Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
ТАВЗЕҲОТ
Аббат – аз абои оромӣ, ки ба маънои падар аст, дар истилоҳи динии насронӣ – пири дайри католикӣ.
Августин – Августини Масъуд Аврелий (354–430), фақеҳи дини насронӣ, арбоби калисо.
Авинон – шаҳрест дар Фаронсаи Ҷанубӣ.
Академияи хутут – Академияи хутут ва адабиёти нафиса – муассисаи илму фарҳанги Фаронса, ки соли 1663 ба мақсади оӯзишу пажӯҳиши осори давраи бостон, антиқа ва фарҳанги фаронсавӣ бунёд гардидааст. Аква–тофана – як моеи берангу бетаъми дорои марги муш, ки заҳр аст. Ба номи ихтироъгараш – Тофана (асри VII) шӯҳрат ёфтааст; Тофана тибқи овозаҳо қариб ба 600 кас ин заҳрро хӯронда будааст. Аккредитив – эътиборнома – қоғази қиматноке ба номи ягон кас, ки мувофиқи он аз муассисаи қарздиҳанда ё бонк пул гирифта метавонад.
Актеон – дар осотири юнониҳо набераи Апполони худои дармон, пуштибони санъат; Актеон чун ҳариси шикор буд, Артемида – худои шикор – ба ғизол табдилаш дод, ки баъдтар сагони шикории худаш хӯрдаандаш.
Аларих – Аларихи I (қариби 370–410), шоҳи вестготҳо (соли 399) – гурӯҳи ғарбии қабилаи олмонии готҳо; соли 410 Римро ишғол ва хароб кардааст.
Албанӣ – Албанӣ Франческо (1576–1660), рассоми итолиёие, ки дар мазомини асотирӣ асар меофарида.
Александрии Шашум – папаи Рим (1432–1509), падари Сезари Борҷиаи ҳокими Рим.
Алибобо – исми қаҳрамони афсонаи «Алибобо ва чиҳил роҳзан»-и «Ҳазору як шаб».
Аликанте – навъи майи ангурии испонӣ.
Алӣ–пошо – Алӣ–пошои Янинӣ (1744–1822), феодали албанӣ, ки соли 1718 аз заъфи ҳукумати марказии империяи Туркия истифода карда, Янин (шимоли Юнон) ва қисми зиёди Албанияро ишғол намуда, худро мустақил эълон кард. Соли 1820 дар чанги бо султони турк Маҳмуди II мағлуб гардида, сипас ба дасти лашкаркаши Маҳмуд – Хуршед–пошо, бо вуҷуди қаблан ваъдаи амон додан, бадаҳдона кушта шудааст.
Алҷазоир – «Итолиёизан дар Алҷазоир» –(соли 1813) – унвони операи бастакои барҷастаи итолиёӣ Ҷоаккино Россинӣ (1792–1868).
Амврозия – ё ки амброзия, дар асотири юнониҳо – ғизои худоён, ки ҷавонии абад ва умри ҷовидон мебахшидааст.
Амфион – дар асотири юнониҳо, писари Зевс ва Антиона, ки бо навохтани сози мусиқии лира сангҳоро водор мекардааст ба девор чида шаванд.
Амфитеатр – дар театр, сирк, толорҳои консертӣ ва ғайра – қатори курсиҳое, ки дар ақиби партер – толори намоиш (маъмулан зина ба зина) гузошта мешавад.
Антоний, – ки «Кабир» лақаб ёфтааст (251–346), асосгузори раҳбоният (роҳибӣ), муддати мадид дар биёбон умр ба ибодат гузарондааст.
Борҳо сужети осори тасвирию адабиёти бадеӣ қарор ёфтааст; аз ҷумла «Васвасаи ҳазраи Антоний»-и Г.Флобер. Бо номи Антонӣ – марди тақводоре дар Мисри асри III–IV; исми қаҳрамони драмаи Дюма «Антонӣ», ки соли 1831 таълиф шудааст.
Антонин – маъбади Антонин (138–162), ки ба шарафи ҳамин шахс бунёд гардида будааст.
Аппер – Аппер Бенжамен–Никола–Марӣ (тав. 1797), нависанда ва башардӯсти фаронсавӣ, ки Дюма чанд гоҳ ба ӯ ба сифати котиб хидмат кардааст.
Ариел – дар драмаи «Тӯфон»-и Шекспир (соли 1611) як руҳи сабуки нозукандом, ки бо Калибани нимахудову нимадев муқобил гузошта шудааст.
Ариосто – Ариосто Лудовико (1474–1533), шоири итолиёӣ. Дар достони қаҳрамонӣ–ритсарии «Роланди маҳоргусехта» (соли 1516)–аш бо кинояҳои нозук андешаҳои башардӯстонаи аҳди Эҳёро таҷассум кардааст.
Арлекин – персонажи анъанавии «мазҳакаи ниқобҳо»-и итолиёӣ, ки навъе аз театр будааст.
Арлэ – як раиси парлумони Париж дар асри XVII.
Арно – дарёест дар Итолиё.
Архимед (тақр. 287–212 пеш аз милод) – олими машхури Юнони Қадим, ки дар соҳаи техника ихтирооти зиёде доштааст. «Қонуни Архимед» аз ҷумлаи кашфиётҳои ӯст.
Аспид – як ҷинси кӯҳии сиёҳранг, ки аз он тахтачаҳои хатнависӣ месохтаанд.
Астарта – худозани ишқу серҳосилии финиқиён, ки дар Миср, Сурия, Осиёи Сағир, сипас дар Рим низ роиҷ гардидааст.
Атлас – куҳҳои Атлас – минтақае дар шимоли ғарбии Африқо, дар ҳудуди Марокашу Алҷазоир, «даштҳои Митиҷип ё дар кӯҳсори Атлас» гуфтани Монте-Кристо киноя аз хидмати хоинвори Морсер дар ин минтақа саст.
Аттила – пешвои гуннҳо – мардуми кӯчии асрҳои II–IV, ки юришҳои харобиоварер сарварӣ кардааст.
Аустеритс – шаҳре, ки ин дам бо номи Славков дар Чехия мавҷуд аст. 2 декабри соли 1805 дар ин ҷо артиши Наполеон Бонопарт қӯшунҳои Русияю Австрияро тарумор кардааст.
Бакенбард – як қисм рише, ки дар ду чакаи бари рӯ мегузоранду зерманаҳро покиза метарошанд.
Балеарӣ – мансуб ба Балеар, ки ҷазирае аз ҷазираҳои Балеар аст, ки он дар баҳри Миёназамини Испониё воқеъ аст; афлесунҳои балеарӣ – афлесунҳое, ки дар ин ҷо мерӯянд.
Барбария – яке аз ноибуссалтана (худидорашаванда)–ҳои Алҷазоир – Барбария, вале ба вилоятҳои империяи Туркия вобаста, ки соли 1830 аз тарафи Фаронса ишғол гардидааст.
Бартолонӣ – Бартолонӣ Лоренсо (1777–1850), ҳайкалтароши итолиёӣ. Бастилия – қалъае дар Париж, ки аз асри XV зиндони давлатӣ буд. Дар соли 1790 ин қалъа кандаву ҷояш ҳамвор карда шудааст.
Басурман – каси динаш ғайри насроӣ; бештар ба мусулмон нисбат дода мешавад; дар муҳовараи насрониён оҳанги таҳқиромез дорад, чунон ки кофир дар муҳовараи мусулмонон.
Белэтаж – ошёнаи якуми балконҳои болои партеру амфитеатрҳо дар толори тамошои театрҳо.
Бенедитто – исми шахс дар Итолиё, ки маънои «Муборак», «Фархунда», «Хушбахт»-ро доштааст.
Бензоӣ – оби бензоӣ – оби бо мумии бензоӣ омезишёфтае, ки аз дарахтони дар ҷазираҳои Сиаму Малай ҳосил мекунанд ва дар чилимкашӣ ба кор мебурдаанд.
Бенуар – қабати поёнии нишемани дар сатҳи партер қарор доштаи театр. Беранже – Беранже Пйер Жак (1780–1857), шоири фаронсавӣ, ки ба василаи ҳаҷвияҳояш ба режими наполеонӣ машҳур гардидааст.
Бернар де Полисӣ (1510–1590), – рассоми тасвирҳои сафолии фаронсавӣ.
Бетҳовен – Бетҳовен Лудвиг Ван (1770–1827), бастакори машҳури олмонӣ.
Бисквит – пирожнии аз тухму орду шакар тайёр шуда.
Богемӣ – мансуб ба Бегемия, ки дар ибтидо номи сарзаменест, ки дар он ҷо давлати Чехия барпо шудааст.
Бомарше – Бомарше Пйер Огустен (1732–1799), драманависи фаронсаӣ. Бонопартист – шахсе, ки ҷонибдори ҳокимияти Наполеони Бонопарт аст, яъне Бонпартпараст.
Бонопартӣ – онҳое, ки пинҳонӣ ба гашта овардани императори аз ҳокимия барканоршуда – Наполеон мусоидат мекунанд.
Бордо – як навъ майи рангаш сурх.
Бордоӣ – мансуб ба Бордо, ки шаҳр ва бандарест дар Фаронса дар соҳили дарёи Гарон. Маркази маъмурии Жиронд, ки аксари жирондиҳо ё жирондистҳо аҳли ин диёр будаанд.
Боргезе – як авлоди қадимаи итолиёӣ, ки эътибору мавқеи баланд доштааст.
Борҷиа – Борҷиа Сезар – ҳокими Рим, писари папаи Рим Александрии VI, ки барои мақсадҳои ҳарисонааш бо ҳамдастии падараш ба одамон заҳр дода ба сарвати онҳо соҳиб мешудааст.
Бассуэр – Бассуэр Жак–Бенин (1627–1704), мубаллиғ, муаррих ва фақеҳи фаронсавӣ.
Бритсин – заҳри сахттаъсире, ки хурандааш ба рагкашии шадиде мубтало шуда сипас ба марг мерасидааст.
Брут – Брут Марк Юний (85–42–и пеш аз милод), сардори суиқасдгарони Юлий Сезар, ки ханҷари якумро ба Сезар гӯё ӯ зада будааст.
Будуар – меҳмонхонаи хурду хуб ҷиҳозонида шудаи занона.
Буланже – бо ин ном дар Фаронса чанд рассом буданд, ки ду нафараш – Буланже Луи (1806–1867) ва Буланже Клемен (1804–1876) – ба замони тасвир кардаи Дюма дар роман рост меояд.
Булон – ҷангали Булон – чорбоғе дар канори ғарбии Париж, ки солҳои 1852–1858 дар ҷои ҷангал бунёд гардидааст. Маъмулан ҷои сайру гашти аҳли Париж аст.
Бурбонҳо – сулолаи шоҳии Фаронсаи солҳои 1589–1792, 1814–1815 ва 1815–1830. Намояндагони барҷастаи ин сулола: Ҳенрихи IV, Лудовики XIV, Лудовики XVI, Лудовики XVIII.
Бурж – шахрест дар Фаронсаи Марказӣ.
Буше – Буше Франсуа (1703–1770), рассоми фаронсавӣ, ки ба тасвири мазомини асотирию саҳнахои чӯпонӣ майл доштааст.
Валенсия – вилояте дар ҷануби шарқии Испониё дар соҳили баҳри Миёназамин.
Валтасар – номи писари вопасин фарзанди шохи Бобулистон Набонида, ки дар ҷанги форсиён бо ин кишвар соли 539 пеш аз милд ҳалок шудааст. Тасвири зиёфати ӯ ва пешгӯӣ шудани ҳалокаташ (ки дар девор бо алфози «мене, текел, фарес» тасвир ёфта будааст), дар Инҷил омада.
Вампир – як мавҷуди афсонавӣ, – ба тасаввури хурофӣ – мурдае, ки аз гӯр баромада хуни касони зиндаро мемакидааст.
Варйете – театри барномаҳояш эстрадӣ.
Ватерлоо – маҳалли аҳолинишинест дар Беглиё, ҷанубтари Бруссел; ҷанг ё набарди Ватерлоо ишора ба ин воқиа аст: 18 июни соли 1815 қӯшунҳои якҷояи Ингилистону Ҳолландиё ва Прусиё артиши Наполеони I–ро торумор карда буданд, ки дар натиҷа ҳокимияти «Сад рӯз»-и Наполеон хотима ёфтааст.
Вебер – Вебер Карл Мария фон (1786–1826), бастакор ва дирижери олмонӣ.
Венгерка – навъе аз ҷонвари баҳрии ғизоӣ.
Вендетта – интиқом; таомулест миёни баъзе сокинони ҷазираи Корсика ва Сардиниё, ки баҳри интиқоми куштори ақрабояшон хунталаб мешуданд.
Венузинӣ – мансуб ва Венетсия; Горатсияи венузинӣ – шоири венетсияии Рим.
Венера – дар асотири римиён дар ибтидо худозани баҳору беғот, минбаъд бо худозани юнонӣ Афродита яке дониста шудааст ва худозани ишқу зебоӣ ба ҳисоб мерафтааст; Венераи Милосӣ ё Капуанӣ зоҳиран вариантҳои маҳаллии ӯст; муродифи эрониаш Ноҳид (Анаҳито) ва исломиаш – Муштарӣ.
Вергилий – Вергилий Марон Публий (70–19–и пеш аз милод), шоири римӣ. Ҳамосаи қаҳрамонии «Энеида» – аш аз ҷаҳонгардиҳои Энеи троянӣ ривоят мекунад.
Гаванӣ – мансуб ба Гавана, ки шаҳрест дар Куба, ҳоло поитахти ин кишвар.
Гаитӣ – чазирае дар гурӯҳи ҷазираҳои Антили Калон дар Вест – Индиа – ба истилоҳ Ҳиндустони Гарбӣ; номи умумии ҷазираҳои уқёнуси Атланик миёни материки Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ; кошифи ин ҷазираҳо Х.Колумб дар ибтдо гумон карда, ки ин ҷо як қисми Хиндустон аст, вале баъди ошкор шудани ҳақиқат ин ҷазираҳо дар адабиёти аврупоӣ ба номи Ҳиндустони Ғарбӣ – Вест–Индиа боқӣ мондан гирифтаанд.
Галл – Галл Франс Йозеф (1758–1828), пизишк ва анатоми австрӣ.
Галоп – як тарзи рақс, ки дукаса босуръат иҷро карда мешавад.
Гар – пули Гар – ёдгории ба назар намоёни техникаи сохтмони Рим (асри II), иборат аз нове, ки дар 75–метрии сатҳи дарёи Гар қарор дорад.
Геба – ё ки Гебая – дар асотири юнониҳо худозани ҷавонӣ; духтари Зевс. Дар Олимп дар қасри Зевс дар зиёфати худоён Геба вазифаи мизбону соқиро ба ҷо меовард. Ҳамтои римии Зевс Юпитер аст.
Генрихи Чорум – (1553–1610), шоҳи Фаронса аз соли 1589, нахустшоҳи сулолаи Бурбонҳо; номи дигараш – Генрихи Наварӣ.
Генрихи IV – (тақрибан 1366–1413), шоҳи Ингилистон аз соли 1399, нахустин шоҳ аз сулолаи Ланкастерҳо, ки байни солҳои 1399–1461 дар ин кишвар подшоҳӣ кардааст.
Генуэзӣ – генуӣ, мансуб ба Генуя, ки шаҳрест дар Итолиё; киштии генуэзӣ – яъне киштии расида аз бандари Генуя.
Генуя – шахре дар Итолиё, яке аз бузургтарин бандарҳои воқеъ дар баҳри Миёназамин.
Геркулес – гунаи лотинии номи Геракл – қаҳрамони асотири юнониҳо. Маҷозан – марди қавиҳайкали пурзӯр.
Герсог – яке аз унвонҳои олии дворянӣ – табақаи ашроф, аз охири асрҳои миёна.
Герсоги Энгиенӣ – ё ки Ангиенӣ Луи Антуан (1772–1804), шоҳзодаи фаронсавӣ, намояндаи шохаи паҳлуии Бурбонҳо (хонадони Конде), ки ба гумони умедвор буданаш ба тахти шоҳии Фаронса ба фармони Наполеони I тирборон шудааст.
Галлан – Антуан Галлан (1646–1715), ховаршиноси фаронсавӣ, тарҷумони «Ҳазору як шаб».
Гилотина – олати сарбурии ба қатл маҳкумшудагон, ки дар замони Инқилоби кабири Фаронса (1789–1794) бо пешниҳоди пизишк Ж.Гийотен ҷорӣ карда шудааст.
Гиро – Гиро Антуан–Жан, барон (1771–1835), рассоми дарбории Наполеони I ва сипас – Бурбонҳо.
Гладиатор – дар Рими қадим ғуломи зӯрманде, ки дар саҳнаи сирк бо ғуломони дигар ё дарандаҳои ваҳшӣ ҷанг мекард, барои қонеъ кардани дилхушии аҳли дарбор.
Голгоф – Масеҳоро дар Голгоф нигарон буд – тибқи ривояти инҷилӣ Исои Масеҳ дар Голгоф – тале дар ҳаволии Байтулмақдис – чормех карда шудааст.
Голконда – номи давлате дар Ҳинд, дар нимҷазираи Ҳиндустон. Горатсий – Квинт Горатсий Флакк (65–08–и пеш аз милод), шоири римӣ; «марди порсо» – яке аз каҳрамонҳои ӯст.
Готӣ – мансуб ба қабилаи готҳои Олмон: ҳарфҳои готӣ – ҳуруфи алифбои готӣ, ки тарзи навишти махсуси хатти лотинист.
Гофман – Гофман Эрнест Теодор (1776–1822), адиби романтики олмонӣ, ки дар асарҳояш тахайюлоти булъаҷаби кинояомез ба ҳам печидаанд. Графиня – шакли муаннаси вожаи граф, ки як унвони меросии двоянӣ, яънн графзан.
Гренобл – шаҳрест дар Фаронса, дар Алпҳо, дар соҳили дарёи Изер. Гретрӣ – Гретрӣ Андре Эрнест Модест (1741–1813), бастакори фаронсавӣ.
Гризйе – Гризйе Огустин–Эдм–Франсуа (1791–1865), муаллими санъати шамшерзанӣ.
Гурон – шахсе аз иттиҳоди қабилаҳои ҳиндии амрикоӣ, ки ба аҳли Канадаю Фаронса даромехтаанд ва ба забони фаронсавӣ ҳарф мезананд.
Данте – Данте Алигйерӣ (1265–1321), шоири итолиёӣ. Машҳуртарин достони ӯ «Мазҳакаи илоҳӣ» аз 3 қисм: «Ҷаҳаннам», «Аъроф» ва «Биҳишт» иборат аст, ки Уголино як персонажи «Ҷаҳаннам» аст.
Декан – Декан – Александр–Габриел (1803–1860), рассоми ховаршиноси фаронсавӣ.
Декарт – Декарт – Реней (1596–1650), файласуф, риёзидон, физик ва физиологи фаронсавӣ.
Делакруа – Делакруа Фердинанд–Виктор–Эжен (1798–1863), рассом ва наққоши машҳури фаронсавӣ, сарвари равияи романтикӣ.
Деянира – дар асотири юнониҳо завҷаи Ҳеракл. Ҳангоми аз дарё гузаронидани Ҳераклу Деянира қантарус (кентавр) Несс ба Деянира қасди бад мекунад, ки Ҳеракл Нессро тир зада маҷрӯҳ мекунад ва Несс дар асари ҳамин ҷароҳат мемирад.
Диана – дар асотири римиён худозани Моҳ, наботот ва пуштибони занҳои зоянда; «соҳибаи бешахо», шояд бад–ин сабаб «сайёд» ном гирифта бошад.
Диас – Диас де ла Пеня Нарсисс (1809–1876), рассоми манзаранигори фаронсавӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё