳад, то дар бораи шакли нави он, ки системаҳои қаблан мавҷудаи таълими рӯзона, шабона ва ғоибонаро муттаҳид менамояд, сухан ронем.

Маҳз имкониятҳои нави технологӣ ва таълимӣ ба рушди босуръати низоми таҳсилоти фосилавӣ дар даҳсолаҳои охир сабаб гардид. Дар ИМА солҳои 70-80- уми қарни гузашта шумораи донишҷӯёни рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 1,6 баробар ва шумораи донишҷӯёне, ки дар низоми таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекарданд – 2,4 маротиба афзоиш ёфт.

Дар Аврупо таълими фосилавӣ дар аввали солҳои ҳафтодум босуръат инкишоф ёфта, дар як қатор Донишгоҳҳо чунин шакли таҳсилот роҳандозӣ карда шуд. Масалан, дар Британияи Кабир зиёда аз 50% барномаҳои магистрӣ дар соҳаи менеҷмент бо истифода аз усулҳои таҳсилоти фосилавӣ гузаронида мешаванд. Ташкилоти асосии аврупоии тахассусӣ дар ин соҳа Мактаби

Кушодаи Тиҷоратӣ Донишгоҳи Кушодаи Бритониё мебошад.

Дар айни замон, дар ҳар як кишвари Аврупо як гурӯҳи назарраси муассисаҳои таълимӣ мавҷуданд, ки барномаҳои таҳсилоти фосилавиро амалӣ мекунанд. Масалан, Маркази миллии таълими фосилавӣ дар Фаронса, Донишгоҳи Балтика ва ғайра ба шумор мераванд.

Аз соли 1991 инҷониб Донишгоҳи Миллии Технологӣ (ИМА)-ро иттифоқи 40 мактаби муҳандисии донишгоҳ ташкил медиҳад, ки марказаш дар Форт Коллинзи Колорадо ҷойгир аст. Аз охири соли 1990, зиёда аз 1000 нафар донишҷӯён бо иштироки фаъолонаи корпоратсияҳои тиҷоратӣ - корфармоён барномаҳои дараҷаи муҳандисиро бо истифода аз таълими фосилавӣ омӯхтанд.

Истилоҳоти "таҳсилоти фосилавӣ" ва "таълими фосилавӣ" дар донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон аз соли 2017 фаъолона истифода мешаванд. Бисёр донишгоҳҳо махсусан ДОТ дар шаҳри Панҷакент, ДОТ ба номи С.Айни, ДМТ, ДТТ ба нои академик М.С. Осими, ДДХ ба номи академик Б.Ғаффуров., ДДТ, ДТТ, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ ва ғайра. технологияи таҳсилоти фосилавиро фаъолона ҷорӣ ва таҳия намудаанд. Шумораи донишҷӯёне, ки бо ин технология дар донишкадаву донишгоҳҳои гуногуни Тоҷикистон таҳсил мекунанд, аллакай даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамасола конфронсҳои илмии умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо ба ин шакли таълим диққати калон дода мешавад. Дар ин радиф таваҷҷӯҳи хоссаро таҳқиқоти Файзализода Б. (2021), ҷалб мекунад. Ӯ дар асоси маводи конфронсҳои солонаи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирорк карда, рушди ғояҳои истифодаи телекоммуникатсияи компютериро дар таълим пайгирӣ менамояд.

Маводҳои соли 1996- ум асосан ба пешгӯиҳои истифодаи телекоммуникатсияи компютерӣ дар соҳаи таълими фосилавӣ равона карда шудаанд ва хусусияти маҳдуди методӣ доранд. Дар Россия дар маводҳои соли 1997 далелҳои мушаххаси истифодаи низоми таҳсилоти фосилавӣ дар таълими мутахассисон оварда шудаанд. Масалан, ҳангоми таълими хониш бо забони олмонӣ дар Донишгоҳи техникии Челябинск (Э.И. Дмитриева), ҳангоми гузаронидани семинарҳои фосилавӣ барои омӯзгорони фанни физика дар Переславл-Залесский. (В. Е. Скородумов).андешаҳои ҷолиб пешниҳод намудаанд.

Дар маводҳои соли 1998 намунаҳои аввалини курсҳои мушаххаси фосилавӣ оварда шудаанд, ки технологияи гиперматнро васеъ истифода мебаранд. Масалан, оид ба курси таълими забонҳои хориҷӣ (Е.С. Полат) корҳое пайдо мешаванд, ки масъалаҳои марбут ба омодасозии маводҳои таълимиро дар шакли муносиб барои ҳамгироии самарабахши он ба сохтори таълими фосилавӣ (Э.В.Баранова), маводҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Олимон А.Н. Смирнова, Н.В. Тихомирова, В. Е. Тонких оид ба таҷрибаи истифодаи шабакаҳои компютерӣ дар идоракунии таълим андешаҳои ҷолибе пешниҳод намуданд.

Ҳамин тариқ, ҷанбаҳои мушаххаси методии рушд ва татбиқи таълими фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баррасӣ карда шуд. Дар маводи таҳқиқотии муҳаққиқони тоҷик ҳанӯз солҳои 2007 масъалаҳои методии таълими фосилавӣ баррасӣ гардида, дар бораи лоиҳаи донишгоҳҳои кушод бо таълими фосилавӣ мақолаҳои илмӣ ба назар мерасанд. Бирюкова. Л . В масъалаҳои марбут ба зарурати ташаккули назария ва усулҳои таълими фосилавӣ андешаҳои ҷолиб пешниҳод менамояд.

Файзализода Б. Ф. бошад, масъалаҳои такмилдиҳии амсила ва алгоритми таҳияи низоми таҳсилоти фосилавӣ, Абдуллоева Ш. А. оид ба методикаи роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ андешаҳои ҷолиб баён карда, роҳандозии онро амалишаванда мегардонад.

То инҷониб дар маводҳои конфронсҳои ҷумҳуриявӣ самтҳои асосии сохтор, мундариҷа ва рушди таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, афзоиши корҳои методӣ мушоҳида мешавад. Олимон Абдулакимова, Ҷ. А., Анисимов, М. В., Исомаддинова, Р. М, Иномов, Б. Б., Каримов И. И., Мӯҳсинов М. А. курсҳои мушаххас оид ба таҳсилоти фосилавӣ пешниҳод намуданд.

пешина
аз 15
навбатӣ