Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
Дидйе – қаҳрамони драмаи В. Ҳуго «Марион Делорм» (соли 1831). Диоген – Диоген Лаэртий (нимаи аввали асри III), нависандаи Юнони Қадим, муаллифи навиштаҳои талфифӣ доир ба таърихи фалсафаи Юнон.
Директория – ҳукумати ҷумҳурияти Фаронса миёни солҳои 1795–1799. Доза – Доза Андриен (1804–1868), рассому лавҳакаши фаронсавӣ. Домина – либоси маскарадбоб дар шакли боронии васеи остиндору каллапӯшдор, инчунин каси чунин либос дар бар дошта. Дофине – музофоти таърихие дар ҷануби шарқии Фаронса.
Дугесклен – (Ду–Геклен) Бертран (1320–1380), лашкаркаши машҳур, сарфармондеҳи артиши Фаронса. Бо муборизаҳои муқобили ингилисҳо шӯҳратёр гардидааст.
Дуране – як шохоби дарёи Рона.
Дупре – Дупре Жул (1811–1889), рассоми фаронсавӣ, намояндаи мактаби Барбизонӣ – гурӯҳи рассомони манзаранигор, ки дар деҳаи Барбизон, қариби Париж фаъолият доштанд.
Дуэл – ҷанги силоҳбадасти ду кас, ки бо довталаб шудани яке аз тарафҳо барпо мешавад.
Дуэт – аз тарафи ду сароянда ё ду соз иҷро шудани асари мусиқӣ; бадеҳаи тоҷикӣ низ навъе аз дуэт аст.
Дюйм – ченаки дарозӣ, ки ба 2,54 см баробар аст.
Еленаи Пок – номи ҷазираи вулқоние дар қисми ҷанубии укёнуси Ат лантик.
Жандармерия – политсияе, ки ташкилоти ҳарбӣ дорад ва ин ташкилот вазифаи муҳофизатро дар дохили кишвар ва артиш ба ҷо меоварад; номи идораи ҳамин ташкилот; жандарм – як нафар хидматгузори ин ташкилот.
Жан Жак Руссо (1712–1778), – нависанда ва файласуфи фаронсавӣ. Эмил номи қаҳрамони ӯст аз роман–рисолаи «Эмил ё Доир ба тарбия» 1768, ки дар ин асар Руссо назарашро роҷеъ ба гуманизму демократизм баён кардааст.
Жиро – Жиро Пйе–Франсуа–Эжен (1806–1881), рассом ва кандакори фаронсавӣ.
Жирондист – узви созмон (гурӯҳ)–и сиёсии замони Инқилоби кабири Фаронса, ки ҳайаташ асосан аз буржуазияи бозаргонию саноатӣ ва заминдорон иборат буд; жирондистон аксаран аҳли Жиронд буданд (ниг.низ: бордоӣ).
Жозефина – номи ҳамсари талоқёфтаи Наполеони I.
Жокей – чобуксавори варзида; жокей–клуб – бошгоҳи чобуксаворон.
Зонтаг – Генриетта Зонтаг (1806–1854), сарояндаи маъруфи олмонӣ.
Иезуитҳо – аъзои созмони роҳибони католик; аз номи Исо гирифта шудааст, яъне ҷамъияти Исопарастон; дар роҳи шӯҳрат додани эътибори худовандии Исо аз ҳеч ҷинояте рӯй наметофтанд езуитҳо.
Иорнанд – маъмулан Иордан (асри VI) – муаррихи готӣ.
Иттифоки карловитсӣ – ишора ба иттифоқи Австирё, Маҷораистон, Лаҳистон, Русия дар ҷанги бо империяи Туркия, ки дар асоси қарори конгресси Карловитсӣ (1698–1699) ба баъзе имтиёзҳо соҳиб шуда буданд.
Иттифоқи муқаддас – иттифоқи миёни Австриё, Пурсиё ва Русия, ки ба мақсади пахш карда шудани ҳар гуна инқилоб ақд ёфта буд. Соли 1915 ба он Фаронса ва як қатор давлатҳои дигари Аврупо ҳамроҳ шуданд.
Кабанис – Пйер Жан Жорж Кабанис (1757–1807), файласуф ва пизишки фаронсавӣ.
Как – Какус, дар асотири римиён писари Вулкан – бадкори ғоратгар ки ба дасти Геркулес кушта шудааст.
Калабриҳо – аҳли нимҷазираи Калабрия, ки як вилояти маъмурист дар ҷануби Итолиё.
Калигуа (12–41) – императори Рим аз соли 37 аз сулолаи Юлиҳо– Клавдиҳо.
Калиостро – Александр Калиостро (Ҷузеппе Балзамо), граф (1743–1795), моҷароҷӯе, ки ҳангоми дар дарбори шоҳони Аврупо пайдо шудан худашро пизишки беҳамто, кимиёӣ ва ғайбдону пешгӯикунандаи воқеот муаррифӣ мекард.
Калло – Калло Жак (1592 ё 1593–1635), ҳаккоку наққоши машҳури фаронсавӣ; осори ҳаккокиаш аз унсурҳои иғроқу тахайюл ба ҳам омадаанд.
Калпурний – Тит Калпурний Сикул, шоири римӣ ки дар аҳди Нерон – императори Рим эҷод кардааст.
Камера – (дар забони лотинии пасин – хона, ҳуҷра) – як дар хонаи таъйиноти вежа, масалан, якахонаи маҳбас.
Камергер – номи як унвони дараҷаи боло дар асрҳои миёнаи Аврупо. Каннҳо – деҳкадае дар ҷануби шарқии Итолиё, қариби резишгоҳи дарёи Офанта.
Канова – Канова Антонио (1757–1822), хайкалтароши маъруфи итолиёӣ.
Кантон – бо ин ном маҳаллест дар Швейсария, Белгиё, Фаронса, шахрест дар Амрико, Чин, ки ба мазмуни матни роман рост намеояд.
Капитолий – Яке аз 7 теппае, ки Рими Қадим дар болояш бунёд гардидааст. Маъбади Капитолий дар ҳамин ҷо қарор дорад.
Капӣ – юзи капӣ – юзи як минтақаи Африқо.
Карабин – як навъи туфанги шикории милаш рахдор.
Карабинёрҳо – унвони ҳайати шахсии жандармерия дар Итолиё. Карантин – бунгоҳи беҳдоштӣ барои аз назар гузаронидани ашхос, киштиҳо ва молҳое, ки аз маҳалҳои эҳтимоли мавҷудияти ягон навъ бемориҳои сироятӣ мерасанд.
Карбонарҳо – аъзои созмони махфии инқилобие, ки дар нимаи аввалин асри XIX дар Итолиё ва Фаронса вуҷуд дошт. Карбонарҳо дар фаромушхонаҳо – ложаҳои масонӣ муттаҳид гардида, дорои рамзҳову маросимҳои хоссе буданд.
Карета – фойтуни болопӯшидаи чорчархаи рессор – фанардоре, ки маъмулан дару тиреза низ дошт.
Карли Дахум (1757–1836) – шохи Фаронса, аз сулолаи Бурбонҳо.
Карли Дуюм – шоҳи Ингилистон аз соли 1660, баъди Оливер Кромвел ба тахти шоҳӣ муҷаддадан нишаста ҳокимияти мутлақаро барқарор кардааст.
Карли Ҳафтум (1403–1461), – шохи Фаронса аз соли 1422 аз сулолаи Валуа – сулолаи шоҳони фаронсавӣ дар солҳои 1328–1589.
Карли Якум – шохи Ингилистон аз соли 1625. Дар ҷараёни Инқилоби буржуазии асри XVII ба фармудаи Оливер Кромвел қатл карда шудааст.
Карл Моор – як персонажи дарамаи Ф. Шиллер – «Роҳзанон» (1781). Карлос – дон Карлоси Калонӣ 1788–1855, писари шоҳи Испаниё Карли VI; дворянҳои либерал Дон Карлосро ба номи Карли V шоҳ бардоштанд, ки дар асари ҷанге мағлуб гардида, соли 1839 ба Фаронса фирор кардааст.
Кассандра – дар асотири юнониҳо духтари шоҳи Троя Приам. Аз Опполон истеъдоди пешгӯӣ карда тавонистан дарёфта буд. Чун Кассандра ишқи Апполонро рад кард, ӯ коре намуд, ки мардум ба пешгӯӣ карданаш бовар намеакрдагӣ шуданд. Ранҷишашро боис ҳамин рад кардани ишқи ӯ буд.
Кастилия – шоҳигарие дар қисми марказии нимҷазираи Пиренея; Давлати ягонаи Испониё решаи кастилӣ дорад.
Каталонӣ – мансуб ба Каталония, ки як вилояти таърихии худмухтор дар шимолу шарки Испониё. Яъне каталонӣ касе, ки аҳли Каталония аст. Ҳамчунин бандарест Каталония; киштии каталонӣ – киштии расанда аз бандари Каталония.
Каторга – муҷозоти махсусе буд барои ҷинояткорону маҳбусони сиёсӣ, ки маҳбусонаш хамвора ба маҳрум будан аз озодӣ махбусон ба кори ҷисмонии тоқартфарсо фаро гирифта мешуданд.
Кашалот – навъе аз зергурӯҳи китҳои ширхори дандондор; истилҳи тоҷикиаш – гови анбар.
Каюта – ҳуҷрае дар киштӣ.
Клагман – Клагман Жан–Батист (1810–1867), ҳайкалтароши маъруфи фарансавӣ.
Клеопарта (66–30–и пеш аз милод) – шаҳбонуи Миср аз сулолаи эллинистии Птолемейён, маъшуқаи Юлий Сезар ва завҷаи Антоний. Клименти Ҳафтум – папаи Рим дар солҳои 1523–1534.
Клависса – навъе аз ҷонварони баҳрии ғизоӣ.
Колизей – амфитеатри Флавиён – сулолаи императорони Рим – дар Ри; ёдгории меъмории салҳои 75–80.
Коляска – ароба – фойтуни чорчархаи рессор–фанардори шифташ кушодашаванда.
Командор – яке аз олитарин рутбаҳо дар силки ритсарӣ – ҷавонмардию баҳодурӣ.
Конвент – органи олии қонунгузор ва иҷроияи Нахустҷумҳурияти Фаронса, ки аз 21 сентябри соли 1792 то 26 октябри соли 1795 амал мекард.
Конде – Конде Луи II Бурбон (1621–1689), шоҳзода, лашкаркаши фаронсавӣ.
Константина – шаҳре дар шимоли шарқии Алҷазоир.
Консул – шахсияти вазифадорест, ки ба сифати намояндаи доимӣ дар ягон шаҳр ё ноҳияи давлати дигаре барои ҳимояи манофеи ҳуқуқиву иқтисодии давлати худ ва шаҳрвандони ин давлат таъйин мегардад. Контрабас – як олати мусиқии тории бо камонча навохташавандаи монанд ба гижак, вале дар қиёси он хеле бузург.
Корнел – Корнел Пйер (1606–1684), драманависи фаронсави. Ибораи «кош мемурдам» аз фоҷиаи «оратсий»-и ӯст, ки соли 1640 таълиф шудааст.
Корнелӣ Непот (охири асри II–и пеш аз милод – наздики соли 32–и пеш аз милод) – муаррихи римӣ, муаллифи китоби машхури «Роҷеъ ба одамони номвар».
Кромвел – Кромвел Оливер (1599–1658), арбоби инқилоби буржуазии Ингистон дар асри XVII, ки соли 1649 шоҳи кишвар – Карди I–ро ба қатл расонда Ингилистонро ҷумҳурият эълон карда буд.
Корсаж – юбка – доманбанд.
Корсикоӣ – мансуб ба Корсика; дар матни роман ишора ба Наполеон Бонопарт аст.
Кохинхиние – як нафар кохинхинй; кохинхина – номи Вйетнами Ҷанубӣ; ба ривояти дигар, як қисми Ҳидухитой будааст дар адабиёти аврупоии давраи ҳукмронии мустамликадорони фаронсавӣ; ба андешаи ин ҷониб (яъне тарҷумон Ҷ.А.) «кохинхина» шакли вайроншудаи талаффузи фаронсавӣ ё ингилисии вожаи «кханкхана» аст, ки таъбири форсии «хони хонон» – як унвони ифтихорӣ дар дарбори темуриёни Ҳинд буд, ки ба аҳли адабу фарҳанг медоданд; чунон чи Байрамхони Хони Хонон ва фарзанди ҳамин Байрамхон – Мирзоабдурраҳими Хони Хонон дорандаи ин унвон буданд ва бад–ин сабаб ҳамин Абдураҳими Раҳимтахаллус дар Энсиклопедияи мухтасари адабиёт»-и шӯравӣ (Краткая литературная энциклопедия, ҷ. 3, М., 1966, саҳ. 936) бо номи «Кханкхака» сабт гардидааст. Ҳамин унвон дар дарбори шоҳони Сафавии Эрон низ роиҷ буд, вале ба туркӣ: «хонлар хонӣ». Масалан падари Парвез Нотили Хонларӣ дорандаи ҳамин унвон будааст, ки писарашонро дар шакли «Хонларӣ» ба таркиби исмаш илҳоқ мекард.
Ксенофонт (430–354–и пеш аз милод) – муаррих ва адиби машҳури юнонӣ.
Кузла – гӯиши форси козлӣ, нишастгоҳи фойтунчӣ.
Кумитаи бонопартӣ – Кумитае, ки аъзояш барои дубора ба сари кудрат омадани Наполеони Бонопарт дар пинҳонкорӣ замина омода мекард. Купер – Купер Чеймс Фенимор (1789–1851), нависандаи амрикоӣ. Калъаи Иф – зиндони подшоҳии Фаронса, ки соли 1524 бо фармони Франсиски I (1494–1547) – шоҳи Фаронса аз сулолаи Валуа, барафрохта шудааст; сиёсати ин шоҳ ба табдил додани подшоҳии Фаронса ба мутлакият равона шуда буд.
Лавуазйе – Лавуазйе Антуан–Доран (1743–1794), кимиёдони фаронсавӣ; дар соҳаи кимиёи газҳо чандин қонуни муҳимме кашф кардааст.
Лангедок – як вилояти таърихӣ дар ҷануби Фаронса; дар соли 1790 Лангедок мақоми ноҳия дошт.
Лангуст – навъе аз чонвари баҳри шабеҳ ба харчанг, вале калонтар аз он, ки онро дар баҳрҳои гарм сайд мекунанд.
Лапландия – як соҳати табиат дар шимоли Австриё, Норвегиё, Финландиё, манзараи сатҳи заминаш аз тундраю тайга иборат аст.
Лара – кӯшиш дорад Лара намояд. Лара қаҳрамони достони Байрон «Лора» (1814); қаҳрамонҳои Байрон аз қабили Лара, Манфред, Вернер касонеанд, бо муҳити худ тарки алоқа карда ва аз ҳама чиз дилмонда гардида, ба роҳи муборизаи оштинопазиру интиқом даромадаанд.
Лафайет – Маркиз Марӣ–Жозеф–Пол де Лафайет (1757–1834), арбоби сиёсии Итолиё, ки дар давраи аввали инқилоби Фаронса дар он иштирок доштааст.
Лаффит – Жак Лаффит (1767–1844), бонкдори фаронсавӣ, соли 1830– 1831 сарвари ҳукумат ва вазири молияи Фаронса буд.
Лё – ченаки масофаи кӯҳнаи фаронсавӣ, ки ба 4,5 км баробар аст. Левассер – Никола–Дроспер Левассер (1792–1871), сарояндаи маъруфи фаронсавӣ.
Леви XII – папаи Рим дар солҳои 1823–1829. Ба муқобили роҳзанону карбонарҳо як силсила чорабиниҳо пеш гирифтааст.
Леополд Робер (1794–1835) – рассоми мактаби фаронсавие, ки дар Итолиё мезист. Мавзӯи дилпазираш саҳнаҳои деҳот будааст.
Ливорно – шаҳр ва бандар дар Итолиё, дар вилояти Тоскана.
Ливр – воҳиди пули Фаронса, то ҷорӣ шудани франк дар соли 1799 дар муомила буд; Лион – шаҳре дар Фаронса, бандар дар резишгоҳи дарёҳои Рон ва Сон, маркази маъмурии департаменти Рон.
Лорелея – парии обие, ки сурудхониаш касони дар шино бударо ба сӯи худ мекашидааст.
Луар – дарозтарин дарёи Фаронса.
Лувр – дар ибтидо қасри шохони Фаронса дар Париж; аз соли 1791 музеи осори бадеъ, як макази пурсарвати осори Мисри қадим, давраи атиқа ва саноеи Аврупои ғарбӣ.
Лудовики XII (1462–1515), шоҳи Фаронса аз соли 1498, аз сулолаи Валуа. Бо юриши соли 1499 ҷангҳои итолиёии солҳои 1499 – 1559–ро барпо доштааст.
Лудовики XVIII (1755–1824) – шоҳи Фаронса дар солҳои 1814–1815 ва бори дигар баъди ҳокимияти «Сад рӯз»-и аз сари давлат ронда шудани Наполеони I (1815–1824).
Лудовики XIV (1638–1715), шоҳи Фаронса аз соли 1643 аз сулолаи Бурбонҳо. «Давлат ин ман» таъбири шӯҳратёфтаи ӯ будааст.
Луидор – тангаи тиллои фаронсавӣ, ки солҳои 1640–1795 сикка зада мешуд. Аз исми шоҳ Лудовики XIII ин танга «луидор» ном гирифтааст.
Луӣ–Филипп – Луӣ Филипп Жозеф (1747–1793), намояндаи шохаи хурди Бурбонҳо, герсоги Орлеанӣ. Дар давраи Инқилоби кабири Фаронса аз унвонаш даст кашида ба худ Эгалите (ба фаронсавӣ – Мусовот) ном гирифта буд. Луӣ Филиппи шоҳи Фаронса дар солҳои 1830–1848 писари хамин Луӣ Филиппи Эгалите аст.
Лука дела Роббиа (1399–1482) – рассоми маснуоти сафолии итолиёӣ, ки тарзи тайёр кардани релйефҳои майоликӣ – тасвирҳои барчастаи рӯи маснуоти сафолиро кашф кардааст.
Луккӣ – мансуб ба Лука аст, ки шаҳрест дар Итолиёи Марказӣ, дар вилояти Тоскана.
Луксембург – қасри Луксембург дар Париж, ки он ҷо баъди Инқилоби феврали соли 1845 зери фишори коргарон барои беҳбудӣ бахшидан дар кори онҳо ҳукумати муваққатӣ комиссия ташкил дода буд.
Лукулл (қариби 117 – қариби 56–и пеш аз милод) – лашкаркаши Рим. Бо сарват, таҷаммул ва зиёфатҳои бошукӯҳ шӯҳрат доштааст.
Мадемуазел – одоби муроҷиат ба духтари хона дар Фаронса, ки баъдтар дар кишварҳои дигар низ ройиҷ шудааст; ҳамчунин якҷоя бо ном ва номи хонаводагӣ ба забон гирифта мешавад.
Мажендӣ – Мажендӣ Франсуа (1788–1855), пизишк ва физиологи фаронсавӣ.
Майорат – дар ҳуки феодалӣ як шакли меросбардории амволи ғара манқула, ки мерос пурра ба ихтиёри меросхӯри ба син аз ҳама калон гузошта, таъйиноти бақову таҳкими моликият ба заминдориҳои бузург буд.
Макбет – леди Макбет – зани шоҳи Шотланиё Макбет (аз соли 1040), ки баъди куштани шоҳ Дункани I ба тахт нишаста, сипас дар ҷанг бо писари ҳамин Дункан – Малколм худаш кушта шудааст. Тафсилоти ин воқиаҳо мавзӯи фоҷиаи Шекспир «Макбет» (1606) қарор ёфтааст.
Макиавеллӣ – Макиаввеллӣ Николо (1469–1527) – мутафаккири сиёсӣ ва муаррихи итолиёӣ, ки сабаби асосии бадбахтии Итолиёро дар парокандагии сиёсии он медонист.
Малагӣ – ва малгӣ, мансуб ба Малага, ки шаҳр ва бандарест дар Испониё, дар баҳри Миёназамин, дар Андалус; анорҳои малагӣ – анорҳое, ки аз Малага расидаанд; майи малгӣ – низ ҳамчунин.
Мандарин – ғайр аз меваи ситрусии маъруф, номи ба амалдорони Хитой (Чин)–и феодагӣ додаи португалиҳо.
Манила – навъе аз сигор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё