Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XIX. ЗАМИНИ ЮНУЧҚА

Акнун мо ба ангоре бармегардем, ки бо ҳавлии ҷаноби де Вилфор девордармиён аст, назди панҷарае, ки қад–қади дарахтони шаҳбулут тӯл кашидааст, мо боз бо шиносонамон вомехӯрем.

Ин дафъа аввалин шуда Максимилиан ҳозир шуд. Ин ӯст, ки рӯяшро ба тахтаҳои девор ҷафс кардаву нигоҳ дорад, ки дар пешгаҳи боғ оё сояи шиносе ба чашм намехӯрда бошад, дар зери кафшҳои атлас регҳои гулгашт ғаҷаррос намезада бошанд.

Ниҳоят, шарфаи по ба гӯш расид, аммо ба ҷои як соя ду соя пайдо шуд. Валентина ба сабаби ба хонаашон омадани хонуми Данглару Эженӣ дер монда буд, ки меҳмонии онҳо аз соати ваъдагии мулоқоташ бештар тӯл кашид. Бинобар ин, дар ваъдаи мулоқот хилоф наафтад гуфта, Валентина ба мадемуазел Данглар пешниҳод кард, ки дар боғ гардиш кунанд, то худашро ба Максимилиан нишон диҳад, ки дар ин таъхир кардан на ӯ айбдор аст.

Моррел ба суръати ғаризае, ки хоси мардуми ошиқпеша аст, бе ин ҳам пай бурд ва дилаш таскин ёфт. Илова бар ин, гарчанде ба масофаи овозрас нарасида бошад ҳам, Валентина қадамзаниашро ба самте гардонд, ки Максимилиан доимо дида истад ӯро ва ҳар боре, ки аз канори ҷавон гузарад, нигоҳе, ки бидуни пайхас кардани ҳамқадамаш ба сӯи дарвоза меандохт, ба Максимилиан бозгӯ мекард: «Сабур бошед, дӯстам, дида истодаед, ки айбдор нестам ман».

Максимилиан ҳам, сабр пеша карда, аз тазодде, ки ҳар ду духтарак аз худ зоҳир мекарданд, ба ваҷд омад: ин малламӯи нигоҳ пурхумору ниҳоли бед барин мавзун буду вай сияҳмӯи чашмон пурғуруру қомат аръар барин баркашида; бадеҳист, ки афзалият яксара, ақаллан аз нигоҳи Моррел, дар ҷониби Валентина қарор гирифт.

Ягон ним соат сайр карда, духтарон дур шуданд: Максимилиан дарёфт, ки мӯҳлати боздиди хонуми Данглар ба поён расидааст.

Воқиан ҳам, баъди ягон дақиқа Валентина баргашта омад, акнун танҳо. Аз бими он, ки чашми ягон беҳаёе баргашта омаданашро ба назора нагирифта бошад, ӯ батааннӣ қадам мемонд; ва ба ҷои он, ки якрост ҷониби дарвоза равад, ӯ рӯи хараке нишаст, ҳаял кард, гӯё ки ҳамту бе ягон мақсад, ба буттаҳо чашм давонду ба гулгаштҳо назар андохт. Ҳамаи ин чораҳои эҳтиётиро ба ҷо оварда, вай сӯи дарвоза тохт.

– Валентина, – овоз баромад аз паси девор.

– Салом, Максимилиан. Ман ба интизор истодан водоштам шуморо, аммо худатон дидед, чаро ин тавр шуд.

– Оре, ман мадемуазел Дангларро шинохтам, – ман гумон надоштам, ки шумою вай ин қадар дӯст ҳастед.

– Кӣ ба шумо гуфт, ки мо дӯстем?

– Ҳеч кас, аммо аз он ин тавр расид ба назарам, ки ҳар ду дасти ба даст гирифта сайр мекардед, гарм сӯҳбат доштед, мисли дугонаҳои шарикдарсе, ки рози дил мегӯянд ба якдигар.

– Мо воқиан ҳам рози дил мегуфтем, – гуфт Валентина, – вай ба ман иқрор кард, ки ба ҷаноби де Морсер расидан намехоҳад, ман бошам, ба вай гуфтам, ки бадбахтие мебуд бароям завҷияти бо ҷаноби д’ Эпине.

– Валентинаи меҳрубон!

– Ана барои чӣ ба назари шумо расидааст, ки ману Эженӣ дугонаҳои қаринем, – давом дод суханашро Валентина. – Охир аз боби касе, ки дӯсташ намедорам, сухан ронда, ҳушу ёдам пеши касе буд, ки дӯст медорамаш.

– Чӣ духтари нағзе ҳастед шумо, Валентина ва чӣ хислатҳои хубе ҳаст шуморо, ки мадемуазел Данглар ҳаргиз нахоҳад дошт; ҷозибияту фаттонияти лобаёне, ки шуморост, барои зан он чизест, ки накҳат ба гулу шукуфа ва шаҳд ба самару мева: охир ҳам гулу ҳам меваро як зебоӣ кам аст.

– Ин аз он ба назари шумо менамояд, ки дӯст медоред маро.

– Не, Валентина, қасам ба номатон. Ҳамин навакак ба ҳар дуятон менигаристаму ба виҷдонам, ки ба ҳусну ҷамоли мадемуазел Данглар қоил шуда истода, фаҳмида наметавонистам, ки чӣ тавр ба вай дил додан мумкин бошад.

– Ин аз он, ки, чуноне худатон гуфтед, ман ҳозир будам ва ҳузури ман шуморо ғаразбин кардааст.

– Не... лекин бигӯед ба ман... ман аз кунҷковие пурсидан дорам, ки иллаташ ақидаи ман роҷеъ ба мадемуазел Данглар аст...

– Ва, эҳтимол, ақидаи аз чашми ҳақбин дур бошад, гарчи намедонам сухан аз ваҷҳи чӣ меравад. Даме ки шумо мо занони бечораро мазаммат мекунед, мо ба лутфу марҳамат умед бастан наметавонем.

– Метавон гумон кард, ки шумо занҳо даме ба ҳам сӯҳбат мекунед, нисбат ба якдигар ҳақбин ҳастед!

– Ин аз он аст, ки муҳокимаронии мо қариб ҳамеша беғараз мешавад. Хайр шумо чиро пурсиданӣ будед?

– Магар мадемуазел Данглар ягон касеро дӯст медорад, ки ба ҷаноби де Морсер расидан намехоҳад?

– Максимилиан, ман алакай ба шумо гуфтам, ки Эженӣ ҳаргиз бо ман дугона нест.

– Хайр охир дугона набошад ҳам, духтарҳо розашонро бо ҳам дар миён мемонанд, – гуфт Моррел. – Иқрор кунед, ки шумо инро пурсуҷӯ кардаед аз вай. Ҳа, мебинам, ки табассум доред!

– Аз афташ, ин девори тахтагин ба шумо он қадар халал нарасонда истодааст?

– Хӯш вай чӣ гуфт ба шумо?

– Гуфт, ки ҳеч касро дӯст намедорад, – ҷавоб гардонд Валентина, – ва андешаи шавҳар кардан ба хаёлаш ояд, даҳшат мегирадаш; ва аз ҳама бештар мехоҳад, ки озодона ва ба сари худ умр ба сар барад ва ӯ қариб хоҳони он будааст, ки падараш муфлис шавад, дар он сурат вай метавонистааст, мисли дугонааш Луиза д’ Армили ҳунарпеша бишавад.

– Ана дидед!

– Ин чиро собит мекунад? – пурсид Валентина.

– Ҳеч чиро, – бо табассум ҷавоб гардонд Максимилиан.

– Ин тавр бошад барои чӣ табассум мекунед?

– Ана дидед, – гуфт Максимилиан, – шумо ҳам ба ин су назар доред. – Мехоҳед, ки дур шавам?

– Не, не! Биёед аз хусуси шумо гап занем.

– Оре, гапатон маъқул: фақат даҳ дақиқа фурсат монд ба мо.

– Бале, гапатон маъқул, ман дӯсти хуб нестам, – ғамгинона гуфт Валентина. – Аз барои ман шуда чӣ умру рӯзе доред шумо, Максимилиани бечора, ҳол он ки шумо барои хушбахт шудан ба дунё омадаед! Бовар бикунед, ман сахт мазаммат мекунам барои ин худамро.

– Чӣ фарқ дорад, Валентина: охир бахти ман дар ҳамин аст!

Охин ин нигаронии мудомро панҷ дақиқае, ки бо шумо ба сар мебарам, ду калимае, ки аз даҳони шумо берун меояд, талофӣ мекунад. Ман итминони комил дорам, ки худованд наметавонист ду дили ин қадар ба ҳам қаринро биёфарад ва наметавонист ин ҳар дуро ба ин тарзи аҳсан фақат ба хотири он бипайвандад, ки боз аз ҳам ҷудо бикунад.

– Ташаккур, Максимилиан. Минбаъд ҳам барои ҳар дуямон умедвор бошед, ки умедвориатон қариб ки саодат мебахшад ба ман.

– Боз чӣ воқиа рӯй дод, Валентина, чаро ин қадар ба зудӣ бояд биравед шумо?

– Намедонам; хонуми де Вилфор хоҳиш кард, ки ба наздаш дароям; ӯ ким–чиеро ба ман хабар доданист, ки ба қавли худаш, як қисми дороии ман ба он вобаста будааст. Э худоҷон, ман аз ҳад сарватмандам, бигузор сарвати маро соҳиб бишаванд, бигузор фақат оромию озодиро монанд ба ман, – агар бенаво бошам ҳам, маро дӯст хоҳед дошт шумо, ҳамту не, Моррел?

– Ман ҳамеша шуморо дуст хоҳам дошт! Бенавоию сарватмандӣ барои ман чӣ қурб дорад, фақат Валентинаи ман ҳамроҳам бошаду ман итминон дошта бошам, ки ҳеч кас ӯро аз ман кашида намегирад, – шудаст! Лекин, бигӯед, оё ин хабар ба шавҳар кардани шумо дахл надошта бошад?

– Гумон намекунам.

– Гӯш кунед, Валентина, ва ба ҳарос наафтед, зеро, то даме ки зиндаам, ман ба каси дигаре тааллуқ нахоҳам дошт.

– Шумо гумон мекунед, Максимилиан, ки ин ба ман тасалло мебахшад?

– Бубахшед! Гапатон ҳақ, ман гапи хуб нагуфтам. Ман ҳамту гуфтан хостам, ки чанд рӯз пеш Морсерро дида будам.

– Наход?

– Оё шумо медонед, ки Франс ҷӯраи вай аст?

– Ҳа, хайр чӣ шудааст?

– Вай аз Франс нома гирифтааст; Франс навиштааст, ки ба қарибӣ гашта меояд.

– Ранги Валентина парид ва худашро ба дарвоза такя дод.

– Э Худо, – гуфт ӯ, – наход ҳамту бошад? Лекин не, на хонуми де Вилфор хабар медод инро ба ман. – Барои чӣ?

– Барои чӣ... худам намедонам... лекин ба хаёлам, ки хонуми де Вилфор, агарчи ошкоро ба ин завҷият муқобил набошад ҳам, дар дилаш хайрхоҳӣ надорад.

– Медонед, Валентина, ман, аз афташ, нисбат ба хонуми де Вилфор муҳаббат пайдо карда истодаам!

– Шитоб накунед, Максимилиан, – гуфт Валентина, ғамгинона табассум карда.

– Лекин агар ин завҷият ба вай хуш набошад, дар он сурат, шояд ки барои халал расондан ба он ба хостгории ягон каси дигар хайрхоҳона рафтор бикунад?

– Ба ин умед набандед, Максимилиан; хонуми де Вилфор шавҳарро не, балки шавҳар карданро рад мекунад.

– Чӣ тавр шавҳар карданро? Агар вай муқобили завҷият бошад, чаро худаш шавҳар кардааст?

– Шумо намефаҳмед, Максимилиан. Даме ки ман як сол пеш аз хусуси он сухан ба миён овардам, ки мехоҳам ба дайр биравам, вай, агар чи рад карданро лозим донист, ин андешаро бо хурсандӣ пазируфт; ҳатто падарам розӣ шуд ва ин ба туфайли насиҳат карданҳои ӯ, бовар дорам, ман ба ин; фақат бобои бечораам боздошт маро. Шумо тасаввур кардан наметавонед, Максимилиан, чашмони ин пирамарди сарсахт ки дар ҳамин дунё фақат як маро дӯст медорад, то кадом дараҷа муассиранд ва – биёмурзад маро Худованд, агар тӯҳмат бикунам! – ӯро ҳам фақат як ман дӯст медорам. Агар медонистед шумо, чӣ тавр ба ман менигарист ӯ, даме аз қарори ман хабар ёфт, чӣ қадар таънае буд дар нигоҳаш ва чӣ қадар ноумедӣ дар оби чашмаш, ки бе шикваю бе оҳу воҳ аз рухсораҳои беҳаракаташ фурӯ мешорид. Ман шарм кардам, худро ба пояш андохтаму нидо дардодам: «Бубахшед! Бубахшед, бобоҷон! Бо ман ҳар чӣ шавад шудан гирад, ман ҳаргиз ҷудо намешавам аз шумо». Он гоҳ вай чашмашро сӯи осмон кард... Максимилиан, шояд азоби бисёре кашидан лозим ояд ба ман, аммо барои бисёр азобҳоям пешакӣ подоши ман буд ин нигоҳи бобои пирам.

– Валентинаи азиз, фариштаед шумо ва ман, ростӣ, намедонам, ба ивази кадом хидматам, ки чапу рост бадавиёнро аз дами теғ мегузарондам, – магар худованд ғайри дин будани онҳоро ба инобат гирифта бошад, – ба ивази кадом хидматам ба саодати шинос шудан бо шумо расидам. Лекин гӯш кунед, аз чӣ сабаб хонуми де Вилфор шавҳар кардани шуморо намехоста бошад?

– Магар шумо навакак чӣ гуфтани маро нашунидаед, ки ман сарватмандам, хеле ҳам сарватманд? Баъд аз сари модарам панҷоҳ ҳазор ливр даромади солонаро мерос гирифтам; бобою бибиам маркиз ва маркиза де Сен–Меран, боз ҳамин қадар мерос мегузоранд ба ман; ҷаноби Нуартйе, аз афти кор, мақсад дорад маро ягона меросхӯри худаш гардонад. Ба ҳамин тариқ, дар қиёси ман, бародарам Эдуард бенавост. Аз ҷанобу хонуми де Вилфор чизи нигарон мешудагӣ надорад. Хонуми де Вилфор бошад, муҳаббати беҳад дорад ба ин кӯдак. Агар ман ба дайр равам, тамоми дороиам ба падарам мерасад, ки меросхӯри маркиз, маркиза ва ман мегардад; ҳамаи ин баъд ба писараш мерасад.

– Аҷабо, ин қадар ҳирс дар замири ҷавонзани соҳибҷамол аз куҷо пайдо шуда бошад.

– Аз хотир набароред, ки вай ғами худашро не, ғами писарашро мехӯрад ва он чи, ки шумо нуқсони ӯ медонед, аз назари меҳри модар қариб ки накӯкорист.

– Гӯш кунед, Валентина, – гуфт Моррел, – агар шумо нисфи дороиатонро ба писари ӯ медодед чӣ?

– Кас ба ин занак чӣ гуна пешниҳод кунад, ки муттасил бетамаии худашро таъкид мекунад?

– Валентина, ишқам барои ман ҳамеша як чизи муқаддас буд ва, чун ҳар як чизи муқаддас ман онро дар зери пардаи эҳтироми худам панаҳ мекардаму дар қаъри дилам маҳфуз медоштам; ҳеч кас дар олам, ҳатто ҳамшираам аз ин ишқ гумонбар нест, ин розро бо ҳеч кас бовар карда дар миён нагузоштаам. Валентина, шумо ба ман иҷозат мефармоед, ки инро ба як дӯстам бигӯям?

Валентина як қад парид.

– Ба як дӯстатон? – гуфт ӯ. – Максимилиан, ҳатто шунидани ин даҳшатовар аст ба ман. Ин дӯст кӣ будааст?

– Гӯш кунед, Валентина, оё нисбат ба ягон касе дар замиратон ҳамин хел як меҳри ногусастанӣ пайдо шудааст, ки ин шахсро бори нахуст дида, ҳис карда бошед, ки гӯё кайҳо боз мешинохта бошедаш ва бо худ суол мекунед, ки дар куҷо ва кай дида бошедаш ва ҳеч ба ёд оварда натавониста, ба худ талқин мекунед, ки ин пештар буд, дар олами дигаре ва ин меҳр – фақат ёддоштест, ки дар зеҳнатон тоза шудааст.

– Оре.

– Ана, дидед, ман ҳам аз дил гузарондам, дар аввали дафъае, ки ин марди ғайри одиеро дидам.

– Марди ғайри одӣ?

– Бале.

– Ва хеле муддат аст, ки бо ӯ шиносоӣ доред?

– Ягон ҳафта ё даҳ рӯз мешавад.

– Ва шумо касеро, ки ягон ҳафта боз мешиноседаш, дӯсти худатон мешуморед? Ман гумон карда будам, Максимилиан, ки шумо калимои дӯстро азиз медоред ва ин қадар саховатмандона ба ҳар кас бахш кардан намегиред.

– Аз лиҳози мантиқ шумо ҳақ астед, Валентина; аммо ҳар чӣ дилатон мехоҳад, гуфтан гиред, ман аз эҳсосе, ки ба савқи табиӣ пайдо шудааст, дил барнамедорам. Ман мутмаин астам, ки ин мард, ба ҳар хубие, ки дар оянда ба ман пеш меояд, нақше хоҳад дошт ва баъзан ба назарам чунин мерасад, ки ӯ бо нигоҳи амиқи заррабинаш ба ин оянда роҳ меёбаду бо дасти пурқудрати таҳаккумнокаш раҳнамоӣ хоҳад кард.

– Пас ӯ ғайбдон аст магар? – табассумкунон пурсид Валентина.

– Ростӣ, – гуфт Максимилиан, – баъзан омода астам бовар кунам ба ин, ки пешгӯӣ карда метавонад... хусусан чизҳои хубро.

– Шиносо кунед маро ба ӯ, бигзор вай ба ман гӯяд, ки дар ишқ мукофоте меёфта бошам; дар бадали ин қадар азобе, ки дорам!

– Дӯсти бечораам! Лекин ӯро мешиносед шумо.

– Ман?

– Оре. Ӯ моиндари шумою писарашро аз марг наҷот додааст.

– Граф Монте-Кристо?

– Бале, ӯ.

– Не, – нидо зад Валентина, – ӯ ҳеч гоҳ дӯсти ман нахоҳад буд, дӯстиаш бо моиндари ман хеле гарм аст.

– Граф – дӯсти моиндари шумо, Валентина? Не, эҳсоси ман наметавонад то ин дараҷа фиреб диҳад маро; бовар дорам, ки шумо иштибоҳ мекунед.

– Кош шумо медонистед, Максимилиан! Дар хонаи мо ин дам Эдуард не, балки граф ҳукмфармост. Моиндарам дар пеши ӯ сари таъзим фурӯд меорад ва ӯро ганҷинаи кулли донишҳои инсонӣ меҳисобад. Падарам мафтун, – мешунавед, мафтун ба ӯ ва мегӯяд, ки ҳаргиз нашунидаам, ки ягон кас чунин фикрҳои олиро ба ин хушзабонӣ баён карда бошад. Эдуард дилбастаи ӯст ва агар чи аз чашмони калон–калони сиёҳаш бим дорад, ҳамин ки ӯро дид, ба истиқболаш метозад ва ҳамеша аз дасти ӯ ягон асбоби дилхушии шавқоваре мегирад; дар хонаи мо граф Монте-Кристо дигар меҳмони падарам ё хонуми де Вилфор нест, – граф Монте-Кристо дар хонаи худаш.

– Хайр чӣ, агар ҳамаи ин тарзест, ки шумо ҳикоят мекунед, дар ин сурат шумо мебоист таъсири муъҷизаосояшро алакай эҳсос мекардед ё ба қарибӣ эҳсос хоҳед кард. Ӯ дар Итолиё бо Албер де Морсер вомехӯраду аз дасти роҳзанон халос мекунад ӯро; ӯ бо хонуми Данглар шиносо мешаваду тӯҳфаи шоҳонае мекунад ба вай; моиндари шумою бародаратон пуршаст аз пеши хонааш мегузаранду ғуломи нубияш аз марг наҷот медиҳад онҳоро. Ин мард ҳаққо, ки маҳорати ба атрофиёнаш таъсир расондан дорад. Ман дар нафси як кас ба ҳам омадани одитарин завқу шукӯҳу азаматро ҳаргиз надидаам. Ҳар гоҳ ӯ ҷониби ман табассум мекунад, дар табассумаш ин қадар меҳру навозиш аст, ки фаҳмида наметавонам, чӣ тавр дигарон онро нохуш меёфта бошанд. Бигӯед, Валентина, оё ҳамин тавр табассум кардааст вай ба шумо? Агар карда бошад, шумо хушбахт мешавед.

– Ман! – нидо зад ҷавондухтар. – Максимилиан, ӯ ҷониби ман ҳатто назар намекунад ё, аниқтараш, ман аз пешаш гузарам, вай аз ман рӯй метобад. Не, ӯ ҳаргиз олиҳиммат нест ё басорате надорад, ки шумо ба вай нисбат медиҳед ва ӯ макнуни дили касонро пай бурда наметавонад. Агар вай каси ҷавонмарде мебуд, дар он сурат дилшикаставу дар ин хона якаву танҳо будани маро дида, ба василаи нуфузи худаш пуштибонӣ мекард маро ва агар ӯ, дар воқеъ, чунон ки шумо мегӯед, ба манзилати офтоб буда бошад, дар он сурат бо шӯълаҳои худаш ба дили ман гармӣ мефиристод. Шумо мегӯед, ки дӯстатон медорад, Максимилиан; лекин аз куҷо медонед шумо инро? Одамон ба афсари қавиҷуссаи қаддаш панҷ футу шаш дюйми сиблаташ дарозу шофаш калон ба аломати дуруд табассум менамоянд, вале онҳо, бидуни он, ки биандешанд, духтараки сарсахти гирёнро маҷақ мекунанд.

– Валентина, қасам ба номатон, ки иштибоҳ мекунед шумо.

Андеша кунед, Максимилиан, агар ин тавр намебуд, агар вай, бо ман муомилаи дурандешонае медошт, чун касе, ки кӯшиши ба ҳар ҳол дар хонае мавқеъ пайдо кардан дорад, ақаллан ягон дафъа ҳамон табассумеро, ки шумо ин қадар таъриф мекунед, аз ман дареғ намедошт. Лекин не, вай мебинад, ки ман нокомам, вай мефаҳмад, ки аз ман ҳеч манфиате ёфта наметавонад, ҳатто ба ман диққат ҳам намегуморад. Кӣ медонад, шояд, ба умеди ба даст овардани дили падарам, хонуми де Вилфор ё бародарам, ӯ низ аз паи озори ман шавад, агар ин кор аз дасташ ояд? Биёед рӯирост гап занем: ман охир зане нестам, ки ҳамту, бе сабабе бад бинадаш кас; худи шумо гуфта будед инро. Бубахшед маро, – давом дод ӯ суханашро, ба Максимилиан чӣ таассуроте бахшидани гуфторашро пай бурда, – ман одами хуб нестам, ба шумо андешаҳоеро баён карда истодаам, ки дар замирам буданашро худам гумон надоштам. Оре, ман инкор намекунам, ки ин шахсро қудрате ҳаст, қудрате, ки аз хусусаш сухан меронед шумо ва қудрати ӯ ҳатто ба ман таъсир мерасонад, вале, чунон ки мебинед, таъсири зарарнок ва ин таъсир эҳсосоти некро хароб мекунад.

– Хуб шудаст, – оҳ кашида ба забон овард Моррел, – аз ин боб гап намезанем. Ман ба ӯ ягон ҳарфе намегӯям.

– Ман шуморо озор дода истодаам, дӯстам, – гуфт Валентина. – Барои чӣ ман дасти шуморо фишурда наметавонам, ки аз шумо узрхоҳӣ бикунам? Лекин худи ман ҳам шод мебудам, агар маро бовар кунонда метавонистед шумо; бигӯед, зотан чӣ коре кардааст барои шумо граф Монте-Кристо?

– Рости гап, бо ин пурсишатон, ки маҳз чӣ коре кардааст барои ман граф, дар вазъияти душворе мегузоред маро, – ягон кори аниқе накардааст, худи ман мефаҳмам инро. Эҳсоси ман нисбат ба ӯ бешуурона аст, дар ин кор ягон чизи ақлан собит шудае нест. Магар офтоб барои ман коре кардааст? Не. Вай гармӣ мебахшад ба ман ва дар равшаниаш шуморо мебинам, ҳамин вассалом. Магар ягон накҳате коре кардааст барои ман? Не. Вай ҳамту хуш аст. Ман дигар чизи мегуфтагӣ надорам, агар аз ман бипурсанд, ки барои чӣ ман ин бӯро хуш дорам. Ҳамин тавр дар эҳсоси дӯстии ман нисбат ба граф ким–чии баённопазире ҳаст, чунон ки дар муносибати ӯ ба ман. Садои ботин ба ман мегӯяд, ки ин меҳри дуҷонибаи ногаҳонӣ тасодуфӣ нест. Ман ҳис мекунам, ки миёни камтарин рафтори ваю ниҳонтарин андешаҳояш ва рафтору андешаҳои ман ягон алоқае ҳаст. Шумо боз ба ҳоли ман хоҳед хандид, Валентина, вале аз он даме, ки бо ин мард шинос шудаам, дар дили ман андешаи ночаспоне пайдо шудааст, ки ҳар он чи хубие ба ман пеш омадааст, аз ӯ сар задааст. Лекин охир ман дар ин дунё сӣ сол умр дидам, бе он ки ба чунин пуштибоне эҳтиёҷ дошта бошам, ҳамту не? Бо вуҷуди ин, мана ба шумо як мисол: вай маро рӯзи шанбе ба наҳор хондааст; дар муносибате, ки мо дорем, ин тамоман як чизи табиист, ҳамин тавр нест? Ба ин наҳор падари шумою моиндаратон ҳам даъват шудаанд. Ман бо онҳо вомехӯрам ва кӣ медонад, ба чӣ расиданаш мумкин аст ин вохӯрӣ? Гӯё ки одитарин як рӯйдоде, вале ман ким–чии ғайри муқаррарие ҳис мекунам дар он; вохӯрӣ ким–чӣ хел боварии аҷибе мебахшад ба ман. Ман ба дил мегӯям, ки ин мард марди ғайри муқаррарист, ки ҳама чизро медонад, ҳама чизро мефаҳмад, хостааст мулоқоти ман ва ҷанобу хонуми де Вилфорро ташкил кунад. Баъзан ҳатто, қасам ба номатон, ман кӯшиш мекунам дар чашмони ӯ андешаеро бихонам, ки мабодо аз ишқи ман пай набурда бошад.

– Дӯстам, гуфт Валентина, – агар аз шумо фақат чунин муҳокимарониҳоро мешунидам, гумон мебурдам, ки алоӣ гуфта истодаеду сахт ба ҳарос меафтодам, ки майнаатон беҷо шудааст. Чӣ тавр, ба гумони шумо меояд, ки ин мулоқот – на тасодуфист? Лекин нағзтар фикр кунед. Падари ман, ки ҳаргиз ба ҷое намеравад, ягон даҳ маротиба кӯшиш намуд хонуми де Вилфорро водор кунад аз рафтани ба ин даъват даст кашад, вале ӯ, баръакс, дар иштиёқи он аст, ки рафта хонаи ин наввоби ғалатиро бубинад ва ба душвории зиёде бошад ҳам, муваффақ шуд ба ҳар ҳол, ки падарам мушояат кунадаш. Не, не, бовар бикунед, дар ин дунё, ба ҷуз шумо, Максимилиан, дигар аз ҳеч касе умеди ёрӣ надорам, ба ғайр аз бобоям, ҷасади беҷон, ғайр аз руҳи беҷисми модарам дигар аз ҳеч касе таваққӯи хайрхоҳӣ надорам!

– Ҳис карда истодаам, ки шумо ҳақ астед, Валентина ва мантиқи салим дар ҷониби шумост, – гуфт Максимилиан, – аммо овози фораматон, ки доимо ин қадар бо таҳаккум ба ман таъсир мекард, имрӯз маро мутмаин насохта истодааст.

– Аз они шумо бошад, маро, – ҷавоб гардонд Валентина, – ва рости гап, агар мисоли дигаре надошта бошед...

– Боз як мисол дорам, – беҷуръатона лаб ба сухан кушод Максимилиан, – лекин бояд худам иқрор кунам, ки ин аз аввала ҳам бемаънитар аст.

– Боз бадтар, – гуфт табассумкунон, Валентина.

– Лекин ба ҳар ҳол, – давом дод суханашро Моррел, – барои худам боварибахш аст, зеро ман одами эҳсосиам, дилам гувоҳӣ медиҳад ва дар тӯли даҳ соли хизмати ҳарбӣ ба савқи табиии беихтиёр, ки нохост талқин мекард ба рост ё чап тоб хӯрам, то тири марговар хато хӯрад, аз марг раҳо ёфтаам.

– Максимилиани азиз, чаро хато хӯрдани тирро ба дуову зории ман таҳмил намекунед? Даме ки шумо дар он ҷоед, ман ба Худо ибодат мекунаму ба арвоҳи модарам зорӣ, на барои худам, балки барои шумо.

– Оре, аз он даме, ки мо якдигарро мешиносем, – бо табассум гуфт Моррел, – лекин пештар чӣ, Валентина, даме ки шуморо намешинохтам ман?

– Хайр, майлаш, бадгир шумо; агар шумо аз ман миннатдор будан нахоҳед, ба мисоле бармегардем, ки худатон бемаънияш эътироф кардед.

– Хӯш ки бошад, аз роғ нигоҳ кунед: зери дарахт, аспи наверо, ки ман савор шуда омадам, мебинед?

– Чӣ тавр аспи зебое! Барои чӣ етак карда ин ҷо наовардедаш? Ман ҳамроҳаш гап мезадам.

– Худатон дида истодаед, ки ин бисёр аспи қиматбаҳост, – гуфт Максимилиан, – Лекин шумо медонед, Валентина, ки дороии ман маҳдуд аст ва ман, чунон ки мегӯянд, одами бамулоҳизаам. Хуш ки бошад, дар дасти як ҷаллоб ҳамин Медеаи олиҷанобро дидам; ин номро худам додам ба вай. Ман нархашро пурсидам; ба ман ҷавоб дод, ки чору ним ҳазор франк; ман, бадеҳист, ки бояд умедамро мекандаму мерафтам, рости гап, хеле бо дили кашол, чун ки асп бо меҳр ҷонибам назар мекард, дар зери ронам кокулафшонӣ кардаву хеле бо нозу истиғно ҷилва менамуд. Ҳамон бегоҳ дар хонаи мо дӯстонам ҷамъ омаданд – Шато–Рено, Дебрэ ва бо як чор–панҷ айёше, ки ба шумо ҳатто надонистани номашон боиси шараф аст. Хаёли қимор ба сарашон афтод; ман ҳаргиз қарта намебозам, зеро он қадар бадавлат нестам, ки пул бой диҳам ва он қадар қашшоқ ҳам не, ки саъй ба бурдан кунам. Аммо ёрон дар хонаи ман буданд, ман ҷуз кас фиристода қарта оварондан чорае надоштам.

Даме ки мо ба қарта кашидан нишастем, граф Монте-Кристо омад. Ӯ сари миз нишаст, ба бозӣ сар карду ман бурдам – базӯр ҷуръат карда истодаам, ки инро ба шумо иқрор кунам, Валентина, – ман панҷ ҳазор франк бурдам. Меҳмонон қарибиҳои як поси шаб пароканда шуданд. Ман тоқат наёвардам, фойтун киро кардаму ба хонаи ҳамон ҷаллоб рафтам. Бо тани аз ҳаяҷон ларзон занг задам, оне ки дарро кушода буд, эҳтимол маро девона пин дошта бошад. Худро ба тавила задаму ба ҷои аспбандӣ назар кардам. О, бахтам тофт! Медеа осуда беда мехӯрд. Абзолро гирифтаму худам аспро зин кардам, лаҷомро ба сараш кашидам. Медеа ба ҳамаи ин ба майли хотир сар фуроварда истод. Сипас чору ним ҳазор франкро ба кафи ҷаллоби ҳангу манг гузошта, ба хона баргаштам – аниқтараш шаби дароз дар соҳати Заминҳои Елесей пешу қафо давр зада гаштам. Ва оё медонед? Чароғи хонаи граф даргирон буд, ба назарам чунин расид, ки дар рӯи пардаҳо сояи ӯро мебинам. Ҳамин тавр, Валентина, ман тайёрам қасам бихурам, ки граф аз иштиёқманди асп будани ман хабар ёфтаасту амдан бой додааст, то ман битавонам онро бихарам.

– Максимилиани меҳрубон, – гуфт Валентина, – шумо, ба ростӣ, хаёлпарасти аз ҳад гузаро будаед... Ишқи шумо нисбат ба ман дер намепояд... Шахсе, ки мисли шумо, ба орзуҳои шоиронае дода мешавад, наметавонад, ки ба ишқи якнавохте чун ишқи ману шумо тоб оварад... Лекин, худоҷон, маро фарёд доранд... Мешунавед?

– Валентина, – гуфт Максимилиан, – аз роғ... ангушти аз ҳама хурдиатонро... то ман онро бӯсида тавонам.

– Максимилиан, охир мо шарт монда будем, ки мо барои якдигар ду овозем, ду сояему бас!

– Ихтиёр доред, Валентина.

– Оё хурсанд мешавед, агар муродатонро ҳосил кунам?

– Оҳ, бале!

Валентина болои харак баромаду на ангушти хурдашро аз роғ гузаронд, балки аз сари девор тамоми дасташро.

Максимилиан нидое баровард, хез зада рӯи пояи девор баромад, ин дастаки дилраборо дошту лабони пурҳарораташро ба он ҷафс кард, вале ҳамон дастаки аз кафаш лағжид ва Моррел ҳамин қадар шунид, ки Валентина бигрехт, шояд аз эҳсосе, ки ба вай афтода буд, ба ҳарос омада бошад.

Поёни китоби аввал

пешина
аз 99
навбатӣ