Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
Манфред – қаҳрамони достони шоири бузурги ингилис Ҷорҷ Байрон (1788–1824) «Манфред» (1817).
Маренго – деҳкадае дар шимоли Итолиё, ки дар он 14 июни соли 18 артиши Наполеони Бонопарт кушунҳои австриро торумор карда буд.
Маркиз – як унвони дворянӣ; дар матни роман ба маънои иштирокдорони маскарад ҳам омадааст, ки маркизвор либос пӯшидаанд.
Марко Поло (қариби 1254–1324) – сайёҳи итолиёӣ; яке аз нахустин манобеи дониши аврупоиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Ҷанубӣ аз китобест, ки соли 1298 аз қавли ҳамин Марко Поло навишта шудааст.
Марокеттӣ – Марокеттӣ Шарл (1805–1868), хайкалтароши итолиёӣ. Марриэт – Марриэт Фредерик (1792–1848), нависандаи ингилис. Мартин – Ҷон Мартин (1789–1854), рассоми ингилис.
Мартселла – Мартселла Марк Клавдий (270–180–и пеш аз милод), лашкаркаши римие, ки дар соли 212–и пеш аз милод дар ҷанги дуюми Пунӣ ҳангоми муҳосираву ишғоли Сиракуз (Ситсилия) дар ҳамон шаҳр Архимедро куштааст.
Мартсиал – Мартсиал Марк Валерий (42–101 ё 104), шоир, ҳаҷвнигор ва эпиграмманависи римӣ. «Китоби манзараҳо» офаридаи ӯст доир ба табаррукоти Колизей, ки сатрҳои дар роман иқтибосшуда аз ҳамон китоб аст.
Маршал – як рутбаи олии ҳарбӣ, вале дар матни роман маънои мушаххасе дорад, ки аз шарҳи модаи Мурат пайдо мешавад.
Маскарад – базме, ки иштирокдоронаш бо ниқоб ба пӯшоки аҷибу ғариб пайдо мешаванд.
Масонӣ – он чи ба масонҳо – аҳли фармӯшхонаҳо хос аст; аломатҳои шартии масонӣ (ложаи масонӣ – фаромӯшхонагӣ) – системаи аломатҳо (ишораҳои вежа ва ғайра), ки аъзои фаромӯшхона – (масонҳо– маънояш бинокорони сангчини озод) аз рӯи он якдигарро мешинохтанд; масонҳо худро ба давлат ва калисо муқобил гузошта, саъй мекарданд инсониятро дар иттифоқи баробарии динӣ ба ҳам оваранд.
Мастодонт – як ҷонвари ширхору хартумдори аз байн рафтаи давраҳои қадим.
Маҷлис – Палата – парлумон.
Медалон – сохти тасвири нақшу нигори чанбарааш гирд ё тухмшакл. Медичӣ – авлоди Медичӣ, авлоди флоренсие, ки дар Итолиёи асрҳои миёна нақши муҳим дошта, ба яке аз ширкатҳои тиҷоратию бонкии асри XV–и Аврупо асос гузоштаанд. Шоҳбонуи Фаронса Екатерина Медичӣ аз ҳамин авлод буд, ки соли 1547 ба тахти шохӣ баромадааст; сахт дасисабоз буда, қатли омми гугенотҳо аз ҷониби католикҳо, шаби 24 августи соли 1572 (шаби Варфоломей) аз ҷумлаи дасисаҳои ин зан буд.
Медора – парсонажи достони «Корсар»-и Байрон (1814), рамзи маъшуки бовафо.
Медуза – дар асотири юнониҳо як зани девниҳоди бадҳайбате, ки аз дидани ваҷоҳаташ санг мегардиданд одамон.
Меркурий – дар асотири римиён худои бозаргонӣ, пуштибони сайёҳон. Мессалина (қатлаш соли 48–и пеш аз милод) – зани сеюми императори Рим Валерий.
Мешчан – як нафар аз табақаи мешчанҳо – шаҳриёни косибу тоҷир ва ғайра.
Меттерних – Меттерних Клемент Венсел Лотар (1773–1859), арбоби давлатӣ ва дипломатии австрӣ.
Минёр – дар флоти баҳрии ҳарбӣ муттахассиси яроқи минаӣ, истифода бурдан ва чораҳо дидан алайҳи он.
Мил – миля, ченаки роҳ, ки ҷуғрофиаш ба 7420 м, баҳриаш ба 1852 м баробар аст.
Мистрал – шамоли сахти сарди шимолу ғарбии маҳаллӣ дар Фаронса. Митридат – зоҳиран Митридати VI Евпатор (132–163), шоҳи Понт, ки кулли саҳилҳои баҳри Сиёҳро ба даст оварда, дар ҷангҳои бо римиён мағлуб гардида, худкушӣ кардааст.
Мокколетто – мокколо – шамъҳои мумие, ки ғафсиашон мухталиф буда, аз шамъҳои маросими пасха то бориктарин шамъҳоро дар бар мегирад.
Моле – як раиси парлумони Париж дар асри XVII.
Молибран – Молибран Марӣ Фелисите (1808–1830), сарояндаи машҳури итолиёӣ.
Молйер – Жан Батист Поклон Молйер (1622–1673), мазҳаканависи фаронсавӣ; дар матни роман ибораи туркии Молйер – ишора ба мазҳакаи «Дворянигарии мешчанин» – аст, ки қаҳрамонаш ҷаноби Журдон аз сермаъноии алфози сохтаи гӯё туркӣ ба ҳайрат меафтад, алфозе, ки маънояшро хеле озод шарҳ додаанд ба ӯ. Мусоҳибаш Ковйел дар ҷавоби ҳайрати ӯ мегӯяд: «Оре, чунин аст забони туркӣ, чанд вожаву як дунё маъно».
Манмарт – як ноҳияи Париж аз соли 1860, собиқ ҳаволии шаҳр. Монморансӣ – Монморансӣ Анн (1493–1567), герсог, Маршали Фаронса. Дар ҷангҳои мазҳабии асри XVI яке аз пешвоёни католикҳо. Монморансӣ – Матйе–Жак–Фелисит, герсог де Монморансӣ–Лавал (1760–1826), иштирокчии ҷанги Амрико барои истиқлолият. Монтанярҳо – гурӯҳи депутатҳо – вакилони демократи инқилобии Конвент.
Монтен – Монтен Мишел де (1533–1592), файласуфи фаронсавӣ. Монтион – ҷоизаи Монтион (ҷоиза «барои комёбиҳо дар накӯкорӣ») – таъсисдодаи Академияи фаронсавии ҷоизаҳои ба номи барон Антуан Монтион (1733–1820), башардӯсти фаронсавӣ.
Мортемар – зоҳиран Габриэл де Рошшуар маркиз де Мортемар (1600– 1675) дар назар аст.
Мотсарт – Мотсарт Волфган Амадей (1756–1791), бастакори австрӣ. Муллер – Муллер Иоҳанӣ Себастян (1715–1785), рассом ва кандакори фаронсавӣ.
Мундир – сарутани расмии ягон соҳаи шуғл, хоҳ ҳарбӣ бошад, хоҳ шаҳрвандӣ.
Мурат – Мурат Иоаҳим (1767–1815), ҳамсафи Наполеони Бонопарт ва домоди ӯ (аз соли 1800), Маршали Фаронса (1804), шоҳи Неапол (аз соли 1808). Иштирокчии кулли набардҳои Наполеон. Дар матни роман гоҳо ҳамту бо номи маршал, бе зикри исмаш меояд.
Муслин – матои нафиси абрешимӣ ё пахтагие. Аз номи шаҳри Мавсил (Мосул)–и Ироқ гирифта шудааст.
Муҳаммадалӣ – ё Маҳмад Алӣ (1769–1849) – волии Туркия дар Миср (аз соли 1805), ки минбаъд ба истиқлоли пурра гирифтан аз султони турк муваффақ шудааст.
Мушкет – яроки дастии пилтагии оташфишон.
Мэриленд – мэриленд, порторико ва латакӣ – навъҳои сигор, ки ба номи мавзеи рустани тамокуяшон шӯҳрат ёфтаанд. Масалан Мэриленд – иёлате дар соҳилҳои атлантикии Амрико; Латакия – бандаре дар баҳри Миёназамин дар Сурия; Порторико – низ зохиран номи маҳал аст, ки ҷояш муайян кардан нашуд.
Мэр – сардори идораи шаҳрдорӣ; баландия; мир.
Наввоб – дар Ҳиндустони асри XVII волии империяи Темуриёни Ҳинд; баъди фурӯпошии империя дар асри XVIII бисёре аз наввобон шаҳзодагони мустақил гардидаанд.
Наполеондор – тангаи тиллои арзишаш ба бист франк баробар, ки дар рӯяш тасвири Наполеони I нақш ёфта, аз соли 1803 сикка зада мешуд.
Неапол – шаҳр ва бандар дар ҷануби Итолиё.
Нерон (37 68) – императори Рим аз соли 54, аз сулолаи Юлиҳо Клавдиҳо. Несс – дар асотири юнониҳо қантарус (кентавр)–е, ки ба Деянираи зани Ҳеракл қасди бад кардааст.
Нестор – дар асотири юнониҳо шоҳи Пилос, яке аз иштирокдорони ҷанги Троя. Дар «Илиада» пири хирадманд тасвир шудааст.
Ним – шаҳрест дар Фаронса.
Ниттса – шаҳре дар Фаронса, дар соҳили Лоҷварди баҳри Миёназамин. Нормандия – вилояти таърихие дар Фаронсаи Шимолӣ, асосан дар нимҷазираи Нормандия.
Нубӣ – нисбати Алӣ ба Нубия, ки ватани ӯ будааст. Нубия дар қадим кишваре будааст дар соҳати Судон ва як қисми Мисри ҳозира.
Оберйегермайстер – як мансаби дарборӣ – сарвари дастаи сайёдон дар маросими шикори шоҳона.
Одрӣ – Одрӣ Жак Шарл (1779–1853), ҳунарпешаи мазҳакаҳои фаронсавӣ.
Олимп – дар асотири юнониҳо кӯҳе дар Фесали, ки маъвои худоён будааст. Қасри Зевс ва дигар худоён дар ҳамон ҷост.
Оран – шаҳр ва бандар дар Алҷазоир дар соҳили баҳри Миёназамин. Ординарӣ – ба ҷо овардани вазифаи ординаретс, ки ӯ дар назди командир ё ситод асосан хидмати хабаррасон–қосидиро ба ҷо меоварад. Остенде – шаҳр ва бандар дар Белгиё. Моҳидорӣ ва моҳипарварӣ он ҷо ривоҷ доштааст.
Полермо – шаҳр ва бандари асосии ҷазираи Ситсилия дар Итолиё. Панглос – духтур Панглос – персонажи қиссаи фалсафии адибу файла суфи бузурги фаронсавӣ Валтер (1694–1778) «Кандид ё Оптимизм». Кулли қисса ба радди даъвои асосии Панглос: «Дар ин беҳтарини аз дунёҳо ҳама чиз ба некист» – тахсис ёфтааст.
Пасха – писҳо, фисҳ – як иди динии яҳудиён ва насрониён, ки дар якшанбеи якуми баъди мувозанати шабу рӯз барпо мешавад.
Пергамент – коғави равғанногузар барои чизпечонӣ, хатнависӣ ва ғайра ки аз матои бо кислотаи сулфур ошдодае тайёр карда мешавад. Перпинян – шаҳре дар Фаронса, дар соҳили дарёи Тет.
Персей – дар асотири юнониҳо қаҳрамон, писари Зевс, ки Медузаро кушта, Андромедаро аз дасти ин бадаъмоли баҳрӣ наҷот додааст.
Перуҷа – шаҳрест дар Испониёи Марказӣ Перучино – (исми воқеиаш Ванучӣ) Пйетро (байни 1445 ва 1452 – 1523) рассоми итолиёӣ.
Петр – Ҳазрат Пётр, дар Инҷил яке аз нахустин хавориёнест, ки ҳузури Масеҳ (нузули Маҳдӣ)–ро эълом доштааст.
Пиастр – номи итолиёии тангаи қадимаи испонии песо.
Пийи Ҳафтум (1740–1823) – папаи Рим аз соли 1800. тоҷ ба сари Наполеони Бонопарт гузоштааст (соли 1804).
Пиндар (қариби 518–442 ё 438–и пеш аз милод), шоири лирики Юнонӣ Қадим.
Пирам ва Фисба – шоири римӣ Овидий (43–18–и пеш аз милод) дар достони «Таносух» – аш муошикати дилдодагони вавилонӣ Пирам ва Фисбаро тасвир кардааст. Даме ки ба тақозои тасодуфи фоҷиаборе Пирам худкушӣ мекунад, Фисба низ даст ба ҷони худ мезанад. Номи ишон рамзи садоқати ошиқон гардидааст.
Питтӣ – қасри Питтӣ – ёдгории барҷастаи меъмории Эҳёи Бармаҳал дар Флоренсия.
Пйемонт – вилояте дар шимоли ғарбии Итолиё, вилояти аз лиҳози иқтисодӣ хеле тараққикардае, маркази шаҳри Турин.
Пйеро – персонажи анъанавии театри мардуми фаронсавиён, ки дар ибтдои асри XVII пайдо шудааст.
Плиний – Плиний Калонӣ (23–2479), олим ва нависандаи римӣ, муаллифи «Таърихи табиӣ» – донишномаи доманадор, ки доир ба масъалаҳои мухталиф иттилоотеро дар бар гирифтааст.
Плутарх (тақр. 45 – тақр.127) – нависандаву муаррихи Юнони Қадим. Шарҳи ҳоли юнониҳову римиёни барҷаста (50 тарҷумаи ҳол)–ро дар бар гирифтааст.
Подиум – дар меъмории Рими Қадим баландӣ ва майдончае дар сирк ё амфитеатр барои тамошобинони баргузида.
Полермо – шаҳр ва бандари асосии ҷазираи Ситсилия (дар Итолиё). Порпора – Порпора Накколо (1686–1768), бастакори итолиёӣ.
Портсмут – шаҳр ва бандаре дар Бритониёи Кабир, дар Ингилистон, наздики гулӯгоҳи Ла–Манш.
Потёмкин – Григорий Александрович Потёмкин (1739–1791), генерал– фелдмаршали рус, ёвар ва маҳбуби Екатеринаи II ва ғайра.
Префект – сардори политсия.
Прованс – вилояти таърихие дар ҷануби шарқии Фаронса. Дар асрҳои X– XV графие буд дар ҳайати «Империяи Рими Муқаддас», вале соли 1481 ба Фаронса тобеъ карда шуд.
Провансалӣ – забони провансалӣ – яке аз забонҳои ҳиндуаврупоии гурӯҳи романӣ, ки ба он мардуми музофоти ҷанубу шарқии Фаронса ҳарф мезаданд.
Пуссен – Пуссен Никола (1594–1665), рассоми фаронсавӣ, ки аксари тасвирҳояш мазмуни асотирию инҷилӣ доранд.
Пунш – нӯшобае, ки аз ҷӯшондани роми об ҳамроҳ карда шуд, шакар, май, афшураи меваҷот ва дорувор ҳосил мекунанд; вожаи пунш – панҷи ҳиндист, ки дарбаргирандаи панҷ унсур аст.
Пӯсти Тилло – дар асотири юнониҳо пӯсти гуспанди мӯъҷизаосое, ки дар шакли аждаҳо шоҳи Колхида Ээтро муҳофизат мекардааст; таъбири русиаш Золотое Руно; маънои маҷозиаш – ҷонхарид.
Пэр – унвони намояндагони олии аристократия дар Фаронса ва Ингилистон.
Пэрии дувоздаҳум – пэрии дувоздаҳгона (тобеони подшоҳии бархурдор аз ҳуқуқи арзёбӣ кардани ҳамтоёни худашон), ки то охири асри XIII дар Фаронса мавҷуд буд; сипас адади пэрҳо афзоиш ёфт.
Раул – Раул дар «Гугенотҳо...» – «Гугенотҳо» операи бастакори фаросанвӣ Ҷ. Мейербер (1791–1864).
Рафаэл – Рафаэл Сантӣ (1483–1520), рассом ва маъмори итолиёӣ. Рейхштадтӣ – герсоги Рейхштадтӣ – Наполеони II (1811–1832), писари Наполеони I Бонопарт, ки дар мавриди истеъфояш (дар соли 1815) варо Наполеон императори Фаронса эълом дошта буд, вале ҳеҷ гоҳ ҳукмронӣ накарда, дар дарбори бобояш – императори Австриё Франси I мезист ва соли 1818 унвони герсоги Рейхардтӣ гирифтааст.
Рене – ин шаҳс аттори Екатерина Медичӣ буд, ки ба ин шоҳбону заҳр тайёр карда медод. Тасвираш дар романи «Шоҳбону Марго»-и Дюма омадааст.
Реставратсия – дар Фаронса давраи дуюмбора ба ҳукмронӣ расидани хонадони Бурбонҳо дар солҳои 1814–1815 (реставратсияи якум) ва 1815–1830 (реставратсияи дуюм); миёни реставратсияи якуму дуюм «Сад рӯз»-и императории дуюми Наполеон воқеъ гардидааст, ки дар роман ҳамин ҳукмронии садрӯзаи Наполеон ҳам ба номи «Реставратсия» вомехӯрад.
Ричарди III (1452–1485) – шоҳи Ингилистон аз соли 1983, бародари Эдуарди IV. Ричард дар баҳои куштори фарзандони ҳамин Эдуарди IV – Эдуарди V ва бародари хурди ӯ ба тахти шоҳӣ расида буд.
Решелие – Ришелйе Арман Жан дю Плессӣ (1585–1642), кардинал (аз соли 1622), аз соли 1624 сардори шӯрои давлати шоҳӣ, вале дар асл ҳукмфармои Фаронса.
Робер (1733–1808) – рассоми фаронсавӣ.
Роберт – Роберти Иблис унвони боби ХV-и роман ба номи унвони операи бастакор Ҷакомо Мейербер (1792 – 1864) «Роберт–Дявол» (1830) гузошта шудааст, ки бастакор дар Олмон, Итолиё ва Фаронса зиндагӣ ва эҷод кардааст ва исми воқеиаш Якоб Либман Бер будааст.
Робеспйер – Робеспйер Максимилйен (1758–1764), арбоби Инқилоби кабири Фаронса, яке аз роҳбарони якобиҳо – ифодагарони манофеи демократияи инқилобии буржуазия.
Роллер ва Бланше – инҳо зоҳиран устоҳои машҳури Аврупоӣ ғарбианд. Ромулу Рем – дар асотири римён ду бародари ҳамбатн, ки гург шир додааст ва бунёди шаҳри Римро асос гузоштаанд ва Ромул нахустин шоҳи Рим гардидааст (асри VIII-и пеш аз милод).
Ротшилд – М.А. Ротшилд, асосгузори сарои бонкдории асри XVIII–и Фаронса.
Роялист – шахсе, ки ҷонибдори ҳокимияти шоҳони сулолаи Бурбонҳост; истилоҳи «роялист» дар замони Инқилоби кабири Фаронса пайдо шудааст; маънои таҳтуллафзии роялис – шоҳӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё