Зеҳн
АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.

зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

Бозиҳо раванди таълимро шавқовар намуда ва чун натиҷа, дараҷаи фаъолии таълимгирандагонро баланд мегардонанд. Онҳо истифодаи донишҳои соҳаҳои мухталифро тақозо мекунанд, ба воқеият тақлид мекунанд, имконияти тамринро фароҳам меоранд, ҷиҳати ба хубӣ дар ёд нигоҳ доштани маводи таълимӣ мусоидат мекунанд.

Амсиласозӣ имкон медиҳад, ки ҷаҳони воқеиро тамсил намоем, озмоишҳое гузаронем, ки аксаран дар шароити воқеии иқтисодӣ ғайриимконанд. Амсилаҳо ҳамчун воситаи муошират метавонанд дар марҳилаи пешниҳоди маводи таълимӣ истифода шаванд, барои омӯхтани маводи таълимӣ мустаҳкамкунии амалии он имкон фароҳам оранд.

Муҳитҳои ба мазмун нигаронидашуда бастаи барномаҳое мебошанд, ки имкон медиҳанд объектҳо ва муносибатҳо, таҳлил карда шаванд ва инчунин тасвири айёнии ашё ва хосиятҳои онҳоро таъмин менамоянд. Донишҷӯён ба нишондодҳои методӣ такя намуда, ашёҳои муҳитро таҳлил мекунанд, озмоиш мегузаронанд, вазифа ва ҳадафҳои онро мустақилона муайян мекунанд.

Тамрингоҳҳо барои ташаккули малакаҳои устувор, озодона истифода намудани мавод ва самтгирӣ дар он хизмат мекунанд.

Амалияи лабораторӣ барои намоиш додани динамикаи дигаргуншавии тавсифоти объектҳо, омӯзиши хосиятҳо, алоқамандии миёни онҳо ва муҳити атроф ва пешниҳоди графикии натиҷаҳои таҳқиқот пешбинӣ шудааст.

Барномаҳои назоратӣ навъҳои гуногуни воситаҳои барномавӣ мебошанд, ки барои назорати дониши донишҷӯён пешбинӣ шудаанд. Ба ин гурӯҳ барномаҳои санҷишии тармими-тақвиятиро шомил менамоянд. Ҳадафи асосии онҳо мустаҳкамкунии амалӣ, тасдиқи дониши гирифташуда тавассути ҳалли масъалаҳо ва посух додан ба саволҳо мебошад. Дар барномаҳои тестӣ маъмулан намудҳои зерини саволҳо истифода мешаванд: тестҳо бо гунаҳои зиёди интихоб, бо ҷавобҳои алтернативӣ (ҳа/не), барои муайян намудани мувофиқат, бо ҷавобҳои кушода.

Дар аксар кишварҳои саноатии Ғарб ва Ҷопон якчанд даҳсолаҳо усулҳои санҷиши баҳодиҳии дониш таҳия ва истифода шудаанд. Хадамоти машҳуртарини ИМА JTS аз соли 1947 инҷониб санҷиш ва ҷамъоварии махзани маълумотҳои тестиро идома медиҳад. Дар айни замон ин хидмат солона тақрибан 10 миллион нафарро санҷида истодааст. Натиҷаҳои санҷиши он тақрибан дар тамоми коллеҷҳо ва донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида барои баррасӣ қабул карда мешаванд.

Дар Ҷопон барои дохил шудан ба муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз санҷиши ҳатмии давлатӣ гузаштан лозим аст, ки мувофиқи натиҷаҳои он дар якҷоягӣ бо баҳои имтиҳонии донишкадаву донишгоҳ сабти номи донишҷӯён гузаронида мешавад.

Луғатҳои компютерӣ, маълумотномаҳо, махзани иттилоот барои раванди таълим барои нигоҳ доштан ва ба донишҷӯ пешниҳод намудани маълумоти гуногуни таълимӣ дорои хусусияти истинодӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳангоми истифодаи технологияҳои компютерӣ барои идоракунии раванди таълим, мо метавонем дар бораи идоракунии худи муассисаҳои таълимӣ сухан ронем.

Дар ҳолати аввал, сухан дар бораи усулҳои компютерии ҷамъоварии маълумот оид ба натиҷаҳои таълимӣ, ҷараёни таълим, таҳлили ҷавобҳои донишҷӯён ба саволу супоришҳо, муайян кардани талабот ва сатҳи тайёрии онҳо, додани супоришҳои инфиродӣ ва амсоли ин меравад. Ҳангоми сохтани низоми компютерии идоракунии раванди таълим аз пойгоҳҳои иттилоотӣ барои ҷамъоварии маълумот дар бораи донишҷӯён, барномаҳои сабти пешрафт, натиҷаҳои санҷиш, муайян кардани холҳои миёна ва ғайра истифода мебаранд.

Дар доираи татбиқи ин усули автоматикунонии идоракунии раванди таълим, чунин дастовардҳои технологияҳои нави иттилоотӣ дар соҳаи маориф, ба монанди тахтаҳои бюллетении электронӣ, почтаи электронӣ, телеконференсияҳои компютерӣ, системаҳои телекоммуникатсионӣ ва алоқаи моҳвораӣ истифода мешаванд.

Ин воситаҳо метавонанд дар татбиқи идоракунии раванди таълим бевосита дар маврди исифодаи барномаҳои таълими фосилавӣ ширкат варзанд.

Технологияҳои компютериро дар таҳсилоти фосилавӣ дар якҷоягӣ бо дигар васоити техникии таълим ва дар якҷоягӣ бо ҳама гуна усулҳои дигари таълим истифода бурдан мумкин аст.

Самти дуюми истифодаи технологияҳои компютерӣ барои идоракунии раванди таълим – ин идоракунии маъмурии ташкили таълимӣ мебошад, ки дар автоматикунонии дафтари корӣ, баҳисобгирии молиявӣ, ташкил намудани махзани иттилоот дар бораи хатмкунандагон, истеъмолкунандагон ва ғайра мебошад. Яъне, ташкили асоси ягонаи иттилоотии қабули қарор ва таъмини фаъолияти дафтари кории (офиси) худкор (автоматӣ) мебошад. Ин ҷо аллакай сухан дар бораи таъминоти телекоммуникатсионии кори ташкилоти таълимӣ меравад.

Телекоммуникатсияи компютерӣ ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи муосир: бизнес, молия, васоити ахбори омма, илм ва маориф торафт устувортар ворид мегардад. Технологияи компютерӣ роҳи муассиртарини рафъи монеаҳои нажодӣ, мазҳабӣ ва идеологиро дар байни мардум, кишварҳо ва миллатҳо ифода менамояд.

Телекоммуникатсия (дар забони юнонӣ теlе-масофа, дур, лот. сommunicatio-коммуникатсия, муошират) ба маънои васеъ ҳамаи воситаҳои интиқоли фосилавии иттилоот, аз қабили радио, телевизор, телефон, телеграф, телетайп, телекс, телефакс, инчунин коммуникатсияҳои компютерии нисбатан ба қарибӣ пайдошударо фаро мегирад.

Телекоммуникатсияи компютерӣ имрӯзҳо на танҳо навъи навтарин, балки умедбахштарин намуди телекоммуникатсия ба ҳисоб меравад.

Телекоммуникатсияи компютерӣ воситаи интиқоли дурдасти маълумот аз як компютер ба дигараш (дигарон) бо истифода аз модемҳо ва шабакаи телефонӣ мебошад. Рушди босуръати онҳо дар солҳои охир масъалаи истифодаи пурмазмун ва таъминоти методии онҳоро ба миён меорад.

Дар пасманзари истифодаи пуршиддати лоиҳаҳои телекоммуникатсионии таълимӣ дар хориҷа, таҷрибаи ватании истифодаи телекоммуникатсия дар мисолҳои истифодаи донишҷӯён аз почтаи электронии компютерӣ ва телеконфронсҳо барои мақсадҳои таълимӣ ҳанӯз ҳам нокифоя аст. Дар айни замон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввалинро дар самти истифодаи таълимии почтаи электронии компютерӣ ҳамчун воситаи идоракунии ҳавасмандии таълимӣ гузошта истодааст.

Почтаи электронӣ маҷмӯи асбобҳои сахтафзор ва нармафзор мебошад, ки паёмҳоро байни компютер интиқол медиҳанд. Почтаи электронӣ роҳи зудтарини расонидани мактубҳо ва дигар намудҳои паёмҳо мебошад. Вақти таҳвил аз ду давра иборат аст: вақти фиристодани паём аз компютер, ки иттилоотро ба компютери шахси қабулкунанда интиқол медиҳад ва вақте, ки қабулкунанда ба "паёмдони" худ муроҷиат карда, мактуберо, ки ба ӯ омадааст, мехонад.

Агар давраи аввал аз хусусиятҳои техникии шабака вобаста бошад (одатан мактуб аз чанд сония то як рӯз ба ягон ҷои дунё фиристода мешавад), пас давраи дуввуми вақт комилан ба қабулкунанда вобаста аст. Дар таҳсилоти фосилавӣ чизи дигари дорои аҳамияти амалӣ почтаи электронӣ мебошад, ки дар ҷаҳон торафт бештар маъруфият пайдо карда, ба монанди телефон, радио, факс ва матбуоти даврӣ васеъ истифода бурда мешавад. Истифодабарандагоне, ки дар як муассиса ҳастанд ё дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҷойгиранд, метавонанд бо ҳам тавассути почтаи электронӣ муошират барқарор кунанд. Почтаи электронӣ барои фиристодани паёмҳои матнӣ ё файлҳои дорои барномаи компютерӣ, тасвирҳои графикӣ, ҳуҷҷатҳои тавассути муҳаррири матнӣ коркардшуда, ҷадвал ё ҳатто маълумоти аудио ва видео ба як ё якчанд қабулкунандаҳо истифода мешавад. Дар баробари ин, онро метавон барои паҳн кардани "маҷаллаи электронӣ", "рӯзномаи электронӣ" ё "рекламаи электронӣ" истифода намоянд.

Аҳамияти таълимии почтаи электронӣ дар он мебошад:

• мубодилаи таҷрибаро миёни омӯзгорон васеъ менамояд ва осон мегардонад;

• таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба фанни таълимӣ меафзояд ва дониши хешро васеъ мегардонанд;

• амалияи коммуникатсионии донишҷӯён дониши онҳоро васеъ менамояд, барои такмил додани забони хаттӣ кӯмак мерасонад;

• имкон медиҳад, ки усулҳои нави методӣ дар асоси муқоисаи маълумоти худи донишҷӯён ва маълумоте, ки тавассути почтаи электронӣ гирифтаанд, истифода шаванд.

Баъзе вазифаҳо махсусан дар раванди таълим муфиданд. Ин мураттаб намудани рӯйхати паёмҳои фиристодашуда ва замимаҳо ба нома аст.

Вазифаи якум вақте муфид аст, ки паём ба гурӯҳи ба қадри кофӣ зиёди одамон равона карда шавад. Рӯйхати ин гурӯҳ одатан дар китоби суроғаҳои барномаи почтаи электронӣ тартиб дода мешавад. Барои фиристодани паём ба ҳамаи аъзои гурӯҳ, нишон додани номи гурӯҳ дар сатри "ба кӣ?" дар паёми сохташуда кифоя аст.

Хусусияти дуюм ин сохтани замимаи электронӣ ба нома ё файли замима мебошад. Гап сари он меравад, ки дар аввал, почтаи электронӣ барои интиқоли танҳо паёмҳои матнии як намуди рамзгузорӣ пешбинӣ шуда буд. Вақте ки барномаҳо, аз қабили Uuencode ва Mime пайдо шуданд, вазъ ба куллӣ тағйир ёфт. Акнун, барои фиристодани паёмҳои ғайриматнӣ тавассути почтаи электронӣ, истифодаи вазифаи замима ба нома, ки чунин барномаҳо таъмин мекунанд, кофист. Ҳангоми гирифтани мактуб бо замима дар қуттии почта, дар паҳлӯи навиштаҷоти мувофиқ ба номаи додашуда тасвири коғазгир (скрепка) пайдо мешавад.

Агар омӯзгор қарор диҳад, ки барои дарсҳои худ имкониятҳои почтаи электрониро истифода барад, пас ӯ бояд қоидаҳои мукотибаро барои шогирдонаш муқаррар кунад, ки мувофиқи он паёмҳои ба ӯ фиристодашуда коркард карда мешаванд. Масалан, паёмҳоро бо чунин хусусиятҳо, ба монанди "фиристонандаи паём", калимаҳои мушаххас дар майдони "мавзуъ", бо нишон додани аҳамияти паём, бо ҳузури файли замимашаванда таҳлил кардан мумкин аст. Беҳтар аст, ки паёмҳоро ба ҷузвдонҳои мухталиф ҷобаҷо кунед. Баъзан зарур аст, ки паём фавран хонда шавад, пас фиристонанда, аксар вақт омӯзгор мебошад, ки метавонад барои он афзалияти баландтар диҳад. Дар қуттии почтаи қабулкунанда чунин мактуб бо аломати хитоби рангаш сурх аломатгузорӣ карда шавад.

Намуди дигари хадамоти почтавӣ конфронсҳо мебошанд. Онҳо барои таъмин намудани алоқаи баръакс миёни донишҷӯ ва омӯзгор истифода мешаванд. Ин технология зарурати муоширати инфиродӣ бо ҳар як хонандаро аз байн мебарад ва имкон медиҳад, ки кори дастаҷамъонаи донишҷӯён ба роҳ монда шавад. Ду намуди конфронсҳои электронӣ мавҷуданд: конфронсҳои "воқеӣ", вақте ки корбарон бо якдигар мустақиман муошират мекунанд, шояд ҳатто бо истифода аз садо ва видео (ин як намуди хидматрасонии гарон ва аз ҷиҳати ташкилӣ душвор аст) ва муҳокимаҳои таъхирёфта, ки бештар конфронсҳои электронӣ номида мешаванд. Дар ҳолати дуюм, паёмҳо тибқи рӯйхати тақсимоти телеконференсия ба қабулкунандагон равона карда мешаванд. Ин намуди телеконференсия бартариҳои худро дорад. Аввалан, тавассути почтаи электронӣ, иштирокчиён метавонанд маводи намоишӣ ва мултимедиявӣ фиристанд, ки ҳанӯз дар барномаҳои анъанавии телеконфронсҳои матнӣ пешниҳод кардан имконнопазир буд.

Дуввум, ин муддати тӯлониест, ки ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар бораи саволҳо, ҷавобҳо ва қарорҳои худ бодиққат фикр кунанд. Аммо дар ин ҷо баъзе нороҳатиҳо низ мавҷуданд. Азбаски мукотиба ҳамзамон сурат намегирад, посух аксар вақт вақти хеле дарозро мегирад. Вақте ки чунин телеконференсия дар вақти воқеӣ баргузор мешавад, табодули паёмҳои кӯтоҳ иборат аз якчанд сатрҳо маъмул аст. Дар айни замон, вақти таҳияи саволу ҷавобҳо хеле маҳдуд аст.

Конфронсҳо метавонанд "кушода" бошанд – ҳангоме, ки истифодабарандаи шабака датрас аст ва ё "пӯшида", вақте ки дастрасӣ ба он танҳо таҳти назорати қатъии роҳбари конфронс ва танҳо барои гурӯҳи интихобшудаи иштирокчиёни аз ҷониби роҳбар, сурат мегирад.

Ҳангоми ташкили телеконфронсҳо тақсим намудани масъулият мувофиқи мақсад аст. Яке аз иштирокчиён, одатан омӯзгор нақши барандаро мебозад.

Масъулияти ӯст, ки муҳокима аз доираи вазифаҳои муҳокимашудаи педагогӣ ва касбӣ берун набарояд. Вай фазои эҷодиро таъмин мекунад, дигаронро барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи таълимӣ равона менамояд. Ғайр аз он, маърӯзачӣ бояд барои иштирокчиёни конфронс, ки қобилият ва сатҳи кори таълимии онҳоро аллакай медонад, пешакӣ саволҳо омода кунад, тартиби муайяни телеконфронсҳоро муайян намояд. Беҳтар мебуд, агар ибораҳои калидии муколама бо донишҷӯён пешакӣ тартиб дода шавад, то баъдтар барои чоп кардан вақтро аз даст надиҳем. Вокуниши саҳеҳ ва оҷилӣ ба ҳодисаҳои рӯйдода, саривақтӣ дохил кардани эродҳо ба риштаи муҳокима хеле муҳим аст.

Гуфтаҳои болоро ҷамъбаст намуда истода, қайд кардан мумкин аст, ки телекоммуникатсияи компютерӣ, ба гуфтаи коршиносон, нисбат ба василаҳои анъанавии алоқа - телефон, почтаи муқаррарӣ ва интиқоли иттилоот (телефакс) як қатор афзалиятҳо доранд. Якум, онҳо нисбат ба дигар воситаҳои интиқоли матн арзонтаранд. Дуввум, онҳо ба реҷаи асинхронии кор бо почта имкон медиҳанд ва сеюм, на танҳо барои қабул ва нигоҳдорӣ, балки барои коркарди иттилоот низ шароит фароҳам овардан зарур мебошад.

Шабакаи муосири компютерӣ – ин чунон таҳсилоти фосилавии муқтадири зеҳнӣ мебошад, ки мо метавонем дар бораи татбиқи ғояи "ақли ҷаҳонӣ", ки Г.Уэлс пешниҳод кардааст, сухан ронем. Паҳншавии шабакаҳои компютерӣ ва махзанҳои бузурги маълумот дар саросари ҷаҳон омили нави рушди босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ, бозори ҷаҳонӣ, фарҳанги ҷаҳонӣ ва дар ниҳоят, шуур ва худогоҳии нав гардид.

Омӯзиши барномаҳои таълими компютерӣ бо шабакаи телекоммуникатсионӣ як шакли таълими фосилавӣ мебошад. Маводи таълимии дар шабакаи электронӣ мавҷудбударо нисбат ба тарзи анъанавии таҳсил тавассути гӯш кардани лексияҳо дар синф ва кор бо адабиёти таълимӣ дар толори хониш дар шакли нисбатан дастрас пешкаш кардан мумкин аст.

Системаи мултимедия метавонанд тасвирҳои баландсифат (масалан, слайдҳои лексионӣ), садо ва видео пешниҳод кунанд. Гузашта аз ин, онҳо ба шумо имкон медиҳанд, ки такроран ба нуқтаҳои инфиродӣ, ки барои фаҳмиш муҳиманд, баргардем, ки ин на ҳамеша дар як лексия имконпазир аст.

Маводи таълимиро бо назардошти тарзи тафаккур, афзалиятҳои идрок дар намуди матнӣ ё графикӣ, суръати гуногуни азхудкунии мавод, тамоюл ба азнавбарқарорнамойии муттасил, қадам ба қадам ва дар шаклҳои гуногун пешниҳод намудан мумкин аст.

Курсҳои онлайнӣ малакаҳои дарёфти иттилооти заруриро дар системаҳои иттилоотии мукаммал такмил медиҳанд ва самаранокии раванди ҷустуҷӯро дар таҳсилоти фосилавӣ баланд мебардоранд.

Масалан, дар World Wide Web аллакай нисбат ба китобхонаҳои калонтарин маълумоти бештар мавҷуд аст, ки донишҷӯён дар таҳсилоти фосилавӣ аз он метавонанд васеъ истифода баранд.

Дар ниҳоят, курсҳои онлайнӣ, ки дар шабакаҳо пешниҳод мешаванд, ба донишҷӯён имкон медиҳанд, то дар раванди омӯзиши мавод бо ҳамдигар муошират кунанд ва масъалаҳои мураккабро муҳокима намоянд.

Дар марҳилаҳои аввали сохтани барномаҳои компютерӣ барои раванди таълим кӯшиши эҷоди системаҳое анҷом дода шуд, ки хосиятҳои аксари намудҳои барномаҳоро дар бар мегиранд ва барои истифода дар тамоми марҳилаҳои раванди таълими фосилавӣ пешбинӣ шудаанд. Тадриҷан чунин муҳити интегралӣ ба китобҳои дарсии компютерӣ "табдил" ёфт.

Сарфи назар аз он, ки истилоҳи «китоби дарсии компютерӣ» торафт васеътар паҳн шуда истодааст, муаллифони гуногун ба он маъноҳои мухталиф медиҳанд (Ф.С. Комилиён, Раҳмонов З.Ф., Мирзоев С.Ҳ., Тоиров Ш.М., Қосимов И, Одинаев Р., Мирзоев С. ва дигарон). Таърифи ягонаи қабулшуда вуҷуд надорад, аммо маълум аст, ки онро танҳо ба яке аз намудҳои гуногуни барномаҳои таълимӣ айният додан мумкин нест.

Назари хеле маъмул он аст, ки китоби дарсии компютерӣ маҷмӯи барномавӣ-методӣ мебошад, ки ба омӯзанда имкон медиҳад мустақилона курси таълимӣ ва қисмати калони онро аз худ намояд ва аксаран дар худ хосиятҳои китоби дарсии оддӣ, маълумотнома, китоби муаммоҳо ва практикуми лабораториро муттаҳид созад. Ин на ивазкунанда, балки илова ба шаклҳои анъанавии таълим аст ва кори донишҷӯро бо китобҳо, ёддоштҳо, маҷмӯаи супоришҳо ва машқҳо ва ғайра сарфи назар намекунад.

Ин "лектори электронӣ" дар баробари нигоҳ доштани тамоми бартариҳои китоб ё воситаи таълимӣ, инчунин имконият медиҳад, ки технологияҳои муосири иттилоотӣ ва имкониятҳои мултимедиявии аз ҷониби компютер пешбинишуда ба таври мукаммал истифода гарданд. Ба ин имкониятҳои зерин мансубанд:

- пешниҳоди равандҳои физикӣ, кимиёвӣ ва ғайра дар намуди динамика, намоиши айёнии ашё ва равандҳое, ки барои мушоҳидаи мустақим дастнорасанд (равандҳо дар микроолам, равандҳои кайҳонӣ, равандҳое, ки вақти хоси хеле хурд ё хеле дарозро соҳибанд);

- амсиласозии компютерии равандҳое, ки барои омӯзиши онҳо маводҳо, таҷҳизоти беназир ё гаронарзиш ва ҳамчунин барои ҳаёт ва саломатии инсон хавфнок заруранд, ба таври айёнӣ пешниҳод намудани онҳо, ба маводи таълимӣ дохил кардани аудио ва видеосуҷаҳо;

- ташкили матнҳои калонҳаҷм (гиперматн);

- зуд амалӣ кардани ҳисобҳои мураккаб бо пешниҳоди натиҷаҳо дар шакли рақамӣ ё графикӣ;

- худидоракунии оперативии дониши донишҷӯён ҳангоми аз ҷониби онҳо иҷро гаштани машқҳо ва матнҳо.

Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса мебарояд:

- рушди босуръати воситаҳои техникии технологияҳои иттилоотии таълим танҳо имкониятҳои хуби дидактикӣ фароҳам меорад, ки самаранокии татбиқи онҳо бештар аз сатҳи рушд, асоснокии дидактикӣ ва «технологӣ» ва дастгирии методӣ вобаста аст;

- ворид намудани низоми худкоргардонии (автоматикунонӣ) фаъолияти касбӣ дар раванди таълим бояд таҳия ва истифодаи воситаҳои махсусро таъмин кунад, то донишҷӯёнро ба истифодаи оқилона ва маромноки чунин низомҳо равона гарданд;

- консепсияи сохтани асбобҳои компютерӣ ҷиҳати дастгирии омоданамойии касбӣ таҳиягарони худро ба эҷоди на ҷузъҳои ҷудогона, балки маҷмӯаҳое равона мекунад, ки омӯзиши мукаммали маводи таълимиро аз назария то ҳалли масъалаҳои ғайритипикӣ таъмин менамояд;

- рушди босуръати технологияҳои иттилоотии таълим ва самтҳои васеи татбиқи онҳо ба барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ дохил кардани курси мувофиқро ба мақсад мувофиқ месозад.

Дар баробари телекоммуникатсияи компютерӣ, ба истилоҳ к-технологияҳо ва с-технологияҳо мавҷуданд, ки онҳоро муфассал дида мебароем.

Асоси ҳама кейс-технологияҳоро маҷмӯи кейсҳо ташкил медиҳанд, ки аз маводи таълимию методӣ ташкил ёфта, дар шакли чопӣ пешниҳод мегардад.

Комплекси таълимию методӣ барои ҳар як фанни таълимӣ дар донишкадаву донишгоҳ як қатор унсурҳоро дар бар мегирад. Ин барномаи методӣ барои курси омӯхташуда, барномаи кории курс, китоби дарсӣ, тестӣ, саволҳои имтиҳонӣ, мавзӯъҳои рисолаҳои курсӣ ва тезисҳо ва бисёр чизҳо вобаста аз самти донишкадаву донишгоҳ мебошад.

Дар баробари ин, маҳсулоти электронӣ низ метавонанд дар CD истифода шавад. Дар он ҷо маълумоти маводи таълимӣ ба таври визуалӣ пешниҳод карда мешавад. Онро иттилооти васеъ ва маълумотнома ҳамроҳӣ менамояд. Он бо низоми қулайи ҷустуҷӯ дар таҳсилоти фосилавӣ табдил ёфтааст.

Технологияҳои шабакавӣ дар таҳсилоти фосилавӣ барои машварат ва дастгириҳои дигари хидматрасонӣ истифода мешаванд.

C-технологияҳо технологияҳои шабакавӣ мебошанд. Дар ин ҳолат, тамоми воситаҳои интиқоли маълумот, манбаъҳои иттилоотӣ, суратмаҷлисҳои ҳамкорӣ, таъминоти сахтафзорӣ ва таъминоти ташкилӣ-методӣ ба системаи махсус дохил карда шудаанд, ки ба қонеъ кардани ниёзҳои таълимии корбарон нигаронида шудааст. Ин технологияҳо ба муҳити универсалии иттилоотию таълимии Донишкадаю донишгоҳҳо дохил карда шудаанд, ки маҳз заминаи ташкили системаи кушоди таълимӣ мебошанд.

Ҳамин тариқ, натиҷаи таҳлили боло нишон медиҳад, ки намудҳо ва шаклҳои таҳсилоти фосилавӣ боиси аз нав арзёбӣ шудани ҷаҳонбинии анъанавии омӯзгор мегардад, зеро онҳо на ба усулҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ, балки ба кори мустақилонаи донишҷӯ бо барномаҳои тюторӣ, почтаи электронӣ, иштирок дар муколама, моделсозии бозиҳо ва конфронсҳои виртуалӣ равона карда шудаанд.

пешина
аз 15
навбатӣ