Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Парво накунед, дар ин ҷо касе нест, – гуфт Андреа, – ғайр аз ин мо ба итолиёӣ ҳарф зада истодаем.
– Хайр, ба ман, – гуфт мусофири луккӣ, – якбора панҷоҳ ҳазор франк медиҳанд.
– Ҷаноби Кавалкантӣ, – суол кард Андреа, – оё ба афсонаҳои сеҳромез бовар доред шумо?
– Пештар бовар намекардам, – вале акнун лозим меояд бовар бикунам. – Хайр акнун далел пайдо кардед магар?
Майор аз кисааш як каф луидор баровард.
– Ламс шуда истодааст, чунон ки мебинед.
– Хӯш, ба фикри шумо, ман метавонам ба ваъдаҳои гирифтаам бовар бикунам?
– Ба фикрам, ҳа.
– Ва ин графи меҳрубон ваъдаашро ба ҷо меоварад?
– Бе каму кост, аммо худатон мефаҳмед, ки барои ноил шудан ба ин, мо бояд нақшамонро хуб ба ҷо оварем.
– Хайр набошад чӣ!..
– Ман – падари меҳрубонро...
– Ман бошам – писари баодобро, модоме онҳо мехоҳанд, ки ман писари шумо бошам.
– Кӣ будаанд «онҳо»?
– Хайр, намедонам, – онҳое, ки ба шумо нома фиристодаанд: охир шумо нома гирифтагистед–ку? – Гирифтам.
– Аз кӣ?
– Аз кадом–як аббат Бузонӣ.
– Шумо ӯро намешиносед?
– Ҳаргиз надидаам.
– Чӣ навишта шуда буд дар он нома?
– Шумо маро фош намекуне–ку?
– Ин чӣ лозим ба ман? Манфиати мо умумист.
– Ин тавр бошад, бихонед.
Ва майор номаро ба ҷавонмард дароз кард.
Андреа зери лаб хонд:
«Шумо бенавоед, дар пиронсолӣ сарсахтӣ дар пеш аст шуморо. Оё мехоҳед, ки сарватманд набошед ҳам, ба ҳар ҳол соҳибихтиёр бошед? Бетаъхир сафари Парижро пеш гиреду ба хонаи граф Монте-Кристо, кӯчабоғи Заминҳои Елесей, No30 равон шавед. Шумо аз писаратон, ки аз никоҳи бо маркиза Корсинарӣ таваллуд ёфтаву дар панҷсолагиаш аз шумо дуздидаанд, ҷӯё мешавед.
То дар замири шумо шубҳае пайдо нашавад, ки шахси дар поёни нома имзо гузошта некхоҳи шумост, дар замимаи нома инҳоро дарёб хоҳед кард:
1. Ба маблағи ду ҳазору чорсад ливри тосканӣ чек, ки дар банки ш. Готтса дар Флоренсия навишта шудааст.
2. Тавсиянома ба граф Монте-Кристо, ки бо супориши ман чилу ҳашт ҳазор франк мепардозад ба шумо.
Ба хонаи граф 26 май, дар соати 7–и бегоҳ ҳозир мешавед. «Аббат Бузони».
– Худи худаш.
– «Худи худаш» гуфтанатон чӣ маъно дорад?
– Ки ман низ қариб ба ҳамин мазмун нома гирифтаам.
– Шумо?
– Ҳа, ман.
– Аз номи аббат Бузони?
– Не.
Набошад аз номи кӣ?
– Аз номи як марди ингилис, лорд Уилмор гуфтани касе, ки худро Синдбоди Дарёгард меномад.
– Ва марде, ки шумо на бештар аз он мешиноседаш, ки ман аббат Бузониро?
– Не, ман бешар аз шумо иттилоъ дорам.
– Шумо ӯро дидаед?
– Оре, як дафъа.
– Дар куҷо?
– Ана инро гуфта наметавонам; дар он сурат шумо низ он қадар медонистед, ки ман медонам, ин бошад – зиёдатист.
– Хӯш дар ин нома чӣ чиз?...
– Бихонед.
– «Шумо бенавоед ва ояндаи ғамангез дар пеш аст шуморо. Оё мехоҳед, ки ба номи асилзодае соҳиб бишавед, озод бошед, сарватманд бошед?»
– Ҷин занад, – гуфт Андреа, алвонҷ хӯрда, – гӯё ҳоҷати аз ин боб суол кардан бошад.
– «Ба каретаи чопорӣ, ки дар баромадгоҳи Ниттса, назди дарвозаи Генуя, нигарон аст шуморо, савор шавед. Бо роҳи Турин, Шамбери ва Пон–де–Бовуазен биравед. Ба хонаи граф Монте-Кристо, кучабоғи Заминҳои Елесей, No30, бисту шашуми май, соати ҳафти бегоҳ ҳозир гардеду аз ӯ падаратонро ҷӯё шавед.
Шумо писари маркиз Бартоломео Кавалкантӣ ва маркиза Олива Корсинарӣ мебошед, чунон ки ҳуҷҷатҳо шаҳодат медиҳанд; ҳуҷҷатҳоро маркиз ба шумо месупорад ва ин ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд бо ин ном дар ҷомиаи аъёни Париж пайдо бишавед.
Вале мавқеатонро бошад, даромади солонаи панҷоҳ ҳазор ливр ба шумо имкон медиҳад, ки сарбаландона ҳифз бикунед онро.
Ҳамроҳи нома ба маблағи панҷ ҳазор ливр чек равон мекунам, ки дар бонки ш.Ферреа дар Ниттса навишта ва тавсияномае ба унвони граф Монте-Кристо, ки тааҳҳуди шуморо ба ӯ вогузоштаам. «Синдбоди Дарёгард».
– Бад не – гӯшрас кард майор.
– Оё ҳамин тавр нест?
– Графро дидед шумо?
– Ҳамин ҳоло аз назди ӯ баромадам. – Ва ҳамин навиштаро тасдиқ кард ӯ? – Пурра.
– Шумо аз ин муомила ягон чиз фаҳмидед? – Рости гап, не.
– Ин ҷо ягон касро боб карданиянд.
– Ба ҳар ҳол ману шуморо набудагист?
– Не, албатта.
– Хайр, дар он сурат...
– Ба мо фарқ надорад, чӣ гуфтед?
– Ман ҳам маҳз ҳаминро гуфтанӣ будам: дар ин бозӣ то ба охир якдилона иштирок мекунем.
– Шудаст, хоҳед дид, ки ман ҳарифи арзандаам ба шумо.
– Ман ба ин ягон дақиқае шак надоштам, падари азиз.
– Шумо хеле шарафманд мегардонед маро, писари азиз. Монте-Кристо барои ба меҳмонхона баргаштан ҳамин дақиқаро муносиб ёфт. Шарфаи пои ӯро шунида, мусоҳибон худро ба оғӯши якдигар андохтанд; граф онҳоро дар ҳамин ҳол ёфт.
– Хӯш чӣ тавр, маркиз? – гуфт Монте-Кристо. – Аз афташ шумо аз писари худ розӣ ҳастед?
– Оҳ, граф, аз шодӣ нафасгардон шуда истодаам.
– Шумо чӣ, ҷавонмард?
– Оҳ, граф, аз хушбахтӣ ба худ нестам ман.
– Падари хушбахт! Фарзанди саодатманд! – гуфт граф.
– Як чизаш ғамгин мекунад маро, – гуфт майор, – зарурати ба ин зудӣ тарк намудани Париж.
– Лекин, азизам, ҷаноби Кавалкантӣ, – гуфт Монте-Кристо, – умед аст, ҳоло ки аз ин ҷо нарафтаед, имконияти бо баъзе дӯстонам шинос карда шуданатонро аз ман дареғ намедоштагистед!
– Ман яксара дар хидмати ҷаноби воломақомиам, – ҷавоб гардонд майор.
– Акнун ҷавонмард, арзи ҳол кунед.
– Ба кӣ?
– Ба падаратон–дия. Рӯирост ба ин кас бигӯед. Вазъи пулиатон дар чӣ ҳол аст.
– Ҷин занад! – изҳзор кард Андреа, – шумо ба ҷои дарднокам расидед.
– Мешунавед, майор? – гуфт Монте-Кристо.
– Албатта, мешунавам.
– Оре, лекин оё мефаҳмед шумо?
– Бисёр нағз мефаҳмам.
– Ин мегӯяд, ки ба пул эҳтиёҷ дорад, ҳамин писараки дӯстрӯ. – Хӯш ман чӣ бояд кунам?
– Ҳамин пулро диҳед ба ин.
– Ман?
– Бале, шумо.
Монте-Кристо дар миёни онҳо қарор гирифт.
– Бигиред, – гуфт ӯ ба Андреа, як даста пули коғазиро ба дасташ тиққонда.
– Ин чист?
– Ҷавоби падаратон.
– Ҷавоби падарам?
– Оре. Охир шумо ба ин кас пул лозим гуфта ишорат кардед–ку.
– Ҳа. Хайр чӣ?
– Хайр, ҳамин вассалом. Ин кас ба ман мефармояд, ки ҳаминро ба шумо диҳам.
– Аз ҳисоби даромади худам?
– Не, барои хароҷоти бисоти хона.
– Падари меҳрубон!
– Хомӯш! – гуфт Монте-Кристо. – Худатон дида истодаед, ки ин кас намехоҳад, ман гӯям, ки ин аз номи он кас аст.
– Ман ба қадри боназокатии ин кас мерасам, – гуфт Андреа, пулро ба киса андохта истода.
– Хуб шудаст, – гуфт граф, – мана акнун бираветон!
– Хӯш боз кай аз дидори ҷанобашон шарафёб мешуда бошем? – пурсид Кавалканти.
– Ҳа, дуруст, – гуфт Андреа, – кай мо ба ин мушарраф мешуда бошем?
– Майл дошта бошетон, ақаллан рӯзи шанбе... ҳа... бисёр хуб...
рӯзи шанбе. Дар чорбоғи воқеъ дар Отейли ман, кӯчаи Фонтен, рақами бисту ҳашт, вақти наҳор чанд кас мешаванд, воқиан, ҷаноби Данглар, бонкдори шумо ҳам. Ман шуморо бо ӯ шиносо мекунам: ҳар дуи шуморо донистанаш даркор, модом ки ба шумо пул медода бошад.
– Бо либоси расмии идона? – пурсид бо овози базӯр шунаво майор.
– Бо либоси расмии идона: мундир, нишонҳо, шими кӯтоҳ.
– Ман чӣ? – пурсид Андреа.
– Шумо тамоман сода либос пӯшед: шими сиёҳ, попӯши локӣ, камзӯлчаи сафед. Фраки сиёҳ ё кабуд, галстуки дароз; ба Блен ё Вероника либос фаромед. Агар суроғаи инҳоро надонед, Батистен ба шумо мегӯяд. Бо ин хушпулӣ ҳар қадар камтакаллуф либос пӯшед, ҳамон қадар беҳтар аст. Ҳангоми аспхарӣ, ба Деведё муроҷиат кунед, фойтунро бошад, ба Батистен фармоед.
– Соати чанд метавонем ҳозир бишавем? – пурсид Андреа.
– Қарибиҳои шашу ним.
– Хуб шудаст, – гуфт майор, даст ба кулоҳ бурда.
Ҳар ду Кавалкантӣ таъзим намуданду аз дар баромаданд.
Граф назди тиреза рафту назар кард, ки чӣ тавр онҳо аз дасти якдигар дошта аз саҳни ҳавлӣ гузашта истодаанд.
– Ҳар ду воқиан ду нобакори ба якдигар муносиб! – гуфт. – Ҳай афсус, ки инҳо дар воқеъ падару писар нестанд!
Ӯ дақиқае бо табъи хира ба андеша рафт.
– Ба хонаи Моррелҳо меравам, – гуфт ӯ. – Ба хаёлам, на чандон адоват, балки нафрат буғӣ карда истодааст маро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё